Дар ҳошияи Рӯзи МОДАР

Ин мусоҳиба бо ҳамкору ҳамкасби мо, корманди «ИСТИҚЛОЛ» — Абдураҳмон Раҳмонов чанд рӯз пештар аз сафари ман бо нияти Умра буд (аз 6 -ум то 18-уми марти соли 2024).

Гуфтахои нав дорад ё не, намедонам. Чунки ҳар чизе, ки имрӯз дар бораи модар ва барои ӯ гӯем, ҳамон эҳсосу андешаест, ки миллионҳо кас пештар аз мо ва хеле беҳтар дарк кардаанду гуфтаанд…

Рӯзи МОДАР барои ҳама модарони азиз муборак бод! Тандурусту хонаободу хушбахт бошед!

Худованд, модарони аз мо гузаштаро раҳмату мағфират кун ва дар Биҳишт макон деҳ!

— 8-уми март дар кишвари мо Рӯзи модар таҷлил мешавад. Шахсан барои шумо ин чӣ гуна рӯз аст?

— Барои шахси комил ва солимақл, ки медонад, волидон мисли ду дари кушода ба Биҳиштанд, барои инсоне, ки медонад, биҳишт зери қудуми модарон аст, барои шахсе, ки медонад, хушнудии Худованд дар ризоияти волидон аст, ҳар рӯз рӯзи модар ва падараш аст. Кӣ аст дар зиндагии мо, дар дину мазҳаби мо, дар ойини мо, ки қадру манзалату арзишу қиммате болотар аз волидон ва махсусан аз модар дорад?

Мутаассифона, воқеиятҳои зиндагии заминӣ қариб ҳар лаҳза баёнгари он аст, ки мо ба ҳар сурат ба ҳамин гуна рӯзҳо ниёз дорем, зарур аст, ки моҳияти фарзанди нек буданро ҳар лаҳза барои баъзеҳо хотирнишон кунем, ногузир аст арзиши модар ва эҳтироми ӯро баргашта ба ёди баъзе фориғболону ҷоҳилон биёрем. Фикр мекунам, ин рӯз аз модарон дида, барои мардҳо, барои фарзандон, бештар зарур аст, то фаромӯш нашавад, ки як нишони бармалои марди ҳақиқӣ будан — эҳтиром доштан ба модар аст!

— Ман модарро чун Худое дар замин медонам. Шумо чӣ?

— Ман ҳам. Кӣ дигар баъди офаридгори олам мисли зан ин гуна ҳақи офариниш дорад? Кӣ дигар чун модар соҳиби ин гуна мартабаи баланд пеши офаридгори олам аст? Кӣ дигар метавонад барои наҷот ёфтану растагор будани фарзанд дар олами дигар замина бошад? Аз дурии кӣ дигар фарзанди нек ин қадар хастаҷону пазмон мешавад? Набудани кӣ дигар дар ҳавливу хонаву зиндагии фарзанд фавран эҳсос мешавад? Кӣ дигар метавонад ҳазор гуноҳу ҷурми моро бубахшад? Офаридгор ҳам ҳамин гуна дӯстдоштанӣ ва бахшанда асту модар ҳам…

— Оғӯши модарро биҳишти кӯдакиҳо мегӯянд. Чӣ хотираҳо аз он лаҳзаҳои ширин доред?

— Ҳама гуна хотираҳои ширину фаромӯшнашавандаи мо ҳатман бавосита ва ё бевосита ба модарамон иртибот дорад. Номи ман ҳамон номи дӯстдоштаи модарам будааст, ман мактабу донишгоҳро ҳам бо таҳрик ва тавсияҳову ҳамраҳиҳои модарам бо баҳои хуб хатм кардаам. Дар мушкилтарин ҳолату рӯзҳо беҳтарин ва дурусттарин тавсияву маслиҳатро барои ман модарам додааст. Мо вазниниву меҳрубониву бархӯрди дурустро ба ҳама кору ҳама чиз аз модарамон омӯхтаем.

Модари ман зани зебову хушсухану ботамкине буд. Ёдам ҳаст, ки наврас будем ва як вақт бо кадом ҳамсоя баҳсу ҷанҷол шудем. Модарам чун сабаби ҷанҷолро пурсид, ман гуфтам, ки фалонӣ «очата ов бара» гуфт. Модарам бо ишора ба ҷуссаи паҳлавониаш бо як табассуми ба худаш зебанда гуфт, ки «хайр ҳеҷ гап набудаст, ин кирои ҷангу ҷанҷол намекунад. Очаи тура ин овҳои ками ҷӯйборчаҳо намебаранд… Бепарво бош…».

Модарам як зани тозакор, кадбону, маслиҳатгар, сарфакор ва хеле меҳрубону ботамкин буд. Хислати беҳтарине, ки дошт, рӯйирост ва бепарда ба рӯйи кас гуфтани фикру андешаву хулосааш буд. Сухани росту ҳақро мегуфт.

— Насиҳате, ки модар бароятон кардаву ҳеҷ аз ёд намеравад…

— Модарро на фақат насиҳаташ, балки ягон эроду тавсияву маслиҳаташ ҳам аз ёдам намеравад. Як ҳамсоя агар дар шаҳр дар беморхона бистарӣ мешуд, ҳатман модарам занг мезад, ки фалонӣ дар фалон шифохона бистарӣ будааст, ҳатман хабаргирӣ рав. Маҳз ҳамон насиҳату исрори модарам буд, ки ман чандин нақшаву кору борамро ҷоннок кардам. Муҳимтар аз ҳама, ба амалисозии онҳо сар кардам.

Маҳз насиҳат ва панде аз як суҳбати модарам буд, ки ман бадтарин одате, ки доштам — сигоркаширо бас кардам. Бузургии модарро бинед, ки ҳамин панду насиҳатро бо интизории фурсати мувофиқ хеле оқилонаву пуртаъсир баён кард. Дар як суҳбати телефонӣ, ки дар он гап сари додарам мерафт, аз доруе ёдрас шуд, ки хоҳиши сигоркашии кас баъди истифодаи он гум мешавад. Гуфтам, ки аз духтур онро мепурсам ва барои додарам мехарам. Модарам баъди ин гуфт, ки «аз ҳамон дору ду дона гир — якто барои додарату якто барои худат…».

Ӯ метавонист маро ҷанг кунад, сарзаниш кунад, сахт гӯяд, чун аз ким-кай медонистааст, ки ман пинҳонӣ аз ӯ сигор мекашам. Вале бинед, ки чизе нагуфтаву ҳамин фурсатро интизор шудааст. Ин сухан ба дараҷае ба ман таъсир кард, ки инак, чандин сол аст сигорро сӯйи лаб набурдаам…

— Туҳфаи аввалини шумо барои модар чӣ буд?

— Ба ёдам нест ростӣ чӣ буд. Вале мо ба модарамон аз замоне, ки ҷойи кор пайдо кардему бо нӯги қалам пул ёфтанро ёд гирифтем, мутаассифона чизи қиммату ғайриоддӣ туҳфа накардаем. Дурусттараш, натавонистаем. Вале модари ман ба он ҳад меҳрубону дилсӯз буд, ки барои ҳамон як даста гул, чанд дона китоб ва як либосворӣ матоъ ҳам, бо суханони «пул доштӣ, надоштӣ, бачам…?!» ғами моро мехӯрд. Ба қавли шоир Озар, ки мо нав кори созу пули барои ягон туҳфаи арзишманд кофӣ ёфтем, ки дигар модар нест…

— Боре шуда буд, ки модар аз кори шумо норозӣ бошад?

— Шояд мо сад гуноҳу кори ноҷову нохубе доштем, ки кирои мазаммату ҷазо мекард. Аммо модари ман ягон бор инро ошкор нагуфтааст. Вале тахмин мекунам, ки аз пошхӯрии оилаи аввалам шояд нороҳат шуду ғам хӯрд…

— Бе модар будан дарди бедавоест. Ҳатто баъзан Худоро зора мекунӣ, ки модарро лоақал дар хобат бубинӣ. Барои шумо ҳам ин ҳолат ошност?

— Дар шаш соли бемодарӣ ман фақат ду бор хира модарамро дар хоб дидам. Як бор чанд рӯз баъди даргузашташ ва бори дуюм чанд муддат пештар, вақте ҳис мекардам, ки чашмонам аз зӯри офтобу нури компютеру телефон дардманд мешаванд, вале фурсат намеёфтам, ки назди табиб биравам. Як субҳи содиқ дар хоб модарамро мебинам. Чеҳраашро не, фақат дастонашро эҳсос мекунам, ки аз ҳамон як қуттичаи хурди доруи обакии чашм ба милки чашмонам чанд қатра мечаконд ва гӯё чашмонамро табибӣ мекард.

Кӣ мегӯяд, ки модар бузургу фаришта нест? Кӣ шубҳа дорад, ки модар бо ҷисман набуданаш канори фарзанд аз ёди ӯ фориғ мешавад?

Хеле вақт буд, ки чун ҳамон саҳарӣ бо гиря бедор нашуда будам…

— Овозхонҳову оҳангсозон дар васфи модар сурудҳо эҷод мекунанду месароянд. Суруди писандидаи шумо дар васфи модар кадом аст? Кӣ онро сароидааст?

— Маро ҳамеша суоли он, ки чаро классикони мо дар васфи модар навиштаҳои кам доранду баъзан тамоман надоранд, ҳайратзада мекунад. Инҷо ҳам шояд кадом ҳикмате ниҳон аст, ки мо намедонем. Ё мисли он, ки як устоди мо гуфт, шояд «онҳо фикр мекарданд, ки модарро бо он ҳама бузургӣ наметавонанд васф кунанд ва барои ҳамин ин корро накарданд…».

Вале шоирони муосири мо, хушбахтона, ин фариштаи ҳаётро хеле зебову самимона ситоиш кардаанд ва дар сӯгаш марсияҳо ҳам гуфтаанд. Бо ҳамин мазмун суруду таронаҳои Давлатманд Холов, Фатҳулло Рауфов, Тоҷиддин Муҳиддин, Қобилҷон Зарифов, Афзалшоҳ Шодиев ва даҳҳои дигар албатта ҷигарсӯзу шуниданианд. Ман бо истифода аз ҳамин фурсат барои овозхонҳои хуби кишвар — Муҳаррама Шарифова, Азиз Ваҳҳоб, Маҳмадалӣ Аюбӣ, Эркин Одинаев, Ҳабибулло Мирзошариф, Карим Назар ва Абдураҳмон Нуров барои таваҷҷӯҳ ба навиштаҳои инҷониб самимона изҳори сипос мекунам.

Беҳтарин суруде, ки беихтиёр ҳар гаҳ оби чашмамро равон мекунад, аз ҳунарманди зиндаёд Зафар Нозим аст:

Боз омадам ба кӯйи ту, эй қиблаи умед,

Эй модаре, ки соҳати ҷонам саройи туст.

Боз омадам, ки бӯса занам бар мазори ту,

Эй модаре, ки ҷону дили ман фидои туст.

Ғамхона аст синаи ман дар фироқи ту,

Он кас, ки ҳаст аз ғами ман бохабар, куҷост?

Огаҳ набудам аз ғами бемодарӣ, вале,

Маргат паём дод, ки бемодарӣ балост…

Модар, бихоб хуш, ки зи ёдам намеравӣ,

Ҷонам фидои рӯйи ту, манзил муборакат.

Модар, бихоб, Қаъбаи ман хоки кӯйи туст,

Қурбони хоки кӯйи ту, манзил муборакат…

— Дар васфи модар олам-олам шеъру достону романҳо эҷод шудааст. Шумо ҳам аламҳои бемодариатонро китоб кардед…

— Навиштаҳои ман барои модарам, даъвои шоириву нависандагӣ нест. Он фақат як роҳи холӣ кардани дилам буд. Як варианти дигаргунаи гиря буд, як намунаи дигари ифшои аламҳои бемодарӣ ва бадбахтиҳои ҳамон вақт ба сарам омада буд. Ду китоб буданд онҳо бо номҳои «61 алами бемодарӣ» ва «Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин». Дар ҳарду китоб даҳҳо қиссаи ба модарам вобаста ва 145 рубоиву дубайтӣ дар сӯги модараму барои модарам буд. Вале дилам ба қавле тар нашуд ва як алами бемодариро гуфта натавонистам…

Дарди бемодарӣ дору надорад, тумору таштоб надорад, шифо надорад. Баъди шаш сол як қиссаи модари худам ва модари каси дигаре ҳам маро гирён мекунад, як сураташ, хотирааш ва ёдаш аламҳоямро тоза мекунад. Хонаву ҳавлии холиаш, дегу танӯру суфрааш саҳифаҳои зиндагии модарамро пеши рӯям мекушояд.

Сад дареғ, сад ҳайф, сад афсӯс, ки хушбахтӣ ва саодати доштани модарро дар вақташ ҷиддӣ дарк накардем. Вагарна ҳама кору бору унвону ҷоизаву ифтихорномаву ким-чиҳои имрӯз доштаро қурбони як лазҳа ҳамраҳӣ ва нишаст бо модарам мекардам…

— Чанд мисрае аз навиштаатонро метавонед ба ёд оред?

— Имшаб дилам кашоли як “ҳой”-и модарам буд,

Чашмони ман пур аз хун раҳпойи модарам буд.

Бехобу нурфишону болонишину зебо,

Маҳтоби деҳа имшаб дар ҷойи модарам буд…

*****

Кӣ дорад малҳаме бар доғи оча?

Кӣ як ҳавзи дуо дар боғи оча?

Набошад хуш даре, то бозгардӣ,

Ба дунё ҷуз дари нимроғи оча.

*****

Аз ҳар сӯ шудам хуморӣ он сӯйи туро,

Кай бод барад ба дуриҳо бӯйи туро.

Бо очаи худ хона биё, ҷӯраву мон,

Ман оча бугум очаи хушрӯйи туро.

*****

Бе оча вафову боварӣ кардам гум,

Умеди давову доварӣ кардам гум.

Дар бехаки шиғи кампири Ороста

Як кӯзача меҳри модарӣ кардам гум…

*****

Хаёлатро ба ду олам наметум,

Ду чашматро ба дасти нам наметум.

Чу даври кӯдакӣ бигрифта дастам,

Маро бар, оча пешат, ғам наметум…

*****

Бар чеҳраи маҳтоби ту пазмон, оча,

Мисле, ки гурусна дар ғами нон, оча.

Девори танат фитоду ман афтодам,

Як ҷо бари ман дар бари худ мон, оча…

— Хислату сурати модарро дар ягон фарзандатон мебинед?

— Хоҳарам Фирӯза нусхаи модарам аст. Ӯ на фақат ба симову сурат, балки ба хислату хулқ, бо меҳрубониву ғамхорӣ, бо тамкину иродаву ҷуръат мисли модарам аст. Марҳабо — духтари ман ҳам монандиҳое ба модарам дорад.

— Агар имрӯз модар мебуд, дар ҷашн барояш чӣ туҳфае тақдим мекардед?

— Ҷонамро…

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше