Сари «Дастархони сурх»

(Дар ҳошияи намоиши мусаввараҳои рассом — Далер Миҳтоҷев бо номи «Дастархони сурх»)

Он руз баъди аср борон борид. Сафи мардуме, ки куҷое медавиданд, акнун аз ҳисоби онҳое, ки аз ин борон мегурехтанд, меафзуд. Мисли сафи онҳое, ки ин гуна борони нарму гармро дар ҳавои дамгири чанд рӯзи ахир орзу доштанд. Ҳеҷ баҳори дигар ба сару рӯйи онҳо ин гуна борони ранга нарехта буд. Даргурез аз ин борон мардум таги нигасу боми ошнову бегонаро, ки дар ҳавои софу офтобӣ шояд назараш намегирифт, ба хотири панаҳ кардани сараш ихтиёру интихоб мекард. Қиссаи сарҳо ва сарпӯшҳо воқеъан ҳам зери ин борони ранга ҷолиб аст…

Мо аксаран аз сар дида сарпӯшро беҳтар ҳифз мекунем. Гӯё хираду ақлу фаросат даруни тоқӣ ва кӯлоҳу шляпа аст, ки онро ё бо чизи обногузар мепечем ва ё бадтар аз ин — чорқат карда, ба киссаи даруни костюм ё ҷома мезанем. Ва баъд чӣ рангу обу лойе, ки ба сар мерезаду бо ҷӯякҳои рӯю гардан ба қади танаву пасту баландиҳои бадан сарнишеб метаровад…

Ва таги бомҳои дигар ҳамон шом дар миёни анбӯҳи панаҳбурдагон аз борони рангин, бештар соҳибони куртаву рӯмолҳои сап-сафед ба чашм мерасиданд. Сафедпӯшҳо аз борон панаҳ бурда бошанд ҳам, аз ҳамраҳон ва сокинони зери як бом, ки хоҳу нохоҳ дар ин ё он ранги қаламкаши қисмат дастолуда буданд, наметавонистанд дур бошанд. Касе субҳ дар ёди чатр набуд ва ягон чатр ҳам шояд борони рангҳоро, ки имрӯз гуё бо фармоиш ё хоҳиш ба рӯйи зиндагии якранг мерехт, ёд надорад…

Ҳар кадом аз сокини ин шаҳр ва соҳибони ҳамон нигасу бомҳо дар ҳошияи гиряи борон бо ифтихор даъво дошт, ки борони серранге, ки имрӯз меборид, маҳз натиҷаи дуову дуруди ӯ аст. Ва фақат ҳамон борон медонист, ки ин ҳамин тавр аст. Ҷони чанги афғонӣ, ки чанде даст ба гулӯи ҳаво гузошта буду пой ба гулӯи одамон, акнун таги ин борони ранга чӣ садодору бо фиғон берун мешавад…

Ҳамин шаб баъди он борони ранга дар ҳар ҷуйбору ҳавзи сунъӣ ва ҳатто ҳар кулмаки об баҳси ҳубобу кафку рангу об дар авҷ буд.Чӣ ҳубоби рангдоре аз шодии борон, чун як шӯълаи оташбозиҳои рӯзи ид метаркид ва чӣ ҳубоби беранге дар анҷумани чангу гарду хоки аз кӯчаи ҳамсоя бархеста ва як каф оби беҳаракат, ки то фардо ганда мешавад, аз рашку бахилӣ варамидаву пора-пора мешуд…

Шояд ҳамин боронро дар кунҷу канори ин шаҳр дергоҳ мунтазир буданд. Охирин борони рангорангро чанд даҳсола қабл баъзеҳо ёд доранд. Ва баъзан он баъзеҳо бо забоне, ки забони модарашон нест, ширину бо ҳавас аз он нақл мекунанд. Ва гуйё мардум ин шаб дар кадом ҷашнвораи ҳиндугии рангҳо буданд, ки онҷо пайдо шудани шахси покизалибосу чатрдор боиси тааҷҷуб аст. Борон ба ҳадде бо завқ мерехт, ки ту мегуфтӣ ин мардум баъди маросими Ашагулон ва зораҳо пеши Офаридгор ба ин бахти рангин даст ёфтаанд. Ва борон ҳам, ки деринтизор буданашро медонист, бо сад ранге, ки ҳатто дар бадани тирукамон набуд, гӯё хӯсаи Ашагулонро то тар шудани дили мардум тар мекард. Кампири ҷандапӯш хаёл мекард, ки сурудашро он хӯсаи либосдори тап-тар мешунавад:

Ашаглони ростина,

Биё биҷунбон остина,

Ғаллаи савзум қоқ шидай,

Майда бирезон борона…

Омезиши рангҳо аҷиб аст. Он ҳам дар обу осмону абру борон ва ҳам дар тасвирҳову дар мағзи инсонҳои бедор шедевр меофарад. Дар ҳоли гурези инсонҳо аз ҳамдигар рангҳо бо миёнаравии як наққош ва як муқалам чӣ самимона ба рӯйи ҳам бағал мекушоянд ва ранги шиносу ношинос, тасвири фавқулода зеботару пурҷилоеро тавлид мекунанд. Ва ин тавлиду ҳамин гуна тавлидҳо, ки бе шубҳа хеле мубораканд, тариқи истисно ва берун аз қавоиди танзими анъанаҳо кирои иду ҷашну таҷлилу овозаву дарвозаро доранд…

Один ответ

  1. Акаи Субхон номер ё ватсап,телеграм,вайбер медоштед менавистед, як масала буд ба шумо бояд хамсухбат шавам

    Нравится

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше