Ман

           Ман , Чалилов Субхон Чурабекович, 26 декабр дар нохияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадаам. Аз соли 1984 то соли 1994 дар мактаби тахсилоти хамагонии №1 –и хамин нохия тахсил кардам. Соли 1995 ба шуъбаи Радиофизика ва Электроникаи факултаи Физикаи Донишгохи Давлатии Милли Точикистон дохил шуда, онро соли 2000 –ум бо ихтисоси «Мухандиси сохаи Радиофизики ва Электроника»  хатм кардам.

        Аз мохи августи соли 2000-ум то мохи ноябри соли 2002 дар идораи барномахо барои чавонон ва наврасони Радиои Точикистон ба хайси мухаррир, чонишини Сармухаррир ва ичрокунандаи вазифаи Сармухаррир  фаъолият кардам.

       Соли 2003 дар  Радиои «Ватан» фаъолияти худро  ба хайси мухаррири идораи мусики ва фарогати  огоз кардам.  Як муддат Сармухаррири Идораи барномахои мусики ва фарогати будам. Холо Директори барномахои Радиои «Ватан» ва муаллифи шоу-барномаи сахарии «Субхи Ватан» хастам.

Оиладор буда, 2 писар  ва 1 ДУХТАР дорам:

  1. Аличони Субхон- 3.12.2002
  2. Эхсони Субхон- 22.11.2005
  3. Мархабо Чалилова -20-12-2012

        Дар курсхои махсуси бозомузии журналистон  ва семинархои омузиши оид ба журнилистика  дар дохил ва хоричи кишвар (Казокистон, Арманистон, Киргизистон, Узбакистон (Тошканд)…), Швеция, Польша, Амрико ва Малайзия  ширкат кардаам, навохтани асбобхои мусикиро дуст медорам ва хатмкардаи мактаби бачагонаи мусикии ба номи Дустмурод Алиев низ хастам.

        Соли 2009 барандаи Чоизаи Иттифоки журналистони Точикистон ба номи А.Лохути дар сохаи Радио будам. Дар арафаи Рузи Радио ва 7 солагии Радиои «Ватан»  (7 майи соли 2010) нишони сарисинагии «Аълочии фарханги Чумхурии Точикистон «-ро гирифтам.Дар арафаи тачлили 9 солагии Радиои «Ватан» ва Рузи кормандони Радио (7 май) бо фармони Раиси Кумитаи ТВ ва Радиои назди Хукумати Точикистон  ба ман нишони «Аълочии Телевизион ва Радио»  доданд.

==================================================

22.12.2009.         -Дируз ба нохия рафтам. Дер-дер меравам. Баъзан вонамуд мекунам, ки серкор хастам, аммо аксар вакт вокеан хам серкор хастам. Аз сухбати Мудири Шуъбаи фарханги нохия фахмидам, ки соли оянда 60 солагии Дустмурод Али тачлил мешудааст. Хукумати нохия бо ин максад маблаги зиёдеро барои тармиму навсозии мактаби бачагонаи мусики, ки акнун номи Мактаби Санъати ба номи Дустмуроди Алиро дорад, сарф кардааст. Хурсанд шудам. Ман хам як замон дар хамин мактаб дарси мусики хонда будам. Ва хам мехохам Аличон-писари  ман мактаби мусики хонад. Ман уро ба синфи скрипка мебарам. Агар насиб бошад. Ин накшаамро кадом рузе ба устоди мусикиам Икром Сафар гуфтам. У вакте фахмид, ки Аличони ман 7 солааст, гуфт, ки «Субхон, дер карди…»  Гуфтам, ки  «ислох мекунам».  Фикр мекунам, ки шарт нест хамаи кудакони мо навозандаву сароянда бошанд, вале агар онхо МУСИКИро фахманд, андешарони, назар ва дидиашон дигар мешавад, суи бехи дигар мешавад. Ягон руз ман Шуморо хатман ба тамошо ва шунидани  навозишхои хуби Аличон  бо скрипка даъват мекунам. Агар насиб бошад….

===================================================

29.12.2009.       Ман тачлили зодрузи худро дар айёми кудаки ва мактабхониям ба ёд надорам. Буд ва ё набуд намедонам… Ба ёдам айёми донишчуиям хаст. Хамкурсонамро холо ман факат дар хамин руз мебинам. Ин сол низ хамин гуна шуд. Тафовут хамин буд, ки рузи 28.12 (баъди ду рузи зодрузи ман) зодрузи Рустами Имматшо-хамкурси ман буд.  Яъне, мо бо хамкурсоне, ки чандин сол кабл  донишгохро хатм карда будем, дар як хафта ду бор дидор дидем. Замони тахсил дар Донишгох гурухи мо як анъанаи ачоиб дошт, ки ман онро дар чои дигар вонахурдам: як нафар моро ба хонааш(он) даъват мекард. Баъди тановул у факат интихоб мекард, ки ин дафъа навбати кист?  Хар касеро, ки у интихоб мекард,  дар вакти муайян боз хамин гуна зиёфатро дар хонаи худашон ташкил мекард. Ин як чизи содда, вале хеле гуворо ва хотирмон буд. Акнун мо ба хулосае омадем, ки ин тартибро факат ба хотири дидорбини ва огохи аз холи хамдигар идома бидихем. Ва навбати аввалро (чун хамешаги!) МИРЗО Косимов ба душ гирифт.  Акнун чанд нафари дигар он руз ва шояд то он руз хам,  Мирзоро зора хоханд кард, ки  «Мирзочон, мара нагу, ки вазъият безебай…»  Ва ё амсоли ин.  Мо-хамкурсон-инжинерон кариб хама -дар ягон чо инжинер нестем ва шояд хамаги физика ва электроникаро фаромуш карда бошем. Аммо мухаббату мехри хамдигари мухимтар аст, ки мо онро асло фаромуш намекунем. Ба хар сурат, ман ба ин бовари дорам!

====================================================

 03.01.2010.        Мегуянд, ки бахилу бадният ба максадаш намерасад.  Ман хам бовар мекардам.  Вале хаёт нишон медихад, ки онхо ба максадашон мерасанд.  Шояд аз он аст, ки хамин гунахо бисёранд холо?!  Бинед, ки дустро дар 1 солу 2 сол хатто шинохта намешавад,  аммо бадниятхо дархол дуст мешаванд. Ё не?  Ба хар сурат, ман хамин гуна фикр дорам.  Хайрон мешавам, ки мардумро атрофиён ва аввалтар аз хама -мухити оилаи худашон комилан дигар мекунад. Ё таъсири кух аст, ки ман дар огушаш бузург шудам, ё таъсири бобокалонхо-ё пушти ман аст, ки соддаву оддиву хоксору замини будаанд, ё таъсири бод аст дар Вашгирд,  ки андешахои нохубро руфтааст- баъзехоро бо баъзе андешаву амалу харакат ва бехаракати мебинаму хайрон мешавам. Ё ман соддаи содда хастам ва ё аз онхо  (ки фикр мекунанд, пешрафта хастанд!) кафонмода!  Чи хел хайрон намешави, вакте мебини ки:

  • мард мисли  занхо ноз мекунад ва кахр;
  • вакте ки аз ту бесаводтар бо ту ба зу-ууур ва дили нохохам салом мекунад;
  • вакте мебини, ки бахилхо дар бораи Хотами Той сухбат доранд;
  • вакте ки  ким кадом манкурт  дар махфиле  туро мачбур мекунад , ки русси гап зан (дар Точикистон!)
  • замоне мебини, ки «мард»  бо мард ру ба ру сухбат намекунанд,   «му ба му» мераванд;
  • вакте мешунави,  ки мардхо гайбатчи шудаанд;
  • мебини,  ки нафаре  «пулам наравад»  гуфта,  гурусна мегардад ва интизори як  «хой» меистад;
  • замоне мебини, ки як хамкору хамсаломат аз комёбии ту норохат мешавад  ва кариб, ки  «худро меовезад»:
  • мебини, ки баъзехоро таркиши дунё хам ба  ташвиш намеорад, форигболе хастанд,  ки то ба-ааааассссс гуфтан;
  • вакте мебини, ки гурухе аз одамон  доим, хамеша, хамавакт, шабу руз….аз чизе ва ё касе норозианд;
  • вакте мебини,  ки дигарон ба гапи мардум зиндагии худро тартиб мекунанд ё танзим мекунанд;
  • вакте мебини, ки баъзехо чизхоеро фахмидан мехоханд, ки ба онхо дахл надорад, тамоман дахл надорад;
  • вакте мебини, ки баъзе оилаи точик ягон бу аз точики надорад….

Акнун гуед, ки ман ягон чиз аз  «осмон»  гуфтам?  Ман имшаб факат хамин чиро фикр кардаам.  Хайрон мешавам. ….

==================================================

04.01.2010          Баъзан дар бораи оилаи худамон ва бародару хохаронам фикр мекунам. Хамон вактхо хам тарбия кардани фарзандон осон набудааст. Харчанд чангу гуруснаги ва бухрону кахти набошад хам, тарбияи 6 фарзанд хаёлам, ки осон набуд. Чи дар ёди ман мондааст:

  • хонаи мо бе мехмон набуд;  
  •  бозичаву велику …харчи доштам;
  • ба мактаби мусики мерафтам; аккордеонро аз ончо ба хона меовардам, ичозат медоданд, ки дар хона машк кунам; 
  • футболбози шугли асосии ман буд, ба он хар руз машгул мешудам;
  • ба назди як муллои обруманд, ки хонааш аз хонаи мо 1,5 км дуртар буд,  сабакомузи мерафтам; як замон дар як руз чанд маротиба мерафтам ончо;
  • дар таги  сабдаи назди хонаамон пайваста бози мекардему як замон кат хам сохта будем;
  • «рогатка» доштам🙂, шомгохон ба зери чинорхои канори рохи беморхона ва чойхона мерафтем, «хавокураки»  хам тир ба нишон мерасид он вакт;
  • хонаи мо аз адир ва пуштахои сабз дур набуд ва мо доимо ба дулоначини ва кокутиву пудиначини мерафтем;
  • мо он вакт гову буз надоштем, вале хар навбати подаи бибиамро интизор мешудем, ман подабони мерафтам;
  • «адабчуб»-и модарам дар бештари маврид банди чойнаки барки буд, ки  «на-ааааагз» таъсир дошт;
  • падарам асалпарвар буд  ва  бо дустони руссу точикаш ба ин кор машгул буд;  Он вакт мардум кам ба ин чиз ахамият медоданд;
  •  бо мо хамеша модарам дарс таёр мекард: навиштан, хондан….хама чиро меомухт;
  • ман дар мактаби миёна як вакт сардори синфу сардори отряди пионери будам; гушаи синфии мо ба номи Олег Кошевой буд;
  • Аз  пиразанхои  кучаамон кам-кам кампири Ороста ва бештар кампири Нозила ба ёдам хаст;  чехра ва рохгардии Бобои Камолро хам ба ёд дорам;
  • ба ёдам хаст, ки дар хонаи амаки Хайдар ман гитаранавозии хамсинфони Илхом (писари шахиди у!) ро тамошо мекардам, онхо шавки маро дида, хатто гитараро барои шаб нигох доштан ва машк кардан ба ман медоданд;
  • дар ру ба руи хонаи мо барои сохтани бинохои истикомати чукури канда буданд ва мо дар хамаи онхо футболбози ва бозихои дигар мекардем;
  • русхо дар хамсоягии мо кам набуданд;
  • як вакт дар хона сагча бони мекардам, харгуш хам.Лекин ман чизеро он вакт намедонистам, ки шумори харгушхо хич зиёд намешуд-харгушчахо чашм накушода мемурданд. Холо хам он сирро намедонам;

Боз чанд ходисаву хотираи дигар канда-канда  ва хира дар хаёлам хаст… Имруз чи?  Ба ёди фарзандони мо  чи мемонда бошад?  Шукрона, ки онхо имруз хар чиро мебинанду медонанд, театр мераванд, сиркро медонанд, дар хона компютер доранд …

         Чи гуна ширин аст, айёми кудаки….!   Ба кавли Бозори бузург  «мо акнун кудакиро дар адирхо подабон мондем…»  Инчо дар кудакии кудаконамон,  гумон мекунам,  ки такрор мешавем…

===================================================

24.01.2010      Ман ба андарзхо ва гуфтахои пурмазмуни мардуми доно ва донишманд таваччухи хосса дорам. Ин баъди дастраси ёфтанам ба Интернет бештар шуд. Дар замони донишчуиям дар пушти хар дафтари дарси андешахои муаллими хамон фанро, ки гох иктибос аз касе буд, менавиштам. Эхсос мекунам, ки бо донистани андарз ва суханони пурмаънии дигарон бунёди лугави бойтар мешавад, сухбат кардан шавковар мегардад. Шумо он вакт андешаатонро бо кадом андарзи мувофике таквият медихед. Дар поён чанд андарзро  барои намуна меорам, ки донистани онхо  (ва хам амалкард бо онхо!) аз манфиат холи нест:

Пол Элдридж

   Когда читаешь эпитафии, кажется, что спасти мир можно, только воскресив мертвых и похоронив живых.

Дональд Джон Трамп

    Есть много способов сделать карьеру, но самый верный из них — родиться в нужной семье.

Василий Макарович Шукшин

Когда нам плохо, мы думаем: ”А где-то кому-то — хорошо.” Когда нам хорошо, мы редко думаем: ”Где-то кому-то — плохо.”

Альберт Эйнштейн

Есть только две бесконечные вещи: Вселенная и глупость. Хотя насчет Вселенной я не вполне уверен.

 Кэтрин Уайтхорн

Вот лучший совет, который можно дать юношеству: «Найди что-нибудь, что тебе нравится делать, а потом найди кого-нибудь, кто будет тебе за это платить.

Наполеон I

Я бываю то лисой, то львом. Весь секрет управления заключается в том, чтобы знать когда следует быть тем или другим.

Демокрит

Если даже ты наедине с собой, не говори и не делай ничего дурного. Учись гораздо более стыдиться самого себя, чем других.

Ричард Бах

Неприятности — это еще не самое плохое из того, что может с нами произойти. Хуже всего, когда с нами ничего не происходит!

Антуан Ривароль

Те же самые средства, что делают человека способным разбогатеть, мешают ему наслаждаться богатством.

Виктор Франкл

«Счастье подобно бабочке. Чем больше ловишь его, тем больше оно ускользает. Но если вы перенесете свое внимание на другие вещи, Оно придет и тихонько сядет вам на плечо.»

Михаил Пришвин

Тот человек, которого ты любишь во мне, конечно, лучше меня: я не такой. Но ты люби, и я постараюсь быть лучше себя.

Абул-Фарадж

Глупцы замечают только промахи людей и не обращают внимания на их достоинства. Они подобны мухам, которые норовят сесть только на воспаленную часть тела.

===================================================

 10.04.2010

    Дируз дар маркази нохия, дар ру ба руи мактаби миёнае, ки ман хондам, бо муаллимаи азизам-Зухро Сафарова,  ки ба ман забони англиси омухта буд, вохурдам. Камтар сухбат кардем. Хамон руз у 60 сола шудааст. Тасодуфро бубинед, чандин сол ман уро надида будам ва хамон рузе дар ру ба руи мактаби ман ва у вомехурем, ки 60 солагии зодрузаш аст. Муаллимаи ман 40 сол дар як чо фаъолият кард- мактаби миёнаи тахсилоти умумии раками 1-и нохияи Файзобод. У накл кард, ки замони хатми Донишкада у бояд тибки роххат ба Вазорати маориф ба кор мерафт. Вале раиси комичроияи нохия ШОЕВ барои муаллимае, ки нав оиладор буд ва тавре, ки худи муаллима мегуяд, «холо барои нохия ягон хизмат хам накарда буд», манзили сехучрагиро «тухфа» мекунад ва уро барои кори доими ба хамин мактаб даъват мекунад. Он марди окил гумонам, дарк кардааст, ки ин духтари чавон барои тарбияи насли наврас ва барои мактаб умрашро фидо ва сарф мекунад. Хамин гуна хам шудааст. Он замон мутахасисони рус бештар аз фанни забони англиси дарс мегуфтаанд ва аксари онхо ба  шароиту имкониятхои нохия токат карда наметавонистаанд. Ба хар сурат рохбари онвакта дарк кардааст, ки кадри махалли вафо ва тахаммули дигар дорад! Суол хамин аст, ки имруз ба онхо чи гуна назар доранд? Ки онхоро мепурсад ва дастгири мекунад?…

Муаллима мегуфт, ки ман вакте дар бораи шогирдонам мефахмам, замоне, ки бо ман бо мухаббат салому алейк мекунанд, мепурсанд .. сарам ба осмон мерасад. Ин барои устод бехтарин хадя аст!

Муаллимаи азизи ман! Зодрузи фархундаро барои Шумо самимона табрик мегуям! Худованд бароятон умри дарози бобаракат  бидихад ва наздикону пайвандони Шуморо комёбу сарбаландтар бикунад!

 ==================================================

13.04.2010

      -Мо дар оилаамон 4 писар ва 2 духтар хастем! Модарам як вакт мегуфт, ки  «ман 4 писарро барои бардоштан аз 4 гушаи тобутам зойидаму ду духтарро барои он, ки дар ду пахлуям биншинанду хамон вакт гиря кунанд…»  Модар аст, вай! Хар чи мегуяд, хатто он чизе, ки намехохи, ки гуш куни ва тасаввур куни! Мисли сухане, ки болотар гуфтам. Духтаронаш мисли у хастанд, ороми надоранд, хамеша банди коранд, тозакоранд…Имруз САОДАТ-хохари хурди ман ва хурди хамаи мо дар хона зодруз дорад! Хаёлам, ки акахояшро у дуст медорад, яъне маро хам! Саъодати хонаи мо аст у, у агар бемор шавад, мо хама беморем, у бихандад, хона пури ханда аст, у бонигари кудакони ману кудакони бародари ман аст, у кинагиру бадбин нест…У як олихаи нафису зебоест дар хонаи мо! Хамин фасли гул ва муаттари гувох аст…

Мавлуди хучаста МУБОРАК, хохари ман!!!

==================================================

15.04. 2010

        -Холо, ки мехохам дар бораи худам бинависам, Субхон Саидовро гуш мекунам-таронаи  «Зиндаги»-ро….

         «Мерасад рузе сафои зиндаги…»

Модарам мегуяд, ки ман аз хурди уро аз хам бештар азият додаам, дар кудакиам вакти гизохури онхоро нигарон мекардаам…Баъд мефахманд, ки ман пиёзро хурда наметавонам…. Модарам накл мекунад, ки шабхо  барои  ман факат чои ширин таёр мекардааст… Модари ман хатто шабона барои писари аввал ва «эркааш»-ман   факат картошкаи бирён мепухтааст. Барои он, ки гизои дигар пиёз дошт!  Баъди рохрав шуданам хам «одам» нашудам…Ба хар сангу чубе, ки бархурда меафтидаам, хамаро мачбур мекардаам, ки онро «канда партоянд..»  Як вакт замони мактабхониям хангоме, ки тирезахои хонаамонро бо модарам тоза мекардам, дастамро захми мекунам, хамон гуна захми, ки баъди чанд муддат акнун чанд ангушти дасти рости ман  «кор намекард» ва он панчаам харобу логар буд. Боз модарам назди падарамгиря мекард, ки «ин писар аст- ку, бо ин дасту панча  гуё, ки бедаст хасти. Чаррохи бояд кард…»  Ва маро дар Душанбе чаррохи мекунанд, рагу пайванди шишабуридаро пайванд мекунанд. Рузе, ки дар мактабамон занги охирин буд, ман дар беморхона будам,  боз дар Душанбе-зонуямро ин карат  лат дода будам, модарамро гуфтанд, ки ба мактаб рафтаасту гиристаст, писараш набуд дар он миён… Акнун барои донишчуиву ичоранишиниям у чи кадар гиря кардаву фикр кардаасту хаста шудааст, гумонам бехисоб аст! У дар балогату бузургсолии ман хам аз ман осоиш надид, ки надид… Вакти аз як хамсарам чудо шуданам, чанд шабу руз у нолидаву нахуспидааст,  намедонам! Намедидам…

Холо бо хамсару фарзандонам ба аёдаташ меравам…Гумон мекунам, ки дар  хама дарду ранчаш факат ман гунахкорам, зиёд гамаш додам, аз беакливу дар боаклихоям хам….

«Зиндаги бо ман чи савдо мекунад»…

Ба ёдам хаст, ки падарам маро ба назди муллои обруманде бурд ва у рози шуд, ки маро сабак биомузад. Ман як муддат сураву  намозро омухтам. Холо хам  бо бастани чашмхоям хаёл мекунам, ману у дар рохи хамон деха, аз канори гуристони махалмон пиёда меоем…

Субхон Саидов  имруз баргашта ва факат барои ман суруд мехонад:

«Зиндаги бо ман чи савдо мекунад…    

вале,

   Мерасад рузе сафои зиндаги..»  Мерасад…

===================================================

 29.04.2010

           Хабибуллои Мирзошариф писари аммаи ман аст. Рузи 24 апрел у дар Кохи Чоми барномаи тозаи хунарии худро ба намоиш гузошт. Дар он аз рохбарияти нохияи Файзобод, мардуми касбу кори гуногун аз он нохия ва хам аз Душанбе ширкат доштанд. Омаданашон факат барои он набуд, ки Хабибулло имруз мудири шуъбаи фарханги Хукумати нохия аст, балки хаёлам барои он буд, у  як чавони хунарманд аст. Махз зери рохбарии у мардуми санъатдусти нохия гирди хам омад, муттахидтар шуд, махз бо талошхои у дар озмуне  театри халкии нохия дар чумхури сазовори макоми аввал гардида буд, Шашмакомро ба  Файзобод у  «овард» -хамон гурухи шашмакомхонон дар ончо бо кушишу гайрати у ташкил шудааст, гурухи карнайнавозон таъсис дода шуд, бинои Касри Фарханг таъмиру тармим гашт, театр-студияи хачвии «Шахрошуб» таъсис ёфт, кори мактаби санъати ба номи Дустмурод Али вусъати тоза гирифт, хар сол барномахои консертии хотирмоне барои солгарди мавлуди Дустмурод   Али баргузор мегардад….

Ин руйхати нопурраи корхои  неки анчомдодаи Хабибулло аст. Чи гуна ба махфили марди хунарманде, ки хам овозхон аст хам актёр, хам охангсоз,  хам навозанда асту хам муаллифи асархои гуногуни сахнави аст, хам ширинкору хачвнигор асту…..хам просто, инсони бофархангу бохираду хуб аст, намерави?  Ман барномахои зиёди консертиро тамошо мекунам ва дар онхо  баъзан чун рови ширкат хам мекунам. Лекин рохату фарогате, ки дар барномаи консерти ва хунарии Хабибулло доштам, беназир буд. Латифахои хунарманди мардумии Точикистон Киёмиддин Чакалзода, сахнахои хубу шавковари хачвии  «Шахрошуб» , таронахои маргуби Хабибуллои Мирзошариф куфти чандвактаи чисму рухро баровард. Уро метавон, ки хунарманди касби гуфт ва у дар хакикат хунарманд аст! Худованд на ба хар кас -хатто замони ба у насибгардонии курсихои баланди рохбари хам,  хама имкону истеъдоду хунарро вобаста ба хамон сохааш насиб мегардонад, на ба хама кас…

===================================================

26.07.2010

  Ман рузи 17 июл туйи суннатии писаронам-Аличону Эхсонро гузаронидам! Он дар толори тобистонаи тарабхонаи «Абриколь» буд. Дар поён  барои Шумо аз он махфил  чанд расмро мегузорам.

Ду писар доштан худ галаба аст…

Баходури Гаффорзод бо писарони ман ракс мекунад…

Биби ман бо аберахои худ.

Тагои ман Давлатбек бо Аличону Эхсон

Саидчаъфар, Абдулазиз, Эхсон, Мохшариф, Сайфулло, Фаррух ва ман!

Мизе, ки хамсояхои ман менишастанд

Пайвандони ман.

Шоир Ворис, Абдувохиди Зевар ва Махмадалии Максадуллох.

Чумъаи Мирзо, Аличон Чураев ва мураббии футбол Зохир Бобоев.

=======================================================

комментарий 101

  1. Бародарчон таронахое, ки бо садои худат сапт шудааст фирист тавасути почтаи электрони subhon_mahmudov@mail.ru

    • Саломалейк…..агар пайдо кунам ягон то хатман. Зеро ба ёдам нест, ки охирин бор ман кай тарона хонда будаму онхоро банду баст карда будем🙂 Ба хар сурат кушиш мекунам …..

      • Субхончон барои ба мактуб таввачу ташакур ! Харчи зудтар кушиш кунед чун ки мо аз шунидани субхи ватан махрумем чун ки дар Русия карор дорем

  2. Зодруз муборак Субхончон ! Ба Шумо умри дарозу саломатии бардавом орзу мекунам .

  3. Бароятон бурдборй ва тамоми хушихои зиндагиро таманно дорам, Акаи Субхон!!!

  4. Салом, ака Субхон ё Субхонака!? Ман имруз факат вакт ёфтам ё аниктараш дар ёдам Шумо задед, ки ба сахифаи хотирахои замони мактабхониву донишчуиятон шинос шавам. Рости хеле ачоиб ва бисёр шавковар буд. Дар чанд чахзае, ки аз навиштахои Шумо хондам замони кудакиву мактабхонии худам ба ёд расид……………. Субхон Чалилов ! Рости ман хар гохе, ки вакт ёфтам Радио Ватан ва махсусан барномахои субгохии Субхи Ватанро гуш мекунам. Як руз радиои мошинро мемонам ,ки Шумо мегуед, ки касе хозир аз ягон нуктаи фуруши сузишвории ширкати Газпром занг занад ва гуширо ба дасти яке аз ходимони он нукта бидихад ва ман бовар кунам , ки Шумо вакеан хам аз он чо занг зада истодаед сохиби бист литр сузишвори мешавед. Ман занг задам ва баъди салому шиносои гуфтед, ки гуширо ба ягон ходими нукта фуруши сузишвори бидихед ва ман телефонро ба дасти касири он нукта додам ва ондухтараке, ки дар касса- хазина мешинад навкор будааст ва изхор дошт ,ки аз ин икдом бехабар аст ва хамин тавр хамон руз ман аз «БИСТ ЛИТР!» сузишвори махрум гардидам ва дили нохохам аз кисаи худам ба хазиначи додам ва гуфтам, ки калонкаи … Бист литр …………………………………………………… Ба хар хол дунё ба умед аст! Ин як лахзаи хотирахои ман аст, ба Шумо кисса кардам. Боки саломат бошед!

  5. салом акаи Субхон!Аввалан ба Шумо барор мехохам. Ман як савол доштам: Оё мардуми Файзободу, Обигарму, Рогун якхела лахчаи гапзани надоранд???

  6. salom akai Subhoh!
    hamesha sihatmandu Piruz bosh
    Tamomi Orzuhoi nashudaatro bolu par mekhoham to balandiho🙂

  7. In hamaro honda guyo baze fikrhoi hudro hondam. Bale hayotu zindagi on kadar şirinu talh ast ki noguftani.Guftanihoi ziyode doram bahraton amo on hamaro ba hotiri gar zindagist dida ba didor merasad dar hud nigah medoram va dar avvalin vohuri dar Radio ba şumo nakl hoham kard. Gumon mekunam hayoti acoibu bazan guşnoşunide doram.
    Tanho guftaniyam huşbahtam ki bo şumo barin inson şinosoi doram va hele hub kardaam ki casorat paydo karda ba şumo naviştaam. Duogui şumo Gulçehra.

  8. Salom akai Subhon

  9. асалому алайкум хохиш дорам,ки дар бораи Пулод алемдор дар бораи хамин кахрамон 3уми май маълумот медодед

  10. Саломат бошед Акои Субхончон иллохи Шумо ва фарзандонатон хамеша сихату саломат бошед ва ас рузи ками набинед

  11. салом аккаи Субхон ягон одами праграмис дизайнер шинос дорен!

  12. Салом.акаи субхон. Ман бо шумо дар тамос шудан мехохам. Дар бораи эълон дар радио суханхо гуфтаниам. Лутфан маро дар сомонаи fiesco_tajrap@mail.ru дарёфт кунед. ИЛтимос.

    • Саломалейк….Лекин ман нафахмидам, ки он сомона аст ва ё факат почтаи Шумо? Ин раками телефони Радиои «Ватан» аст. Мархамат занг занед 2231106!

  13. Я Лайли.Вы самый классный ведущий в Таджикистане.
    С вашими данными Вы пойдёте далеко.
    Желаю вам здоровье, виллу, лимузин, больше денег на ваши проекты.
    Вы супер мега-звезда!!!

  14. Салом ба хамаи халки азизамон! Ман Ёкубов Мирамир Мирзамирович. 12.12.1992 дар нохияи Исфараи шахраки Нафтобод таваллуд шудам! АКАчОН МЕДОНаМ, КИ ЗИНДАГИ ЧИХЕЛ ШИРИН АСТ!)))) ба хамин писархоятон ва ба хамаи оилатон умри дароз, сихату саломати ва сарбаланди орзумандам! Мо хам мисли шумо писардор шавем! Аз навистачоти шумо ман хурсандам :-):-) ман МЕХОХАМ ХАМаи ОДАМОН ХУШБАХТУ БЕ ГАМ БОШАНД! Рахмат ба ХУДОВАНД, КИ МАРО БА ХАМИН ЛАхЗАИ ХАёТИ мушарраф кардааст!!!

  15. Имруз бароям бадтарин рузи зиндагиям буд, чунки хиёнати азизи диламро ошкор кардам рухафтодаву дилшикаста ба сайти «Одноклассники» даромадам ва дидам, ки Шумо пагох зодруз доред. Баъдан ба сомонаи навиштаи https://subhonjalilov.wordpress.com ворид шуда онро як ба як хондам. Субхон акнун фахмидам, ки новобаста аз хамаи пастиву баландии зиндаги, талхиву ширинии зиндаги, сузу гудозаш ман уро дуст медорам ва он харгуна фикрхое хоме,ки дар сар доштам берун аз фикру хаёлам кардам. Мумкин ман фикри худро на-онкадар буррову пурмазмун навиштам-вале як сабукие дар дилу вучудам пайдо гашт баъд аз хондани он хама навиштачоти Шумо. Гуё ман бо Шумо дарди дили худро гуфтам ва аз Шумо маслихате гирифтам. Рахмат ба ХУДОВАНД, РАХМАТ ба ПАДАРУ МОДАРАТОН, ки Шумо хастед.

    • Baroi onki Zarinai Shodizod tu hud badbahti,ba har korhoi jinsi mashguli,tu hud hiyonatkorki hasti shahsi nazdikatro yo shahsi digarero hiyonatkor mehisobi…

      • Бародари азиз шумо ба ин гуна занхои бадбахто ахамият натиед,чунки Точикистон-и мо пур аз фиску фасоди ин гуна занхо бисёр шудаст.Иншооллох Худованд ингуна занро чазоашро медихад.

    • hiyonat kadi hiyonatat mekunand.

  16. Акаи Субхон ман донишчу мебошам ва дар вакти берун аз дарсиам бо мавчи ватан хастам!!!! агар мумкин бошад боре бо шумо дар студия вохурам!

    • Саломалейк….Мархамат, хар вакте ки барои Шумо кулай аст, метавонед, ба радиои мо биёед.

      • акай Субхон хамин номаи маро ба раиси шахр МАМАСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ РАСОНДА МЕТАВОНЕД ман истикоматкунандаи шахри Душанбе нарху навои либосаро чихеле хохан дар бозори корвон мегуянд дар шахр якчанд бозорчахорро махкам кардед хамин бозори корвонро хам я ай тахти назорат гузаронен бисёр хуб мешавад либоси мактабиро нархаш дар осмон

      • Саломалейк…..Нурулло, ман чавоби навиштаатонро ба почтаатон равон кардам….

  17. салом бародар ман мехохам фахмам ки ба шумо чихел муясар шуд ки номи худро дар интер нет монед ?

  18. ман субхи ватанро ёд кардам акои Субхон зинда боши.

  19. салом акаи Субхон бигзор овозат хамеша чунин зебо монад.Барномахои акаи Субхон манба хело писанд аст хусусан Интеллект Шоу мехохам боре дар ин барнома иштирок кунам.

  20. Ташакури зиёд барои посух. Бисёр хурсанд шудам аз он ки шумо аз он истифода намебаред. Дуруст хам мегуед, ки мо дили касеро шикастан намехохем ( аммо ба он нигох кардан лозим, ки он чи кор ва амал аст). Ба фикри ман ки ин чо хамон касе бештар гунох мегирад, ки медонад, ки кадом кор барои мусулмон харом асту кадомша не, вале боз дар баробари донистахояш баръакс амал мекунад, яъне дониста гунох мекунад. Вакте ки дар туйи ман мехмон худаш ба касе пул медихаду уро барои шаробхари мефиристад, хеч вакт ман аз он норохат намешавам, ки мехмони ман худаш барои чизе ки барои мо харом дониста шудааст барои харидани он мефиристад. Ман он вакт аз он норохат мешавам, ки худро мусулмон мехисобему дар пеши дустонамон хичолатзада нашавем гуфта (шарм аз Худоро фаромуш мекунему) барои онхо шароб мехарем. Саломат бошед!

  21. Салом ба акаи Субхон ва хонандагони хамин блог! Ба шумо акаи Субхон як ду савол доштам. Саволи авал ин аст ки худи шумо шароб менушед? Ва дигар ин ки ин чо навиштед, ки барои шароби шароб овардеду барои хочи …
    Вале хамон шаробе ки барои мехмонатон овардед аз тарси касе буд ё барои ин ки онхо наханданд, ки дар дастархонаш шароб надошт? (Чунки ман шунидаам, ки баъзе шаробнушон агар фахманд, ки дар туят руи дастурхон шароб намегузори онхо ба туй намеоянд). Дигар ин ки мо як одати нохуб хам дорем, ки агар як кас як корро кард мо хам хатман бояд бикунем новобаста аз он ки он кор барои мо чоиз аст ё не! Мисли он ки холо баъзехо мегуянд, ки фалони хаминхел туй кард агар мо накунем мардум моро механданд.

    • Саломалейк….Ман шароб наменушам, зеро холо пайваста бо мошин хастам ва ин кори хуб нест! Дар мавриди туй ва ё кадом махфил бошад, бояд бигуям, ки ман ба касе таклид хам намекунам ва аз касе дар самти он ки «шояд маро механданад» тарс ва нигарони хам надорам. Зеро хар кас вобаста ба кудрат ва тавоноияш ин гуна корхоро анчом медихад. Аммо дуруст гуфтед, ки баъзе дустони мо туйро бе шароб тасаввур намекунанд. Мо бошем дилионхоро «шикастан» намехохем. Акнун худатон фикр кунед, ки инчо ки гунохи бештар мегираду ки камтар ва ки не! Аз суи дигар вакте ки дар туйи Шумо мехмонон худашон ба касе пул дода уро барои шаробхари мефиристанд, ин хам барои ШУМО, чун мизбон ва сохиби ин гуна махфил каме норохати меорад! Ин холатхоро ман пайваста мушохида мекунам…

  22. хамааш зуру лекин дар дастархонатон арак гузоштаги хамаро барбод бурдед.

    • Саломалейк…..Дустони ман аз кишр ва табакахои гуногунанд ва шавку хохишхои монанд надоранд: яке шароб менушад, дигараш хочи аст…Ман дар он махфил вобаста ба шавки онхо дастархон оростам-барои шароби шароб овардам ва барои хочиву муллои дустам оби тахорат додам!Дигар чи кор хам мекардам?

  23. Салом акаи субхон ман мухлиси шумо аз донишгохи Техники. Овозатон хаста набошад.

  24. Бобои Субхон дар расми «Пайвандони ман» акаи Бурхон наметова дар хамичохояй ё суратгир хамон касай

  25. Асалому алайкум Бобои Субхон хамаи навиштаи дар боло бударо хондам хеле хурсанд шудам дуо мекунам ки доимо хамин тавр окилу доно монед. Бо эхтиром яке аз бачахакои дача! 104

  26. руз ба хайр! бародари азиз субхон наврузи ачамро бароят шод бош мегуям мехохам имсол бароят соли музафариятхо ва мувафакиятхо бароятон бошад. Саидакбар хастам рости чанде пеш бахше доштед шумо бо номи «Як руз дар таърих» ва хамон замонеки дар пойтахт будаму ин бахшро мешунидам бароям хело писанд буд. Айни замон ман дар Телевизиони Регар фаъолият дорам чунин бахшро дар дохили барномаам чой додаам. АЗ шумо эхтиромона мехостам , ки аз кадом сомона шумо руйхати ин чехрахои дунё ва Точикистонро мегирифтед? агар имкон мебуд равон мекардед! Хохиш

  27. Салом, Шахло! Агар мегуфтед, ки ин шеъре, ки ин чо навиштед, аз ки аст ё ба ки бахшида шудааст, сипосгузор мебудем.

  28. Кишти деҳқон чу сар кашад аз хок,
    Сар кашад кишти муддаои ту ҳам.
    Хӯшаҳо ҳар замон, ки дон банданд,
    Хӯша бандад мақолаҳои ту ҳам.

    Чун гудозанд оҳану фӯлод
    То замонро матонат афзоянд,
    Гӯӣ дар кӯраи гудозишҳо
    Ҷумлаҳои ту ҳам ба тоб оянд.

    Дар такутозу дар даводавҳо
    Умри ту бигзарад сафо монда.
    Бо ҳама пешсаф ту пешсафӣ,
    Бо қафомондагон-қафомонда.

    Бо гунаҳкорҳо-гунаҳкорӣ,
    Ки чаро пештар нафаҳмидӣ.
    Бо писандидагон-писандида,
    К-аз ҳама пеш ту писандидӣ.

    Мепарӣ ҳамраҳи фалакпаймо,
    То фалакҳо, ки ҷумлае ёбӣ.
    То кунӣ чашми халқро бедор,
    Бас шабоне, ки ту намехобӣ.

    Росткориву ростандешӣ –
    Муддаои замири огаҳи туст.
    Дар паноҳи ҳақиқатӣ доим,
    То ҳақиқат ҳамеша ҳамраҳи туст.

  29. Салом хамшахр! Ман хамсинфи Бахтиёр, пайванди Шумо ва бо акаи Давлатбек бильярд бози мекардам бисёр вакт, вакте дар Файзаград будам. Вообщем мехохам бо Шумо шинос шавам!

    • Саломалейк…. Вакте ки Шумо хамсинфи додари ман Бахтиёр бошеду бо тагои ман -Давлатбек хар вакт биллиарбози кунед, пас мо ШИНОС хастем ва хешу табор хам хамчунин🙂 Хар вакте ки фурсат меёбед, мархамат, биёед ба Радио, сухбат мекунем…

  30. салом бародари азиз! ман мехостам назари шуморо оиди он нафроне ки ба шумо таклид мекунанд донам. баъзе аз журналистоне ки ба шумо таклид мекунанд шогирдони шумо мебошанд ё на. бо эчтиом Саидакбар.

    • Саломалейк…Таклид чизи бад нест ва ман то имруз аз касе хафа нашудаам. Хатто хамон донишчуи Институти забонхо -ШАРИФБЕК, ки маро дар МАХЗАР таклид карда буд, холо хамкори мо аст, ман уро ба кор кабул кардам ва хар нимаруз барномаи табрикоти дорад🙂 Дигарон, ки кушиш мекунанд монанд ба ровии Субхи Ватан сухбат кунанд, шогирд не, факат СОЯи мананд🙂 Зеро холо ман худам шогирд хастам🙂 Шумо хам саломат бошед, ки хеле мушохидакор будаед!!!

  31. Субхон салом.Бозор Собир хозир куджоходай?

  32. e eee gap neste man muhlisi shumo shumo moro handoned tamom !!!!!!!!!! eee bo rahmat

  33. Акаи Субхон, бо кадом эл.адрес ба Шумо навиштан мумкин аст?

  34. Саломалейкум Субхон, ман солхои зиёд радиои Шуморо мешунавам, бо Шумо низ хамсухбат шудаам. Ва хар руз сурогаи блогатро аз барнома мешунавам. Имруз бо худ гуфтам,як назар ба блогат кунам. Хеле хонданибоб. Офарин. Рости ман низ мехостам гуфтанихои худ, хотирахои худ ва аёми кудакиро чое сабт кунам, вале маро кухнапарасту хотирадустдор гуфта киноя низ задаанд. Руи коре чидду чахд карда истодаам, барои чавонон, то онхо зисти худро бех намоянд, чун анчом ёбад, Иншоаллох блоги худро низ таъсис медихам ва чавононро ба омузиш даъват мекунам, то онхо биомузанд, кор кунанд ва аз чихати моли бениёз бошанд. Чун имруз блогатро хондам хеле фарахманд шудам.
    Факат як чиз нофахмо, барои чи блог бо забонхои руси низ омехтаанд? Масалан «главная» ё «добавить коментарий», намешавад чои ин » назари худро бинависед» бошад?. Фикр мекунам гуфтахои маро самимона кабул доред. Барори кор.

  35. Салом Алейкум акаи Субхон (Чалил) ман мехохам дар бораи «Инсони Хакики Кист?» камтар маълумот дихед….

  36. Аёми кудакиатон ачиб будааст. Накли ачиб — Модарам накл мекунад, ки шабхо барои ман факат чои ширин таёр мекардааст… Модари ман хатто шабона барои писари аввал ва «эркааш»-ман факат картошкаи бирён мепухтааст.
    Эх кудаки кудаки! Модарон дар хакикат арзанда хастанд.. мо бояд ба кадри онхо бирасем!

  37. Салом акои Субхон. Писарони зебо доштаед. Шумо хушбахтед, албатта ду писар доштан ин худ галаба аст!

  38. Salom A Subhon ба хушдоманат монанди (шояд модарат бошад)

  39. Дуруд бародар Субхон, блогатон хеле чолиб аст, нигоштахоятон низ нотакрор. Комёбу муваффак бошед.

  40. Субх ба хайр акаи Субхон.
    Бубхашед, ки ман хати форсиро араби гуфтам ))) ман хати арабиро аз форси он кадар фарк намекунам. Лекин он дустатон бошад, дусти бовафо будааст, ки ба шумо дар блогатон кумак мекардааст. Шумо маълум мешад, ки дустони чони хам зиёд доштаед. Чунки дар ин замона дустони НОНИ зиёд шудаанд, дустони Чони бошад хеле кам аст!
    Хамин хел нест акаи Субхон???

  41. Асалом. Рахмат акаи Субхон. Хохаратон зебо будааст. Лекин имруз ман дар блоги шумо як чизи дигарро мушохида кардам. Чизе бо хати араби навиштаед, ки ман, ки он кадар бо он хат шинос нестам, ба зур якта якта харфора мехонам. Ман медонам ки шумо намоз мехонед, аммо намедонистам, ки китобхои арабиро хам хондаву навишта метавонед. Шумо арабиро дар кучо омухтед?

    • Саломалейк….Он хат форси аст. Ман дар мактаб ва дар назди донандаи хамон хат як вакт хонда будам. Чун бо ин хат кор намекунем ва хам чизе бо он наменвисем, кариб ки фаромуш шудааст. Аммо дар баргардони маводи навиштаи ман бо хати форси ба ман дустам Гулбахор-корманди як пажухишгох кумак мекунад.

  42. Салом. Акаи Субхон кадом нафари аз инхо хохари шумост? Онхое ки росто истодаанд ё онхое ки нишастаанд?

    • Саломалейк…..Хохари ман хамонест, ки аз хама хушру аст🙂
      Дар поён нишаста аз дасти рост аз чониби шумо-хамонаш хохари хурдии ман аст.

  43. Асалом акаи Субхон. Фарзандони зебо доштаед, вале дар байни расми пайвандони шумо хохарон ва хамсари шуморо нашинохтам. Оё расми онхо хам ин чо хастанд ё не? Аз онхо дар байни пайвандон чизе ишора накардед? Бо хамсояхоятон чизе менушед. Шумо аз нушокихои спирти хам истифода мебаред?

    • Саломалейк…..Расми хохараму модарам ва наздикони дигарам ин чо хаст, факат расми хамсарам нест🙂
      Дар мавриди расмам бо хамсояхо бояд нависам, ки вай шароб нест. Холо шароб наменушам…

  44. Salom Subhon!!! Behtarin…….Bo hama bigonagit, boz ham dustdoshtani hasti…. Salomat bosh!!!

  45. Я вообщем паражена! я сначала думала что ваш блог акаи Субхон как и у других но когда я прочла то, что здесь написана подумала:если вы соберёте всё это получиться одна большая и очень интересная книжка. Я до того впячетлена что даже не знаю как выразить своё мнение.
    Аз шумо нависандаи хеле хуб мебарояд агар як кушиш кунед!!! Барори кор!

    • Саломалейк…..Хеле мамнун! Ташаккур барои он, ки ба ин сахифа таваччух мекунед ва андешаатонро менависед. Ман баъди навиштаи Шумо холо барои нависанда шудан кушиш накарда, худро «нависандаи бузург» хис кардам🙂 Саломат бошед!!!

      • Cубхончон, услуби нигориши блоги Шумо ба услуби «Догистони ман»- и Расул Гамзатов монанд аст. Комёбихо насибатон бод!

      • Саломат бошед, муаллимаи азиз!!!

  46. Акаи Субхон агар имконият мешуд андарзхоро бо точики менавиштед чун ки калимахои адабии русиро бо маънои даркориаш фахмидан душвортар аст.

  47. Салом Акои Субхон! Хеле пештар медонистам, ки БЛОГ доред ва менависед, аммо онро имруз саропо мутолиа кардам… Бовар кунед як лахза ба дунёи бекарони хотироту хайёлхо рафтам. Айёми кудаки, бозихои бепарвоёна, кофтукоби модарон моро (чун аз бозию адиру сари пода дер меомадем), шухихои мактаби, ИШКИ аввал ва «КУДАКОНА»-и ширину беолоиш…. ва хоказо. Ман хам як вакте сатр ё сухан бо сухане зам намуда менавистам. Аммо бо мурури замон ва касбу кор, таку дави зиндаги бадохатан нафистанро кариб фаромуш сохтам… Чун забони шево, равон, фахмо ва адибонаю шоиронаи хомаи Шуморо дидам, лахзае аспи илхом наздам хозир шуд ва маро аз чи дунёи ширине тамошо дод…….. Огох хастам, ки тарононахои зебое низ менависед ва мехохам он таронахоро чун шунидани хастанд (масалан вакте гуфта будед, ки: бе ёди ту ва хаёли ту ба хеч кучо намеравам, ба чуз як чо, на ман бо пои худ намеравам, балки маро хоханд бурд), бо овози худи Шумо дошта бошам…..Худо нигахбони Шумо бошад!

  48. Саломалейк, ачоиб дунёе……..

  49. Ин бахши блогатонро имруз хондам ва…………
    Хеле оли ва хонданист. Ахсан!
    Як каме гамгин шудам аз хондани баъзе нуктахояш, ба мисоли «фардо дар хотири кудакхои мо чи мемонда бошад?»
    Аммо, ба хар хол фикр мекунам ки хамааш хуб хохад шуд. Дунё ба умед аст гуфтаанд!

  50. Салом боз ин ман! акаи Субхон хеле ачиб мешуд дар бораи хамон шамол ва маконаш мегуфтед. Рохат аст он шамоли Файзобод. Бале рохат, ман онро дуст дорам, чунки махз хамон шамоли Фазобод буд, ки ман кариб «минингит» шавам. Ман Файзободро дуст дорам. рафтаам, аммо нагаштаам, насиб ягон вакт рафта саг барин мегардам. мегуянд, ки чойхои хуб дорад, аммо мегунд… ва боз мегуянд, ки рохате ки аз дидан аст аз шунидан нест (дуруг гуфтам инро ман мегуям на каси дигар), боз мегуянд, ки барномахои шумо бисёр шуниданиянд, аммо ман гуш шакардаам. рости, гап байни худамон радио надорем, радиодор шудем гар, гуш кардам гар ман хам таъриф мекунам шояд… шояд. а дар бораи Дехаи шамолзоятон гуед, лекин бешухи ва хазл.

    • Саломалейк…Хамон дехае, ки ман тавлид шудаам ва он холо маркази нохия аст, каблан Дарагиён ном доштааст…Ин худуд хамон худудест, ки дар Шохнома хам хаст. Он вакт ончо шахри калоне будааст, ки бо номхои ВИСАГИРД, ВИШГАРД, ВИСАГАРД…маълум аст. Ва хам дар «Худуд-ул-олам» низ дар бораи ин макон як ишорае хаст, ки «бар вай доим бод вазон буд…» Маркади Хоча Хотами Ассам дар ин мавзеъ аст, ки мегуянд, хамон манорае, ки он доштааст, (ва холо нест!) як замон бо чашми одди аз Оби Гарм метофтааст. Аммо дар бораи барномаи ман бошад, дуруг гуфтаанд, кирои шунидан хам нест, аз онро шунидан дида, сахар кати як шикам хоб хубтар аст :))

      • бехтарин чавоб! хам барои барнома ва хам дар бораи деха! шунида будам, ки як лахза хоб бех аз гушти гов, аммо нав боз шунидам, акнун мегуям: Як лахза хуфтан, бех аз Субхи Ватан! наранчед худатон гуфтед, ман танхо либоси бадеи пушонидаму халос! Хоксоред — а!? Мезебад!

  51. Салом, Наврузатон муборак бошад. Ба Шумо тансихатию хушихои зиндагиро таманно дорам. Ман тасодуфан ба ин сахифа ворид шудам ва аз Шумо як суол доштам. Шояд кумакам мекунед. Аслан ин суолро ба ман як дусти наздикам (ахли шеъру адаб) доданд ва ман дар чустучуи чавоби суол ба сахифаи Шумо ворид шудам. (шояд ин кадар мухим набошад). Муаллифи ин мисраъхо кист?:
    Дилам зи чоми висолат шароб мехохад,
    Сарам ба домани поки ту хоб мехохад (идома дорад)
    Ин сурудро замоне Субхон Саидов месароиданд. Агар чавоб пайдо кардед, лутфан ба адреси ман фиристед. Каблан аз шумо сипосгузорам.

    • Саломалейк…Хуб аст, ки тасодуфан хам бошад, ба сахифахои хамдигари ворид мешавем. Наврузро барои Шумо хам муборак мегуям! Ман кушиш мекунам, ки аз худи Субхон Саид муаллифи ин мисрахоро пурсам. Агар натичаи хуб ба даст омад, хатман ба почтаи Шумо онро мефиристам.

  52. Ман аз руйи гуфтан ва навис-нависат тахмин мекардам, ки шумо Файзоботиед, инак тахминам аник шуд.

    • Саломалейк…. Ман гуфтани хастам, ки мардуми Файзобод одати аз болои касе номаи шикояти навиштан надорад (агар хаминро шумо навис-навис гуфтед!) , факат мушкил сари мардуми Оби Гарм буд, ки онхо он вактхо почта надоштанд ва номахои шикоятии худро оварда, дар почтаи Файзобод мепартофтанд. Он номахо ба марказ омада аз номи мардуми Файзобод «оформить» мешуд.🙂 Акнун асли вокеаи навис-нависи мардуми Файзободро ба гумонам, ки фахмидед🙂

      • Акои Субхон, ман мукобили мардуми шумо «ягон притнзия», ман низ кариб, ки файзободиям! дар бораи таърихи навис0навис бошад медонистаму чунон пурра не, акнун донистам. акои Субхон, намешавад, ки блогхоямонро чура кунем?

      • Саломалейк…Акнун ки дар бораи таърихи навис-нависи мардумони «аз купруки Вахдат боло» фахмидед, ман ин навбат дар мавриди мавзеъи чойгиршавии станцияи идоракунии шамоли Файзобод маълумот хохам дод. Шояд шумо холо хам надонед, ки хамон станцияе, ки аз ончо истода шамолро идора мекунанд, дар кадом деха чойгир аст.Ман хатто медонам, ки хамон «кнопка»-и шамоли Файзобод дар дасти ки аст🙂

  53. Салом!!! «Дунеи» фарроху пуробуранге доред…хатто шубха надоштам, вале бо ин хама боз ба суоле, ки солхост дар пеши худ мегузорам посухе намеебам…ё ин хама навиштахо танхо ба хотири пур кардани сахфа аст ва е …. чаро ??? бо кадом максад???

    • Салом,зеботарин бонуи шахр…! Аз ДУНЁро дар нохунак гирифтанат тарсидам, алам хам кард ин! Хама чи ба ёдам омад, хатто он чизе, ки умуман НАБУД! Ман чанд сол пештар маводе менавиштам, ки холо хамон гуна навишта ва фикр карда наметавонам, ман аз коре, ки имруз худам анчом медихаму харфе ки худам мегуям, фардо норози мешавам, меандешам, ки ман бояд дигаргуна рафтор мекардам ва дигар чи мегуфтам..Яъне, ки ин сахифа ба он рузхо ягон робита надорад ва ин навиштахо хам…Ва ман хам дигар шудаам…Факат ягона чизе, ки бетагир аст, хамин аст, ки холо хам чун дастнорастарин орзуи ман боки мондаи ва мемони…Ман медонам, ки дигар чизеро тагир додан душвор ва кариб, ки номумкин аст. Дигар маро касе бовар намекунад, Ту хам…Вале Худои ман шохид аст, ки маро ба хар ку ва ба хар хаёл хамон чизе мебурд, ки ман аз Ту мешунидам ва намешунидам…Ёд дори дар утоки ман расми кудаки зебое буд? Ёд дори, ки ман ба курбонии чи ва ки рози будам? Ханузам мисли он руз боварат намеояд, ханузам наметавони чудо куни ки кадом харфу амалам шухи буд ва кадоме На шухи! Ман намедонам аз он, ки Ту «солхост дар мавриди кадом саволе фикр мекардаи», хурсанд шавам ё гиря кунам? Хурсанд шавам, ки дар он савол ман хам хастам ва ё гиря кунам, ки ман боиси норохатии нафаре шудаам, ки сад рохат ба хамсафари худ меорад…? Ва оё сабабгори норохатиаш шудаам?
      Биё, БЕГОНА намешавем…Дурустараш, биё аз ин дида БЕГОНАТАР нашавем…Барои чавоб ба хамон саволат фурсат фаро мерасад,…шояд баъди САД СОЛ ва ё шояд баъди як НАФАС!!!

      • Бе шарх!!!
        ЗУЛОЛИ ЧАШМ

        Рўзе дар интизори ту мемурдам,

        Бо холи зор зори ту мемурдам.

        Гулхои боѓ бўи ту меовард,

        Дар пои хор хори ту мемурдам.

        З-он чоми захри ту нўшида

        Хошо, ки ёр ёри ту мемурдам.

        Масту аласти чоми гўёят,

        Эй кош, бодадори ту мемурдам.

        То чодае атри ту мебўяд,

        Махмур аз бахори ту мемурдам.

        Ман бо зулоли чашми дарёят,

        Сероб дар канори ту мемурдам.

        Аз ташнагии сабзи мижгонат,

        Дар чашми обдори ту мемурдам.

  54. Раисии Кумитаи Телевизион ва радиора поку пел мебахшамат, Субхончик. Бе шубха!

  55. Subhon, khudut tanho yak dunyo odami!

  56. Акаи Субхон Шумо бахил гуфта чиро дар назар доред?
    баъд Шумо мегуед ки онхо ба максад мерасанд.ин хатогиаст! дар охир холи онхо чист?Худованд хечкасро дар ин дуне ноумед намемонад ва бе ин хел инсонхо хам зиндагии мо маъне надорад!!!
    Ин назари ман яке аз мухлисатон ба суханхои Шумо

  57. Салом бародари азиз! Мухаммад Хичози як сухани хуб дорад: Хар ки бо худаш танхост, марди (инсони) комил нест. Аммо Шумо хам инсони комил хастеду хам хушбахт!!!
    Саломат бошед!

  58. Az nomi hojai Hotam korro sar kardai? inshooloh hama korat bobaror meshvad!!!!

  59. Не, Субхон, Шумо ягон чиз аз «осмон» нагуфтаед. Ман хам баъзан вакт ба хамин хел одамон хайрон мешавам…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: