Зодагони диёри бод

ФАЙЗОБОДИ МАН

(Бозор Собир)

Хӯҷаи Ҳотам зиёратгоҳи Файзободи ман,
Шукр аз тарбияти арвоҳи Файзободи ман.
Бо азони боди Элокаш дарахтон дар намоз,
Дар сари мӯи сафедам коҳи Файзободи ман.
Ширбии ширандомаш ба ман ҳамшира аст,
Тираки ҷуфташ арӯсу шоҳи Файзободи ман.
Гар ба девори каҷаш каҷ менишинам бок нест,
Роҳати ҷон як дами даргоҳи Файзободи ман.
Шишаи дорӯст, оре шишаи дорӯи дил,
Шишаи оби ҷароҳаткоҳи Файзободи ман.
Арвуғону лолазораш ҳарду ҳамхуни мананд,
Ҳамгили ман хушгили дилхоҳи Файзободи ман.
Сатри мӯраш сатри мавзуне, ки хоколӯда аст,
Сатри шеъри хокиам дар роҳи Файзободи ман.
Аз ҷаҳон дилмондаам ман, аз ҷаҳон сад бор беҳ,
Нохуни моҳи нави бегоҳи Файзободи ман.

Зодагони диёри бод! Мардуме, ки бо ман дар як худуд -нохияи зебоманзару пурфайзи Файзобод таваллуд шудаанд, кисме як замон барои Ватану миллаташон хизмат кардаанду гурухе имруз дар катори мардуми дигари худуди азизи Точикистон барои пешрафту ободии Ватан кор мекунанду захмат мекашанд. Мо ба ин восита хамдигарро хохем шинохт…

Бародарону хохарони азиз! Субхон Чалилов бо Шумо ифтихор мекунад!!!

==============================================================================

 Пулод  Абдурахмонов  — соли 1927 дар кишлоки Субулоки нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Миллаташ точик, аъзои ХКИШ, маълумоташ миёна.  Фаъолияти мехнатиашро  ба хайси колхозчи сар карда, соли 1958 ба макоми сарвари бригадаи колхози «Калъаи дашт-2» расидааст. Бригадае, ки у сарвари мекард, хар сол хосили рекордии картошка руёнида, ухдадорихои ба зима гирифтаашро барзиёд ичро мекард. Борхо голиби мусобикахои сотсиалисти гаштааст. У нисбат ба худу коргаронаш хеле серталаб буда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши умумии онхо кушиш мекардааст. Пулод Абдурахмонов барои нишондихандахои баланди истехсоли сазовори унвони «Кахрамони мехнати сотсиалисти»  гашта буд. Хамчунин мехнату захмати уро хамон вакт бо Орденхои Ленин, Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо кадр карда буданд.

================================================================================

Усмон Шарифзода  — соли 1945 дар дехаи Элокдараи нохияи  Файзобод таваллуд шуда буд. Соли 1964 у мактаби миёнаи №80-и нохияи Ленин (холо Рудаки)-ро хатм мекунад. Фаъолияти мехнатиашро аз газетаи «Комунна»-и нохияи Ленин огоз мекунад. Баъдтар солиёни зиёд дар газетахои «Хакикат, «Пионери Точикистон», «Точикистони совети» ва мачаллаи «Машъал» кор мекунад.

Мачмуи ашъораш бо номхои «Риштаборон», «Умре дар рох», «Дили модар», «Хонаи Ишк», «Дафтари хуншори Сомон» ва гайрахо чоп шудааст.

================================================================================

Шамс Гуломов  — соли 1926 дар дехаи Чуваи совети кишлоки Дубеда дар оилаи дехкон таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро аз  соли 1937 дар зодгохаш гирифтааст. Баъдтар идомаи тахсили ибтидоиро дар дехахои Доров ва Дашти Марзо мегирад. Синфи 4-ро дар дехаи Сари Сафедхок хатм мекунад. Соли 1944 барои хизмат ба сафи Куввахои Мусаллахи шурави даъват мешавад. Дар Чанги Дуюми Чахони ширкат мекунад. Хамон солхо ба давлатхои Польша, Венгрия, Руминия, Чехославакия, Булгория, Австрия ва Олмон меравад ва барои расидан ба галаба мечангад.

Соли 1959 ба Донишкадаи хочагии кишлок дохил шуда, соли 1964 он муассисаро бо ихтисоси агроном хатм мекунад. Аз соли 1965 то соли 1967 ба корхои илми машгул мешавад. Аз мохи сентябри  соли 1967 то соли 1980 дар вазифаи Директори совхози сабзавоткории нохияи Оржоникидзеобод (имруз Вахдат) кор  карда,баъд дар нохияи Файзобод ба хайси агроном фаъолияти худро давом медихад. Голиби чандин мусобикахои сотсиалисти гаштааст. Помидори машхури Файзобод махсули кору захмати хамин дехкони асил аст.

================================================================================

Восеев Абдулазиз Ганҷович — зодаи деҳаи Қанғели (дар тарҷумаи тоҷикӣ ноҳамвор мешудааст, аммо рустои ҳамвору обод, вале сершамоли ноҳияи Файзобод ба шумор меравад). Санаи таваллудро бо иштибоҳи як корманди ҷамоати Вашгирд дар шаҳодатнома 6-уми августи соли 1983 навиштаанд (волидонаш рӯзи дақиқи ба дунё омаданашро 24-уми январ мегўянд, ба ҳар сурат шукрона мекунад, ки соли таваллудашро иштибоҳан 1324 нанавиштаанд. Аммо ахиран дар шиносномааш ҳарфи «л»-ро аз номаш фаромӯш карданд, ҳоло расман Абдуазиз мебошад).

1-уми сентябри соли 1990 хонандаи синфи якуми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии №21 буд. Соли 2001 номаи камол гирифта, ҳамон сол ба ДДМТ, факултаи журналистика ва тарҷумонӣ дохил шуд. Соли 2006 донишгоҳро хатм намуд. Ҳамкориро бо ВАО аз рӯзномаҳои «Оила», «Қалам» (нашрияи факултаи журналистика) ва «Студент» шурӯъ кардааст (солҳои 2001-2003). Муҳаррири бахши фароғатии нашрияи «Сабз дар сабз» (2003), муҳррири бахши хабарии радиои «Ватан» (августи 2004-декабри 2005), муҳаррири идораи фароғатӣ ва мусиқии радиои «Ватан» (январи 2006 то августи 2006), муҳаррири бахши хабарии «Русское радио-Ориёно» (сентябри соли 2006 то августи 2007), журналист-продюсери радиои иттилоотии «Имрӯз» (августи 2007 то феврали 2010), хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон» (марти 2010 то ҳоло).

==============================================================================

Сафарбег Кабиров. Модараш накл кардааст, ки у 7-уми ноябри соли 1985 дар дехаи Кабкрези нохияи Файзобод ба дунё омадааст. Хамон руз душанбе будаааст. Аммо мисли Абдулазизи Восеъ дар шаходатномаи таваллуди у санаи маулудашро 15 ноябр навиштаанд. Сафарбег мегуяд, ки намедонад, ки ин айби котиби чамоат аст ва ё айби падараш?

Хатмкардаи мактаби №5-и зодгохаш аст. Баъди ба даст гирифтани номаи камол хуччатхои худро факултаи журналистикаи Донишгохи Милли Точикистон супорида, соли 2008 онро хатм мекунад. Аз 6-уми июни соли 2006 дар хафтаноми «Начот» кору фаъолият мекунад. Хамзамон корманди Маркази иттилоотию тахлилии «PRESS-PONARAMA» мебошад. Бадбахтона мучаррад аст.

===============================================================================

Мухиддин Кабири – Раиси ХНИТ. Соли 1965 дар дехаи Касамдараи нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Падараш Тилло шеър хам менавишт, ки замони чанг онхоро гум мекунанд. То синфи 8 дар мактаби миёнаи №15 тахсил мекунад. Баъд ба техникум омор дохил мешавад.Ихтисоси аввалаш иктисодчии хочагии кишлок аст. Дар Гурчистон хизмати аскариро адо кардааст. Дар он чо «кинолог» буд. Ба ин назар аст, ки вакте ки бо сагхо кор мекунед, дарк мекунед, ки онхо нисбат ба одамон боадолаттаранд. Ним соли дигар дар Кутаиси дар махбасхона махбусонро посбони мекунад. Он махбаси режими сахт барои чинояткорони махсус хавфнок буд. Баъди хизмати аскари дар совхози «Октябр» кор кардааст. Маошашро хам ба ёд дорад – 70 сум. Вакте ки ба бригадир дар мавриди баланд кардани маошаш мурочиат мекунад, у мегуяд, ки «хамин хам бас аст барои ту. Зеро ту маълумоти хуб надори, агар савод медошти, дехкон неву иктисодчи шуда кор мекарди!» Хамин чиз уро ба нанг меорад ва ба хулосае меояд, ки вай бояд исбот кунад, ки ба чи кодир аст. Баъди ин дохил мешавад ба Университети Давлатии Точикистон ба номи В.И. Ленин. Соли 1996 Академияи дипломатии Вазорати Умури Хоричии Руссияро хатм кардааст. М. Кабири ба ёд меорад, ки бори охир аз падараш соли 1980 – замони 15 сол доштанаш пул гирифтааст. Бо он 27 сум либос мехарад. Он вакт мухассили техникуми омор буд. Аввалин кадамаш дар рохи озодии иктисодиро у хамон тухмфурушиаш дар синфи 6 медонад. Он вакт аз пули фуруши он ба ахли оила тухфа мехарад. Замони донишчуи бо ним маош кор карда, хамчунин стипендияи Ленини мегирифт. Икрор мешавад, ки мехохад лахзае инсони одди бошад – на дар мавриди сиёсат, балки дар бораи оила ва волидонаш фикр кунад. Баъзан бо наклиёти чамъияти мегардад. М. Кабири дар чое ба ёд овардааст, ки чи гуна як вакт ба деха ба аёдати волидонаш рафту баъди аз масчид хаста баргаштани падараш пойхои уро махс карду молид то вакте ки падарро хоб бурд. Ба андешааш дар чанд муддати охир ин бехтарин амале буд, ки у анчом дод. Мегуяд, ки миёни анбухе, ки хама якранг фикр мекунад, дергох буда наметавонад. Ба футбол ва теннис таваччух дорад. Баъзан ба гуштингири хам меравад. Дустдори китобхои таърихи аст.

================================================================================

Зайниддин Мухиддинов 15 январи соли 1950 дар дехаи Саройи нохияи Файзобод таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна дар ончо мураббии пионерон буд. Соли 1970 ба шуъбаи шабонаи факултаи физикаи Донишгохи Давлатии Точикистон дохил мешавад. Баъди хатми Донишгох муаллим ва баъдтар Директори мактаб таъин мегардад.

Аз соли 1980 котиби масъули газетаи «Хакикат» («Насими айём») -и нохияи Ленин (холо Рудаки) буд. Аз соли 1983 то соли 1984 дар макоми Сармухаррири хамин газета фаъолият мекунад. Мохи майи соли 1994 Раиси колхози ба номи Сайфиддин Пулодови нохияи Ленин интихоб мешавад. Узви Иттифоки журналистони Точикистон буда собикаи 14 солаи журналисти дошт.

Шаби 14 марти соли 1995 шахсони номаълум — Зайниддин Мухиддиновро аз хона бароварда ба катл мерасонанд. У намояндаи мардум дар Парлумон буд.

==============================================================================

Сафарали Рачабов 2 сентябри соли 1955 дар нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Солхои 1973-77 дар Донишкадаи Давлатии омузгори тахсил кардааст. Аз соли 1983 то 89 дар Донишкадаи хочагии кишлок гоибона тахсил мекунад. Аз соли 1972 то соли 1973 дар совхози «Калъаи дашт» кор мекунад. Соли 1977 як муддат дар мактаб фаъолият кардааст. Аз мохи октябр соли 1977 то декабри 1980 дар вазифаи Директори клуби варзиши ва техникии нохияи Файзобод кор мекунад. Солхои 1980-86 Директори комбинати байнимактабии таълими-истехсолии хамин нохия буд. Аз соли 1986 то соли 1990 дар вазифаи Директори ОКТ №24 фаъолият кардааст.

Солхои 1990-95 намояндаи мардум, котиб, муовини раис ва аз соли 1992 Раиси кумитаи Шурои Олии Точикистон оид ба тартибот, конунгузори ва хукуки инсон буд. Соли 1995 вакили мардуми аз хавзаи интихоботии Мискинобод №55 интихоб мешавад. Аз 6 апрели соли 1995 то соли 2000 Раиси Мачлиси Олии Точикистон даъвати аввал буд.

Аз мохи январи соли 2000 дар вазифаи Вазири маорифи Точикистон корро давом медихад. Аз мохи феврали соли 2005 вакили мардуми дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Точикистон аз ХХДТ руи хавзаи ягонаи умумичумхурияви интихоб мешавад. 5 октябри соли 2011 бар асари сактаи калби вафот кардааст.

Маросими ҷанозаи собиқ райиси МН, собиқ вазири маориф ва раиси Кумитаи МН соати 11-и 6-уми октябр дар масҷиди марказии пойтахт баргузор шуда, ҷасади марҳум дар қабристони Лучоб ба хок супорида шудааст.

=============================================================================

Шарифов Умедчон Абдукаримович —30-юми декабри соли 1984 дар чамоати шахраки Файзободи нохияи Файзобод дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст. Соли 1991 ба мактаби миёнаи тахсилоти хамагонии №1, ба номи Исмоили Сомонии нохияи Файзобод ба синфи аввал ќабул шуда, соли 2002-юм онро бо бахои аъло хатм намудааст. Худи хамон сол хуччатхои худро ба факултаи «Хуќуќшиноси»-и Донишкадаи иќтисодии Точикистон супорида, пас аз супоридани имтихонхои дохилшави донишчўи соли аввал мегардад. Соли 2007-ум Донишкадаи иќтисодии Точикистонро бо ихтисоси «Хуќуќшинос» ва дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2007 инчониб дар кафедраи «Таъмини хуќуќии фаъолияти иќтисоди» (собиќ кафедрахои «Хуќуќи андоз ва сохибкори», «Хуќуќи сохибкори» ва «Хуќуќи иќтисоди)-и Донишкадаи иќтисодии Точикистон ба хайси ассистенти кафедра фаъолият дорад. Унвончуи ДМТ. Дар хаёти илми, назарияви, методи ва чамъиятии Донишкада фаъол буда, муаллифи 2-китоби дарси ва якчанд маќолаи илми аст. Аз мохи августи соли 2012 муовини декани факултети «Менечмент ва хуќуќи молияви»-и ДМИТ оид ба илм аст. Оиладор.

Шугли дустдошта – китобхони, варзиши сабук, театр ва интернет.

Гоххо модараш таърихи номгузориашро ба ёд оварда накл мекунад, ки вакте ки у тавлид ёфтааст, хешу табори модараш, аниктараш тагои модараш гусфанде забх намуда, ба у Муродулло ном мегузоранд, аммо падараш хангоми шаходатномаи таваллуд гирифтан, ба у Умедчон ном мегузорад То хол хешу пайвандони модараш уро Муродулло ва наздикони падараш бошанд, Умедчон ном мебаранд. Дар мактаб, куча (бештари авќот) ва коргох бошад, у Умед аст.

==============================================================================

Сайрам Бакозода -Номзади илмхои филология (2011)- 14 феврали соли 1977 дар нохияи Файзободи Точикистон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Соли 1994 мактаби миёнаро хатм карда, худи хамин сол ба Донишгохи Омузгории Точикистон, ба факултаи филологияи точик дохил шудааст. Аз овони чавони хануз ба таърих ва адабиёти халки точик ва чахон шавку хаваси зиёд доштааст. Баъди хатми Донишгох як сол дар Донишгохи мазкур ба хайси муаллими хурд дар факултахои гайрифилологи фаъолият карда, соли2001-ум ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи илмхои ЧТ хуччатхояшро месупорад. Худи хамин сол барои чустучухои корхои илмияш дар мавзуи «Таърихияти эчодиёти Сотим Улугзода» ба Институти адабиёти чахонии ба номи М.Горкий ба шахри Маскав равона шуда, тули як сол ончо мемонад.

Аз соли 2002 то соли 2006 дар Маркази кудакон ва наврасони шахри Душанбе, сармухарририи рузномаи бачагонаи «Насли наврас»-ро ба ухда дошт.

Аз мохи феврали соли 2006 ба хайси мухаррир ба Идораи барномахои фарханги фарогатии телевизиони Точикистон даъват карда мешавад. Дар аввал ба хайси мухаррир дар барномаи наврасон «Манора» фаъолияти худро огоз карда, пас аз се мох нахустбарномаи муаллифиаш бо номи «Сарнавишт» ва кахрамони аввалинаш нависандаи бузург ва таърихнигори точик Сотим Улугзода пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.

Хамчун мухаррири варзидаи Гурухи эчодии «Симо» силсилабарномахои «Сарнавишт» аз хаёти мардони бузурги таърихи, онхое, ки чабри таърих зиёд дидаанд накл карда мешавад. Шириншох Шотемур, Нусратулло Махсум, Сотим Улугзода , Чалол Икроми, Фазлиддин Мухаммадиев, Буриниссо Бердиева, Абдукодир Мухиддинов, Беназир Бхутто ва дигарон он симохое хастанд, ки дар барномаи «Сарнавишт»-и Сайрам Бакозода ба тамошобинон аз наздиктар ошно карда шуданд.

Барномаи дигари Сайрам Бакозода, ки байни тамошобинон махбубият пайдо карда буд, «Садои хамватан» буд, ки аз хаёти точикони бурунмарзии шахрхои Киргизистону Маскав омода шуда буд ва хеле хотирмон ва таъсирбахш хам буд.

Аз мохи феврали соли 2010 Сайрам Бакозода ба хайси сармухаррири гурухи эчодии СИМО фаъолият дошта, тули ин муддат барномахои нави «Шоми диёр», Таъкид дар мавзуи худшиносии милли, «Накшхои сухангу» дар мавзуи либоси милли, «Тавозун» дар мавзуи баробарии гендери, «Оханги умед» инчунин дар рузхои чашнхо дар якчояги бо гурухи эчоди барномаи мустакими Тамосро пешкаши тамошобинон мегардонад. Сайрам айни хол дар баробари корхои эчоди дар телевизион паи химояи рисолаи илмии худ дар мавзуи «Таърихияти насри Сотим Улугзода» мебошад.

Накша дорад, ки пас аз химояи рисолаи илми, кахрамонхои барномаи «Сарнавишт»-ро дар шакли як китоб чамъовари карда, нашр созад. Инчунин орзуи таъсис додани мактаби махсуси журналистикаи худро дорад. Оиладор, сохиби як духтар бо номи Шируя.

==============================================================================

Аминов Хўчаназар Файзуллоевич 20-уми марти соли 1972 дар дехаи Элоки нохияи Файзобод ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи раќами 11-и нохияро соли 1989 хатм карда, соли 1990 ба факултаи журналистика ва тарчумонии Донишгохи Давлатии Точикистон (холо Донишгохи миллии Точикистон) дохил шуда, ин муассисаи олии таълимиро соли 1995 бо ихтисоси журналист хатм намудааст.

Баъди хатми донишгох ба Телевизиони Точикистон ба кор омада аз мохи августи соли 1995 ба хайси мудири бахши хабарнигорони Телевизиони Точикистон ба кор ќабул карда мешавад.

Солхои 1996-1999 ба хайси мухбири махсуси Телевизиони Точикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз соли 1999 то соли 2004 хамчун мухаррири варзидаи идораи барномахои иттилоотии Телевизиони Точикистон фаъолият карда, аз мохи марти соли 2004 то мохи марти соли 2005 дар вазифаи сармухаррири идораи барномахои иќтисодии Телевизиони Точикистон ифои вазифа намудааст.

Аз мохи марти соли 2005 то мохи ноябри соли 2008 ба хайси муовини сармухаррири идораи барномахои иттилооти фаъолият карда аз 4-уми ноябри соли 2008 то инчониб сармухаррири идораи барномахои иттилоотии шабакаи якуми Телевизиони Точикистон мебошад.

Хизматхои арзандаи Аминов Хўчаназар (Хўчаназари Аминиён) дар сохаи журналистикаи телевизион соли 2006 бо мукофоти давлати- Ифтихорномаи Президенти Чумхурии Точикистон ќадр карда шудааст.

Аминов Хўчаназар хамчунин дар давоми фаъолияти кории худ дар Телевизиони Точикистон барои хизматхои арзанда ба ифтихорномаи Кумитаи Телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида шуда, соли 2009 бо нишони «Аълочии Телевизион ва радио» мукофотонида шудааст.

==============================================================================

Акбаров Неъматулло Асгарович 14.01.1986 дар дехаи Элоки нохияи Файзобод таваллуд шудааст.

Падар-инженер-механик, Модар — гео-механик. Се бародараш хам маълумоти олии донишгохи доранд.

Аз накли Неъматулло:

«Вакте ман хурд будам дар хонаамон се талабаи мактаб ва ду донишчуи донишгох буд. Хамин мухит маро барвактар ба мактаб рафтан омода кард

Ёд дорам, ки муаллим бинобар чанд мох нарасидан ба сини мактаби маро ба синфи 1 кабул кардани нашуд. Вале модарам якрави карда, муаллимро мутмаин кард, ки ман равонхонам ва баъди ба мактаб гирифтанам мушкилие ба бор нахохам овард. Маро муаллим имтихон карду розиги дод.

Баъзан хазломез мегуяд, ки «Ба фикрам ман ягона кудаке дар Точикистон будам, ки синфи якумро хам бо имтихон дохил шудам…»

Соли 2001 голиби озмуни чумхурияви миёни мактаббачгони рассом мегардад ва уро аз чуши кору айни алафдарави якбора ба Фестивали байналмилалии истеъдодхои чавон — Ситорахои Иссик-кул (Киргизистон) мебаранд. Он чо у аз дасти профессор Майрам Акаева (хамсари Аскар Акаев) диплом, китоби «Ситорахои илм» ва соядаст мегирад. Хамин ходиса дар хаёти у гардишит куллиро ба вучуд меорад. Хисси худбовари ва худсозиро дар ниходи вай бедор мекунад. Ба назари у инсон тавассути саъю талош метавонад рушди шахсиашро боло бубарад ва шароитро тахти таъсир карор бидихад.

Соли 2003 мактаби миёнаи раками 11-и дехаи Элокро аъло тамом кардаву худи хамон сол ба ДМТ факултаи журналистика хуччат супоридааст.

5 сол дар донишгох тахсил кардааст. Онро соли 2008 аъло (пурра 5!) хатм мекунад. Кори дипломиро дар бахши менечменти васоити ахбори омма — мавзуи «Бозори иттилоотии Точикистон: конун ва вокеият» химоя кардааст. Алъон хамин мавзуъ дар шакли мукаммалтар кори илмиаш мебошад…

Соли 2005 ЧСК «Ориёнбонк» миёни донишчуёни аълохон озмун гузаронида, уро ба хайси стипендиат ва коромузи худ мепазирад.

То соли 2010 дар нашрияхои «Ориёно» (газет ва мачалла) ба хайси хабарнигор фаъолият кардааст. Фаъолияти журналистии у аз хамин муассиса огоз ёфтааст.

Тайи солхои охир дар нашрияхои «Чавонони Точикистон», «СССР», «Иктисод ва хаёт», «Нигох» низ матлабхо ба табъ расонидааст. Алъон бо газетаи «СССР» хамкории бештар дорад.

Бахори соли 2010 тасодуфан бо филмбардори чавон Мухаммадраби Исмоилов вомехурад. Бо у дар атрофии кинои точик сухбат мекунанд. Пасон дар як филми хунари бо таклифи у накши кахрамони асосиро бози кардааст. Аз хурди ба кино таваччух дошта, окибат ба ин хадафаш хам мерасад.

Холо бошад Рохбари Иттиходияи эчодии филмхои мустанад ва киномачаллаи «Точикистон» (Киностудияи давлатии Точикфилм) аст.

Фаъолияташ асосан дар се бахши эчод аст: журналисти, рассоми, ва кино …аккоси низ мекунад. Саёхати кухсорро хеле меписандад ва дар варзиши намуди Каратэ-киокушинкай тамрин мекунад.

================================================================

Чалилов Аскар Шарифбекович- 25 марти соли 1972 дар нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи Мактаби мусикии нохияи Файзобод ва Донишкадаи санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода. Аммо таърихи дурусти таваллудашро у 27 феврал мегуяд. 25 март хамон рузе буд, ки бибии Зулайхо барои наберааш шаходатномаи таваллуд мегирифт. Аскар барои он уро ном гузошта буданд, ки замони тавлиди у падараш дар аскари буд. Хабари писардоршавиашро у дар Чита шунида буд. Соли 1987 тахсилро дар омузишгохи мадани- равшаннамоии нохияи Ленин (холо Колечи Фарханги нохияи Рудаки) давом медихад. Баъди хатми он муассиса соли 1990 ба сафи Куввахои мусаллах даъват мешавад. Ним соли омузиши аввалияро дар Чеченистон сипари кардааст. У хатто барои идомаи хизмат дар Олмон кушиш кардааст. Мегуяд, ки мехост ба Олмон равад ва дар баробари адои хизмат як асбоби баркии мусики хам бихарад. Баъди он ки муваффак намешавад, хохиши дар Батуми идомаи хизматро мекунад. Он вакт дар ончо вазъ на он кадар ором буд. Вале у ихтиёри хамин минтакаро барои идомаи хизмат интихоб мекунад. Баъди адои хизмат корро ба хайси омузгори фанни мусики дар мактаби миёнаи раками 5 (дехаи Кабкрез) огоз мекунад. Баъд боз ду соли дигар рохбари махфили мусикии омузишгохи касби техникии раками 24-и нохияи Файзобод буд. То соли 1999 дар мактаби мусикии бачагонаи ба номи Дустмуроди Али кор мекунад. Соли 1999 хам ба Донишкадаи санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад ва хам дар Ансамбли давлатии раксии «Лола» ба кор огоз мекунад. Баъди 5 соли фаъолият дар Иттиходияи эъчодии гуруххои консерти ва хунари ба кор мепардозад. Холо дар ин муассиса фаъолият ва эчод дорад. Муаллифи як албоми таронахо ва чандин оханг аст. Сарояндахои машхури имрузи Точикистон- Малика Саидова, Хабибуллои Мирзошариф, Мухаррама Шарифова, Сафаргул Юсуфова, Шахроми Абубакр, Сарабеки Рахмон, Садбарг Хасанова, Садбарг Ашурова ва дигарон охангхои эчодкардаи уро сурудаанд. Бо Хунарманди мардумии Точикистон Парда Косимов 5 сол хамкори кардааст. Таронахои «Ачаб гул», «Модар», «Занги охирин», «Ёри мара бин..(Файзигул Юсуфова)», «Алла» (Малика Саидова), «Точикистон» (Сафаргул Юсуфова), «Хусни ду олам» (Шахроми Абубакр), «Мову ту» (Шахроми Абубакр ва Нигина Амонкулова) махсули эчоди Аскар Чалилов аст. Оиладор ва сохиби 6 фарзанд аст.

================================================================

Аминов Абдулфаттох – 5-уми апрели соли 1981 дар дехаи Бобои Валии нохияи Файзобод, Чумхурии Точикистон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Соли 1998 мактакби миёнаи № 9-и дехаро хатм намуда. Худи хамон сол ба факултети филологияи Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Кандил Чураев (холо ба номи Садриддин Айни) дохил мешавад. Соли 2003 баъди хатми донишгох дар кафедраи умумидонишгохии забони точикии хамон донишгох ба хайси асистенти кафедра фаъолияти кориро огоз намуда ба факултетхои гайрифилологи аз фанни забон ва адабиёти точик дарс мегуяд.

Соли 2006 ба шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи илмхои ЧТ барои дохил шудан аспирантура хуччатхояшро месупорад. Баъди дохил шудан ба аспирантура бо унвони «Пайдоиш ва мавкеъи анъанаи гулбазм дар чашни арусии точикон» рисолаи илми гирифта барои тадкикоти он солхои 2007-2008 ба нохияхои гуногуни чумхури аз кабили; Кубодиён, Шахритус, Кумсангир, Чиликул, Фархор, Балчувон, Восеъ, Рудаки, Варзоб, Вахдат, Файзобод, Панчакент, Тавилдара ва Дарвоз сафархои хизмати менамояд.

Соли 2007 маколаи аввалини илмиаш бо номи «Гулбазм хамчун падидаи ичтимои – фархангии солхои 90-уми асри гузашта» дар мачмуаи «Вахдати мили ва инъикоси он дар фолклори точик», ки ба 10-солагии иди Вахдат бахшида шудааст, нашр мегардад. Соли 2009 бошад маколаи дигараш бо номи «Баъзе хусусиятхои илмии анъанаи гулбазм» дар мачалаи Ахбори Академияи Илмхои Чумхурии точикистон чоп мешавад.

Соли 2009, баъди хатми аспирантура дубора ба Донишгохи омузгори ба кор даъват мешавад. Аз мохи феврали соли 2009 ба хайси мутахассиси шуъбаи кор бо чавонони Донишгох корро огоз намуда, аз мохи марти соли 2010 инчониб дар вазифа мудири шуъбаи фарханги донишгох, хамзамон муаллими калони кафедраи умумидонишгохии забони точики фаъолият намуда истодааст.

Мачмуаи аввалинаш бо номи «Таронахои гулбазм» дар арафаи чопшави карор дорад. Инчунин бояд дар моххои наздик рисолаи илмиашро дифоъ намояд. Оиладор, сохиби се фарзанд бо номхои Рабони, Зулола ва Зулхия.

==============================================================================

Шарифов Парвиз Одилшоевич -03. 06. 1986 дар дехаи Сари Сафедхоки нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Дар оила фарзанди нахўстин аст. 1-уми сентябри соли 1993 ба мактаби миёнаи №24 и нохияи Файзобод ба синфи 1 ќабул шуда, соли 2004 онро хатм намудааст. Дар давраи мактаби аз синфи 9-ум то синфи 11, яъне 3 сол дар озмуни чумхуриявии мактаббачагон аз фанни риёзи иштирок намуда, чойхои намунавиро ишѓол мекард. Дар аввал хело мехост, ки як математики хуб шавад, вале баъди хатми мактаб ба хулосае омад, ки иќтисодчи шавад, чунки иќтисодиёт бе матиматика, яъне хисоб хеч аст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи молиявию иќтисодии ДМТ, ихтисоси 060400 «Молия ва ќарз» дохил шуда, соли 2009 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Дар айёми донишчўи низ дар озмуни чумхуриявии донишчуён аз фанни иќтисод иштирок карда, чойхои намоёнро ишгол мекард. У аз зумраи иштирокчиёни фаъоли барномаи зехнии телевизионии «Интеллект-Шоу» буд. Аз соли 2009 инчониб дар ЧСК «Точиксодиротбонк» кор мекунад ва феълан аспиранти курси дуюми ДМТ аст. Оиладор. Парвиз шикори мохи ва сайдро хеле дуст медорад.

================================================================

Ғафуров Ҷамшед Сатторович

Соли 1971 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и ноҳия гирифтааст.

Донишогоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро бо ихтисоси мӯҳандиси сохтмон хатм кардааст.

Аз соли 1993 фаъолияти худро дар ширкатҳои ба бунёди газопровод ва нефтепровод машғул оғоз намуда, аз мутахассиси оддӣ то ба вазифаи директори генералӣ расидааст. Дар кишварҳои Россия, Белорус, Украина, Туркия, Алҷазоир, Испания ва Қазоқистон фаъолият намудааст. Дар гузоштани се рекорди ҷаҳонӣ оид ба васли қубурҳои газгузар дар як басти корӣ шахсан иштирок намудааст. Охирин рекорди мутлақи ҷаҳонӣ, ки дар давоми як басти корӣ 262 пайванди қубур анҷом дода шуд, дар Қазоқистон сурат гирифт ва онро мутахассисони марҳилаи 3-юми бунёди газопроводи «Қазоқистон-Хитой» дар ҳайати ширкати «КазСтройСервис» зери роҳбарии Ҷамшед Ғафуров моҳи августи соли 2009 гузоштанд. Бояд зикр кард, ки дар ҳайати ин гурӯҳ 22 нафар мутахассисони дараҷаи олии байналмиллалӣ аз Тоҷикистон низ ҳастанд, ки аксарияти онҳо фарзандони Файзобод мебошанд ва маҳз бо дастгирии Ҷамшед Ғафуров ба ин зина расидаанд.

Ҷамшед Ғафуров аз моҳи августи соли 2011 директори генералии СГК-ТПС-7 «Стройгазконсалдинг» таъин гардидааст.

=======================================================

Восеев Қурбонназар Қувватович

01 марти соли 1971 дар деҳаи Тӯсафи ноҳияи Файзобод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Замоне, ки дар радиову телевизион фаъолият дошт, ба ҳамин хотир Тӯсафӣ тахаллус гирифта буд. Мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 21-и ноҳияро соли 1988 бомуваффақият хатм намуда, ба идораи рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба фаъолият оғоз менамояд. Охири ҳамон сол мухбири рӯзномаи мазкур таъин мегардад.

Солҳои 1989-1991 дар сафҳои артиши Шӯравӣ дар Украина ва Ӯзбекистон хизмат кардааст.

Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 1994-1999 дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 46 ва 21-и ноҳияи Файзобод ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.

Солҳои 1999-2003 дар шабакаи радиои «Садои Душанбе» ва солҳои 2003-2009 дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун – аз хабарнигор то муовини сармуҳаррир кор кардааст.

Айни замон сардори Хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

=======================================================

Акбар Кенҷаев. 4 марти соли 1983 дар рустои Кенҷаободи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Дар омади гап бояд гуфт, деҳае, ки ӯ зода шудааст номи бобои ӯро дорад. 1 сентябри соли 1990 аввалин маротиба паси мизи мактабӣ нишаст ва соли 2001 мактаби №21-и ноҳияро хатм намуд. Худи ҳамон сол донишҷӯи донишгоҳи техники Тоҷикистон шуд. То як сол қабл аз хатми мактаби миёна мегуфт журналист мешавад, аммо 12 моҳи ахир фикру андешаашро як бора тағир дод ва ҳоло пушаймон нест аз ихтисоси гирифтааш. Соли 2006 донишгоҳро бо ихтисоси инженер-технолог ба итмом расонд. 3 июли соли 2006 дар корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакашию истеҳсолӣ ва банақшагирию меъмории ноҳияи Файзобод ба ҳайси техник-меъмор ба кор шурӯъ кард. Ҳоло бошад, сармутахассиси шӯъбаи меъморӣ аст.

=======================================================

Рауфова Нигина. Хунарпешаи мардумии Точикистон, Барандаи Чоизаи Давлатии Точикистон ба номи А. Рудаки. 21 майи соли 1945 дар дехаи Шерамони нохияи Файзобод таваллуд шуда аст. Фаъолияти хунарии худро аз гурухи хунарии Иттиходияи Истехсолии Нассочии Точик огоз кардааст. Аз соли 1971 дар хайати дастаи рубобчизанон фаъолияти худро давом медихад. Аз соли 1975 корро дар Кумитаи ТВ ва Радио кор мекунад. Таронахои гуногуни у мисли «Аскарбачча» миёни мардум махбубияти зиёде доранд. Дар ансамбли «Дарё» аз соли 1989 фаъолият мекард. Як муддат дар ансамбли давлатии «Шашмаком» ва Филармонияи Давлатии Точикистон кор кардааст. 21 декабри соли 2010 дар синни 65 солаги аз олам чашм пушидааст.

================================================

Фазлиддин Асозода

Фазлиддин Асозода

Фазлиддин Асозода, 1-уми июни соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1997 ба факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, соли 2003 таҳсилро ба анҷом расонидааст. Солҳои донишҷӯӣ бо ҳафтаномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Оила» ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамкорӣ мекард. Баъди хатми донишгоҳ муддати 1 сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Солҳои 2004-2005 дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи иқтисодӣ кор кардааст. Баъдан ба сифати муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Реклама-сервис», ҷонишини сардабири ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» ва муҳаррири «Нигоҳ», сармуҳаррири бахши тоҷикии АМИТ «Ховар» фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли 2009 то сентябри соли 2010 ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон». Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи сентябри соли 2011 сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии TojNews буд. Аз сентябри соли 2011 инҷониб муҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» аст. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012). Оиладор, соњиби ду фарзанд- Мехроб ва Мухаммадчон.

================================================

Зулолаи Нур (Мушкинисо Асозода),                                     зодаи деҳаи Мушкиниссо Асозода (Зулолаи Нур)Муминободи ноҳияи Файзобод. Фориѓуттаҳсили факултаи рўзноманигори ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2001-2006). Чандин сол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳамин деҳа ҳамчун омўзгор фаъолият кардааст. Ҳамкориро бо ВАО-и кишвар аллакай дар даврони донишљўи оѓоз намудааст. Нахустин навиштаҳояш дар нашрияҳои «Ҳамрози ҷавонон», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Нерўи сухан» ба табъ расидаанд.

Аз соли 2005 то 2006 дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт. Аз соли 2006 ба ҳафтаномаи «Реклама-сервис» ба кор гузашта, баъдан дар нашрияҳои «Нигоҳ», «Мароми пойтахт», «Бонувони Тоҷикистон», ҳафтаномаи «Пайкон», «Омўзгори ҷавон» ва оҷонсии иттилоотии TojNews фаъолият кардааст. Айни замон бо МТЖТ ва рўзномаҳои он ҳамкори дорад.

Китоби нахустинаш бо номи «Марг ва ҳаёт» соли 2011 ва китоби дигараш таҳти унвони «Роҳ ба сўи худ» соли 2015 ба нашр расидааст. Китобхои дигари ў «Наќш дар маҷро» ва «Аз Эрони бузург ба Тоҷикистони азиз» дар дасти чоп аст.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012). Духтарчаи дустрўяш Шукронаро давлати худ мехонад.

================================================


АхмадШОх ТаваккаловТаваккалов Ахмадшох Бахромович
  9.09.1982 дар нохияи Файзобод дар оилаи коргар тавалуд шудааст .Соли 1989 кадами аввалини худро ба мактаби миёнаи раками  1-и нохия гузошта, мактаби мазкурро соли 1999 бо мувафакият хатм  намудааст.  Хамон сол  ба ДДТТ  ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда,  хамзамон хамчун бародари шавкат  дар Беморхонаи Карияи Боло дар бинои № 4 кор ва фаъолият намудааст. Баъд аз хатми  донишгох соли 2006 мохи август ба  зодгох — нохияи зебоманзари Файзобод баргашта,  ба хайси  духтури кудаконаи Маркази саломатии нохия ба кор шуруъ намудааст. Фаъолияти  кори ва  чусту чоликиаш  уро ба вазифаи пурмасъулият — муовини сардухтури Беморхонаи маркази  расонид .Дар ин вазифа аз 27 .02.2007 то  мохи октябри соли 2010 фаъолият намуда аст. Мохи феврали соли 2010 вакили  мачлиси вакилон дар нохия интихоб гашта,  бо пешниходи раиси нохия  ва фармони Кумитаи  чавонон варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхури ба вазифаи мудири бахши чавонон варзиш ва сайёхии нохия таъин гашта, дар он вазифа то мохи октябри соли 2011 кор мекунад. Баъдан  боз ба вазифаи муовини сардухтур оид ба  хизматрасонихои  модарону кудакон  гузаронида мешавад ва  то мохи  декабри соли 2012 дар он маком фаъолият мекунад. Баъд ба вазифаи  духтури кудакона дар  шуъбаи таваллудхонаи нохия ба корро идома медихад.  Айни замон хамчун духтури кудаконаи шуъбаи таваллудхонаи  беморхонаи марказии кор ва фаъолият намуда истодааст. Оиладор ва сохиби  2 фарзанд аст писарчааш Мирзо дар синфи 4 ва  духтарчааш Шакира дар синфи 2 мехонанд.

================================================

комментариев 40

  1. Метавонам чанде аз фарзандони баруманди диёрро ба Шумо муаррифи намоям: Абдулвохид Назиров,Сафарбек Нуров, Максуд Шоев,

  2. Ассаломалейкум акаи Субхон. Икдоми бехтарин

  3. ФАЙЗИ ФАЙЗОБОДИ МАН

    Қад-қади дарёи Элок дехахои файзхез,
    Даштҳои беканораш сабзпушу дилфиреб.

    Лолазораш рамзи пирӯзии халқи ҷонфидо,
    Кӯҳҳои барфпушаш сарбаландиҳои мо.

    Боғи себу ангураш аз файзи Файзобод маст,
    Оҳӯи саҳрои сабзаш аз буи гулҳост маст.

    Марзи хокашро нигаҳбон авлиёву анбиё,
    Хоҷа Ҳотам шуд зиёратгоҳи халқи Осиё.

    Шаҳди гулҳои баҳораш дорую дармони чон,
    Лаззати ҳар мевааш бемисл дар рӯи ҷаҳон.

    Чаҳғчаҳи мурғони хушхонаш чу сози Дустмурод,
    Кабкакони шӯхи дашташ чун Нигина нағмахон.

    Мебарад дилро ба худ он чеҳраҳои чун парӣ,
    Духтарони маҳвашаш бо як нигоҳи дилбарӣ.

    Зери хоки файзхезаш таърихи Вашгирдшаҳр,
    Рӯи хокаш сохтаанд имрӯзиён бо завқ шаҳр.

    Ин ҳама зебоиҳо хоси диёри файзхез,
    Файзи Файзободи ман бошад ҷаҳонро пайзрез.

  4. Акаи Субхон, дар бораи фарзанди баруманди ин диёр Саймуддин Ашурович Дустов хеч чи нест-ку??? Акаи Саймуддин фаротар аз як нохия мебошаду шахсияти милли аст. Аммо дар Файзобод зода шудааст🙂

  5. Акаи Субхон намешид Махмадаливу Субхонро хам дар ин сахифа чо мекардед? Ба фикрам ино бисёр сарояндагони хубанд…

  6. салом акаи Субхон оё мардуми Обигармро хам ба зодагони диёри бод рох медихи ё не?

  7. салом ба хамаи дустон, савол ба бачаи кулобие ки рафикони файзободи дорад. Барои чи тарафи нохияхои Кулоб аксарияташ файзободихора гарми мегуянд. харчанд мефахмонем ки ай файзобод то рогун- шахра гарми нестанд онхо намефахманд. банда джахонгири кумсангирии файзободи хастам. боки саломат бошед? ба фикри ман Файзободу рогуну обигарм ин харсе як мардуманд…..

  8. салом Субхон..Чи хел икдоми хуб,кош ман хам аз Файзобод мебудам..Вале Мухаррамаю Малика .. ва дигар кормандони кумитаи тв ва радио магар ба каъри дарё рафтаанд. ё аз сахифаи хотираи шумо тоза шудаанд,?

    • Саломалейк…..Ман бо кумаки чанд нафар дуст зиндагиномаи худуди 30 нафари дигарро омода карда истодаем. Насиб бошад, мегузорам дар ин сахифа.

  9. Субхон салом.Ташаккур хеле кори хуб кардаед.Кош ман хам аз Файзобод ва диёри бод мебудам.

  10. Ассалому алейкум акои Субхон!!! Ба наздики бобочонам — Шамс Гулом аз дунё чашм пушиданд. Бори дигар и сахифаро кушода, расмашро дида ва дар бораи фаъолияташ хонда шод шудам. Ташаккур ба Шумо. Чоятон чаннат шавад Бобочон!!!

  11. Салом аллайкум, Субхон! Аз дидани блоги Шумо хеле шод шудам ва ифтихор аз он дорам, ки падари ман хам зодаи Файзободи зебоманзари дехаи Кабкрез хастанд. Агар малол набошад, чунин пешниход дорам, ки дар сахифаи худ, боз дар бораи фарзандхои баруманди Файзобод — Бозор Собир, Малика Саидова, Зиёзода Таварали, Дустмурод Али каме ёдрас менамудед.

  12. Салом бахама хамдиёрон минатдорам аз Субхони Чалил барои маълумотхои чаовардааш мо бо ин номдорони диёр фахр мекунем ва хохем кард.

  13. Бобои Субхон, дар ин сахифа факат дар бораи зодагони диёри файзбор менависед ё язнахоро хам дохил мекунед? Мегуянд, ки эхтирому самимияти мардуми Файзобод нисбати язна беандоза аст, рост-ми ин гап?

    • Саломалейк….Бале рост аст! Масалан, ба кариби Шурои фарзандони Файзобод ба хулосае омадаст, ки барои хамаи «язнахо» хар руз 1 истакон шир «за вредность» тухфа кунад🙂 Аз ин дигар икдоми самимонатар мешавад?

  14. Акаи Субхон, харчанд бо шумо хамкори дорам, аммо хамин сахифаро нав хондам. Рости ман хам яке аз зодахои Диёри бод хастам (ин ибора ба ман хеле писанд омад). Ман зиёд мехостам, ки дар ин сахифа бошам, аммо як принсипе, ки дар зиндаги дорам, ба ин ичоза намедихад. Яъне ман ягон маротиба ба ягон кас ичоза намедихам ки дар бораи махалли ман пурсад ва ман хам аз касе намепурсам, чунки хама аз як Ватанем. Шояд бо мурури замон худам аз Шумо хохиш кунам, ки маро хам ин чо чой кунед )))
    Ба хар хол сипос ба Шумо!
    МН

    • Саломалейк….Ин сахифа барои он нест, ки мо худро аз дигарон, ки як чо бо мо чузъи ин ВАТАНанд, чудо кунем, балки, ман мехохам бо ин рох барои хама хамдехаву хамшахрхоям, ки барои ободи ва пешрафти ин ВАТАНи махбуб хамаруза талошу кушиш мекунанд,, СИПОС баён кунам! Ба Шумо хам! Ман хеле мехохам, ки акси шумо хам ин сахифаро зеб бидихад! Саломат бошед!!!

  15. Добрый день Субхон! Очень интересная страничка! А увидеть достойнейших личностей Файзабада было приятнее в двойне!!! Всех благ и удачи Вам!))

  16. САЛОМ АКАИ СУБХОН

  17. Субхон, ин гушаатон барои онхое ки мехоханд бо фарзандони баруманди Файзобод ошно шаванд. хеле ва хеле муфид аст. Сайрам вокеан хам, меарзад, ки дар катори аввалинхо дар ин сахифа чой гирифта бошад. Ба андешаи ман имруз дар телевизиони мо аз бонухо сохибистеъдодтаринаш хамун аст. Шахсан ман мухлиси у. Метавонед ин ихлоси маро ба у расонед.

  18. Салом алейкум Акаи Субхон.
    Бисёр сахифаи хуб дар сомонаатон чой кардаед. Фикр мекунам шахсони обруманди ин диёр зиёданд.
    Акаи Субхон мана дар сахифаатон чой накарден ку…… ))))

    • Салом…Ба ёдатон бошад, ман хамин чиро ба Шумо пешниход карда будам, аммо Шумо ё хоксори кардед ва ё ….назаратон нагирифт🙂

  19. Parviz bachai khusrucha budai!

  20. Салом ровии дустдошта Субхони Чалил! Шуморо ба кушодани ин сахифаи нав муборак мегуям. Ба фикрам кори некеро анчом дода истодаед.
    Вакте ки «Коментария»-хои мухлисонро хондам, маколи «Аз ки нолем?, аз мост, ки бар мост!» ба хотирам расид. Модом, ки ин тавр бошад, пас хочати аз Галустяну «Наша Раша» нолидан нест.
    «Рахмати зиёд», бародар «Ватандор»! Барои «бахо»-и додаатон ба ин бародарон. Чи хеле, ки Субхон гуфтанд ва дар эфир хам борхо такрор мекунанд, Маскавро дар як руз насохтаанд-ку, дигар ин ки ба фикрам назари Шуморо хамчун ВАТАНДОР ба баъзе хамватаноне, ки дар чодахои гуногун хануз навкадаму навкаламу навкоранд, ба фикрам таъсири хуб надорад. Шумо ё наттоки хубед ё нисбати дигар хамватанон «НАЗАРИ ХУБ» ё ин ки «ЧАХОНБИНИИ ВАСЕЪ» доред. Шахсан ин навиштахои Шумо ба ман хамчун як мухлис мисли боруте, ки муаллифи сахифа зикр намудааст, мерасад.

  21. Дорогой Субхон!

    Честно говоря, в общем, мне ваш сайт понравился, кроме именно вот этой рубрикию. Ну невозможно это !!! не думал, что вы докатитесь до такого низкого уровня. Извините меня, писать про какого-то ассистента из Налогового института — это невыносимо!!!! а я тут хотел увидеть действительно достойных сынов Файзабада, как например Бозор, а не этих чуваков, людей похожих на них везде полно вокруг ! отбирайте истинно достойных, и не только с Вашгирда.

    • Саломалейк….Барои ибрози назар ташаккур! Бояд бигуям, ки Маскавро хам дар як руз насохтаанд ва ман хам кам -кам маводро барои ин сахифа чамъ карда истодаам. Насиб бошад, акс ва расми бехтарин фарзандони диёри бодро ба наздики дар ин сахифа чо мекунам. Онхое, ки аввалтар аз хама рози шуданд ва зиндагиномаи худро фиристонданду ман дар ин сахифа чо кардам гунох надоранд-ку ?!
      Ба кариби-хамон вакте ки ман ичозати онхоро гирифтам, дар ин сахифа зиндагинома ва акси Бозор, Малика, Мухаррама, Нигина Рауфова, Ч. Каримзода, Киёмиддин Чакалов, Саъди Шариф, генералхо Хабибулло Юсуфов ва Мерочиддин Хакимов….ва боз садхо фарзандони баруманду арзандаи диёри бод пайдо мешавад! Иншооллох!!!

    • Ватандор, если Субхон этих людей разместил в своем блоге это уже что-то значить. Бозор Собир или Чакалов когда-то тоже были «чуваками», но такие же люди как Чалилов их «раскрутили». Доживем увидем.
      Уважаю таких людей как Чалилова которые уважают свою семью, предков, земляков… и ими дорожат.

      • «Бузургонро Бузургон зинда медоранд!» Дар ин радиф ба Шумо бародар Фаридун ташаккури зиёд барои фикрхои чолибатон.

  22. Акаи Субхон, як пешниход: Хуб мешуд аз руи алфавит ё синусолу макому дигар дарачахо зодагони Диёри Бодро дар ин гуша чо медодед.

    • Саломалейк… Ин хам фикри хуб аст, аммо…ман мехостам, ки хамин гуна расму холномаи хар нафареро, ки пайдо кардам, инчо гузорам. Хаёл мекунам, ки касе аз зодагони диёри бод бо ман чанг намекунад, ки «чаро сурати маро поёнтар аз касе гузошти, ки дар макому вазифа аз ман поёнтар аст… » Вале боз як чизи дигар: биёед, хамон колабхоро як бор шиканем ку чи холат ба миён меояд. Чи гуфтед?🙂

    • Мебахшед, ин ба фикрам блоги Субхон Чалилов аст. Барои бо алфавит ва дигар зодагони ифтихории Файзободро чо додан ягон фарзанди бекортари Диёри Бод машгул шавад.
      Ба хар хол акаи Субхон хамту ному насаби зодагони ифтихории Файзободро хамту «список»-барин нвишта монед. Вагарна хамватанонамон Шуморо аз маслихату айбчуи гурезон мекунанд)))))))

  23. Лекин Субхон бародар малол нашавед ки хамаи инхо хам шояд хизмат кардаанд аммо мисли шумо нафари ПАТРИОТро дар миёни инхо надидаам!!!

    • Саломалейк….:) Акнун бояд гуям, ки он диёрро хама обу боду хоку сангу чубаш «патриотофар» аст….Ман хама чиро аз онхо омухтаам , харчанд ки аксарияти онхоро аз наздик надидаам🙂

  24. Дар таърихи Наршахи хам ин диёр тахминан ба ин маъно, ки: «..хамчун мавзее миёни куххо чойгир аст ва дарёе аз он чо мегузараду хамеша боди фораме мевазад, » васф шудааст. Хтто аз иклими мувофики он барои баъзе намуди зироатхо накл шудааст.

  25. Дар «Шохнома» ду маротиб аз Вашгирд ёд мешавад. чое мисраъи аввал бо «…Висагирд » тамом мешавад ва дар радифу кофияи хамин ном мисраъи дуюм бо «..лашкар гирд» анччом меёбад. шукли дурусти байт хотирам нест, аммо маънои зи Сугду омуву Висагирд лашкар гирд овардани кадом як шохро Фирдавси тасвир кардааст. (хато накунам достони Хокони Чин)
    чои дигар дар мавриди забони форси Фирдавси ба чанд мавзеъ ишора кардааст, ки он чо форсигуён буданд. Радифи чанд шахр Вашгирд хам хаст. (Дориюш дар як матлабаш ин порчахоро навишта буд. «Нигох» дар посух ба проф. И. Усмонов)

    • агар хато накунам ин Шохи одил Фаридуншох бошад. Чун Фаридун зодаи Вашгирд буда, ва Логои Ливояш калаи Гов будааст. Каламрави Вашгирд то заминхои имрузаи Кулоби бостонирониз дар бар мегирифтааст. Аз инчост, ки байни Кулобу Файзобод шабохату монанди бисёре мавчуданд. Дар ин ду нохияи Точикистон фархангу суханрониву маданияту оиладориву номхои хосаву чинси яканд.
      Шояд хамин бошад ки дустони наздики мани кулоби файзободихо бошанд)))))))))

  26. Салом акаи Субхон. Бо таъсиси ин бахш, фикр мекунам, кори неке анчом медихед.
    «Диёри бод» агар ишорат ба Файзобод хаст, пас чои шакку шубхае надорад. Ба тасвиру ба ташбеху ба тамлех хам ин ном мувофик аст. Аммо номи бостонии ин мавзеъ Вашгирд (Вишгард, Висгард) будааст, ки аз калимаи авастоии «Виса»-ошик ва «гарда»-шахр бармеояд. Яъне шахри ошикон. (Вокеан хамон «город»-и руси вожаи авастои аст). Ба таъбири дигар дар забони пешониёни мо низ гарда маънои шахр дошт. Хатто Вашгирдро Сиёвашгирд хам гуянд. Ин ишорат ба шахре аст, ки Сиёваши достони онро сохта будааст. Дар «Шохнома» хам аз ин кисса ёд шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: