Интихоби ман (ТВ «Бахористон»)

       Ин сухбат чанд руз пештар аз тарики Телевизиони «Бахористон» пахш шуда буд. Дар доираи як лоихаи телевизионие бо номи «Интихоби ман» наврасони мактаби кариб,  ки дар тамоми мавзуъхо савол доданд. Дар поён шакли кутохшудаи ин сухбатро меорам.

Савол.: Оё нафароне хастанд, ки ба назди шумо меоянд, то ки онхоро шумо ба шогирди кабул кунед?

Чавоб.: Барои тачрибаомузи меоянд бештар. Ман фикр мекунам, ки худи ман холи шогирд хастам ва холи бештар, зиёдтар бояд ман омузам, барномахои дигар, шаклхои дигар, услубхои дигар, ки хам замонави бошанд ва хам аз доираи фахмиши шунавандахои мо берун набошанд ва хам ба менталитети мо наздиктар бошанд, пешниход кунам. Ва агар аз хамин тачрибаомузон касе хохиши ширкат кардан дар барнома, хохиши хамкори кардан, хохиши сабт оварданро пайдо кунанд, ман албатта бо камоли хушнуди онхоро кабул мекунам, чаро не?

 С.: Чаро барномахои шумо бештараш шоу асту  тахлили не? 

Ч.: Вакте ки ман, дар Радиои Точикистон кор мекардам, дар идораи «Чавонон ва наврасон», он идора, мисли як шабакаи алохида буд, ки  хама гуна барномахо он чо буд, масалан барномаи варзиши, барномаи техники, барномахои кудакона, барномахо барои наврасон, умуман барномахои масалан «Хамроз» барои дустдоштахо, барои хар нафари дигар, барнома барои аскарон, барои низомиён. Он чо зарурат пеш меомад, ки масалан, ман барномахои сиёси хам тахия кунам, ман сенарияхои калонхачми барномахои наврузиро хам дар Радиои Точикистон навиштам, сенарияи барномахои фархангиро хам навиштаам. Аммо, ваќте ки ба Радиои Ватан ман ба кор омадам, ба ман пешниход карданд барномаи сахариро ва акнун аз руи тачрибае, ки ман дар кишвархои дигар рафтам, омухтаам, аз чумла Маскав, Казокистон, Киргизистон, Узбекистон, Щвеция хар кучо ман ба худи барномахои сахари таваччух мекардам, ки чи гуна услуб аст ин чо. Ва холо хам аз дустони касе аз сафар биёянд ман хатман мепурсам, ки барномахои радиёияшонро гуш карди? Чи чиз буд? Чи барнома дошт? Чи бахш дошт? Ин барои ман бисёр шавковар аст. Ва хар куч, ки ман гуш накардам ва напурсидам, барномаи субхона махсусан, радиёи як чизи сабуке, як чизи пур аз маълумот ва  информатсия ва як чизи ба хазле печида аст.. Зеро тасаввур кунед, ки шумо аз хоб бармехезед, шояд рухатон болида набошад, шояд кадом як мушкили аст, вакте ки бо мошин масалан меоед то чои кор, ё то тахсил,  агар радио гуш мекунед, бовар мекунам, ки як харфи хуб, як хазли бисёр бамаврид метавонад, ки рухи шуморо болида кунад. Максадам хамин аст, ки рухи мардум, ки бе ин хам мушкилоти кам надоранд, аз субх болида бошад! 

С.: Мехостам бифахмам, барои чи аз Радиои Точикистон ба Радиои Ватан гузаштед? Ягон мушкили буд? 

Ч.: На, мушкили набуд.Масалан, шумо хам баъзан, вакте ки кучое кор мекунед, баъзан хис мекунед, ки замоне пеш омадааст, ки шумо бояд пештар биравед ва ман тахмин мекунам, ки ин як кадаме пештар буд. Барои ин ки имкониятхои ин радио васеътар буд, радио навтаъсис буд, ва тасаввур кунед, ки як нафаре, ки уро хафтод сол боз мешиносанд ва як нафарер,, ки хамин руз таваллуд шудааст. Ва шинохта кардани он нафаре, ки дируз таваллуд шудааст ин бенихоят душвор аст. Ва ман тахмин мекунам, ки хамзамон бисёр чиро бо гузаштан ба радиои усули нав, яъне ки бо FM-радио ман дидам ва хамон чо омухтам. Ва фикр мекунам, ки бо, агар кадом як Интернет-радио ташкил шавад, ман шояд, ки ба Интернет-радио мегузарам, барои ин ки услуби нав аст. Кадами дигар баъди FM-радио ин албатта Интернет-радио аст.

С.: Фикр мекардед, ки як вакт шумо шинохта мешаведу ба ин рузхо мерасед? 

Ч.: Аслан вакте касе, ки  аз рузи аввали кори дар бораи шинохта шудан фикр мекунад, у бисёр хато мекунад, ё дар бораи машхур шудан, ё дар бораи  маблаги зиёд ба даст овардан фикр мекунад, у бисёр хато мекунад. Ва мегуянд, ки агар  аз сидк ба хамон корат даст мезани, албатта хушбахт мешави ва як маколро ман мехохам барои шумо пешниход кунам:

 «хушбахти мисли як шабпарак аст, агар аз дунболаш давидан бигиред, вай аз шумо гурехтан мегирад, вале агар ором бошеду ба у ахамият надодед, омада ба китфатон мешинад».

Вокеан хам дар хаёт хамин хел аст ва ин касб хам хамин хел аст, масалан, агар пушти шухрат ва факат аз пушти масалан маблаг давиди, фикр намекунам, ки муваффак мешави. Вале ба ин ду чиз нигох накарда факат, барои шунаванда, барои рухи болидаи мардум, барои иттилоърасони агар кор мекуни, он вакт фикр мекунам, ки ба максад мераси!. 

С.: Албатта шумо гуфтед, ки ман бо гуфтани тарона машгул будам,  дар ин самт  устоди аввалини шумо ки буд? 

Ч.: Ман дар назди ягон кас навиштани таронаро наомухтаам. Хар чи, ки вобаста ба каламкаши аст, ман фикр намекунам, ки устод шуморо тавонад, ки нависанда кунад, масалан агар шумо дар чавхаратон хамон эхсос набошад, хатто намедонам, устодони бисёр бузург, каламкашони бисёр бузурги мо хам наметавонанд шуморо каламкаш кунанд, акаллан то ба дарачаи худашон. Барои он ки бубинед, хар нафаре, ки шогирд мегирад, аввалтар аз хама таваччух мекунад, ки у истеъдод дорад ё не? Ва ман хамту шояд дар деха аз бекори намедонам, ё аз кадом холати дигар буд, кушиш кардам, ки чизе нависам ва хамин чиз пайдо шуд ва ин дар даврони донишчуйи- курси як-ду, вакте ки мо дар манзили ичора зиндаги мекардем ва имконияти васеътар буд, вакти бисёртар буд, хамон вакт менавиштам. Ман албатта ба чанд нафар нишон додам, аммо аз касе напурсидам, ки инро бояд чи хел навишт ва аслан аз касе намепурсам ин чиро, зеро ин сирф андешаи ман аст.  

С.: Байни Радиои «Ватан» ва дигар радиохо ягон ракобатеро хис мекунед?

Ч.: Яъне, ки ракобат миёни радио! Аслан, вакте ки ракобат миёни радиохо нест, пешрави дар кор дида намешавад. Масалан, тасаввур кунед, ки худи шумо факат як телевизион доред-ха? Тасаввур кунед! Як телевизион доред ва шумо рови хастед. Шумо намедонед, ки масалан дар кадом сатх карор доред, мефахмед? Дар кадом сатх карор доштанро намедонед. Вакте ки радиёхои дигар пайдо мешавад, телевизионхои дигар пайдо мешавад шумо дарачаи- яъне, ки мавкеи чойгиршавии худро муайян карда метавонед, инро аз чанд пахлу фахмидан мумкин аст: аз руи он ки чи кадар реклама дар барномаи шумо меояд, аз руи он ки чи кадар зангхои телефонии хастанд, чи кадар смс масалан ба барномаи шумо меояд, фахмидан мумкин аст, ки то чи андоза шуморо гуш мекунанд. Ва ракобати солим миёни радиои мо ва радиёхои дигар хаст ва бояд бошад. Ва вакте ки ракобат нест, пешрави нест.

С.: Як суоле ин чо ба миён меояд, ки: имруз ба андешаи шумо чаро дар радиохои хам мустакил ва хам масалан хукумати гуем агар, барномахое, ки мустакиманд, яъне бештар тавассути зангхои телефони тахия мешаванд,зиёданд? Барои чи?

Ч.: Аслан фикр мекунам, ки услуби онлайн  ин хам осон аст ва хам ба шунаванда писанд аст. Ин дар тамоми дунё хамин хел аст, дигар хамаги барномахо мустакиманд ва ин бояд хамингуна бошад.

С.: Шумо кадом донишгохро хатм намудаед?    

Ч.: Ман вакте ки мактаби миёнаро хатм кардам, як сол дар нохия кор кардам, ба кучое дохил нашудам. Баъди як сол хостам, ки ба Акадмеия милиса дохил шавам. Шумо бовар намекунед. Намедонам, акнун холи агар ман бо либоси корманди милиса мебудам, ба назари шумо чи хел менамудам? Хуб, ман хостам, ки ба Академия милиса дохил шавам ва хатто ман як мох аз назари духтурон гузаштам, кариб ки пурра. Ва як сухбати мо бо устоди Донишгохи Милли боиси он шуд, ки ман аз андешаам гардам ва ба Донишгохи Милли хуччат супоридам, ба факултаи физика, шуъбаи он вакт навтаъсиси «радиофизика ва электроника». Ва ман он факултаро хатм кардам бо ихтисоси мухандиси сохаи радиофизика ва электроника ва ба пешниходи баъзе устодоне, ки он вакт дар аз рохбарони факулта буданд, рози нашудам, ки дар он факулта бимонам ва хаёти худро пайвастам ба радио.

С.: Шахсоне хастанд, ки занг мезананд, вале бо шумо сухбат накарда, гушаки телефонро мегузоранд. Шумо дар ин маврид ба газаб меоед? 

Ч.: Албатта шунавандахо гуногун хастанд, дарачаи фахмиши онхо гуногун аст, баъзеашон бори аввал занг мезананд, баъзехо мехоханд, ки факат садои худро дар эфир бишнаванд. Шунавандахо тасаввуроти хар гуна, психологияи хар гуна доранд, дониши хар хела доранд. Ва ман кушиш мекунам, ки вобаста ба сатхи дониши онхо бо онхо сухбат кунам. Баъзехо мегуянд, ки масалан мардум бояд, ки аз пушти як рови биравад, масалан бояд, ки ба мардум рох нишон бидихем вале ман фикр мекунам, ки баъзе аз мардумон хастанд, ки ровихо бояд аз онхо омузанд, баъзехо бисёр хуб гап мезананд, андешахои бисёр чолиб доранд. Ва албатта, баъзан холатхое мешавад, ки ман ба газаб меоям, вале кушиш мекунам, ки ин чиро шунаванда нафахмад. Ва аслан, ман вакте ки дар газаб хастам, ё вакте ки ман мушкили дорам, ё пул надорам масалан-а, ё кадом як проблема дар хона дорам, ё кадом як мушкили дигар, ман кушиш мекунам, ки ин чиро шунаванда нафахмад, зеро барои шунавандаи ман мушкилоти зиндагии ман ё мушкилоти равонии ман аслан мухим нест, шавковар хам нест. Барои хамин, факат ки он чо бояд рухи болида бошаду хабар бошад, иттилоъ бошад, яъне ки як фазои бисёр фарккунанда.

С.: Кор кардан дар  кадом соха мушкил аст- радио ё телевизион ва ё газета?

Ч.: Медонед, умуман дар хама чо агар кас масъулиятшинос бошад, кор кардан бисёр душвор аст. Масалан, агар ман тасаввур кунед, ки дарбони хамин бинои телевизиони «Бахористон» бошам, масъулияти хеле гарон дорам ва кор кардан дар ин чо хам бисёр душвор аст. Агар ман богбон хам бошам, бисёр душвор аст, агар ман хамон масъулиятро хис кунам. Ва вакте ки тасаввур кунед, ки якуним миллион нафар, агар доираи атрофи Душанберо бигирем ба хисоби миёна, якуним миллион нафар вакте ки шуморо гуш мекунанд, ба фикри шумо як харфе гуфтан, ки масалан, касе озурда нашаваду як харфе гуи, ки  рухи бештари онхо болида шавад, ба фикри шумо ёфтани ин харф осон аст? Не! Ва тасаввур кунед, ки андешахо гуногун хастанд, хар кас хар хел мефахмад ин чиро. Баъзехо хатто чонибдори он нестад, ки масалан дар эфир ман бихандам. Намехоханд масалан, ки рови бихандад. Касе  ин чо савол дар бораи барномахои чиддитар дода буд, баъзехо мехоханд, ки аз субх хам, аз соати 6 хам, барномахои сирф масалан илми, сирф барномахои печида, сиёси ё барномахои хеле чидди пешниход шавад, ки ин чиз махсусан дар FM-радиохои хусуси, кобили кабул нест. Дар аксари барномахо, тасаввур кунед дар телевизион хам дар радио хам, кушиш мекунанд барномахои субхона барномаи диккатчалкунанда бошад. Ва аз руи агар реклама хам хисоб бикунем, шояд шумо маълумот надошта бошед, масалан як реклама дар барномаи сахари, агар дах сомони арзиш дошта бошад, хамон реклама, баъди нимаруз аз соати 3 то 4 як сомони арзиш дорад. Тасаввур кунед, ки акнун чи гуна мавкеъ доранд барномахои сахари махсусан. Ва дар мавриди масъулиятшиноси ва душвор будан гуфтани хастам, ки албатта душвор аст. Масъулияти ин чиро хис кардан душвор аст. Худи кор кардан бо дастгоххову хабарро аз интерент тарчума кардан шояд душвор набошад, вале масъулиятро ичро кардан, бенихоят душвор аст.

С.: Шумо мехохед, ки писари шумо мухандис шавад, ё ин ки журналист? 

Ч.: Ман мехостам, ки писари ман аввал як инсони хуб шавад, як инсони комил бошад ва як бачаи хуб шавад. Мисрахои:

Точикистон, кишвари бар хеш мансубат кам аст,

Котибат афзун, вале яктову махбубат кам аст.

Модари точик, ман хоки кадамхоят шавам

Бачаат бисёр, аммо бачаи хубат кам аст

маро метарсонанд. Ва ман мехостам, ки у аввал бачаи хуб шавад ва баъдтар аз хама, албатта аз истеъдоди у вобаста аст. Масалан, агар у хохад, ки инженер шавад, ман наметавонам уро мачбур кунам, ки биё хамрохи манн рови бош… Ман метавонам, ки уро ба кор дар радио чалб кунам, вале  ин корро аслан анчом намедихам, ба хотири он ки шояд у истеъдоди сухбат кардан, сухан гуфтан,  таваччухи чамъро ба худ кашидан надошта бошад. Барои хамин, хар ихтисосе, ки масалан дар чавхари у хаст, метавонад аз руи хамон кор кунад ва ман низ мусоидат намекунам, ки  у иваз кунад ихтисоси худро ё дигар кунад. Ман кушиш мекунам аввалтар аз хама, ки у инсони хуб бошад ва барои расидан ба максаде, ки у худаш дар пеши худаш мегузорад, ба у албатта кумак мекунам.  

С.: Дар зиндаги аз чи метарсед? 

Ч.: Дар зиндаги аз хар чизе, ки як инсони солимакл бояд тарсад, метарсам: аз оташ метарсам, аз заминчунби, аз дуруг метарсам, аз хар чизе, ки инсони комил бояд тарсад, тарсидан лозим аст, барои чи не?!

С.: Мехостам бифахмам, ки бо журналистони телевизион ракобат доред? 

Ч.: Аслан радиоро бо телевизион мукоиса кардан ин дуруст нест! Масалан, телевизион хусусиятхои хоси худро дорад, ки шояд ман низ хамчун корманди радио намефахмам. Аммо радио низ боз хусусиятхои хоси худро дорад, ки шояд баъзе кормандони телевизион хам ба дарки он нараванд. Мукоиса кардани радио ва телевизион дуруст нест. Аммо мукоиса кардани масалан, радиёхо дар мачмуъ ё фаъолияти журналистон дар мачмуъ, ё хаёлоти журналистон дар мачмуъ мумкин аст. Ва мо бо бештари онхое, ки дар телевизион кор мекунанд, робитаи дусти дорем, дар барномахо андешахои худро мегуем ва холатхое мешавад, ки масалан дар барномахои онхо ба хайси иштирокчи не, ба хайси тамошобине, ки берун аз камера аст, назора мекунем ва ба якдигар пешниходхо мекунем ва баъзан холатхое мешавад, ки аз якдигар чизеро мепурсем. Робитаи дусти дорем, албатта бе ин намешавад

С.: Аввалин барномаи шумо дар радио кадом буд?    

Ч.: Вакте ман ба Радиои Точикистон ба кор омадам, аввалин барномаи ман барномаи варзиши буд. Ва харчанд, ки ман онкадар дустдори варзишам набудам он вакт ва таваччухи кам доштам, мисли он ки холо таваччухи он кадар зиёд ба варзиш надорам, дар мисоли масалан пайгири кардани хама навигарихо. Аммо дар Радиои Ватан барномаи аввали ман ин барномаи «табрикоти» буд, ки нимаруз пахш мешавад.  

С.: Вакте ман бори аввал шуморо дар телевизиони Сафина дидам, дар барномаи «Лаззат» ва ман дар хайрат афтодам, ман аввал фикр мекардам, ки шумо донишчуйе хастед ва оила надоред ва харобак хастед…

Ч.: Бештари шунавандахое, ки ба радио таваччух доранд, ман вакте ки дар телевизион кор намекардам савол медоданд, ки: шуморо аз кучо ёфтан мумкин аст? Ё назди шумо биёем ё не? Ман мепурсидам, ки: ба фикри шумо умуман ман чи симо дорам? Ва аксарияти онхо мегуфтанд, ки шумо як нафаре хастед, ки сафед хастед, дар чашматон айнаки сафед аст, шумо хароб хастед, хулоса, ки кадатон пастакак аст, хамин хел тасаввур мекарданд аз овоз. Ва баъди он ки дар телевизион дар чанд барнома ман рови будам ва маро диданд, он вакт назари мардум дигар шуд. Ман ягон бор сабти садои худро гуш накарда будам, махсусан дар Радиои Ватан. Ва як замон аз радиои чамъиятии Шветсия ду нафар ба мо дарс гуфта буданд. Пештар аз он ки моро даъват карданд ба Шветсия, ин чо ду мох мо аз ду нафар мутахассис дарс хондем ва якеаш маро вакте ки сухбат мекард, гуфт ки «шумо барномаро нишаста мебаред ё рост?» ман гуфтам ки нишаста. Баъд гуфт ки «шумо кушиш накардед, ки рост барномаро баред?» Гуфтам, ки не, мумкин аст? Гуфт, чаро не? Масалан, ман гуфт, барномаро рост истода мебарам. Ва ман як-ду маротиба кушиш кардам, ки рост сухбат кунам, бисёр кулай аст. Ким-чи хел як озодиро кас хис мекунад. Ва хамон зан пурсид, ки «шумо сабти сухбати худро гуш кардед?» Ман гуфтам, ки не. Гуфт, ки «имруз гуш мекуни ва фардо ба ман мегуи, ки чи буд!» Ва ман барномаи худро сабт кардам  ва дар утоки кори гуш кардам. Ва соати 11 ворид шудем ба дарсхона, ки он ду нафар моро дарс медоданд. Ва аввал аз ман огоз кард, ки: гуш карди садоятро? Гуфтам, бале! Чи хел? – гуфт. Гуфтам маъкул нашуд. Вокеан хам, садои ман вакте ки бори аввал гуш мекардам, ба ман писанд наомад ва ман фахмидам, ки… аксари ровихо хамин хел буданд, яъне ки садои худашон ба худашон он кадар писанд нест ва фикр мекунам, ки манам  дар хамон холат будам… Баъд гуфт, ки «дидед, ба худатон писанд нест! Вакте ки барнома ба худатон писанд намеояд, садо ба худатон писанд намеояд, фахмед, ки ба дигарон хам маъкул намешавад». Ва ман кушиш кардам, ки ин услубро камакак дигар кунем, гапзанию сухбатро камакак дигар кунем ва намедонам то чи андоза акнун муваффак шудем.  

С.: Оё шумо нафареро танкид кардаед?  

Ч.: Аслан, ман холо ба он дарачае, ки масалан, тавонам, ки касеро танкид кунам ва ба у рох нишон бидихам, фикр мекунам, ки нарасидаам. Ва хар чи ки ман дар эфир мегуям, ба унвонии хар касе хам ки бошад, ин факат ба тарики як хазл аст, хачв аст ва зарофат аст, шухи аст. Аммо чидди касеро танкид кардан, ё як шахсияти алохидаро, ин гуна холат набуд. Вакте касро танкид мекуни, аслан бояд, ки варианти дурустро барои у пешниход куни. Масалан, вакте ки шумо маро танкид мекунед, бояд пешниход кунед, ки ман чи кор бояд кунам ислох шавам, агар шумо худатон донед ин чиро. Ва барои хамин танкид кардан хам, фикр мекунам, ки чизи соддае нест, чизи бисёр душвор аст. Ва ман бисёр хурсанд мешудам хамон вакт, ки  агар кадоме эрод мегирад ё танкид мекунад, ё дар блог менависад чизе, ё ба почтаи электронии ман чизе менависад мефиристад, ман аз ин чиз бисёр хурсанд мешавам. Ёди ман хаст, ки як ман ба рухсати мерафтам, дар эфир нагуфтам, ки ба рухсати меравам ва хостам, ки шунавандахоро як бор бисанчам, ки чи гуна таваччух доранд. Ва гуфтам, ки «Ин охирин барномаи Субхи Ватан аст, дигар барномаи Субхи Ватан пешниход намешавад, хуб, хар чи ки ман ба шумо гуфтам, агар нодуруст гуфтам, ночо гуфтам, шумо озурда шудед, аз шумо маъзарат мепурсам». Хулоса, хамин гуна чамъбаст кардам, ки баъзехо фикр кардан, ки тамом- ман рафтам ба деха ва аз пушти кору бори деха ва  дигар ба радио намеоям. Ва чанд муддате, ки рухсати буд, хар руз почтаи электронии худро тафтиш мекардам. Дар ин муддат як нафар духтар  факат, аз миёни чанд касе, ки нома навишт, навиштааст, ки: «Вокеан хам радио чои шумо набуд! Шумо бояд барвакт аз радио мерафтед, шумо барои радио нестед! На садоятон, на андешахоятон, на шухихоятон ба ман маъкул набуд!». Ва вакте, ки баъди як хафтаи рухсати омадам ба эфир, аввал аз хамин нома сар кардам. Ва гуфтам, ки «Ташаккур мегуям ба хамин хонум, ки ба почтаи ман навиштааст, дар мавриди барномаи ман» ва айнан хамон нома чи хеле, ки буд хамонро дар эфир кироат кардам.

С.: Шумо хам дар радио ва хам дар телевизион кор ва фаъолият мекунед. Гайр аз ин корхо боз кори дигар низ мекунед?

Ч.: Ман холо дар телевизион фаъолият надорам, хамон карордоде, ки мо ду сол доштем бо телевизиони «Сафина» кайхо ба охир расид ва дигар онро мо тамдид накардем. Холо бошад, факат дар радио кор мекунам, баъзан дар газетахо ягон чи менависам ва холи як машгулияти дигар пайдо кардаам, ба блог одат кардаам ва як блоги худро дорам, он чо расмхоро мегузорам, он чо хар чи менависам  ва ин як машгулияти чи хел гуям… барои ман бисёр писанд аст. Ва хар руз мехохам, ки ба блог ворид шавам, хар руз мебинам, ки чанд нафар ворид шуд, ки чи навишт…. ва ин як машгулияти дустдоштаи ман шудаст.

С.: Шумо кадом намуди варзишро дуст медоред?

Ч.: Радиои «Ватан» 3 сол аст, ки пушти хам дар мусобикае, ки миёни кормандони ВАО баргузор мешавад, дар зинаи сеюм аст, аз руи намуди футболи хурд (мини футбол), акнун шояд камакак таъриф хам шавад, дар охирин мусобикае, ки як сол пештар буд, тими Ватан зинаи сеюмро гирифт ва ман бехтарин дарвозабон будам, шумо бовар намекунед. Ва утоки кории ман агар ворид шавед, мисли он ки дар студияи шумо расмхо хастанд, шояд як панчсад расм дар утоки кори дар деворхо часпонида шудааст, ки ончо ифтихорнома хам асту, намедонам, дипломи кадом як курс ё сертификати кадом як курс, баъд хамун медали бехтарин дарвозабон…Ман чизеро ба хона намебарам аслан. Холиям  агар баъзе тухфахоро ба радио меоранд, дар утоки кори  ман  онхоро овезон мекунам.

С.: Метавонед худро дар хамин чо, як лахза худро дар эфир тасаввур кунеду  барномаатонро оѓоз мекунед?

Ч.: А, огози барнома-ха? Аслан, огози барнома кариб, ки якранг аст, кулохи барнома садо медихад бо садои ман. Он чо як мусикиро мо интихоб кардем ва матнро ман фикр кардам, намедонам, чи хел матн буд, албатта аз назари устодо гузашт ва он матнро сабт кардем. Ва баъд он кулох садо медихад, ман тахминан хамин хел сар мекунам, ки «Субх ба хайр, шунавандагони азиз! Огози боз як субхи дигарро барои шумо самимона табрик мегуям ва шуморо даъват мекунам ба шунидани барномаи Субхи Ватан! Субхон Чалилов хастам, ин радиои Ватан аст, руи мавчи 106 FM дар Душанбе ва атрофи он, ва мавчи 102,4 FM дар вилояти Хатлон! 223-21-06 телефони мост, мархамат, метавонед занг бизанед ва агар имкон доред смс бифиристед ба раками 10600».

С.: Дар кадом синну сол ба фаъолияти журналисти шуруъ кардед?

Ч.: Ман аз курси сеюм, тахминан солхои 1999. Ва фикр мекунам, ки синну сол факат барои интихоби мавзуъ шояд, ки таъсир мерасонад. Масалан, бубинед, ки онхое ки хурдтар хастанд барномахои дигар, умуман барномахое, ки ба завкашон наздиктар аст пешниход мекунанд. Дар радио умуман синну сол факат ба интихоби мавзуъ таъсир мекунад. Дигар фикр мекунам, ки мухим нест. Ман вакте ки дар Стокголм масалан будам, бо  як нафар муйсафеде вохурда будам, ки барномаи сахари дошт. Синну солаш калон, шояд, ки ягон 60-сола буд. Ва у гуфт, ки ман бисёр мехостам, ки забони русиро омузам. . Ва мо хамрохи як хамкорамон гуфтем, ки «биё ба у забони точикиро ёд медихем, чанд рузе, ки ин чо хастем ва мегуем, ки хамин забони руси аст, тамом, у омухтан мегирад!»

Яъне ки синну сол комилан мухим нест ва фикр накунед, дар барномаи сахариро бояд як нафари чавон чо рови бошад, ман ин чиро дар Стокголм дидам, ки як пирамарди кухансоле хам метавонад, ки ровии барномаи сахари бошад.  

С.: Гайр аз шумо дар оилаатон боз ки ба ин касби шумо шавк дорад?

Ч.: Албатта хама шавк доранд дар оилаи мо, лекин касе журн­алис­тикаро интихоб накардааст, бародарони ман яке Донишкадаи Иктисодии Точикистонро хатм кард, дигаре хатмкардаи Донишгохи Тиббии Точикистон аст, хамин сол донишгохро хатм кард, бародари дигари ман, ягона нафарест аз оилаи мо, ки дар сафи Куввахои Мусаллах хизмат кардааст ва у аз он ки дар сафи Куввахои Мусаллах хизмат кардааст, дар оилаи мо мавкеи баландтар дорад. Яъне, ки ба у хатто баъзе корхоеро ичозат медиханд, ки масалан, барои ман ичозат намедиханд.

С.: Чи гунае, ки шоири бузурги мо -Рудаки гуфтааст:

Марди набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигири, марди!

Ман бо ин шеърхо гуфтаниям, ки журналист чи гуна метавонад, ба оилахои камбизоат ёрии худро расонад?

Ч.: Аз Рудаки ёдрас шудед, ман чанд руз пештар аз сафари Панчруд омадам, инро мехохам барои шумо кисса кунам. Аз Панчруд, аз Панчакент баргаштам-як диёри вокеан мардуми хунарманд ва барои ман шарафи бисёр бузург буд, ки ман он чоро зиёрат бикунам. Аммо дар мавриди суоли дигаратон ин аз адабиётхои дини хам барои шумо маълум аст ва аз руи андешаи инсони хам маълум аст ки «сухани хуш, як харфи хуш садака аст» ва ман фикр намекунам, ки бештари журналистони мо, имконияти моли дошта бошанд, то ин ки ба як нафар пул бидиханд,  вале хамаи онхо имконият доранд, ки  бо сухани худ, бо харфи худ, бо пешниходи барномае, ки метавонад барои халли кадом як мушкили мусоидат кунад, ба ин гуна оилахо кумак мерасонанд ва худи масалан шарх додани як конун дар бораи нафака, конун дар бораи хифзи ичтимоии ахолии хам кумак аст… журналист мисли як пул миёни мардум ва хукуматдорон мешаванд. Мушкилиро аз мардум муаррифи мекунанд ба онхо, онхо хал мекунанд мушкилии мардумро. Ва инам фикр мекунам, ки хам кори савоб аст ва хам боиси ифтихори он журналисте, ки тавонист мусоидат кунад, ки як мушкили хал шавад. Ва ман метавонам хазорхо ходисаю вокеаро накл кунам, ки бо як макола масалан як мушкилии як нафар хал шуд, бо як макола касеро барои як беэхтиромиаш нисбат ба як пиразане ё як нафаре, ки бемории рухи дошт дар автобус чазо доданд…Ин гуна холатхо хеле зиёд хастанд.  

С.: Шумо дар оянда чи гуна накшахо доред, яъне мехохед чи гуна барномахоро омода намоед?

Ч.: Рости гап, дар мавриди барномахо накшахо зиёд хастанд… ман мехохам ки барномаи шомгохи дошта бошем, барномаи шабона дошта бошем. Ба назари ман, ки радио то вакте ба дарачае намерасад, ки масалан, шумо соати 2-и шаб занг занеду рови бо шумо сухбат кунад, фикр намекунам, ки муваффак шуда бошад. Ва мехостам, ки масалан дар як радиёе кор кунам, ки он чо шабонаруз рови бошад, масалан, шабонаруз бигзор барнома пахш нашавад, вале ба занги телефонии ман як нафар чавоб гуяд. Ман мехохам, ки радиёи мо дар тамоми минтакахои чумхури пахш шавад, берун аз он ба Интернет ба мохвора пайваст бошад ва умуман аз руи накшахои шахси бошад, ман мехохам, ки хар коре кунам, ки ба як нафар аз ин як манфиат бирасад ва аз хама мухим хар коре кунам, ки ба нафаре, ки пахлуи ман аст,  зиён нарасад!

 

комментариев 7

  1. Салом!!!….Оличаноб, махсус дар мавриди писаратону хушбахти хеле хуб гуфтед…

    Нравится

  2. Асалом акаи Субхон. Ман хамин сухбати шуморо хабар доштам, ки бояд шавад, вале соаташро аник намедонистам. Ва ба почтаи шумо хам дар ин маврид навишта будам, ки хамин сухбататонро дар блогатон хам чой кунед. Шумо ваъда дода будед, ки агар он сабтро ба шумо диханд, онро дар блог менависед. Ва нагз шуд, ки онхо хоксори карда сабташро ба шумо доданд. Акнун ман харчанд, ки натавонистам аз ТВ бубинам, инчо тавонистам. ки он сухбатро хатти бихонам. Ва гуфтаниям, ки бисёр сухбати хуб, аммо ба ман бештар хамон чавобе, ки дар мавриди писаратон буду шумо шеъре гуфтед ва саволе, ки дар бораи ёрии журналистон ба камбизоатон буд, маъкул шуд. Ташаккур ба шумо!

    Нравится

  3. Salom bar shumo akoi Subhon. Man ham shumoro fakat ovozatonro shunida budam. imruz da googl yak kalimaro baroi justuju dodam dar baini ykei onho noxost blogi shumoro paido krdam. du se sahifaatonro xondam. in subatatonro ham xondam. Va mehoham ki digaron ham cunone ki shumo in jo gufted, vakte ba kase eri rsonda nametavonand akalan kusish kunand, ki «ba kase zion narasonand».

    Нравится

  4. Салом ба бародари хушёр ва сухандону зирак ва богайрати мо Субхон Чалилов! Чавобхои хуб!
    Шумо хар сахар мебинам, ки сурудхои гуногун бо забонхои гуногун пахш мекунед. Аммо худи шумо бештар кадом сурудхоро ё сарояндахоро гуш мекунед? Оё он сурудхое, ки бо забонхои инглисиву дигар забонхои нофахмо пахш мекунед худи шумо дар студия онхоро гуш мекунед ё не?

    Нравится

    • Саломалейк….Ман аслан дустдори садои Далер НАзаров, Муборакшо, Лидуш Хабиб, Кароматулло, Ахмад Зохир, Чурабек Назри, Дустмуроди Али ва мисли инъхо хастам… Сурудхои гуногун факат ба хотири шунавандахо пахш мегардад, хар чизе ки онхо дархост кунанду ман пайдо кунам, барояшон пахш мекунам. Дар студия баъзан ман фурсати гуш кардани хатто сурудхои форамро хам надорам, чунки ман танхо мешинам сари дастгоххо ва аз хизмати каси дигаре на дар тахия ва на дар пахши барнома истифода намебарам…
      Саломат бошед ва ташаккур брои тавччухатон ба блоги ман!

      Нравится

  5. Салом акаи Субхон. Ин чо саволу чавобро хондам ва андаке аз андешахоятон нисбати радио огох шудам.
    Аммо як суоли дигар ман мехохам ба шумо бидихам! Ман аз баъзе суханхоятон дар радио гумон мекунам, ки ба хама барномахои ТВ он кадар таваччух надоред. Ва аз баъзе тарзи тахияи барномахо хам хаёл мекунам, ки норози хам хастед! Мехостам, бигуед, ки Шумо ба кадом барномахои ТВ аз Сафина ва хам аз Шабакаи аввал бештар таваччух доред ва онро зиёд тамошо мекунеду он барномаро интизор мешавед??? Каблан ташаккур!

    Нравится

    • Саломалейк….Бетаваччухиам ба барномахои ТВ аз хамин сабаб аст, ки ман фурсати махдуд дорам, вакт намеёбам ки пеши ТВ бишинам. Аммо барномахои хуби онхоро, ки чун хамешаг и «яке пахш карда мешаванд..» тамошо мекунам. Чизи дигар хамин аст, ки барои ТВ руйхати ягона ва дурусти пахши барномахо нест. Дар газета навишта шудааст, ки соати масалан 19:20 фалон барнома аст, аммо хамон барнома пахш намешавад. ..Ман барномахои криминали ва хуччатие ки дар бораи ягон шахсият аст, тамошо мекунам. Нури Наср, Сайрам, Зафари Саид, Орзу, Давлати Рахмониён, Наргис Косимова, Абдугаффори Камол ва боз чандж каси дигар барномахои хуб доранд…
      Аз суи дигар ман кариб хар руз соати 11-12 -и шаб аз биллиарбози меоям….Он вакт хама барномахои хуб тамом мешавад…
      Гуфтед, ки «аз тарзи тахияи баъзе барномахо хам хаёл мекунам, ки норози хам хастед». Ман рости гап факат барнома, сухан, харакат, сухбат ва намоиши бе сохтакориро дуст медорам….Бе сохтакори….Сохтакориро бинам, худамро дар пеши ТВ ва ё Радио шарманда эхсос мекунам….Бовар кунед!

      Нравится 1 человек

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше