Мухочирон ва мухочират!

         Ба хама маълум аст, ки мухочират кардан ба кишвархои дигар барои кор, хусусан ба Русия чанд сол аст, ки давом дорад. Сабабхо хар гуна мешаванд, вале агар хато накунам, аксари мардуми точик, хатто занхо хам  бештар ба хотири пайдо кардани чои кор ба Русия мераванд. Мутаассифона, баъзехо гирифтори фиреби корфармо мешаванду хакки кори худро ногирифта бармегарданд, баъзеи дигар бошад бо сабабхои гуногун ё саломатии худро аз даст додаанд, ё ин ки чисми бечони онхоро ба ватанашон меоранд.     

Маълумоти поёниро ман аз сахафоти гуногуни интернет чамъ овардам, ки шояд барои шумо шавковар бошад.

Мухочират чист?

Мухочират иборат аст аз чобачоии мардум аз маконе ба маконе дигар барои кор ё зиндаги. Мардум маъмулан ба далели дур шудан аз шароит ё авомили номусоиди дуркунандае монанди факр, камбуди гизо, балоёи табии, чанг ва бекори мухочират мекунанд. Далоили дувум метавонад шароит ва авомили мусоиди чазбкунанда монанди имконоти бехдоштии бештар, омузиши бехтар, даромади бештар ва маскани бехтар дар максади мухочират бошад.

Кишвархои мухочирпазир низ аз неруи кори мухочирон нафъ мебаранд. Бисёре аз кишвархо барои гардиши иктисоди худ ба неруи кори арзони мухочирин ниёз доранд. Мухочирон ба вижа дар бахшхои кишоварзи, сохтмон, ресторондори, мурокибат аз солмандон, назофат ва хидматкории манозил машгул ба кор хастанд.

Оморхои чахонии мухочират

Оморхои мухочират ба афроде ишора мекунад, ки аз як кишвар ба кишвари дигаре, барои мисол, мухочирони насли аввал мухочират кардаанд. Дар мавориди гайрирасми истилохоте монанди «мухочир», ё «хоричи» аглаб барои нишон додани вижагихои нажоди ва кавмии акалиятхои мухочирон, бидуни таваччух ба махали таваллуд ё шахрвандии онхо истифода мешавад.

Теъдоди кулли мухочирони байналмилали дар Иёлоти Муттахидаи Амрико 39 миллион нафар аст. Болотарин дар сади мухочирон дар неруи кор ва коргарон дар кишвархои хавзаи Халичи Форс мухосиба шуда, ки 90% дар Аморати Муттахидаи Араби, 86% дар Катар, 82% дар Кувейт, 64% дар Умон, ки ин чараёни мухочират факат аз кишвархои факир ба кишвархои сарватманд намебошад: дар худуди як савуми мухочирони байналмилали аз як кишвари тавсиаёфта ба кишвари дигаре мухочират мекунанд.

Дар Аврупо факат Люксембург ин мизонро бо 45% неруи кори хоричи дорад. Дар 41 кишвар беш аз як панчуми чамъият аз мухочирони хоричи ташкил шудааст.    

Точик дар гурбат

Расман гуфта мешавад, ки шумори мухочирони точик дар Русия наздик ба 800 хазор тан аст, аммо бархе аз созмонхои мухочирон дар Русия ин ракамро якуним миллион тан унвон мекунанд. Шумори зиёде аз ин мухочирони кори бидуни дарёфти хукук аз корфармоёни руси худ мачбур ба бозгашт шудаанд.

Аммо аз сабаби наёфтани чои кор дар Точикистон бисёре аз ин афрод дубора ру ба суи Русия ниходаанд. Албатта, Русия танхо максади мухочирони кори нест. Чавононе, ки забони англиси ё дигар забонхои гарбиро фаро гирифтаанд, тарчех медиханд ба кишвархои гарби мухочират кунанд. Вале Русия хамчунон максади аслии чуяндагони кор аст.

Он иддаи аз мухочирон, ки кори худро дар Русия хифз кардаанд, акнун талош мекунанд хонаводахои худро хам аз Точикистон ба Русия бибаранд ва зиндагии бехтареро бо хам дар он чо тачриба кунанд.

Аммо он зиндагии мавъуд хам холи аз мушкилот нест. Камтар мухочиреро аз Точикистон дар Русия метавон ёфт, ки аз зиндагиаш дар гурбат рози бошад. Фишори иктисоди тавъам бо фишори амниятии маъмурони рус ба мухочирон мачол намедихад, ки аз зиндагии худ лаззат бибаранд. Бештари онхо мегуянд, агар дар кишвари худ шугли муносибе медоштанд, харгиз тан ба ранчхои гурбат намесупурданд.

Дар натича дар хиёбонхои Маскав нудратан точикеро метавон дид, ки бепарво гашту гузор кунад. Дар хиёбонхои машхури пойтахти Русия, шуморе аз точирони точикро дидан мумкин аст, ки бозорашон дар Русия равнаки чашмгире дорад. Вале бештарин шумори точиконе, ки дар чустучуи кор ба Русия рафтаанд, коргарони содаи бозорхо ва сохтмонхои он кишваранд.  

Афзоиши маргу мири мухочирони кории точик

Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Точикистон часади 784 шахрванди ин кишвар, ки дар Русия даргузаштаанд, ба Точикистон интикол дода шудаанд.

Гуфта мешавад ки 93 нафар аз ин афрод кушта шудаанд ва ба гуфтаи Вазири кишвари Точикистон, 45 тан аз онхо аз суи хамватанони худ ба катл расидаанд.

Точикистон яке аз кишвархои Осиёи Маркази аст, ки бештарин теъдоди мухочирони кориро дар хорич аз ин кишвар, аз чумла Федератсияи Русия дорад. Бар асоси оморхои гайрирасми, дар холи хозир беш аз 1 милион мухочири кори точик дар Русия ба сар мебаранд. Ин теъдоди мухочири кори точик то кунун аз аз химояти хукуки бархурдор набуда ва хамчунон дар вазъияти ногуворе карор доранд.

Ба акидаи коршиносон, адами химояти хукукии мухочирони кории точик дар Русия мучиб шудааст, онон хамвора аз суи макомоти интизомии пулиси ин кишвар тахти таъкиб карор доранд.

Корфармоёни рус низ бо истифода аз ин авзоъи мухочирон аз онхо суистифода мекунанд ва дар бисёре аз маворид хукуки ононро пардохт намекунанд ва ё бо пардохти андак ва он хам бо таъхир басанда мекунанд. Адами вучуди амнияти чонии мухочирони кории точик дар Русия яке дигар аз мушкилоте аст, ки ин мухочирон солхост бо он мувочех хастанд.

Бар асоси оморхои ироашуда, дар соли гузаштаи мелоди теъдоди 784 тан аз коргарони мухочири точик чони худро дар Русия аз даст додаанд. Ин омор нишон медихад, теъдоди нерухои кории точик, ки дар Русия чони худро аз даст додаанд дар киёс бо соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Кобили зикр аст, ки теъдоди зиёде аз мухочирони кории точик, ки чони худро дар Русия аз даст додаанд, ба катл расидаанд. Бар асоси эъломи Вазорати кишвари Точикистон, дар соли гузашта 95 тан аз мухочирони точик дар кишвари Русия ба катл расидаанд. Бо ин хол мухочирати афроди чуёи кор аз Точикистон ба кишвархои хоричи, аз чумла Русия хамчунон идома дорад.

Зеро аз сабаби бекори ва хукуки поини кормандони ниходхо, муассисот ва корхонахои давлати дар кишвархое чун Точикистон мучиби идомаи раванди кори ба хорич аз ин кишвар шудааст. Бо таваччух ба идомаи раванди мухочират неруи кори аз Точикистон ба хорич аз ин кишвар, ахиран макомот ва масъулони Точикистон, чихати танзими раванди мухочирати кори аз кишвар ва химояти хукуки аз онон икдомотеро анчом додаанд ва барномахоеро дар дастури кори худ карор додаанд. 

Дар холи хозир беш аз сад хазор мухочири кории точик дар Русия ба далели адами пардохти хукук аз суи корфармоён, наметавонанд ба кишвари худ бозгарданд ва аксари онон гирифтори фиреби корфармоён мебошанд.

Сафи занони мухочири точик дар Русия

Теъдоди занони мухочири Точикистонро чунонки дар яке аз сомонахо омадааст, масъулони Кумитаи кор бо занони Точикистон дар соли 2009 ва 2010 чунин арзёби карда буданд, ки ман айнан овардам:

Масъулони Кумитаи кор бо занони Точикистон мегуянд, мухочирати занони точик ба кишвархои хоричи, ба вижа Русия афзудааст. Сумангул Тагоева раиси Кумитаи кор бо занон гуфт, агар дар соли 2009-и мелоди теъдоди занони мухочир каме бештар аз 21 хазор нафарро ташкил медод, ин шумора дар соли 2010 мелоди ба 48 хазор нафар расидааст.

Хонум Тагоева мегуяд, аксари ин занони мухочир дар пайи вазнинии бори зиндаги ба мухочирати кори рафтаанд. Кисмати аслии ин занон барои дарёфти чои кор, барои дарёфти маблаг барои тарбияти фарзандони худ рафтаанд. Дар давлати Русия онхо имкони дарёфти бештари чойхои кориро доранд – афзуд у.

Дар холе ки акнун аз омадани тобути занони точик аз Русия низ гузориш мешавад. Аз руи маълумоти расми дар соли 2009 дар миёни 680 тобути мухочирони точик, ки ба Ватан оварда шуд дар миёни онхо 51 тобути мухочири занон низ будааст

 Коргарони мухочир ва мухочирони гайриконуни дар Русия

Идораи мухочирати Русия мегуяд, соли 2011 худуди 1 миллиону 800 хазор хоричи ба шакли конуни вориди Русия шудаанд. Дар хамин хол бар асоси омори бонки чахони, байни 4 то 12 миллион нафар дар Русия ба таври гайриконуни кор мекунанд.

http://www.torghabehonline.com

http://strategicreview.org 

=====================================================

Один ответ

  1. Аки Субхон ба фикри шумо барои ин ки мардуми мо дар дигар мамлакатхо сарсону саргардон нагарданду дар ватани худ зиндагиу кор кунанд чи бояд кард??? Ба фикри шумо ягон рохи хал хаст?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: