Одоби сухбат бо телефон

  Телефонхои мобили чунон зиёд шудаанд, ки онро  хама чо дар дасти хурду калон мебинем ва хар кас хар гунае, ки хохад аз он истифода мекунад. Яъне, чи хеле ки хохад сухбат мекунад – хохад баланд гап мезанад, хохад мусикии телефонашро (ба он нигох накарда, ки ба касе халал мерасонад ё не), баланд монда гуш мекунад… хулоса, хар гуна ки ба у писанд аст. Ин холатро на факат дар куча, балки дохили автобусу дигар воситахои наклиёт низ дидан мумкин аст. Ва фикр мекунам, ки кариб хама ин чизро медонанд ва хочат барои шарху эзохи он нест. Шояд сабаби хамаи ин надонистани одоби сухбат бо телефон бошад? Намедонам!

Манзури мо аз ин гуфтахо факат сухбатхои телефонии кучаги нест. Умуман, сухбатхоеро дар назар дорем, ки тарики телефон сурат мегирад.

Меоем сари зангхои телефоние, ки шунавандагон бо ровии ин ё он шабакахои радио сухбат мекунанд. Чунонки медонем холо чанд шабакаи радио – хам радиои хусуси ва хам давлати фаъолият мекунанд. Ва назар ба солхои пеш чанд сол аст, ки бештари барномахо дар ин радиохо мустаким пахш мешаванд. Максад аз ин гуфтахо чист? Дар барномахои мустакими радиои баъзан вакт шунавандахое занг мезананд, ки хатто намедонанд гап дар бораи чи мераваду мавзуъ чи аст! Ё холатхое мешавад, ки занг мезананду аз рови хохиш мекунанд, то ин ки ба у «занг занад»! Ва дигар ин ки бе тайёри ба кадом мавзуе занг мезананд! Фикр намекунам, ки ин тартиб дуруст бошад. Бехтар аст, ки онхо телефонро банд насозанд ва аввал гуш кунанд, ки гап дар бораи чи меравад, то як нафари дигаре, ки барои сухбат кардан тайёр аст ва чи гуфтанашро медонад, сухбат кунад. Фикр мекунам ки хонандаи заки максади моро аз ин навиштахо дуруст дарк мекунад ва боиси ранчиши касе намешавад. Албатта, мо бовар дорем, ки хама хуб хохад шуд ва мо одоби сухбат карданро хиста-охиста хубтар хохем омухт!

Чун сухан дар бораи одоби сухбатхои телефони меравад, бехтараш андешахои мутахассисони сохаи тандурусти ва равоншиносони чанд донишгохро, ки доир ба ин мавзуъ фикрхои худро баён кардаанд мехонем, ки гумон мекунам аз фоида холи нест:   

  • Дар вакти тамос бо телефони мобили ба ин нукот мутаваччех бош! 

 

1. Набояд дар чунон вакте бо касе телефони сухбат кард, ки вакти хоб ва истирохати вай бошад ва ё дар кори бисёр хассос ва мухим масруф бошад, ки ин кор василаи азияти чониби мукобил карор мегирад, мисле ки бидуни ичозат ворид шудан ба хонаи шахсе, василаи азияти хонадор карор мегирад.

2. Агар мехохи бо касе бо телефон зиёд сухбат намои, муносиб аст, ки аз чониби мукобил ва шахси матлуби худ пурсон намои, ки дар чи вакт бехтар аст, ки бо вай телефони сухбат шавад.

3. Агар мехохи телефони сухбати тулони намои, ба чониби мукобил бояд дар ибтидои тамос бигуи ки ман сухбати тулони менамоям, оё шумо алъон фурсат доред? Зеро шояд чониби мукобил масруф бошад ва вакти гуш кардани харфхои шуморо надошта бошад.

4. Бархе мардум бо вучуди ин ки фурсати сухбатро дошта бошанд хам, ба зангхои телефони хеч гох чавоб намедиханд ва ба он беэътино хастанд, ин кор хилофи ахлоки исломи аст.

5. Дар телефон харфхои мухим ва махфиро нагуед, зеро мумкин аст, ки ба гунае он мавзуи роз ва хабари амонат фош гардад.

6. Ба овози нарм ва лахчаи ширин сухбат кунед ва аз дагаливу дурушти дар лахча ва овози тунду баланд ичтиноб варзед.

7. Дар вакти ронандаги ибтидо дар махалли муносибе таваккуф намуда, сипас аз телефони хамрохи худ истифода кунед.

8. Хамеша телефони хамрохи худро дар чойхои умуми назири китобхона, масчид, махалли кор, бемористон, чаласот, ресторан, мехмонихо, васоили наклиёти умуми, синфхои дарси ва музейхо хомуш кунед ва ё хадди акал онхоро ба руи системи ларзонанда карор дихед.

9. Бо садои охиста ва лахни ором бо телефон сухбат кунед. Гушихо ба гунае таррохи гардидаанд, ки садои заиф низ аз тарики онхо кобили интикол мебошад. Бархе муколамоти хос, ки лахни тунд ва эхсосиро талаб мекунанд ба замони муносибтаре бигзоред.

10. То хадди мумкин аз чалби таваччух хангоми сухбат кардан бо телефони хамрох, худдори кунед.

11. Агар сарусадои мухит пиромуни шумо зиёд аст, ба як чои сокит ва хилваттар биравед. Хамчунин агар дар баркарории иртиботи шумо мушкиле аст, фарёд кашидан ва бо садои баланд сухбат кардан мушкилеро хал намекунад (ва танхо боиси озори атрофиён мешавад) бинобар ин охиста сухбат кунед.

12. Боназокат бошед ва паёмхои кутохи (sms) дарёфтиро таъйид кунед. Як «бале» ва ё «Ок» кифоят мекунад.

13. Аз мухтасарнависии беш аз хад хангоми ирсоли паёми кутох худдори кунед. Бо ин ки хуруфи ихтисори барои бисёре равшан ва кобили пазириш мебошанд, аммо дар нихоят барои ононе ки бо онхо ошноии кофи надоранд, боиси сардаргуми мегарданд. Бинобар ин паёмхоро бо имлои сахех ирсол кунед.

14. Телефони хамрох як абзори иртиботи дар мавкеъхои изтирори ва фаврият аст, на як василаи тафрех ва ё гуфтугухои тулонимуддат.

15. Замони муколама бо телефони хамрох боисти кутох ва мухтасар бошад.

16. Хангоми сухбат бо телефони хамрох хамзамон бо атрофиёни худ сухбат накунед. Чаро ки мучиби озор ва сардаргумии онон мегардад.

17. Хеч гох аз телефони хамрохи худ барои фахрфуруши ва тахти таъсир карор додани дигарон истифода накунед.

18. Дар бархе чойхо музейхо, синамохо, театр ва ё намоишгоххо, ки аксбардори ва филмабдори мамнуъ мебошад, бо телефони худ акс ё филм нагиред.

19. Агар дар шумо дар чаласа ё мавкеи мушобехе хастед ва бояд бо телефони хамрох сухбат кунед, узрхохи кунед ва чои хилвате барои харф задан пайдо кунед.

20. Бо хамон холате, ки хамеша харф мезанед харф бизанед. Одамхо вакти харф задан бо телефон маъмулан баландтар аз холати оди харф мезананд ва аглаб таваччух надоранд, ки ин рафторашон чи кадар метавонад барои дигарон нохушоянд бошад.

21. Вакте дар хузури дигарон харф мезанед бо асабоният харф назанед. Муколамоте, ки эхтимолан эхсоси хастанд бояд дар чое анчом шаванд, ки музохими оромиши дигарон набошад.

22. Вакте дар бораи масоили хусуси ё бархе мавзуоти кори бахс мекунед боэхтиёт харф бизанед. Хеч вакт маълум нест, ки чи касоне садои шуморо мешунаванд.

23. Мукаррароти муколама бо телефони хамрох хангоми ронандагиро риоят кунед. Вакте василаи наклиётатон дар холи харакат нест ба телефон бипардозед.  

24. Гохе иттифок меафтад, ки шумо дар мехмони хастед ва ниёз ба тамос доред, дар ин холат метавонед пеш аз занг задан аз сохибхона ичозат бигиред.       

  • Истифодаи сахех аз телефони мобили

 

Бояд шабхо телефони хамрохро хомуш кард ва дар гайри ин сурат бояд онро дасткам дар фосилаи ним метр аз рахти хоб карор дод.

Аз часпондани телефони хамрох ба бадани худ пархез кунед.

Аз насби телефони хамрох дар камар худдори кунед.

Занони бордор бехтар аст аз телефони хамрох истифода накунанд. 

Замони муколама бо телефони хамрох боисти кутох ва мухтасар бошад.

Дар чойхои умуми аз пахши мусики ва садохои мухталиф тавассути гушиатон худдори кунед.

Дар хузури дигарон аз баландгуи гуши истифода накунед.

Агар мачбур шудед аз телефони дигарон барои баркарории тамос истифода кунед, пас аз итмоми муколама шумораи телефоне, ки гирифтаед пок кунед.

Хангоме ки имкони посухгуи ба тамоси дигаронро надоред, ба навъе онхоро аз ин казия матлаъ кунед, масалан, аз паёми кутохи аз пеш навишташудаи телефонатон истифода кунед.

Агар касе тамоси шуморо рад кард, эхтимолан имкони посухгуи надорад, дар ин мавкеъ бехтар аст то мунтазир бимонед то худи у тамос бигирад.

Агар шуморае нашинохта иштибохан ба шумо тамос гирифт ё паёми кутох фиристод, ба ичбор аз у нахохед то худашро муаррифи кунад ё далели иштибохашро бигуяд.

Бемаврид аз дигарон нахохед то мухтавиёти гушиашонро ба шумо нишон диханд.

Як оханги мулоим ва гайри озордиханда барои занги телефони худ интихоб кунед. Баландии занги телефонро низ дар сатхи поин танзим кунед.

Истифодаи кудакон аз телефони хамрохро ба шиддат махдуд кунед.

  • Чи гуна бояд ба телефони кори посух дод?

 

1. Сухбат хамзамон бо телефон ва бо шахси дигаре хозир дар дафтар, дур аз адаб аст. Вакте бо касе телефони сухбат мекунед бояд хама таваччухи худро ба муколама маътуф кунед, хатто набояд чизе бихуред ё бичуед…

2. Ба занги телефон фавран посух дихед; дар сурати имкони хадди аксар пеш аз се занг.

3. Дар ибтидои сухбат, номи худро бигуед.

4. Номи тамосгирандаро бипурсед ва аз он хангоми муколама истифода кунед.

5. Гуш дихед ва саъй кунед харфи тарафи мукобилро катъ накунед.

6. Хавоси худро ба муколама чамъ кунед. Саъй накунед ду корро бо хам анчом дихед.

7. Пас аз ёддошт намудани матлабе, ки тамосгиранда гуфта, онро мучаддадан барои вай бихонед то мутмаин шавед пайгомро дуруст гирифтаед.

8. Агар шахсе дар замони номуносиб тамос гирифт, барои вай тавзех дихед, ки феълан наметавонед сухбат кунед, шумораи телефон ва номи вайро ёддошт намоед ва бигуед, ки мучаддадан тамос хохед гирифт.

  • Истифода аз телефони мобили хатари тасодуфро чахор баробар мекунад

 

Коршиносон мегуянд хатари тасодуф ба хангоми истифода аз телефони мобили вакти ронандаги чахор баробар мешавад, хатто агар ронандагон аз гушихои махсусе, ки дастро озод мегузорад истифода кунанд.

Дар Британия ба даст гирифтани телефонхои хамрох хангоми ронандаги мамнуъ аст, албатта ронандагон метавонанд бо истифода аз гушихои махсусе (hands-free headset), ки дастро озод мегузорад бо телефон сухбат кунанд.

        Инак, коидахо шинохта шуд. Барои бархе ин коидахо шояд ба назар сода менамояд, барои бархе нолозим. Вале гумон мекунам, ки  мо онхоро дер ё зуд аз худ мекунем.       

 

http://www.pezeshk.us

http://www.tebyan.net

http://www.rahpouyan.mobi

комментариев 13

  1. Чолиб буд!…

  2. Ташакур! Бисёр чолиб буд!
    Акаи Субхон дар бораи таърихи пайдоиши телефонхои мобили хам каме нависед. Аз тарафи ки бори авал ихтироъ шудааст?

  3. Салом. Офарин акаи Субхон бехтарин мавод буд!

  4. Дар бораи коидахои сухбат бо телефонхо бисер хуб гуфтед. Хадди аккал агар хар яки мо боз ба 2 нафар гуем ва он 2 нафар боз ба ду нафари огахмандии мардум хеле хуб мешавад. Мобинетро ширкати Билайн хуб реклама намудааст ба мисли Шумо🙂. ба гайр аз ин миннатдории худро ба ташкилкунандагони стикхо бо лозунгхои «Дар дохили наклиет бо Тел.Моб гап задан манъ аст» сари вакта аст. Албатта навоварихои илму техника хуб аст ва мо набояд аз онхо даст кашем, аммо хамаи кор чой ва макони худро дорад. Ташаккур як маротибаи дигар ба Субхон

  5. Салом, акаи Субхон! ман чанд вакт мешавад, албатта, ба кадри имкон аз сахифаи шумо дидан мекунам ва бояд арз кунам, ки кори савоберо анчом медихед, чун дар мавриди масоили халталаби чомеаи муосири точик харф мезанед. Харф задан мазмуни бетараф набуданро дорад ва бетараф набудан нишонаи волои имон аст. Бигзор имони шумо хар лахзаву хар сония таквият ёбад, чун инсон ьарики имон ба фахми фитрат ва рисолати аслии хеш меравад. Бисёр хушхол мешудам, агар андешаронихоятонро дар мачаллахое, ки хаводоронашон мардуми одди хастанд, бубинам. Чи андоза ниёзманди чунин гизои маънавианд, мардуми Точикистон….. Иншоаллох, ки дастатон аз навиштану ибрози хак ва такозои адолат хаста нашавад.
    Худо хофиз!

  6. салом акаи субхон ман як нафар мухлиси шумо аз шахри душанбе.ба рости ма коркуни оргон нестум ман неким ма бисёр одаморо ёрдам мекунам ….. ма охи кандукторум Ба рости хамика сол дар хама чо асри 21 боша да ма асри 17 ё 18 барои ки ма кандукторум бо мара ронандам наме радиои шумора гуш кунам . агар ман радиои шуморо гушкунам як чанкас бе пул савор мешаванд ……. акаи СУБХОН худован хечгох овози зебои шуморо хаста нагардонад .

  7. Хуб буд…

  8. Салому дуруд акаи Субхон! Ин маводе ки холо хондам, бехтарин мавод буд ва бисёр хонданиву хам барои дигарон агар хато накунам зарур хам мебошад. Вале инчо дар поёни ин мавод ман чанд сайтро, дидам ва дохил шудам ки хама бо хати араби аст. Маълум мешавад, ки чанд хатро низ хонда метавонед. Пурсидан мехостам ки шумо чад забонро медонед?
    Каблан ташаккур!

    • Саломалейк..Вактхои охир ман баъзе маводро аз сомонахои гуногуни эрони (аз ати форси!) барои блог баргардон мекунам. Ман каме бо хати форси ошнои дорам ва хонда хам метавонам. Аммо дар тахияи хамин бахш бештар барои ман дустам ГУЛБАХОР кумак мекунад, ки ман аз у хеле миннатдор хастам. Аммо дар мавриди забондони хеле мутаасифона ман ба чуз русси ва каме ошнои бо хуруфи форси дигар забонро намедонам😦
      Барои Шумо хам ташаккур!!!

  9. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.
    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

    • Саломалейк…. Аз таваччухи Шумо ба ин блог хеле хурсанд хастам. Ман хамеша рузи кориро аз дидани сомонаи ОЗОДИ шуруъ мекунам ва дар бораи гушаи БЛОГИСТОН хам медонам. Аз пешниходатон мамнунам ва иншоолох барои он гуша мавод мефиристам. Барои Шумо хам барор ва комёби орзу мекунам. Саломат бошед!

  10. Асалом акаи Субхон. Инро барои шунавандахое ки бо противогаз гуш мекунанд барои онхо навиштед ба фикрам ? ))))

  11. Гап нест акаи Субхон гапои даркори навиштиен. Коидаи телефона якум бор аз блоги шумо мехонум. Ачоиб буд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: