Ошиқи Маҳтоб (ҳикоя)

Нахустин дидораш бо вай баъди ба худ омадан аз пушти панҷараи хонаи иҷорааш буд. Аввал фикр кард, ки ситорае канда шудаву дар шохи дарахти булути пушти бино дармондааст. Баъди он, ки аз воқеъият дур будани тахминашро дарк кард, ба дил гузаронд, ки шояд чашми чароғи канори роҳ аст, ки рост ба ҳуҷраи хоби ӯ нигоҳ мекунад. Ва ҳатто тахмини сеюму чорумаш ҳам, ки бӯйи доруву даво ва ҳуҷраи беморхона мекард, росту дуруст набуд. Ба чашми ин марди танҳо, ки ба чашми кӯдакони ҳамсоя ва волидони онҳо бештар аз як девона набуд, ҳар чиз метофт. «Ошиқи маҳтоб» дар ишқу вафодорӣ на дар ин гузар ва на дар тамоми қиссаҳои ошиқона монанду ҳамто надошт…

Авҷи девонагиҳои рӯзонаашро аввалҳо на духтури шиносаш мефаҳмид ва на муллои маҳал. Ва ӯ ҳам на ақли иншо кардан дошт ва на забони байён. Тахмин кардан мумкин буд, ки чизеро пайваста суроғ мекунад ва ё касеро меҷӯяд. Дар осмон пайдо шудани тайёраро он қадар хуш надошт, ки ҳатто дастонашро ба гӯшаш сарпӯш сохта чашмонашро сахт мепӯшид ва рӯйи замин нишаста, гӯё интизори кадом ҳодисаи ногувор мешуд. Ва шодӣ мекард аз он ки ҳам тайёра дур мерафт ва ҳам чизе аз осмон намеафтид…

Читать далее

20 тавсия барои мардхои оиладор аз ….

Ин маводи ачоибро ман аз Интерент  ёфтам. Онро марде, ки аз хамсараш чудо шудааст, барои мардхои дигари оиладор навиштааст. У ки  Джеральд Роджерс ному насаб дорад,  баъди 20 хатои худаш замони оиладори барои гурухи мардхои оиладор 20 тавсияро овардааст, ки фикр мекунам фахмиданаш  аз манфиат холи нест. Мардхои точик хам зиёд аз хамсарони худ чудо мешаванд, аммо ман боре хам нашудаам, ки онхо тавсияву китобу дастуре навишта бошанд. Махз аз хамин чихат ин мавод барои ман ачиб буд… Роджерс навиштааст: «Албатта ман мутахасиси сохаи муносиботи махрамона ё муносибот миёни марду зан нестам, вале тачрибаи ман,  махсусан баъди чудошавиам боиси таваччух аст. Ман агар як шонси дигар медоштам, он вакт дигар хел зиндаги мекардам. Ман занеро аз даст додам, ки бо у 16 сол зиндаги карда будам. Ман намехостам, ки шумо камбудихои маро такрор кунед» Читать далее

19 майи соли 2011

  Дунё танг аст. Одамон дида ба дида мезананд. Нафароне, ки намехостанд ру ба руи хам оянд, боз дар тангкучае ба хам меоянд. Дунё кушод аст. Дар он хам хиёнаткор мегунчад хам вафодор ва хам бечораву хам чорагар!  Одамон шояд айнан такрор нашаванд. Аммо хислатхо, такдирхо ва амалкардхо хатман такрор мешаванд…

Имруз дар мавриди ояндаи синамои точик, галстуки пионери ва сад намуд гизо, микрофони чосусиву  микрофони туйи ва аввалин озмуни «Маликаи зебои»  навиштам. Читать далее

Издивочи занон бо хурдтар аз худ!

  Нуктае, ки ба он бояд таваччух дошт, ин аст ки дар мавриди ихтилофи синну сол наметавон бо котеият назар дод ва ин матлаб, ки хатман зан бояд аз мард хурдтар бошад, катъи ва хатми намебошад, зеро тачриба нишон додааст, ки бисёре аз занон ва мардон будаанд, ки бо ихтилофи синни зиёд (хатто гохе занони бузургтар аз мардон) бо якдигар издивоч кардаанд ва солхои сол бо камоли оромиш дар канори якдигар зиндаги карда ва хеч гуна мушкили хам надоштаанд, пас ин масъала хатми ва катъи набуда ва бо таваччух ба масоили печидаи зиндаги нисби мебошад. Читать далее

Занхо аз мардхо чи мехоханд?

  Гумонам маколи «Занхо чизи зиёде намехоханд: аввал шавхари хуб мехоханд ва баъд хама чиз» дуруст аст. Агар дуруст хам набошад, хаёлам, ки дуруг нест. Бубинед, ки бо дигар шудани тасаввурот ва фахмиш, ки то чое ба рафтани сину сол хам вобаста аст, талаб, хохиш ва пешниходашон комилан тагир мехурад. Ин акнун аз кисмату такдиру насиби  марди пахлуяш вобаста аст, ки ба кадом самт тагир мехурад. Аз ин нуктаи назар на хамаи чудошавихои хамсарон  боиси  таассуф аст. Зеро тачриба нишон медихад, ки дар мавридхои чудогона, ки он мавридхо хам кам нестанд, никоххои дуюм бобарор ва бардавом хастанд. Марду зан хамеша — хох  дар алохидаги ва хох дар вакти зиндагии якчоя, дар талоши фарохамсозии иконоти хосса ва хубе барои худ хастанд.  Инчо маводе дар мавриди хохишхои зан аз форси баргардон шудааст, ки хаёлам шавковар аст! 

Читать далее

Чанд сабаби хиёнаткории занхо!

  Сабабхои хиёнаткории занхо метавонанд, гуногун бошад. Инчо мо чанд сабабро оварда, хеч гох намехохем, ки шумо баъди ошнои бо  он ба хамсарони боаклу донои худ, ки кучое кор хам  мекунанд бо шубха назар кунед. Муносибатхо метавонанд комилан гуногун, фарккунанда ва фиребанда бошанд!  Кадом сабабхо боиси хиёнати зан мешаванд? (Бояд гуфт, ки мо аксаран бевафои ва хиёнаткории мардхоро чидди кабул намекунем ва ё баъзан чун кадом «кахрамони» кабул мекунем. Дар мавриди хиёнаткорихои мардхо  ва окибати он ягон вакти дигар хохем гуфт! ) Читать далее

3 ноябри соли 2010

   Ман чанд муддат аст, ки  ягон чизи  зебову умедворкунандаро эхсос намекунам: дар атроф дигар сабзранги несту дар чои кор хохиши кору эчод гум шуда! Дигар факат сигор мондаасту кахва, хаёл мондаасту накша, хумор мондаасту алам…

Имруз дар мавриди ширкати Адидас, дарвозабонии Штирлиц, дипломхои гирёнчак,  сирри хушбахтии актёрони мо, аввалин зан-кайхонаварди точик ва талошхо барои мавкеъ ва парвози дарозмуддат навиштаам.  Читать далее

ТУЙе, ки метавонад МУБОРАК нашавад!

     Бо мустакил шудани Точикистон рафтуои мардуми манотик ва кишвархои дигар ба чумхурии мо бештар шуд. Акнун шахрвандони хоричи на факат бо максади дидори расми, балки барои зистан ва фаъолияти дуру дароз ба кишвари мо меоянд. Солхои аввали мустакилият эхтимол касе фикр хам намекард, ки як зани точик метавониста бошад, ки бо марди сияхпуст ва ё хитоие оиладор шавад ва дар як болин сар монад. Аммо холо мебинем, ки ин гуна никоххо ва «ба хам омаданхо» кариб ки як чизи мукаррари аст. Ва ман дар чандин хамин гуна туйхо рови хам будам. Мардхои точик хам кам нестанд, ки хамсарони хоричи доранд, аммо аз руи хислату хулки мардхо бошад, ки мо инро хуб кабул мекунем. Дурустараш, ба мо ин чиз сахт намерасад! (Яъне, агар ман зани афгон ва ё рус бигирам, маро он кадар бад намебинанад, ки духтари шавхари хитои ё рус кардаро бад мебинанд) Аммо аксарияти мардхо хангоми дидани манзараи туи як шахрванди хоричи бо зан ё духтари точик хатто ба газаб хам меоянд. Ин оё вокеан хам боиси ташвиш ва ояндасуз аст? Читать далее