Дили оча ба бача… (ҳикоя)

Инҷо барояш ҳам меҳроб асту ҳам минбар, ки ҳатто бештар аз вақту соати намозу ибодат ҳаминҷо аз Худову арвоҳи азизону шаҳидон, ки маконашон ҳамон гирду гӯшаи деҳа асту номҳояшонро аз модару модаркалонаш шунида буд, барои худаш мадад меҷӯсту барои писараш сиҳативу амону баракат. Ва аз он минбар, ки ними деҳа метофт, саду як насиҳату тавсияву таъкидро гӯё ба гӯши он азизи раҳдураш мегуфту мехонд…

— Оча, падарам маро фаромӯш кардааст- а?

— Не, бачам. Мардҳои ҳақиқӣ очаҳошонаву бачаҳошона фаромӯш намекунанд. Фаромӯш ҳам карда бошад, маро фаромӯш кардагист…

Читать далее

Сари «Дастархони сурх»

(Дар ҳошияи намоиши мусаввараҳои рассом — Далер Миҳтоҷев бо номи «Дастархони сурх»)

Он руз баъди аср борон борид. Сафи мардуме, ки куҷое медавиданд, акнун аз ҳисоби онҳое, ки аз ин борон мегурехтанд, меафзуд. Мисли сафи онҳое, ки ин гуна борони нарму гармро дар ҳавои дамгири чанд рӯзи ахир орзу доштанд. Ҳеҷ баҳори дигар ба сару рӯйи онҳо ин гуна борони ранга нарехта буд. Даргурез аз ин борон мардум таги нигасу боми ошнову бегонаро, ки дар ҳавои софу офтобӣ шояд назараш намегирифт, ба хотири панаҳ кардани сараш ихтиёру интихоб мекард. Қиссаи сарҳо ва сарпӯшҳо воқеъан ҳам зери ин борони ранга ҷолиб аст…

Мо аксаран аз сар дида сарпӯшро беҳтар ҳифз мекунем. Гӯё хираду ақлу фаросат даруни тоқӣ ва кӯлоҳу шляпа аст, ки онро ё бо чизи обногузар мепечем ва ё бадтар аз ин — чорқат карда, ба киссаи даруни костюм ё ҷома мезанем. Ва баъд чӣ рангу обу лойе, ки ба сар мерезаду бо ҷӯякҳои рӯю гардан ба қади танаву пасту баландиҳои бадан сарнишеб метаровад…

Читать далее

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (10)

Субҳи имрӯз маълум шуд, ки вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 11 дар идараи маҷаллат  “Rzeczpospolita”  сурат мегирифт баргузор намешавад. Яъне мо то соати 13 вақти озод дорем. Касе мағозагарди рафту мо чанд кас ба тамошои боғи шохӣ рафтем. Гумонам он ҷо як замон гармобаву истироҳатгоҳу шояд  ҳарамсаройи шоҳӣ будааст. Зебоии он боғро бо сухан тасвир кардан душвор аст. Атрофатон пури санҷобу кабӯтар аст. Ман бори аввал медидам, ки парандаҳои хеле зебо парида дар панҷаи шумо мешинанду нонпораҳоро аз он ҷо гирифта мехуранд. Дар як канори боғ барномаи консерти мегузашт. Хоҳед рақс кунед. Тирамоҳ дарахтони атрофро хеле зебо кардааст. Мурғобиҳо ку дар оби ин боғ худро хаёлам хеле роҳату озод ҳис мекунанд. Дар ин боғ метавонед осорхонаву ёдгориҳои дигари таърихиро тамошо кунед…  Читать далее

Дастури амал хангоми селу обхези

Мо дар кишваре зиндаги мекунем, ки кухсори бештар дорад ва руду дарёаш низ кам нест. Хамасола холатхои обхези ва омадани сел дар манотики гуногуни кишвари мо рух медихад, боронхои бахори роху курпукхоро вайрон мекунад , ба мардум хисороти зиёде мерасонад ва хатто талафоти чониро хам ба бор меорад. Рост аст, ки инсонхо баъзан дар холати офатхо барои тасмим гирифтан хатто вакт хам намеёбанд, рост аст, ки баъзан хачми офат ба маротиб бештар аз кудрати пешгири ва неруи инсонхо аст, аммо тахмин мекунам, ки дар ин катор омилхои дигаре хам хастанд, ки дар вакти офатхо  сабабгори вайронихои бештар мешаванд.  Ман чанд намунаро бароятон меорам. Худатон казоват кунед, ки чи андоза онхо метавонанд ба хисороти бештар ва зарар ба мардум сабаб шаванд:  Читать далее

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (11)

        Шаб хавои Нэшвил хеле нарму рохат буд. Ё шояд ман, ки хеле хаставу бехоб будам, аз хамин сабаб хеле рохат хобида будам? Субхи барвакт  берун рафтам. Дарахтони атрофи мехмонхона гуё нав аз назди ороишгари муйю руй омада бошанд –хамаги зарду сурху зардчаву сурхчаву сабзу норинчи….зебо ва аз шамоли гуворои сахари чумбон-чумбон…

        Шабона ман кариб ки сумкаамро накушодаму чизеро берун наовардам. Мо инчо факат як шабем! Моро парвоз ба Портленд интизор аст.

Ба фурудгохи Нэшвил расидем. Он хеле ачоиб аст. Миёни фурудгох бо симдевор чудо шуда пури мехмонхона аст. Аз он чумла мехмонхонаи мо низ дар наздикии фурудгох буд. Тайёрахо баъзан аз руйи купруке мегузаранд, ки поёни он рохи мошингузар аст. Анна хамин гуна «наздиксозии тайёраву одамхову мошинхо» -ро дар фурудгохи Нэшвил дидан мумкин аст. Читать далее

Рузе, ки буи алам дорад…

    Имсол Рузи Радио ва хам солгарди мавлуди Радиои «Ватан» бо марги бехтарин овозхон -Зулфикори Азиз рост омад.  Зулфикоре, ки бо садову бо таронаву охангаш аз рузи аввали овозхон шуданаш эфири радиоро рангину барномахои онро хостани мекард, дар арафаи Рузи Радио аз олам рафт… Читать далее

Буй ва борон!

       Ба онхое бахшида мешавад, ки баъди чил асри дар чангал зистан хам шикорчи  намешаванд!!!

       Хамон соле, ки чангалбони пир ба шароб дода шуду чангалро дузду горатгару кочокчи  оташ зад, зеботарину хушрутарин паррандагони ин чангал парида рафтанд. Оташи он чангалро ду се каси дилсузу хирадманд хомуш кард.  Ба бахти паррандаву  чаррандахои бокимонда хамон сол хатто дар тобистон хам борон борид. Рузе набуд, ки борон наборад. Борон хам барои хомуш шудани оташ фоида кард.  Аз хонаи мо то он чангал рохи дур нест. Читать далее