Дили оча ба бача… (ҳикоя)

Инҷо барояш ҳам меҳроб асту ҳам минбар, ки ҳатто бештар аз вақту соати намозу ибодат ҳаминҷо аз Худову арвоҳи азизону шаҳидон, ки маконашон ҳамон гирду гӯшаи деҳа асту номҳояшонро аз модару модаркалонаш шунида буд, барои худаш мадад меҷӯсту барои писараш сиҳативу амону баракат. Ва аз он минбар, ки ними деҳа метофт, саду як насиҳату тавсияву таъкидро гӯё ба гӯши он азизи раҳдураш мегуфту мехонд…

— Оча, падарам маро фаромӯш кардааст- а?

— Не, бачам. Мардҳои ҳақиқӣ очаҳошонаву бачаҳошона фаромӯш намекунанд. Фаромӯш ҳам карда бошад, маро фаромӯш кардагист…

Читать далее

Дарбадарӣ ва навбатпойӣ

Ҳамин гуна буд ё ин гуна набуд..Ҳар гунае, ки буд, одам чанд ҳазор сол қабл аз погаҳи як ҳамин гуна даре ба дари ин дунё омад ва дар ба дар то имрӯз расид. Чӣ андоза азиз будани дар аввалтар аз ҳама аз он вобаста аст, ки дасти кӣ доимо ба дастаи он дар мерасад ва бо нерӯи киҳо кушодаву пӯшида мешавад. Ҳар қадар ин одамон бегона бошанд, дарҳо ҳам ҳамон қадар барои шахс бегона, беаҳамият ва камарзишанд…

Аз шаҳру бозор то дилҳо дару погаҳ доранд ва вуруд ба онҷо тартиби хосу фурсату вақту замоне дорад, баъзан рӯшану маълум ва мувофиқашуда ва баъзан норӯшану ниҳону пӯшида. Ҳатто дарҳое ҳаст, ки онро дигарон ба рӯямон чимпӯш мекунанд. Ва онҳо ин корро то ҳамон вақте метавонанд анҷом бидиҳанд, ки касе нисбат ба худашон ин корро раво бубинад….

Аҷиб аст, ки худи омаду рафти одамон ба дунёи рӯшан ё ба қавле меҳмониашон хеле кӯтоҳ аст, тахминан ба андозаи як лаҳза берун аз чоруқ дам додани пойҳо баъди шаш рӯзи пиёдагардӣ чанд қадам дуртар аз погаҳи дари дунё. Ва буду боши мо инҷо аксаран бо сад аламу ҳасрату гуноҳ печида асту пур аз ишораву танбеҳу эрод. Монанд ба ҳамон ишораву эроде, ки вақти нишастанамон дар сунҷаки дар (бо баҳонаву бо далели он, ки ин кор гуноҳ асту убол аст) аз момакалонамон мешунидем…

Читать далее

Пиразани китобдор ва нигоҳи маънидор…

Аз он маконе, ки ман берун омадам то инҷо чанд ҳазорсола раҳ буд..Дар ин раҳ аввалиҳо дар баъдиҳо такрор мешудаанд, айнан мисли ҳамон, ки фардоиҳо такрору идомаи имрузиёнанд…Ва ин раҳ, ки ман аввалу охирашро намедонам, пури ҷӯяндаҳо буд- ҷӯёи нон, ҷӯёи ном ва ҷӯёи шуҳрату сарвату… ҳар чизи дигар…

Ва зани калонсоле (ки ангуштони дасту гарданаш пури ҳалқаву занҷираи тилло буду нигоҳаш ҷиддӣ ва ҳатто бераҳм ба назар мерасид) бо ҳамон саволе, ки ба ҳазорҳо кас додааст, хаёламро парешон мекунад:

— Кӣ аст муаллифаш? Дар бораи чӣ аст он?

— Намедонам, кӣ аст муаллиф…Фақат медонам, ки асрори дунё, ки ба бақояш ҳатто бисёриҳо аз имрузиён каму беш бовар мекунанд, дар он китобат шудааст… Медонам, ки сад саҳифаи пушту рӯ дар мавриди он аст, ки гамдумкиштаҳо ҳатто дар ҳоли узви оилаи олими кишоварзе будан ҳам ҳоло натавонистаанд, ки ҷав бируёнанд…

Читать далее

Ҳафиз Раҳмон: «Вақте навиштам, ки нанавиштан имкон надошт…»

(Чанд андешаву пешниҳод)

Адиби маъруфи амрикоӣ, ки хеле ва хеле дӯсташ медорам — Теодор Драйзер, як гуфтори зоҳиран одӣ, вале зебое дорад: “ҳақиқат то он даме ҳақиқат мемонад, ки дар муқобилаш чизи дигаре гуфта нашавад”. Агар, фаразан, дар муқобилаш сухани нодуруст ҳам баён шавад, дар тафаккури ашхоси дигар шубҳа пайдо мешавад. Хеле аз бузургони илму фалсафаи Шарқу Ғарб шубҳаро чизи ниҳоят лозим дар фаро гирифтани дониш, фаҳму дарки масъалаҳои илмӣ эътироф кардаанд…

Ҳадаф аз ин муқаддима он нест, ки ҳатман дар муқобили андешаҳои банда сухане гуфта шавад, не, ин як нуқтаи назар, мулоҳизаест, ки гуфтанашро лозим шумурдам, бидуни баҳсу гуфтумонҳо…

Ба ин кор номаи шоири хушному нависандаи хуби муосирамон Ато Мирхоҷа водорам кард, аввал дар вуҷудам ҳайрат омад, ки чаро чунин шахсияте маълуму машҳур масъалаи шахсиашро расонаӣ кард… Баъдан ҷойи ҳайратро андӯҳ гирифт: то ба ин дараҷа расидани кор инсон бояд хеле азияти фикрӣ кашида бошад, таконеро аз муҳити фаъолият ва фазои ҷомеа ба рӯҳу равонаш эҳсос карда бошад, вагарна, чӣ зарурате буд ифшои дарду алами ботинӣ… Ба иборате дигар, нависанда вақте менависад, ки дигар нанавиштан барояш имкон надорад…

Читать далее

Душанбе-Вашингтон (3)

Рузи сеюми сафари мо ба Амрико дар Вашингтон мисли рузи аввал ва дуюм набуд. Дируз  ман як шаби бедорхобиамро чуброн кардаву аз бегохи руз хобидам. Маро хатто занги телефонии хамрохонам хам бедор карда натавонистааст.  Баъди нахори мо дар ошёнаи дуюми мехмонхона чамъ омадем. Ман аллакай ба шумо гуфтам ки имсол новобаста ба мушкилии молиявие, ки дар Амрико буд аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу худуди 100 журналсит аз гушаву канори олам даъват шудаанд. Онхо дар 9 гурухи алохида вобаста ба зони гуфтугу ва минтакаашон муттахид шудаанд. Дар гурухи мо тавре медонед, намояндахои кишвархои пасошурави хастан- Точикистон, Киригизистон, Арманистон, Русия ва Молдова. Намояндаи Эстония бошад, бо кадом сабабе ширкат карда натавонистааст.   Читать далее

Равишхои сахехи мутолиа!

    Борхо шунидаем, ки донишомуз ё донишчуе мегуяд: «дигар хавсалаи хондани ин китобро надорам» ё «он кадар аз ин китоб хаста шудаам, ки кобили гуфтан нест» ва ё «дах бор хондам ва такрор кардам, вале боз хам ёд нагирифтам » ба рости мушкил чист? Оё барои ёдгирии дарс вокеан «бояд 10 бор китобро хонд?» ва «оё бояд даххо бор дарсро такрор кард то ёд гирифт?» мутмаинан, агар чунин бошад, мутолиа коре сахт ва токатфарсост.

Аммо вокеият чизе дигар аст. Вокеият он аст, ки ин гурух аз фарогирон, равиши сахехи мутолиаро намедонанд ва мутаассифона дар мактаб ва донишгох хам чизе рочеъ ба чи гуна дарс хондан намеомузанд. Барои ин ки мизони ёдгири афзоиш ёбад, бояд кабл аз хар чиз мутолиае фаъол ва пуё дошт. Читать далее

Дарс хондан хам одоб дорад!

  Дарс хондан худ одоб аст ва русуме дорад. Одоб ва русуме, ки боиси боло рафтани кайфияти он мешавад ва зимнан зомини саломати низ хаст.

Гарчи хамаи мо каму беш бо онхо ошноем, аммо ёдоварии он, он хам аз диди мутахассисон, холи аз лутф нест. Фосилаи чашм то китоб, дарачаи харорати уток, сару садо ва … аз мухимтарин мавориде аст, ки дар кори хондан ва навиштан таъсир дорад. Матлаби хозир ин маворидро аз диди пизишкон мавриди барраси карор додааст. Читать далее

Чи гуна кудаконро ба мутолиа ташвик кунем?

     Ахамияти китобхони назди хонаводахо чунон боло буда, ки мачолисе бо унвони чаласоти китобхони баркарор мешудааст ва зебо хондан, яке аз хунархои даврони гузашта махсуб мешудааст.

     Бо вуруди расонахои тасвири шояд арзиши мутолиа назди аксари мардум тагйир наёфт, аммо ба далели дар дастрас будани расонахои тасвири ва ба кавле хозир ва омода будани як василаи тафрехии доими, гироиш ба мутолиа камтар ва камтар шуд. Инсони огох, манбаи мутолиаи худро «интихоб» мекунад ва ичоза намедихад масъулини шабакахои телевизиони барои у тасмим бигирад.

Гуфтугу дар ин бора метавонад бисёр тулони шавад ва мо дар ин чо ба матлабе бисёр мухимтар мепардозем: Читать далее

Як бачча…

      Як бачча меофарад…

     Меофарад! Шакли нав, нигохи нав ва колаби навро. Он бачча дар он шаклу нигоху колаб тозагиро чо мекунад, ки бо нигох ба он  чашм об мехурад  ва робитае ноаён сурат мегирад. Ва он пайванд хар лахза шуморо суи шакли наве тела медихад… Читать далее