Лида (ҳикоя)

  Содиқ тамоми роҳу пайроҳа ва боғу гулгашти ҳамин минтақаи шаҳрро дар чор фасли сол дидааст ва ёд дорад. Ӯ медонад, ки дар танаи чинорҳои бузурги канори роҳи мошин номи кӣ гӯё кандакорӣ шудаасту ҷамъи кадом ҳарфҳо дар ҷуссаи он дарахтҳо баробари ЛЮБОВЬ аст…

  Тулӯъ ва ғуруби офтоб, ки ӯ баъзан ину баъзан онро дар ҳошияи андешаҳои бесару нӯг тамошо мекард, шояд зеботарин ҳодисае бошад, ки аз ӯ ва атрофиён новобаста рух медод. Дар миёни фосилаи аз омадан то рафтани офтоб дар рӯзгору зиндагии ӯ даҳҳо рӯйдоди хубу на он қадар хуб ҳам ба вуқӯъ мепайваст, ки ҳар кадом таъсири ҷудогона ба рӯҳу равони ӯву хонаводааш дошт…

  Содиқ пешниҳоди ҳамин корашро ҳам аз эълони танаи дарахт ва даромадгоҳи ҳамин гулгашт пайдо карда буд. Баъди дидани даҳҳо эълони ҷойи кор, ки онҳоро ҳамеша бо диққат мехонд, дар ҳаминаш қарор гирифт. Як афсурдагии нороҳаткунанда ин дафъа пайдо кардани ҷойи кориро барояш дуру дароз сохт. Ҳарчанд худаш онро ба болоравии завқу хоҳиши дарёфти кору бори сердаромад иртибот медиҳад, аммо воқеияти дар қаъри дилаш хуфта ҳамин буд, ки ӯ хаста шудааст. Даҳҳо ҷойи кориро чарх зад. Ҷое даҳ рӯз, ҷойи дигар як моҳ, ё то аввалин маош, кор мекард. На ҳамеша ваъдаҳо ба натиҷа мувофиқу мутобиқ буданд. Ӯ ҳам, чун аксаран бе ҳуҷҷату шифоҳӣ ба кор ҷалб мешуд, на ҳамеша метавонист куҷое аз рӯйи ин ё он корфармои пулдорри чашмгурусна ва бераҳм даъво кунад. Ин одатро ҳам надошт, мисли он, ки одат надошт корҳои ғайриқонуниро анҷом диҳад ва ё ҳаққи касеро аз худ кунад. Дар баъзе коргоҳу ширкатҳо ӯ бо доштани маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ ҳам наметавонист мушаххас кунад, ки инҷо кӣ аст роҳбари асосӣ, киро бояд гӯш кард, ба кӣ бояд итоат кард? Он ҷойҳо якчанд роҳбару фармонравову гапзану супоришдеҳ дошт…

  Як муддат ҳатто корҳои чандсоатаро ҳам анҷом додааст. Лекин ӯ мисли дигарон бо истам-наистами мошин худро ба дари он задаву «ҳунару истеъдод»-ашро муаррифӣ карда, ронандаро мавриди пурсиш ва моилсозӣ барои интихоби ӯ қарор дода наметавонист. Мардикорони дигари «муқимӣ»- и он гардиш ҳамеша ҳамин тавр мекарданд. Содиқ бошад, доим фикр мекард ва ҳаросу хиҷолат дошт, ки кадом рӯз ронандае ӯро мешиносад ва ин «хуб» намешавад…

  Кори ҳозирааш бад нест. Ғайр аз машғулияти наваш, ӯ дар як мактаб кори дигаре ҳам дорад- устоӣ, ки акнун онро бо дуюмӣ омехта кардааст. Як рӯзаш дар ҷойи кори аввал ва рӯзи дигараш аз пушти кору машғулияти дуюм мегузарад. Ҳарду кор ҳам на душвор асту на хавфнок. Кори дуюмаш даромаду маоши бештар дорад. Барои ҳар рӯзаш онҷо 100 сомонӣ пули нақд медиҳанд. Иловатан, Содиқ онҷо баъзе сарборӣ ва масъулияте ҳам дорад, ки аз онҳо кам-кам пул барояш мемонад.

 »Лида ҳавои тоза мехоҳад…». Ин як қисм, ё як ҷумла аз СМС -е буд, ки ҳамин ҳоло ба телефони шавҳар омад. Вақте ки ҳамсари Содиқ рӯйи ягона мизи хонаро, ки ҳам хонтахтаву ҳам мизи дарстайёркунӣ фарзандонаш буд, тоза мекард, чашмаш ба он афтид. Мазмуни он паёмак ва махсусан, ҳамон ном, занро ҳайрон ҳам карда бошад, дергоҳ дар банди андеша нигоҳ надошт. Имрӯзҳо садҳо паёму занг хато меоянду мераванд. Ба телефони кӯҳнаи ӯ ҳам чандин бор ҳамин гуна паёму занг омадааст, ким- киҳои барои ӯ ношиносро мепурсиданд ва мисли ин…

  Ӯ барои фарзандони мактабраваш бо истифодаи як лаби нон ғизои нимрӯзӣ таҳия мекунад. Ин нисбат ба пуле, ки бояд ба мактабхонҳо бидиҳиву онҳо надоранд, сад бор беҳтар аст…Фақат баъзан ин ё он фарзанд пеши модар эркагӣ мекард ва хоҳишашро дар мавриди нӯшокиҳои ширин ва ғизоҳои тезтайёр ё саридастии ошхонаи пеши мактаб ифшо мекард ва албатта ҷавоби рад мегирифт…

  Духтаракони машваратчӣ ва хазинадор дар наздиктарин маркази савдо, ки ҳар ҳафта як бор ба онҷо ворид мешуд, Содиқро акнун хуб мешиносанд. Медонанд, ки ӯ чӣ мехарад. Фақат шояд ба худ ҳайрон мешуданд, ки он чизро аз ин мағоза аксаран, мизоҷони пулдору сарватманд мехариданд, аммо Содиқ бошад, аз рӯйи либос, ки ҳоло мутаасифона ба ченаки шинохту баҳодиҳии инсон табдил ёфтааст, ба сарватмандон монанд нест. Аз рӯйи хислату феъл ҳам. Ӯ хеле меҳрубон, хоксор, хушсухан ва оромтабиат аст…

  Содиқ шояд дар андешаи ягон вақт барои хонавода муаррифӣ кардани ҷойи кори дуюмаш буд, аммо ҳоло фикр мекард, ки барвақт аст. Чанд бор ҳатто ба ин хулоса омад, ки аз ин кораш шояд хонаводааш хиҷолат бикашанд. Баъзан ҳатто фикр мекард, ки ҳамин сирашро умуман накушояд. Муҳим, коре, ки ӯ анҷом медиҳад, ғайриқонуниву мамнуъ нест, муҳим дасташ, инак чанд моҳ аст, ки бепул намемонад, аз ҳама муҳим, акнун баъзан, мисли дигарон, бегоҳ ба худ иҷозат медиҳад, ки ба хона занг зада, пурсад ки «чӣ надоред ва чӣ биёрам?»

  Аммо ин шом ӯро, ҳатто бо чанд халта бозорӣ ҳам, мисли рӯзҳои пешӣ хуш қабул накарданд. Аз дили Содиқ ин пурсиш гузашт, ки сабаби ин ҳолат чӣ бошад? Ба ҳар сурат вақте ки хонаву кору мактабу роҳу гулгаштҳо дар як ҳудуд аст, дергоҳ пинҳон сохтани чизе, амале, коре ё сире душвортар аст. Зан аллакай дар дил ба ин савол ҷавоб меҷӯст, ки чаро духтари мактабхонаш дар бораи халтаҳои рангаву нақшини дастадор гуфту Содиқ- шавҳараш, дар чанд халтаи полиэтилении маъмулии сиёҳ бозорӣ овардааст? Шаб ҳамон гуна дар номуайянӣ ва димоғсӯхтагии ноошкору ҳайратовар гузашт.

  Субҳ вақти ба зани ҳамсоя гуфтани ҳамин шубҳааш, ӯ ҳам бо часпонидани ҷумлаи «гуфтанӣ набудаму акнун мегӯям…», баъзе мушоҳидаву гумонҳои худашро дар бораи Содиқ гуфт. Нақл кард, ки чӣ тавр ӯро банди хаёлҳои ширин дар ким-кадом боғу гулгашту роҳрав дида буд, нақл кард, ки чӣ тавр Содиқ боре ҳамроҳи писарчаи тахминан 9-10 сола аз мошине фаромад, ки ронандааш зани зебое буд ва боз чанд чизи дигар…

  Аҷаб замона шудааст. Шаҳрҳо ҳам дигар шудаанду шаҳрнишинҳо ҳам. Маълум мешавад, ки ҳоло барои занҳо сарватманду вазифадор будани мард он қадар муҳим ё аз ҳама асосӣ нест!? Содиқ, баъди он ки бо ихтисоси донишгоҳиаш кори сердаромад наёфт, ҳоло усто аст, мизу курсиҳои мактабро, ки баъзан хонандаҳо онро мешикананд, дуруст мекунад. Ба дари синфҳо қуфлу калиди нав мечаспонанд ва овезаҳоро вобаста ба мавзӯҳои дарсӣ баъзан бо мехчаву баъзан бо роҳҳои дигар ба деворҳо овезон ва насб мекунад. На сарват дорад, на мансабу ва курсӣ…

  Чанд рӯз аст, ки фарзандонаш ҳам ким-чӣ хел ором ва ғарқи кадом хаёлу андешаанд. Аз нақшаҳои хариди ким-кадом бозичаву молу таҷҳизот ва сӯҳбатҳои самимонаи гирди дастурхон дар мавзӯоти гуногун акнун дигар нишоне ҳам нест…

  Баъди паёмаки навбатӣ ва оҳиста аз сари дастурхон хеставу ба берун рафтани Содиқ, зан бо нигоҳи саволомезу шубҳадор ба духтари мактабхони калонӣ хира шуд ва баъд бо як эҳсоси ошкори аламу нороҳатӣ ҳамон нигоҳҳоро ба рӯйи ду фарзанди дигари хурдсоли мактабхонаш лағжонд…

  Гӯё он ашкҳо аз бехи андешаҳои ҳамонлаҳзаинааш метаровиданд. «Чаро мардҳо ҳамин, ки нон ба лабашон расид, фикри маъшуқаву айшу ишратро мекунанд? Он зан кӣ аст, ки Содиқ агар ҳамроҳи ҳамсари худаш фақат ба бозор равад, бо ӯ ба супермаркет меравад ва аз онҷо харид мекунад? Наход он чанд кӯдаке, ки зани ҳамсоя Содиқро бо онҳо вақти сайругашт дидааст, фарзандони ӯ бошанд?…»

  Ҳамсари Содиқ чандин ҳафта аст, ки на хуши сӯҳбат дорад ва вақти нақшаву орзӯ. Вале чаро ҳамин гумону шубҳаҳоро бо ӯ дар миён намегузорад? Чаро намепурсад, ки бо Содиқ чӣ ҳодиса рӯх додааст? Фаҳмид. То вақте ки фақат дар мактаб усто буд, ӯ комилан дигар буд…

  Ҳамааш баъди пайдо кардани кору машғулияти дуюми ӯ сар шуд. Дар миёни СМС-ҳои ба телефони Содиқ омада, пайдо шудани номҳое чун Лида ва ҷумлаҳо бо забони русӣ исботи ошкори хиёнаткории ӯ аст. Аммо тавсия ва маслиҳати апаву хоҳари худашу занҳои ҳамсоя, ки хеле вақт буд, шоҳиди ҷангу ҷанҷол ва муноқишаи ҳамсояҳо нашуда буданд, ҳамин аст, ки ҳоло бе далел ва бе исбот ба Содиқ дар ин бора забон накушояд. Ҳатто касе аз онҳо розӣ шуда буд, ки ин карат барои сабт кардани хиёнаткории ин мард телефони қиммати худро барои чанд соат ба ҳамсари Содиқ диҳад. Аз ҳама муҳим хушбахтии оилавӣ аст, на он гӯшту нону мева, ки акнун Содиқ бештар ба хона меовард ва на он бозичаву лӯхтаку ким-чизи дигаре, ки ӯ шояд барои шӯстани ҳамин гуноҳаш ба фарзандонаш мехарид…

  Содиқ ҳам, ки чизеро дар хона ва авзои хонаводааш дарк карда буд, Лидаро ин субҳи барвақт ҷойи дуртаре бурд. Ҷойи дигари зеботари ин шаҳр. Ҷойи барои ҳарду ноошно. Барои онҳо ҳавои ногувор ва ё ҳолате, ки боиси дар хона монданашон бошад, қариб, ки нест. Онҳо, ки рӯз дар миён бо ҳам вомехӯранд, борҳо тулӯи офтобро якҷоя тамошо кардаанд, садҳо ғурубро бо ҳам дидаанд. Офтоби ҷонбахш бо нураш чашмашонро рабудаву дилашонро гарм кардааст. Ба сару танашон борҳо барфу борон рехтааст. Лида ҳам гуё медонист, ки кадом рӯзи ҳафта рӯзи харидҳои болаззат барои ӯ аз супермаркети шабонарӯзии наздикии хона аст. Ҳамон рӯзҳо ӯ шодии бештар дошту вақти хуштар…

  Ҳамааш як рӯз хуб мешавад. Эҳтимол ҳамон рӯзе, ки ӯ пули кофӣ барои куртаи дӯстдоштаи духтар, велосипеди писарчаашу мошини ҷомашуйии ҳамсараш ҷамъ кард ва бе хабар ҳарсеи ин туҳфаро ба хонааш овард. Як-ду моҳи дигар барои ин монда буд…

  Ҳамсари Содиқ бошад, дигар сабру тоқат надошт. Метарсид, ки бо ин интизориву сабр боз дер накунад. Фарзандонаш ҳам дигар бо шавқ тӯҳфаҳои падарро ҳар бегоҳ интизор намешуданд. Ҳар кадоми онҳо дар курткаи кӯҳнаи серкиссаи Содиқ киссаи худашонро доштанд. Қаблан, вақте ки Содиқ ба хона медаромад, фарзандонаш давида, ӯро истиқбол мегирифтанд ва бо навбат киссаҳои ӯро мекофтанд. Дар се кисса барои ҳар се фарзанд, ки миёнашон 1-2 солӣ фарқ аст, чизе аз шириниҳо ва баъзан дона-дона мева ва ё кадом бозичаҳои арзонаки хурдро пинҳон мекард. Онҳо ҳам, гоҳ як рӯз пасу гоҳ ҳар рӯз, бо ҳавас тариқи ин усули ғайриоддӣ соҳиби тӯҳфа мешуданд. Баъзан киссаҳоро бо маслиҳати худашону тавсияи модарашон бо якдигар иваз мекарданд ва аз ин амал завқ мебурданд…

  Аз миёни занҳои ҳамсоя ва хоҳарон, ки ҳамсари Содиқ зери таъсири «андешаву таҳлилу маслиҳату нақшаи онҳо» монда буд, касе ёфт нашуд, ки гӯяд, ҳамин шубҳаҳову гумони хиёнату нақшаи фош кардани сирри Содиқро ба фарзандон нагӯ. Ин шояд меҳри онҳоро камтар мекунад, шояд боиси нороҳатӣ ва дилозурдагӣ аз падарашон мешавад, шояд боиси нобоварӣ ба падари меҳнаткашу дар хонаҳои иҷора ва ҷойҳои кории зиёд ранҷкашидаашон мегардад…

  Вале зан аз ҳар амалу ҳаракати Содиқ нишонаҳои хиёнаткориро меҷуст: чаро рӯзи барои кори устойӣ ба мактабравии ӯ муқаррарӣ асту рӯзи дигараш не? Чаро аввал як рӯз пас Содиқ фақат дар хона буду китоб мехонд, сӯҳбат мекарданд, нақшаву кору орзӯҳои зиёдро радду бадал мекарданд, аммо чандин моҳ аст, ки ҳамон рӯзҳо дар хона нест? Чаро хеле барвақт куҷое меравад ва чаро як рӯз баъд шомгоҳҳо ғайб мезанаду шаб меояд? Ба ӯ кӣ занг мезанад ва киҳо барояш СМС менависанд? Бо Лида ӯ чӣ робита дорад? Хаёлҳои занона аллакай аз фоҷеа ва ҳолати нороҳаткунандае дарак медоданд….

  Бори аввал буд, ки ҳамсари Содиқ аз пушти ӯ мепойид. Хайрият, ки ӯ велосипедашро нагирифт ва пиёда ба роҳ баромад. Велосипед қиссаи алоҳида аст. Вақте ки Содиқ онро, ки қариб нав набуд, ба хона оварду гуфт, ки як дӯсташ тӯҳфа кард, зан тамоман бовар накарда буд. Кӣ ҳоло велосипеди қиммати хориҷиро ба каси дигар тӯҳфа мекунад? Ҳамсоязанҳо ҳам ҳамин хел фикр мекарданд. Ба халтаи либосҳое, ки ҳамон рӯз оварда буд, бовар кардан мумкин аст. Шояд директори мактаб, ки зани кадом шахси машҳур ва пулдор аст, либоси кӯҳнаи фарзандону набераҳояшро ба Содиқ дода буд. Ба ҳар сурат ҳамсараш ҳамин гуна фикр мекард…

  Он рӯз якшанбе буд. Субҳи барвақт ва айни холигии кӯчаҳо назорати пинҳонии пиёдагардии каси дигар душвортар аст. Касе барои кору бори муҳим хоби ширини саҳарро тарк мекунад, касе барои иҷрои кадом масъулият, касе шояд ба хотири нақлиёти холӣ ва камодам барвақттар ба кӯча мебарояд, касе бошад саҳари барвақт дар кӯчаву роҳравҳо медаваду машқ мекунад…Аммо Содиқ куҷо меравад?

  Зан пойбанди ҳамин андешаву суолҳо аз дур медид, ки шавҳараш бо роҳи миёни биноҳои истиқоматии кӯҳнаву нав ба чизе аҳамият надода, чанд кӯчаро гузашту ба дари бинои баландошёнае расид. Касеро интизор нашуда, бо чип, ки аз киссаш берун кард, дари даромадгоҳро кушод ва вориди бино шуд. Баъди чанд сония зан ҳам пушти ҳамон дар рост шуд. На чип дошту на рақами қуфли электронии дарро медонист. Ашкҳояш ҷорӣ мешуданд, аламаш карда буд, ғазаболуд ҳам шуда буд. Таги ин биноҳо, мисли бинои истиқоматии онҳо аз субҳ то шом пури занони бекору лабрези кудак нест, ки аз онҳо хоҳиш кунад то дарро кушоянд. Камераҳои зиёди атрофи бинову болодарӣ гӯё гиряҳои талхи ӯро сабт мекарданд.

  Дуртар аз даромадгоҳ, рӯйи хараки пушти дарахтони рӯ ба рӯйи он бино чашм ба ҳамон даромадгоҳ нишаст. Гӯё шикорчие буд, ҳоло дар камин ва мунтазири сайд. Ҳамсояҳо дурӯғ нагуфтаанд, писари худаш ҳам Содиқро дар кадом мағозаи ҳамин гирду гӯша аз дуртар дида буду ба модараш гуфт. Ин қиссаро писар баъди он ба модараш нақл кард, ки падар шириниву ғизои харидаашро ҳамон шом ба хона наоварда буд… Духтараш ҳам, ки аз мактаб меомад, кадом вақте падарро бо халтаҳои пур дар ҳамин ҷойҳо дида будааст…

  Содиқ вақте аз даромадгоҳи бино намоён шуд, танҳо набуд. Ба назар мисли марде аз табори нухбагон мерасид, ки бо виқор ҳавои тозаро дар қафаси сина захира мекунад. Аз миёни гулу сабзаҳо бо наззораи ошиқона мегузарад ва миёни панҷаҳояш онҳоро гӯё ламс мекунад. Ба дарахтони қатор мисли як шиносу ошнои онҳо гӯё салом мегӯяд…

  Содиқ дур нарафт. Ӯ оҳиста-оҳиста по ба пойи Лида то таваққуфгоҳи мошинҳои сокинони он бино омаду ист кард.

  Аз ҳамон даромадгоҳ як марду зани озодапӯш ва ду кӯдаки мактабхон берун шуданд. То ба назди Содиқ наомаданд, таваҷҷӯҳи занро ҷалб накарданд. Шояд қимматтарин мошини ҳамон таваққуфгоҳ буд, ки мард дари онро кушоду барои гарм шудан, ба курсии ронанда нанишаста, муҳаррики онро ба кор даровард. Гирди ҳам ва гарму самимӣ сӯҳбат мекарданд. Зан, ки ҳайронтар шуда буд, аз телефони худаш ба Содиқ занг зад. Содиқ гӯширо гирифта, ҳамсарашро пурсиду бо узр, бе он ки телефонро хомӯш кунад, ба сӯҳбат идома дод ва давоми сӯҳбати он марду занро мешунид. Ба назар мерасид, ки Содиқ ҳам ин таъқиб ва он ҳама шубҳаҳоро ҳис кардаву ин корро махсус мекард.

  Ин гуё табъи дили зан шуда буд ва ғайриинтизор сӯҳбати Содиқ ва он оилаи ношиносро ҳам аз дуртар медид ва ҳам аз гӯшаки телефонаш мешунид:

 »Содиқҷон, додари акаш. Ин пул барои шумо. Мо аз шумо миннатдорем. Чандин моҳ аст, ки ҳам ба мо кӯмак мерасонед ва ҳам бо Лидаи мо хеле меҳрубонӣ мекунед. Мо гумон мекунем, ки ӯ аз мо дида бештар шуморо дӯст медорад…»

Суханони зан ҳам самимона буданд:

  «Содиқҷон, додари апаш. Ин шириниҳоро ҳам ба фарзандонат бар. Мо, ки баргаштем, як рӯз ҳатман бо хонаи шумо меҳмонӣ меравем…Ман албатта мехоҳам бо он зани хушбахт, ки ҳамсари шумо аст, шинос шавам…»

  «Акаи Содиқ, Лида дар ин ду ҳафтаи таътил шуморо ёд мекунад… «

  Лида — он саги зебо, худро ба оғуши Содиқ андохта, намехост аз ӯ дур шавад. Писари соҳибхона бо гирифтани банди махсус аз дасти Содиқ ва ҳатто бо меҳрубониҳои афзун ҳам, наметавонист сагашонро, ки бо Содиқ дар сайругашт ва меҳрубониҳои дурударозу ғизохариҳои пайваста аллакай унс гирифтаву одат карда буд, ба мошин шинонад…

  Зан телефонро, ки дар дасти ларзонаш ба зӯр меистод, акнун хомӯш кард. Ӯ дигар на овози он марду зан ва изҳори сипоси шавҳарашро мешуниду на садои кӯдаконро. Гуё гӯшҳояш маҳкам шуда буданд. Фақат акнун аз пушти пардаи ашк, ки маълум набуд он ашки шодӣ аст ё пушаймонӣ, сӯроби марди меҳнатдӯсту шарифу ба ҳама арзишҳои инсонӣ содиқеро медид, ки бо қаноатмандӣ ба хона, ба назди ҳамсару фарзандонаш бармегардад. Бо пулҳои ҷамъкардаашу бо ин пуле, ки навакак бар ивази кори хубу меҳнати ҳалолаш он оилаи сарватманд барояш дод, акнун молу ашёеро, ки ба фарзандону ҳамсараш ваъда карда буд, мехарад…

  Лида гуё ҳамин дастафшониву табассуми самимии дӯсташро вақти ҳаракати мошин интизор буд, ки бо нигоҳи умедвор аз тирезаи пушти мошин сӯйи Содиқ нигариста, садо баланд мекарду шодӣ мекард.

  Дар тӯли чанд моҳи охир бори аввал буд, ки ҳамсари Содиқ ин гуна осудаву сабук нафас мекашид ва ҳаловати боди сабову ҳавои нарми субҳи файзбор ва оилаи хушбахтро роҳат эҳсос мекард…

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше