Гаҳвораи орзу (ҳикоя)

Гаҳвораи дасти ин духтарчаи деҳотии чашмсиёҳу зебо, ки аксаран бо ҳамон як либос ва дар зери ҳамон як дарахти чормағз гоҳ танҳову гоҳе бо дугонаҳои ҳамсояаш рӯзашро ба шом мебурд, аз гаҳворае, ки барои мисол худаш онҷо хобида буд, фарқ дошт. Тафовути асосии ин гаҳвора ҳамин буд, ки духтарак дар он ҳар нимарӯз ва шаб гӯё падарашро, ки аз кор монда шудааст, мехобонду алла мегуфт. Ҷойи хоби лӯхтаки худаш низ ҳамин гаҳвора буд. Бо вуҷуди аллаҳои пурҳасрату ширингуфтаҳои беҳисоб он «тифл»-и дар гаҳвораи на монанд ба кӯдакони деҳа ҳеҷ калон намешуд…

Бо ёди ту, эй падар, бубастам латта,

Бар шохи дарахти қоматат сурху кабуд…

Читать далее

Падар. Об ва нон.

Пештар аз бомдод ҷисми ҳам хаставу ҳам ба зарби дору ба хоб моилгаштаро аз рахти роҳату гарм бо роҳи гузари шамоли Файзобод то таҳоратҷо кашидан корест на саҳл. Муҳимтарин фарз баъди он аст. Пас аз адои намоз ва вақти дуо хаёлан пеши назараш шояд ҳамаро ва маро ҳам биёрад. Худо медонад дар ҳаққи фарзандони раҳдураш, ки ҳатто рӯйи гарми модарашонро пеш аз тарки дунёву реҳлаташ надиданд, чӣ дуо мекунад!? Муҳоҷирбачаҳоро мешавад аз рӯйи дараҷаи хушбахтӣ ва саодаташон ба ду гурӯҳ тақсим кард — онҳое, ки дар маросими видоъ бо волидону наздиконашон ҳузур доштанд ва онҳое, ки ба он маросим наомаданд ва ё бо кадом сабабе натавонистанд, ки биёянд…

Читать далее

Дуруднома

Дуруд. Дуруд ба он дӯсту ҳамсинфу ҳамсояам, ки буданаш дар дуртарин солҳои бачагӣ ва наврасӣ ба зуҳури нахустин эҳсоси дӯстӣ ва рафоқат (ва ҷӯрагиву хешиву ҳамсоядориву одамгарӣ) мусоидат карду ҳамраҳиаш то кӯчаву адиру боғу ғору ғаппа аз сидқу самимонаву холисона буд ва канорам буданаш боиси дилпурӣ…

Гум карда турову гум шудам дар олам,

Чун роҳаки риштаи мазори шуҳадо…

Читать далее

Андар боби падари хуб

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд-Астория (15)

Ин субхи ман аз навис-навис бо писарам Аличон огоз шуд. (У дар синфи 5-ум тахсил мекунаду Эхсон дар синфи 2-юм) Ман онхоро пазмон шудаам, ба хамон хадд, ки онхо хам маро пазмонанду интизор! Аз хар боб навиштаму навишт, аз ину он пурсидам…Каме насихату васият кардам. Ва медонед у чи навишт? Айнан ин чумларо:

«оли сахар барои мактаб пул гирум  да аднакласникум мегзаронум баъд да шумо да пеши сураттон як чиз мемонум – инамира -мой золотой папа»

Гиряам омад, бори аввал буд, ки ман ин кадар мухаббату дустдориву пазмонии писарамро хис мекардам …

Читать далее

16 майи соли 2011

  Имруз ман имтихон месупорам. Имтихон дар БДА! Имруз маълум мешавад, ки баъди  кариб ду мохи тахсил  ман хукук  ва ё ичозати  рондани мошинро дарёфт карда метавонам ё не? Вале новобаста ба ин ман чонибдори он хастам, ки махз дар кишвари мо барои ронандахои бадрафтор чазои «якумри махрум кардан аз хукуки ронандаги» чори карда шавад.  Шумо хам баъди 18-20 «вождение» дар кучахои ин шахр бо мошини дар болояш харфи «Т» дошта хатман ба хамин гуна хулоса меоед!

         Имруз дар мавриди инсонхое, ки дар таърих ва хотираи инсонхо боки мемонанд, зиндагии «сервитамин» ва сари баланди мардуми точику  точикистони навиштаам! Читать далее

«Ман худододам…»

Кудаки  

Зохир Нуралиевич  Бобоев- Мураббии Шоистаи Точикистон, Сармураббии тими мунтахаби чавонони то 17 солаи кишвар- дар шахри Душанбе, дар кучаи ШАФАК таваллуд шудааст. Харчанд, ки баъзехо гумон мекунанд, ки у зодаи нохияи Хамадони ва  ё Фархор аст, баъзехо хаёл мекунанд, ки аз Кургонтеппа аст, мардуми дустдори футбол дар нохияи Рудакиву Шахринаву Шахритус гумон мекунад, ки у хамшахрии онхост. Хатто баъзан хаёл мекунанд, ки аз Бадахшон аст…У аз он, ки хеле масъулиятшиносу ватандусту дидадарост, хама дар симояш нафари наздику азизро мебинанд. Ва вокеан хам у фарзанди ТОЧИКИСТОН аст… Читать далее