Се кунҷи як сафар (ҳикоя)

Баъди он, ки аксарияти мошинҳои кӯҳнаву фарсуда аз шаҳр бурун шуданд, ин ҷойҳо сермошин гашт. Аксарияти он мошинҳоро, ки акнун кирокашӣ мекунанд, онҳое ронандагӣ мекунанд, ки аз Русия депорт шуданд ва ё дигар хоҳиши ба онҷо рафтан надоранд. Ба болои ҳамаи ин мардумони дигар ҳам як одату кори аҷиби дигарро дар ҳамин чанд соли охир ёд гирифтанд — дигар барои кору бори худашон шаҳр рафтанӣ шаванд ҳам, ҳатман ба ин нуқта омада, се-чор мусофир мегиранд ва баъд суйи шаҳр ҳаракат мекунанд. Кадом шабе мардум дар масҷид ҷавонеро мазаммат кардаанд, ки падари беморашро дар курсии пеши мошинаш шинонида, як соат дар ҳамин истгоҳ мусофир кофтааст …

Ҳамин ҳоло мошини сиёҳшиша, ки дар курсии пеши он пирамарди тахминан 65-70 сола менишаст, омаду аз ҷойи исти анбӯҳи одамон дуртар истод. Ронанда, ки ҷавони тахминан 30-35 сола буд, аз дӯкони канори роҳ як зарфи оби нушокӣ оварда, ба пирамард дод. Фақат як зани ҷавон аз миёни анбӯҳ ҷудо шуда, сӯйи мошин омад ва баъди чизеро аз ронанда пурсидан ба курсии қафо нишаст. Тахмин кардан мумкин буд, ки ин ронанда аслан таксиронӣ намекунад ва он зан бошад, шояд саросема буд ва мехост барвақттар ба хонааш бирасад. Ба ҳар сурат пирамарди курсии пеши мошин, ки зери таъсири нурҳои роҳатбори офтоби тирамоҳӣ, ғанаб мерафт, дили он зани ҷавонро пуртар кард. Вагарна ӯ таъкид шуда буд, ки ба мошинҳои шубҳаноку ронандаҳояш ҷавонони бадгуфтору масту хуморӣ савор нашавад.

Маротибаи аввал зан фикр кард, ки ронанда ба воситаи ойина мошинҳои қатори пушти мошинашро нигоҳ мекунад. Ва шояд ҳамин чиз буд, ки хоҳиши ронандаро барои занг задан ба рақами телефони вай рад накард.

— Телефонамро ё куҷое фаромӯш кардам ва ё дар кадом кунҷи ҳамин мошин афтидааст. Як бор ба рақами ман занг занед — кӯ садояш баланд мешавад?

Мусофирзан рақамҳои диктакардаи ронандаро пушти ҳам чинд. Садои телефон мисле, ки аз таги курсии ронанда баланд шуд. Ронанда бо сипос аз мусофираш телефонро гирифта, ба қисмати пеши мошин гузошту ойнаи салонро ҳамон гунае ҷунбонда ба чашми худаш мувофиқ кард, ки акси зани мусофир акнун пурра ва дар мобайни он ҷо гирифт. Фақат ҳамин вақт зан дарк кард, ки ронанда ба воситаи ойина пинҳону ошкор ва бо нигоҳҳои гурусна ба ӯ чашм медӯзад. Аз истгоҳ то инҷо акнун ду деҳа роҳ пушти сар шуда буду барои фаромадан дери дер…

Баъди он, ки занги телефони зан баланд шуд, ронанда садои радиои мошинашро пасттар кард. Ин амалаш фақат барои роҳаттар будани сӯҳбати мусофир ҳам бошад, боз барои он буд, ки дар бораи он зан ягон гапи нав бишунавад. Зиндагиву киву аз куҷо будани ин зан акнун барои ронанда ҷолиб буд. Дар ҳошияи саломуалейки зан пирамарди курсии пеши мошин чашмонашро кушода, пурсид, ки ба куҷо расидаанд ва ба ронанда супориш дод, ки ба роҳи деҳаи Шаҳтуто равад. Ҳам вазъи он роҳ хубтар аст ва ҳам масофа наздиктар мешавад. Ва боз мисли он, ки посбони куҷое будаву шаб нахуспидаву монда шуда буд, садои хурроккашиаш баланд шуд…

Ронанда аз сӯҳбати телефонии зан бо касе, ки аз рӯйи тахмин ҳамсари ӯ ва аз роҳи дур буд, фақат ҳаминро фаҳмид, ки баъди як деҳа мусофираш мефарояд ва ӯ баъди аз филиали як бонк дар маркази ноҳия гирифтани чанд рубли фиристонидаи шавҳараш ба деҳа баргашта истодааст.

Баъди он, ки як ҷавони дигари тахмин ҳамсинну соли ронанда аз канори роҳ даст боло кард, ронанда мошинро нигоҳ дошта, ба чанд саволи кӯтоҳи мусофири нав ҷавоб гуфтаву ӯро ба мошин даъват кард. Зан, ки акнун ба қисмати хайрухуш бо ҳамсӯҳбаташ гузашта буд, акнун ба тирезаи пушти ронанда наздиктар нишаст ва ҷойи бештарро дар ихтиёри мусофири навтар гузошт. Сӯҳбати телефонии ӯ тамом шуд. Ҳис мекард, ки ронанда хомӯш ва бесадо тариқи ҳамон ойинаи мошин гӯё ким-чизе гуфтанӣ аст. Як дил кард, ки бо тундӣ ба ӯ ҷавоб гӯяд, аммо чун ба деҳааш, ки қариб расида буд, зарур надонист. Гузашта аз ин маълум буд, ки ин мошин такси несту ронанда бо кадом коре ба ҳамин ҷойҳо омадааст ва шояд ӯро дигар асло дар ин роҳҳо набинад…

Мусофири нав, ки ба гумони ғолиб инҷойӣ ва таҳҷойӣ набуд, гӯё ба ин зан, ки дар тараддуди пойин шудан аз мошин буд, дилсӯзӣ нишон дода, аз мошин фаромад, то ӯ аз дари тарафи ҳаракати мошинҳо неву аз ин дар бехавфтар фарояд. Ронанда ҳам, ҳиммати худро ба намоиш гузоштанӣ шуда, 50 сомонии дарозкардаи зани мусофирро бо баҳонаи он, ки пули майда надорад, нагирифт. Зан ҳарчанд дар ҳиҷолат монда буд, вале ҷуз сипос гуфтан, чорае надошт…

Ронанда баъди як чанд километр ҳаракат кардани мошин суръатро ба маротиб оҳиста карда, телефонашро аз пеши мошин, ки гӯё ҷой барои ҳамин чиз буд, гирифт ва рақами охиринро, ки ҷавоб ногуфта ва ҳанӯз бо ранги сурх монда буд, дар хотираи телефонаш сабт кард. Дар ҷойи ном — Ширинчашма навишт. Ин номи ҳамон деҳаест, ки он зани мусофир ҳамонҷо фаромад. Ин амали ронанда, мусофири дигарашро, ки ҳамаи ин саҳнаро медиду ҳатто калимаи Ширинчашмаро ҳам хонда тавониста буд, ба ҳайрат овард ё шояд рашки ӯро бедор кард…

Сукути дохили салони мошинро садои пасти сурудхонии сарояндаи кӯчагие аз магнитофони ронанда ва овози акнун баландтари хурроккашиҳои пирамарди курсии пеши мошин халалдор месохт. Дар ҳамин ҳошия ронанда телефонашро дубора ба даст гирифту як илоҷ карда, ба касе дар шакли як ҷумла СМС навишт. Мусофири курсии пушт ҳам, орому бесадо бо навбат бо ҳарду телефонаш бозӣ мекард, чизе мекофт ва чизеро аз экрани онҳо медиду аз назар мегузаронд. Роҳатро аз ҳамин сафар пирамарди курсии пеш дид — 50 дақиқа аст, ки хоб аст…

Аз талафузи нодурусти деҳаҳо, ки ишораашон дар канори роҳҳо буду ронанда онҳоро баланд мехонд ва ҳам аз баъзе саволҳои ронанда ба ин мусофир ҳис мешуд, ки ӯ одами таҳҷойӣ нест. Саросема рондани мошин ба ин маънӣ буд, ки онҳо куҷое ба ҳамин деҳаҳои дили кӯҳистон барои кадом кор, худойӣ, азо ё туйе рафтаву ҳамин рӯз боз баргаштанӣ ҳастанд. Ба ҳар сурат ин тахмини ҷавони мусофир аз курсии пушт ҳам буд.

Мусофир чанд сомонии бе бақияро ба ронанда дароз карда, дар таги чанори пири канори роҳ, ки ҷойи ҷамъшавии таксиҳову мусофирон — сокинону меҳмонони ҳамин деҳа буд, аз мошин поин шуд. Мошин бо суръат аз назарҳо ғойиб гашт…

Ба дили ронанда гӯё алов афтида буд. То ҳамин вақт ӯ фикр мекард, ки фақат шаҳр занону духтарони зебо дорад. Дар ҳавои хурроккашиҳои мусофири курсии пеш, ӯ ба рақами, ки тоза дар хотираи телефонаш сабт карда буд, смс навишт. Ин баъди панҷ соли тӯяш акнун аввалин паёми ошиқона буд…

» Шумо ҳам ба ман писанд омадед. Ваъда диҳед, ки фақат смс менависед. Намехостам, ки наздикони ман фаҳманд…»

Наход? Ӯ ҷавоб навишт. Худоё…

«Ваъда медиҳам….»

Аз ду мусофири ин мошин касе намедонист, ки ронанда кӣ буду чӣ кора буд, аз он тараф кай баргашт ва ҳам он пирамарди курсии пеш падари ӯ буд ё кадом пайванди дигараш?

Баъди фарорасии сардиҳо ва боридани барф омаду рафт ба ин ҷойҳо ҳам камтар мешавад. На мардум ҳавсалаи ҳар рӯз сад нишебу кутали хатарнокро пушти сар кардаву шаҳр омаданро дорад ва на ҳар ронанда бо сафар кардан ба ин ҷойҳо ҷони худашу мошинашро дар азоб мемонад …

Интернет ва телефон инҷо воситаи беҳтарини алоқа аст. Суръати ин ва сифати он тезтару баланд ҳам набошад, барои огоҳ шудан аз ҳолу аҳволи ҳамдигарӣ кофӣ аст. Ронанда акнун дар бораи деҳаҳои ин дара ва мардумони он қариб ҳама чиро медонад. Ҳамаи ин маълумотро ӯ тариқи смс гирифтааст. Лайлии ӯ ҳам интизори баҳор ва об шудани барфҳо аст. Ронандаи Маҷнун акнун дарк кард, ки барои мардуми кӯҳистон чӣ андоза душвор будааст. Барои ангишту ҳезум ӯ ба корти дустдоштааш дар ҳамин мавсими сармо 8000 сомонӣ интиқол дод. Чанд карат бо дархости он зеботарин бонуйи кӯҳистон ба воситаи чанд мошини боркаш, ки ба ин тарафҳо молу маҳсулоти ғизоӣ меоварданд, якчанд баста хӯроку пӯшок ва шириниву атру маводи ороиш равон карда буд. Ҳисоби телефон, ки аз смснависӣ тез-тез сифр мешуд, аз ҷониби ҳамон ронандаи ошиқ пайваста пур мегашт…

Зан дар охирин смс-аш дар ҷавоби саволи ронандаи ошиқ навишт, ки шавҳараш шояд ду соли дигар дар мусофират бимонад, зеро омодасозии ҳуҷҷатҳо ва гирифтани шиносномаи русӣ вақти зиёдро мегирад ва шахс бояд дар ин фосила ҳатман ҳамон ҷо бошад….

Ронанда дар чанд вақти охир хеле серкору серташвиш шуда бошад ҳам, вақту соати муайяни навиштани номаҳои ошиқонаро фаромӯш намекард. Имрӯз ҳам дар фосилаи интизории ҷавоби дархосташ барои гирифтани қарз бо мақсади рушди тиҷорат ва соҳибкориаш дар яке аз бонкҳои хуби пойтахт якчанд смс- и ошиқона навишт. Ва ҳам навишт, ки хоҳиши охири он азизаш баъди чанд дақиқа иҷро мешавад. Пул муҳим нест. Фақат саломатии худро эҳтиёт кунад…

Хулоса, ошиқон Баҳору Наврӯз ва бедории табиатро интизор буданд то ба дидору ба висоли ҳам бирасанд.

Ҳама чиз инҷо дигар шуда буд. Ронанда то шом дар коргоҳ ва то як ҳиссаи шаб дар дохили мошин буд. Ин ду ҷой барои навиштани смс-ҳои ошиқона ҷойҳои бехавфу осуда буданд. Ҳар лаҳзае, ки ба ойинаи мошинаш менигарист, хайёл мекард, ки ҳамон мусофири зебосураташ сӯйи ӯ табассум мекунад. Намехост аз мошин фарояд ва фазои орому роҳати инҷоро бо фазои шубҳабору рашолуда ва ҷанҷолдори хонааш иваз кунад. Ба ҳар сурат агар ягон тасмими ҷиддӣ ҳам бигирад, якҷо бо дӯстдоштааш хоҳад гирифт ва шояд ин ҳам фасли Баҳор, айёми висоли ин ду дӯстдоштаи беқарор хоҳад буд…

Ӯ хеле вақт буд, ки куҷое ба сафари хизматӣ нарафта буд. Маротибаи охир сафараш ба ҳамон дараи зебоманзар ва болотар аз Ширинчашма — деҳоти Кафдону Қарамайдону Маровезу Диишоҳ буд. Ҳар сол пештар аз барфу яхбандӣ онҳо бояд вазъи бунгоҳҳои тиббиро санҷидаву маводи тиббии барои мардум зарурро ба онҷо интиқол бидиҳанд.

Ҳамсараш чанд карат шубҳа кард, ки як муддат аст ӯ дамдузду пинҳонкор шудааст ва як андоза эҳтиёткории шубҳаноке ҳам дорад. Онҳо то ҳамин дам дар телефони ӯ рамзу қуфлу калидро ёд надоштанд.

Вале дар коргоҳ ӯ корманди хеле фаъол аст. Чанд вақт аст, ки мукофотпулӣ ҳам мегирад. Бо он пул барои худу ҳамсараш либосу сару тани нав гирифт, як телефони хуби дигар харид. Ба хона ҳам ҳар чизи бомазза меорад. Дигар памперсро барои писари 1 солаи ягонаашон онҳо аз мағозаи пеши хона чанд донаӣ намехаранд, шавҳараш акнун имкон дорад, ки як бастаи нокандаи онро бихарад. Ҳар шом зан ва фарзандаш ӯро интизорӣ мекашанд…

Вале ҳамон шубҳаи дили ҳамсараш ҳоло ҳам боқист. Як вақт духтарони ҳамкори шавҳарашро дида, ҳатто қариб монда буд, ки аз эҳсоси рашк бо онҳо даст ба гиребон шавад. Акнун вақте ки шавҳараш дар баробари ҳамаи ин ресторану клубрав шудаасту баъзан нисфи шаб ба хона меояд, боз ҳамон занҳо пеши рӯяш меоянд…

Ҳоло субҳ надамида аст. Зан аз садои занги телефони шавҳараш бедор шуд. Ва бори аввал буд, ки шавҳар хеле бепарво бо чашмони пури хоб рамзи графикии телефонашро бо нуги ангушти ишоратиаш рӯйи шишаи телефон кашида, онро кушод ва ким- чизеро аз қисмати смс-ҳо дида, онро басту канораш гузошт. Зан, ки ин ҳолатро мушоҳида мекард, аз дарёфти рамзе, ки хеле буд мекофт, ба дил хурсанд гашт…

Тифли хурдсол наметавонист ҷудо кунад, ки кадом садо баландтар ба гӯшаш мерасад- шарфаи обе, ки падараш дар обхона бо он оббозӣ дорад ё садои гиряву бунгаи модараш, ки либосҳои худашрову ӯро ҷамъ карда, ба як борхалтаи тасмадоре меандозад. Нусхаи ҳамаи он смс-ҳои нороҳаткунандаро ҳам ба телефони худашу ҳам ба додару хоҳарони шавҳараш фиристонд ва талаб кард, ки ба ӯ занг назанад ва ӯро аз роҳаш низ нагардонанд.

Дунё ба назараш торик шуда буд, дилаш аз марди канорашу мардҳои дигар сард гашта буд. Наход ин ҳодиса бо шавҳари ӯ рух дода бошад, наход ӯ ба ҳамин кори нангин даст задаву одат карда бошад? Агар бо телефони нави шавҳараш ба муаллифи ҳамон смсҳо занг намезаду садои он мардро худаш намешунид, ба гапи касе дар ин хусус асло бовар намекард. Вале занг зада, ало нагуфта, ҳазор ҳарфи ишқу муҳаббату дӯстдориро шунид….

Саволҳои зиёде дошт ин зан, ки ҳоло ба онҳо ҷавоб надошт. Ва муҳимтаринаш ин буд, ки он марди муаллифи смсҳо кӣ аст ва чаро ба ин телефони баъд харидааи шавҳари ӯ касе наметавонад занг бизанад???

Не! Ӯ бо ин гуна мард асло зиндагӣ намекунад. Ҳеҷ вақт на ӯро мебахшаду на худашро! Шубҳаҳояш тасдиқ шуданд. Смс-ҳои охирини шаб ва сари субҳ ба телефони шавҳараш омада, ӯро девона мекарданд:

«Азизакам, дидоратрову висолатро бесаброна интизорам…»

«Лабонату…дастонату…гарданату…»

Даҳшат! Ин воқеан ҳам даҳшат аст.

Ҳоло, ки «мард»- и хона аз ҳаммом берун наомадааст, ӯ барои нигаҳдории обу рӯ ва шаъну шараф, барои ҳифзи покии худашу зиндагии ояндааш, аз инҷову аз ин хона бояд биравад, бебозгашт биравад…

Такси ин зан ва тифли хурдсоли ӯро куҷое мебурд. Хайрият, ки салони такси гарму роҳат буд. Зан намедонист, хунукхӯриҳояш ин субҳ аз сияҳхунуки фасли дай аст ё аз ғазаб, ё тарс ё аз аламу даҳшати смс-ҳои «ошиқона»-и касе ба шавҳари ӯ….

Ронанда ба воситаи ойина ба мусофираш нигоҳ карда, ҳайрон буд, ки ӯ ва тифли хурдсолаш дар ин субҳи содиқ ва сарду боронӣ куҷо мерафта бошанд?

Ҳолати ин зан аз ҳолати он зани бечорае, ки як муддат пештар телефонашро дар як таксии дигар дар роҳи бозгашташ ба деҳа гум карда буду мусофири беинсофи дигар онро пайдо кардаву барнагардонид ва акнун сазои ин амалашро дид, комилан фарқ дошт. Мисли он, ки аҳволи ронандаи ин такси, аз ҳоли ронандаи аввалӣ, ки ба як зани поктиннати мусофираш нигоҳи тозаву нек надошт, комилан тафовут дорад…

Роҳҳои мошингард субҳи барвақт қариб, ки холианд. Мошин дар ин роҳҳо босуръати баландтар ҳаракат мекунад. Аз радио сабти сӯҳбати кадом донишманде дар мавзӯъи муносиботи инсонӣ, оиладории шоиста, волидии мусбат ва сазои аъмоли неку бад пахш мешавад ва он садо раҳораҳ фазои мошин ва дилҳои холиро пур мекунад…

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше