Дар ҳошияи Рӯзи РАДИО

Рӯзи радио барои тоҷикону тоҷикистониён аслан санаи дигар аст, вале анъанаи таҷлили он дар рӯзи 7- уми май аз замони шӯравӣ санаи асосии таъсиси радио ва радиошунавониро дар кишвари мо андаке беранг сохтаву ҳам як андоза онро ба фаромӯшӣ бурда буд. Рӯзи радиоро васеъ ва якҷо бо кормандони соҳаи алоқа таҷлил мекарданд…

Ҳар гунае, ки бошад, РАДИО барои ман бештар аз радио аст, зеро ман бисту чанд соли ҳаётамро дар роҳравҳои ин даргоҳ ва дар студияҳои радиоӣ сипарӣ кардаам. Тахминан тамоми солҳои ҷавониро, авҷи нерӯ ва тавоноиҳои ҷисмӣ ва зеҳниро….Ҷозиба, муҳаббат, одаткунӣ ва ҳатто вобастагии шадиду фарқкунандае дорад радио.

— воситаи хеле осону қулайи дарёфти иттилоъ аст;

— фаврият инҷо бештар таъмин аст ва афзалияти асосии радио нисбат ба ВАО-и дигар аст;

— мактаби бузурги таҷриба аст, ки баъди гузаштани он дар самту соҳаҳои дигар ҳам, ки фаъолият кунед, ба қавли мардум азоб намекашед;

Читать далее

Ним соат аз радио (дар «ТВ Синамо»)

Як пора аз «Пресс Клуб» №100

Бахшида ба 90 солагии Радиои «Тоҷикистон» (Нимшухиву нимҷиддӣ)

Буд набуд радиё буд,

Даргоҳи бе риё буд,

Ҷойи нуру зиё буд,

Гар намебуд радио,

Ма чум дар куҷо будум…

 

Роҳравошай қолинпуш,

Дили ҳама дар хуруш,

Кай созамат фаромуш?

Гар намебуд радио,

Ма чум дар куҷо будум…

Читать далее

Андар боби падари хуб

Дар ҷавоби як пурсиш…

         Пӯшида нест, ки ҳоло шунавандаи радио бештар аз хонандаи ҳафтаномаҳо ва бинандаи ТВ аст. Бартарии радио ҳам ҳамин аст, ки барои онро шунидан қариб ки пул сарф намекунанд, фаврият то ҷое мавҷуд аст, доираи барномаҳо, фарогирӣ ва мавзуҳояш ҳам нисбат ба он ду расонаи дигар фарохтару васеътару шавқовартар аст. Мешавад гуфт, ки имрӯз шунавадаи радио қариб ҳамон хонандаи газета аст, ки намехоҳад ҳар ҳафта пулҳои бе ин ҳам камашро барои харидани ҳафтанома сарф кунад, ҳамон бинандаи ТВ аст, ки шояд онҷо маводи табъи дил ва ба завқаш наздикро пайдо накардааст, шунавандаи радио ҳамоне аст, ки мехоҳад мавқеи ӯро ҳамин лаҳза ва дар ҳамин мавзуъ ки матраҳ аст, мустақиман дигарон фаҳманд, дар миёни назарҳои мухталиф нигоҳу назари ӯ ҳам ҷой ёбад.  Читать далее

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (4)

Ин субҳ аз субҳҳои дигар тафовут надошт. Ҳамон меҳмонхона, ҳамон ошхона ва айнан ҳамон ғизои саҳарӣ. Дар мағозае, ки дар ҳамсоягии мо ҷойгир аст, аллакай бо мо дӯст шудаанд. Мо чанд калимаро аз полякӣ омӯхтем ва онҳо ҳам чанд калимаи дигар аз забони русӣ ёд гирифтанд. Вохӯрии мо аз агентии иттилоотии Полша сар шуд. Корманди ин агенти ба мо ҷойи корӣ, шароиту имкониятҳои онҳо, таҳияи хабар ва масъалаҳои дигарро фаҳмонд.  Читать далее

Касе мехост фазоро ғуборолуд кунад…

Дар шумораи 17-уми хафтаномаи «Миллат», аз 6-уми майи соли 2015 (сахифаи 6)  бо номи «Фазои губоролуди «Субхи Ватан»» маводе нашр шудааст, ки  ба Имомалии Табари таалук дорад.

Ман аслан кушиш намекунам, ки дар хамин холатхо фавран ба чавобнависи сар кунам ва барои худсафедкуни далелу бурхон хам намекобам.  (Боз хам вакте ки ончо ному насаби  ман умуман нест!) Ин маротибаи аввал нест, ки дар бораи «Субхи Ватан» ва  Субхон Чалилов дар сахифаи хафтанома ва мачаллахои кишвар чизе менависанд. Аммо шояд бори аввал аст, ки  хамин гуна нофахмову ночаспон ва бемаксад менависанд. Харчанд он бо як чумла аз Афлотун сар шуда бошад хам, аз он мавод максади муаллифро нафахмидам. Читать далее

«Инҷо Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон!»

Имруз рузи пахши барномахои Радиои Точикистон аст. Он радиое, ки тавонист шунавандаро «офарад», тавонист ба як чузъи зиндагии мардум табдил ёбад. Марди дехкон хатман «Хайёти дехот»-ро гуш мекард, «Театр дар назди микрофон» мехри хунару сахнаи театриро ба дили хазорхо нафар чо кард, холо хам дил ба ёди «Сухбати дустон» гум мезанад, мардум кам хамрозе ба мисли «Хамроз» дошт, акнун дарк мекунем, ки «Афсона барои хурдтаракон» хамаги хакикати зиндагии мо будаанд, «Таронаи шабхангом» куфти рузи пурташвиши кориро мебаровард, «Ахбор»-аш ба ин хад шунидани буд, ки дар он харфе аз куштору таркишу вахшоният набуд, «Манзари адаб» -кони маъниву одоби шоиста буду «Савту калом» пур аз дурри маъни ва савту каломи чонбахш. Ва албатта рузи мардум бо «наво»-и «Шайпур» огоз мегашту то як поси шаб ба Радио пайванди дошт.

Иди Радио барои хама алокамандон, собикадорон, шунавандагон ва хамкорони гироми МУБОРАК БОД!!! Ташаккур барои хама захмату талошхо, барои бо сухан барнома сохтану инсони комил «сохтан»!!!

Мо кушиш мекунем дар зер номи онхоеро, ки аз рузхои аввал то имруз дар Радио фаъолият доштанду доранд, биёрем.Бо маъзарат аз онхое, ки номашонро фаромуш мекунем, аз эшон ва ё наздику пайванди онхо, хохиш мекунам, дар зери ин матлаб ному насаби аз ин чониб  фаромушшударо биёранд:

Читать далее

ТОП-50: 50 нафари хушсаликаи Душанбе — 2014

Огоз.

Дар кишвари мо озмуну чашнворахои гуногун баргузор мешавад, ки аксарияти онхо тарики пайёмхои кутох ё СМС-хо сурат мегирад. Аммо радиои «Ватан» рузи 23 январ инак соли чорум  Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе»-ро баргузор кард. Фарки ин Чоиза он аст, ки инчо номзадхо худашонро пешниход намекунанд-ин корро дар муддати бештар аз ду мохе, ки мо даври интихобиро баргузор мекунем, дигарон бояд анчом диханд, инчо номзадхо барои ирсоли СМС-хо пули худашонро сарф намекунанд ва ба воситаи телефону шабакахои ичтимои аз дигарони овоз доданро хохиш хам намекунанд. Инчо аз миёни номзадхо, ки мардум пешниход мекунанд ва шумораи онхо хар сол бештар аз 400 нафар аст, 50 нафари хушсаликаро интихоб мекунанд.  Читать далее

«Журналистика – ин касб барои мардуми боистеъдод аст!»…

Ин мусохиба чанд муддат кабл дар мачаллаи «Садокат» нашр шуда буд.

Вобаста ба хаёти шахсиатон чизе гуед?

        -Ман дар Файзобод таваллуд шудаам. Хатмкардаи Донишгохи Миллии Точикистон. (Ихтисоси «мухандиси сохаи Радиофизика ва электроника») То соли 2002 дар Радиои Точикистон, дар идораи Чавонон ва наврасон ба хайси коромуз, мухаррир, чонишини сармухаррир ва и.в. Сармухаррир фаъолият кардам. Аз соли 2003 дар Радиои «Ватан» кор мекунам. Холо вазифаи Директори барномахои хамин радиоро ба душ дорам. Оиладор буда, ду писарчаи нозанин дорам — Аличон ва Эхсон. Читать далее

Одоби сухбат бо телефон

  Телефонхои мобили чунон зиёд шудаанд, ки онро  хама чо дар дасти хурду калон мебинем ва хар кас хар гунае, ки хохад аз он истифода мекунад. Яъне, чи хеле ки хохад сухбат мекунад – хохад баланд гап мезанад, хохад мусикии телефонашро (ба он нигох накарда, ки ба касе халал мерасонад ё не), баланд монда гуш мекунад… хулоса, хар гуна ки ба у писанд аст. Ин холатро на факат дар куча, балки дохили автобусу дигар воситахои наклиёт низ дидан мумкин аст. Ва фикр мекунам, ки кариб хама ин чизро медонанд ва хочат барои шарху эзохи он нест. Шояд сабаби хамаи ин надонистани одоби сухбат бо телефон бошад? Намедонам!

Читать далее

19 марти соли 2011

  Борхо мешунавам, ки мардум аз дигаршавии харакату хислати дустонашон шиква ва шикоят мекунанд. Ин ачиб аст: магар калонсолу бузургу ботачрибаву чахондида шуда, дигар нашудан мумкин аст? Яъне ки дигар шудан ногузир аст! Мухим – ба кадом самт ва зери таъсири кадом хаводис дигар шудан аст. Ба ки (ва чи гуна нафар) табдил ёфтани   инсонхо хам гумонам аз хамон чи вобаста аст.

Имруз дар мавриди бадаргаи сиёси, домоди нафарони «калон»  будан, гимнастика барои «баъзехо» ва фарзандони боги падару доги падар навиштам. Читать далее

21 феврали соли 2011

     Дируз хамсарам дар мавриди ким – кадом зане гуфт, ки бо у дар дармонгохи дахонпизишкии кудакона сухбат кардааст. Он зан ба хамсари ман гуфтааст, ки «мо барои тахсили ду кудакамон, ки яке 5 солаву дигаре чанд сол аз у калонтар аст, солона 22,5 хазор доллар пардохт мекунем…»

У бовар кардааст…(Шояд рост бошад, аммо ман бовар накардам!) Мегуфт, ки «вазифаи баланд ва пули бисёр доштан хуб аст, мошинаи киммати чомашуи мехари, хавли мехари, чанд хона мехариву ба ичора медихи, либосу пушоку зиёд мехари». Баъди он, ки орзухояшро шунидам, гуфтам, ки «бо ин орзу ва ниятхое, ки ту дори, хаёлам вакти мансабдор буданам хам ман аз порагири мемирам, ки баъд барои хамаи он пул расад!!!»

Ин навбат дар мавриди сарояндахои «депутатзеб», киссаи момаи Иззатмо, радиохо барои ба ёд овардани замони гузашта, «чаррохии плостики» дар телевизионхо, сохтмон ва пешпардохт, манъкуниву   ичозатдихихо, гуногунрангии зоологи ва рузи Забони Модари навиштам. Читать далее

Интихоби ман (ТВ «Бахористон»)

       Ин сухбат чанд руз пештар аз тарики Телевизиони «Бахористон» пахш шуда буд. Дар доираи як лоихаи телевизионие бо номи «Интихоби ман» наврасони мактаби кариб,  ки дар тамоми мавзуъхо савол доданд. Дар поён шакли кутохшудаи ин сухбатро меорам. Читать далее