Тазод (4)

«Зукоми одди хам на камтар аз каронавирус хавф дорад. Бояд онхоеро, ки хангомаву вохимаро ба миён меоранд, чазо дод. Хангома насозед ва хама чиро нахаред. Бояд ором кору зиндаги кард». Профессор Рошаль аз ФР.

         Ва инак хамон мардумеро, ки як вакт бо кадом овозаи дуруги заминларза ба берун кашидаву то субх дар кучаву даруни мошинхо нигох дошта буданд, боз бо як хангомаи дигари беасос, ки мушаххас аст, ки аз пештар омодакардашудаву хуб тахияшуда аст, фиреб доданд. Мардум халта-халта орду даххо литр равган мехаранд. Вале маро чизи дигаре хайрон мекунад ва дурусттараш чанд саволи бечавоби дигар азият медихад:
— Мардум, ки ба Шумо гуфт, ки карона-вирус ба онхое, ки дар хона 10 халта орду 100 литр равган дорад, кордор намешудасту намечаспидааст? Ягон кас кафолат дод инро?

Читать далее

Вакте модарро зиёд пазмон мешави…

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод (20-уми сентябри соли 2019)

Ҳамдиёрони азиз!

Сафари навбатии мо ба ноҳияи Файзобод дар айёми таҷлили ҷашни муқаддаси миллиамон, яъне 28-умин солгарди истиқлоли давлатӣ баргузор шуда истодааст.

Бо истифода аз фурсат мардуми заҳматпешаи ин диёри зебоманзар ва ҳамаи шумо-ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат ва зиндагии орому осуда орзумандам.

Мо дар ҷараёни боздиди имрӯза бовар ҳосил намудем, ки сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ноҳияи Файзобод самараҳои нек ба бор овардааст. Читать далее

Дар сӯги Бозор Собир (7)

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (3)

Рӯзи мо аз субҳона оғоз шуд. Ҳарчанд “Atos” меҳмонхонаи якситорадор аст, вале субҳона мизи шведии хеле хуб дорад.

Гурӯҳи мо, ки аз се намояндаи Тоҷикистон, се нафар аз Қирғизистон ва як нафарӣ аз Ӯзбакистону Қазоқистон иборат аст, сӯи парлумон – сейми Полша роҳ гирифт. Парлумон инҷо низ аз ду палата иборат аст.

Атрофи бинои сейм, фаромадгоҳ ва роҳраву толорҳои он имрӯз пури мактабиёну донишҷӯён буд. Маълум мешавад, ки рӯзҳои душанбе, ки ягон ҷаласа баргузор намешавад, мақомоти  гуногун метавонад ба он ҷо хаттӣ муроҷиат карда, иҷозати вуруд ва ошноиро ба онҷо ба даст биёрад.  Читать далее

Пешниход (9)

Мо дар замонае зиндаги мекунем, ки чараёнхои гуногун, хаводис ва тагироти зиёд бо иловаи ташвишу мушкил ва махдудиятхое, ки дар зиндаги ва рузгори мо хаст, амалан имкон намедихад, ки мо тамоми протседурахои зарури ва мухимро гузарем, амали созем ва ба низом дарорем. Мо хамаги мухим будани хуччатхо ва кадом варакаву маълумоту далелро медонем, аммо кам нест холатхое, ки дониста кори худро ба маротиб мушкил месозем, амалеро, ки имруз бояд анчом дод ба вакти номуайяне мегузорем ва хамин тарик харочоти вакту пул ва неруи чисмониву рухиро бештар мекунем. Ин навбат ман мехостам вобаста ба хучатгузори, танзими дурусти хучатхо ва ба даст овардану нигохдории онхо нависам. Биёед, аввалтар аз хама дар мавриди худи мафхуми хуччат ва чараёни хуччатгузори аз манбаъхои кушод маводеро бихонем.

     Хуччатгузори – ин мачмуъи маълумот, иттилоъ ва хуччатхо аст, ки ба он тартиби истифода ва татбикашон хам ворид мешавад.  Шояд бо назардошти мухимияти ин самт бошад, ки  дар муассисоти олии кишвари мо хамин гуна ихтисос мавчуд аст ва муттахасисони хамин соха тайёр карда мешаванд.

Читать далее

Касе мехост фазоро ғуборолуд кунад…

Дар шумораи 17-уми хафтаномаи «Миллат», аз 6-уми майи соли 2015 (сахифаи 6)  бо номи «Фазои губоролуди «Субхи Ватан»» маводе нашр шудааст, ки  ба Имомалии Табари таалук дорад.

Ман аслан кушиш намекунам, ки дар хамин холатхо фавран ба чавобнависи сар кунам ва барои худсафедкуни далелу бурхон хам намекобам.  (Боз хам вакте ки ончо ному насаби  ман умуман нест!) Ин маротибаи аввал нест, ки дар бораи «Субхи Ватан» ва  Субхон Чалилов дар сахифаи хафтанома ва мачаллахои кишвар чизе менависанд. Аммо шояд бори аввал аст, ки  хамин гуна нофахмову ночаспон ва бемаксад менависанд. Харчанд он бо як чумла аз Афлотун сар шуда бошад хам, аз он мавод максади муаллифро нафахмидам. Читать далее

ТОП-50: 50 нафари хушсаликаи Душанбе — 2014

Огоз.

Дар кишвари мо озмуну чашнворахои гуногун баргузор мешавад, ки аксарияти онхо тарики пайёмхои кутох ё СМС-хо сурат мегирад. Аммо радиои «Ватан» рузи 23 январ инак соли чорум  Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе»-ро баргузор кард. Фарки ин Чоиза он аст, ки инчо номзадхо худашонро пешниход намекунанд-ин корро дар муддати бештар аз ду мохе, ки мо даври интихобиро баргузор мекунем, дигарон бояд анчом диханд, инчо номзадхо барои ирсоли СМС-хо пули худашонро сарф намекунанд ва ба воситаи телефону шабакахои ичтимои аз дигарони овоз доданро хохиш хам намекунанд. Инчо аз миёни номзадхо, ки мардум пешниход мекунанд ва шумораи онхо хар сол бештар аз 400 нафар аст, 50 нафари хушсаликаро интихоб мекунанд.  Читать далее

Душанбе-Дубай (1)

Ман баъди бозгаштам аз Амрико дар мохи ноябр ба худ мегуфтам, ки «тамом, дигар ба ягон чо намеравам…». Сафархои бештар аз 4-5 руза хатто ба хоричи кишвар ва давлату шахрхое хам,  ки бисёрихо орзуи диданашро мекунанд,  касро монда мекунад. Боз махсусан барои ман ки рузона хар кучое, ки чарх занам, шабона мехохам дар бари кудаконам бошам ё дурусттараш наметавонам, ки дар бари онхо набошам! Сафари навбатии ман бо даъвати ширкати «Qi» ба воситаи шахри Дубай ба шахри Куала Лумпури Малайзия аст. Фурудгохи Душанбе шохиди омаду рафти миллион нафар мешавад, хазор точир, хазор варзишгару корафтода ва хазор мухочири кори махз бо истифодаи  ин фурудгох ва ба воситаи тайёра макони зисти муваккати ва доимии худро дигар мекунад.  Дар беруни фурудгох чамъ- шудахо, ки миёни онхо шиносу рафикони мо хам буданд, аксаран зоирин буданд, ки нияти Хаччи Умраро доштанд. Читать далее

Мехмон атои Худо! Сайёх чи?

    Сафархо барои шумо як чахон сиру асрорро мекушояд. Махсусан, дар самти чалби сайёхон! Зеро ончо мебинед, ки аз чи усулхо истифода мешавад ва чи гуна муваффак мешаванд, ки сайёхони зиёдеро хамасола чалб кунанд?     Дар зер баъзе ишорахо вобаста ба хамин мавзуъ оварда шудааст — чи бояд кард, то сайёхон ба кишвари мо бештару бештар биоянд?

Барои чалб сохтани таваччухи сайёхон аввалтар аз хама имичи хуби миллату давлат лозим аст. Бе он дигар хама гуна кушишу талошхо барои чалби сайёхони хоричи кариб, ки бефоида аст. Хар кас  худашро мисол бигирад: шумо ба кишваре ки ончо чангу чуш аст, кишваре, ки ончо вазъи эпидемиологи бад аст, ё ба кишваре ки чизе фарккунандаву гайриодди надорад, меравед? Албатта не!  Имичи кишвар дар сатхи чахони омили хеле мухими чалб шудани сайёхон аст! Аммо баъдтар аз ин ба назари ман барои чалби сайёхон чи кор кардан зарур аст:   Читать далее

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (11)

        Шаб хавои Нэшвил хеле нарму рохат буд. Ё шояд ман, ки хеле хаставу бехоб будам, аз хамин сабаб хеле рохат хобида будам? Субхи барвакт  берун рафтам. Дарахтони атрофи мехмонхона гуё нав аз назди ороишгари муйю руй омада бошанд –хамаги зарду сурху зардчаву сурхчаву сабзу норинчи….зебо ва аз шамоли гуворои сахари чумбон-чумбон…

        Шабона ман кариб ки сумкаамро накушодаму чизеро берун наовардам. Мо инчо факат як шабем! Моро парвоз ба Портленд интизор аст.

Ба фурудгохи Нэшвил расидем. Он хеле ачоиб аст. Миёни фурудгох бо симдевор чудо шуда пури мехмонхона аст. Аз он чумла мехмонхонаи мо низ дар наздикии фурудгох буд. Тайёрахо баъзан аз руйи купруке мегузаранд, ки поёни он рохи мошингузар аст. Анна хамин гуна «наздиксозии тайёраву одамхову мошинхо» -ро дар фурудгохи Нэшвил дидан мумкин аст. Читать далее

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил (10)

Буду боши мо дар шахри орому сокити Нексвил ба охир расид. То имруз хама хурсанд буданд. Лекин имшаб хайати гурухро бемории санги гурдаи хамгурухи мо Александр Тузов аз хафтаномаи «Вечерный Бишкек» норохат кард. Субх у ба ман занг зад, ки «Субхон, ту ягон доруи таскинбахши дард надори?» Маълум шуд, ки дарди гурдааш хуруч кардааст. Бояд гуям, ки инчо мо хамаамон варакаи сугурта дорем. Хамон ба кор омад. Уро тарчумон ва рохбалади мо Леонид ба беморхона бурд. Баъди навбатпойи ва ташхис санги гурдаро ошкор кардаанд ва акнун уро чаррохи мекунанд. Вале бе нештару хуну халаф! Табибон гуфтаанд, ки баъди 24 соати чаррохи метавони бо гурух дубора бипайванди. Холо ки мо барои рафтан ба пойтахти иолоти Теннесси шахри Нэшвил тайёри мебинем, у бо мо хайру хуш карду рафт барои чаррохи!  Полина, Стелла, Найра ва тарчумони дигари мо Лариса ба мошини Умар нишастанд. Ман бо мошини Дмитрий — хамон шогирди профессор мешинам. Се соат рох аст, сухбат мекунем. Шумо аллакай уро мешиносед. Гуфтам ку, у зодаи Белорусия буда, хамин чо тахсил кардааст ва акнун устоди факултаи журналистика буда, чанд руз пештар бо духтари мексикои Марианна оиладор шудааст.   Читать далее

Душанбе-Вашингтон (1)

Расо як сол кабл ман чун иштирокчии аввалин Форуми чавонони Иттиходи давлатхои Мустакил хамин вакту соат дар Арманистон будам. Аммо имсол хушбахтона маро насиб шуд, ки  Амрикоро бубинам. Ман бо дастгирии Сафорати Амрико дар Точикистон иштирокчии барномаи ба номи Эдвард Р. Марроу шудам. Як шаб аз 21 шаби будан дар Амрико аллакай руз шуд! Хотироти сафарамро хар руз кушиш мекунам, ки инчо нависам, шояд шавковар бошад. Читать далее

«Чашмони шишагӣ ва майнаи пласмассӣ»…

       Бо ташаббуси Очонсии Иттилоотии Точнюс имруз  сухбати фосилавие  баргузор гардид ва ман кушиш кардам, ки ба суоли шунавандахои Радио ва хонандагони он сомона чавоб гуям.  Он сухбатро дар шакли пурра дар инчо хам мегузорам. Мо дар ин сухбат  ба мавзуъхои  мухаббат ва дину ойин, «чашнхои мачбури», даврони чавони ва «сарвайрони», инсон ва чисми бегона, чашмони шишаги ва майнаи пласмасси, тарси журналистон, тарки хислатхои нохуб ва боз чанд мавзуи дигар дахл кардаем. Читать далее