Куҷо шудӣ?

Сад шаб гузашт, хушрутар аз маҳ куҷо шудӣ?
Борид барф бар сару бар раҳ куҷо шудӣ?
Ман рафтаам зи хотираи мардумони шаҳр,
Эй ҳамраҳи зи ҳолатам огаҳ, куҷо шудӣ?


Дидам ду қулф бар дари боғат, куҷо шудӣ?
Не нур бар дилам зи чароғат, куҷо шудӣ?
Дар роҳи барфу бод кунам рӯзу моҳу сол,
Бо мӯйи сап-сафед суроғат, куҷо шудӣ?


Эй дар набарди умр чу довар, куҷо шудӣ?
Ҳам рӯ ба рӯйи тарс чу бовар, куҷо шудӣ?
Гум кардаам туро зи ғуруру зи содагӣ,
Дар роҳи хотироти ғамовар, куҷо шудӣ?


Бо ту зи банди масъала растам, куҷо шудӣ?
Бе ту ҳақиру бодапарастам, куҷо шудӣ?
Ҷуз бод нест дар раҳи ёдат чу роҳзан,
Эй ганҷи рафта аз кафи дастам, куҷо шудӣ?


Бе ту шикаст ойинаи рӯҳ, куҷо шудӣ?
Боре маро ба пушт зи андӯҳ, куҷо шудӣ?
Ман об мешавам зи ғаму мешавам фано,
Чун барфи сарди гарданаи кӯҳ, куҷо шудӣ?


Бо ту ҳама гуноҳу савобам, куҷо шудӣ?
Гаҳ пеши чашму гоҳ саробам, куҷо шудӣ?
Дусад суоли зиндагиву як суоли ман,
Эй бар ҳама суол ҷавобам, куҷо шудӣ?


Аз байни роҳи борику ришта куҷо шудӣ,
Номат ба лавҳи ёд навишта, куҷо шудӣ?
Рафтиву рафт аз раҳу аз осмони деҳ,
Бо ту ҳама шиҳобу фаришта, куҷо шудӣ?


Хушбӯтар аз гулоб, чу як хоб, куҷо шудӣ?
Шодии беҳисоб, чу маҳтоб, куҷо шудӣ?
Гаҳ дар самои ёду гаҳе умқи хотира,
Покиза мисли об, чу меҳроб, куҷо шудӣ?


Мислат надида мулки Сикандар, куҷо шудӣ?
Боз о, маро ту боз барат бар, куҷо шудӣ?
Бо бори ёди ту шудаам бори зиндагӣ,
Ҳам дар раҳат гадову қаландар, куҷо шудӣ?


Бе ту харобу хаставу зорам, куҷо шудӣ?
Не маъние ба кору ба борам, куҷо шудӣ?
Лабташна дар хумори шаробе зи ҳусни ту,
Ғарқи навои ҳиҷри дуторам, куҷо шудӣ?


Миқрози ғам ба риштаи ҷонам, куҷо шудӣ?
То ҷон ба ҷойи ҷони ту монам, куҷо шудӣ?
Дар роҳи интизор чу сарбози ишқи ту,
Оне намурду мурд, ҳамонам, куҷо шудӣ?


Эй ганҷи нақд бар кафи дастам, куҷо шудӣ?
Оне, ки вақти саръ шикастам, куҷо шудӣ?
Вақти ғаноб, моҳии тиллои оби рӯ,
Гашти раҳо зи сӯзани шастам, куҷо шуди ?


Гуфтам ба об ҳасрату ғамро, куҷо шудӣ?
Гуфтам ҳадиси дидаи намро, куҷо шудӣ?
Гуфто чароғи ёд барафрӯзу ҳамчу об,
Бо худ бибар ҳазор аламро, куҷо шудӣ?
______________________________________________________________________________________________________

Эй дар ғурур гунаи Сурхоб, куҷо шудӣ?
Ҳам хоби қаҳр бо мани бехоб, куҷо шудӣ?
Боифтихору хотирадору пур аз виқор,
Чун қиссаҳои Рустаму Сӯҳроб, куҷо шудӣ?
____________________________________________________________________________________________________

Эй чеҳра рашки шамсу гулу маҳ, куҷо шудӣ?
Аз пеши чашму кӯчаву аз раҳ куҷо шудӣ?
Дар ин саройи бехабариву сукуту ғам,
Огаҳ зи ҳоли моиву ногаҳ куҷо шудӣ?

___________________________________________________________________________________________________

Эй сина дар масири ғамат чок, куҷо шудӣ?
Дар покӣ аз нигоҳи малак пок, куҷо шудӣ?
Бо нури чун шиҳобу ба рӯйи чу шир гарм,
Чун моҳи кунҷи чодари афлок, куҷо шудӣ?
_________________________________________________________________________________________________________

Эй он ки нест дурӣ ба судат, куҷо шудӣ?
Оне маро шикаст набудат, куҷо шудӣ?
Чашми ҳама ба сабзии ранги чароғи раҳ,
Ҷонам фидои чашми кабудат, куҷо шудӣ
____________________________________________________________________________________________________________

Эй раҳсипори пайраҳаи дур, куҷо шудӣ?
Дар пушти абри ёд, чу як нур, куҷо шудӣ?
Осон набуд заҳмати тавлиду марг, лек
Дардат зи кулли дарди ҷаҳон зӯр, куҷо шудӣ?

___________________________________________________________________________________________________________
Эй раҳсипори пайраҳаи дур, куҷо шудӣ?
Дар пушти абри ёд, чу як нур, куҷо шудӣ?
Осон набуд заҳмати тавлиду марг, лек
Дардат зи кулли дарди ҷаҳон зӯр, куҷо шудӣ?
__________________________________________________________________________________________________________

Ҳиҷрат мисоли кӯбаву синдон, куҷо шуд ?
Бо ман фузун ҷамоати риндон, куҷо шудӣ?
Чун як далели гумшуда аз оршиви нигоҳ,
Дар пай фиғону пурсишу зиндон, куҷо шудӣ?
_______________________________________________________________________________________________________

Ғамҳо ҳазору раҳми ту гарде, куҷо шудӣ?
Ёди туву хумору набарде, куҷо шудӣ?
Бе ту дигар шаб асту аёс асту зӯзаҳо,
Барфу чароғу пайкари сарде, куҷо шудӣ?
_______________________________________________________________________________________________________

Бар чашми нам зи дур саробе, куҷо шудӣ?
Ё рӯйи мавҷи ғам чу ҳубобе, куҷо шудӣ?
Бишкаста аз фироқи ту дар панҷаи алам,
Садҳо гитору таблу рубобе, куҷо шудӣ?
________________________________________________________________________________________________________________

Ку ханҷари нигоҳи накӯят, куҷо шудӣ?
Ё дори ғам зи бастаи мӯят, куҷо шудӣ?
Бе ту ба тоқи хонаи ман бишкуфад, дареғ,
Дар кӯзаи алам гули рӯят, куҷо шудӣ?
_______________________________________________________________________________________________________________

Эй ганҷи поки ҳазрати Субҳон, куҷо шудӣ?
Шабҳои дил зи руйи ту тобон, куҷо шудӣ?
Бинам ба рӯйи реги ғаму пойи хунчакон,
Чун қалби чок-чоки биёбон, куҷо шудӣ?
_______________________________________________________________________________________________________________

Бар сар зи ранги боғ ду чодар, куҷо шудӣ?
Ё зуд биё ва ё ки маро бар, куҷо шудӣ?
Як чеҳра пур зи сурхиву як дил пури алов,
Чун нони гарми пухтаи модар, куҷо шудӣ?

________________________________________________________________________________________________________________

Поро ба санги ғам бишикастам, куҷо шудӣ?
Бо ин алам, ки рафтӣ зи дастам, куҷо шудӣ?
Не хоҳише, на моҳии тиллову не барор,
Холист қалбу халтаву шастам, куҷо шудӣ?
_____________________________________________________________________________________________________________

Мебинӣ қадри одаму дамро, куҷо шудӣ?
Андӯҳи бешу шодии камро, куҷо шудӣ?
Дар шохи беди гӯри шаҳидони роҳи ишқ,
Бастам матои ришта зи ғамро, куҷо шудӣ?
________________________________________________________________________________________________________________

Рафтиву рафт бе ту тавонам, куҷо шудӣ?
Ҳам шӯру шавқи умри ҷавонам, куҷо шудӣ?
Хушкид нахли борвари ишқу даррасид,
Селоби ғам ба рӯҳу равонам куҷо шудӣ?
________________________________________________________________________________________________________________

Дар сар ҳавои дидани рӯят, куҷо шудӣ?
Дар дил хумори кӯчаву кӯят, куҷо шудӣ?
Дар истгоҳи охири ишқат нишондиам,
Дар интизори ваъдаи тӯят, куҷо шудӣ?
______________________________________________________________________________________________________

Эй шамси дин ба ҷону ба сина, куҷо шудӣ?
Молики қалби беғашу кина, куҷо шудӣ?
Эй нури рӯ ба Маккаву Санъову Ар-Риёз,
Эй зеби Шому Мисру Мадина, куҷо шудӣ?
_____________________________________________________________________________________________________

Шаҳре садои дӯст ба гӯшаш, куҷо шудӣ?
Бори фироқи туст ба дӯшаш, куҷо шудӣ?
Ғаммома ғарқи ғам шудаву шишта бо алам,
Дар сӯги ёри сабзинапӯшаш, куҷо шудӣ?

______________________________________________________________________________________________________

Эй бенишони пур зи нишона, куҷо шудӣ?
Маънии байту шеъру тарона, куҷо шудӣ?
Бурдам ба лаб дуои фироқат, ки то расад
Оҳам ба гӯши соҳиби хона, куҷо шудӣ?
________________________________________________________________________________________________________________

Бе ту на меҳру ишқу каноре, куҷо шудӣ?
Чизе ба ҷуз хаёлу хуморе, куҷо шудӣ?
Эй кош, рӯйи гӯри ту бошам аз ин ба баъд,
Ё сангу чӯб ё ки чаноре, куҷо шудӣ?
________________________________________________________________________________________________________________


Ҳиҷрат ба пойи шодӣ чу хоре, куҷо шудӣ?
Бо рӯйи моҳу қадди чу доре, куҷо шудӣ?
Ашки фалак чакид зи чашми сиёҳи шаб,
Чун оби чашми ошиқи зоре, куҷо шудӣ?
________________________________________________________________________________________________________________

Кӯ суд баҳси қолабу қилро, куҷо шудӣ?
Аз як ғамони рафта ба чилро, куҷо шудӣ?
Гаштам чу ҳоҷиён зи раҳи сидқу бандагӣ,
Давру канори хонаи дилро, куҷо шудӣ?

________________________________________________________________________________________________________________

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше