Гуноҳкада (ҳикоя)

(Хилватгаҳи ду гунаҳкор)

Фақат кофӣ буд, ки дару тирезаи ин хона кушода шавад. Гӯё банди дили ин ду меҳмон буд, ки кушода мегашт. Насими тирамоҳ бо панҷаи сарду шахшул он чеҳраҳои тарсхӯрдаро ламс мекард. Гӯё кадом паёму пайғомеро аз дуриҳо барои меҳмонони ин хона меовард. Оби чашм буд ё оби рӯ ва ё обрӯ, ки ҳамин ҷо сад карат бо роҳи ҷӯяҳои аз ғами зиндагӣ ва зистан пайдошуда поин метаровид. Накҳати гуворои фазои ин хона қариб ҳамеша ба ҳадди ифрот мерасид. Фурсати андак ҳоло нагузоштааст, ки фазои ошхона ғайри бӯйи ҳамин гулоби занона бо кадом бӯйи дигаре ошно шавад. Ҳамеша баъди ин вохӯриҳо ғайри он чизе, ки дар сарҳову дилҳо монда буд, як халта пур аз пӯчоқу қуттии ширинӣ, зарфҳои нӯшоба ва гоҳе пасмондаи сигору хокистари тамоку боқӣ мемонд…

Ин дар, ки ҳоло то омадани ҷониби дигар андак кушода аст, ҳамеша шоҳиди тарс ва нигаронии меҳмонони ин хона буд. Тақ-тақи ҳатто як нозири барқ ё об инҷо сад ларзаро ба дил ҷо мекунад. Онҳо худашон ҳам намедонистанд, ки инҷо соҳибхонаанд ё меҳмон?!Ҳамчунин, намешуниданд, ки ҳамсояҳо дар бораашон чӣ назар доранд ва шояд ин он қадар муҳим ҳам набуд. Ношинос ва бегона боқӣ мондан — ҳоло то ҳамон муддате, ки дарозиашро худашон ҳам намедонанд, шарти аз ҳама асосӣ ва аз ҳама муҳим аст…

Роҳрави ин хона сад бор аст шоҳиди ҳолатҳои ғамбору фараҳбор мешавад. На ҳамеша дарбандиҳо ва қуфлу калид бахтбандӣ асту нохостанӣ. Дар ин зовия ҳамин гуна андешаҳои ҳатто кайҳо исботшуда ҳам, таги шубҳа мемонанд. Дуриҳо инҷо маҳз баъди дарбандиҳо барҳам мехӯранд, нигоҳҳои дар он сӯйи дар ва пеши чашми мардум гӯё ноошно ва бегона инҷо ба ҳам меоянд, панҷаҳову назарҳову гарданҳо ва ҷисмҳо гӯё бо ҳам мепечанд, лабҳои дар фироқ хушку сӯхта нам мегиранд. Ва ин дуртарин роҳ аст (ҳам осонсипару мушкилгузар!), ки ҳамагӣ аз роҳрав то хона тул дорад…

Имрӯз гулдони болои миз, ки ҳафтаҳо на рӯйи обро дида буду на пои қайчишудаи гулро ба шарофати солгарди ошноӣ ва нахустин мулоқоташон аз гулдастаи овардаи як ронандаи такси ҳаловат дошт. Аз ҳар чизе, ки зинда буд, шояд он гулдаста ҳоло бештар розу ниёзи меҳмонони ин хонаро мешунид. Сӯҳбатҳо инҷо гӯё давоми паёмҳои савтӣ ва смс-ҳои кӯтоҳу нопуррае буданд, ки дар хотираи телефонҳои ҳушманди ҳарду умри хеле кӯтоҳе доштанд. Ва он сӯҳбатҳои кӯтоҳ ҳарҷо-ҳарҷо канда мешуд, қатъ мегардид ва боз баъди лаҳзае идома меёфт. Мисли идомаи робита ва идомаи ҳамин вохӯриҳо…

Инҷо ҳеҷ кас пеши дигарӣ кадом масъулияти ҳатмӣ ва муҳим надорад, касе аз дигарӣ чизеро ба ҷуз ҳамин вохӯрӣ интизор нест, касе ӯҳдадор нест, ки бар ивази меҳрубониҳои ҷорӣ кадом кору ташвишу заҳмати дигареро ба дӯш бигирад, иҷро кунад ё анҷом бидиҳад. Вале тибқи аҳде, ки гӯё хомӯшу бесадо бо ҳам бастаанд, онҳо худро масъул барои хомӯшии бардавом дар ин мавзӯъ медонистанд. Ҳафтае як ду карат роҳашон ҳаминҷо ва дар ҳамин нуқта ҳамон гунае, ки ба ҳам меомад — сокиту орому хомӯш ва пинҳон аз назарҳо, ҳамон гуна боз аз ҳам дур мешуд. Ва ҳарду меҳмон ё соҳибхонаҳои муваққатӣ ҳамон гунае, ки аз ҷӯши ин шаҳри серодам ҷудо шудаву пасопеш худро ба дари ин хона расонида буданд, ҳамон тавр дар фосилаи чанд дақиқа аз пушти ҳам то вохӯрии навбатӣ аз назарҳо пинҳон ва гӯё миёни анбӯҳи мардум ҳал мешуданд…

Андешаи гузоштани нуқта ба ин омаду рафт аксаран баъди анҷоми ин вохӯриҳо ба сари ин ё он ҷониб меомад ва дар тӯли як ё ду рӯзи оянда гӯё бо доруйи пазмонӣ табобат мешуд. Касе ҳоло ҷуръат накардааст, ҷониби дигарро бо ин тасмимаш ошно кунад. Ва ҳар вақт ин андеша зери бори ҳаловат аз он вохӯриҳо ба ҳадде маъюб мешуду нимкушта, ки мегуфтӣ шояд роҳи мағзро фаромӯш кунад. Ҳар кадом, ки барои ин вохӯрӣ сабаб ва баҳона дошт, онро ба таври худкор дар қиболи ҳамон эҳсоси гунаҳкорӣ, ки ҳамеша чанд дақиқа пас аз ин вохӯриҳо пайдо мешуд, мегузошт ва бо ҳамин гӯё таскин меёфт.

Пушти ин дар ва дар миёни он чор девори бегона бо ба ҳам омадан ин ҷуфт гӯё ду каси ошнои худу барои якдигар ноошноро ҷазо медоданд. Барои бемеҳрӣ, барои камтаваҷҷуҳӣ, барои зомин шудан дар ишқи поки онҳо, барои азиятҳои рӯҳӣ ва равонӣ ва боз барои ким-чиҳои дигар. Ва ҳамзамон шояд ҷазо ҳам мегирифтанду хомӯш буданд. Ҷазо барои гуноҳу хатое, ки доштанду надоштанду доранду пӯшида нигоҳ медоранд…

Инҷо оромӣ ва сукут садо дорад, баъзан тарсдору воҳимадор монанд ба тик-тики соат. Аз пушти тирезаи инҷо ҳамон роҳҳои одӣ ва хазонрезаҳое, ки дар панҷаи шахшули ҷорӯби зани ҳавлирӯб фиғон доранд, фавқулода ғайриодӣ ва пур аз ҳикмат ба назар мерасанд, аз инҷо бозиҳои кӯдакон, сӯҳбатҳои сарироҳӣ, харакҳои холӣ, борону барф ва оҳиста қадамзании ким-кадом пири асобадасти раҳгузар ҳатто аз пушти тури тирезаву аз роғии парда ҳам ҷолиб асту диданӣ. Ба ҳар сурат ин ҷуфт, ки фақат ҳаминҷо китф ба кифт истодаву нигоҳҳоро сӯйи чизеву касоне муттаҳид мекарданд, ҳамин гуна фикр доштанд….

Ва онҳо аслан нигарон набуданд, ки дар саҳафоти иҷтимоӣ бо ҳам дӯст нестанд, аксҳои ҳамдигарро дар смартфонҳои худ тамоман надоранд, ба суханони пурҳикмати саҳафоти ҳам, ки аксаран аз муаллифони мухталиф дуздидашуда буд, лайк намегузоранду шарҳ наменависанд, телефонӣ ҳар вақт соатҳо гап-гап намекунанд ва паҳлӯи ҳамдигар миёни мардум пайдо намешаванд. Зеро онҳо ҳар кадом дар алоҳидагӣ зиндагӣ ва оилаи худро доштанд — яке зани меҳрубон ва дигари марду сарвари хонаанд ва барои ҳифзи он масъулият доранд.

Он сӯйи дари ин манзили иҷора, ки аз хонаи онҳо дур асту ҳафтае на бештар аз ду бор кушода мешавад, гулҳои он гулдон шояд фақат чанд соати дигар бӯ мекунанду баъд дар торикӣ ва танҳоиву хамушӣ мемиранд. Аз он ду ошиқ ва ду гунаҳкор бошад, дар ин хилватгоҳ ё гунаҳкада баъди ҳар ҳамин гуна вохӯриҳо як дунё хотираи ширину талх ва қабулу номақбул то муайянии номуайяне маҳфузу мастур боқӣ хоҳад монд…

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше