Сабадҳои баракат

Рамазон дар воқеъ моҳи хайру баракат аст. Ба ҳамон ҳад, ки ҳатто аз тасаввури инсонҳо фаротар асту берунтар. Ҳоло то фарорасиаш ду ҳафта боқӣ монда бошад ҳам, пайки нек ва пайғоми баракат аз он моҳ аллакай мерасад. Ман, ки фарорасии Рамазони шарифро хеле пазмон мешавам, имрӯз дар маросими имзои созишнома барои кӯмакҳои башардӯстонаи иборат аз ғизо миёни Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷумла, дар ҳамин маврид низ фикр мекардам. Худованд ин қадар бузург ва сахӣ аст, монанди ҳолате, ки пеш аз тифл пистони модарро пур аз шир мекунад, пештар аз Рамазон ризқи мардумони ниёзманду ятиму бечораро мерасонад.


Пеш аз оғози маросими ба имзорасии ҳуҷҷатҳо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ, ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, ки дирӯз кишвараш рӯзи таъсисёбӣ дошту онро бо ширкати меҳмонони зиёд дар Осорхонаи Миллии Тоҷикистон бо шукӯҳ қайд карданд, суҳбат карда, ҳам аз ин маросим ёдовар гашт ва ҳам гуфт, ки Маркази имдод сар аз соли 2016 то имрӯз 26 лоиҳаи кӯмакҳои башардӯстонаро амалӣ сохтааст, ки маблағи умумии онҳо 16,1 миллион долларро ташкил мекунад. Лоиҳаи таъмини ғизо бошад, дар асоси барномаи махсусе, инак соли сеюм аст, ки дар кишвари мо татбиқ мешавад. Ин кӯмакҳо асосан соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, барқарорсозии саривақтӣ, таъмини макони зист, дастраскунии озуқаворӣ, соҳаи тандурустӣ ва таъмини оби нӯшокиро фаро гирифтаанд. Яъне, дар ҳар ду самти кӯмакҳо — ҳам дастрасӣ ба маводи озуқа ва ҳам татбиқи лоиҳаҳои рушд дар Тоҷикистон шоҳигарии Арабистони Саъудӣ натиҷаҳои қобили мулоҳиза дорад.

Бархурди сафорати он кишвар ба масъалаи дастраскунии маводи озуқа ба ниёзмандон ва кӯмакҳои дигар ба осебдидагони офатҳои табиӣ ба ин ҳад ҷиддӣ аст, ки ҳатто соли гузашта ҷаноби Сафир — Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон дар раванди дастраскунии маводи ғизо барои доираҳои ниёзманд, ки рӯйхати онҳоро Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии мавриди назар тартиб медиҳанд, бевосита ширкат карда буданд. Ҳамчунин сафари ҷаноби Сафир ба Мастчоҳи кӯҳӣ баъди офати табиӣ ва мулоқот бо мардум миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ вокунишҳои мусбатро ба бор оварда буд. Қиссаи бозгашти Сафир, вохӯрӣ бо ҷавони тоҷик ва аҳли оилаи ӯ дар роҳи сафар ва мусоидати ӯ ба он ҷавони ҳамватани мо барои сафари ҳаҷҷи умра ҳам то дергоҳ сари забони мардум ва дар сархати расонаҳо буд. Ҳаҷми кӯмаке, ки ҳамон вақт Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Мастчоҳи кӯҳӣ расонида буд, 1,5 миллион доллари амрикоӣ буд.

Дар воқеъ бояд қайд кунем, ки Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ аз ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон ва татбиқи лоиҳаҳои хайриявӣ миёни кишварҳои арабӣ дар мақоми аввал ва дар дунё дар зинаи сеюм аст.

Дар маросими имзои ин созишнома дар Душанбе намояндагони Сафорати Арабистони саъудӣ бо ҳузури ҷаноби Сафир — Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, бо ҳузури Котиби генералии ҷамъият — Қурбониён Баҳодур Бобоҷон, намояндагони Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон, намояндаи ширкати истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд. Созишномаи аввал миёни намояндаи Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ва намояндаи ширкати истеҳсолкунанда ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки имсол дар доираи лоиҳаи «Сабади озуқаворӣ» шумораи сабадҳо ба 7427 мерасад ва аз ғизои дохили он, ки асосан аз орду шакару равған, макарону чой, лубиё ва донагиҳои дигар иборат аст, 44 562 каси ятиму ниёзманду мӯҳтоҷ аз 5 шаҳру навоҳии кишвар баҳравар мешаванд. Имсол барои таҳияи ҳамаи ин сабадҳо ҳудуди 400 000 доллари амрикоӣ масраф мешавад. Муддати амалишавии лоиҳаи мазкур се моҳро дар бар мегирад ва татбиқи он бошад, аз санаи 8 март, аз рӯзҳои аввали фарорасии моҳи мубораки Рамазон шурӯъ мешавад. Истеҳсолкунанда ӯҳдадор аст, ки барои таҳияи ин сабадҳо беҳтарин маҳсулоти ғизоиро аз нигоҳи сифат ва кафолат, мӯҳлати истифода ва ҳам аз рӯйи ғизонокиву нерӯ омода созад.

Созишномаи дигар миёни Ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ба имзо расид. Онро аз он ҷониб намояндаи ин Марказ, ки аз Шоҳигарии Арабистони саъудӣ омада буданд ва аз инҷониб Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон — Қурбониён Баҳодур Бобоҷон ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки ин ҷамъият бо Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон соли 7-ум аст, ки дар чанд самт ҳамкорӣ мекунад. Ҳамкориҳои мазкур дар ҳамин нишаст нишони олии равобити зичу ҳасана миёни кишварҳо ва махсусан иродаи неку самимии сарварони ҳарду кишвар — Тоҷикистон ва шоҳигарии Арабистони Саъудӣ гуфта шуд. Сарвари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қайд кард, ки маҳз онҳо масъули тақсимоти сабадҳои озуқаворӣ буда, ин корро дар ҳамбастагӣ бо Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва бо дастгириву мадади бештар аз 10 000 ризокор (волонтёр) ва бо истифода аз зарфияту имконияти 69 филиали ҷамъияти мазкур дар саросари кишвар ва махсусан, дар ҳамон панҷ шаҳру навоҳии мавриди назар, анҷом медиҳанд.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои пайваста дар ин ва самтҳои дигар қаноатмандӣ изҳор карданд ва умедвор буданд, ки имсол ҳам ин бастаҳо ё сабадҳои озуқа дар саршавии моҳи мубораки Рамазон ба дасти ниёзмандон расидаву боиси қаноатмандӣ ва хушнудии онҳо хоҳад гашт.


Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше