Дастури амал хангоми селу обхези

Мо дар кишваре зиндаги мекунем, ки кухсори бештар дорад ва руду дарёаш низ кам нест. Хамасола холатхои обхези ва омадани сел дар манотики гуногуни кишвари мо рух медихад, боронхои бахори роху курпукхоро вайрон мекунад , ба мардум хисороти зиёде мерасонад ва хатто талафоти чониро хам ба бор меорад. Рост аст, ки инсонхо баъзан дар холати офатхо барои тасмим гирифтан хатто вакт хам намеёбанд, рост аст, ки баъзан хачми офат ба маротиб бештар аз кудрати пешгири ва неруи инсонхо аст, аммо тахмин мекунам, ки дар ин катор омилхои дигаре хам хастанд, ки дар вакти офатхо  сабабгори вайронихои бештар мешаванд.  Ман чанд намунаро бароятон меорам. Худатон казоват кунед, ки чи андоза онхо метавонанд ба хисороти бештар ва зарар ба мардум сабаб шаванд: 

ОБХЕЗИ

  1. васеътар кардани хавлихо аз чониби мардум ва расидан то сохили каналу руду дарёхо, яъне худсарона аз худ кардани заминхо;
  2. таксимоти нодурусти заминхо барои сохтани хавли аз чониби меъморону заминсозону намояндахои макомоти дигари дахлдор (чой додани мардум дар лаби об, таги теппахо ва мисли ин…);
  3. ба назар нагирифтани рохи селу об ва набудани обпартои аз чихати техники мувофик ва санчидашуда дар дехот ва минтакахои дигари ахолинишин;
  4. набудани чуйборхо ва роххои обгузар дар минтакахои ахолинишин;
  5. пеш аз таксими заминхои наздихавлиги ба назар нагирифтани роххои хорич шудани оби барфу борон аз он минтакаи ахолинишин;
  6. муттахид набудани мардуми минтакахои ахолинишин барои мустахкам кардани сохилхо, дуруст кардани роху чуйхои обгузар ва тоза кардани нахру каналхо;
  7. дар тарху накшаи асосии сохтмони махаллахои нав набудани хати обгузар, чуйборхо ва селпарто (ё агар бошад, хам мардум дар бораи он маълумот надоранд!..

Вале хама айбу хатои мардуми масъулро ба вичдону инсофи онхо хавола карда, чанд тавсияро дар зер меорам, ки фикркардаи ман набуда, хулосаи муттахасисону корафтодахову донандахо аст. Умедворам, ки аз манфиат холи набошад!

  • Ба пешгуии вазъи хаво таваччух кунед ва каблан омодаги бигиред;
  • Дар холатхои фавкуллода ба воситаи Радио ва Телевизион бояд эълону тавсияхо пахш карда шаванд;
  • Маълумоти фавриро дар мавриди обу сел хатман ба дигарон хам бо хар роху восита (садо, телефон, СМС, вайбер, шабакахои ичтимои, мошинхои рохгузар…) расонед;
  • Ба макомоти дахлдор – Кумитаи холатхои фавкулода, ёрии таъчили, милиса, идораи чамоат, хукумат ва мисли инхо хатман занг занед ва хабар дихед;
  • Хуччат, маводи кимматбахо, дорувор, захираи 2-3 рузаи гизо, либоси мувофик, руйпуш, маводи бехдошти ва пойафзолро хамрохатон бигиред;
  • Молу ашёи зарурии худро ба чойи бехавф (болохона, мансард) кучонед ва ё акалан болои чевону шифонер гузоред;
  • Газу баркро хомуш кунед;
  • Дару тирезахоро махсусан дар ошёнаи аввал устувор ва бо чизе махкам кунед;
  • Манзили хавфноки худро тарк карда, дар чойи бехавфе,  ки тавсия медиханд, чамъ шавед;
  • Хайвоноти хонагии худро хам ба чойхои бехавф баред;
  • Бе фикри дуруст, нофахмида ва надониста тасмим нагиред;
  • Кушиш кунед, ки дар кучо будани камерахои чархи мошин ва тачхизот барои шиновариро ба ёд ореду хамрохатон бигиред;
  • Кушиш кунед, ки вакти селу обхези ба нафарони дигар  хам кумак расонед, вале аввалтар аз хама кушиш кунед, ки худатон гарк нашавед;
  • Ба чойхои баланд бароед. Дар дехахо хатто баромадан ба болои дарахт шуморо аз селу обхези начот медихад;
  • Вакте ки мебинед, хонаву мазил ба коми об меравад, яъне эхтимоли пурра харобшавиаш мавчуд аст, ба болохонаи он манзил набароед;
  • Кушиш кунед, ки дастачамъона аввалтар аз хама ба занону кудакон, пиронсолон ва мардуми бемор кумак расонед;
  • Агар дар миёни об хастед, кушиш кунед, ки аз хар чизи вазнин, мисли либосхои гафс ва пойафзол халос шавед;
  • Аз хар чизе, ки устувор аст, дошта, дигаронро ба кумак даъват кунед;
  • Барои нафароне, ки гарк шуда истодаанд, банду чубу ашёи дигареро партоед, ки у дошта, берун омада тавонад. Ин вакт самти харакат ва суръати обро ба назар гиред; Дилбардори ва тавсияхои дурустро фаромуш накунед;
  • Вакти миёни сел мондан шумо самти харакати об ва мавкеъи чойгиршавии худро муайян карда, тасмими дуруст бигиред;
  • Фармону тавсияи начотдихандахоро риоя кунед;
  • Дар нуктаи кайди осебдидагон худро ба кайд бигиред ва наздиконатонро аз вазъи саломатии худ огох созед;
  • Хатто баъди гузаштани селу обхези хам вазъи бино ва иншоотро аввал санчида, баъд ба он ворид шавед, аз симчубу нокилхои барки эхтиёт шавед;
  • Кушиш кунед, ки таххона ва хонаву дари худро тезтар аз оби чиркину лой тоза намоед. Тамоми чихози ошхонаи худро тоза кунед; Факат аз оби тоза истифода баред;
  • Оби захираатон агар олуда шуда бошад, онро бехтараш нанушед;
  • Агар хонаву манзили шумо дар назди обанборхо, каналхову дарёхо аст, шумо хамеша дар хона тачхизот барои начотдихи, камерахо барои зери об нашудан, киштичахои худсохт, либосхои пурхаво барои зери об нашудан (хам барои худу хам барои фарзандонатон) дошта бошед;
  • Фаромуш накунед, ки шумо дар ин холат барои начоти худ ва дигарон вакти каме доред;

 

Худованд моро аз хама гуна офату балохо нигах дорад.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: