Ханда хам доруст…

     Ханда  амре аст, ки ба таври тасодуфи рух медихад. Мумкин аст ханда дар асари шунидани як матлаби хандадор бошад ва ё мумкин аст дар асари дидани тасвирхои хандадор буда, аз чашмхоямон огоз шавад. Андешахо дар мавриди ханда гуногун хастанд, яке мегуяд ки афроди тахсилкарда камтар механданд, дигаре мегуяд ки бо рафтани синну сол хам одамон камтар механданд. Акнун андешахои дигаронро дар ин маврид ин чо метавонед бихонед, ки онхо дар ин бора чи назар доранд:

Ханда ва шоди аз назари ислом

 Агар мо ба атрофи худ бингарем, сахнахое аз гаму шодиро мушохида хохем кард, ки хар кадом дар чои худ лозимаи зиндагии башар аст, гохе гам ва замоне шоди ба суроги инсон меояд, аммо у фитратан аз гам гурезон ва ба шоди мутамоил аст. Дар ин миён чавоне, ки ба мархилаи шукуфтаги, пуёи ва нишоти даврони булуг по нихода, беш аз дигарон ба шоди меандешад.

Ин хакки чавон аст, ки дар чомеа шод бошад ва аз зиндагии худ лаззати машруъ бибарад. Ва ислом, ки дине фитри ва таъминкунандаи салохи дуне ва охирати инсон аст, мухолифи шоди нест, балки хоми ва пуштибони он низ мебошад.

 Ахамияти ханда ва шоди аз назари ислом

1. Ханда ва табассум нишонаи боризи хушруи аст ва он мучиби дустёби аст. (Хазрати Али (а)).

2. Хушхол кардани муъмин аз 10 хач боарзиштар аст. (Имом Содик (а)).

3. Муъмин мебоист турушруй ва гирифта набошад, гушода ва хандон бошад. 

Тамчид аз шухи ва истихбоби он 

1. Паёмбар (с) фармуданд: Ман шухи мекунам, вале дар гуфторам чуз хак чизе намегуям.

2. Имом Али (а) фармуданд: Хар гох яке аз асхоби расули Худо андухгин буд, расули Худо (с) бош ухи кардан уро шодмон мекард.

3. Имом Мухаммад Бокир (а) фармуданд: Хамоно Худованди мутаол он касеро, ки дар миёни чамъе шухи кунад дуст дорад, ба шарте, ки шухии у омехта бо фахш набошад.     

Илали равоншинохтии ханда:

1. Нишонаи эътимод ба дигарон.

2. Ичтиноб аз даргири ва бархурд.

3. Эчоди самимият.

4. Ханда гуёи пазириш ва таомулоти мусбат аст.

5. Ханда баёнгар ва исботкунандаи узве аз як гурух будан аст.

 Матолиби чолиб дар бораи ханда:

1. Афрод 30 баробар бештар дар хузури чамъ механданд, то дар танхои ва ба таври инфироди.

2. Мардхо хангоме, ки дар канори якдигар мебошанд, бо хандидан дусти ва рафокати худро иброз карда ва рухияи ракобатчуёна миёни худро таъдил мебахшанд.

3. Ханда хамвора пас аз таваккуф дар поени чумалот ва ибороти хандадор руй медихад.

4. Кудакон 300 бор дар руз ва бузургсолон ба таври мутавассит 17 бор дар руз механданд.

5. Аглаби хандахо дар хангоми худохофизи ва ё хушомадгуи ва салом кардан руй медиханд.

6. Занон 126 дар сад бештар аз мардон механданд.

7. Садои хандаи занон охангинтар аз садои хандаи мардон аст.

8. Шемпанзехо ва мушхои сахрои низ метавонанд биханданд (аммо на мисли инсонхо).

Ин гуна нукотеро бояд хангоми шухтабъи риоят кунем: 

1. Мутмаин гардед фарде, ки мехохед бо вай шухи кунед, шароит ва ё чанбаи шухиро дорост.

2. Бо касе шухи кунед, ки бо вай самими ва наздик мебошед.

3. Мавкеияти ичтимоиро мадди назар карор дихед (дар Донишгох, мехмони ва ё маросими тархим).

4. Шухи бояд мутаваччехи худатон бошад ва на фарди дигаре.

5. Шароит ва мавкеиятхоро дастмояи ханда карор дихед ва на фард ё гурухеро.

6. Саъй кунед бо афроде, ки аз назари синни аз шумо бузургтар хастанд шухи макунед.

7. Дар шухтабъи ифрот накунед, то аз викор ва шаъни шумо коста нагардад.

Дар мавриди фавоиди ханда

Хандидан боиси пайванд додани инсонхо ба якдигар мешавад. Зехни гуянда ва шунавандаро бо хам хамоханг карда ва нишон медихад, ки аз назари эхсоси бо хам мувофики назар хастанд.

Роберт, доктори асабшинос муътакид аст, ки бахси хандидан он кадар печида аст, ки наметавон дар озмоишгоххо дар мавриди он бахс кард. Ба чои он у мавкеиятхои хандаовареро, ки ба худии худ мумкин аст дар зиндагии рузмарраи хар як аз инсонхо рух дихад, чамъовари карда ва натоичи онро дар китоби худ бо номи «Пингвинхо» (2001), ки навъе тахкики илми мебошад ба чоп расондааст.

Ханда як фазои мусбати эхсосиро ба вучуд меоварад ва тарафайн ниёзи баркарории иртиботи наздиктареро нисбат ба хам пайдо карда ва аз вучуди якдигар бештарин лаззатро мебаранд. Яке аз натоиче, ки доктор Роберт ба он даст пайдо карда, хоки аз он аст, ки хатто гуяндахо хеле бештар аз шунавандахо аз таъсироти мусбати хандидан бахраманд мешаванд. 

Хандаи тааччуб 

Аглаби авкот, инсон шигифтии худ аз масъалаеро бо чори кардани хандае тахсиномез бар лабонаш нишон медихад ва усулан ханда яке аз нишонахои аслии тааччуби инсон ба шумор меравад (аз миёни файласуфон Эмануил Кант ва Абуали Сино низ хандаашонро ноши аз тааччуб мепиндоштанд).   

Ханда барои пушондани холати дигар

Гохе ханда чои эхсосот ва хаячоноти дигаре назири шарм, хашм ва … мегирад, онхоро аз назари дигарон пинхон мекунад.

Хандаи шодмони ва нишот

Шодмони ва нишот ба хар далеле, ки ба вучуд омада бошад, агар мулоим бошад хамрох бо лабханд аст ва агар шадидтар шавад, ханда ва гохе кахкахаро мучиб мегардад.

  • Ханда синни афродро камтар нишон медихад.
  • Ханда забони муштараки хамаи чахониён аст.
  • Ханда хеч хазинае надорад.
  • Ханда паёме зебо дорад ва он ин аст: ба суи ман биёед.
  • Ханда дар хеч хайвоне дида намешавад ва мухтаси одамиён аст.
  • Ханда теъдоди зарабони калб (HR)-ро кохиш медихад, ки дар саломати муассир аст.
  • Ханда махбубият ва чаззобият эчод мекунад.
  • Ханда кудрати ёдгириро афзоиш медихад. Накши ханда дар синфхои дарси ва омузиши фавкулодда аст.
  • Ханда нишонаи ризоият аз вазъияти мавчуд аст.
  • Ханда боис мешавад, ки ба дандонхоямон бештар таваччух карда ва дар назофати онхо бикушем.
  • Ханда сабаб мешавад, дустони бештаре пайдо кунем.
  • Ханда тахаммули дардхои чисмиро осонтар месозад. 5 дакика ханда аз тахи дил мучиби 5 соат таскини дард мешавад.
  • Хар чи синамон зиёдтар шавад камтар механдем.
  • Хандаи хеле зиёд ва бемаврид дилро мемиронад. (Али (а))
  • Харчи афрод тахсилкардатар мешаванд, камтар ва дертар механданд.
  • Ханда боиси рафъи хастаги мешавад.
  • Ханда ва табассум суратро зебо месозад.

                                                                                  

 http://daneshnameh.roshd.ir  

  http://www.zibaweb.com/khandeh.htm

 http://www.darcoob.com

 http://moshaverdaghigh.blogfa.com

комментариев 5

  1. Салом акай Субхон! Ташакур барои фикрхои чолибатон. Як чизро бояд кайд кунам,ки ин бисёр мавзуи мухим аст ва боиси нигаронихам аст, ки баьзе аз нафарон алалхусус чавонон бо гирифтани харгуна номхо механданд. Мисол вакте ки номи Сайнукурддин ё ба монанди ингуна номхоро гирифтан механданд. Ин гуна рафтор албатта боиси ранчиши ин гуна номдоштагон мегардад. Акай Субхон шумо ба ин рафтори ин гуна нафарон чи андеша доред?

  2. Руз ба хайр акаи Субхон. Ин чо навиштед ки ханда суратро зебо мекунад, дар хакикат хамин хел аст? Ва дигар ин ки шумо бисёр шухтабъ хастед дар хона хам хаминхел хастед?
    Каблан ташккур!

    • Саломалейк….Ханда вокеан хам одамро зебо мекунад, аммо факат хмонеро ки дандонхои зебо ва чехраи зеботаре дошта бошад🙂 Аммо дар мавриди холати рухиям дар хона бояд нависам ки ин аз киссаам вобаста аст: агар пул дошта бошам холам хуб асту шухи мекунам ва агар НЕ , не🙂 Саломат бошед!!!

  3. Асалом аки Субхон. Агар шуморо пурсанд ки дар Душанбе ки аз хама бисёртар механдад, чи мегуфтед??
    Агар маро пурсанд, ки касеро мешиносед, ки бисёр бихандад? Ман мегуфтам ки аки Субхон бисёр механдад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: