Ронандагии занон бехтар аст ё мардон?

    Чанд соли ахир аз солхои пештар дида занхои ронанда бештар ба назар мерасанд. Агар солхои пеш шумори онхо кам ба чашм мерасид, хозир бошад охиста-охиста шуморашон зиёдтар шуда истодааст. Харчанд коидаи ронандаги барои занон ва мардон як хел аст, вале аз навиштахои баъзе сомонахо маълум мешавад, ки дар баъзе чойхо барои занхо якчанд шароитхои дигар низ муйян шудааст. Ба монанди ичозати ронандагии занон дар Арабистон, ки аз ин чанд шароити ачиб дар поёни ин матлаб мо факат чандтои онро ба таври мухтасар овардем, ки шумо метавонед бихонед!

Агар дар хусуси сабабхои ба садама дучор шудани занони ронанда гап занем, баъзехо мегуянд, ки муйхои дарозу парешони онхо хам сабаб шуда метавонад ва хатман вакти рондани мошин бояд муйхои сари онхо чамъ бошад. Ё ин ки бо кафши пошнабаланд низ рондани мошин мумкин нест ва пошнаи он бояд хамвор бошад… Хулоса, дар ин хусус иттифоки назар вучуд надорад. Аммо, дар мавриди ин ки «Ронандагии занон бехтар аст ё мардон?», мо андешахои дигаронро, аз ширкатхои бимаи, ки дар бораи мизони эминии ронандаги, занон ва мардон баён кардаанд ин чо навиштем. Ва инчунин чанд коидаи дигаре, ки барои ронандахо (на факат занон) чудо карда шудааст, ин чо овардем:    

 

  • Мукоисаи ронандагии занон ва мардон

 

Бархе тасаввур мекунанд, ки мардон хама корхоро бехтар аз занон анчом медиханд. Хатман шунидаед, ки мардхо дар хар коре тавоноихои бештаре доранд ва хатто бехтарин ошпазхои чахон мард будаанд. Дар бораи тафовутхои амалкард ва сохтори магзии занон ва мардон хам тахкикоти зиёде анчом шудааст. Ин суол дар бораи ронандаги хам матрах аст, ба назари шумо занон бехтар ронандаги мекунанд ё мардон? 

Натичаи мутолиаи чадиде, ки ширкатхои бимаи дар бораи мизони эминии ронандаги, занон ва мардон анчом додаанд, нишон додаст, ки занон ронандагони бехтаре хастанд (албатта, бо арзи пузиш аз мардоне, ки фикр мекунанд ронандаи хубе хастанд!). Дар ин мутолиа анвои мухталифи рафторхо ва хатохои ронандаги мавриди барраси карор гирифт ва мизони такрори он дар занон ва мардон бо хам мукоиса шуд. Натича нишон дод, ки мардон дар мукоиса бо занон бештар конунхоро зери по мегузоранд ва ронандагии пурхатаре доранд. Мардон конунхое, ки барои эминии бештар вазъ шуда, риоят намекунанд ва тасодуфоташон сангинтару хисороташон бештар аст. 

Мардон ба хотири суръати зиёд ва сабкат конуншикани мекунанд ва дар натичаи тасодуфоташон хам хисороти сангинтаре дар пай дорад. 

Бо ин хол ба рохати наметавон гуфт, ки занон ронандагони бехтаре хастанд, харчанд ки тибки омори онхо эминитар ронандаги мекунанд. Мизони тасодуфот дар ду чинс баробар аст, харчанд мизони шиддат ва хисороти тасодуфоти занон камтар аст. Дар поён мухаккикон изхори умедвори кардаанд, ки натоичи ин тахкик мучиби кохиши бовари ба мардон нашуда ва бовари ба занонро хам бештар намекунад!    

 

  • Он чи ронандагон бояд бидонанд:

 

1.     Харгиз хангоми хоболудаги ва бемори ронандаги накунед.

2.     Дар хангоми шаб ва торикии хаво бо диккати бештаре ронандаги кунед.

3.     Хамвора хангоми ронандаги аз камарбанди эмини истифода кунед ва ин мавзуъро ба кудакони худ омузиш дихед.

4.     Кабл аз ронандаги мутмаин шавед, ки василаи наклияи шумо ба дурусти кор мекунад.

5.     Хамвора бо суръати мутмаина харакат кунед.

6.     Дар холи ронандаги хеч гох асабони нашавед ва дар пайи талофи бо ронандагони василаи наклияи дигар набошед.

7.     Бо риояти конунхо ва мукаррароти рохнамоиву ронандаги ба хукуки дигарон эхтиром бигзоред.

8.     Хамвора ба ёд дошта бошед, ки эхтиёт шарти аввали ронандаги аст.

9.     Дар хангоми хамли бор ва мусофир мукаррароти эминии мавчудро комилан риоят кунед.

10.              Бархурде матин ва сахех бо мусофирон дошта бошед. 

11.              Хамвора ба ёд дошта бошед, ки шумо масъули чони сарнишинони василаи наклияи худ хастед.

12.              Хамчунин таваччух дошта бошед, хурдан ва ошомидан дар хини ронандаги амали хатарноке аст.

13.              Оромиш шарти аввали ронандаги аст ва стресс ва асабоният мучиби ходиса мешавад.

14.              Хамеша ба ёд дошта бошед, ки дар хангоми шаб ва торикии хаво бо диккати бештаре ронандаги кунед.

15.              Сабр ва хавсала аз вижагихои шахсиятии як ронандаи хуб махсуб мешавад.

16.              Бастани дурусти камарбанди эмини кори бисёр содае аст, ки бакои зиндагии шуморо тазмин мекунад.

17.              Хангоми бастани камарбанди эмини ба сарнишини худ тазаккур дихед, ки хатман камарбанди эминии худро бубандад.

18.              Хуччатхои ронандаги худро хамеша ба хамрох дошта бошед.

19.              Ба хотир дошта бошед, ки харакоти шумо ронандагони гироми, муассиртарин абзор барои омузиши сахех ё галати фарзандони шумост.

20.              Эхтиёт дар ронандаги нишонаи тарс ё камтачрибаги нест, балки нишонгари шахсият ва тавоноии ахлокии шумост!

 

  • Ходиса факат барои дигарон нест, хама бояд эхтиёт кунем!

 

→ Тавсияхо: Вакте пизишк барои шумо доруе тачвиз мекунад аз у суол кунед, ки дар замони истифода аз дору ичозаи ронандаги доред ё не?

→ Шумо бояд битавонед шумораи автомобилхоро аз фосилаи 20 метри бихонед, агар дар диди худ мушкил доред, хатман бояд дар мавокеи ронандаги аз айнак истифода кунед. 

→ Истифода аз телефони хамрох дар хангоми ронандаги корест хатарнок. Дар сурати зарурат ба посухгуи, мошини худро дар як чо нигох дошта, сипас ба гуфтугу бипардозед.

→ Ба шумо тавсия мекунем хамеша дар дохили мошин як дастгохи оташнишонии мавриди таъйид ба хамрох дошта бошед.

→  Хангоми ронандаги дар шохроххо ба таври мудовим аз оина истифода намоед, то аз вазъияти канору пушти мошинатон огох бошед.

→ Ба ёд дошта бошед дар рузхои борони ва барфи бояд бо диккати бештаре ронандаги кунед.

 

  • Чанд тавсия барои доштани сафаре лаззатбахш ва мутмаин:

 

1.     Кабл аз сафар номи шахрхое, ки дар масири сафари шумо карор доранд, руи накша ё когаз ёддошт кунед.

2.     Дар тули сафар аз гизохои сабук ва мевахои тоза истифода кунед.

3.     Яке аз тирезахои мошинро ба андозаи5 сантиметр боз бигзоред, то хавои тоза вориди мошин шавад.

4.     Аз обхое, ки ба саломатии онхо мутмаин нестед пархез намоед.

5.     Аз бурдани мевахои бидуни пуст (мисли ангур) дар тули сафар худдори кунед.

6.     Ба фарзандони кучаки худ, ном, шумораи телефон ва адреси махалли сукунати худро ёд бидихед. 

7.     Аз оростани фарзандони худ ба тилло ва чавохирот бипархезед ва ба онхо биёмузед, ки аз нишон додани пули худ ба дигарон худдори кунанд. Ба онхо ёд бидихед, ки хангоми мавридхои изтирори бо милитсия робита баркарор кунанд.

8.     Хангоми савор шудан ибтидо бачахо ва хангоми пиёда шудан ибтидо бузургтархо икдом ба ин амр намоянд.

9.     Хангоми сафар аз тарки автомобил хатто дар замони кутох ичтиноб кунед.   

10.              Кабл аз икдом ба мусофират аз солим будани автомобили худ мутмаин шавед.

11.              Ронандагони гироми! Кабл аз сафар, истирохати кофи дошта бошед, агар дар рох дучори хоболудаги шудед дар макони мутмаине истирохат кунед, то аз бурузи хаводиси чонию моли чилавгири шавед.

12.              Кабл аз мусофират хадди акал 6 соат хоб бисёр зарури аст.

13.              Бехтар аст дар хангоми сафар бо як хамрох ронандаги кунед то дар сурати лузум ва эхсоси хоболудаги хамрохи шумо идомаи масирро ронандаги кунад.

14.              Бехтар аст дар хини сафар накшае барои шиносоии рох дар ихтиёр дошта бошед, то дар сурати пайдо шудани хар гуна мушкили битавонед аз он ба рохати бирахед.

 

  • Ронандаи хуб чи касе аст?

 

1.     Мукаррароти рохнамои ва ронандагиро риоят менамояд.

2.     Дар хангоми асабоният ва хоболудаги ронандаги намекунад.

3.     Аз василаи наклиёти вайрон истифода намекунад.

4.     Дар хар шароите дар хангоми ронандаги аз камарбанди эмини истифода мекунад.

5.     Баъд аз хар ду соати ронандаги таваккуф намуда ва каме истирохат менамояд.

6.     Таноб ё сим барои кашида бурдани мошин ба хамрох дошта бошад.

7.     Ба чарогхои хушдордиханда таваччухи комил бинамояд.

8.      Дар сурати вучуди бачахо дар автомобил бидуни бузургтар риояти нукоти эминиро бинамояд.

9.     Хуччати ронандаги ва хуччати мошинро ба хамрох дошта бошад.

10.              Дар сурати истифода аз дорухои хобовар ронандаги намекунад.

11.              Мутаваччехи баста будани дархои автомобил буда ва монеъ аз берун бурдани даст ё сари бачахо аз тирезаи он мешавад.

12.              Дар мавкеи харакат чизе аз тирезаи мошин ба берун хаво намедихад, ки боиси парешонии хавоси соири ронандахо шавад.

13.              Аз автомобиле, ки дар холи сибкат гирифтан аст, сибкат намекунад.

14.              Агар гувохиномаи у бо айнак аст, хатман дар хангоми ронандаги бо айнак бошад.

15.              Дар хангоми ронандаги сигор намекашад.

16.              Хангоми ронандаги аз сухбат бо дигарон ва хурдану ошомидан худдори мекунад.

17.              Бо маъмурин ва кормандони бозраси бо эхтиром бархурд намуда ва дар сурати хост хуччатхояшро бо эхтиром ироа мекунад.

18.              Ба ронандагоне, ки дар рох таваккуф намуда ва ниёзманди кумак хастанд кумак менамояд.

19.              Дар сурати истифода аз борбанд дар хангоми мусофират аз махкам будан ва баста будани борхо мутмаин мешавад.

20.              Кабл аз таваккуфхои сареъ ва ногахони аз тарики оина вазъияти автомобилхои пушти сарро нигох мекунад, ки тасодуф нашавад.

21.              Дар хавои боронию барфи бо суръати кам ронандаги карда ва барфпоккунро равшан нигах медорад.

22.              Дар сурати шунидани садои гайриоди аз мухаррик (мотор) ба мутахассисини марбута мурочиат мекунад.

23.              Бо бори беш аз зарфият ва ё мусофири беш аз зарфият ронандаги намекунад.

 

  • Далелхои ронандагии хушунатомез:

 

1. Бархе афрод рухияи ракобатчуёнаи беморгунае доранд, ки мехоханд дар хар заминае нафари нахуст бошанд, бинобар ин хангоми ронандаги аз хама сибкат мегиранд ва чунончи мошине аз онхо сибкат бигирад асабони мешаванд.

2. Бархе афрод дучори худшефтаги ва худбузургбини мебошанд ва тасаввур мекунанд, ки хакки такаддум хамвора бо онхост ва ин танхо вазифаи дигар ронандагон аст, ки хамвора хукуки ононро ба пурраги бояд риоят кунанд.

3. Бархе афрод низ тахти таъсири машруботи спиртдор ронандаги мекунанд ва контроли рафтори худро надоранд.

 

  • Шароити ачиби гирифтани гувохиномаи ронандагии занон дар Арабистон

 

1.     Ичозаи ронандагии занон факат шомили навохии дохили шахр аст, магар ин ки яке аз махорим хамрохи у бошад.

2.     Зани ронанда хадди акал 30 сол умр дошта бошад.

3.     Либоси ронанда бояд бидуни хеч гуна зинат бошад.

4.     Занон танхо аз рузи шанбе то чахоршанбе ва аз соати 7-и субх то 8-и шаб ичозати ронандаги доранд.

5.     Рузхои панчшанбе ва чумъа аз соати 12-и зухр то 8-и шаб.

6.     Зани ронанда хатман бояд хамрохи худ телефон дошта бошад, то дар мавкеъхои зарури истифода кунад.

7.     Гирифтани гувохинома аз маркази омузиши ронандагии махсуси занон.

8.     Касоне ки кушиши азият кардани занхо дар хангоми ронандаги, аз кабили хорич кардан аз чода ва … намоянд ба хабси хадди акал 12 мох, хамрох бо чаримаи моли махкум хоханд шуд.

 Шояд шумо шарту шароитхои ба назар ачиби дигареро дар ин хусус медонед, ё доир ба ин мавзуъ ки: «Ронандагии занон бехтар аст ё мардон?» чизе гуфтани хастед, метавонед назари худро баён созед! 

 

http://www.fardanews.com

http://www.rasekhoon.net

 

 

 

комментариев 11

  1. Шом ба хайр. Акаи Субхон агар гуем ки занхо бехтарин ронанда хастанд, ба мардо хафа намешаван?? )))
    Мувафак бошед бародар!

    Нравится

  2. http://www.autoplus.tj
    якбор аз назар гузаронед.

    Нравится

  3. Бехтарин.
    Акаи Субхон дар бораи курси ронандагитон дигар чизе нанавиштед?

    Нравится

    • Салом…Рости ман дигар фурсати камтар доштам. Аммо хама буду шуди он курсро дар рузи охирин (рузи гирифтани хуччати ронандаги!) кутох чамъбаст карда менависам. Хатман!

      Нравится

  4. Панч панч абаробар нест. Аз хамин лихоз хам байни занон — ронандахои хуб дида мешавад хам байни мардон. Аммо афсус холати баръакс низ дида мешавад. Риоя накардани конуну коидаи бехатари дар рох ва сари кадаме вайрон намудани онхо аз чониби ронандагон. Мисолхои зиед овардан мумкин аст. Асоси тамоми ронандагон ин донандаи Коидахои бехатари дар рох будан аст.

    Нравится

  5. Салому алайк бародар! Ташакур ба шумо, ки барои ронандахо бисёр мавзуи хуб навиштед. Акаи Субхон ягон коида барои кондукторхо хам хаст ё не??? Ё ин ки муносибати кондуктор бо мусофиронро. Агар бошад илтимос нависед???
    Мо хама кондукторхоро дар назар надорем, вале баъзеашон аз хама пулрхоро пешаки чамъ мекунанду фаромуш мекунанд, ки бакияи онро диханд,

    Нравится

  6. Салому алайк бародар. Нагз навиштед. Боз ягон мавзуи хуби дигарро нависед, мунтазирем!

    Нравится

  7. Салом акаи Субхон. Темаи хуб навиштед. Ва шунидем ки шумо мошин гирифтед, акнун худи шумо хам ронанда хастед. Дар мудати ин як мохе, ки мошин меронед шояд бо занхои ронанда дар роххои Душанбе чанд бор ру ба ру шудаед. Акнун намегуед ки ронандагии занхо бехтар аст ё мардхо? Назари худи шумо хамчун як ронанда чист?

    Нравится

  8. салом око агар сапкат бе чарогаки мошин кунед 150 сомонми

    Нравится

  9. Салом акаи Субхон. Ин сахар фахмидем, ки магнитофони шумоям дуздидан, беинсофо. Мошини шумо сигнализация надора? Магнитофони як чураи манам дуздида будан. Акаи Субхон инча дар бораи ронандахо хамаи гапа навиштену дар бораи ин ки ронандахо бояд чи кор бкнан, ки аз даруни мошин ягончи дуздида натонан ягон гап нагуфтен ку???

    Нравится

Ответить на Фарход Отменить ответ

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше