Равишхои сахехи мутолиа!

    Борхо шунидаем, ки донишомуз ё донишчуе мегуяд: «дигар хавсалаи хондани ин китобро надорам» ё «он кадар аз ин китоб хаста шудаам, ки кобили гуфтан нест» ва ё «дах бор хондам ва такрор кардам, вале боз хам ёд нагирифтам » ба рости мушкил чист? Оё барои ёдгирии дарс вокеан «бояд 10 бор китобро хонд?» ва «оё бояд даххо бор дарсро такрор кард то ёд гирифт?» мутмаинан, агар чунин бошад, мутолиа коре сахт ва токатфарсост.

Аммо вокеият чизе дигар аст. Вокеият он аст, ки ин гурух аз фарогирон, равиши сахехи мутолиаро намедонанд ва мутаассифона дар мактаб ва донишгох хам чизе рочеъ ба чи гуна дарс хондан намеомузанд. Барои ин ки мизони ёдгири афзоиш ёбад, бояд кабл аз хар чиз мутолиае фаъол ва пуё дошт.

Ёддоштбардори, бахше мухим ва хассос аз мутолиа аст, ки бояд ба он таваччухе хос дошт. Хондан бидуни ёддоштбардори як иллати мухими фаромуши аст. 

  • Шаш равиши мутолиа:

1. Хондан бидуни навиштан: равиши нодурусти мутолиа аст. Мутолиа фароянде фаъол ва пуё аст ва бояд аз тамоми хавоси худ барои дарки сахехи матолиб истифода кард. Бояд бо чашмони худ матолибро хонд, бояд дар замони мавриди ниёз матолибро баланд-баланд адо кард ва нукоти мухимро ёддошт кард, то хузуре фаъол ва хамачониба дар ёдгири дошт ва хам дар хангоми мавриди ниёз, хусусан «кабл аз имтихон, битавон аз руи навиштахо мурур кард ва хеле сареъ матолиби мухимро мучаддадан» ба хотир супурд.   

2. Хат кашидан зери нукоти мухим: ин равиш шояд нисбат ба равиши кабли бехтар аст, вале равиши комиле барои мутолиа нест, чаро ки дар ин равиш баъзе аз афрод ба чои он ки тамаркуз ва таваччух ба ёдгири ва дарки матолиб дошта бошанд, зехнашон маътуф ба хат кашидани зери нукоти мухим мегардад. Хадди акалли равиши сахехи хат кашидан зери нукоти мухим ба ин сурат аст, ки ибтидо матолибро бихонанд ва мафхумро «комилан» дарк кунанд ва сипас зери нукоти мухим хат бикашанд, на он ки дар китоб ба дунболи нукоти мухим бигарданд, то зери онро хат бикашанд. 

3. Хошиянависи: ин равиш нисбат ба ду равиши кабли бехтар аст, вале боз хам равише комил барои дарки амики матолиб ва хондани китоби дарси нест.

4. Хулосанависи: дар ин равиш шумо матолибро мехонед ва он чиро, ки дарк кардаед ба сурати хулоса ба руи дафтаре ёддошт мекунед, ки ин равиш барои мутолиа муносиб аст ва аз равишхои кабли бехтар мебошад, чаро ки дар ин равиш ибтидо матолибро дарк карда, сипас онхоро ёддошт мекунед, аммо боз хам бехтарин равиш барои хондан нест.

5. Калидбардори: калидбардори равише бисёр муносиб барои хондани нукоти мухим аст. Дар ин равиш шумо баъд аз дарки матолиб, ба сурати калиди нукоти мухимро ёддошт мекунед ва дарвокеъ калимаи калиди кутохтарин, рохаттарин, бехтарин ва пурмаънитарин калимае аст, ки бо дидани он мафхуми чумла ба хотир оварда мешавад.

  • Шароити мутолиа

Шароити мутолиа, мавориде хастанд, ки бо донистан, бакоргири  ва ё фарохам намудани онхо, метавон мутолиае муфидтар дошт ва дарвокеъ ин шароит ба шумо меомузонад, ки кабл аз шуруи мутолиа чи усулеро ба кор гиред, дар хини мутолиа чи маворидеро фарохам созед ва бо донистани онхо метавонед бо огохии бештаре дарс хонданро огоз кунед ва мутолиае фаъолтар дошта бошед:    

1. Огози дуруст: Барои муваффакият дар мутолиа бояд дуруст огоз кунед.

2. Барномарези: яке аз авомили аслии муваффакият, доштани барномаи муназзам аст.

3. Назм ва тартиб: асоси хар созмоне ба назми он бастаги дорад.

4. Хифзи оромиш: оромиш замири нохудогохро пуё ва фаъол мекунад.

5. Истифодаи сахех аз вакт: Бенджамин Франклин мегуяд: «Оё зиндагиро дуст доред? Пас вактро талаф накунед, зеро зиндаги аз вакт ташкил шудааст».

6. Тагзияи муносиб: тагзияи сахех накши мухиме дар саломати дорад.

7. Дури аз машруботи спирти: Масрафи машруботи спирти мучиби заъфи хофиза мешавад.

8. Хоби кофи: хоб фарогири ва хофизаро таквият мекунад.

 

Чанд тавсияи мухим, ки бояд фарогирони илм аз он

огох бошанд

1. Хадди аксари замоне ки афрод метавонанд фикри худро ба руи мавзуе мутамарказ кунанд, беш аз 30 дакика нест, яъне бояд саъй шавад худуди 30 дакика ба руи як матлаб тамаркуз намуд ва ё мутолиа дошт ва худуди 10 то 15 дакика истирохат намуд, сипас мучаддадан бо хамин тартиб шуруъ ба мутолиа кард.

2. Пеш аз мутолиа аз гизохои чарб (пурравган) ва сангин худдори кунед. Ва чанд соат пас аз сарфи гизо мутолиа намоед. Аз масрафи машруботи спирти ва нушобахои газдор хам худдори кунед.

3. Ва низ хамзамон наметавонед хам матлаберо бинависед ва хам гуш дихед. Пас хангоми мутолиа, лутфан ёддоштбардори нанамоед.

 

Баргардон аз хуруфи форси-http://azadimosbat.mihanblog.com

комментария 2

  1. Салому алайк акаи бисёр шухи мо Субхон Чалилов! Хамин сахифаатонро хондаму хурсанд шудам ки барои донишчуён хам чизе будаст ин чо. Бисёр навиштаи хуб буд.
    Хучатсупори ба Донишгоху донишкадахо хам наздик шудаст. Аз шумо як хохиш доштам ки мисли хамин мавод барои довталабон чизе менавиштед ки барои аз имтихон гузаштан чи бояд кард, чи гуна таёри дидан лозим ки сохиби номи донишчу шавем?

  2. Хаста набошед акаи Субхон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: