Хона (ҳикоя)

Ҳамон офтобе, ки ҳар саҳар нурашро аз роҳи тирезаҳои плостикии шишадору пардадори соҳибони манзили рӯ ба машриқ ба рӯйи онҳову рӯйи рахти хоби сафеду мулоими онҳо мерехт, аз пушт ҳамон чодари арӯсии модари ин ҷавонро, ки дар шаҳр акнун ҳам нақши шишаро иҷро мекунаду ҳам вазифаи пардаро, гӯё фақат ламс мекард. Нури офтоб аз як-ду роғи ин чодар-тиреза ворид шудаву гӯё аз оғози боз як рӯзи нав барои соҳибхона, ки мисли дигарон рахти хоби сафеду мулоим надошт, хабар медод.

Ҳамин офтоб ва нурҳои тезу сӯзонаш буд, ки то ин чодар чанд қабат ба қавле клеёнкаро сӯхту корношоям сохт. (Ва ҳам он нурҳо ҳар рӯз вориди садҳо хонаи холие мешаванд, ки соҳибони хонафурӯшаш ҳам шояд ҳисоби онҳоро гум карда бошанд).

Дар ин хона ҳама чиз вазифаи дигартаре дорад — хиштҳои бетонӣ инҷо пояҳои рахти хоб, латтапораҳо- болишт, палтои кӯҳнае курпаи рӯ ва як қулоч сими алюминӣ- антенаи радио аст.

Аз рӯйи як яшики кӯҳнаи кунҷи ин хонаи хиштиву бетонӣ, ки ҳатто деворҳояш андоваи сементӣ надорад, акси модараш сӯяш самимона механдад. Он аксро ӯ аз деҳа овард. Фикр кард, нисбат ба он, ки шавҳари ягона хоҳараш ҳар вақт аз будани ин акс дар девори хонаи худаш изҳори нороҳатӣ кунад, инҷо будани акс беҳтар аст. Модар — бо ин бузургӣ худаш бояд дар миёни чор девори писар ва аксаш дар мехи девори хонаи писар бошад. Ҳамин табассуми ширини модари танҳояш ӯро ба зӯр то охири ҳафта инҷо нигоҳ медошт. Баъд гӯё аз банди ин хонаву бинои шаҳрӣ канда шудаву сӯйи деҳа мегурехт…

Хонаи падараш дар деҳа дарвозаи чӯбини пурнақшу нигоре дорад. Он шояд ягона хотира аз бобояш — усто Қаландар буд, ки як вақт нишони дороиву зиндагии шоиста ва завқи баландашон ҳам буд. Замона дигар гашту одамон ҳам тағир ёфтанд ва ҳоло дарвозаи чӯбини онҳо дар деҳа тамоман дар муд нест, балки рӯ ба рӯйи дарвозаҳои оҳанини чанд метр баландӣ доштаи ҳамсояҳо акнун нишони фақирӣ ва ҳатто беилоҷӣ аст…

Вале ӯ аз ин ҳеҷ парво надошт. Ғам намехӯрд, ки дарвозаи чӯбини онҳо дар деҳа аз таъсири боду борон фарсудаву пӯсида аст. Пушти дарвоза барояш муҳим буд, ки як вақт қадамҷойи падари муаллимашу имрӯз манзили модари муштипару ғамгусораш аст. Дар муҳим нест. Хушбахтӣ ҳам фақат дар дар нест. Хонаи шаҳрии ӯ ҳатто дар надорад…

Он чанд ҳамкораш, ки бо ҳам акнун дӯст низ ҳастанд, дар шаҳр бо ӯ дар ҳамин хона зиндагӣ мекунанд. Якҷо ҳар субҳ ба кор мераванд ва шабҳоро бо қиссаҳои росту дуруғ ва орзуҳои деринтизору баъзан амалинашаванда то ба субҳ мебаранд. Аз инҷо то макони корашон масофаи андак аст. Ҳамагӣ чанд қадам роҳ. Вале корашон сабук нест. Шояд барои он, ки аз рӯйи ихтисосашон ҳам несту табъи дилашон низ…

Имруз ё пагоҳ ӯ ҳатман ба суратхонае рафта, аз хотираи телефонаш акси якҷояи худро бо фарзандонаш чоп мекунад ва дар канори акси модараш рӯйи ҳамон қуттии тахтагине, ки дар ин хона нақши ҷевонро иҷро мекунад, мегузорад. Онҳоро пазмон мешавад. Дар хаёлаш рӯзу соатҳоеро, ки барои ба шаҳр овардани онҳову ҳамсараш имкон меёбад, чарх мезанонад. Ҳазор маротиба аст он сана иваз мешавад, сад бор аст, ки аз фикраш мегардад, даҳ карат аст, ки ҳамин нақшааш бо ашки пинҳониашу хоби ногаҳониаш барбод меравад…

Дар шаҳр ҳоло барф наборидааст, вале ин шаб хеле сард буд. Чӯбу чахси фаровоне, ки дар гирду гӯшааш ҳаст, то хокистар шудан даруни он зарфи оҳанин, ки як қисми бочкаи рангу бор дошта буд, сӯхт. Фазои хона пури дуд ҳам ки мешуд, як муддат то аз роғи дару тирезаҳои латтапеч ба берун рафтани гармӣ, гарму роҳат мегашт. Як чойнаки оҳанини кӯҳна ҳам, ки аз дуд сиёҳ шуда буд, ҳамеша гӯё мисли як бечораи овезон ба банди дор ба қисмати поини сими қутраш шаш, ки аз сақфи хона дар болои ҳамон алови байни хона сернишеб буд, руст шуда меистод ва махсусан шабҳо ҳамеша оби ҷӯшидаву чойи талхе дошт. Симҳои барқ, ки кунҷҳои ин хонаро бо ҳам гӯё мепайвастанд, нақши тори либосовезиро доштанд. Он симҳо дар қатори мехҳои калони ба танаи девор кӯфташуда, ки ҷойи либосҳои тозаву хушканд, барои либосҳои наму нав шӯсташуда буданд.

Фақат худаш медонисту Худо, ки чаро бо доштани ҷойи кору будани ин чордеворӣ дар маркази шаҳр ҳам, вақташ хуш нест. Бегоҳиҳо, вақте ки қадамҳояшро ҳамеша ким-кадом барномаи телефонӣ ҳисоб мекард, ҷамъи андешаҳои бесару нӯг азияташ медод. Миёни биноҳои баланд аз пастии толеъ фикр мекард. Даҳ ҳазор қадам ҳам қариб ҳар шаб, инак чанд сол буд, ки сиҳатиашро беҳ намесохт. Либосу параш бӯйи алов ва дуди чӯб мекард. Ин ҳамон вақте ба ёдаш меомад, ки кадом ҳамсояи хушлибосаш аз канораш тир мешуду атри либосаш ба машоми ӯ мерасид. Аммо саволе, ки мехост ба аксари ҳамсояҳои дуру наздикаш бидиҳад, ин набуд. Аз онҳо ким-чизи дигарро мехост пурсад, ки ҳеҷ ҷуръат намекард. Ва ҳам фикр мекард, ки ҳоло касе ба ин суолаш росту дурусту бепарда ва самимона ҷавоб намедиҳад…

Халтае, ки ҳамсару фарзандонаш баъди салому оғӯшҳои самимона ба он зеҳн мемонанду интизоранд, аз сумкаи дигари калонҳаҷме, ки чанд сол аст онро ба шаҳр мебараду меорад, фарқ дорад ва даҳҳо карат хурд ҳам ҳаст. Фарзандонаш ҳамеша ба ин бовар буданд, ки қанду шоколадҳои шаҳр, кам ҳам бошад, бомаззатар аз он чизе аст, ки дар вагон-мағозаи деҳаашон ҳаст ва онҳо гоҳ бо тангаҳои бақияи нону макарону собуни харидаашону гоҳҳо тариқи навиштани номи падаршон дар китоби қарзҳои мардуми деҳа, аз онҷо гӯё мехаранд…

«Вазелинҳои ҳозира на таъсири хуб доранду на ягон фоида». Ин ҷумларо ҳар ҳафта шабҳо ҳамсараш мегуфт, вақте ки либосҳои аз шаҳр овардаи шавҳарашро дар як тағораи калон аввал тар мекарду баъд бо сад азоб бо даст мешӯсту дар фасли гармо дар тори либосҳои ҳавливу дар сардиҳо пеши печкаи аз алови таппак тафсида меовехт. Ин бечора ҳам, ки имкони аз дорухонаҳои шаҳр харидани малҳами дигарро аз дарди буғуму устухон надошт, фақат чанд қуттӣ вазелин меовард ва бо боварӣ ба ҳамсараш мегуфт, ки он дарди дастонашро, ки аз шӯстану ҷафидани либосҳои кории ғафс аст, рафъ хоҳад кард…

Вале саволи ҷиддии ҳамсараш, ки ҳар ҳафта ба он бармегашт, тамоман дигар буд. Саволе, ки инак, чанд моҳ аст ҳамсараш пурсидани онро аз Ҳоҷӣ (ки боре ҳам ӯро надида буду номашро аз суҳбати шавҳараш фаҳмида буд) талаб мекард. Баъзан шабҳо дар он чордевории шаҳриаш, дур аз зану фарзанду модар сари ин суол фикр мекард. Ва ҳамеша ба хулоса меомад, ки ҳеҷ вақт ин суолро ба роҳбари бевоситааш — ба Ҳоҷӣ намедиҳад ва ин маслиҳати ҳамсарашро бо ӯ дар миён ҳам намегузорад. Ӯ Ҳоҷиро хуб мешинохт ва ҳам омаду рафти даҳҳо нафарро бо ин ва дигар масъалаҳои ба ин монанд, медид. Ин нақша, ки муаллифи он ҳамсараш буд, ба назар дур аз воқеъият буд. Одамони пулдор ҳоло хона чӣ, ки нонро ҳам дигар бо насия намедиҳанд…

Ҳар қадар он рӯз наздик мешуд, ӯ ҳамон қадар озурдатар мегашт. Он рӯзҳо сад кас шодӣ мекунад, ҳафтаҳо ин роҳу пайроҳаҳо ва хонаҳое, ки ӯву дӯстонаш сохтаанд, пури меҳмон мешавад. Ҳарчанд ҳамкоронаш ҳам аз ҳар ҷиҳат монанду баробари ӯ буданд, вале фақат ӯ (ки дар гузашта як эҷодкору қаламкаш буд) фикр мекард, ки аз ҳама ғамгинтару бечоратар аст. Махсусан, ҳамон рӯзҳои ҷамъу гири хонааш, барои ӯ хеле гаронӣ ва нороҳатӣ меовард…

Ин сохтмон ҳам, ки 120 хонаи хурду бузург барои зист дорад, анҷом ёфт. Имрӯз бояд ин хонаву ҷойро холӣ кунад. Ӯ ду халта бор ва як дили пурорзуву сари ғарқи андешаашро ба зӯр бардоштаву бо хаёли рӯзе соҳиби яке аз ҳамин хонаҳои худаш сохта гардидан, ба сохтмони дигаре меравад. Сипосномаашро ҳам бо имзои Ҳоҷӣ — барои сохтмончии пешқадами масъулиятшинос, аз ҳама охир аз риштаи гирди мехи миёни ду хишти хонаи муваққатиаш озод карда, ба борхалтааш мегузорад…

Тӯли ин чанд соли омаду рафт ва кору бораш дар шаҳр ӯ чандин ҳамин гуна чордевории бе андоваву дар гармиҳо бе дару тиреза ва дар сардиҳо чодарпечу латтапечро, ки бо аксу сурати азизонаш ва ҳатто бо гулдону тақвиму аксҳо оро медод, бо дили пуралам ва ашкҳои бари рӯ холиву иваз кардааст. Паи панҷаву дастҳои дар меҳнат сахту шахшулгаштааш дар чандин хонаву бинову иморати навсохт монда, мисли ҳамон як доғу алами бузурги бехонагӣ дар дилу дар ҷигараш…

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше