Пешниҳод (10)

          Ман фикр намекунам, ки дар кишвари мо комилан ҳама корро барои ба театр ҷалб сохтани мардум карда бошанд. Зеро ҳоло мардум ба театр на чандон таваҷҷуҳ доранд, ё худ таваҷҷуҳи мардум, махсусан насли ҷавон ба театру синамову ҳунармандӣ на ба он сатҳу дараҷае ҳаст, ки дил мехохад. Вале аз суйи дигар боз меандешам, ки “чаро моро бояд касе барои рафтан ба театр маҷбур кунад?” Воқеъан, ҳам агар волидон натавонистаанд дар замири фарзанду ҷигарбанди худашон меҳри ҳунару санъату саҳнаву театрро ҷо кунанд, агар муҳит ва фазои зисти касе фарҳангиву театрӣ набуд, агар он ҷавон худаш фаҳму дарки саҳнаву асарҳои бадеӣ ва офаридаҳои ҳунариро надорад, мешавад, ки ӯро маҷбурӣ бурда ба толори театр ворид карду ба умед шуд, ки у фарҳангӣ шуду босавод шуд?! Не, албатта!!! Агар дида бошед, маҳз ҳамин гурӯҳи ҷавонони маҷбурӣ ба театр оварда шуда ба актёрон дар иҷрои нақшҳо ва ба ду се тамошобини асили театр барои тамошои хубашон халал мерасонанд. Читать далее

Реклама

Пешниход (9)

Мо дар замонае зиндаги мекунем, ки чараёнхои гуногун, хаводис ва тагироти зиёд бо иловаи ташвишу мушкил ва махдудиятхое, ки дар зиндаги ва рузгори мо хаст, амалан имкон намедихад, ки мо тамоми протседурахои зарури ва мухимро гузарем, амали созем ва ба низом дарорем. Мо хамаги мухим будани хуччатхо ва кадом варакаву маълумоту далелро медонем, аммо кам нест холатхое, ки дониста кори худро ба маротиб мушкил месозем, амалеро, ки имруз бояд анчом дод ба вакти номуайяне мегузорем ва хамин тарик харочоти вакту пул ва неруи чисмониву рухиро бештар мекунем. Ин навбат ман мехостам вобаста ба хучатгузори, танзими дурусти хучатхо ва ба даст овардану нигохдории онхо нависам. Биёед, аввалтар аз хама дар мавриди худи мафхуми хуччат ва чараёни хуччатгузори аз манбаъхои кушод маводеро бихонем.

     Хуччатгузори – ин мачмуъи маълумот, иттилоъ ва хуччатхо аст, ки ба он тартиби истифода ва татбикашон хам ворид мешавад.  Шояд бо назардошти мухимияти ин самт бошад, ки  дар муассисоти олии кишвари мо хамин гуна ихтисос мавчуд аст ва муттахасисони хамин соха тайёр карда мешаванд.

Читать далее

Пешниход (8)

     Замин дар хама давру замон василаи рузгузарони ва имконияти бехтар сохтани вазъи оилави буд. Заминдорон дар гузашта хам сарватманд буданду имруз хам. Дар гузашта агар заминдорон онро бояд кишт мекарданду хосил мегирифтанд ва ё акалан ончо рамаи худро мечарониданду баъд пулу сарват меёфтанд, имруз бошад, заминхои холи хам (масалан агар таваккуфгохи мошин шавад) метавонад ба сохибаш даромад орад. Вале то солхои 90-ум ин мавзуъ — чудокунии китъаи замин ва хариду фуруши гайриконунии он то ин хад дог набуд.  Ба хар сурат мардум бовари дошт, ки барои чудо кардани китъаи замин ва гирифтани ордери хона аз руйи навбат ба хадде, ки имруз аст, азоб намекашад. Холо барои хар ду чониб  – хам рохбарони нохияхо ва хам мардуми одди осон нест. Мардум аксаран бояд ким кихоро кофтаву ёфта,  восита кунаду ба назди раиси нохия равон кунад ва ё уро ягон хел барои гирифтани китъаи замин истифода барад. Бечора раиси нохияи хам бояд саду як хиллаву истеъдодашро истифода барад, ки шиносу хешу табораш хафа нашавад. Читать далее

Пешниход (7)

    Маколи русие хаст, ки вобаста ба завк бахс намекунанд. Яъне, агар дар дигар масоил меъёрхои умуми мавчуд бошад, дар масъалаи завк ва салика ин чиз сирф инфироди асту фарккунанда. Барои мисол, шарт ва хатми нест, ки хама чавонон як мусикиву таронаро гуш кунанд. Ва хам шарт нест, ки касе барои хамин гуна як хела кардани завки мардум талош кунад. Зеро ки он бефоида аст ва миёншикану бемантик. Интихоб ва завки инсонхо озод аст ва табиист, ки аз хамдигар тафовут дорад. Читать далее

Пешниход (6)

Чунин ба назар мерасад, ки бо берун шудани воситахои наклиёти мусофиркаш – Старексу Мерседсхо аз роххои асосии Душанбе харакати воситахои дигари наклиёт барохаттар шудааст. Харчанд дар ташкили холатхои садамави, бандшавии роххо ва мисли ин факат ронандахои мусофиркаш гунахкор нестанд. Гумонам дар ба миён омадани чунин вазъ – яъне садамахои зиёд дар роххои Душанбе, холатхои бандшавии роххо, риоя нашудани коидахои харакат дар рох, коидахои таваккуф ва истгоххо, махсусан субху шом — як катор омилхо накш доранд ва мусоидат кардаанд. Мо дар чанд маводи дигар дар мавриди заминаву сабабхои рух додани садамахо ва маргу мири одамон, мушкили танбашавии мошинхо ва роххои халли он, роххои камтар кардани холатхои садамави ва коидавайронкунихо гуфта будем.

Рост аст, ки роххои мо пахнбар нестанд, дуруст аст, ки аксарияти мошинхое, ки дар кучахои мо харакат мекунад, кухна ва мухлати истифодааш кайхо гузашта аст, пушида нест, ки як кисми ронандахо аз ду руз бештар шояд дар  курсии мактаби ронандаги нанишаста бошанд ва аслан коидахои харакат дар роххои кишварро надонад. Вобаста ба танзими харакати мошинхо ва наклиёти мусофиркаши хурд дар роххои кишвар пешниходи зиёд кардан мумкин аст, ки чанд намунаро инчо меорам: Читать далее

Пешниход (5)

Як вакт агар касе мегуфт, ки аз ким кадом куттии канори рох пул гирифтан мумкин аст, мо аслан уро аз акл бегона мепиндоштем. Аммо имруз ин чиз комилан мукаррари аст ва банкоматхову терминалхо мавриди истифодаи мардум карор дорад. Имруз хатто нафакагирон низ нафакаи худро ба воситаи кортхои бонки аз банкоматхо мегиранд. Аввалтар аз хама мехостам, ки дар бораи  коидахои истифодаи банкоматхо чанд бандро пешниход созам: Читать далее

Бардоштхо аз ПАЁМ

        Бе шубха мушкилтарин кору амал, ки хамзамон мояи ифтихор хам хаст, ватандориву механпарасти аст. Ифтихор аз механ ва аз таъриху тамаддун, ки дар калби хар ватандор нихон аст, хамзамон барои амалхои шоистае чихати шинохти бештари ватанаш тахрикаш медихаду водораш мекунад.  Бе шубха соли 2016 – соли тачлили 25 солагии Истиклолияти Давлатии Точикистон —  барои кишвари мо ва мардуми сарбаландаш соли пур аз комёби ва дастовардхои беназир буд. Огози корхои сохтмони дар доираи лоихаи КАСА-1000,  огози корхо дар сарбанди НБО Рогун, аввалин медали тиллоии олимпии Точикистон, таъсиси Рузи Президент дар кишвари мо, раъйпурсии умумихалки вобаста ба тагироту иловахо ба Конститутсияи Точикистон, ба руйхати экосайёхии чахони воридшавии куххои осмонбуси Помир, расман пазируфта шудани унвони Асосгузори сулху вахдати милли ва Пешвои миллат, огози гуфтушунидхо вобаста ба хатсайри хавои миёни Душанбе ва Тошканд, ба истифода додани басти дуюми Маркази барку гармидихии Душанбе-2, ба руйхати ёдгорихои чахонии фархангии ЮНЕСКО пазируфта шудани Оши Палови точики ва боз чандин руйдоду ходисаи фархабахши дигар дар соли 2016 ба вукуъ пайвастанд.  Читать далее