Санҷиш (ҳикоя)

Ӯ то арӯс шудан дар бораи ин ҳама одату анъанаҳо фақат шунида буд. Тафсилоти беше надошт. Ва шояд барои он маълумоту иттилои беш надошт, ки духтари шаҳр ҳам, ки буд, он қадар ҳавасманди тамошои туйю чодари арусиву кадом анъанаҳои дигар набуд. Шояд кунҷков набуд, вагарна даҳҳо духтари ҳамсинфу ҳамкурсаш туй дошту ӯро чун дугонаву ҳамраҳи арӯс интихоб мекард. Ҳамон вақт метавонист шоҳиди ҳамаи ин анъанаҳои таги чодар ва рӯзи арӯсӣ шавад. Вале ба ҳамаи онҳо ҷавоби рад дода буд…

Аммо ҳоло дигар илоҷ надорад, ки аз ин давра берун равад, зеро бо дӯстдоштааш, ки ду соли охир ошноӣ доштанд, акнун имрӯз ва инҷо нақши асосӣ доранд — нақши арӯсу домод. Як хона пур аз занаку кампиру хешу бегона аст, ки қариб ҳамаашон баробар гап мезананд, механданд. Чун пайваста дар таъзим, ки буд, намедид, ки кадоме аз он занҳо «Саломнома» мехонаду кадомаш ким-кадом оят ё ниёишеро қироат мекард…

Ба дил аз ҳар анъанае, ки шоҳид мешуд, рамз меҷӯст. Анъанаҳое, ки аз ҳазорсола роҳ то ба мо расидааст, наметавонад дар худ рамзу сирру асроре надошта бошад. Ҳамин гуна тахмин мекард, ки мавизу ширинӣ барои чашидан, ойина барои чеҳраи аз шарм сурхидаи худро дидан, аз дуди испанд нафас кашидан ва бо шохи сабзи дарахт боло кардани рӯсарии арӯс аз ҷониби як зани рӯзгордидаву солор бе ҳикмат нест.

Фақат ҳамин лаҳза, вақте занҳо иҷрои боз як анъанаи дигарро талқин мекарданду домод тифли зебову либоси миллӣ доштаи хоҳари худашро ба гуфтаи кампирон «бо умед» ба даст нагирифт, бори аввал дар зеҳни арӯс саволе зуҳур кард, ки ҷавоб додан ба он бештар аз як солро талаб кард….

Баъд домод, албатта ин корро кард ва ҳоло ҳамон сурате, ки ҳам ӯ ва ҳам арӯс бо навбат тифли келини ҳамсояро дар оғӯш доранд, дар кадом саҳифаи албоми суратҳои тӯяшон ҳаст…

Онҳо ба маркази ноҳия чанд даҳсола пештар омада буданд. Тахминан ҳамон солҳое, ки мардикорӣ рафтан ба Туркманистону Русия сар шуда буд. Фақат як ришта пайванд миёни деҳаашону ноҳия боқӣ мондааст, ки он ҳам чанд сотих замини кишт аст. Ба кору бори он замин фақат ҳамин домоди нав тамоман таваҷҷӯҳ надошт. Дигарон қариб ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳати худро бо корҳои сабуке, ки гӯё як машқи ҷисмонӣ ҳам буд, маҳз ҳамон ҷо мегузарониданд…

Волидони домод имрӯз маҷбур шуданд, келини навашонро бо суханоне таскин бидиҳанд, ки дурӯғ буданаш бармало буд. Онҳо мегуфтанд, ки домодҳои нав аксаран ҳамин гуна рашкину хашмгин мешавад ва ин ҳам кори шайтон аст, ки аз аввал намехост ду тан никоҳ банданд ва ҳамеша монеа мегузошт ва ҳатто акнун баъди никоҳ ҳам талош мекунад, ки домод асабиву парешон бошад. Ва дағалии писарашонро, ки духтарчаи тахминан 10-11 солаи ширфурӯшро (ки чандин сол аст гоҳ бо модарашу гоҳ танҳо ба ин кӯчаҳо дар зарфҳои пластикӣ шир меорад) аз дари хона пеш кард, ҳамин тавр рӯпӯш карданӣ мешуданд.

Чанд муддат аст, ки ӯ ба хонаи домоду аруси нав шир меорад ва дами дар аз кунҷкобӣ ва ҳаваси зиёд саду як савол медиҳаду эҳсоси гувороеро, ки фарогираш мешавад, баён мекунад. «Куртаат чӣ ном дорад, тоқиат зебо будааст, қоштиллоат воқеъан ҳам тиллоӣ аст?» ва мисли ин. Ин субҳ арӯс ба хотире, ки духтарак хурсанд шавад, ҳатто як тоқии зебоашро оварда, барои чанд дақиқа ба сари он духтари ширфурӯш гузошт ва бо телефони кӯҳнаи духтарак чанд акс ҳам гирифта, онро сӯяш дароз кард. Домод бо берун омаданаш аз хонаи хоб ана ҳамин лаҳзаи хеле ҳаяҷонбахшро ба ҳар сурат барои духтараки ширфурӯш барҳам зад. Дили ӯро ранҷонд. Арӯси нав ҳам дарк кард, ки дар тӯли чанд муддати баъди туй домод бори аввал буд, ки дари оҳанини хонаро ба ин ҳад сахт ва бо ғазаб мепӯшад…

Моҳҳо пушти ҳам сипарӣ мешуданд. Ким-кадом шубҳа ё тахмин дар дили зан ҷо шуда буд ва ҳис мешуд, ки ӯ пайваста барои исботи он ё шояд барои ба дил рад кардани он, далел меҷӯст, ҳодисаву амал ва ё беамалиҳои шавҳарашро хомӯш таҳлил мекард ва ба кадом хулосаҳое ҳам меомад. Баъзан барои ин саволу сӯҳбат ва ҳатто баҳсҳои дуру дарозе ҳам зарур мешуд…

Баҳси охирашон сари чанд либоси кӯдакона ва як ду мошинча буд. Аз рӯзе, ки мард обистан будани занашро шунидааст, ҳафтае як-ду карат ҳар чизи кӯдаконаро харида, ба хона меорад. «Бача дар сафар-номаш Музаффар». Ин мақолро модари домод ҳамин шом вақти гармии баҳси писару келинаш гуфту гузашт. Хусуру хушдоман ҳам медиданд, ки як кунҷи хона пури мошинчаву як кунҷи ҷевон пур аз либоси кӯдакона мешавад…

Ҳамшираи шафқатро, ки акнун ба ин ва чанд хонаи дигар пайваста меомад, аз пушташ омадани мард аввал ҳайрон кард. Баъд фаҳмид, ки ин як кунҷкобии мардона аст. «Ман ростӣ, намедонам писари шумо кай таваллуд мешавад. Ман ҳатто намедонам, ки он писар аст ё духтар!?…»

Ҷавоб қиёфаи мардро тағир дод. Гӯё аз чизе розӣ набуд, чизе буд, ки ӯ намехост ғайри хоҳишаш сурат бигирад, кадом эътирозе дар гулӯяш дармонд ва бо шаст баргашта, ба хона даромад…

Гумони ғолиб дар дили зан ҳам ҳамин чиз буд. Ӯ акнун медонист, ки то туй ҳамин як нуктаи муҳимро дар гӯшаи хаёл ҳам надошт ва аслан ба он таваҷҷӯҳ накард. Кадом оқибати ногувору нохостаниеро ҳам метавонад ин дар пай дошта бошад. Чанд соат талоши зан барои тағир додани мавқеи мард бенатиҷа буд. На далелҳои тиббӣ ӯро мулоим мекарду мутақоид на ҳадису оят ва на сарнавишту тақдиру қисмат. Қарор шуд, ки кор ба пагоҳ монад ва нуқтаро ба баҳси онҳо табиби занона гузорад- ҳамоне, ки фардо далели бештареро дар даст хоҳад дошт…

«Ҳоло барои ин кор барвақттар буд. Вале ба ҳар сурат бо исрори шумо ман ин корро кардам. Нишонаҳои духтар аст. Насиб бошад хушбахт мешавед, духтар баракати хона аст, Худо хоҳад, файзи фаровон меорад ба зиндагии шумо.. «

Мард давоми сӯҳбату тавсияҳои духтури занонаро ҳатто шунидан ҳам намехост. Ӯ ягон даҳ дақиқаи дигар дар ҳавлии дармонгоҳ омадани ҳамсарашро интизор шуд. Дар ҳолатҳои дигар дар ин фосила ӯ шояд фақат як сигор мекашид, аммо он одати нохуби худро инҷо дар фосилаи интизориаш бо инкори огоҳие, ки дар танаи девор овезон буд, ду карат такрор кард…

Хелест, ки ҷангу баҳсашон сари шабгардиву деромаданҳои мард аст. Тамоман наомаданаш ҳар ҳафта акнун аз як бор бештар мешуд. Зан воқеан ҳам акнун ӯро намешинохт ё шояд ҳамон вақт дуруст нашинохта буд. Ӯ тамоман тағир ёфта буд. Дигар бо мошинчаҳои қаблан харидааш бозӣ ҳам намекард. Либосҳои бачагонаро ҳам дигар як-як кушода, ҳавас намекард. Дигар аз занаш намепурсид, ки кадом ном ба ту бештар писанд аст — Доро, Амир, Анӯшервон, Каёнуш ё Самеъ? Дигар чӣ тавр ба назди ҳамон дӯсти журналисташ рафта, акнун ин дафъа рӯйхати номҳои беҳтарини духтаронро хоҳиш кунад!?

Саволҳои беҷавобе, ки дар сари мард чарх мезаданд аз сели саволҳое, ки мағзи занро машғул медоштанд, тафовут дошт. Дигар илоҷ набуд — ин ҳолат бояд чанд моҳи дигар (то расидани ҳамон рӯзу соате, ки акнун як ҷониб омаданашро интизор асту ҷониби дигар не) давом мекард…

Барои зан ин душвортарин моҳҳо буд. Боз ҳам тибқи анъанаи дигари маъмул, ки «зан фарзанди аввалро бояд дар хонаи волидони худаш ба дунё орад», интизориҳояш дар хонаи падарӣ гӯё ба танҳоӣ пир мешуд. Ӯ ҳам дигар воқеиятҳои иловагиро, ки моҳҳои баъдӣ дар сӯҳбатҳои навбатӣ бо духтури занона ошкор шуда буд, ба шавҳараш нагуфт. Балки гуфтан намехост. Фикр мекард, ки ӯ дигар арзандаи ин гуна навид ва хушбахтӣ нест. Ин фикр ҳам баъди он ба сараш омад, ки шунид шавҳараш барои бекор кардани ақди никоҳи онҳо ба суд муроҷиат кардааст. Марди мағрур ҳатто ҳаминро ҳам намедонист, ки ин корро дар ҳоли интизории фарзанд ҳатто суд ҳам наметавонад анҷом бидиҳад. Ҳамон варақча ё номае, ки дар он охирин сухану тасмимашро навишта, ба занаш фиристонида буду ӯ фақат як бор онро бо гиряву бо алам хонд, ҳамчун номаи сиёҳи ишқи бебарорашон куҷое маҳфуз аст…

Саволҳои зиёде буданд, ки зан ҳанӯзам ба онҳо посух надошт. Мантиқи амалкардҳои мардеро намефаҳмид, ки ба назар мерасид ӯро ҳатто ҳамон вақте ҳам дӯст медорад, ки тамоман қобили таваллуд намебуд. Ин саволу ҷумлаҳо гӯё дар варақчаҳои ранга ба дару девори хонаи падараш, ки шоҳиди ба сад орзӯву ноз парваридани ӯ буданд, часпонида шуда буд: «Духтар чӣ гуноҳ дорад? Интихоби ҷинси кӯдак дар дасти зан нест! Фарзанд доштан ифтихору шараф аст! Шукр созӣ, неъматат афзун шавад! Носипосӣ анҷоми хуб надорад!, Шумо мардони ношукрро кӣ ба дунё овардааст? Магар ҳамон ЗАН не…?»

Хабари аҳволи зори собиқ шавҳараш ба гӯшаш мерасид. Қарзи зиёду нокомиҳояш инҷо ва бебарориру депорт шуданаш аз Русия акнун ҳам ба ҷисму ҷонаш таъсир мекард ва ҳам ба рӯҳу равонаш. Аз дилсӯзӣ буд шояд, ки ҳатто як бор зан дурӯғеро ба забони ҳамон модари ширфурӯш, ки акнун аз ноҳия моҳе як-ду бор якҷо бо духтараш ба аёдати ин зани зебову меҳрубон ва дугоникҳои нозанинаш меомад, гузошт то рафта, бо он як-каме он марди бечораро таскин бидиҳад ва эҳсоси пушаймониашро барҳам бизанад ё лоақал сабуктар кунад. Дар асл дугоникҳои ӯ — Умеду Шукрона, на бемор буданду на маъюб…

Фосила аз он деҳа то шаҳр андак буд, балки мисли фосилаи миёни ин ду собиқ ошиқ набуд. Вале барои он марди пушаймони ҳатто баъди чанд карат оиладорӣ ҳам акнун танҳо, гӯё ин ҳазорсола роҳ аст, ки ёрову ҷуръати тай кардани онрову чанд сония расидан ба висоли ду фариштаи зебову бегуноҳашро надорад…

Чунин ба назар мерасид, ки гӯё тамоми дарҳо ба рӯйи он мард баста шудаанд, мисли дари ҳамон хонаи дар қарздорӣ фурӯхтаашон, ки худаш кадом замоне ба рӯйи як духтари пурҳаваси ширфурӯш сахт пӯшида буд…

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше