Рост аст, ки…

Ба хар саволе, ки инчо пешниход мешавад, Шумо ба худ чавоб гуед, ки рост аст ва ё не?!

РОСТ АСТ, КИ… (инро пеш аз хам чумла такрор кунед!)

  • обу хавосанчони Точикистон корро дар пеши як фолбине дар Шахритус ёд мегиранд?
  • дар кумитаи кор бо занхо ба кариби шуъбаи кор бо мардхо кушода мешавад?
  • сарояндахои точик ба хулосае омаданд, ки ходисахое, ки дигарон дар клипхояшон фикр мекунанд, онхо дар хакикат ташкил кунанд?
  • кормандони макомоти кудратии Точикистон онхоро нафахмиданд?
  • тарзи дуруститалаффузи он  калима «депутат» аст на «де пУтат»?
  • кудакон аз богча бояд аллакай  ба шароити хизмати аскари тайёр карда шаванд?
  • баъди мачлисхои калон табибони беморихои асаб ва калб серкор мешаванд?
  • мехмони 1-2 соат аст. Рафтану чанд руз дар мехмони истодан аллакай «сафари расми» хисоб мешавад?
  • вакти он акнун расид, ки мо як ТВ дошта бошем, ки факат обу кулу дарёву чашмахоро нишон бидихаду ба мохвора пайваст бошад?
  • баъзехо аз бемори не, балки аз дорухо мемиранд?
  • газетаи  шахси доштан хар мох 1.5-2 миллион сомони фоида меорад?
  • беморро духтурон бояд «клиент» неву «пациент» гуянд?
  • касе вазифаи паст дорад ё умуман вазифае надорад, бояд вазифадоронро эхтирому таъриф кунад?
  • иктисодчиён метавонистанд, ки дар мавзуи «Нархи сесияхо ва фарки суммаи умумии  дар сесия  сарфшуда миёни макотиби оли » рисолаи номазади ва ё хатто доктори химоя кунанд?
  • аз муаллими синфи 7-10 будан дида,  муаллими синфхои ибтидои будан бехтар аст, махсусан синфи 1 ва 11?
  • хамсари доирачиву таблакчихо аз касби интихобкардаи шавхарашон рози нестанд, барои он, ки дастонашон хеле сахт аст?
  • шахрхо бояд на факат дарвоза, балки девор хам дошта бошанд?
  • суммоистхо хангоми оиладори ба хамсарашон 100 000 $ хамчун чарима барои зарари чисмони пардохт мекунанд?
  • актёрхои точик холо ба чанд гурух таксим мешаванд: актёр-рохбар,  актёр-рови, актёр-барои реклама,  актёр барои сериалхои точики,  актёр барои  «Бегараз панд», актёр-журналиства ..просто актёр?
  • дар баргузории  консертхо хам бояд танзим шавад-яъне дар 1 хафта ё мох 1 бор?
  • зеботарин  духтарон дар шахр бояд корманди ТВ бошанд?
  • мардхои корманди Радиохо «бачаи чайра»-анд»?
  • баъзехо тамоми намуди хокахои чомашуиро «Айна» мегуянд?
  • агар зимистон пора мегирифт, баъзе мансабдорон  ба у пора дода, хохиш мекарданд, ки наояд?
  • дар таваллудхонахо будани нуктахои мубодилаи асъор шарт нест?
  • агар номзад ба депутати гуяд, ки «конунро дар бораи дузанаги тахия мекунам ва пешниход мекунам», аксари мардхо уро дастгири мекунанд, харчанд, ки «не, дастгири накардем» гуянд хам?
  • баъди филми «Кухистони» шахрихо хам пул чамъ карда, филми наверо бо номи «Городской» ба навор гирифтани хастанд?
  • руи мо намешавад, ки ба баъзехо гуем, ки «о, бародар, хунар надори, худта гам нате!»?
  • компютер барои мардхои оиладор ва кудакдор дигар зарар надорад,  вай барои мучаррадхо зиёд дорад?
  • холо аз пушти як варзишгар ба мусобика рафтани 4-5 мурабби ва рохбалад муд аст?
  • мардум дар коргар гирифтан тачрибадорро мегиранду дар домодгири тамоман бетачрибаро мекобанд?
  • ба чанд хона мардум бе пул намераванд-ОШхона, ТАРАБхона, БЕМОРхона?
  • консертхои бо фонограмае, ки ончо 10-15 нафар сароянда сурудхони мекунанд, «ГАЛЛАконцерт» ном дорад?
  • дар зимистон мардум хар коре, хам ки кунад,  дар бахор бо об шудани барфхо он ошкор мешавад?
  • кормандони БДА дар холатхои бахси ронандагонро ба «хар чиз» касам медиханд?
  •  одамони машхур ва бузург аз дасти  хамсаронашон  дар охири хаёташон майзада мешаванд?
  • конуни танзим «шустан»-и депутатиро манъ кардааст?
  • мувофики коидахои нав хангоми чудошавии зану шавхар аз ин пас хостгорхоро чарима мебанданд?
  • суд-ичрочи бояд, ки маблаги алиментро то хонаи зани бешавхаре набарад ва ба у хар руз занг назанаду  пешниход накунад,  ки «биё, ягон чо вохурем»?
  • замоне фаро мерасад, ки одамон дигар аз хамшахрихои худ мегурезанд ва онхоро тамоман ба кор намегиранд?
  • хиёнат телефони, интернети, СМС-и ва телевизиони мешавад?
  • хиёнат Радиои намешавад?
  • бисёр чойхое хаст, ки онро мардхо худашон месозанд, вале баъд ба ончо ворид шуда наметавонанд?
  • танкидро метавон рекламаи бепул гуфт?
  • баъди хурдани нахудшурбо ба масчид ва ба концерт намераванд?
  • миллатхое  дар дунё хастанд, ки онхо хам дар туй ва хам дар чанозахояшон арак менушанд?
  • араки пешонаи мардикор хушк нашуда, бояд пули кору захмати уро бидихи?
  • ин коида ба кормандони БДА дахл надорад?
  • сакич хойидани занхо ба вазъи молиявии мардхо зарар мерасонад?
  • рохи асоси ва осони карера сохтан-дар оилаи даркори таваллуд шудан аст?
  • бепули,  афтидан ва аскари-харсе синоним хастанд?
  • бисёре аз мансабдорон фарбехии гусфандро токат карда натавониста, холо факат гушти бузро дар зиёфатхо фармоиш медиханд?
  • собун дар Артиш дар катори яроку аслиха ва тартибот чизи хеле мухим аст?
  • донишчуёне, ки дар шахраки донишчуён тахсил мекунанд, баъзан пинхон мекунанд, ки дар карибии факултахояшон чи чойгир аст?
  • номзад ба депутати бояд пешаки надонад, ки интихоб мешавад ва ё не?
  • холо хангоми хостгори ва тухфахари ба арус хатман телефони мобили тухфа мекунанд, ки бо он маслихаташ бидиханд?
  • арус бояд баъзе чизхоеро, ки намефахмад, факат аз модари худаш пурсад,аз хушдоманаш не, ки айб мекунанд?
  • бойхои Душанбе аз хамсояхои камбагалашон шарм медоранд?
  • дар коргоххои калону мухим ронандаи раис гайрирасми накши муовини раисро бози мекунад?
  • ронандагони Тангемхо ронандагони тролейбус ва автобусро дуст намедоранд?
  • вакте ки шахс сахт гурусна аст, дигар номи хурок мухим нест?
  • дар омузишгохи геологии Душанбе шуъбаи нави  тайёркунии наттокони бахши обу хаво барои ТВ кушода мешавад?
