Як захми решадору бо як гул бахор…

Мохи декабри соли 2012. То рузи мавлуди ман камтар аз як хафта монда буд. Ману писаронам ягон бор то он вакт ва баъди он руз низ чою нонро дар дохили мошин нахурдаем. Интизориро онхо дар сахни хавлии таваллудхона бо пурсишхои худ кутохтар мекарданд….

Ман омадани уро интизор будам. Мисли он, ки хар шаб сахарро интизор мешавему дар сардихо рузи гарму офтобиро….

Додарони ман барвактар аз ман  сохиби духтарча шуда буданд. Онхо ба духтарони худ Азизаву, Мадинаву Фаридаву Махина ном гузоштаанд. Ман хамон номи дустдоштаамро пинхон мекардам, барои духтари худам…

Мархабо хохари ман буд. Як сол баъди тавлиди ман ба дунё омадааст. Модарам дар бораи зебоии у хамеша мегуфт.  Ва хам мегуфт, ки баъди бемории кутохе аз дунё рафт. Ман аз хеле барвакт эхсос мекардам, ки модарам наметавонад уро фаромуш кунад. Туйи духтари хамсоя хам Мархабои уро ба ёдаш меоварду шунидани хамин ном аз чониби хатто кадом рахгузаре хам. Хис мекардам, ки доги духтараш дар калбу хотирааш решадор шудааст…Хашт-нух мох барои одат кардан бо порае аз чигар ва барои вокеъан хам  дуст доштани у  кофи буд…

Маро момодоя барои дидани духтарчаам, ки хамин чанд дакика пештар ба дунё омад, даъват кард. Дар рохраву зинапояхо медавидам.

-Худованд! Чи кадар мехрубони ту! Маро шуниди, харчанд ман ин орзуямро хеле паст ва факат ба худам мегуфтам…

Ба хар шиносу на он кадар шинос, ки раками телефонашро сабт доштам, паёмак навиштам: «Нагуед, ки Субхон духтар надорад. Дорам!!!»

Хонаам аз омаданаш гулборон шуд. У гуё даст ба дасти бибикалонашу бибиаш мерафт…

Чил руз бештар аз тавлиди духтарам мегузашт. Токат надоштам…Мо ба деха меравем. Хонаи бибии духтарам. Бибии боз як духтари зебо гуфт, ки акнун бояд номи муносибе кофтаву ёбем…

Ва инак, хамон фурсат фаро расид. Ман ин орзуро солхои зиёд дар дилам мепарваридам, ман ин номро дуст дошта будам, ман мехостам, ки ба захми решадори чигари модар як нуги ангушт малхам молам…ва гуфтам..

Гуфтам, ки «духтари ман ном дорад..»

Ман кайхо боз  духтари хаёлии худро хамин гуна садо мекардам,  дар хаёлам муйхояшро саду як ранг мебофтаму кокулонашро шона мезадам, ман хаёлан уро сад бор ба кучахои кудакии худам бурдаву оварда будам…

Ба саволи онхо, ки  «чи номаш мекунед?»

— «Мархабо номаш мекунам»…гуфтам.

Ин чавоб  одди, сода ва факат як чумла набуд.

Хомушие, ки он лахза фазои хонаро фаро гирифт, хомушии пур аз дард, пур аз алам ва пур аз хотира буд…

Духтари ман – Мархабо имруз 4 сола аст. Хонаи биби рафтанро дуст медорад ва маро барои рафтан хамеша моил ва хатто мачбур мекунад. Шояд у хам хис мекунад, ки хар вакте ки уро «Мархабо»  садо мекунам, хар вакте ки худро ба огуши бибиаш хаво медихад…гуё як дарди биби кам мешавад ва биби худро як лахза хушбахт эхсос мекунад…

Мешавад, ки бо у ифтихор накуни?!

 PS: Ман чанд руз баъди тавлиди духтарам барояш таронае ичро кардам, ки матнашро хам худам навишта будам. Ба худам кавл додам, ки хар сол 20-уми декабр — дар рузи мавлуди Мархабо барояш бо хамон оханг, вале бо матни нав тарона ичро кунам. Ва мекунам…

комментария 3

  1. Хело самимина, заминӣ, хотирае, ки гуфтанӣ ва навиштанӣ аст..

    Нравится

  2. Офарин, Худованд Мархабои Шуморо хамеша нигохбону мададгор бошад!

    Нравится

  3. Акнун ин шаҳзодаи хаёлҳои падар, ки имрӯз 10 солагии баҳори умрашро бо ҳазорҳо орзуҳои кудакона ҷашн мегирад, барои волидон ба хусус барои Шумо акаи Субҳон муборакбод мегӯям. Худованд танаш сиҳату умраш дароз бошад.

    Нравится

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше