Бозгашт (ҳикоя)

   Зан ҳама он даҳшатро аз телевизор дид. Телевизоре, ки дар хонаи хобаш гузошта шуда буду фақат худаш онро тамошо мекард. Он чӣ, ки дигарон аз каналҳои маҳаллӣ медиданд, барои ӯ писанд набуд. Чандин сол аст, ки ӯро дар қатори телевизор нигоҳу назару андешааш ҳам дигар асту аз дигарон фарқкунанда.

  Имрӯз бошад, ӯ ба ҳадде асабӣ ва нороҳат буд, ки фикр мекардӣ касе аз он қурбониён наздиктарин шахси ӯ буд ё ҳамон хонаву ҳавлии сӯхта, ки кадом шабакаи хориҷӣ нав нишон дод, аз они ӯ аст..

  Баъди баргаштанаш аз идораи почта акнун фақат «меравем» мегуфт. Ин ҳам гапи нав набуд, онро ӯ чанд сол буд, ки мегуфт, аммо акнун баҳонаи ҷиддиеро барои истодагарӣ кардан дар ин фикр дошт.

«Ҷанг аз канораҳои кишвар ба пойтахт наздик мешавад. Аз ин деҳа то пойтахт ҳамагӣ 4 километр аст. Ман дигар инҷо истодан намехоҳам…»

Дар пайкари ман зи ҷаҳлу нодонии ту,

Як захми тиру ҳазор захми сухан аст…

  Фарзандон — Алексей ва Дмитрий (барои наздикон Саша ва Дима), ки ҳанӯз хурдсолу мактабхонанд, чизе муқобили хоставу пешниҳоди модарашон — Наташа Семёновна (Нигора) намегуфтанд. Ҳар тобистон ба хонаи бибии модариашон — ба яке аз посёлкаҳои шаҳраки Звенигороди вилояти Маскав бурдани онҳо ҳам, ҳамеша бо исрори модарашон буд.

  Қатора аввал аз миёни шаҳр ва баъдтар аз миёни деҳаҳои ҳоло ободу сабзу хуррам мегузашт. Дар мағзи мард гӯё коргоҳи сабт фаъол буд ва ин ҳама навору рангу суратро аккосӣ мекарду ба хазинаи ёд мефиристод. Дуои модараш вақти сафар ва чеҳраи пури андӯҳи вай пеши чашмаш аст. Суханони раҳматии бобояш ҳам, ки замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то Гирмон рафта буду қиссаҳои ҷолибе дар мавриди садоқати зан ва духтарони бегона кардаву интихоби набераашро ҷонибдорӣ накарда буд, акнун баландтар дар гӯшаш садо медиҳанд. Вале ташвишаш аз чизи дигар аст. Кӣ овоза паҳн карда бошад, ки Убайд дар шаҳр кадом ҷиноят содир кардааст? Ӯро кофтукоб доранд… Ӯ ку дар чанд моҳ шояд фақат як-ду бор ба шаҳр равад. Ба кӣ лозим аст ин? Ҳайрон…

Бо рафтани ин қатор андар дили ман,

Монад ғами кӯҳу кӯҳи ғам побарҷо…

  Санҷиши ҳуҷҷатҳо дар гузаргоҳи сарҳадӣ ва ба купе ворид шудани чанд сарҳадбон риштаи хаёли ӯро аз банди хотираҳои чанд даҳсола пешу чанд дақиқа қабл канда мекунад…

  Аз аввалин рӯзҳо Наташа аз ҳамшаҳриҳои чанд сол пештар гирифтори ишқи аскарбачаҳои ҳамин деҳа ба инҷо омада ва ба зиндагии мардумони одии ин минтақа мутобиқшуда, тамоман фарқ дошт. Ӯ мешунид ва медид, ки чӣ тавр онҳо нону об доранду гову мол ва боғу замин. Ғайри ӯ дигар он чанд зане, ки ҳамдину ҳамзабони ӯ будаву кадом вақте аз кишварҳои соҳили Балтика, аз пушти аскарбачаҳои тануманди тоҷик омада, дар ҳамин гирду гӯша мезистанд, намозхон буданду бо имон.

  Хоҳарони шавҳараш барои ба Наташа гузоштани ягон номи тоҷикӣ муваффақ нашуданд. Ин корро онҳо бе ҷиддият, фақат барои завқи бештарашон анҷом додан мехостанд. Радкунии янгаи навашон барои он набуд, ки Нигораву Наҷибаву Нигина номҳои хуб набуданд ё маъниҳои ба дили ӯ наздик надоштанд. Балки барои он буд, ки Наташа аслан намехост, ӯро бо номи дигари барои занони ин маҳал осону сабуктару гуворотар садо кунанд. Баъдҳо ҳам, ки забони мардуми деҳаро мефаҳмид, гӯё махсус ва қасдан чизе ба ин забон намегуфт. Шавҳараш агар дар хона мебуд, дар зарурат суханони ӯро барои он наздиконеаш, ки русиро намедонистанд, тарҷума мекард.

  Ба назари мард дар чанд вақти охир беҳтарин кору тасмимаш ин — ба ҷиянҳояш гузаштани номҳои Ардашер ва Анӯшервон буд. Ин ҳамон номҳое буданд, ки ӯ мехост ба фарзандони худаш гузорад. Аммо… Акнун онҳоро пазмон мешавад.

Мезад намаки нигоҳи гулдухтари деҳ,

Моро ки бидидему надидем варо…

  Баъдҳо ҳам, ки дигар инҷо оромиву тинҷӣ фаро расид, Убайд ба деҳа барнагашт. Фарзандони деҳаро ӯ баъзан дар гирду гӯшаи коргоҳаш медид. Ӯ баъди чандин касбу кор дар ҳамон шаҳрак ва берунтар аз он , акнун посбони як санатория буд.

  Бо авҷи муҳоҷират, қариб ҳама мардҳои деҳаи Убайд дар кори мавсимӣ буданд. Аз гапи онҳо дар бораи деҳа ва зиндагии мардумон иттилоъ мегирифт. Дар сохтмону бустонсароҳои атрофи посёлка пайваста тоҷикон ва махсусан ҳамдеҳаҳои худро меҷӯст…

Ду чиз ҳамекашад маро то деҳа,

Гоҳ дасти бародару гаҳе дастаи дар…

  Ду чиз ӯро дилгиру хаста карда буд — аввали хумори деҳаву волидони бештар аз ҳафтодсола ва дуюм даводави зиёд аз пушти ҳуҷҷатҳову варақаву маълумотномаву ким- чиҳои дигар. Барои ӯ, ки дар қайди ҷое набуд ва мӯҳлати эътибори ҳуҷҷатҳои расмиаш кайҳо гузашта буд, ҳатто бо доштани ҳамсари «таҳҷойӣ» ҳам осон набуд. Гузашта аз ин дар зиндагии ӯ як фосилае фаро расида буд, ки дигар дилмонда аз ҳама, гӯё ба тақдир тан дода, ҳавсала барои талош ва мубориза надошт…

  Ардашер ва Анӯшервон пулҳои ками равонкардаи амакашонро пинҳонӣ аз дигарон ҷамъоварӣ мекарданд. Ким — кадом масъалаҳои ба ҳавливу замину хона иртибот доштаро ҳам дар вақте ки амакашон танҳо буд ва ё дар ҷойи кор вақти холӣ пайдо мекард, радду бадал мекарданд. Хоҳиши бозгашти амакашон онҳоро хурсанд мекард…

Ду хок ҳамекашад маро ҷониби худ:

Ин хоки раҳи деҳаву он хоки лаҳад…

  Наташа Семёновна ҳарчанд эҳсос мекард, ки шавҳараш зодгоҳу наздиконашро пазмон аст, фикр намекард, ки тасмимаш барои баргаштан то кадом ҳад ҷиддист. Убайд се даҳсола пештар метавонист ба ин ҷойҳои ношинос тамоман наояд, аммо исрори Наташа дар мавриди он, ки тани танҳо ду писарро ба пой мондану бузург кардан душвор аст ва ҳам раҳму шафқате, ки ӯ ҳамчун падар дорад, нагузошт онҳоро танҳо гусел кунад ва доманашонро раҳо созад. Ва ё шояд аз гапу калочаи мардум ва махсусан, наздикон, ҳарос дошт, ё намехост онро шунавад…

  Ҳуҷраи хобаш дар ин хонаи чӯбин ва ҳуҷраи навбатдории ӯ дар он санатория қариб як хел аст. Инҷо як сурат дар девор бештар аст. Сурати масҷиди кӯҳнаи деҳа, ки кадом соле гирифта шудаасту акнун дар дохили чоркунҷаи чӯбӣ ин девори бегонаро зеб медиҳад. Як тасвири ҷолиби дигар, сурати бар ба бари бобову бибӣ, модару падар ва худи ӯ, ки он вақт фақат шашмоҳа будааст, аз девори ҳуҷраи хобаш дар он хонаи чӯбин гум шуд. Он сурати пурасрор хеле асроромез гум шуда буд. Ё шояд пеш аз овехтани салиб ба ҳамон мехи танаи девор он суратро «гум» карда буданд…

Дар ҳар қадаме ба ёди ту гум кардам,

Сад мех ҳавас зи пушти девори дилам ...

  Дар ҳарду ҷой ҳам вақташ дар танҳоӣ ва банди андешаҳои гуногун мегузарад. Махсусан шабҳо, гӯё касе ҷисми аз озори дурӣ ва ҳиҷрату танҳоӣ хастаи ӯро бардошта, ба зодгоҳаш, деҳаи Лаби ов мебарад. Ӯ то саҳар дар анҷумани наздику пайванд, волидону хешовандону ҳамсояҳо аст. Ба ин ҳад пазмони деҳаву зодгоҳ буд, ки ҳатто вақти бедор шуданашу нотамом мондани хобҳои шабаш нороҳат мешуду ашки чашмонаш равон мегашт.

  Убайд аз аввал ба Наташа гапу сири дилашро кам мегуфт. Акнун бошад, тамоман намегӯяд. Чанд боре, ки бо писарон дар мавриди бозгашташ ба зодгоҳ гуфт, ҷавобҳои рад шунид. Фақат ваъда мешунид, ки ҳуҷҷати бозгашт ба қарибӣ омода мешавад ва онҳо якҷо наздиконашонро хабаргирӣ мераванд. Дима — писари дуюмаш ҳам, ки падар фикр мекард хуни тоҷикӣ дораду бараҳму баномусу масъулиятшинос аст, тамоман дигар шудааст. Ба назари Убайд мерасид, ки ӯ ҳам зери таъсири амалу рафтори модараш мондаву сарду бепарво гаштааст…

  Ҳама гап ҳам сари ҳамон ҳуҷҷат буд. Агар ҳуҷҷатҳояш дуруст мебуд, ӯ асло аз онҳо намепурсид ва бо онҳо маслиҳат ҳам намекард. Мехест меомад зодгоҳаш. Ягон рӯз ӯ ҳатман ба Маскав меравад ва ҳамон ҳуҷҷати бозгаштро суроғ мекунад. Ҳатман меравад…

  Баъзан шабҳо фикри ҳамон овоза, ки дар деҳа паҳн шуда буду ҳатто нозири минтақавӣ ҳам як бор ба ӯ хотирнишон карда буд, азияташ медод. Ҳамсояҳо ҳатто чанд карат гуфтанд, ки ким-кадом одамони ношинос ӯро суроғ кардаанд. Ӯ ҷинояткор нест, ягон гуноҳ накардааст ва ҳатто ба шаҳр ҳам нарафта буд. Аммо чӣ хел бояд инро исбот кунад? Даҳони мардумро магар мешавад баст?

  Як сару сад савдо дошт, Убайд. Ин марди мусофир аз он ҷавонмарди ҳузарбе, ки ними деҳа ҳарос дошту ними дигараш дар симои ӯ домоди нозанину танумандро медид, тамоман фарқ дошт. Хоби зиёд медид ва ҳатто ҳазён мегуфт…

Шабҳо, ватанам, ҳасад барам бо гиря,

Бар чир-чираки миёни себаргаи ту…

  Наташа, ки аз писаронаш ҳама гуна иттилову гапу хабарро дар бораи падарашону хешони ӯ ва хоҳишу тасмими Убайд барои бозгашт ба даст меовард, ҳама корро мекард, то ӯ аз фикраш гардад. Ҳатто писаронро вазифадор карда буд, ки ҳаракати падарашонро зери назорат бигиранд. Нагузоранд, ки аз посёлка дур равад.

«Наверное у папы шизофрения…»

  Ӯ ҳамон худ ба худ чизе гуфтану зери лаб бунга кашидану дар хобаш ҳазён гуфтанҳоро пеши писарон барои ин суханаш чун далел меовард. Ҳамчунин борҳо ҷиддӣ таъкид карда буд, ки давоми ҳамин ҳолате, ки феълан падари онҳо қарор дорад, шояд аз даст додани хотира бошад…

Даъво накунад ба хотири шод ғариб,

Чун дарди ватан зи дурӣ дармон нашавад…

  Дар ин посёлка чанд ҷое ҳаст, ки ба ёди Убайд зодгоҳашро меорад. Якеаш ҳамин пушта ва як ҷангалаки зичу анбӯҳ буд, ки вақти сахт хуморӣ шудан, гӯё паноҳгоҳи Убайд аст. Моҳу солҳои аввал, ки робитаву алоқа бо деҳа мушкил буд, як андоза миёни ӯву наздиконаш дурӣ андохт. Ҳамон меҳре, ки онро мардум «дар чашм аст» мегӯянд, камтар шуд ва муҳити ноошно ӯро ба тадриҷ бегонатар кард. Аз забони дигарон мешунид, ки мардум барояш лақаби ғайриодӣ гузоштаанд — Убайди урусӣ….

  Баъзан дар бораи он фикр мекард, ки шояд ҳамон норозигии наздикон, махсусан, бобояш, боис шуд, ки инҷо кораш тамоман бебарор буду зиндагиаш бе лаззат…

  Дурустии интихоби ҳамсар, озодии бештар ба ӯ, меҳрубонии фавқулода ва на хоси ҷавонони хунгарми деҳот, сахт побанди муҳаббат ва дустдориҳои ҳамсару писарон мондан, бархӯрди фарҳангҳои ноошно, кореву амалу одатеро ҷиддӣ ва ҳатмӣ таҳмил накардан ва оқибати ҳамаи ин — аз мавзӯоти иловагие буданд, ки ҳамеша майнаи ин мусофирро машгул медошт. Вақте хумораш мегирифт, ҳар куҷо ягон ашёи аз ватан овардашударо суроғ мекард. Варақ-варақи китобҳоро мекофт, ду ҷомадони кӯҳнаи доштаашро титу пит мекард.

Сад хотира дар хотири мо нест дигар,

Кӯ ҷомаву ҷомадону ҷоми Ҷами мо?

  Ин субҳ ҳам ҳамин корро анҷом дод ва аз онҷо ба ҷуз чанд китоби кӯҳна, як қуттичаи холии дастмона ва чанд сурати кудакиҳои писаронаш дигар чизе наёфт. На аксҳои волидонашу бародаронашро, на дафтарҳо ва албоми сурату хотираи аскариашро ва на чизи дигарро. Гуё ӯ то ҳамин рӯз тамоман вуҷуд надошт…

  Шабҳои Убайд хеле вазнину душвор ва бо хобҳои парешон сипарӣ мешуданд. Дар хобаш фақат деҳаву мардумони он меомад, ки аксаран дар қайди ҳайёт нестанд. Хаёлаш фақат рӯйи мазори деҳа, болои чинорҳои кӯҳнаи ҳавлии масҷид, тиракҳои гирди заминҳои гандуму шолӣ, соҳили яхобҳои равони мусаффо, чашмаҳои шифоӣ ва боғҳои сермеваи кӯдакиҳояш парвоз мекард.

  Ҳамин шаб ҳам деҳаро хоб дид. Ба хобаш омадани муйсафеди нуроние, ки тахмин аз авлоду решаву пайванди худаш буд, тааҷҷубовар буд. Мешунид, ки ба ӯ мегуфтанд, «ту ин корро аз аввал бояд анҷом медодӣ, ту навасаи сӯфӣ Мурод ҳастӣ ва аз авлоди суфиёну донишмандонӣ…»

Болои сарам хурмаи дуғ аст ба шаб,

То аз дари хоби ман дарояд сӯфӣ…

  Ин анҷумани пирону мӯйсафедонро Убайд рӯзҳои дигар ба хобаш надида буд. Шояд барои он буд, ки рӯзҳои дигар якҷо бо гуруҳи калони муҳоҷирони корӣ намози ҷамоат нахонда буд…

  Ҷавони сардори бригадаи корӣ — як ҳамватани худамон, ҳамин тасмиму иродаи ӯро хеле тавсиф кард ва ваъда кард, ки барои ба Маскав бурдани Убайд ва мусоидат ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати бозгашт барои ӯ ҳатман фурсату вақт ҷудо хоҳад кард…

  Убайд дар мавридҳои дигар намешунид, ки мардуми шиносу бегона дар бораи ӯ, хонаводааш ва қиссаи зиндагиву муҳоҷираташ чиҳо мегӯянд…

  Ду рузе, ки Убайд дар Маскав аст, дар посёлка, 60 км дуртар аз ӯ, Наташа Семёновна ва писаронаш ба таҳлука афтодаанд. Воқеъан ҳам, дар ҳоле, ки аксарияти занони таҳҷойӣ баъди пир шудани ҳамсаронашон, махсусан, аз мардумони бегона, талош мекунанд, аз онҳо бо кадом роҳу воситае халос шаванд, ин зан ҳамеша кӯшиш кардааст, ки Убайд канораш бошад ва ба назди хонаводаву волидону пайвандонаш барнагардад.

  Бо кӣ рафтааст, чаро рафтааст, кай меояд, оё меояд, барои гирифтани ҳуҷҷат имкон меёбад ва мисли ин — даҳҳо саволи дигар буд, ки шиносҳо дар ин посёлка аз ҳамдигар мепурсиданд. Агар телефони Убайд хомӯш намебуд, шояд Наташа ҳам аввал ҳамин саволҳоро ба ӯ медод…

  Аз хонаи ҳамсару фарзандонаш чанд рӯз аст, ки гӯё баракат парида асту фоҷиаи мудҳише рӯх додааст. Зан бо ҳама қаҳриву ҷангӣ аст, намедонад қасдашро аз кӣ бигирад.Таҳдид дорад, ки ҳоло ҳам Убайд ва ҳам ҳамаи хонаводаи худашро ҷазо медиҳад… Чӣ ҷазо аст, намегӯяд. Дурусттараш намедонад, ки ин мардуми аслан бегуноҳро чӣ гуна ҷазо бидиҳад…

  Чӣ қадар ҳаловат дорад сафар, агар медонӣ, ки гумкардаеро дар анҷоми он пайдо мекунӣ, агар медонӣ, ки он бо хонаи падарӣ анҷом меёбад, агар ҳис мекунӣ, ки дар истгоҳи охирин ҳама туро интизоранд, агар медонӣ, ки ба хотири дидору чеҳраи гармат ҳама омодаанд, бадтарин ва сангинтарин гуноҳатро ҳам бубахшанд, бемеҳриҳои сисолаатро дар як нафаси осуда бо ту фаромӯш кунанд…

  Фазои қатора лабрези савту наво ва каломи шакарвори тоҷикӣ аст, ҳар купе ва роҳрави қатора бӯйи кӯчаву нони тоҷикӣ дорад, ҳар чеҳраи барояш ношинос дар ин қатора гармие дорад фавқулода, самимияте дорад ғайриоддӣ ва на мисли дигарон.

  Касе омаданашро намедонад, зеро ҳарос дошт, ки касе интизораш нест ва ҳам нахост касеро барои истиқболаш ба ташвиш орад. Ҳамон гуна якбораву бехабар меояд, ки рафта буд, ҳамон гуна танҳо меояд, ки мерафт ва ҳамон гуна бо завқу шодиву қаноатмандӣ меояд, ки як вақт аз аскарӣ ҳамон гуна ва бо ҳамин эҳсос баргашта буд…

Дар мактаби деҳа ҳозиру ғойиб нест,

Чун омадаӣ, биё, ки бегона найӣ…

  Убайд дар истгоҳи роҳи оҳан ронандаи калидбадастеро, ки такси кор мекарду мусофир суроғ дошт, шинохт. Бечора нозири минтақа, ки дар ин муддат ба нафақа рафта буд, акнун мусофиркашонӣ мекунад. Шинохтани «Убайди урусӣ» душвор набуд. Мард ҳам гуё як шинос суроғ мекард, ки бо шодӣ ба мошини ӯ нишаст. Ронандаи такси ғайриинтизори мусофираш дигар одам нагирифта, мошинро ба кор андохт ва раҳораҳ сӯҳбаташон қур гирифт. Убайд аслан намефаҳмид, ки чаро ин собиқ нозири минтақа исрор мекунад, ки аввал бояд як сари қадам ба хонаи ӯ дароянду баъд ба деҳаи Лаби ов бираванд. Шубҳае ҳам акнун ба дилаш роҳ ёфт. Гуё ҳамон тарси кӯҳна буд, ки рӯ мезад. Чӣ гапи ҷиддӣ аст инҷо, ки онро нозири собиқ инак, сӣ сол аст, ки фаромӯш накардааст…

  Деҳаҳои кӯдакӣ дар ҳоли дигар шудан ҳам ношинос нестанд. Ҳамон рангу бӯ, ҳамон роҳу пайроҳаҳо, ҳамон мардуми хоксору меҳнатқарин ва ҳамон кӯҳҳои дар чор фасл сарсафеду сарбаланду устувор…

Моро накушад машаққати роҳи дароз,

Чун бо кӯҳи Ширбӣ гаштаем пиру мурид…

  Убайд дер интизор нашуда, бастаи газетапечро, ки ронанда ба дасташ дода буд, дар ними роҳ кушод. Ҳамон дасмонаи тилло буд, ки ӯ сиву чанд сол пештар харида буд. Убайд, ки таваллуди духтарчаро интизор буд, он дасмонаро чун рамзи муҳаббату садоқат ба Наташа тӯҳфа карда буд.

  «Инро ҳамон соли оғози ҷанги шаҳрвандӣ янгаи Наташа ба идора оварда буд. Бар ивази ин тӯҳфаи қиммат хоҳиш карда буд, ки дар бораи ту овоза паҳн кардаву туро барои рафтан аз деҳа маҷбур кунам. Ман хатои худро дертар фаҳмидам. Узр, акаи Убайд…»

  Ҳамон саҳаре, ки дар деҳаи Лаби ов, дар хонаи бобои Одина туй буду дар тамоми деҳаҳои гирду атроф овозаи бозгашти Убайд паҳн гашта буд, Наташа Семёновна дар идораи пулиси шаҳри Звенигороди вилояти Маскав ба номи сардори пулис ариза менавишт:

» ….Собиқ шавҳари ман — Убайд Акобиров, ки дар қайди ягон ҷой набуду инҷо ғайриқонунӣ мезист, аз хонаам як дасмонаи тилло ва ба миқдори калон пулу моли ман ва фарзандону келинҳоямро дуздида, ба зодгоҳаш гурехтааст. Хоҳишмандам, барои боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карданаш мусоидат ва чораандешӣ кунед. Рӯйхати пурраи молу маҳсулоти тасарруфшударо замима мекунам…»

  Ин дар ҳоле буд, ки Убайд фақат ҳамон акси масҷиди деҳаашро аз мехи девори ҳуҷраи посбониаш ҳамроҳ гирифта буду халос.

  Аз пушта ва ҷангалаки ошнои рӯ ба рӯйи деҳа накҳати гулу гиёҳ ва атри ёди азизтарин касон ба машом мерасад. Дар гӯристони деҳа, гирду бари Қалъаи Сангин ва мазори Хоҷа Ҳотами Ассам ҳоло ҷо зиёд аст. Кору ташвиши гуворо ҳам барои идомаи зиндагии ширин кам нест. Он чизе, ки воқеъан ҳам кам шудаву кам монда — муҳаббат асту хоксорӣ, садоқат асту вафо ва ҷуръат асту ирода…

Моро нарасад зи макри даврон озор,

Хоки ду ҳазор авлиё шӯхӣ нест...

  Баъди бомдод буд. Занги телефон андешаи Убайдро, ки рӯйи ҷойнамози болои кати ҳавлии падарӣ, рӯ ба рӯйи хонаи навсохти худаш ғарқи лаззати навову садои булбулони кӯҳистон ва банди хайёлу андешаҳои ширин буд, парешон кард. Рақами дурударози ношиносеро дид. Бо пахши тугмаи сабз ба гӯшаш садои шиносе расид:

  «Привет, папа. Это Дима. Скоро приеду. Жди…»


Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше