Бозгашт (ҳикоя)

   Зан ҳама он даҳшатро аз телевизор дид. Телевизоре, ки дар хонаи хобаш гузошта шуда буду фақат худаш онро тамошо мекард. Он чӣ, ки дигарон аз каналҳои маҳаллӣ медиданд, барои ӯ писанд набуд. Чандин сол аст, ки ӯро дар қатори телевизор нигоҳу назару андешааш ҳам дигар асту аз дигарон фарқкунанда.

  Имрӯз бошад, ӯ ба ҳадде асабӣ ва нороҳат буд, ки фикр мекардӣ касе аз он қурбониён наздиктарин шахси ӯ буд ё ҳамон хонаву ҳавлии сӯхта, ки кадом шабакаи хориҷӣ нав нишон дод, аз они ӯ аст..

Читать далее

Шаб. Гитор ва хоб

Ними шаб садои рӯҳнавозе аз соишу расиши нохун ва торҳои гитор фазои кулбаеро, ки дар як кунҷаш ман дароз кашидааму дар кунҷи дигараш ту нестӣ, пур мекунад…

Китоби ошноии мо пури ҳаводисест, ки дар баёни он до, ре, ми, фа, сол …гиря мекунанд, мисли ҷавонписари навхате, ки рӯзи туйи дӯстдоштааш аз туйхонаи деҳаи ҳамсоя ноумед лаб-лаби замини кишти колхозӣ то хона пасту бесадо, пинҳонӣ вале бо алам бунга мекашад…

Ва ту меоӣ. Як даста шамъ ба даст, дар суроғи ин кулбаи сарду бечароғ меҳмонии хобҳои ман…Касе (душмане) маро маҷбур мекунад, ки бедор бошам ва то бомдод бо пушти ангуштон ҳавру буғи тирезаҳои ин кулбаро фақат ба хотири рӯшан сохтани роҳи омаданат пок кунам..Вале ту аз дар вуруд намешавӣ.. Ту ки ба хоб омаданиӣ ва ман ки хоб надорам. Чӣ тазоде…!? Балки дарде…!?

Читать далее

Шаб. Роҳ. Чароғ ва Маҷнунбед…

Шаб. Роҳ. Чароғ. Намедонам кадомин шаб ва аз охир чандумин шаб, мисли он, ки номаълум аст кадом роҳ ва чароғи кӣ?

Ва мешинӣ то нафас рост кунӣ рӯйи хараке, ки то ту ҳазор кас барои ин кор ва барои ин ният фурсат наёфт…

Ва дар андешаи сабзаҳо хоҳӣ буд, ки бе ту ҳам сад кафи по дусад нақше ба рӯяшон гузошта…

Кӯки сару гардани ба замин дӯхтаро кандаву ҳамон суйе менигарӣ, ки аз он ҷо сели рӯшанӣ пеши поят мерехт. Шишачароғҳо яке рушану дигар торик, яке гарму дигар сард, яке бедору дигар хоб..Айнан мисли зану марде, ки яке аз дигаре каҳр кардаву он дигарро ғурури ноҷову нолозиме намегузорад як қадам сӯйи шикасти сукут гузорад…

Ва ин кадомин роҳ аст чунин холӣ ва сокит? Ҳоло, ки ҳатто роҳҳои хатову сарбаста пур-пури инсоне аст, ки қиссаҳои хаёливу воқеъии сафаракиҳои ҳамин гуна роҳу пайраҳаҳоро аз тифлӣ то имрӯз мехонду анҷомашро ҳам медонад…Барои нақли онҳо пеши устодаш ҳатто баҳои панҷ ҳам мегирифт…

Читать далее

Чанд нуктаи мухим барои сахархези!

 Дар бисёре аз ривоёти исломи ба сахархези тавсия кардаанд. Имом Ризо (а) дар ривояте мефармоянд, ки ризки хосе барои бандагон таксим мешавад, ки замони он тулуъайн аст. Яъне байни тулуи фачр ва тулуи хуршед ва хоб дар ин соат макрух аст, зеро инсонро аз дарёфти ин ризки хос махрум мекунад.

Субхи зуд аз хоб баланд шудан барои аксарияти инсонхо душвор аст ва кулан касоне, ки субх зуд аз хоб баланд мешаванд, онро ба сурати як одат барои худ табдил кардаанд ва барои хамин аст, ки метавонанд хар субх сахархез бошанд. Чанд нукта барои расидан ба ин одат дар ин макола зикр шудааст, ки дар навъи худашон чолиб хастанд:  Читать далее

Афсонаи марди мехнаткаш!

      Ин афсонаро ба ман на модаркалонам накл кардааст ва на бобокалонаму бобоям. Ин афсона дар китобхои афсона низ нест. Ин афсонаро ман навакак фикр кардам!

      Буд -набуд як марди мехнаткаш буд. Зиёд хурок хурдан мехост. Ва аз тез-тез кушодаву  пушидани дари яхдонаш кариб ки хар руз лампочкаи он месухт… Читать далее

Ман накунам, ки мекунад?

          Ман имшаб хоб дидам, ки хама мардум ошкоргу ва ростгу шудаанд, хама хато ва гунохи худро икрор шудаву пушаймони хурда аз хамдигар авфу узр хоста истодаанд.  «Ман хам ин корро мекунам, ман гунахкортар аз хама хастам, ман аз ин пас факат рохи  неки ва ростиву савобро пеш мегирам»-гуфт як нафар.   Уро чехрааш ба ёдам намондааст. Хамин гуна хаёл мекунам,  ки ончо хама чехраи кариб якхела доштанд! Ман ба харфаш гуш додаму… бедор шудам… Читать далее

Хобат набарад, ки додари маргай хоб!

         Ман як вакте кам-кам ва зиёд содда таронаву шеър (ё дурустараш чизе ба онхо монанд!) менавиштам.  Ва агар гуям, ки ба Радио  мани инжинерро хамон навиштахо овард, хато намекунам. Онхо хамон вакт хам содда буданд, мисли имруз. Ва хамин шаб баъди кариб 10 соле, ки ман ин гуна чиро нанавишта будам, аз кучое хамин гуна илхом омад. Ва уро озурда накардам… Когазпорае сиёх шуд. ..Гумонам, ки бо пешниходи он содданавиштахо Шуморо хам озурда намекунам. Читать далее

Чаро?-10. «Бедори»

          Онхо хар шом, тахминан соати 20 ба чои корашон меоянд.  Бале, онхо шабона кор мекунанд. Рузона ба чи кор машгуланд, намедонам. Ба гумонам, ки хобанд. Марду зане, ки ин шуглро ихтиёр кардаанд, хеле вафодор ба он ба назар мерасанд. Зеро ман шояд наметавонистам, ки хар руз аз соати 20-21 то кариби субх дар коргох бошам. Гузашта аз ин, онхо бояд дар коргох ором нанишинанд, бояд харакат кунанд, онхо раккос ва раккоса хастанд. Читать далее