Як лаб нон ва як лаб хотира…

Ӯ шоҳиди чанд замону давру давра аст. Ҳам замони беғамиҳову фаровоннониҳо, ки ҳатто чорвои мардум тағораҳои калони тарит дошт, ҳам замони ғамдориҳо, ки дар он ба сари ҳар аъзои оила 120 гиром нон мерасид ва акнун давраи хотираҳо ва хаёлҳои ба нон печида — даврони нонпазҳои муосир ва нонҳои гоҳ гарму сахту ширину шӯру сангакиву барқиву тафдонӣ….

Муҳимтарин фасли кории ӯ ба гумони ғолиб ҳамон давроне буд, ки мардум аз ин саволи фарзандаш ғамгину аламзада мегашт — «оча, нон дорем?»…

Ӯ ва як гурӯҳи калони мардони файзободӣ қошу миҷҷаи худро тӯли ду ва се даҳсола дами дари печҳои аз маводи сӯхт тафсону лабрези алови нонпазӣ сӯзондаанд. Кундаҳои сина бояд пури алов мешуд, ки баъд «хлеби Файзобод» мепӯхт ва ба дасти ҳар сокини он маҳаллу ҳар раҳгузару меҳмон мерасид. Дилҳо, ки лабрези умед ва боварӣ буд, ин кори душвор осон мегашт. Ва зиёда аз ин, солҳои нотинҷиву гуруснагӣ ӯ ва ҳамкоронаш хуб медонистанд, ки ҳамин хлеб, ки мардум замони беғамиҳо онро сад тараф тоб додаву барои як лаби сухтааш ё аз қолаб берун афтидааш, намехарид, акнун дигар нерӯву тавони як оила аст, маззаи даҳони мардуми ба таҳлукаи нон афтида аст.

Он замон дигар ягон омадан, барои мисол дар маҳаллаи мо, мисли омадани аспу аробаи мӯсафеди Бобоназар гуворову хостанӣ ва деринтизор набуд…Ва шояд дигар ягон вақт тану ҷисму ҷони хлеби Файзобод мисли ҳамон вақт бо кордҳои калоне, ки масалан мо, наврасони ҳамон вақт, намунаашро фақат ҳамонҷо дидем, пора-пора нашуда буд. Он пораҳо ҳаққи дилпораҳои мардум буд, ки дар хона нонро интизорӣ мекашиданд…

Ман ҳар вақт ӯву мусафеди ҳоҷӣ Гадову боз чанд тан аз ҳамкорони дигари онҳоро аз коргоҳи нонпазии Файзобод мебинам, ҳамон хотираҳои гирди коргоҳи нон ва замони камнониҳои мардум пеши рӯям меояд. Париданҳо ба сари девор, руйхату ҳаққу ҳиссаҳо, посбонҳои гирди коргоҳ, навбатпоиҳо барои нон ва қиссаҳои аламдори тақсимоти хлеб — ҳар кадом сужаи хосе аз ҳамон филми мустанади ҳайётии пур аз ғам дар мавзуйи нон ва зиндагӣ дар ҳошияи интизории хлеби овозадори Файзобод аст.

Бешак онҳо қаҳрамонони замони худашонанд. Бо хости Худо ва бо таҳаммули сад азобу нороҳатӣ ва мушкил дар ҳамон даврони ноорому вазнин ҷони мардумро аз гуруснагӣ харидаанд ва нагузоштанд, ки ҳамон қариб ягона неъмати рӯйи дастурхони мардум — НОН, хлеби Файзобод, ки камчин шуда буд, ноёфту нопадид шавад.

Мошинҳои зиёди пушти дари ресторану бозору коргоҳҳои муҳиму ҷойҳои дилхушӣ имрӯз манзараи комилан баракси ҳамон даврони мушкил аст. Он замон ҷамъи мошинҳои кӯҳнаву рехта ва фаъолу гардон бо муҳаррикҳои бегонаро на дар саҳни кадом муассисаи молиявиву қудративу тиҷоративу фароғатӣ, балки фақат пушти дарвоза ва девори ҳамин (ва мисли ин) коргоҳи нонпазӣ дидан мумкин буд. Коргоҳе, ки дар он сӯйи деворҳояш як гурӯҳ ҷавонони ҳунарманду бонангу боирода шабонарӯзӣ нон мепӯхтанд. Ва шояд дар он алов ягона орзӯи онҳо ва тамомии мардум — оромиву тинҷӣ ва сериву пурӣ ҳам мепӯхт…

Самандар Муродов тағои ман аст. Додараки очаам. Чанд даҳсола дар ҳамон коргоҳи хлебпазии як замон овозадори Файзобод кор кардааст. Ҳар вақт мебинам, ки аз миёни кулчаву нон ва неъматҳои фаровони рӯйи дастурхон ҳамон ХЛЕБИ ФАЙЗОБОД -ро бо дастони акнун ларзонаш мегираду мисли ҳамон замони кориаш бе корд ва бо даст пора кардаву ба даҳон мебарад, мисли хотираҳои болоӣ, сад хаёлу андешаву фикри бештар аламдору ғамолуда дар зеҳнам зуҳур мекунанду чарх мезанад. Маззаи ҳамин хлеб, ки як вақт худаш мепӯхт, дар комаш асту меҳри кору касб дар ҷонаш…

Аз сад фақат ҳамин як андеша, ки ҳамон Самандар (ки худаш дар васфи паҳлавониҳояш шӯхиомез мегуфт, «сад задани оҳангару як задани Самандар») имрӯз бо такяи асобағал роҳ меравад, хеле ҷигарсӯз аст…

Он коргоҳ ҳоло ҳам кор мекунад ва андак ҳам бошад, чизе аз ҳамон маззаву ҳамон усули нонпазӣ дар он боқӣ мондааст. Мисли ҳамон чизи андаке аз хотираҳои замони камнониву гуруснагӣ ва навбатпоиҳо барои як лаби нон…

PS: агар кадом хотираву ёддошти ба ҳамон даврон ва ба хлеби Файзобод вобаста доред, хоҳиш, дар зер бинависед. Ман ба тағоям нишон медиҳам, мехонам барояш. Хурсанд мешавад…

Бо тагоям Самандар Муродов.

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше