Мембрм дар и оча…

(дар ҳошияи сурудаҳои мардумӣ)

*****
Оча, мо хумори ту,

Садқа бар дидори ту,

Дар ра интизори ту

«Мембрм дар и оча…»

*****
И хона бе ту холӣ,

Вайрона, бе ту холӣ.

Паймона бе ту холӣ,

Мембрм дар и оча…


*****

Оча, рут ранги баҳор,

Оча, руякта ку дор,

Оча, як себу анор,

Мембрм дар и оча…


*****

Оча, гулҳо бе ту хор,

Оча, ҳавлӣ чу мазор

Бе ту кӯ дига баҳор?

Мембрм дар и оча…

*****

Очаи рафта сафар,

Кай зи ту оя хабар?

Кай ту медройӣ зи дар?

Мембрм дар и оча..


*****

Холӣ ҳавливу дарут,

Кай миёй ай сафарут?

То шинум ман ба барут,

Мембрм дар и оча…

*****

Дарду ғам айби ма буд,

Чашми нам айби ма буд,

Умри кам айби ма буд,

Мембрм дар и оча…


*****

Оча, дар барум бмон,

Оча, тоқам ту намон

Умри мо — тирай камон,

Мембрм дар и оча …


*****

Оча сурфат пури нон,

Гирди он роҳати ҷон,

Ҳама чӣ ай ту нишон,

Мембрм дар и оча…

*****

Таги барфай гури ту,

Дили аз ғам пури ту,

Раҳи беҳад дури ту,

Мембрм дар и оча…

*****

Пури баргай и мазор,

Ма ба роҳат интизор

Ҳам ба нохуни ту зор,

Мембрм дар и оча …

*****

Рафтӣ, мо пора шидем,

Зору овора шидем

Бе ту бечора шидем,

Мембрм дар и оча…

*****

Кӯ насиҳатгари мо?

Дароя аз дари мо,

Кна дасмол сари мо,

Мембрм дар и оча…

*****

Оча, бе ту ҳама дард,

Рангу румон ҳама зард,

Бе ту дунё ҳама сард,

Мембрм дар и оча…

*****

Оча, обу дона ку?

Ку чароғи хона, ку?

Очаи ягона ку?

Мембрм дар и оча…

*****

Оча, як назар будуз.

Бе ту шав мешава рӯз,

Бе ту дарди синасӯз,

Мембрм дар и оча…

*****

Ба раҳат менигарум,

Ғами ту дар ҷигарум,

Бе ту ман даснигарум,

Мембрм дар и оча…

*****

Зери ин чархи кабуд,

Одамо ба сад намуд,

Лек ранги ту набуд,

Мембрм дар и оча…

*****

Бе ту паймон дига нест,

Сири дандон дига нест,

Мазза дар нон дига нест,

Мембрм дар и оча…

*****

Ҷойи ту пур нашавад,

Ғами ту дур нашавад,

Дида то кур нашавад,

Мембрм дар и оча…

*****

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше