Киссаи фарзанди 17-ум!

         Дар таърихи рушди илм бисёр ихтирооти бузург маъмуланд. Вале на хамаи онхоро дар як саф бо ихтирои Менделеев, кимиёдони барчастаи рус, гузоштан мумкин аст. Харчанд аз кашфи конуни даврии у солхои зиёд сипари гаштаанд, хеч кас гуфта наметавонад, ки кай маънои «чадвали машхури Менделеев» то хадди охир «хазм» мешавад.

Менделеев маълумоти парокандаро оид ба изоморфизм (кобилияти чудошавии моддахо аз махлул ба шакли кристали таркибаш омехта)  ба як системаи муайян дароварда, ба пешрафти геохимия такон бахшид. Вай харорати мутлаки чуши моеъхарорати бухрониро кашф кард, ки болотар аз он дигар мавод дар холати моеъ буда наметавонист. Назарияи гидрати халкунандахоро тахкик намуд, аз ин ру, хамчун физик-кимиёдони асил шинохта шуд. Дар бораи нафту газ, хавонаварди, метеорология, технологияи химияви, иктисодиёт, маорифи халк асархои зиёде офаридааст. Менделеев узви бештар аз 70 академия ва чамъиятхои илмии мамлакатхои гуногун интихоб шудааст, ки ин далели олими хамадон ва хеле маъруф будани уст.

«Дар тааччубам, ки чи корхоеро дар хаёти илмии худ анчом надодаам, – навишта буд Менделееви кухансол. – Ва, ба гумонам, корхои ичрошуда бад нестанд».

Дмитрий Менделеев 8 феврали соли 1834 дар Тоболск чашм ба дунёи хасти кушод. Вай дар оилаи директори гимназия ва сарпарасти омузишгоххои халкии губернияи Тоболск Иван Павлович Менделеев ва Мария Дмитриевна Менделеева фарзанди 17-ум ва охирин ба хисоб мерафт. Уро модараш тарбия мекард, зеро падар пас аз таваллуди олими оянда бо чашмони хирагашта наметавонист кореро анчом дихад.

Мария Дмитриевна зане буд дорои акли расо ва неруи бузург. У дар як вакт хам рохбарии заводи шиша ва хам тарбияи бачахоро ба ухда дошт.

Тирамохи соли 1841 Митя хонандаи гимназияи Тоболск буд. Тирамохи соли 1847 падар, пас аз се мох апааш Аполлинария аз дунё чашм пушид. Хониши Менделеев дар гимназия лоики таъриф набуд. Танхо фанхои риёзию физика диккаташро ба худ мекашиданд.

Бахори соли 1849 Митя гимназияро хатм намуд. Модар хамаи амволашро фурухта аввал ба Маскав, сипас ба Петербург омад. Максади ягонааш ба донишгох дохил кардани писари хурди буд. Баъди такудави зиёди модар у 9-уми августи соли 1850 расман донишчуи донишкадаи омузгории Петербург шуд. Он замон ин мактаби оли дар ду сол як маротиба донишчу кабул мекард ва соли 1850 маъракаи кабул набуд. Аз ин ру Менделеев якбора ба курси дуюми факултети физикаю математика номнавис шуд. Моххои аввал душвори мекашид, мустакилона дарсхои дар соли пеш хондаи хамсабаконро меомухт. Ин ба саломатияш таъсири бад гузошт. Марги модар низ ба калбаш зарбаи бедавое зад. Дмитрий то охири хаёт аз модар сипосгузор буд ва хамеша хотираашро дар ёд нигох медошт.

Дар донишкадаи омузгори он солхо олимони варзидаи рус – риёзидон Остроградский, физик Ленс, кимиёшинос Воскресенский ва дигарон ба донишчуён асрори табиатро мекушоданд. Воскресенский ва профессори маъданшинос Куторга ба Менделеев пешниход намуданд, ки усули тахлили маъданхои ортит ва пироксени аз Финляндия овардаро кор карда барояд. Натичахои тадкикоташро вай дар маколаи «Тахлили кимиёвии ортити фини» баён сохт ва он соли 1854 ба табъ расид. Ин нахустин маколаи илмии Менделеев буд. Пас аз як сол у донишкадаро ба итмом расонд.

Мохи майи соли 1855 Шурои илми ба Менделеев унвони «Омузгори калон»-ро арзони дошт. У бо медали тилло низ кадр шуд. Табибон маслихат доданд, ки бахри бехбудии саломатиаш чойи зисташро тагйир дихад, бехтараш ба чануб равад.

Уро дар Одесса омузгори риёзиёт, физика ва дигар фанхои дакики гимназияи назди литсейи Ришелевск таъин намуданд. Тирамохи хамон сол диссертатсияи магистриро дар сохаи кимиё химоя кард, оид ба мавзуи «Сохти пайвастагихои силикати» бо махорати том дар хузури олимони шинохта маъруза хонд. Дар огози соли 1857 у приват-дотсенти донишгохи Петербург шуд. Соли 1859 ба хорича бахри тачрибаомузи рафт. Ду сол дар Олмон илми кимиё омухт, лабораторияи шахсиашро бунёд бахшид.

Охирхои мохи феврали соли 1861 Менделеев ба Петербург баргашт, дар миёнаи соли хониш барои муаллими чой ёфтан осон набуд. Аз ин ру вай ба эчоди китоби дарси оид ба химияи органики чуръат кард. Нашри китоби дарси ва тарчумаи «Технологияи химияви»-и Вагнер ба Менделеев шухрати зиёде овард. Академияи илмхои Русия барои китоби «Химияи органики» Менделеевро ба мукофоти ба номи Демидов сазовор донист. Ба шарофати маблаги он Менделеев, ки навакак бо Феозва Никитчина Лешева акди никох баста буд, ба саёхати туёнаи Аврупо баромад.

11-уми январи соли 1864 Менделеев ба вазифаи дотсенти кафедраи химияи органикии донишгохи Петербург ва хам профессори донишкадаи технологии Петербург фармон гирифт. Баъд аз ин у пурра ба бахри пуртугёни илм фуру рафт. 31-уми январи соли 1865 дар мавзуи «Омехташавии спирт ва об» диссертатсияи доктори химоя намуд. Акнун у профессори кафедраи химияи техники донишгохи Петербург буд.

Дар ин миён талабот ба китоби таълимии химияи гайриорганики, ки бояд сатхи замонавии рушди илми кимиёро дар худ фаро мегирифт, руз ба руз меафзуд. Ин максад Менделеевро пурра фаро гирифт.

Вай хосиятхои элементхои химияви ва пайвастагихои онхоро дакик омухт. Вале чи гуна онхоро бояд чо ба чо гузошт? Ягон чахорчубаи аники чобачогузори вучуд надошт. Он гох олими чуянда варакчахои картони сохт ва ба хар яки он у ном, вазни атоми, формулахои пайвастагихо ва хосиятхои асоии элементи химиявиро сабт намуд. Муттасил картотека бо карточкахои дорои маълумот дар хусуси хамаи элементхои химиявии то ин давра маълумбуда пур мешуд. Аммо то дер аз ин хам чизе ба даст наомад. Мегуянд, ки чадвали даврии элементхоро олим дар хобаш дидааст ва ба у танхо онро руи варак овардану асоснок намудан монда буду халос.

Вале, бояд эътироф кард, ки кашфи асрор аз чониби у тасодуфи набуд, зеро дар фаъолияти илмии вай назария ва амалия, донистани тарафи табиии ходисахо, фаросати математики ва дарки фалсафии руйдодхо хамеша тавъам, якчоя гом мениходанд.

Гайр аз ин Менделеев ба кашфиёти илмии гузаштагон ва олимони муосир бо чашми танкид назар афканда метавонист. Вай ба мисли хайкалтароши мохир чизхои бехудаву зиёдатиро «тарошида» дур меандохт.

Охиста-охиста Менделеев ба хулосае омад, ки бо тагйир ёфтани вазни атом хосиятхои элементи химияви низ дигар мешаванд. Охири мохи феврали соли 1869 фаро мерасид. Ба дастхати макола оид ба чадвали элементхо нукта гузошта шуду он ба чоп рафт.

Аз он руз, вакте ки Менделеев дар паси каторхои аломатхои элементхои химияви нишонахои конунхои табиатро дид, дигар проблемахо барояш ахамияти худро гум карданд. Чобачогузории элементхо дар чахорчубаи чадвал ба назараш нокис тофт. Ба акидаи у, вазни атомхо дар бисёр холатхо нодуруст муайян шудааст. Аз ин ру баъзе элементхо дар чойи худ карор надоштанд. Дар асоси конуни даври Менделеев вазни атомии онхоро тагйир дод ва ин элементхо бо хамтоёнашон дар як саф чойгузин шуданд.

Дар як маколааш, ки бо забони олмони дар «Анналах»-и ношир Либих ба табъ расид, Менделеев дар кисми «Истифодаи конуни даври барои муайян намудани хосиятхои элементхои хануз кашф нагардида» бештар мулохиза ронда, дар хусуси се элементи химиявии ба илм номаълум – эка-бора, эка-алюминий ва эка-кремний маълумот медихад. Соли 1875 олими франсуз Лекока де Буабодран элементи наверо кашф карда, ба он галлий ном ниход, вазнашро 4,7 нишон дод. Аз ин кашфиёт Менделеев вокиф гашт ва элементи нави химиявиро дар лабораторияаш санчида, мукаррар сохт, ки галлий ин хамон эка-алюминий пешгуикардаи вай аст ва вазни хосаш ба 5,9 баробар аст. Менделеев ба олим Лекока мактуб навишта, мегуяд, ки галлий кашфнамудаи у хамон эка-алюминий аст, ки вай хануз соли 1869 пешгуи карда буд. Ин кашфиёт номхои Менделееву Лекока де Буабодранро дар микёси дунё шухратёр намуд. Олимон аз комёбии ин ду нафар илхом гирифта, бахри кашфи ду элементи бокимонда кушиданд. Соли 1879 профессор Ларс Фредерик Нилсон, омузгори донишгохи Шветсия, элементи наве ихтироъ намуд, ки ба эка-бораи Менделеев монанд буд. Ин элементи навро скандий ном ниходанд. Исботи навбатии пешгуии Менделеев дар байни олимони сайёра шухрати уро дахчанд афзуд. Аммо дар оила худро танхою бадбахт хис мекард. Рузе бо дугонаи муаллимаи мусикии духтараш Олга шинос шуд. Анна Ивановна Попова писандаш афтод. Ишк уро аз доми яъсу ноумеди рахо бахшид. Менделеев руз ба руз сухбаторо, зиндадил, хушчакчак мешуд. Анна нахост сабабгори бархам хурдани оила гардад. Бинобар он у сафари Италияро пеш гирифт. Дмитрий Иванович аз ин хол вокиф гашт. Вале хеч касу хеч чиз дигар кудрати ошикро боздоштани надошт. Пас аз як мох онхо бо хам баргаштанд. Зиндагии Менделеев куллан тагйир ёфт. Анна Ивановна зани басо мехрубону дилсуз буд. Дар оилаи нав аввал духтарча ва пас аз соле писараке ба дунё омаданд. Вале ин хурсандихо ва мушкилихои зиндаги уро аз илм дур карда натавонистанд.

Дмитрий Иванович то нафаси охирин бахри пешрафти илм захмат кашид ва субхи 20 январи соли 1907 дилаш аз тапиш монд.

Соли 1955 олимони амрикои бо сарварии Г.Сиборг элементи химиявиеро тахти раками 101, кашф карда, ба он ба нишони эхтиром ба олими барчастаи рус «менделеевий» ном гузоштанд.     

 

 

(С.Мусский, И.Семашко. «100 инсони бузург»,

дар тарчумаи Курбон Мадалиев, Душанбе, 2010)

=======================================================================

 

комментария 2

  1. Бале бузургони бани одам бояд шинохта шаванд ва дар ёдхо абади зинда бимонанд.
    «Бузургонро бузургони дигар зинда медоранд» Д.И. Менделлев нобигаи модарзод буданд ва хамаи нобигахо неъмати Парвардигоранд,ки аз чониби У барои осон кардани зиндагии одамон ба арсаи замин фиристода мешаванд.Офарин Субхон ту худ низ бузург хасти, ки ба бузурге назари кимиёна кардаи. Худо хайрат дихад.vashgird@bk.ru

  2. Шумода гап нест акаи Субхон !!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: