Пешниход (6)

Чунин ба назар мерасад, ки бо берун шудани воситахои наклиёти мусофиркаш – Старексу Мерседсхо аз роххои асосии Душанбе харакати воситахои дигари наклиёт барохаттар шудааст. Харчанд дар ташкили холатхои садамави, бандшавии роххо ва мисли ин факат ронандахои мусофиркаш гунахкор нестанд. Гумонам дар ба миён омадани чунин вазъ – яъне садамахои зиёд дар роххои Душанбе, холатхои бандшавии роххо, риоя нашудани коидахои харакат дар рох, коидахои таваккуф ва истгоххо, махсусан субху шом — як катор омилхо накш доранд ва мусоидат кардаанд. Мо дар чанд маводи дигар дар мавриди заминаву сабабхои рух додани садамахо ва маргу мири одамон, мушкили танбашавии мошинхо ва роххои халли он, роххои камтар кардани холатхои садамави ва коидавайронкунихо гуфта будем.

Рост аст, ки роххои мо пахнбар нестанд, дуруст аст, ки аксарияти мошинхое, ки дар кучахои мо харакат мекунад, кухна ва мухлати истифодааш кайхо гузашта аст, пушида нест, ки як кисми ронандахо аз ду руз бештар шояд дар  курсии мактаби ронандаги нанишаста бошанд ва аслан коидахои харакат дар роххои кишварро надонад. Вобаста ба танзими харакати мошинхо ва наклиёти мусофиркаши хурд дар роххои кишвар пешниходи зиёд кардан мумкин аст, ки чанд намунаро инчо меорам: Читать далее

16 майи соли 2011

  Имруз ман имтихон месупорам. Имтихон дар БДА! Имруз маълум мешавад, ки баъди  кариб ду мохи тахсил  ман хукук  ва ё ичозати  рондани мошинро дарёфт карда метавонам ё не? Вале новобаста ба ин ман чонибдори он хастам, ки махз дар кишвари мо барои ронандахои бадрафтор чазои «якумри махрум кардан аз хукуки ронандаги» чори карда шавад.  Шумо хам баъди 18-20 «вождение» дар кучахои ин шахр бо мошини дар болояш харфи «Т» дошта хатман ба хамин гуна хулоса меоед!

         Имруз дар мавриди инсонхое, ки дар таърих ва хотираи инсонхо боки мемонанд, зиндагии «сервитамин» ва сари баланди мардуми точику  точикистони навиштаам! Читать далее

Ман ронанда мешавам! (2)

 Ман ба худам ваъда додаам, ки то хадде мумкин аст, ба машгулиятхо дар курси омузиши ронандаги бе таъхир меравам. Имруз хам ним соат пештар аз огози дарсхо ба синфхона расидам, харчанд, ки машгулияти мо ним соат дертар огоз гашт. Дар ин мактаб шогирд бо муаллим то ин дарача «наздик» аст, ки метавонад, замони дар гурухи дигар дарс гузаштани устодаш  хам дари он синфхонаро кушода  «маълим, номри телефонта те, бегони зангут мезанем»  гуяд! Агар дируз 14 нафар будем, имруз хамаги 8 кас дар синфхона менишастем. Дарс сар шуд… Читать далее

Ман ронанда мешавам! (1)

     Ман ният карда будам, ки ба ягон курс ё мактаби  тайёркунии ронандахо меравам. Ба яке аз чунин мактаби ронадаги хуччат супоридам,  маблаги тахсилро хам пардохт кардам ва ман акнун шунавандаи хамин гуна курси кутохмуддати омодасозии ронандахо хастам. Имруз дар машгулияти аввал ба хулосае омадам, ки хар чизе, ки дар дарсхо мушохида мекунам, барои худам ва барои шумо менависам.  Аммо факат рузи хатми ин курс хохам гуфт, ки он кадом мактаб буд ва муаллими мо ки буд. Номи  ин бахшро хам дар блогам дар чараёни дарси аввал фикр кардам: «Ман ронанда мешавам!(1, 2,3 ва хоказо)»  Имруз мушохидаи худро аз чараёни дарси аввал навиштам. Читать далее

9 ноябри соли 2010

      Танхо будан хам душвор будаасту бо хама ва миёни бисёри будан хам. Аммо  баъзан дар миёни анбух хам кас худро танхо эхсос мекунад. Аз хама дахшатбортар хамин гуна танхои аст! Боз чи дахшатбор аст? Хаёлам холате, ки як гурух шуморо бо кадом максаде ва ё чазо додани шуда, касдан танхо мегузоранд. Аммо холате хаст, ки шумо аз дигарон бо бартарияте, ки доред, канортар хастед, дар танхои хастед…Инро бошад, як бузурге на танхои, балки ягонаги гуфтааст. Танхои аз ягонаги харчанд ба зохир якранг бошанд хам, бо маъни ва бо мантикаш тафовут дорад!

         Имруз дар мавриди монологи як марди шоиртабиати шароби, расми мехмони рафтан, нафака ва як эълони Вазорати мехнат, гунох ва савоби Горбачёв, рохе, ки дар он ягон корманди БДА нест, мушкилии  нарасидани «одам» ва манфиати зану дустдоштаи бисёр навиштам. Читать далее

Нагузаргох!!!

        Дируз баъди зухр ман хангоми ба кор омаданам миёни рохи калон-дар руи гузаргохи руизамини чанд дона мева ва сабзавотро дидам. Ин дар хиёбони Сино, ру ба руи маркази кудаконаи «Лимпопо», каме поёнтар аз Саристгохи автобусхо (автовокзал) буд. Ронандаи таксие, ки аз он тараф меомад, гуфт, ки «як мардака мошин зад. Вай ба фикрам, ки устоди ракс буд. Караболо бурдануш..!» Ман ханузам намедонам, ки у ки буд. Ному насабаш шояд акнун мухим набошад, зеро у як инсон аст, ки дар руи гузаргохи худаш уро мошин пахш кардааст!  Фардо шояд ман (ки мисли он нафар коидахои харакати рохро вайрон накарда, бештари маврид аз хамон гузаргохи руизамини рохро убур мекунам)  дар хамин холат карор мегирам. Хайрон мешавам…. Читать далее

Гап байни худамон!

        Як вакт дар маълумотномаи Асосиатсияи давлатии бехатари дар роххои Амрико омада буд, ки дар 10 сол- аз соли 1998 то 2008- шумораи занхое, ки мошинро дар холати масти идора карда, ба даст афтидаанд ва чазо дода шудаанд, 20% зиёд шудааст. Ин дар холе буд, ки дар хамин фосила шумораи мардхои бадмасту ронанда 7% кам шуда буд. Он вакт хатто коршиносони хамин самт хам дар тахлилу баррасии ин мавзуъ ва гуфтани сабаби ин холат душвори кашида буданд. Имруз дар Точикистон занхои мошинсавор кам нестанд, балки сафи онхо хар руз зиёд мешавад. Ин хуб аст! Хафтаи гузашта хабар ёфтам, ки аллакай кормандони бозрасии автомобили занхои точикро хам, ки  хангоми идораи мошин масту махмур буданд, ба кайд гирифта истодаанд. Оп-па!

Читать далее