Росту дуруғ

Навиштачот дар магозаи либос: 

   Хама чиз вазифаи худро дорад. Масалан, галстук бояд аккалан  чои тугмаи набудаи куртаи шуморо пушонад.

==================================================

Шиори бонкхо: 

   Пул ягон вакт зиёд намешавад-вай ё нест ва ё кам аст.

===================================================

Дар магоозаи либосхои мардона:

     Шим аз зан дида мухимтар аст.Зеро бисёр чойхое хаст, ки  бе зан рафта мешавад,  аммо бе шим ба ягон чо рафта намешавад.

===================================================

Дар бинои САХШ: 

   Аз $ 1000, ки шумо дореду янга медонад, хамон  $ 100 ки пинхони аз у доред, бехтар аст.

==================================================

Аз сухбати як домоди нав бо хабарнигоре:

   …Баъд мо ба шуъбаи САХШ рафтем, то давлатро огох кунем, ки аз ин пас мо якчоя хоб мекунем!

===================================================

Пушти дари донишчуён:

     Кучо даврони тиллои, биё,  боре ба ин даргох,

   Ки чон андар суроги ту таги РОЛТОН  мемонад!

===================================================

Занхо чи мехоханд? 

-Баъзе «олимон» ин тадкикотро анчом додаанд, вале нигарон аз сихатии худу оилаашон номи худро ошкор накардаанд. Зеро Шумо, мардхо, ба газаби зан гирифтор шуданро хуб медонед-ку!   Хулоса, ки занхо чи мехоханд?  Онхо мехоханд, ки:

1. Марде, ки хамсарашро мапартояд, «свининный грипп»  шавад.

2. Дар аскари ба мардхо хурокпази ва нигохубини кудакро омузонанд.

3. Хар боре, ки болои тарозу мебароянд, то 10 хисоб карда хароб шаванд ва баракс,  агар зиёд хароб бошанд.

4. Шоколад калория надошта бошад.

5.  Бифштексу хасиб дар дарахтхо руяд. Фри хам!

6.  Аъзои бадани худро,  масалан,  бо пахши ягон тугмача хурд ва калон карда тавонанд.

7.  Барои дар руи хона пахну парешон будани либос, махсусан, чуробхо ба мардхо 3 соли махбас дар калонияхои низомаш сахт таъин  шавад.

8.  Кудакон аз хурди худашон вакти пешобкуниашонро гуянд, ё аккалан то сесолаги ин корро накунанд.

9. Пиворо барои мардхо дар аптекахо бо давохат ё рецепти хамсаронашон фурушанд.

10. Мардхо дар интизори ягон чиро хис накунанд, асаби нашаванд, ё худ хар кадар зиёд интизор шаванд, хамон кадар ба онхо форад.

11. Дустдоштааш бо шавхараш чура шаваду хар ду сари як пиёла чой дар бораи роххои хушбахт кардани як зан, яъне у- фикр кунанд.

12. Бемор нашаванд…..ягон хел!!!

13. Мархо на кал шаванду на риш бароранд. Зеро вакте ки шавхараш кал мешавад,  уро «зани кали фалони» мегуянд ва вакте ки риш дорад,  уро …озор медихад!

14. Мархо гурбаро дар гирди дастурхон дуст доранд ва онро силла кунанд.

15. Пеш аз тавлиди фарзандашон ранги муи сари у ва ранги чашмонашро донанд ва хам донанд, ки ки келини ояндаи онхо мешавад.

16. Бехтарин ронандахо занхо бошанд ва «наклейка»-хои «Осторожно, мужчина за рулём» бо теъдоди зиёд нашр шавад.

17. Баъди анчоми хамаи ин хохишхо 8 март бархам дода шавад. Дигар чи даркор аст он?!

18. Тангемхо дар шахр аз соати 7  то 10-и сахари  ва аз соати 16 то 19 факат занхоро савор кунанд.

19. Хама мардхои кампулу бепулро аз шахр бароварда, масалан, барои сохтани ГЭС-у тунелу роххои заминиву охан мачбуран сафарбар кунанд, то шахр «тоза» шавад.

20.  23 феврал чашни онхое дониста шавад, ки билети харби доранд…билети харбии «годный»!

21. Мардхо пеш аз оиладори ба суратхисоби арус  $ 20000 ва ё хубтараш $ 40000 гузаронанд, гаравпули!

22. Субхон Чалилов барои хамин сахифа ва хамин андешахояш дар пеши чашми тамоми занхое, ки ин навиштахо ба онхо писанд наомад, ба ДОР овехта шавад!!!

===================================================

21.12.2009.

Аз хулосаи як аспирант:

  -Дар каллаи холи дониши зиёдтар чо мешавад.

===================================================

Аз маърузаи Вазири Адлия:

 Мувофики ташхисхои суди то имруз  ягон зан хамсарашро хангоми косаю табакшуи напарондааст ва накуштааст!

====================================================

Аз тавсияхои як моделер:

 -Агар дидед, ки хамрохи Шумо боз чанд каси дигар хамон як хел пойафзолу либос доранд, ин муди нав нест, ин АРМИЯ аст!

==================================================

Аз сахифаи кадом як газетае:

 -Китоби «Асрори заношуи» барои мардони аз 80 сола боло нашр шуд. Он китоб «Яке раваду…(А вдруг..)» ном дорад.

===================================================

Аз рисолаи на он кадар илмии корманди пажухишгохи чорводори:

 — Харгушхои мард хушбахттарин мардхо хастанд.Дар зарурат онхоро аз хамсаронашон бе мушкили ва дар чанд сония чудо мекунанд.

===================================================

Аз изхороти як созмони хифзи хукуки шахрвандон:

  -Агар бемор шудед, бояд кушиш кунед, ки то табобатро сар кардани табибон сихат шавед!

===================================================

Аз иншои як донишчу дар мавзуи кудаки:

  -Кудаки хамон вакте ба охир мерасад, ки мехохед хохишхои Шуморо Бобои Барфи неву Барфак ичро кунад.

===================================================

 Аз як газетаи варзиши:

  -Дируз баъди бози Дэвид  Бекхэм  хангоми соядаст додан, карордоди 5 соларо бо тими «Парвоз»-и (Бобочон Гафуров) тасодуфан имзо кардааст.

==================================================

Аз фикрронии як хатиб:

  Ман хайронам, ки чаро чавонони мо бу шунидани ибораи «ним то» намепурсанд, ки  нимта чи?

==================================================

 Дар идоари САХШ:

  -Зиндаги на хамеша бо  марг тамом мешавад, баъзан он бо туй тамом мешавад!

===================================================

 Аз хулосаи як агенти реклама:

  -Информация-он чизест, ки онро пинхон медоранд, аммо хар чизи дигар -ин реклама аст!

===================================================

 Аз як бахши хабари:

  -Дируз дар дехаи Гулоб як лексус бо як Ламборгини ва як Бентли бархуд.Кормандони БДА  1,5 соат дар назди он мошинхо сурат гирифтаанд.

=======================================================

                                                           КИТЪАХО (кризис)

Чун яхдон хона шудаст,

Анбор мушхона шудаст.

Дузанаги тамом шуд,

Крисис бахона шудаст.

===================================================

Хохи коридор бурав,

Хохи таги дор бурав.

Хохи кризис набошад,

Военкомат кор бурав.

===================================================

PS:аз сухбат бо зан.

Гуфтум  ки «кор наёфтум»,

Чашмони у ало шуд.

Бемехри як бало буд,

Бепули сад бало шуд.

===================================================

Имруз дар корхона,

Бо чанд кас чанг шудум.

Номи ту гум «кризис»,

Бо ду зан гаранг шудум!

===================================================

                                                         КИТЪАХО (бахор)

Борон пур шид, бахор аст,

Сарди дур шид, бахор аст.

Аз хар узви лучи соф,

Чашмо кур шид, бахор аст.

===================================================

Шукрона аз бахор, ки

Бо сехру фол миёя.

Бахори ревизорхо,

Баъди ду сол миёя.  

                                           (PS: мараторияи санчиш дар назар аст.) 

===================================================

Замин, ки хушранг бувад,

Сахро рангоранг бувад.

Дар киса пул набошад,

Бахор «донг»-у «данг» бувад.

===================================================     

Дар пештоки як созмони хифзи занхо:

 -Хушбахт маллох аст- дар бандар уро духтари зебо интизор аст. Хушбахт ронанда аст-уро дар истгох духтари зебо интизор аст. Хушбахт лётчик аст- уро дар фурудгох духтари зебо мунтазир аст. Вой бар холи хамон духтари зебо, ки бояд гох ба бандару гох ба истгоху гох ба фурудгох равад!

===================================================

 22.12.2009

Аз номаи наврасе:

  — Вакте ки ман хурд будам, доим худоро зора мекардам, ки ба ман як велосипед дихад. Вале дидам, ки Худо аз осмон велосипед намепартояд, рохи дигарро ёфтам: як велосипедро дуздидам ва акнун факат худоро зора мекунам, ки гунохамро бубахшад.

==================================================

 Аз эълони идонаи дорухонае:

  -Аксияи идона! Дилхох доруро Шумо бихаред, мо бошад вобаста ба он дору бемориро бароятон бепул фикр мекунем.

===================================================

Аз сухбати як лётчик бо диспечер:

  -Замин, Замин,  ман 456-ум. Сузишвориам тамом мешавад.Таёра идора нашуда истодааст,  ягон илоч ёбед!?

  -456-ум ман шуморо шунидам. Сузишвори набошаду таёра афтида истода бошад, ман  шуморо аз руйхат хат задам…..

===================================================

Аз як сахифаи эълонхо:

  -Чамъияти нобиноён котибаи хангоми ламс гуворову рохатбахшро ба кор кабул  мекунад.

===================================================

Аз китоби мушохидахои марди журналисте:

  -Барои чи дар охири пул мох ин кадар зиёд мемонад?

===================================================

Аз фармони охири вазири фарханг:

  -Касе ки бо фонограмма суруд мехонад, ба у  ксерокопияи  пулхоро бидихед!

==================================================

Аз сайти Радиои «Ватан» :

  -Аз шумо хохиш дорам, барои хамсари ман, ки 5 сол аст, ки аз Руссия намеояд, суруди «Хамсоябача»-ро пахш кунед. Набудани у эхсос намешавад.  Бо эхтиром Мадина.

==================================================

 23.12.2009   

Аз сахифаи аввали як мачаллаи мардона:

  -Мо барои мардони оиладори вафодор аз ин пас мачаллаи наверо нашр мекунем,  ки доимо руи он расми факат хамон як зан чоп мешавад! 

=================================================================

Аз китоби «Асрори мардхо»:

  -Барои хушбахти бояд 4 коидаро ичро кард:

  1. зане бояд ёфт, ки тозакору пазанда бошад
  2. зане бояд ёфт, ки пули бисёр ёбад
  3. зане бояд ёфт, ки бо у чавон гардед
  4. бояд коре кунед, ки онхо аз будани якдигарашон дарак наёбанд ва бо хам вонахуранд.

=================================================================

Аз сахифаи мардонаи кадом газетае:

  -Такдир ба Ту факат як занро раво дидааст ва агар ТУ бо вай вонахури, хушбахт ва начотёфта хасти!

-Занро факат руи даст бардоред,  ба гардан бошад,онхо худашон мешинанд!

=================================================================

 Аз дафтари хотираи як марди мухочире:

  Зан- мисли чомадон аст, на зурат мерасад, ки бардори ва на дилат мешавад, ки партои!

=================================================================

                                                                 КИТЪАХО (барои рузи 14 феврал)

  -Рузи иди Валентин,

Бону ба ру ранг мекард.

«Афсус, шинос кам дорам»

Гуфта худро чанг мекард.

=================================================================

   -Рузи иди Валентин,

Аз дил равад гуссахо.

Пулхо равад боке не,

За то монад буссахо!

=================================================================

   -Рузи иди Валентин,

Зери борон тар шудум.

Пешут табобат рафтум,

Якбора бадтар шудум!

=================================================================

  -Рузи иди Валентин,

Корхо барор мегирад.

Лабхо, ки ба хам омад,

Дилхо карор мегирад!

=================================================================

 Хохи, ки чавон шави,

Хам шуху хандон шави.

Бекор нашин, кор биёб,

Ошики пулдор биёб!

=================================================================

 29.12.2009.

 Пеш аз туй:

   -Мард: Ура-ааа! Чи хел ман ин рузро интизор будам!

   -Зан:  Ман наравам?

   -Мард:  Не, ту хатто дар ин бора фикр хам накун!

   -Зан:  Ту маро дуст медори?

   -Мард:  Албатта! Чаро не?

   -Зан:  Ту ягон бор ба ман хиёнат кардаи?

   -Мард:  Не, ин фикрхо аз кучо ба сари ту меояд?

   -Зан:   Маро бусидан мехохи?

   -Мард:  Албатта!

   -Зан:  Маро мезани?

   -Мард:  Не, харгиз не!

   -Зан:  Метавонам ба ту бовар кунам?

                         Аммо баъди туй кор чи ранг мегирад?  Аз поён ба боло хонед!

===================================================

 ФАКАТ МО…

-Хангоми фарзанддор шудан дар бораи у неву дар бораи ин фикр мекунем,  ки ба момодоя чанд сомони дихем!

-язнахоямонро бад мебинем.

-худамон рафта хушдомонамонро ба хонаамон меорем, ки кудаконамонро нигохубин кунанд.

-пули бисёр ёбем,  ду ва ё се зан мегирем.

-дар гармии 40 дарача хам чои гарм менушем.

-дар таваллудхона аз занхо мепурсем, ки «шавхарат чи кор аст?»

-бо як суруд «ситора» мешавем.

-дар туйхо агар барранда набошад,  уро мекобем,  вале агар бошад,  умуман гушаш намекунем.

-сиру асрори хеле мухимро   хам якум аз дахони «занхои кадди об» мефахмем.

-аз бепули ба Россия меравем,  камтар пул меёбем бо азоб,  ва инчо омада,  барои чурахоямон ва дугонахои занамон «ташкили» мекунем.

-дар истирохати мехнатиамон «лою андова ва хиштрези» мекунем.

-ба писарчамон аз хурди  ёд медихем,  ки «кани,  бачам,  аката як хакорат кун…» ва баъд механдем.

-мехохем, ки донишчуи мо хам пахтачини биравад,хам пули шартномаро бидихад ва  хам дониши хуб дошта  бошаду гапи хобгохро накушояд.

-пахтаро фурухта синтетика мехарем.

-ду носхалта дорем-якеш пур ва дигараш холи. Пураш баро худамон ва холияш барои мардум,  ки нишон дихем ва гуем, ки «ина, ака, нос надорум..»

-ба муллои пешдарои намоз ё имом колин медихему таги  сари мурдахоямон хас мегузорем.

-галстукро танг баста аз нотаи баландтарин сурудхони мекунем.

-носро бас карда, ба сигор мегузарем ва ё баракс-сигорро партофтани шуда ба нос мегузарем.

-дар эълони гуруххои ракси менависем, ки «аз 18 то 25 сола бошад». Шояд барои он ки аз 18 сола поён ноболиг асту аз 25 солааш боло аллакай донову хушёр?

-дар мошинхои танги хитои, ки 6 кас нафастанг мешавад, боз «кондуктор» мегирем.

===================================================

 Аз сухбати ду рафик:

   -Дустдоштаи ман мисли телефони мобили аст.

   -Чи хел?

   -Вакте ки ман пул надошта бошам, вай муваккатан дастнорас аст.

===================================================

Аз хизматгузории як ширкати алока:

   -Пешниходи махсус:  «Раками бадмедида». Акнун хамаи зангхои онхое, ки Шумо дусташон намедоред, ё бад мебинед ба телефони Шумо чун зангхои байналмилали кабул мешавад.

===================================================

 Вакте ки зану мард дергох хамдигарро намебинанд:

   -Дар ин холат ба сари харду хам андешахои гуногун меояд, хама чизи одди ва мукаррари гайриодди ва гайримукаррари мешавад. Бо онхо чи ходиса рух медихад, холо дар алохидаги хохем гуфт:

МАРДХО:

  -ба хулосае меоед, ки занхо хамаашон хушру ва дилкашанд

  -шумо эхсос мекунед, ки бедоршавии  субхонаи шумо аз бедоршавии нимарузи ва шомгохиатон фарк дорад.

  -фикри хурок дуюм ва ё сеюмдарача мешавад.

  -шумо чемпионати чахонро оид ба шохмоти занона ё биллиарди занона соатхои дароз хаста нашуда, тамошо мекунед.

  -хобхои «рохатбор» шуморо аз духтури уролог хам зиёдтар гам медиханд.

  -хангоми аз назди диспансери беморихои венерики гузаштан наметарсед ва дилатон тез-тез хам намезанад

  -дасти ягон занро хангоми вохури  бусида, мебинед ки сип-сиёх шудааст

  -он вакт якин медонед, ки хохиши охиринатон пеш аз ичрои хукми катл чи хохад буд.

ЗАНХО:

  -ба акидаи он , ки  «мардхо ягонтоашон одам нестанд» бештар бовар мекунед

  -акнун дар бораи шохзодае фикр мекунед, ки мошин, асп ва хатто либосаш    мухим нест

  -баъди 3-4 соат назди хайкали Ибни Сино истодану рафтан хам ба ёд оварда наметавонед, ки руи у чи хел буд,зеро ба руяш умуман нигох накардаед

  -дигар ба хулосе меоед, ки риши баланд доштани мард фочиа нест

  -дигар ба душмани ашшадии онхое табдил меёбед, ки мегуянд, ки  «чи даркор аст, шу-уууу?»

  -бо он пулхое, ки барои ташхис ва момодоя чамъ кардаед, яхдон ё вентилятор мехаред

==================================================

 31.12.2009

Аз китоби «Фарки зан аз компютер»,  ки барои донишчуёни факултахои техники тавсия шудааст.

Чаро компютер аз баъзе духтарон бехтар аст?

  1. Вирусхои компютери ба  Шумо намегузаранд;
  2. Бе антивирус хам компютерро кор фармудан мумкин аст;
  3. Компютер ваъдахои хушку холи намедихад. Хар кореро,  ки метавонад, дар дастураш навишта шудааст;
  4. Барои он ки мардхои дигар аз компютери Шумо истифода набаранд,  ба он парол мегузоред;
  5. Ба компютер тухфахои киммат нахаред хам,  боз вайро озодона кор мефармоед,  вай кахр намекунад;
  6. Барои хушру ба назар расидани компютер кофист, ки онро бо як латтача ё салфеткачаи нам пок кунед;
  7. Компютер хеч гох ба Шумо намегуяд, ки «ман хаста шудам, биё, пагох…»;
  8. Агар Шумо бо ёрии компютер пул кор кунед, вай миннат намекунад, ки «Ту аз руи ман сохиби пулу мол шуди…» ;
  9. Агар фурушанда ба Шумо компютери вайронаро фурухта бошад, боз албатта мегирад ва навашро медихад. Гайр аз ин холо хама компютерхо аз 1 то 3 сол  «гарантия» доранд;
  10. Агар компютер ба дилатон зад, метавонед онро хомуш карда,  хатто бурда ба анчомхона партоед. Барои ин касе Шуморо гунахкор намекунад.

===================================================

 01.01.2010

   Тарчумаи чанд чумлаи занхо:

  1. Ха, пирхар, дар кучо мегарди?-Ман зик шудам!
  2. Надори ягон сомони?- Пулхои сахари додаат хамон вакт тамом шуда буд.
  3. Пагох очаам меомадааст!- Пагох хушдоманат меомадааст.
  4. Дар чои корат чи гап аст? — Маошата хичи зиёд накарданд?
  5. Дар рузи таваллудат чи тухфа кунам? — Мо як утюги нагз надорем!?
  6. Хавои тоза намеброем? — Биё, ба ягон магозаи либос равем?!
  7. Биё, ки ёдут кардум! — Телефони дугонаам кор накарда истодааст!
  8. Имруз барвактар биё! — Имруз барвактар биё ва сандука бардор, ки ман тагша тоза кунам!
  9. Магазин нонда ра-ааав?-  Шир, равган, тухм, хасиб, чургот, пиёзу картошка ва боз ягон чизи бамаззаи дигар харида биё!
  10. Маро дуст медори? — Ман зик шудам!
  11. Афти мара бин? — Дигар имсол хаму юбкаи порсолара пушида наметонум, танг шудаст вай!
  12. Ту ягон дустдошта дори? — Дина ман шиму костюми туро «тоза» кардам.
  13. Аз хами зиндаги безор шудам! — Сарум дар карда истодааст, занаки хамсоя хам берун набромада истодааст, ки чак-чак кунем!
  14. Сари кадам мерам,мебиём!-  Ё шаб меоям ва ё пагох соати ду
  15. Ман хонаи очам мерам, ту медониву дави аспут- Ман пагох кати кудако гашта меоям.

===================================================

 Он чизе, ки мардхо хатман аз зан мешунаванд:

  1. «Мара нагз мебини?»

 Маънии онро дорад, ки ту чанд санаи заруро фаромуш карди-рузи таваллуди модарам,  рузи вохурии аввалинамон ва ё рузе, ки фалон хамсинфамро барои ту шуда партофта будам.

  • чавоби дуруст ин аст,  ки  «ман туро беандоза дуст медорам!»
  • чавоби нодуруст:  «ман хамон рузи вохурии аввалинамон гуфта будам-ку..»

             2. Салом, кучодаи?

 Ин маънии онро дорад, ки  «ман мехохам фахмам, ки вакти сухбатат ягон овози занона меояд ё не!«

  • чавоби дуруст:  «ман бозор даромадам,  барои очаи ту ягон руймоли нагз гирам!»
  • чавоби нодуруст:  «Чо мекуни? «Фаркаш чи туда?

            3. Ма фарбех нестум?

Ин сухани зан тахминан чунин маъни дорад, ки «гуй, ки ба  ман  хамин хел зан маъкул аст!»

  • чавоби дуруст  «ту на хароби на фарбех, ба ман писанд аст»
  •  чавоби нодуруст:  «Он кадар хам не,  ман коре мекунам, ки нафасгир нашавам!»

            4. Ман наметонум ин хел!

 Маъни хамин аст, ки ман холо хамин корро кардан намехохам. Боз маънихои дигар хам хаст: «охир ин вохурии аввали мост-ку;  ман шавхар дорам;  3-4 руз пас..»

  • чавоби дуруст:  «ман туро хуб мефахмам, вале эхсос аз хама мантикхову монеахо пурзуртар аст»
  • чавоби нодуруст:  «хай, ба ма чо кунум,  меистем хамин хел- чашмаки ман чашмаки ту карда…?!»

        5. Дар бораи чи фикр дори?

Ин суханони зан маънии онро дорад, ки  «ман бовари надорам, ки ба ту писандам, бовар надорам, ки коре ки нав ба охир расид, ба ту писанд омада бошад, ман метарсам, ки ту маро ягон каси бероха гумон накуни, ман аз ин хелако нестам-а?»

  • чавоби дуруст: «фикр дорам, ки чи хел мо якдигарро дуст доштем,  бо хамдигар одат кардем!»
  • чавоби нодуруст:  «фикр дорам,  ки 4-5 литр пивои хуби Восеъ бошаду  курут ё мохии шу-уур..Ана, роха-ааат….Х-мм»

    6. Дар кучо буди?

Бо гуфтани ин суханон  шумо фахмед, ки у аллакай тафтиш кард, ки дар кучо будед, шояд ба коргох, дустонатон ё агентхои худаш занг зада хама чиро фахмида бошад.

  • чавоби дуруст :  «чон,  Швецария бой дод,  Чехия-тими дустдоштаи ман,  галаба кард,  хамин хел барохат дар кинотеатр тамошо кардам,  ки дигар фаромуш кардам,  телефонамро даргиронам»
  • чавоби нодуруст:   «(мастона),  ик,  ман мардакум, ик,  кучое ки форама,  рафтан мегирум..ик..»

     7. Хохи, хамчун дуст мемонем!

Ин сухан чунин маъни дорад, ки  «ман аз ту дида кадбаланду хушрутару серпултарро ёфтаам».

  • чавоби дуруст:  «дустии ту барои ман як чахон шоди ва фарах дорад,  лекин ман медонам,  ки ту як руз хатман маро дуст хохи дошт!»
  • чавоби нодуруст:  «ин хел бошад, биё як руз  аз хисоби ман ва як руз аз хисоби ту дар чойхонаи «Рохат» мешинем? Дусти бошад дусти!   Ё туба худам ягон шуи нагз ёфта тиям?»

    8. Ту мардаки-ку

Маъни хамин аст, ки  «ман он корро худам кардани будам, лекин  ногох ба ёдам расид, ки ту  хасти».  Бо шунидани ин гап баъзе мардхо омода хастанд,  ки дар зери борон -бе чатр ба гараж рафта, як ду банка бодиринги шур биёранд.

  • чавоби дуруст:  хомуш меистед.
  • чавоби нодуруст:   «холо ман нохунхои дасту поямро мулоим карда истодаам..»

          9.Ман фикр дорам,  ки ояндаи мо чи мешуда бошад?

Маъни хамин аст,  ки  «ту маро ба зани мегири ё не? Безор шудам аз  тоза кадани хонаи донишчуии  Шумора . Пир шудам, дугонахои ман чанд кудаки доранд..»

  • чавоби дуруст: «ояндаи ман хело рушан ва зебо аст, зеро ту дар бари ман хасти. Ман бошам, туро руи даст хохам бардошт!»
  • чавоби нодуруст:  «чи мешавад оянда,  хичи, хамаамон пир мешавему мемирем,тамом!»

        10. Зик шудам, мегум хонаи очам равум!

Маънии ин гуфтаи зан хамин аст, ки «ин чо ягон кас ба нохуну муи сари наворододаи ман ахамият надода истодааст»

  • чавоби дуруст: «биё, ман туро гирифта ба ягон чо тамошо барам. Кучоро тамошо кардан мехохи?»
  • чавоби нодуруст: «биё, рафтем, чанд вактаст, ки очаат наомадааст, хамин руз худшам наравем, мебини, ки омад, бева»

     11. Тамом. :)))

===================================================

 

 Аз як маколаи на он кадар таърихи ва на он кадар илми:

   -Халки мо ягон хел бесарусомониро дуру дароз токат карда наметавонад, вай тез ба он «одат» мекунад.

===================================================

Эълон дар бинои сирк:

   -Хар хафта  7 нафар донишчуро барои ба шер хурок додан ба кор даъват мекунем. Чои тахсил, курс ва сатхи дониш мухим нест!

===================================================

Чанд асрору хохиши нихонии мардхо:

  •    8 март ба 29 феврал гузаронида шавад. Дар 4 сол 1 маротиба ин чашнро токат кардан мумкин аст.
  • Амалиёти плостики барои зебо сохтани занхо ба доираи хизматгузорихои бепули тибби дохил карда шавад.
  • Занхо ва маъшукахо аввал ин ки умуман вонахуранд, вле агар во хам хурданд, хеле мехрубон бошанд.
  • Занхо хама барои осонии кор номи якхела дошта бошанд.
  • Хама занхо аз тилловори, либосхои кимматбахо, доллар ва амсоли инхо  «аллергия»  дошта бошанд.
  • Занхо умуман буи нос, сигор, бензин ва араку пиворо эхсос накунанд.
  • Занхо касал нашаванд. Ягон хел…
  • Чуробхое истехсол шаванд,  ки онхо худашон назди хамдигарашон раванд.
  • Дар хама тарабхонаву бархо чойи хоб бошад ва онхое ки ба хона рафтан намехоханд ва ё наметавонанд, шабро  дар хамон чо руз кунанд.
  • Сатили партовро бурда холи кардан барои мардхо мувофики конун катъиян манъ  карда шавад.
  • Кудаконро ба богча бурдан, аз мактаб овардану бурдан,  дар мачлисхои падару модарон ширкат кардан мутлако корхои занона эътироф карда шавад.

===================================================

 05.01.2010

Дар хобгохи сапёрхо:   

   -Сапёр -дар хаёташ факат як бор хато мекунад-хангоми интихоби касб!

===================================================

Дар бонк:

   -Хушбахти дар пул нест, вай дар микдор ва ранги пул аст!

==================================================

Дар газетаи «ГОЛ»:

  -Дируз варзишгар-донишчу аз Донишкадаи давлатии забонхо ба марра аввалин шуда омад. У ончо  ба лентаи рамзии марра бархурда, ду кабургаашро шикаст!

===================================================

Дар тахтаи реклама:

  -Харобшавии бе дору.Нозироти андоз!

===================================================

Мардхоро фахмида намешавад…(аз нигохи занхо)

  •   мардхои хуб безебанд
  • мардхои хушру хуб нестанд
  • мардхои хушру ва хуб ба занхо монанданд
  • мардхои на он кадар хушру, вале хуб, боз бепуланд
  • мардхои на он кадар хушру, вале хубу пулдор, фикр мекунанд, ки занхо онхоро барои пулхояшон дуст медоранд
  • мардхои хушруи бепул ва ё кампул занхоро барои пулхояшон дуст медоранд
  • мардхои хам хушруву хам пулдор ва хам хуб одатан камчуръату тарсуанд
  • мардхои зебо ва хуб дар гузоштани кадами аввал душвори мекашанд
  • вакте ки кадами аввалро зан мегузорад, кариб хама гурухи мардхо ба шубха меафтанд

Зане гуфтааст, ки мардхо мисли май (вино)-анд, яъне аввал ангуранд, ки зан бояд шарбати уро чабад ва баъд дар торики нигох дорад.

Чи хел баъди хамаи ин зану мард якдигарро фахманд?

===================================================

09.01.2010.

 БАРОИ ЧИ?…

  •   Офтоб пустро сиёх мекунаду муйи сарро зард?
  • занхо мижжахои худро бо дахони пушида тушь карда наметавонанд?
  • ягон бор наменависанд, ки фолбине дар лоторея бурд кард, агар вокеан хам онхо хама чиро донанд?
  •  кореро,  ки табибон  мекунанд,  «тачриба»  (практика)  мегуянд?
  • барои гурбахо бо тамъи муш ягон хел гизо нест?
  • вакте ки хуроки нав барои сагхо пайдо мешавад, менависанд, ки «боз хам болаззат»? Ки онро мечашида бошад, ки боз хам болаззат шудааст?
  • тайёрахоро аз хамон метали «куттии сиёх» намесозанд?…

==================================================

Чанд чизе, ки барои мардхои хакики айб аст…

  • хама чизи дар руи дастурхон бударо хурдан;
  • ба мукобили хамаи номзадхо овоз додан;
  • дар пеши назари духтарон пулхои худро нишон додану хисоб кардан;
  • тангахои майдаро аз руи фарши магозаву мехмонхонахо дуру дароз кофта гирифтан;
  • зери як чатр бо марди дигаре рафтан;
  • чуроб ва либосхои дарида ва норохаткунандаи тагпушро  «ки мебинад?»  гуфта, пушидан;
  • факат ваъдаи зангири кардану духтарону занхоро ба уммед кардан;
  • дустдоштаи чура ва ё шиноси худро «кашида» гирифтан;
  • бо маоши кам кори бисёреро анчом додан;
  • ба мунокишаи оилаи дигар хамрох шудану дахолат кардан;
  • дар баъзе чойхои нораво, масалан  хочатхонахо,  бо касе кушиши бо даст салом кардан;
  • рох гашта сигор кашидан;
  • дар чанд дакикаи вохури раками телефони худро ба духтарон «бор» кардан;
  • тамошо кардани филмхои фахш дар халкаи мардони дигар ё дустонатон;
  • хангоми ба мехмони рафтан бо даст- бо шухи пушидани чашмаки дари хамон хона;
  • аз зарфхои плостики пивои бесифатро нушидан;
  • аз паси зане сумкаи  уро бардошта бурдан;
  • хохишхои соддаи дустонро рад кардан;
  • дар такси канори ронанда нишастан;
  • дар лахзахои хассоси мулокоти ошикона пештар аз у худро «омода» кардан;
  • бо мухофизон ва дарбонон бахс кардан;
  • дустони оиладори худро мазоху масхара кардан;
  • ба касе диск ва фиттахои кучагии калбакиро тухфа кардан;
  • аз зан дар бораи маъшук ва шавхари каблиаш пурсидан;
  • бо занхо занозани кардан  ва даст ба гиребон шудан;
  • либосхои калбакии  ширкатхои машхурро пушидан;
  • оббози карда натавонистан;
  • фикру акидаи шахсони машхурро аз номи худ гуфтан;
  • ба хамсари дустону рафикон нигохи бад кардан;
  • пеши зане мардеро паст задану таъна кардан;
  • доимо аз хисоби дигарон хурок хурдан (дарошхонаву ресторанхо);
  • ба сухбати занхои хамсоя ворид шудан….

===================================================

Чанд далел вобаста ба занхо

  • занхо доимо ба кавли худашон  «ягон чиз надоранд, ки пушанд»
  • гиря барои зан мисли обу хаво зарур аст. Онхо бештар дар назди хамсарашон гиря мекунанд, у агар дар хона набошад,  онхо ороманд
  • занхо саволхое медиханд, ки ба онхо чавоб ёфтан нихоят душвор аст. Хатто номумкин аст. Худашон бошанд, аз ин чиз халоват мебаранд
  • занхо аз хомуши метарсанд, дилгир мешаванд, мисли он, ки мардхо аз галогула. Мегуянд, ки як сабаби зиёд гапзании занхо хам хамин будааст
  • бояд занхо донанд, ки касе, дар кучое аз оилаи у дида бадтар зиндаги мекунад. Хамин чиз дар сериалхо ва филмхои хинди хаст. Ва мегуянд, ки занхо барои хамин филмхои хинди ва сериалхоро зиёд дуст медоранд ва тамошо мекунанд
  • дар хама чойхои чамъияти (театр, толорхои консерти, туйхо..)  занхо  «мутташакилона» ,  яъне дастачамъона,  гурух-гурух шуда ба  «як чо»  мераванд. То хол сабаби ин холатро касе наомухтааст
  • занхо ягона мавчудоте хастанд, ки агар бо дугона ё зане 7-8 рузро дар ягон истирохатгох гузаронанду ба хона оянд, дархол ба хамон нафар занг мезананду гапхои гуфтаашонро бо иловаи тагироти хонаашон баён кардан мегиранд
  •  занхо аксаран намедонанд, ки миёни навъхои шаробу пиво фарки калоне хаст
  • занхо баъзан  вакти хоб ба муи сари худ шона мезананду ним соат онро ба тартиб меоранд
  • занхо мардуме хастанд, ки автомеханикхо ба онхо ягон вакт гапи ростро намегуянд
  • бештари занхо хангоми шунидани калимаи «хушдоман» вонамуд мекунанд, ки он калима ба онхо тамоман дахл надорад..

=================================================== 

  15.01.2010

Аз як сомонаи хабари:

  -Имруз кормандони идораи сухторхомушкуни корпартои карда, ба хомуш кардани як сухтори калон нарафтанд. Сухтор дар идораи андоз рух дода буд.

==================================================

Дар пештоки кафедраи астрономия:

  -Астрономия- илми дакик аст. Хама гуфтахои ситорахо дар толеънома хатман ичро  мешаванд. Факат  маълум нест,  ки кай , дар кучо ва бо ки ?

==================================================

Аз сахифаи эълонхои як газета:

  -ЧММ    «Взрывотехника»  ногахон бархам хурд.

==================================================

Аз газетаи СССР:

  -Тамоми милисахои Маскав дар бихишт зиндаги хоханд кард. Лекин бе  «регистрация» ва бе литсензия дар бораи кор….

==================================================

Дар пештоки Донишгохи Давлатии Омузгори:

  -Бо гирифтани касби пурифтихори муаллими  мо ба шумо кафолат медихем, ки шуморо ягон вакт бо максади талаб кардани маблаг (выкуп)  НАМЕДУЗДАНД!

=================================================

Аз хулосаи як аспирант:

  -ТВ вокеан хам барои саводноки мусоидат мекунад. Хар бегох  ман ру ба руи он шишта натавониста, ба хучраи дигар гузашта китоб мехонам.

==================================================

 22.01.2010

Фарки шоколад аз духтар (зан).

  • Шоколадро дар дохили мошин бе тарсу ларз хурдан мумкин аст;
  • Шоколадро метавонед дар пеши чашми наздиконатон хам хурдан гиред;
  • Шоколад хангоми газидан доду вой намебардорад;
  • Шоколадро ду хамчинс озодона хурдан мегиранд, ин  на айб асту на уболу на чиноят;
  • Шоколад эрод  намегирад, ки чаро уро тез хурдед;
  • Баъди хурдани шоколад дар дахонатон муйхо боки намемонанд;
  • Ба шоколад мухим нест, ки шумо онро бори чандум хурда истодаед;
  • Шоколадро дар дилхох рузи хафта хурдан мумкин аст;
  • Хангоми шоколадхури пири ва ё чавони он кадар мухим нест;
  • Вакте ки ту шоколад мехури, хамсоя туро поида ва ё гуш карда намеистад;
  • Шоколад хамеша буи хуш ва хуб дорад;
  • Бори аввал хурдани шоколад ягон хавфу масъулият надорад;
  • Бемории СПИД ба воситаи шоколад намегузарад;
  • Ба шоколад нигох накардан боиси кахру газаб ва нозу чудошави намешавад;
  • Барои шоколади дуюму сеюмро хурдан як соату ним соат интизор шудан шарт нест;
  • Шоколад мардхоро ба хам чанг намеандозад;
  • Шоколад ба мард хиёнат намекунад;
  • Барои як шоколад як бор пул додан лозим аст;

 =============================================

Аз эълоне дар истгох:

  -Хонаамро ба ду духтар ё зани хушру ба ичора медихам. Ба се нафар не, ба ду нафар. Пир шудаам…Солхои чавониам гузаштаанд..

======================================

 Аз як бахши хабарие:

   -Посбони боги хайвонот чанд руз аст, ки бедарак шудааст. Кормандони хифзи хукук ба хулосае омаданд, ки хирсхои бог ким чи хел сирро пинхон карда истодаанд.

=======================================

Аз китоби «Таърихи Темуровчиён»

   -Баъзан темуровчиён он кореро анчом медоданд, ки пиразанхо аз хохиш кардани он шарм медоштанд.

========================================

 Аз китоби «Тачрибахои як мард»

   -Зан барои ишк ва мухаббат шуда омодааст, ки шуморо ба хучраи хобаш даъват кунад. Мард бошад, барои акалан як бор рох ёфтан ба хучраи хоби зан омодааст, ки хатто уро дуст дорад.

=======================================

  Аз мачаллаи «Барои мардхо»

   -Зан мисли яхмос аст-сард аст, лаб суяш мебари- об мешавад, анна баъд…..мечаспад!…

========================================

 Аз китоби «Коидахои ронандаги»

   -Аз сабаби риоя нашудани техникаи бехатари на факат инсон мемиранд, балки баъзан…тавлид  мешавад…

=================================================

Аз як бахши хабари :

   -Имруз дар фурудгохи шахри Душанбе 2 нашъамандро дастгир карданд, ки пеш аз парвози таёра парвоз карда истода буданд.

========================================

Аз овезаи гардани кампири пирожкифуруше:

   -Агар сагчаву гурбаи худро партофтани бошед, хохишмандам, ба ман дихед!

=================================================

Кору амале, ки мардхои муосир бояд анчом дода тавонанд..

Ин натичаи пурсиши як гурух равоншиносон аст. Албатта мардхо метавонанд, ки ин корхоро накарда хам зиндаги кунанд ва зинда бошанд. Вале агар тавонанд, боз бехтар. Баъзе аз ин шартхоро Шумо шояд ичро карда метавонед ва шояд аз ичрои баъзеяш худдори мекунед. Ба хар сурат марди муосир чи корро бояд карда тавонад:

 1.  Чойпули дода (гузошта) тавонад. Масалан, бо баъхехо, аз зумраи ронандагони такси савдо карда тавонад;

2.  Хонаро бояд ба тартиб дароварда тавонад;

3.  Бояд чархи мошинро иваз карда тавонад.Тасаввур кунед: зане  дар рох меистад, то касеро ёбад, ки чархи мошинашро иваз кунад. Ва хамин вакт шумо пайдо мешавед ва чархи мошини уро иваз мекунед ва шояд…зиндагияшро хам….;

4.  Рухи касро болида карда тавонад. На танхо бо сухан, балки бо амалу харакату фаъолият;

5.  Дар бораи баъзе либосхои нозуки занона андаке маълумот дошта бошад;

6.  Галстук баста тавонад;

7.  Бояд тарабхона ё чои дигари хубро барои мулокоту истирохат интихоб карда тавонад;

8.  Дар хузури духтар бояд аз хад зиёд маст нашавад ва ё аввал уро маст кунад акалан….

9.  Бозори карда тавонад. Лоакал фарки апельсинро аз мандарин донад;

10.  Бояд дохили сумкаи уро донад-яъне донад, ки чи барои чи аст;

11. Бояд тугмаро духта тавонад;

12. Либосшуи карда тавонад. Агар намехохед, пас мошинаи чомашуи харед;

13. Винои хубро шинохта тавонад. Бояд донад, ки бо винои сурх таоми гуштиву хамири ва бо винои сафед мохиву мева мехуранд. Лоакал бояд донад, ки пиворо бо апельсин наменушанд;

14. Мехмонро дуруст даъват карда тавонад;

15. Дар хона бояд ба кабули дилхох мехмон омода бошад;

16. Хумори шаробро субх бо нушокии дигар шикаста тавонад;

17. Гул, пул ва тухфахои дигарро хубу ба маврид тухфа карда тавонад; (Бо зан пинхони гап кушода, хохишу табъи уро фахмидан мумкин аст)

18. Бо асабоният мубориза бурда тавонад, Бехтараш  асаби нашавад ва ё тез аз ин холат бурун шуда тавонад. Як рохи осон хамин аст, ки дар холи кахру газаб, ки шояд кадом сухани дагал мегуед, аввал то 15 хисоб кунеду баъд гап занед (худ ба худ хисоб кунед);

19.Мардона амалу рафтор дошта бошад;

=====================================================

23.01.2010

Барои бахши «Тарчумон»

Макияж- ин кушиши дар чехраи худ тасвир кардани чехраи як зани зеботари дигаре аст.

===================================================

 Зан- офаридае, ки бо сабабхои барои мардхо номаълум аввал кошони худро чинда, баъд бо калам дубора онро тасвир мекунад.

==================================================

Краз (Белаз)- воситаи наклиёт,ки бо набудани хамин гунна як Краз (Белаз)-и дигар аз чоррохахо гузашта рафта метавонад.

===================================================

Пири- вакте ки хар чи ки хохиш дори, ба ёд гирифта наметавони, аммо хар кореро, ки акнун наметавони, пайваста ба ёдат омада-ааан мегирад.

===================================================

Чаро мотосикл аз баъзе занхо дида бехтар аст?

Барои он ки…

  • Агар мотосиклатонро дашном дода бошед, барои боз ба он савор шудан бахшиш пурсидан шарт нест;
  • Агар рангаш парида бошад, онро ранг кардан мумкин аст;
  • Агар як бор гайкахои  мотосиклро тоб бидихед, то як солу ним сол гам намедихад;
  • Агар мотосиклатон зиёд  мулоим бошад, шумо амортизатори дигарро ба он насб мекунед;
  • Агар овози мотосиклатон баланд бошад, ба он «глушитель» мезанед;
  • Агар ба мотосикл одат кунед, ин хавфнок нест, зеро у шуморо мачбур намекунад, ки ба зани гиредаш;
  • Барои мотосикл фарк надорад, ки гайр аз у шумо боз кадом мотосикл ё мошини дигарро савор мешавед;
  • Агар ба хона дер оеду баъзан наоед, мотосиклатон ба саратон доду фарёд намебардорад;
  • Мотосиклатон  «ту падар мешаваи!..» гуфта, шуморо наметарсонад;
  • Мотосиклхо падару модари магруру чанчоли надоранд;
  • Агар мотосиклро дагалона савор шавед хам, вай ба иззати нафсатон намерасад;
  • Агар ба мотосикли дигар нигох кунед, ё журнали расми мотосикл доштаро харед ё тамошо кунед, мотосикли худатон кахр намекунад;
  • Мотосикл кахру ноз намекунад, ки уро бо по ба кор дароварда, боз баъзан тела хам мекунед;
  • Шумо ба мотосикл кадом рузи хафтаву мох, ки хостед, савор шудан мегиред;
  • Шумо метавонед, мотосиклро якчоя бо дустонатон истифода баред;
  • Ягон бемори ба воситаи мотосикл намегузарад;
  • Шумо баъди рондани мотосикл хохед дасту руятонро мешуед, агар нахохед, на;
  • Нигох доштани кисмхои эхтиётии мотосикл дар хонаву дар гараж хавфнок нест;
  • Мотосикли шумо хеч гох ба Шумо хиёнат намекунад;
  • Агар шумо хар мох мотосиклатонро иваз кунед хам, ин чионоят ва гунох хам нест, касе шуморо чанг намекунад ва сарзаниш хам;
  • Шумо метавонед пеш аз мотосиклсавори озода чеснок ё сирпиёз хурдан гиред;

==================================================

24.01.2010.

Дар сухбату муносибат бо зан аз чи бояд худдори кард?

  1. Хеч гох назди зан бояд нагуфт, ки у ягон вакт  мисли шумо барин шахсро ёфта наметавонад. Метавонад!
  2. Хеч гох ба у нагуед, ки у хушру шудааст, вакте ки бо телефон гап мезанед.
  3. Занро бо майда чуйдахо фиреб надихед. Фикру идеяи худро барои фиреби бузурге нигох доред.
  4.  Агар чизе ба назари Шумо зиёдати аст, напартоед, ба зан тухфа кунед. У худаш мепартояд.
  5. Назари уро нисбат ба ягон масъала напурсед. У албатта фикрашро мегуяд,  худаш мегуяд, сад бор, лекин бо сад тарику сад шакл.
  6.  Аз хар чизи фавкулода то хадди тавон дури чуед. «Сюрприз»-и бехтарин барои зан хамон аст, ки Шумо як мох кабл накл карда, хар руз ёдрас мекардед!
  7. Ба зан дар бораи косаю табакшуиятон дар замони донишчуи дахон накушоед.
  8. Ба зан гапхои дарундори чандмаънидошта нагуед.  У хатман ба маънии нохубаш мефахмад.
  9. Ба зан хеч гох нагуед, ки у бехтарин аст. Бовар карданаш мумкин аст.
  10. Ба зан харгиз нагуед, ки уро вокеан хам барои чи дуст медоред. У шуморо намефахмад.
  11. Ва чизи охирин, худро эхтиёт кунед-занхо бисёранд, Шумо яктоед!!!

==================================================

Бисту чанд чумлаи зан, ки баъди он мард мехохад якбора хам хандаду хам гиря кунад….Ва хомуш меистад:

  • Хамин либоса пушум, фарбехим наметова-а, мардак?
  • Бамазза пухтам,оташ?
  • Хамун бачаи хушру,ки  дар ТВ гап мезад ку, кучо шуда бошад?
  • Факат очам мегуфт, ки….
  • Чи, 400$  пули бисёр  будай баъд?
  • Хама кора метонум!?
  • Чуба,мардак, ГАИшник намешави?
  •  «Татьянин день»-ро аз авали аввалуш наклут кунум,мардак?
  • Зани хамсояра дарди кудак гирифтаст, хамуча фарёдум кардиян, бурам ку…!
  • Хамин кадар кор аз дастут омад?
  • Ман чи медонум, хаёл кардум, ки намешиканад!
  • Мардак, хамун чурата зануш чи тари бошад?
  • Ман хаёл кардум, ки ихели кунум, ту хурсанд меши?
  • Хамаи мардако хамин хел будиян!
  • Хай, мара ки нагз бини, чуба намегирима?
  • Хаму таксист ягон вакт аз ман пул намегирад, мардак!
  • Як занаки хамкори мо мега, сметанара кати пиво аралаш карда хури, фарбех мешави?
  • Ман у гапа факат Зебида гуфтум,вай хеч касда намегад,бовари дорум вайда ман!
  • Раис мега, ки муи сарут манда маъкул нест, ягон ранги дигар кун!
  • Камтаракак дер кардум-а, мардак!?
  • Холи сад кас мара гирумай!
  • Хаму пули телефона нодуруст хисоб мекунанд.Наход ман дар як мох 142 сомонида гап зада бошум?!
  • Мардак, наход хаму занако вазифаи нагз гирану ту натони!
  • Мардак, занако хам ГАИ-да  «права»  нишон метан?

===================================================

ШЭФ хамеша хак аст!

ШЭФ:

  • Хоб намеравад-андак истирохат мекунад;
  • Намехурад –у энергияи рафтаро баркарор мекунад;
  • Дер намекунад- кори таъчили мебарояд;
  • Дар компютер бози намекунад-вай фикр карда истодааст;
  • Тарсончак нест- вай эхтиёткор аст;
  • Гайбатчихоро дуст намедорад-факат  баъзехоро хеле бодиккат гуш мекунад;
  • Хабаркашхоро дуст намедорад-онхо тасодуфан ба корхона рох ёфтаанд;
  • Ба хамсараш хиёнату беахди намекунад-у факат ба сафари хидмати меравад:
  • Пора намегирад- он пулхоро мардум чун нишону сипосу эхтиром ба у такдим мекунанд;

Агар хохед, ки осуда кору зиндаги кунед, ё аз он коргох бояд равед ва ё дар  «аклу хирад»  аз шэф нагузаред! Уро эхтиром бояд кард, зеро мумкин аст, ШЭФи бемулохизатареро зердаст шавед!

==================================================

Шиори баъзе занхо ва духтарон:

  -Мо барои хоки пулро бод кардан омадем!

===================================================

 Дар бинои САХШ:

   -Зиндаги акнун зебо мешавад! (Мухтарам домод! Ин гап ба Шумо дахл надорад!)

===================================================

Дар шишаи шароб:

  -Махур гам, гар шуниди, ки

   Туро домоди бад гуфтанд.

   Бирезу гуш ба карри зан,

   Агар дах гуфта сад гуфтанд!

===================================================

 Дар комиссариати харби:

   -Билети харби ду хел мешавад: духтарона ва бачагона. Барои бачагонааш Шумо бояд ду сол рафта хизмат кунед, духтаронаашро бошад, хамин хел….навишта медиханд!

===================================================

 Дар факултаи физика:

   -Факулта ба хотири риояи гуногунандеши, хатто донишчуёнеро хам кабул мекунад, ки конунхои Нютонро инкор мекунанд.

===================================================

 Аз китоби «Ёддоштхо барои домоди нав»:

   -Зан дар ду холат ба мард вафодор мемонад, вакте ки фикр мекунад, ки шавхари у бехтарин аст ва вакте ки тахмин мекунад, ки хамаи мардхо як хеланд…!

===================================================

Китъахо

    Раис нихол шинонад,

   Имруз дар дашту дара.

   Хучаино, ки рафтанд,

   Раис ранги пештара!

==================================================

    Дунё таку ру шудаст,

   Мактаб ба як су шудаст.

   Донишчу холо кучост?

  Донишчу пулчу шудаст!

==================================================

    Аз ошёнаи 9,

   Касе ба парвоз омад.

   Мехмони барор накард,

   Шавхари он ноз омад!

===================================================

Чанд душвории мард будан….

  1. Мардхо гайр аз киссахояшон дигар чои чизеро пинхон кардан надоранд;
  2. Занхоро хавфи бемуй шудан тахдид намекунад;
  3. Мардхо кор ё мушкилашонро бо гиря буд (хал) карда наметавонанд, бо ханда ку умуман!;
  4. Нохуни мардхо бештар чиркин мешавад, вале мо-мардхо онро лак карда наметавонем;
  5. Ба мо ягон вакт тухфа намекунанд.(Вакте ки акнун кас намебинаду намешунавад, хисоб нест!)
  6. Ба мард ягон вакт алимент дода намешавад, харчанд агар чудошави бо айби зан рух дода бошад хам ;
  7. Мардхо субх як соат вакти интихоб надоранд, ки юбка пушанд ё шим?;
  8. Хеч кас аз пушти мардхо намеравад, ки «илтимос, хай, раками телефонтона тиен?»;
  9. Аз мардхо намепурсанд, ки «бегох чи кор доред?»;
  10. Барои дасту пою нохун бо ягон мард мехрубони намекунанд ва бо у наменушанд;
  11. Занхоро хушдоманхояшон бад намебинанд;
  12. Хамаи калимахоро дар забони русси мардхо фикр кардаанд, занхо бошад онро факат гирифта, ба «женский род» табдил медиханду халос;
  13. Ягон корманди БДА ба тугмаи кушодаи мардхо, хандааш  хангоми коидавайронкуниаш ахамият намедихад;
  14. Занхо дар чевон пинхон шудану аз ошёнахои болои паридани мардхоро латифа мекунанд ва мехоханд хама фикр кунад, ки ин латифа аст, яъне дуруг аст (вале  мардум, ин РОСТ аст!!!);
  15. Мардхоро занхои миллиондор ё кам мегиранд ва ё умуман намегиранд;
  16. Аз дидани мардхо дар гармоба (хаммом)-и занона ягон зан хурсанд намешавад;
  17. Ба ягон мард унвони «Кахрамонпадар» надодаанд ва дар оянда хам мушаххас аст, ки  намедиханд!!!;

==================================================

Чанд суол аз суолхои имтихонии кадом техникуми савдо:

  • Як гурба барои таёр кардани чанд сихкабоб мерасад?
  • Кадом намуди муи сар дустдорони самбусаву мантуро ба газаб намеорад?
  • Чи гуна харидореро, ки мехохад мухлати истифодаи  махсулотро бинад, бояд ба гап гирифт? Хондани шеъру рубоиёт дар ин мавзуъ.
  • Таъсири макияж ва юбка ба харидорони мард.
  • Истифодаи гипноз хангоми хисоби умумии махсулоти харидор.
  • Инсоф чист? Ва чаро харидорон зиёд номи онро мегиранд? Инсоф доштан шарт аст ё не?
  •  Руйхати махсулот ва тухфахоеро оред, ки ба  «Набор барои ревизиор»  дохил мешавад?
  • Чарима, тухфа, чойпули, инъом, бахшиш. Мазмуну мундарича ва чою мавкеи онхо.

==================================================

25.01.2010

Мукоиса

              Мардхо баъзан эхсос мекунанд, ки онхоро чанд гурух занхо ихота кардаанд, ё дурустараш дар канори онхо чанд хели занону духтарон  зиндаги мекунанд. Ман бо як зан ошно хастам ва мушкилоте дар  муносибат надорам. Биёед, шумо уро бо дустдошта ва  бонуи ошнои худ мукоиса кунед:

  • Бо у мо «мухаббатбози» мекунем ва у аз хамрахи бо ман каноатманд аст;
  • У телефони мобили дорад ва сари вакт барои эхтиёт зангхои воридшударо (яъне, раками телефонии маро!) аз телефонаш кур мекунад. Кадом вакте ки лозим бошад, уро пайдо карда метавонам. Аммо агар уро пайдо карда натавонистаму ба мулокот омада натавонист, чанчол намекунам, у хам хамин гуна бо ман муносибат дорад;
  • У мошин дорад ва дар холати вайроншавии он вай пули такси хам дорад. Барои хамин барои дидани у ман ба микрорайони дигаре намеравам;
  • Хангоми вохури мову у дархол ба максад мегузарем, миёни ману у ваъдадихиву накшакашии дуру дарозу бепоя нест;
  • Агар ман бо у вохурда натавонам, у дархол «кучо буди?» гуфта, чанчолро намебардорад;
  • У намехохад, ки мо кудак дошта бошем ва ба ман ба шавхар хам баромадани нест. Ва у дуруст хам мекунад, ки мехохад хама чизи доштаашро аз даст бидихад?;
  • Ман комилан дар бораи кадом тухфае барои у фикр намекунам. Харчанд метавонам, ки тухфаи дилхохашро ба у такдим кунам. Барои он ман ба у тухфа намехарам, ки у дар гуфтани манбаи пайдоиши он тухфа дар хона майна об накунад;
  • Ман хам аз у хеч гох тухфаеро интизор  намешавам. Барои ман бо ман буданаш бехтарин тухфа аст;
  • У дар бораи ман ба касе дахон намекушояд. Барои у комилан лозим ва шавковар нест, ки дар бораи ман ба дугонааш накл кунад;
  • Ва чизи аз хама асоси-у маро ба ягон кас рашк намекунад. У дар руйхати ман дар зинаи муайяне меистад ва медонад, ки бо пайдо шудани камтарин гунох номаш зери хате монда, пахлуи он номи каси дигаре пайдо мешавад. Медонад, лекин на хангома мебардорад ва на маро ба ташвиш меорад;
  • Ман хам ба у рашк намекунам. Барои чи рашк кунам? Ба хамсари худат метавони рашк куни, аммо у бошад, хамсари каси дигар аст!!!

==================================================

Дар таваллудхона:

   -Андоз аз лахзахои фарогати гузашта!

===================================================

Дар хучраи беморон:

   -Агар хохи рахи аз сад балову дарду бемори,

    Гапи Радиора (Субхона!) кам гуш кун, факат аз пушти маблаг шав!

===================================================

 Шиори муаллими порахуре:

   -Сарам бар осмонат мерасад, гар эй Худо, бар бахти ин банда,

 Хамин сесияро ду бор неву севу чору панч маротиб пушти дар ори!

===================================================

Дар куттии сигор:

  -Кушо моро, ки дар дунё, аз ин бехтар кушодан нест!

===================================================

Аз нома ба  идораи барномахои иттилоотии ТВТ:

  — «Илтимос, хангоми бахшхои хабари дар поёни экран сатри равон (бегущая строка)-ро чо накунед. Хушдомани ман онро караоке гумон карда, сурудхони мекунад!»

===================================================

 Аз номаи модаре ба духтари рахдураш:

  -Ситораи хамон чавони дустдоштаи ту хамин хел ба ман нафорид, ки ман бо камоли майл мехостам, ки хушдоманаш бошам!

===================================================

Аз Кристина Августа:

  -Ман мардхоро дуст медорам. Барои он не, ки онхо мард хастанд, балки барои он ки онхо зан нестанд!

===================================================

Аз китоби «Насихати модар ба духтараш»:

  -Шавхар мисли бумеранг аст, агар нагз партофта боши, бармегардад!

===================================================

Аз як эълоне:

   -Ман бонуи зебое хастам. Боистеъдод, дилкаш.Чанд забони хоричиро медонам, мошин меронам, чанд асбоби мусики дорам, бехтарин гулоб ва маводи рангуборро истифода мебарам. Зебо ва шинам либос мепушам, дар бехтарин осоишгоххо дам мегирам. Чои кор доштан мехохам, то барои хамаи ин пулхои мехнатиаро сарф кунам…

===================================================

Аз хулосаи як мард:

  -Зан агар хохад, хам чизи мардро кашида мегирад, хатто фамилияашро хам!

 ==================================================

28.01.2010

Зани зебову донову дилкаш ва хостани:

  •  онест, ки бо диданаш мард фикр мекунад, ки хеле барвакт зан гирифта будааст;
  • онест, ки агар  соати 8-и субх бо у вохурда бошед, баъд аз 1000 огушу бусса хам соатро бинед, холо хам 8 аст;
  • дар як миз бо ду мард нишаста, ба суи яке механдаду харфи хуш мегуяд ва хамзамон дар зери миз пои он дигириро зер кардан мегирад;
  • онест, ки кадру киммати худро медонад, вале ба мард намегуяд, шарм медорад;
  • онест, ки якчо бо аризааш барои ба кор даромадан ва  4 дона расми 3х4 , 2-3 дона расми дар Кайрокум-лаби бахр гирифтаашро хам пешниход мекунад;
  • онест, ки медонад: занхои хакики таваллуд намешаванд, ба зани хакики факат табдил ёфтан мумкин аст;
  • онест, ки бо як мард сухбат карда, ё комилан дар ягон бора фикр намекунад ва ё дар бораи марди дигаре фикр мекунад;
  • онест, ки бо мардхои бегона дар хонаи онхо комилан гап намезанад;
  • онест, ки озодона ба 5-6 кас хар руз мегуяд, ки «агар маро нагири, дору хурда худма мекушум….»

 Марди дилёбу доно:

  • онест, ки ба вафодории сагчааш бештар бовари дорад;
  • онест, ки уро занхо сари чанд вакт мепартоянд, вале рухафтода намешавад;
  • онест,  ки суи зан лукма неву пул мепартояд;
  • онест, ки ба зан хеле наздик мешаваду мисли баъзеи онхо «намечаспад»;
  • онест, ки бовари дорад, ки кадом соле гуштини миёни зану мардхо ба барномаи бозихои олимпи дохил мешавад;
  • онест, ки ба занхо «ту тамоман дигар хели..» гуфта, хамон чизеро ба даст меорад, ки ба хамаи дигарон комилан монанд аст;
  • онест, ки ба кадом замоне конуни шудани бисёрзани боварии комил дорад ва интизор хам хаст;

==================================================

«Тарбияи занхо»  ва ё «дастурамал» барои мардхо.

     Холо, тавре маълум аст, тарбияи занхо кори осон нест. Онхо хеле доно, хушёр ва фаъол шудаанд. Баъзеяшон  хатто вазифаи «хурронандаи оила»-ро ба даст оварда, кушиш мекунанд, ки ба мардхо хатто фармондехи кунанд: дигар нануш,  ё факат дар туйи худихо нуш, корхои мардонаро ёд гир… 

Баъзеяшон ба воситаи роххои махсуси худ мардхоро мачбур мекунанд, ки ба кор дер раванд, хона ва ошхонаро ба тартиб биоранд ва хатто дар тафдон нон бипазанд. Хулоса, ки ягон кор кардан лозим аст.Вале чи кор? Ду рох аст:

  • Зан нагирифтан
  • Амал кардан аз руи нишондоди кахрамони асари Шекспир- «Отелло»

 Рохи якум боиси пайдо шудани хар хел овозахо мешавад. То замоне, ки дар кодекси чиноии ЧТ банди «Куштор» хаст, аз рохи дуюм истифода бурдан хавфнок аст. Гузашта аз ин, онхо усулхои асри 21 нестанд. Хама гуна занро то дер шудани тарбия тарбия кардан мумкин аст. Хамон вакте ки у эхсос кард, ки бо хама камиву костихо зани чун шумо-марди хакикие шудааст, фахмед, ки заданхои…э…тарбияи шумо натичаи хуб овардааст. Занро ба рохи «рост» мондан, ба кавле «тарбия кардан»  ба воситаи  «танкиди солим»  хам имконпазир аст. Пеш аз огоз ба танкиди солим, новобаста ба хама хусусиятхои худ-кади паст, лакнати забон, майзадаги, доги суди…бовар кунед, ки ба Шумо расидани у хушбахтиест, ки у ба ин хеч сазовор набуд. Вакте ки бовари хосил кардед, ки шумо тилло-мард хастед ва бо шумо будан хушбахтии чанд зан аст, аз ончумла миллиондорону ситоразанхои эстрада, пас ба танкиди хамсари худ сар кунед:

  • агар у маълумоти оли дошта бошаду шумо не, маълумоту дониши уро калбаки гуед, гуед, ки хато кардед, ки бо духтаре, ки 5 сол дар хобгох  ё ичора зиндаги кардааст, хонадор шудед;
  • агар шумо маълумоти оли дошта бошеду у не, уро бесавод, кундзехн, дорои чахонбинии танг гуфта, танкид кунед;
  • агар харду дипломи мактаби оли дошта бошед, гуед, ки дипломи у арзиш надорад, зеро

1.  он шояд калбаки бошад

2.  вай гоибона хондааст, ки ин хисоб нест

3.  холо ин ихтисоси вай дар ягон чо ба кор намеравад

  • агар кордон бошаду пули зиёд ёбад, гуед, ки ту ба хона ахамият намедихи, зан буданатро хеч нафахмидам, зани хакики дар идора шах шуда намеистад;
  • агар аз шумо дида пули камтар ёбад, уро нокобил, суст, тормоз гуед, ки  мисли дигарон рохи худро ёфта натавонистааст;
  • агар дар ягон ширкати хусуси кор кунад, гуед, ки худо медонад, ки ту ончо ба чи кор машгули;
  • агар умуман кор накунад, пас уро танбалу беиродаву таёрхур гуед, ки аз чомеа кафо мондааст;
  • агар у бори аввал бо шумо оиладор шуда бошад, гуед, ки ту ба касе лозим набуди ва ин ман будам, ки  туро гирифтам;
  • агар аз хамсари аввалааш чудо шуда бошад, гуед, ки зани хубро сар намедиханд, ту натавонисти, ки никохатро хифз куни;
  • агар то шумо касе бо у рафтуомад надошт, пас шояд муйхои ту буйи  равгани зард мекард гуед, вале агар нафарони зиёде ба у таваччух мекарданд, гуед, ки ту хамон вактхо чи балое доштаи;
  • агар ба аёдати волидонаш дер-дер равад, уро берахму хасису кутохандеша гуед, вале агар падару модар надошта бошад, гуед, ки «ман нагз медонам, ки онхо аз дасти ки мурдаанд..»;

    Сину соли уро бошад, хамеша танкид кардан мумкин аст.Онхо сину соли хуб надоранд-ку. Онхо ё хеле чавону рафтори кудакона доранд ва ё пир шудаанду ягон чиз ба онхо намезебад. Шарти аз хама асосии ин гуна танкиду таънахо-доимият аст. Хар руз ин суханонро чанд бор такрор кунед. Бахс накунед. Дар чавобхои у каме ханда карда, даст ба сараш монеду гуед:  «ба хар сурат, худо аз ин бадтар накунад, туро худо чунин кардааст, ман акнун факат бояд токат кунам. Дигар чи кор хам мекардам, насибам хамин гуна зан будааст…. »

    Курси танкидхо бояд аз 2 мох то 2 сол бошад. Чорахои иловаги:

1.  доираи шиносу дугонахояшро махдуд кунед ва агар тавонед, уро бо хешу пайвандошаш чанг андозед;

2.  агар коре кунед, ки дугона, хамкурсу хамсинф ва занхои хамсоя умуман ба зани шумо наздик нашаванд, бозам хубтар.Охир у як бехтарин шиносу хамсухбат дорад, ки ин албатта Шумоед!

3.  доим ба у гуед, ки фалон хамсинфат ситора, зани раис, ту боши чи, хеч кас…Гуед, ки ман бовари надорам, ки ту бо онхо  якчоя хонда боши. Маълум шуд, ки агар инсон акл медоштааст, хама чи мешудааст.

     Агар худи шумо ва у ба хамаи ин токат кунед, пас симои зани хубро мебинед. Ба чои як зани гапгардон занеро мебинед, ки аз шумо метарсад, ки дахонашро кушояду «гинг» гуяд.

Анна бо хамин гуна зан шумо худро «мачо» , «марди хакики»,  «замонави»  ва «идеал»  хис хохед кард!

==================================================

29.01.2010

Китъахо

  «Назира» аз Мехрубон,

    Аз Бахром аст, «Фарангис».

  Хама «зайнит», як холи,

  Намеёби ту харгиз.

================================================

    Яке масту девона,

   Якеро баранд хона.

  Яке сад солай созай,

 Яке хар руз вайрона.

==================================================

   Ду тарафи ГЖК,

  Хам дарёву хам рудай.

  Барка киммат мекунанд,

  Журналист, каппат дудай!

=================================================

  Дар рахи Караболо,

 Чашмони хумор дори.

 Калькулятор овардум,

 Гу, ки чандто ёр дори!?

==================================================

  Дар роххои Душанбе,

  Садхо одам метобад.

 Хар кадом бо микроскоп,

 Автобусро мекобад!

==================================================

Аз китоби «Тарчумахои мантики гуфтахои зан»

  • агар у гуяд, ки «ман туро чун бародарам медонам»,  маъни хамин аст, ки «ман номзадии туро аз хама охир хохам дид!»
  • агар зан гуяд, ки «мо дар синну сол каме фаркият дорем», маънияш хамин аст, ки «ту тачрибаи камтар дори!»
  • агар бону гуяд, ки «хамин хислатат ба ман писанд нест», донед, ки у гуфтанист, «шумо мардхо, хамаатон як хел хастед!»
  • агар у гуяд, ки «ман бояд фикр кунам», маънии суханаш хамин аст, ки «ман ту барин тормозро чи кор мекунам?»
  • агар у гуяд, ки «бо марде ман аллакай ахди хамсари дорам», маъни хамин аст, ки «..агар уро баъди бо ту будани ман мард гуфтан дуруст бошад!»
  • агар гуяд, ки «ман бо хамкорон мухаббат доштан намехохам», донед, ки у гуфтани аст «ягон чо хонаи пинхони надори, акалан 1 хонаги?»
  • агар зан гуяд, ки «айби ман аст», донед, ки вай гуфтани аст, ки «хайр, то кай ба чашмони ман нигох карда мешини?»
  • агар бону гуяд, ки «соат чанд аст?», донед, ки ба дилаш гуфта истодааст, ки «хамон кори дилгиркунандаи ман аз хамин мулокот бо ту бехтар  аст!»
  • агар бону гуяд, ки «бие, хамчун дуст монем», маънии онро дорад, ки «ман мехохам ба ту дар бораи мардхои сарватманди шиносхои имрузу каблиям накл кунаму ту гуш куни!»

=================================================

Аз маслихати «пиронсолон»:

   Ба зан гуед, ки у мисли дигарон нест, агар хохед, ки аз у хамон чизеро ба даст биёред, ки аз дигарон хам ба даст овардан мумкин аст!

==================================================

 Аз китоби «Мушкилкушо барои мардхо»:

   Агар шумо то хол зан ва ё дустдошта надошта бошед, донед, ки касе ду то дорад!

==================================================

 Аз рисолаи илмии як номзади улуми ишку мухаббат:

   Зан дар бораи ояндаи худ фикр мекунад, то вакте ки шавхар надорад. Мард бошад, тамоман дар бораи ояндаи худ фикр намекунад, то замоне   ки зан надорад!

==================================================

Хулосаи як марди бонкдоре:

   Занхо ба овоз ошик мешудаанд…махсусан агар он овоз овози шарак-шараки пул бошад!

=================================================

Аз насихати модаре ба духтараш:

   Кушиш кун, ки мардро то дарачае бад набини, ки дилат хохад ангуштари бриллиантдори тухфа кардаи уро баргардони!

=================================================

 Аз андешаи як зани тачрибадоре:

   Аз намуди зохирии мардхо ягон чиз ба назари занхо мисли бепулияшон бад намерасад!

==================================================

 Андешаи дугонаи хамон зан:

   Узви аз хама асосии бадани мард ин….киссаи у аст!

==================================================

 Аз китоби «Таърих»

   Хамсарони декабристхо аз кафои шавхарони худ ба Сибир рафтанд ва хамин тавр нагузоштанд, ки онхо хатто дар бадарга хам орому осуда бошанд!

==================================================

Аз хулосаи корманди ЗАГС (САХШ):

   Хамон ду халкаи болои мошини аруси домод маънии онро дорад, ки холо хисоб 0:0 аст.

==================================================

 Аз маслихатхои иттифоки касаба:

  Медонед, ки бо як роххат чи гуна мумкин аст, ки тамоми коллетив истирохат кунад? Пул партофта ба ягон чои ду-ууур барои раисатон роххат (путёвка) харед!

==================================================

                      Тарчумахо

 Хешу табор-  гурухи одамоне, ки бо бахонаи зиёд шудани саршуморашон хар сари чанд вакт чамъ шуда, аракнуши мекунанд!

==================================================

 Котиба –нафаре, ки…..

               Ин калима тарчума надорад!

==================================================

 Шароб- баъди кабули он моеъ одамон, махсусан,  чинси латиф, ба назар беандоза зебо менамоянд. Олимони точик нушидани он мееъро пеш аз тамошои ТВ маслихат медиханд!

==================================================

 Хобгохи донишчуён- маркази тачрибавии илми- тадкикоти оид ба мутобикгардонии организм ва рух ба холатхои якбора муфлисшави баъди хамнишини бо Билл Гейтс баринхо ва фарохамсозии заминаи мусоид барои аз шаб ба субх  гузаштан дар шароити чангал ва хамзамон тавлиди идеяхои бузурги аёдати нисфирузии хешу акрабо дар холи инкилоби рангаи меъда ва омузиши тачрибаи чахонии зарурат надоштани киссахои бисёр бо пинхон кардани гизо ва кумаки пулии аз деха интиколдодашуда!

==================================================

 30.01.2010.

Тасодуф ё монандихо.

Наполеон ва Гитлер

   Наполеон соли 1760 таваллуд шудааст

   Гитлер соли 1889

                                                              (тафовут 129 сол)

   Наполеон соли 1804 ба сари кудрат омадаст.

   Гитлер бошад соли 1933

                                                                 (тафовут 129 сол)

    Наполеон соли 1812 вориди Вена шудааст.

    Гитлер бошад соли 1941

                                                                    (тафовут 129 сол)

    Хар ду дар 44 солаги ба сари кудрат омадаанд.

   Хар ду дар 52 солаги ба Руссия хучум кардаанд.

   Хар ду дар 56 солаги шикаст хурдаанд.

 Линкольн ва Кеннеди

  Линкольн соли 1860 президенти Амрико интихоб шуд.

  Кенедди соли 1960

                                                               (тафовут 100 сол)

   Хар ду дар рузи чумъа кушта шудаанд.

  Хар ду дар хузури занхояшон кушта шудаанд.

  Хар ду аз сарашон тир хурдаанд.

  Хар ду чануби ва хар ду демократ будаанд.

  Линкольнро дар теати «Кеннеди» куштаанд.

  Кеннедиро бошад дар мошини тамгаи «Линкольн»

  Хар ду пеш аз президенти сенатор будаанд.

  Чон Уиликс Бут-котили Линкольн соли 1839 таваллуд   шуда буд.

  Ли Харви-котили Кеннеди соли 1939 зода шудааст.

                                                                 (тафовут 100 сол)

   Номи харду дар навишти англиси аз 15 харф иборат аст.

  Бут аз театр гурехта дар болохонае дасгир шуда буд.

  Освальд аз болохона гурехта дар театр дастгир мешавад.

  Баъди хар ду сари кудратомадахо Чонсон насаб доштанд.

  Эндрю Чонсон-соли 1808 таваллуд шудааст.

     Линдон Чонсон соли 1908 тавлид шуда буд.

                                                                  (тафовут 100 сол)

===================================================

Аз кадом мачаллае:

    Зани хакики хеч гох бо марди хакики оиладор намешавад. Барои он, ки занхои хакики дархол бо пешниходу хохиши мардхо рози намешаванд, аммо мардхои хакики бошанд, ду бор намепурсанд.

===================================================

 Дар куттии хамираи дандон:

   Барои сихатии дандонхоятон се коидаи асосиро бояд донед: 1. Дандонхоятонро дар як руз бояд ду бор шуед.  2. Хар мох акалан як бор назди духтури дандон биравед. 3. Биниатонро ба хар кору ба хар дар нахалонед!

===================================================

Аз китоби «Физика» барои синфхои 12:

     Дустии миёни марду зан ин ё муносибати ду ошики собик аст ва ё ду касе, ки шояд дар оянда ба хам дил банданд!

==================================================

 Аз кадом мачаллаи ним занонаву ним мардона:

    Занро бояд ба руи даст бардоред. Ба гардан бошад, онхо худашон савор мешаванд.

===================================================

 Дар графаи «холати оилави»-и анкетае касе навиштааст:

    БЕЗВЫХОДНОЕ!!!

===================================================

Чанд  далел оид ба арак.

  • Арак тозатарин нушоки дар дунё аст (араки тоза дар назар аст!)
  • Арак аз 40% спирт ва 60% об иборат аст.
  • 1 литр арак 953 грамм вазн доштааст.
  • Араки беалкогол вучуд надорад.
  • Нушокие, ки аракро аз руи он истехсол кардаанд, соли 1429 аз суи итолиёвихо ба Руссия оварда шудааст.(Аква-вита)
  • Нахустин чои аракнуши дар Маскав соли 1533 кушода шудааст. (Акнун фикр кунед, ки дигар он халкро аз майзадаги начот дода мешавад?:)))
  • То соли 1855 арак бо сатил фурухта мешуд. (12.3 литр)
  • 31 январи  соли 1865 Менделеев рисолаи доктории худро дар мавзуи «Хамрохкунии спирту об» химоя кардааст.
  • Эталон барои арак солхои 1894-96 чори карда шуда буд.
  • Нахустин шишаи араки фирмави (Московская особая) соли 1894 патенти карда шуда буд.
  • Карори кумитаи давлатии мудофиа тахти раками №56200 барои «100 грамм араки чанги» 22 августи соли 1941 кабул шуда буд.
  • Барои арак дар Россия чанд бор монополияи давлати чори шуда боз аз байн бурда шудааст.

===================================================

8 коидаи асосии ба даст наафтидан баъди хиёнаткори

 1.  Хеч гох бояд дар чои кор ба ишкварзи машгул нашуд. Яъне «барои шикор бояд ба чангалхои бегона ва дур рафт». Тачрибахо нишон додаст, ки он хама асрор рузе дар чои кор хатман ошкор мешавад.

2.  Худро бояд гум накард. Шумо хама чи доред-хона, зан, кудак…факат рангоранги мехохед. Ба шумо мухаббат, зани дигар ва боз чанд тифли дигар лозим нест. Шумо хамаи инро доред. Факат 1 хохиш Шуморо ба самти «чап» мебарад. Бо у ростгу бошед ва ба игвову бечоратарошихои у зиёд ахамият надихед. Хеч гох уро дуст надоред, вагарна кор то хамсарии дуюм мерасад. Он вакт «хонабардуш» мешавед.

3.  Бояд ба зан ва маъшукахоятон лакабу номи шартии якхела гузошт, то дар хобу бедори Мавлударо  Мавчудаву Зухроро Зебо нагуед. Бори аввал шояд Шумо аз он холат баромада тавонед, вале агар ин холат чанд бор такрор ёбад, сирратон фош мешавад. Барои хамин хар кадаре, ки миёни онхо якранги бошад, (атри якхела, лакаби якхела, телефонхои монанд….) боз хам хубтар. Вале аз суи дигар, он хардуро ин кадар якрангу якхела, ки кардед, пас ин «чаправи»-атон чи маъни доштааст?

4.  Аз навгонихои илму техника бояд истифода кард.Телефони мобили як василаи хубе аст.Телефони хонагиро ба дустдоштаву шиносхо додан хавфнок аст. Раками телефони занону духтаронро навишта, ба чои номи онхо номхои мардонаро сабт кардан даркор аст, масалан Нигораро Нурулло нависед. Худатон фаромуш накунед шуд-да! Телефони дастиро кушиш кунед, ки чое фаромуш накунед. Рохи дигар ин почтаи электрони аст. Ба хар ному насаб куттихо кушодан мумкин аст.

5.  Нишонахо бояд нест шаванд. Хатто дар сурати набуданашон хам. Дар чойхое, ки эхтимол хамсаратон ё хешу таборро вомехуред, бо у пайдо шуданатон нодуруст аст. Охирин фиребатонро бояд дар хотир дошта бошед. Вакте ки занг мезанед, хамон фазо бояд дар телефон эхсос шавад-ё об ё мусики ё гавго… Ба хона бо хамон либос, хатто бо чуробхои сахарпушидаатон баргардед.Тухфахоро ба хона наоред. Суратхоро ку тамоман. Хар суханатонро дониста гуед- «девор муш дорад, муш гуш!»

6.  Ростро гуфтан дуруг ва бахонаи бехтарин аст. (На хамеша ва на бо хама занхо!) Вале бояд донед, ки кадом чумларо гуфтан лозим нест. Агар пурсанд, ки «дар кучо буди?» Бояд гуфт, ки «телефонро хомуш карда дар хонаи як зани зебо будам!» Хамсаратон хазл аст гуфта, шояд «ту дигар ба ки даркори?» хам гуяд. Хамин хел рафтор кунед, ки хамсаратон бовар кунад, ки дустдори хашароту паррандахо, тими футболи махали, махфили забономузи ва гайра хастед. Барои хамин хам баъзан «хеле дер» меоед ва рузхои истирохати хам «банд» хастед. Хеч гох гунохи хиёнаткориро ба душ нагиред. Хатто хамон вакте, ки шуморо бо у дастгир кунанд хам!

7.  Аз хисоби оила ва маблагхое, ки барои зану баччахоятон хар мох чудо мекунед, ба «ишкварзи» машгул нашавед. Ин камоли беакли ва на аз руи чавонмарди аст. Коре кунед, ки фоидаи бештар ёбед. Пули иловаги кор кунед ва хамон пулхоро барои харакатхо «ба самти чап» сарф кунед. Магзи сар, ки Шуморо ба суи эхсосоти бевафои ва хиёнаткори теле медихад, бигзор роххои дарёфти маблаги иловагиро хам фикр кунад.

8. Гурусначашми кардан лозим нест. Хар лахзаи фарах вакту давомноки дорад. Ягон руз дар даромадгохи хонаи у истода фикр мекунед, ки дури бад рафтаеду ягон чизи «гайриодди»-ро надидед. Шумо хар кадом сохиби хирад ва аклу фахмиш хастед.Худатон фикр кунед: кадоме аз онхо Шуморо дуст медорад, дасту поятонро махс мекунад, ба волидонатон содикона хизмат мекунад, хуроки дустдоштаатонро мепазад, мастиву доду вой ва беморихои шуморо тахаммул мекунад? Пас, хамонаш сазовори хамрахи аст, хамрахии доими. Ва Шумо хеч гох фикр накунед, ки дигаронаш танхо мемонанд ва азият мекашанд. На, онхо хеч вакт танхо намемонанд.

   Зинда бошанд, мардхои дилсуз!

   Нест бод, фашистони истилогар!!!  :))

===================================================

 04.02.2010.

Китъахо.

    Режиссёр дар Радио,

   Имшабро сахар кардаст.

  «Чаро зан намегирад?»

—  Компютер зарар кардаст!

===================================================

      Бин,домодро рузи туй,

     Бепарвосту механдад.

    Аз фардо акнун арус,

    Бебанд уро мебандад!

===================================================

    Бубин, дар беморхона,

   Пул чудо, дору чудо.

   Эй бемори бечора,

   Таваккалут бар худо!

===================================================

    У дар пост хам наистод,

   На хуччатша боз кадак.

   Бону ба он хушругиш,

   ГАИ-ра гипноз кадак.

==================================================

 Дар сехи истехсоли хасиб:

   Онхое, ки асрори истехсоли хасибро аз корхона берун мебароранд, аввал  ба дор овехта мешаванд ва сипас…

===================================================

 Дар манзили бонуе касе навиштааст:

      -Оему равему боз  оянду раванд!

==================================================  

Тарчумахо

 Озоди- вакте ки хамсаратон бехабар ба чои кори  шумо занг зада, мегуяд, ки ягон такси биёред, модарам ба хонаи худаш меравад!

===================================================

 Курси- вай чор хел мешавад: курсихои дохили кабинетхо; курсихои дохили сауна; курсихои лаби дарёхои Варзоб ва Ромит; курсихои толори суди;

===================================================

 Пул- вай ду хел мешавад:  якум-пуле ки чониби пулдор меравад ва дуюм пуле, ки чониби бепулхо намеравад!

===================================================

 Дугонахо-онхо се хел мешаванд: боакл; зебо ва… бешавхар!

===================================================

 Аптека- чое, ки ончо спиртро бо максадхои на он кадар асоси мефурушанд!

===================================================

 Газета- когазпорае, ки дар хобгохи донишчуён руи миз ва ё дар замин накши скатертро бози мекунад.

==================================================

 Дезодорант- моеъе, ки спирти хуб дорад, аммо дар зарфи барои барои нушидан нокуллай рехта шудааст!

==================================================

Чанд нишонаи бебарори дар хамзистии Шумо.

 1.  кадом вакте харфи гуфтаи шумо дар замин монда намешуд-холо он боиси бахс аст;

2.  кадом вакте шумо метарсидед, ки боз у аз зиндагии Шумо наравад, холо у танхо ба хонаи дигар рафта метавонаду  халос;

3.  Шумо холо баъди бахсу мунозира, мисли пештара- ба бусу канор машгул намешавед;

4.  кадом вакте шумо ба у занг зада мулокот таъин мекардед, холо бошад, у ба шумо занг зада мепурсад, ки «барои чи дер шудасту ту холо хам дар хона нести? Дар мулокоти кадом занаки дигар набоши боз?»

5.  кадом замоне ба у ба истирохат рафтан мехостед, холо бошад, бе у;

6.  кадом замоне уро ба хоб медидед, холо тамоман инро намехохед;

7.  кадом вакте шумо гумон доштед, ки у заъифу бечора аст, аммо холо фахмидед, ки бояд аз руи шиори «душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон» амал мекардед;

8.  як вактхо уро хифз мекардед, аз дигарон, холо бошад худро хифз мекунед, аз у;

9.   замоне бесаброна сухани уро интизор будед, холо бошад, орзу мекунед, ки як лахза уро хомуш ё хоб бубинед?

10.   як вактхо аз суолхои кудаконаву бемаънои у ба вачд меомадед, холо он саволхо Шуморо девона мекунанд;

11.  замоне у аз  огуши шумо рахо ёфта ба суи хонааш мешитофт, холо бошад у бо шумо аст,…доимо… ва шумо уро пазмон шуда наметавонед;

12.  у дигар намегурезад ва шумо хам бо завк ба «шикор» намебароед, харчанд «сайдхо» дар атроф зиёданд;

13.  акнун мефахмед, ки буй, муй, лаб, хиромидан ва чуссаи у тамоман гайриодди набуда, мисли хама аст;

14.  кадом вакте шумо пеш аз хар мулокот риш метарошидед, холо бошад, хис мекунед, ки агар хамон вакт хам як-ду хафта риш намегирифтед, вай одат мекардааст;

15.  холо ангушти дасти рости шуморо пораи металле фишурдааст, ки аз он хатто баъзехо харос доранд, ва аксар вакт шумо онро аз ангуштатон мегиред;

16.  холо шуморо баъзан фикре ба сар меояд, ки нисбат ба он ки хар шаб бо хамсаратон карамшуробо хуред, бехтар он буд, ки чою нон мехурдед, вале бо дустдоштахои зиёдатон;

17.  кадом вакте барои у шумо хатто бозии чемпионати чахон оид ба футболро тамошо намекардед, холо бошад, хатто дар вакти пахши реклама хам шумо хохиши уро шунидан надоред;

18.  замоне шумо мехостед, ки дар канори дарёе у куртаи шуморо ба сари китфонаш партояд, холо бошад у куртаи шуморо хангоми рубучини хона, ошхонаву хавли  ва баъзан дар нонпази хам мепушад;

19.  замоне шумо уро ба ситораи дурахшон, зеботарин монанд мекардед, холо бошад, билохира чашмонатонро кушода дидед, ки дар само «ситора»-хо зиёд будаанд;

20.  агар шумо каблан якчоя нишаста ТВ тамошо мекардед, холо бошад шумо дар хонаи дигар танхо нишаста Радиои «Ватан»-ро гуш мекунед;

       Агар хатто 20% ин гуфтахо ба зиндагии имрузаи Шумо мувофикат кунанд, пас хамдардии маро кабул кунед-акди никохи шумо бебарор будааст!

===================================================

10.02.2010.

Чанд чумлае, ки баъди гуфтани он дар туйхо хатман кашмакашу чанчол сар мезанад.

  •  -Неке, Хуршедчон, аруси зури зур ёфти…
  • Ма дар кучое дидагиюм хами аруса…
  • Мо 50 сомони чамъ карда, хамин хел столда шинем?
  • Аку, як руз якчоя зиндаги мекунед, як мох якчояен, намедонум, лекин ош оши хуб буд, повур кандша бузана…!
  •  Салом! Мо хамсояи як этаж поён. Туй дорем гуфта мемонед, ки хоб равем? Ин хешу табори Шумо чугиан, чиан?
  • Ман хай аруса давно-ооо мешинохтум…
  • Тоирчон, як аруси харобтар наёфти? Ира ту чи тари сер мекуни?
  • Тавре шоир гуфтааст, «Ман бусса занам лабхои арусро…»
  • Мо то хозир бовар накарда истодаем, ки бо ин авлод чи хел куддо шудем?!
  • Мара очам чанд бор гуфт, ки «бие хаму Нигорара гир», ман не гуфта будум. Бугум барои чи? Не, акнун ман дигар асло ин сира намекушом!
  • Аку «шутур элака бардошта натавонистай меган»  хамаша карди, ягон араки соз намегири, кирои туй кардан!?
  • Ба хар хол зани пештараат хам кадбаланд буд, хам хешу табори ба одамгарира дошт.
  • Любоют кати як ба як мезанум…Рафтем?!

==================================================

   25.02.2010. 

   Таёрае ба укёнус гарк мешавад. Рохбари фурудгох  аз духтари масъули эълонхо хохиш мекунад, ки барои пешвозгирандагон ин хабари нохушро сабуктару бе вохима карда гуяд. У ин чумларо хам дар толор калон менависад ва хам эълон мекунад:

         -«Граждане встречающие самолёта, идите домой!»

===================================================

 Дар куттии сигор:

         -Вазорати тандурусти таъкид мекунад: вакте ки соати 12 ва ё 1-и шаб дар тангкучае як гурух ба шумо бо суоли «ака, сигарет надори-и?» мурочиат мекунад, сигор кашидан ва ё накашидан он вакт баробар ба сихатии Шумо зарар дорад!!!

===================================================

Аз хулосаи як корманди пажухишгохи ветеринари:

         -Инсон метавонад бо суръати 70 км/соат бидавад?         -Албатта метавонад, агар уро хирси гуруснае аз боги хайвонот пеш кунад!

===================================================

Дар пештоки кумитаи кор бо мардхо:

         -Дустии занхо?! Чист он? Вакте ки ду ё якчанд зан бо хамдигар хому-ууш рашку хасад доранд!

==================================================

Дар кумитаи кор бо занхо:

         -Сарвари оила он нафаре нест, ки пул меёбаду меорад, балки он нафарест, ки он пулхоро сарф мекунад ва ё бод мекунад!

===================================================

 Аз изхороти дафтари матбуоти ВКД:

         -Чанд соат пештар як гурух кормандони милиса барои несту нобут кардани майдони 2 гектараи маводи нашъадор рафта буданд. Навакак онхо хабар доданд, ки отрядашонро ба дивизия табдил дода, ба кайхон барои чори сохтани тартибот рафтаанд!

===================================================

Аз навиштахои Альфред де Мюссе:

        -Зан-сояи мард аст. Вакте ки аз пушти у медавед, вай аз Шумо гурехтан мегирад, вале вакте ки аз у дур шудан мегиред, аз пуштатон омадан мегирад.

==================================================

 Дар кумитаи кор бо занхо:

        -Агар бо шавхари дустдоратон кори Шумо омад кардаасту розиед, ин маънии онро надорад, ки кори у хам омад кардааст!

==================================================

 Дар толори суд ва шуъбаи мубориза бо коррупсия:

        -Курсии мансабдори нав бояд пусти мансабдори пештара, ки бо пора дастгир шуда буд, духта шавад!

==================================================

 Аз хулосаи на он кадар илмии як эчодкоре:

        -Зани идеали мисли нонхурак(таракан) аст. Уро ё дар торики мебинед ва ё дар ошхона!

==================================================

09.03.2010

Дар миёни хамсару махбуба(хо)

     Мо чонибдори бисёрзани нестам (гуё ки!) Мо зидди хиёнат ва чонибдори мухаббат хастем. Инчо ман мехохам, кадре мушкили онхоеро осон кунам, ки бе махбубахо хеч наметавонанд. Дар ин матлаб  тачрибаи эхтимол хазорсолаи ошикон гирд омада бошад.

  1. Дуругхои «кор дер тамом шуд», «наклиёт набуд» ва мисли инхо аллакай кухна шудааст. Мисли худи дунё! Ба ин бахона дигар на хамсарон бовар мекунанд ва на дустдоштахо! Барои он, ки хама хамин хел бахона пеш меорад. Гуед, ки «кормандони БДА нигох доштанд», ё «барои ту ва ё модари ту тухфа кофтам». Агар чизе ба хаёлатон наомад, гуед, ки «дар хонаи дустдоштаам будам». Бовари хаст, ки хамсаратон хандида мегуяд, ки

                   -Биё мон, ту ба ки даркори дигар?

  1. Аз андоза зиёд мехрубони хам баъзан хамсаратонро ба шубха меорад. «Чаро у дигар шудааст?» Ин савол уро ба ташвиш хохад овард.
  2. Агар то ин вакт ба хамсаратон тухфае накардаед, ё дигар умуман тухфа накунед ва ё ин корро хеле бо эхтиёт огоз кунед. Дархол ба ёд овардани рузи мавлуди модари у хам метавонад шубхаовар бошад.
  3. Худро хеле табии идора кунед. Бозии чашмхо ва ларзиши овозатон метавонад сири шуморо фош кунад.
  4. Ба махбубаатон факат рузона вохуред. Набудани Шумо шабона дархол хис мешавад. Ман холо мардхоеро медонам,  ки табиб хастанд ва занашон онхоро мачбур кардааст, ки руйхати навбатдории шуъбаашонро бо имзои сардухтур ва ё мудири шуъба ба хона оварад. Хамин хел хар мох! Тасаввур мекунед, ки холо занхо чи кадар доно ва хушёр шудаанд! Хеч ки нашуд кори худро иваз кунед. Мегуянд, ки посбонхои шабона хам пули зиёд кор мекунанд. Як бор зиндаги насиб мешавад.
  5. Агар махбубаатон хангоми вохури бо шумо аз гулоб истифода набарад, боз хам бехтар. Агар ба хар хол истифода бурду буи он ба либоси шумо хам часпид, пас истифодаи арак, ацетон, скипидар, бензин ва ё дуди испанд он вакт ба маврид хохад буд.
  6. Ба дустдоштаатон айнан хамон гулоберо бихаред, ки ба занатон харидаед. Ва ё баракс. Гайр аз ин кушед, ки шампунхо, собун, кремхои шабонаву рузонаи онхо якхела бошанд.
  7. Агар шумо аз руи лабсурхкунак дар костюм ва  ё куртаатон ба даст меафтед, пас бехтараш шумо махбуба доштанро бас кунед!!!
  8. Асрори хонаи пинхонии шахси ва ичораи шуморо бояд ягон кас надонад. (албатта гайр гайр аз дустдошаатон!)
  9. Дар нуктахои серодами маркази шахр бехтараш ба дустдоштаатон пайдо нашавед. Хам барои он, ки мабодо шуморо шиносхои у ва худатону шояд хушдоманатон набинад ва хам барои он, ки дар марказ хама чиз киммат астJ
  10. Агар кори шумо речаи муайян надошта бошад, бозам бехтар. Кормандон ва раисро то тавонед ба худатон химоятгар кунед. Масалан, агар хамсаратон ба чои коратон занг задаву пурсад, ки шаб дар кучо  будани шуморо пурсад, онхо бояд гуянд, ки «бале, Янга, у  бо мо буд! Мо хама каса барои сарфаи скрепка ва скотч дар офис «отчёт» навиштем»
  11. Хам хамсар ва хам дустдоштаатонро ягон лакаби навозишкорона гузоред, масалан, «белкачон». Ин хам барои осони ва хам барои эхтиёт.  Вале агар хамсаратон хам шуморо ногахон бо ягон лакаб, масалан, «Паланги ман» чег зад, дархол фикр кунед. Бепаво нашавед, ки окибати нохуб дорадJ
  12. Агар шумо дар мошинатон хам хамсар ва хам дустдоштаатонро инсу ва он су мебаред, бояд эхтиёт шавед, ки аз дустдоштаатон ягон чи фаромуш нашавад. Вале агар шумо худро безан муаррифи кардаед, кушед, ки ягон чизи хамсари конуниатон хам аз ёдаш набарояд!
  13. Речаи рузи хамсаратонро хуб омузед. Боз дар чорроха ва ё чарогак бар ба бар назанед. Ба ин чиз он гуна чидди ахамият дихед, ки гуё як гушаи бизнеси Шумо бошад.
  14. Бехтар он аст, ки дустдоштаатонро хеч гох ба хонаи худатон (агар оиладоред!) наоред. Хатто агар хамсаратон 1 моха ба Берлин хам рафта бошад! Хар кор шуданаш мумкин аст-ё ончо ягон эпидемия меояд, ё у шуморо пазмон шуда хама чиро партофта хеста меояд. (Аз дасти занхо хама кор меояд!) Гузашта аз ин хамсояхо Шуморо осонакак мефурушанд. Агар ба хона даромаданатонро хам набинанд, деворхо хеле тунуканд, овози у то хонаи хамсоя хох нохох меравад!
  15. Ба дустдоштаатон бехтараш раками телефони хонаатонро надихед ва аз он телефон ба у хеч гох занг назанед!
  16. Телефони уро ба дафтарчаи кайдхо ва ё хотираи телефон сабт накарда, бехтараш аз ёд кунед!
  17. Кушиш кунед, ки телефони мобили ё пейчери худро дар хонаи дустдоштаатон фаромуш накунед. Агар ба он хамсаратон занг занад, ахволатон бад мешавад. Онхо-ку шояд боз дугона хам шаванд, вале шумо он вакт бояд акнун чои хоби дигар ёбед!
  18. Дустдоштахои Шумо зинхор бояд аз атрофиёни хамсаратон набошанд. 100% шикаст хурдани шумо кафолат дода мешавад.
  19. Кушиш бояд кард, ки вохурихои Шумо бо махбубаатон дер давом накунад –«гандааш сари солу хубуш се руз»  бехтар аст. Махбубаатон бо рафтани моху соли зиёд ба накши хамсари дуюматон ворид мешавад-рашк мекунад, азобатон медихад, пулу молатонро гирифтан мегирад. Чи дар кор аст ин барои Шумо?
  20. Хеч гох ба гунохи худ, ки вобаста ба дустдоштаатон аст, икрор нашавед: «-Чаро дари кабинетро аз дарун бастаед?, «-Просто, дар баста- бало баста :)»

==================================================

19.03.2010

Барои чавон мондан баъди 30 солаги.

  • Велосипед харед. Бо он дар кучахои «кудаки ва навраси»-атон чарх бизанед;
  • Бояд дустдоштаи чавону зебое дошта бошед. Хохиши ба касе писанд омадан, чисму рухатонро чавонтар мекунад;
  • Вазни зиёдатиро бояд партофт;
  • Баъди соати 18-19 дигар чизе нахуред;
  • Нушидани маводи  спиртиро бас кунед;
  • Хасадхур бояд набуд;
  • Хашт соат хобидан меъёр аст;
  • Аз сарф шудани пул озурда ва хичил нашавед;
  • Вакте ки шуморо таъриф мекунанд, шак наоред ва шарм хам накунед. Амали дуруст-изхори миннатдори аст;
    Истирохат кунед-дар хавои тоза, лаби об, дар куху чангалзорхо;
  • Ба хама чиз бо шавк бояд таваччух кунед;
  • Аз хар чизи содда шод шуданро ёд бигиред-аз хавои хуб, аз як мугча хам…;
  •  Хушбахти- ин молу чиз нест. Содда зиндаги доштан ва болидарух будан мухимтар аз хама чиз аст;
  • Аз хаёт нанолед, яъне шиква накунед. Умуман аз ягон чи шиква накунед;
  • Хеч гох нагуед, ки ман метарсам, хатто вакте ки вокеан хам метарсед;
  • Шабона харакат кунед, хох пиёда ва хох бо мошин. Аммо пештар аз мошинсавории шабона бояд хоб кард;
  • Саховатмандиро пеша бояд кард;
  • Фаромуш накунед, ки бе ягон сабаб гулдаста тухфа кардан чанд карат гуворотар аст;
  • Баъзе одатхои кудакона ба манфиати кор хам хаст;
  • Чун паррандахо барои имруз бояд зист-на барои рузи рафта ва на танхо бо хаёли рузхои оянда;
  • Барои чавон ба назар расидан кушиши зиёд накунед, ин хандаовар хохад буд. Бояд вобаста ба хамон сину соли доштаатон хубу хостани бошед ва хамон гуна ба назар бирасед!

==================================================

Аз кадом газетае:

      -Дар арафаи соли паланг олимони сохахои гуногуни илми  точик гирди хам омада, ба фикр фуру рафтанд. Онхоро як суол ба ташвиш овардааст: Соли инсон кай фаро мерасида бошад?!

===================================================

 Тавсияи Наврузи:

      Занхои азиз! Махз дар шаби Наврузи мардхои камкувватро аз бокувват фарк карда метавонед. Мархои бекувватро руи хуроки якум хоб мебарад, мардхои бокувватро бошад, руи десерт!

==================================================

      Занхо хамин сол ба хулосае омаданд, ки мардхо вокеан хам хамаашон як хеланд. Фарк факат дар маоши онхост!

==================================================

 Аз сухбати марде дар пивбар:

      Барои ман 10 сомонии аз занам пинхонкарда, сад бор азизу бобаракаттар аст, аз хамон 1000 сомонии дигарам, ки дар дасти уст!

==================================================

Аз сухбати собик фохишае:

      Фарк  байни ошикии пулаки ва бепул, яъне, самимиву вокеи, он аст, ки ошикии пулаки арзонтар меафтад.

==================================================

      Шаби иди Навруз занхо мехоханд, ки мардхо онхоро ба тарабхонаву театр баранд ва онхо баъди ин ба хулосае меоянд, ки ба хонаи он мард раванд ё не! Аммо мардхо бошанд, мехоханд, аввал занро ба хонаашон баранд, то донанд, ки он зан барои уро ба театру ресторан бурдан меарзад ё не?

===================================================

 Аз сухбати муаллифи барномаи «Алла»:

      Медонед, ки барои чи ба кудакон афсона накл мекунанд? Барои он, ки афсона ин киссаи дуругу хеле дахшатборест, ки кудаконро барои хондани газетахо омода мекунад!

==================================================

Аз мусохибаи зане дар кадом мачалла:

      -Мард аз донахои офтобпараст  чи фарк дорад?

      -Занхо донаи офтобпарастро вакти пул доштанашон мехоянд, мардро бошанд, вакти пул надоштанаш!

==================================================

Аз чараёни муоинаи як бемор дар утоки табиб:

      -нафас каш, нафас накаш, нафас каш, нафас накаш…нафас накаш, нафас накаш, нафас накаш, нафас накаш…..

Табиб:

      -Шуд, тамом! Бардоред инашро! Дигарашро биёред!

===================================================

 Суханони охири намояндагони касбу кори гуногун

 Шикорчии хирс:

      -Ха, хирбачча, кани падару модари ту?…

 Дарахтбур:

      -дарахт афтид, дарахт… дара..дар..да…д…

 Зоолог:

      -ана ин мор бошад, тамоман безахр буда, намегазад…

 Хаткашон:

      -о, саги нагз, саги хуб, о.оооо,ааааа…

 Шэф:

      -тухфаи ачоиб, таппонча-зажигалка, кани, як санчем,чи…

 Муфаттиш:

      -ман точно фахмидам-котил шумо будаед!

 Электрик:

      -ана, тамом, хозир светора гирон мекунем..

 Капитани киштии зериоби:

      -хавои киштира тоза кардан даркор аст. Кани кушоед, дару тирезахоро…

==================================================

Аз номае ба Бобои Барфи:

 Духтари муаллифи нома:

      -Маро падару модарам ба каси дигаре оиладор кардани хастанд. Дустдоштаам инро намедонад, ба у чи хел фахмонам?

Бобои Барфи:

      -Ба у гуй, ки хамин шаб як хоби ачоибе диди. Хоб дидаи, ки гулу гулзори бо сад азоб парваридаи уро як фили масте пурра поймол кардааст!

===================================================

Аз навиштае дар дохили автобуси 18:

      -Мусофирони мухтарам! Дар ин воситаи наклиёт факат интирокчиёни шуриши Восеъ хукуки бепул рафтуо карданро доранд!

==================================================

23.03.2010

Дар пештоки заводи машрубот:

     Танхо хамон вакте, ки катраи хуни Шумо пештар аз огози санчиш буг мешавад, донед, ки бояд нушиданро бас кунед. Дар дигар маврид гапи дигаронро гуш накунед. Онхо худашонанд майзада…

==================================================

 Аз дастурамал барои сохибкорони чавон:

     Рохи чалби мизочон аз нархи завод ду се карат камтар кардани нархи пиво аст. Барои чуброн кардани ин фарк нархи хочатхонаро ду се карат аз нархи як бокал пиво зиёдтар гузоред!

==================================================

 Дар тахтаи рекламаи «Чупа-Чупс»

расми он чиз кашида шуда, калон-калон навишта шудааст:

                     -Газидан даркор нест!!!

==================================================

 Дар тахтаи рекламаи шампуни «Эффект»:

         — Шампуни «Эффект»! Муйхои Шумо дар дасти Шумост!

==================================================

 Аз рекламаи як толори суратгири: 

           -Занхои азиз! Ягон чиз Шуморо мисли «Фотошоп» зебо намекунад. Фотошоп-алвидоъ косметика!

=================================================

 13.04.2010

Аз мачаллаи «Илм ва хаёт»:

    -Хатто мухандисон хам хангоми соф кардани батарейкахои пулти телевизорашон  тугмачахои пультро сахт-сахт зер кардан мегиранд ва фикр мекунанд, ки айби онхо аст…!

==================================================

 Аз аризаи шикоятии як точири хурд:

        -Ман хисоботамро супоридам, андозхоро пурра пардохт кардам, аммо хобам намебарад. Гуруснаро вокеан хам хоб намебурдааст…!

==================================================

 Аз хулосаи корманди одди нисбат ба раисаш:

        -У то он дарача хасис буд, ки хатто «визитка»-хояшро хам мефурухт….

==================================================

 Аз хисоботи хадамоти мухочират:

        -Тули 10 соли охир кишварро 1472 физик, 1087 химик ва 985 биолог бо максади дарёфти пул ва чои кори хубе тарк кардаанд. Дар ин руйхат номи ягон корманди БДА нест!!!

===================================================

 Хулосаи на он кадар илмии олими сохаи демография:

        -Никох ва оиладори барои он аст, ки ду кас проблемахое, ки дар танхоияшон умуман надоштанд, миёни хамдигар таксим кунанд!

===================================================

 Аз мачмуаи «Фарки марди мучаррад аз оиладор»:

        -Марди мучаррад аз оиладор чи фарк дорад? Диккати марди мучаррадро хамаи занхо чалб мекунанд, диккати марди оиладорро бошад, хамаи занхо гайр аз зани худаш!!!

================================================

29.04.2010

Баёни мафхуми зан бо истифодаи алифбо

Ашк-яроки зан дар хама маврид; бо он хатто мардро куштан хам мумкин аст!

 Бинион барои чанчол нашудани ду чашми аз якдигар зеботар меистад. 

Вазн-чизе ки зан хаёл мекунад, ки барои мардхо он шавковар аст. Вале шумо медонед, ку мухимтар вазни хамён аст.

Гапзани-мошин ва бензин, чарогу руган, обу мох ива хоказову хоказо. 

Дил-узви хурдакакест, ки як  масчиди калон барин масохат дорад. 

Ёд-ёд  дар занхо хам хасту хам нест, гох хасту гох набуд ва нест, ваг ох аз кучое пайдо мешавад.

Занчира-узви бадани зан, ки табибон намедонанд. 

Ишк-вай когазхову металхои рангаро дуст медорад.

Кутохи-он ба кокул ва муйхо ягон робита надорад,макбултарини кутоххо барои мард, домани кутох (мини-юбка)аст. 

Кушапир-ин холат миёни зану мард метавонад аз дуои кассе боша два метавонад, ки онро фолбину чодугаре мачбури ташкил кунад. 

Лабхо-дар баъзе занхо онхо, яъне лабхо орзу мекунанд, ки чанд дакика бо хам биоянд. 

Муйи сар-накши асоси надорад, вале накши андак хам надорад. 

Ноз-эхсосе, ки факат ба зан хос буда, факат аз руи он миёни марду зан фарк гузоштан мумкин аст.

Овоз-садое, ки баъди сигоркашиатон дар хона ва баъди носкаши боло кардани лаби палос фазои хонаро пур мекунад.

Пойхо-он узве, ки  онро мардхо хам доранд, вале барои он мардхоро васф намекунанд ва шароби бепул намедиханд.

Рашк-бе он хаёт ширин нест ва махз он аст, ки хаётро талх мекунад.

Сардард-бемориест, ки вакти комилан сихату хурсанд будани мард дар зан пайдо мешавад вар ухи болидаи мардро барбод медихад.

Танхои-холати стресс ва дахшатбор барои зан. Духтурон тавсия медиханд, ки хамон вакт зан бояд ба дасташ ойина бигирад. Ду кас  аз як  кас албатта бехтар аст.

Умр-вай ба гумонаст, ки зиёд шавад, вале хар кадар, ки хостед шумо онро кутох карда метавонед. Бачахое, ки акнун оиладор шудани хастед шумо инро ба худатон вобаста накунед.

Фарбехи-холате, ки зан ба будани он бовар намекунад, дар он бора аз мард мепурсад.

Хароби-холате, ки зан онро камоли зебои хисоб карда, мардро фиреб медихад, ки холо манн сину очам рафтам, баъди кудакдор шудан фарбех мешавам.

Хиссиёт-махз бо ёрии он зан дарк мекунад, ки мардхо хамаги як хеланду «одам намешаванд».

Чехра-узви зан, ки аслан барои расмкаши нест.

Чанчол-чизи чудонашаванда барои занхое, ки хамсаронашон дустдошта ва ё хамсари дигар доранд.

Шашу беш-бозии дустдоштаи мардхои руи хавли, ки аксари занхо онро намехоханд ва чанд бор хам вобаста ба он ба нозири минтакави шикоят кардаанд.

Э-бо ин ягон калимаи хуб наёфтам! Э бояд бошад!

Юсуф-баъди дидани он филм 89% занхо шавхархои худро бад диданд. 

Яхдон-нуктаи бехтарини хонаи зан , ки мард барои рох ёфтан ба он чо хатто омодааст, ки занро дуст дорад.

===================================================

 

комментариев 28

  1. Салом бародари азиз Субхон. Хеле оли! Хушхол хам шудам ин навиштаро хонда, махсусан боби охирин (22).

    Нравится

  2. Ба худо, дар холе ки табъам набуд, ин хамаро хондаму хуб хандидам. Илхомат саршор буд, Субхон. Муваффак боши.

    Нравится

  3. AGAR VAZIYAT HAMIN KHEL BOSHAD I LTIMOS MARO ABRATNA BA KHITOY RAVON KUNED.

    Нравится

  4. navishtajot az zaboni tangem dar TJK bud

    Нравится

  5. Мушохида дар шаби соли нав: тамоми мардуми ба кучабаромада дар равуоянд — як кисмашон аз хона ба суйи марказ, назди хайкали Сомони мераванд, ки шояд он чо «ягон гап бошад», кисми дигарашон аллакай рафта диданд, ки «ягон гап набудааст» мукобили аввалихо ба хона рафта истодаанд.

    Нравится

  6. Дуруд, чаноби Субхон! Ханда хам доруст, инсонро табобат мекунад! Вокеан хам зиндагии хар яки мо пур аз холатхои хандаовар аст. Аз навиштачоте, ки дар боло дарч намудед, хеле хандидам! Лекин онхо хам хандаовар буданду хам аламовар. Каламатон хамеша бурро бошад, Чалилов!

    Нравится

  7. Рости баьди шохид шудан ба чунин ИСТЕЬТОД хатто дар чунин холатхое кас аз нокомихои ТОЧИКОНИ АЗИЗАМОН (ШИКАСТИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛАМОН) ДАР ХИЧИЛ ва НОУМЕДИСТ дубора хушнуд мегардад боз дар ин лахза суруди КАХВАХОНАИ шуморо ёфтагием да,,,

    Нравится

  8. Salom, Agar dar xaminjo Andarshoro joy mekarded hele hub mewud akai Subhon ?

    Нравится

    • Саломалейк..Ин сахифа акнун кушиши аввалин аст. Чо кардани чанд бахши дигарро хам дар накша дорам, ки якеи онхо хамин АНДАРЗ, аст, ки шумо гуфтед.(Агар Шумо хамон андешахои кутохи барномаи сахарии Субхи Ватанро дар назар дошта бошед!)

      Нравится

  9. Илтимос конуни кабули алтернативии энергияи офтобро фиристонед

    Нравится

  10. Anikdot
    Dar vaktash yak odam mohi kapi raftast va mohii tiloi kapidast va guftast ki man mehom Prezident shavam. In hohishash ijro shudast
    Boz badi chand sol raftas mohi kapi ki boz hamon mohichai tiloiro kapidast va guftast ki man mehom Samarkandu Buhororo giram, in hohishasham ijroshudast
    Soli 2010 boz mohigiri omadastu boz hamon mohiro kapidast va guftastki man mehom gesi ROGUNRO giram. Va mohicha guftast ki in hohishi shumoro man ijro karda nametavonam.. in shahs guftast charo? Javob dodast mohicha {MAN HUDAM 20.000$ SAHMIYA GIRIFTAGI}

    Нравится

  11. Субхон!!! КАНДАТОНА ХУРЕД!!! Маладес!(молодец) ОФАРИН! Барои «Он чизе, ки мардхо хатман аз зан мешунаванд» ва хамаи он навиштахои ин бахш!

    Нравится

  12. Tashakur!!!!!!!!!!!!!!!!

    Нравится

  13. Гап нест акаи Субхонда….. Ба фикрам акаи Субхон хамаи и корои «неможетбыт ё можетбыт » ай сари касе гузаранд урам зинда монданаш «неможетбыт»-ай Ай дасти и зано хар кор меоя……(Покушения……сковородка кати вакти ай дари хона ворид шудан)

    Нравится

  14. Безани — Гарави Саломатист

    Нравится

  15. ))))))))))))))))))))))))))))))))!!!!

    Нравится

  16. Салом акай Субхон ича чой гап несту хами радиой ВАТАНА дар Дангарахам ташкилкн (убол намеша)

    Нравится

  17. салом акаи Субхон мо фахр мекунем бо шумо

    Нравится

  18. бисёр хуб. чи кадар чизхои вокеан ачоиб ва хуш…

    Нравится

  19. Salom dusti aziz. Agar dar sahfaaton musohiba bo namoyandagoni şeru hunar sanyatkoronu roviyon taşkil mekarded hele olicanob meşud.

    Нравится

  20. AKAI Subhonnn!!! YOU ARE PERFECT BOY,..

    Нравится

  21. Ташаккур барои захматхоятон, Субхон! Мо хам гох-гох аз навиштахои шумо истифода мекунем, маъзур доред:) Вокеан, таронаи «Азиза»-ро аз кучо гуш кардан мумкин?

    Нравится

  22. Аъло, боз хам аъло. Рахмат

    Нравится

  23. Салом Ака СубХон , Хохиш менамоям ,ки ба ман кумак кунед ,дар бораи кушодани сайти интернети, тели ман 939141196

    Нравится

  24. Беҳтарин акаи Субҳон!

    Нравится

Оставьте комментарий