  • зане, ки шавхараш автомашинаи КРАН дорад, пеши зани хамсоя, ки шавхараш як таксии ВОЛГАи зард дорад, фа-ааахр мекунад?
  • кормандони андоз ба таъсири ягон хел дору барои харобшави бовари надоранд, яъне онхо ба ин назаранд, ки барои хароб шудан дору хурдан дакор нест?
  • занону духтарон медонанд, ки агар «хари мард аз об гузарад», вай аз худ меравад?
  • аввал пул чирки даст буд, акнун дар ин «кризис»  чирк «чирки даст» аст?
  • хар шом, вакте номзадхо ба Мачлиси намояндагон суханрони мекунанд, хамаи накшахояшонро намегуянд, зеро баъзеи онхо сирф шахси буда, ба мо дахл надорад?
  • «атестация»- калимаи точики буда, маънояш  «да-аааам гирифтан»  аст?
  • ба як «каландар»  «чил мавиз» кам аст? 
  • тиб хам мисли сохтмон аст-ончо хам охаку алибастер зарур аст ва бе он кор пеш намеравад?
  • занхо хам мисли мардхо имтихон супорида, баъд хуччати ронандаги мегиранд?
  • агар мард сер ба хона ояд, занаш шубха карда, даррав кошу кавокашро овезон екунад?
  • гар аз сари туй маст наои, марди?
  • агар мард  ба зан  хоби хуш орзу  карду зан не,  хеч гап нест? 
  • барои момодояи таваллудхона мухим нест, ки хамсари шумо чи таваллуд мекунад-писар ё духтар. У «корашро» дар хар ду сурат хам бояд анчом дихад?
  • раёсати танзими анъана  ва чашну маросим дар туйхо гуфтани таманнои «сербаччаву серкачча шавед»-ро манъ кардани аст?
  • агар сарояндахо маълумоти олии мусики дошта бошанд,  дер, бо душвори ва бо азоб машхур мешаванд, вале агар надошта бошанд…..?
  • шоирон чанд гуруханд-онхое, ки барои имрузиён менависанд; онхое, ки барои ояндагон менависанд; ва онхое, ки бо он ду гурух шоироне, ки дар боло гуфтем, чураанду халос?
  • дар каллаи холи дониши зиёд чо мешавад?
  • масхарабозони сирк бояд дар як вакт хам режиссёр, хам сенариянавис, хам актёр, хам рови, хам продюссер ва хам масхарабоз бошанд?
  • мардхо ба шифобахш будани захри мор ва хам худи мор тамоман бовари надоранд?
  • онхое, ки Радиои хусуси доранд, мехоханд, ки ТВ-и хусуси дошта бошанд, аммо онхое, ки ТВ-и хусуси доранд, мехоханд, ки  корманди макомоти андоз бошанд?
  • набераи муовини раис метавонад, ки муовини раис бошад, вале раис шуда наметавонад, барои он, ки раис худаш хам набера дОрад?
  • мардхо ва чавонписарон ду хел мешаванд-хавфнок ва тамоман безарару бетаъсир?
  • хостгориро чавонони имруза «храбзани» мегуянд?
  • шахсони доно медонанд, ки бояд дар Радио дигар хел сухан гуянд,  дар ТВ дигар хел, дар газетахо тамоман дигар хел?
  • шаробро занхо фикр кардаанд, то ба чашми мардхо зебо тобанд?
  • «Афсонахои халки точик»  хар хафта рузхои панчшанбе чоп мешавад?
  • барои комёб шудан шиносу дусту чура дошта кам аст, бояд он шиносу ошнову дусту чураи шумо «простой»  набошанд?
  • ракс аслан мардона намешавад, вале факат барои он, ки боз чанд марди дигар бе чои кор намонад, мегуянд, ки «ракси мардона буд, хаст ва боз мемонад»?
  • сарояндахо хамдигарро бад намебинанд, вале нагз хам намебинанд?
  • барномаи «Ахбор»-ро агар кушиш кунед хам «идона» карда намешавад?
  • куртаи нав ба зан мисли 4 истакон шароб ба мард таъсир мекардааст?
  • пиряхо хам чинс доранд-зану мард мешаванд онхо, яъне пирях ва кампирях?
  • хамсари лабчангнавози оркестри асбобхои халки хам бояд хар субх куртаи шавхарашро дарзмол кунаду шиму костюми уро тоза карда ба шавхараш субхона хуронда, уро ба кор гусел кунад, новобаста ба он, ки лабчанг  дар хамон оркестр  шояд дар як мох як бор ба кор ояд?
  • депутатхо агар хоханд, ки мардхоро чазо бидиханд, дузаниро ичозат медиханд?
  • гулПурушони Душанбе бахшида ба Рузи забони точики……..Ин чумла давом надорад?!
  • занхо бо гушхояшон дуст медоранд?
  • занхо пиртар шаванд, дилашон ба хамсарашон, ки аз онхо дида пиртар аст, месузад?
  • аз картошка дида боимчон ФОИДАи зиёдтар дорад?
  • шахс пир шудан бигирад, одатхои нохубашро партофтан мегирад?
  • мард раис шавад, хамсараш метарсаду зик мешавад ва хавотир мегардад?
  • хамаи мардхо (занхо) якхеланд?
  • ба дорухона одамони сихат низ бисёр мераванд?
  • домоду арус бояд хатман дар соли аввали оиладори кудакдор шаванд?
  • мардхои хоричи духтарони точикро дида, хайрон намешаванд?
  • мард бояд хатман бо хамон чуробе ба хона баргардад, ки субх  хангоми рафтанаш пушида буд?
  • холо комиссариатхои харби ба руйхати «коргоххои сердаромад» дохил мешаванд?
  • мардхо ва занхо дар як руз хангоми танхо монданашон 700 маротиба дар бораи вазъияти Ирок фикр мекунанд?
  • «ТАНГем» маънии  «ТАНГ»-иро» надорад?
  • сароянда шудани ровихо ва рови шудани сарояндахо тамоман шавковар нест?
  • паст-паст гап задани волидон барои кудакон бисёр шавковар аст?
  • бахорро мардхо бештар интизор мешаванд?
  • донишчуён бештар пахтачиниро неву алафдаравиро дуст медоранд?
  • табиби хубро аз тамгаи мошинаш хам фахмидан мумкин аст?
  • хама духтурони поликлиникахо мехоханд, ки духтури бозор бошанд, аммо духтури бозор хеч гох намехохад, ки  дар  поликлиника кор кунад?
  •  барои мулло донистани физика, математика, иктисодиёт,  сиёсат ва таърих тамоман шарт нест?
  • хамсояи хуб умри касро дароз мекунад?
  • профессорхо хама чиро медонанд?
  • акл дар пири меояд?
  • баъзан пири худаш танхо меояд?
  • ду чиро аз балкон поён партофтан мумкин нест?
  • мачлисхои бисёр касро фарбех мекунад?
  • факат баъди оиладори кас мебинад, ки хамсараш чиянхои хушру доштааст?
  • пианино аз дутор бо он фарк мекунад, ки пианино дар вакти сухтор дертар месузад?
  • ним килло охан аз ним килло пахта вазнинтар аст?
  • дар мактаби оли «староста» (сардори гурух!)  агар набошад, нархи доллар боло меравад, яъне нарххо тамоман озод мешаванд?
  • агар мард дар зимистон ду хафта паи хам ХОБ бинад, ба бемории пневмания гирифтор мешавад?
  • занро дар гузашта вазири мард мегуфтанд?
  • баъзе духтарон мисли телефони мобилианд-агар пул надошта бошед, онхо муваккатан дастнорас  мешаванд?
  • рэп мусики ва санъати точики нест, бегона аст, аммо опера бошад,  тамоман точики аст?
  • дил мекашад, пул меравад?
  • баъзе беморихо бе ягон дору-худашон сихат мешаванд?
  • холо бисёрихо фикр карданд, ки мо зукомро дар назар дорем?
  • аз 3 чавон дутоашро мачбури зан медиханд?
  • муаллимон мехонанд, ки донишчуи онхо доимо серпул бошад ва зиндагии хуб дошта бошад?
  • табибони меъда барои хал шудани гизохои сахт ду истгох рафтан дар курсии кафои тангемро тавсия медиханд?
  • агар мард тамоман хароб бошад, айби хамсари у нест?
  • агар ба тирхона дароед, хаёл мекунед, ки холо хам СССР пош нахурдааст- хамон хирсак, хамон таёра, хамон бозичахо, хамон санчобаку куттихои тунукагии  консерваи шурави?
  • барои оиладор шудани ду чавон вохурдан ва санчидани хамдигари шарт аст?
  • хамсоя ба хамсояи дигаре бояд хоби хуш орзу накунад, боз хам вакте ки онхо дар ду бинои ру ба руи хам зиндаги мекунанд?
  • духтарон дарсхои тарбияи чисмониро бад мебинанд ё дурустараш на он кадар дуст медоранд?
  • шахс шинохтаву сохибмансаб шавад, бе барномаи «Жди меня» хам хешу табори 100 сол кабл рафта ва гумшудааш низ «автомати»  пайдо шудан мегиранд?
  • ба писарон номхои хуб мондан даркор аст, то фардо онхоро дар ФР гам надиханд?
  • шумо чанд вакт аст, ки телефони ровии барномаи «Субхи Ватан»-ро кофта истодаед?
  • кори намешудани нест?
  • факат дар тобистон туй кардан шарт нест?
  • занхо барои дили мардхоро ёфтан ба онхо гизои болаззат мепазанд?
  • мард  барои рох ёфтан ба яхдони зан ва ба гизохои болаззати ончо буда, хатто омода аст, ки уро дуст дорад?
  • касе вазифаи баланд дорад, бояд бо зердастонаш бо даст салом накунад, нахандад ва бо онхо умуман сари як дастурхон нашинад?
  • зан бояд факат сер бошад?
  • шумо холо маро нодуруст фахмидед, зеро ман гизоро дар назар доштам?
  • он чизе, ки холо Шумо фикр кардед, ба гизо дохил намешавад?
  • рузи 8 март дарачаи баланди «кризис»  буд?
  • рузи 9 март «Рузи байналмилалии бартарафсози ва хисобкунии зарари аз 8 март расида»- ро мардхо кайд мекунад?
  • дар дунё 3 гурух одамон аз касби худ 100% розианд-кормандони ГАИ, БДА ва ГИБДД?
  • хама аскарону афсароне, ки либоси низоми мепушанд,  як буи хосае доранд?
  • дар фасли бахор тавлиди тифлон зиёд мешавад?
  • на хама аз соати 12-и шаб так-так шудани тирезаашон метарсанд?
  • хамсояхо ду хел мешаванд-зан ва мард?
  • аксарияти мардхое, ки сахар медаванд, ба хамсарашон хиёнат мекунанд?
  • «гардиши фурудгох» дигар асту  «фурудгох» дигар?
  • об гуноххоро поки пок намекунад?
  • одамон тули руз (ва шаб!) хох нохох чанд машки варзиширо ичро мекунанд?
  • сину соли духтарон гузаштан бигирад, онхо кадуро зиёдтар дуст медоранд?
  • охири мохи декабр ва аввалхои мохи январ сафи беморони дил зиёд мешавад?
  • агар дар аскари пул ва ё маош бидиханд, сафи донишчуён хеле кам мешавад ва маршруткаи холи хам ёфтан осон мешавад?
  • духтарони шахри барои ширу чаккаву чурготи бепул ва тоза шуда ба чавонони дехоти ба шавхар мебароянд?
  • дар сафедшавии муи сари мардхо занхо ягон гунох надоранд?
  • кормандони таваллудхона хеч гох бо хохиши худашон аз кор намераванд?
  • агар барои дуздиву  охангу таронаву суруд ба хабс мегирифтанд,дар баъзе давлатхо факат 2-3 нафар сароянда мемонду халос?
  • мардхо аз дилсузиашон нисбат ба занхо ду зану се зан мегиранд?
  • калимаи ангур як маъниву калимаи анор ду маъни дорад?
  • занхо мардхои сусту хаппаку шармгинро дигар дуст намедоранд?
  • комиссари харби хеч гох намегузорд, ки домоди худаш ба аскари равад, хеч гох?
  • агар мардхо чаккафуруш шаванд, ягон мард чакка намехарад?
  • одами сихат дар як шаб аз ду маротиба зиёд бедор намешавад?
  • факат одами берахму бе шафкат духтари зеборо аз кор озод мекунад?
  • мардхо доим дар миёни хешу акрабои хамсарашон аз хамсарашон дида хушрутареро мебинанд?
  • ду чизро умуман фурухта намешавад?
  • агар зан ва марде факат дуст бошанд, окибат зан аз ин чиз дилгир мешавад?
  • агар як занро якбора чанд кас дуст дорад, аз ин шабакахои телефони фоидаи бештар ба даст меорад?
  • домоди нав бояд ё нанушад ва ё хеле кам нушад?
  • пеш аз тамошои вазъи боду хаво дар ТВ мардхо бояд каме нушидаги бошанд?
  • ба онхое , ки танхо зиндаги мекунанд, диванхои дукасаро намефурушанд?
  • духтури дандон бояд шиками беморро набинад?
  • устодони донишгох умуман ахамият намедиханд, ки кадом донишчу аз нохияи пахтакор асту кадомаш аз нохияи картошкапарвар?
  • ягон хушдоман домодашро дуст намедорад ва баракс?
  • агар дар муи сарат сафеди диди, бояд баъзе корхоро бас куни?
  • агар духтаре дустдошта надошта бошад ва ё як то дошта бошад, дугонахояш уро таъна мекунанд?
  • агар мард вокеан хам ба курорт барои истирохат рафтани бошад, бояд хамсарашро набарад?
  • дар туйхо хамин ки раккоса ва ё сарояндаи зан ба чашмат зебо тофт, бояд нушиданро бас куни?
  • дар болои мошини домоду арус ду халка маънои онро дорад, ки холо хисоб 0:0 аст?
  • кормандони сеххои хасиббарори худашон хасиб намехуранд?
  • вакте ки зан суруд мехонад, бисёрихо ба матну ба оханг ахамият намедиханд?
  • занхо бояд чанд чизро умуман нахуранд?
  • мардхое, ки шабу руз ба илмомузи машгуланд, ба занхояшон тамоман писанд нестанд?
  • агар писар ба падараш монанд набошад, айб нест?
  • аз се марди вафоткарда дутоаш аз дасти хамсараш мемирад?
  • он мардхое, ки хамсаронашон аз онхо рози нест, бояд айнак бихаранд?
  • агар дар чавони сарояндаи туйгард бишави, дар пири бе нафака мемони?
  • холо чи хеле, ки модари домод келини хуб мекобад, модари духтар хам хамон хел домоди хуб мекобад?
  • агар духтаронро ба хизмати аскари даъват кунанд, хама писарон аз хизмат саркаши мекунанд?
  • хамсарони раису сардорхо ронандаи мошини хизматии шавхаронашонро бад мебинанд?
  • занхои африкои аз занхои точик аз ду чихат фарк мекунанд?
  • агар шахс бисёр хоб равад, дар хаёти хамсараш тагироти чидди ба амал меояд?
  • одам ба одам зиндааст?
  • агар мард бемор шавад,зан аз хамон руз сар карда, барои мошини у «клиент» кофтан мегирад?
  • мард аз 3 кор асло сер намешавад?
  • баъзе занхо намехоханд, ки шавхаронашон ба хона биёянд?
  • нархи билети кино барои ду катори охирин бояд киммат бошад, тахминан мисли нархи якрузаи истикомат дар мехмонхона?
  • барк бошад, суруд хам мешавад?
  • марди хакаики бояд писарашро мачбур кунад, ки касбу ихтисоси уро бигирад, хатто вакте ки у нахохад хам?
  • агар зан хеле зебо бошад, шавхараш доим дар тарсу дар харос аст?
  • агар духтарон то 40 солаги оиладор нашуданд, баъд бахона мекунанд, ки  «кани дар ин замона бачаи нагзу дуруст?»
  • мардхо бояд бо пули карзгирифташуда зан нагиранд?
  • соли оянда мумкин зимистон умуман наояд?
  • кудакони солхои 70-80 ва 90-ро бовар кунондан душвор аст, ки «буз чингилапо неву чингиламу мешавад?»
  • барои хаётро хубтар фахмидан бояд ду се бор оиладор шуд?
  • дасти холи ба ягон чо рафтан даркор нест?
  • баъзе аз рафтан ба хаммоми шахри метарсанд?
  • донишчу дар як сол ду бор нозукихои кори бухгалтериро меомузад?
  • 20% хонахои фурухташуда дар хамсоягии донишчуёни ичоранишин будааст ва сохибони онхонахо мачбур шудаанд, ки хонахои худро фурушанд?
  • шахсони пулдор дигарон ва хамдигарро дуст намедоранд?
  • беморихое хаст, ки аз хамсоя ба хамсоя мегузарад?
  • дар озмунхои маликаи зебои бехтаринро бояд аз руи пухту пазу аз руи чехраи рангуборкардааи у муайян накунанд?
  • инсонхои «хуб» боз инсонхои хуби дигарро чашми дидан надоранд?
  • холо баъзехо хаёл мекунанд, ки «БУХРОН» номи одам аст?
  • шиори ронандагони ТАНГЕМ ва ТАКСИ дар Душанбе бо пешниходи Вазорати наклиёт чунин аст: «Мову ту хамхунем!»?
  • бештари занхо агар ду чиз барои хона харанд, бегох аз шавхарашон пули се-чор чизро мегиранд?
  • забон узви аз хама «асоси»-и инсон аст?
  • номи донишгох ва донишкада барои босавод сохтани донишчу мусоидат намекунад?
  • агар нозири рох дер ба кор равад, падараш ё хамсараш уро сарзаниш мекунанд?
  • обруи зан дар иффату покиаш асту обруи мард дар галстукаш?
  • хамаи мардхо рузи туи духтарашон ё ошкоро ва ё пинхони гиря мекунанд?
  • барои пинхон кардани пул доштани кисса ва ё сумка шарти асоси нест?
  • хамаи маблагхое, ки мард барои дустдоштааш «хайр» мекунад, дар номаи аъмоли у  чун амали савоб навишта намешавад?
  • зан агар хонаи холиашро ба ичора дихад, як фикр дар сар дорад, вале агар мард хамин гуна хонаашро ба ичора бидихад, 3 фикр дар сар дорад?
  • агар мулло дар тарабхона ва ё ошхона хурок хурад, убол мешавад?
  • сарояндахо аз руи чинс ду хел мешаванд?
  • аз хамсояатон будани шахси машхуре  ба Шумо ягон фоида нест?
  • аксарияти шахсони машхур лакаб доранд?
  • бачахои сафедпустро ба аскари намегиранд?
  • духтарон биллиардбози хуб мешаванд?
  • духтар чи гунае, ки бошад, модараш хам хамин гуна мешавад?
  • баъзе мансабдорон хаёл мекунанд, ки якчанд зану дустдошта ва хонахои пинхони доштаи онхоро касе намедонад?
  • баъди аз РТ ба TJ табдил ёфтани раками мошинхои хизмати, вазъи зиндагии дар дохили он мошинбудахо тамоман дигар нашудааст?
  • хамсари дуюм зиёдтар хамсарашро дуст медорад ва эхтиёт мекунад?
  • духтур хангоми ба бемор додани дору  бояд «ош шавад!» нагуяд?
  • оби гарм доим лозим аст, хатто дар фасли тобистон хам?
  • холо аз телефони мобили дида, баъзе газетахо ба мардум зарар доранд?
  • «маладес»-калимаи точики аст?
  • дар хушбахтии домоду арус, мошини аруси накши асоси дорад?
  • мансабдорони мо аксаран ба ТВ ва Радиохои мо таваччух надоранд?
  • телефони мобили ба занхо зарар расонида наметавонанд?
  • дар макотиби оли ректор ба муаллимон барои хавасманди ичозат медихад, ки хар сол як ё ду нафарро дохил кунанд?
  • духтарони зеборо «просто так» ба накши асоси дар филмхо намегиранд?
  • хамаи мардхо хамсари дуюм ва таоми дуюмро дуст медоранд?
  • факат мардуми мо пеш-пеши домоду арус то ресторан ва баъди аз ончо баромадан ракс мекунад, дар дигар чо нест?
  • баъзе занхо барои хам кор аз шавхари худашон хам пул мегиранд?
  • баъди чанд сол мо ба наберахоямон афсонаро аз газетахои хозира мехонем?
  • ронандаи такси шабона ронандахои тролейбус ва автобусро «чашми дидан надорад?»
  • бехтарин чой ва усули рекламаи бепул дар вакти сахар миёни рохи назди сирк ва ё ру ба руи «универсам»  истодан аст?
  • дуд хам ба рохи охан зарар мекардааст?
  • аксари посбонхои коргоху муассисахо давида наметавонанд?
  • дуо рафтааст, ки дар атрофи сеххои хасибистехсолкуни гурбахо хеч гох зиёд намешаванд?
  • мувофики коидахои нави парвоз кабл аз парвоз мардхо бояд чои пулхояшонро бо нишонии фарзандони пинхонии худ ба хамсари конуниашон гуянд?
  • дар дунё ягон чиз «бе размер» нест?
  • барои муаллимон дарсхои тарбияи чисмони  аз дарси адабиёт дида шавковартару хостанитар аст?
  • хангоми амалиёти чаррохи хама табибон бояд хатман дар фикри чарохат ва чаррохи бошанд?
  • гайр аз табибон хеч кас  бояд шабона гизо нахурад?
  • дар дунё чизхое хаст, ки хеч гох кам намешавад?
  • дар соли якуми баъди оиладори фарзанддор нашудани домоду арус дар баъзе чойхо шармандаги аст?
  • гапи «чойи кабуд ба мард зарар дорад»-ро занхо фикр карда баровардаанд ва ба марди хакики ягон чиз зарар надорад?
  • гайр аз сарватмандону мансабдорон дигар ягон кас такдири ояндаи худро намедонад?
  • гург бо забони руси  «Ну, погоди!»  тарчума мешавад?
  • бехтарин чой ва усули рекламаи бепул дар вакти сахар миёни рохи назди сирк ва ё Карияи Боло истодан аст?
  • дуд хам метавонад ба рохи охан зарар кунад?
  • аксари посбонхои коргоху идорахо давида наметавонанд?
  • дуо рафтааст, ки дар атрофи сехи истехсоли хасиб гурбахо хеч гох зиёд намешаванд?
  • мувофики конунхои нави парвоз мардхо бояд кабл аз парвоз чои пулхояшон ва фарзандони пинхониашонро ба хамсари конуниашон гуянд?
  • дар дунё ягон чиз бе андоза (бе размер!)  нест?
  • барои муаллимон дарсхои тарбияи чисмони аз дарси адабиёт дида шавковару хостанитар аст?
  • ронандагони Тангем холо барои давом додани кору фаъолияташон фолбину сехргар кофта истодаанд?
  • дар содир кардани баъзе чиноятхо бахор гунахкор нест?
  • телефони мобили ба узвхое зарар мекунад, ки телефон ончо умуман намерасад, масалан «магзи сар»🙂 ?
  • мо пиёзу гашничи сабзро «сабзи»  неву «кабуди» мегуем?
  • «рох»-и дурустро дар зиндаги факат корманди БДА хуб пайдо карда метавонад?
  • СССР барои он пош хурд, ки он вакт ба модарон барои 10 фарзанд унвони «Кахрамонмодар» медоданду ба падарон не?
  • як кори хуби зан хамаи камбудихои уро мепушонад?
  • келин худро бо хушдоманаш хамон гуна хис мекунад, ки домод бо хушдоманаш?
  • баъзе рохбарону кормандони хокимияти махаллхо хаёл мекунанд, ки агар компютер дошта бошанд, хеле окил мешаванду хама чиро медонанд?
  • кайчиро бори аввал дар дунё кормандони ТВ ихтироъ кардаанд?
  • кухистонии дар кушодихо одат карда, дар тангихои шахр азоб мекашад?
  • иштихо дар зери по асту бало дар таги дандон?
  • зан  нархи чизеро, ки барои мард харида бошад, баъди 100 сол хам ба ёд оварда метавонад?
  • мардхо табиатан хама хели буйро фахмида наметавонанд?
  • мошини хизмати хамон мошини шахси аст, ки факат ракамхои давлати дорад?
  • мухочирони кори баъзан барои он коре ки дар хонаи худашон бепул мекарданд, ончо пул мегиранд?
  • декании хамаи факултахо баробар фоидаовару шавковар нест?
  • компютер ва телевизор хар ду як чиз нест?
  • авкот хурок нест ва онро бояд нахуранд?
  • бакувват будани дилро аз хама дакик баъди мачлисхои калони хукумати фахмидан мукин аст?
  • занхо на хар субх бо шавк ба шавхарони худ чою нону хуроки субхона  таёр мекунанд?
  • бар сари фарзанди МАРДУМ хар чи ояд, бигзарад?
  • коргар рафта-рафта мисли рохбараш мешавад?
  • маколи «инсонро лафзаш халол аст» ба мардхо дахл дораду маколи «як мавизро чил каландар хурдааст» ба занхо?
  • агар сихатии зан хубтару бехтар шудан гирад, сихатии мард бадтар мешавад?
  • шоу бизнеси точики ягона шоу бизнес дар дунё аст, ки дар он охангсоз метавонад, ки як охангро якбора ба 4-5 сароянда фурушад?
  • дар хама коргоху вазорату хукуматхои махалли як чонишини раис бояд ягон зан ё духтари хушру бошад?
  • баъзехо 1000 сол  дар Душанбе зиндаги кунанд хам,  шахри намешаванд?
  • мактаби оли акли ягон касро зиёд намекунад ва хам акл аз маълумоти оли вобаста нест?
  • кормандони идорахои мубориза бо коррупсия бояд каме аз тиб хам бохабар бошанд, зеро аксари порахурон дили чигару асаби харобе доранд?
  • мардум хуб медонад, ки агар сохтмони худашро ба як шахси машхур иртибот дихад, касе гамаш намедихад?
  • мо аксарият дар Радио ва ТВ наттокро аз мухаррир ва муаллиф фарк карда наметавонем?
  • бузургон ду хел мешаванд-фавтида ва хору зор?
  • равоншиноси хуб хатто  аз балкони мардум хам фахмида метавонад, ки сохиби он балкону он хона ки асту аз кучо аст?
  • касе аз зан натарсад, душмани пайгамбар аст?
  • сарояндае, ки худашро «эхтиром» мекунад, бояд вакти машхур шуданаш дигар мастобаву умочу оши буридаву шакаробро нахурад, аёб аст ин?
  •  агар мард фарбех бошад, маълум мешавад, ки хамсараш бовафо ва боакл аст?
  • вакти кахри шудани зану шавхар кудакони онхо бештар азият мекашанд?
  • барои занхо аз хамсари боксчи будан, хамсари футболбоз будан душвор аст,зеро як раунди бокс 3 дакика асту як тайми футбол 45 дакика?
  • сухбати чаррохон хангоми чаррохи сари мавзуи нархи газу бензин аст, агар бемор мард бошад?
  • худи муллохо туморхои худро ба дасту гардан овезон намекунанд, онхо аз дигар мулло тумор мегиранд?
  • баъзехо факат имзо мекунанду пул намегиранд, лекин боз аз хамон касбу кори худ розианд?
  • мард агар субху шом бо дурбин ба балконаш барояд, зик намешавад?
  • пажухишгоху донишгоххо бояд барои дер шавхар кардани духтарони аспирант  ба онхо чуброни зарар супоранд?
  • ширкатхои алока, ки холо дилёби карда, барои «алла» гуфтан пул дода истодаанд,  охиста-охиста  эхтимол барои дигар корхо хам пул диханд?
  • баъзе мансабдорон акнун рузхои чумъа факат барои рузхои шанбе дуо мекунанд?
  • ба мардуми камбизоат раисони шахру нохияхо барои он замин чудо намекунад, ки онхо бо хонахои пастаку лойии худ «дизайн»-и он шахру нохияро вайрон мекунанд?
  • духтароне, ки шавхаронашон аз онхо 30-35 сол калонтар аст,  кариб хама дар як соха кор мекунанд?
  • шарти асосии тахсил дар факултаи хукукшиноси-ин бад дидани фанхои химия, физика ва биология аст?
  • табиби хуб хамон табибест, ки бефоида будани аксар дорухоро медонад?
  • чупа-чупс барои бо дандон газидан нест?
  • мардхои ронандаи Камаз ва Трактор  Фаронсаро хамчун кишвари пешкадами истехсолкунандаи маводи аттори эътироф намекунанд?
  • табибонро бояд бо гуфтаашон карду бо кардаашон не?
  • чавонони даврони шурави аз чавонони имруза факат бо баъзе беморихояшон фарк доранд?
  • маколи «хафт бор чен куну як бор бур!»  факат барои занхо гуфта нашудааст, вай ба хама дахл дорад?
  • барои Абдурахиме, ки баъди 10 соли хатми Донишгох хамкурсаш Шахлоро вохурдааст, дигар нархи рохи пулакии Варзоб тамоман мухим нест?
  • SMS -калимаи ба суруд ва мусики вобаста буда, маънояш-«сурудхои мачбури сароидашуда» аст?
  • агар вакту соати бемор буд нашуда бошад, табибон ягон кор карда наметавонанд?
  • «тимати» номи як намуд шампун аст?
  • хамаи рэперхоро хусуру хушдоманашон бад мебинанд?
  • Дар соли гусфанд озмуни сарояндаи сол гузаронида намешавад?

  • Агар соли 1917 хам Интернет мебуд, ягон хел Инкилоб рух намедод: факат дар фейсбуку одноклассники сахифахои «Болшевики» ва ё ВладимирУльянов пайдо мешуду халос?

  • Онхое, ки проблема доштанду аз бонкхо карз гирифтанд, баъд дарк мекунанд, ки онхо дар он вакт ягон проблема надоштаанд?

  • Шарти асосии кабул шудан ба Донишгохи Тибби –безеб будани хат аст?
    Дар сайёраи Замин акл доими асту ахолии дар холи афзоишёби?

  • Корхонахо холо пеш аз он ки кормандашонро ба нафака гусел кунанд, ба у тавсия медиханд, ки ба тамошои барномахои рузонаи ТВ одат кунад?

  • Агар грипро табобат куни дар 7 руз шифо меёби, вале агар табобат накуни, дар 1 хафта шифо меёби?

  • Андозхоро бояд сари вакт супори, зеро садхо нафари бекор дар хукумати нохияхо интизори хамин маблаг ба воситаи буча аст?

  •  Реклама ба мардхо хисорот ё зарари зиёд меорад, агар хамсари у дар вакти рекламаи ТВ ба дигар шабака нагузарад?

  • Марди хакики хамон мардест, ки зани зебоеро ба хонааш ба кахвануши даъват мекунаду вокеъан хам бо у кахва менушад?

 

 

комментариев 67

  1. Салом Акаи Субхон Шумо суппер , ман ин кадар одами начибро бори аввал мебинам , Вокеан вокеан вокеан хам суппер , бе таъриф » бо шумо дуст шидан мехохам тели ман 939141196 саломат бошед,,,афсус ,
    ки тели шумора намедонум ,,,

  2. рост аст е не аммо ман бовар дорам

  3. рост аст е не ман намедонам

  4. САЛОМ. АКАИ СУБХОН РОСТ АСТ, КИ РОСТ ХАСТ. АГАР КИ РОСТ АСТ, ФИКР МЕКУНАМ КИ ХАМАЧИ РОСТ ХАСТ….

    • Саломалейк….Рост аст, ки рост хаст, аммо мушкил он ростро ёфтан ва нишон додан аст. Агар он осон шавад, дигар хама рост хохад буд!

  5. Ха саволи дирузаро худам навиштаам. Ин духтарчаи шумо нест. ))) Вале акаи Субхон шумо духтарча надоред медонам дар блогатон ду писар дорам навиштед ва сураташона хам дидам боз мегуед ки духтарчаи шумо набошад. ))))

    • Ба хар сурат ташаккур ба шумо…Дигар ба хар чи ки шунидед ва хондед, бо назари шубха аввалтар аз хама назар кунед. Масалан, ман кайхост, ки ба хар чизи шунидаам, бовар намекунам🙂

  6. Асалом. Аз руи шунидаи ман хамон навиштахое ки гуё худи шумо навишта бошед якташ рузи 29 сентябр бо номи Hasan ва як ду таи дигар гуфтанд ки дар акспардоз аст. Ман намедонам акаи Субхон ба ман хаминхел гуфтанд. )))

    • Саломалейк….Андешахои Hasan-ро хондам…Андешахояш бад нестанд, хатто маро таъриф хам кардааст…Агар барои шумо хамин чиз писанд бошад, Хасан, Сирочиддин, Чамшед, Бехруз, Суруш, Абдугаффур… ва хоказо хам МАН хастам🙂
      Ва чизи дигар -Шумо бовари доред, ки хамин саволро худатон ба ман додед?🙂 Духтарчаи ман -Суман хам вактхои охир ким чи хел ба ман бо таачуб ва шубха назар мекунад. Боз хамин Суман хам духтарчаи ман набошад ?🙂🙂🙂

  7. Акаи Субхон шунидаи мо рост аст, ки шумо аз номи дигарон худатон дар блогатон баъзан чавоб менависед??? Ва чанд навиштаатон хам бо дигар ном дар блогатон хаст мегуянд?? )))))

    • Саломалейк….Ман рости гап нафахмидам, ки чи хел ман, масалан аз номи Шумо чизе навишта тавонам? Ман ба хамин навиштахои мардум бо азоб вакт ёфта чавоб менависам…Бовар кунед…Агар шумо нависед, ки масалан мушаххасан кадом навиштаи блоги маро дар назар доред, ачоиб мешавад🙂 Ман ку хонам, кани ба андешахои ман монанд аст ё не🙂 Лекин хатман нависед…Хуб?

  8. A Subhon rostast, ki vakte, ki ba lift medroy lifta gam megira?(vazn)

    • Саломалейк…Рост аст, …Хайрият, ки лифт мисли баъзехо овоз надорад вагарна гуши ГЖК кар мешуд🙂

  9. A Subhon rost ast, ki rishota ba stanoki adnarazvi metroshi?

    • Рости гап, ришома ман бо хар усул метарошам,гох бо исткони одноразовый ва гох бо сачоки дар оби гарм таршуда🙂

  10. Акаи Субхон рост аст, ки журналистон нагз мебинанд ки савол диханд ба дигарон, вале намехоханд, ки ба онхо касе савол дихад? )))

    • Саломалейк…..Аммо ман ба хама саволатон метонам, ки чавоб нависам…Мархамат, пурсед….

  11. рост аст, ки Субхон дархости таронаро бар ивази 30 сент ичро мекунад наба хотири шунавандагон????

    • Cалом…Рост аст бале! Субхон дархости таронаро ба хотири хамон си сенте ичро мекунад, ки ба киссаи каси дигар меравад…..:)

    • рост аст ,ки Субхон Чалилов ба бозии билиард шавк дорад?

      • Рост аст….Ва хам рост аст, ки биллиардхона дар наздикии хонаи ман аст….Агар ончо кассобхона мебуд ман хатман ба кассоби хам шавк пайдо мекардам…:)

  12. Назари шумо ба фаъолияти чавонон дар донишгоху корхонахои кишвар?

    • Саломалейк….Ман шуморо дуруст нафахмидам. Чиро дар назар доред-хам тахсил ва хам корро ва ё ширкати чавононро дар он ду самт?

  13. Саломалек акаш…Ростаст,ки кормандони ГАИ навиштанро дар ХУЧЧАТХОИ ронандагон ед гирифтаанд??)))))))))

  14. Субхон рост аст ки Фарзонаи А ба радиёи Ватан баргаштааст????

    • Саломалейк….Бозгашти Фарзонаи А.-ро имруз дар ВАТАН бештар аз хар вакти дигар интизор хастанд. Хама….Ман хам…

  15. гап нест акаи Субхон

  16. Акаи Субхон рост аст ки:
    1. Занхо футболро барои он дуст медоранд, ки дар вакти тамошои он табаку косаро хам ношуста мондан лозим ааст?
    2. Барои он футболро дуст медоранд, ки мардхо аз кор барвакт ба хона меоянд?
    3. Футболро барои он дуст медоранд, ки дар вакти футбол метавонад оромона ба назди дугонааш равад ва дарди сар нашавад?

    • Саломалейк! Комилан дуруст кайд кардед, ки занхо масалан аз бокс дида футболро дуст медоранд, барои он ки як раунди бокс агар 3 дакика давом кунад, як тайми футбол 45 дакика аст ва боз эхтимоли вакти иловаги хам хаст🙂

  17. Ростаст, ки мулокот барои ошикон дар рестаран нею дар кинотеатр шавковартар мегузарад??))))))))))))

    • Бале, рост аст. агар он курсихои кафои кинотеатр бошаду он чо тамоман кино набошад🙂

  18. Саломалек акаш корот хубан??РОСТАСТ,КИ памияти компютери субхи ватанро дуздиданд???)))))

    • Салом! Рост буд, ки хазинаи маводе, ки дар Субхи ватан истифода мешуд, нобуд шуд. Комп хам дигар токати кору борро гум мекунад…Лекин мо онро бо баркарор карда истодаем…Камтараки дигар монд….:)

  19. Рост аст ки:
    — касе аз зан натарсад, душмани пайгамбар аст?
    — Субхон, ин гапхоро аз кучо ёфти???

  20. Рост аст ки:
    — мактаби оли акли ягон касро зиёд намекунад ва хам акл аз маълумоти оли вобаста нест?
    — Рост аст.
    Рост аст ки:
    — мо аксарият дар Радио ва ТВ наттокро аз мухаррир ва муаллиф фарк карда наметавонем?
    — Рост аст.
    Рост аст ки:
    — бузургон ду хел мешаванд-фавтида ва хору зор?
    — Рост аст.
    Рост аст ки:
    — сарояндае, ки худашро «эхтиром» мекунад, бояд вакти машхур шуданаш дигар мастобаву умочу оши буридаву шакаробро нахурад, айб аст ин?
    — Не, рост нест.
    Рост аст ки:
    — агар мард фарбех бошад, маълум мешавад, ки хамсараш бовафо ва боакл аст?
    — Не, Рост нест.

  21. Саломалек акаш коро хубан??? Ростас,ки Субхон аз бачоо дида бо духтаро гапош хушрутар мечаспад???????)))))))))))

    • Салом! Ин вобаста ба он аст, ки «дар кучо?» -дар эфир ва ё дар зиндагии берун аз эфир.. Аммо гумони худам, ки ман дар хар ду чо хам ба пул бештар майл мекунам🙂 Чи чиз дигар метавонад мухимтар ва пуртаъсиртар аз у бошад?

  22. Саломалек акаш холат хубаст.. Ростаст,ки Субхон дар компютораш группа подержка дорад???????)))))))))))))))))))

    • Саломалейк…..Бародари азиз, Субхон дар хама чо факат ба уммеди Худованд аст, дигар на ба «группа поддержки» бояд умед басту на ба чизи дигаре….🙂

  23. -одам ба одам зиндааст?
    -Ха, агар ин хел намебуд, инкадар кудакон аз кучо,,,,,,,,,,

  24. -аз се марди вафоткарда дутоаш аз дасти хамсараш мемирад?
    -Не ,хар сеяш!

    • Салом…..Ман интизор шудам, ки Шумо кай гапи рост мегуеду ман чавобатон нависам….Ахсан!!!!🙂

      • -дар фасли бахор тавлиди тифлон зиёд мешавад?
        -Не , ба накшагирии онхо зиёд мешавад. Вакти кишту кор……………….

  25. -нархи билети кино барои ду катори охирин бояд киммат бошад, тахминан мисли нархи якрузаи истикомат дар мехмонхона?
    -НЕ , чунки он чо люкс надоштагист.

    • Шумо маълум мешавад, ки катори охири хамаи кинотетархои моро надидаед……Доранд баъзе каторхои кафо ЛЮКС🙂

      • Ман умуман ба кинотеатрхо нарафтаам ва дуст хам намедорам он чойхоро. нагзаш дискашро харида дар хона тамошо кардан аст.

  26. _барои хаётро хубтар фахмидан бояд ду се бор оиладор шуд?
    _Акнун ин маънои онро дорад, ки 70%-и одамон хаётро хуб нафахмидаанд?

  27. _гапи «чойи кабуд ба мард зарар дорад»-ро занхо фикр карда баровардаанд ва ба марди хакики ягон чиз зарар надорад?
    _Агар он марди хакикиро нагзакак давлениёша барорем, сони зарар надорад.

  28. _дар сафедшавии муи сари мардхо занхо ягон гунох надоранд?
    _рост, барои он , ки агар ин хел мебуд, дар руи замин ягон марди муйсиёхро намедидем.

    • Бигзор муи касе аз нокоми сафед нашаваду….лекин бубинед, ки савдои ширкатхои истехсолкунандаи ранг чи хел хуб шудааст🙂 Мегуянд, ки ранги сиёх хеле серхаридор будааст…

  29. _на хама аз соати 12-и шаб так-так шудани тирезаашон метарсанд?
    _ Вале ага хонаатон дар ошьёнаи баланд бошад метарсед.

    • Барои чи метарсед? Шумо худатон гуфтед, ку «танхо зиндаги кардан маънои танхо хобиданро надорад?»🙂

  30. _дил мекашад, пул меравад?
    _не, агар дили у хам кашад, ука намеравад

    • Офарин, вале мушкил хам хамин аст….:) Чи хел муваффак шуд, ки дили уро ба худ моил кард ???

      • _ба онхое , ки танхо зиндаги мекунанд, диванхои дукасаро намефурушанд?
        _Не, чунки танхо зиндаги кардан, маънои танхо хобиданро надорад

      • Чи сухани «илман асоснок»-е🙂 «танхо зиндаги кардан, маънои танхо хобиданро надорад»🙂 Саломат бошед!!!

  31. _аз хамсояатон будани шахси машхуре ба Шумо ягон фоида нест?
    _Не, агар чунин хамсоя бошад, кувваи баркро дар он куча ва ё хамон подъезд хомуш намекунанд

  32. _ хамсари дуюм зиёдтар хамсарашро дуст медорад ва эхтиёт мекунад?
    _ха,чунки у метарсад, ки боз ягон зани худашмонанд уро кашида гирифта зани сеюм нашавад.

  33. _МАрдхо танхо зани дуюм ва таоми дуюмро дуст медоранд?
    _Не, онхо танхо маъшука ва диссертро меписанданд

    • Саломалейк….Яъне, маълум мешавад, ки Шумо кариб ки охирин асрори мардхоро хам фахмидед…Офарин🙂

      • Ба фикри ман онхо зани дуюро вакти хушёришон намегиранд, сони мебинанд, ки дер шудааст

  34. Ростаст,ки баъди нафакаи Субхон Чалил курсии субхи ватанро Эхсони Субхон мегирад)))))))))))))))))))))))))))

    • Саломалейк….Росташ хамин аст, ки ман ба онхо гуфтаам: «агар хохед, ки рузатон ба маош монад, мархамат, курсии ман аз они Шумо аст :)»..

  35. Духтар чи гунае, ки бошад, модараш хам хамин гуна мешавад?
    — Не, рост нест.
    Баъди чанд сол мо ба наберахоямон афсонаро аз газетахои хозира мехонем?
    — Бале, рост аст. )))
    — Агар мулло дар тарабхона ва ё ошхона хурок хурад, убол мешавад?
    — Не, рост нест.
    Номи донишгох ва донишкада барои босавод
    сохтани донишчу мусоидат намекунад?
    — Бале, рост аст.

  36. Субхон, рост аст, ки «насиб» гуфтан, маънеи ХА-ро надорад?

  37. — Тарзи дурусти талаффузи он калима «депутат» аст на «де пУтат»?
    — Рост аст!
    — Ба чанд хона мардум бе пул намераванд-ОШхона, ТАРАБхона, БЕМОРхона?
    — Рост аст!
    — Куртаи нав ба зан мисли 4 истакон шароб ба мард таъсир мекардааст?
    — Не, рост нест!
    — Шахсони доно медонанд, ки бояд дар Радио дигар хел сухан гуянд, дар ТВ дигар хел, дар газетахо тамоман дигар хел?
    — Рост аст!
    — Мардхои корманди Радиохо «бачаи чайра»-анд»?
    — НЕ, рост нест! … ))))

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: