Душанбе-Дубай-Мадина-Макка-Ҷидда-Дубай-Душанбе

Рост аст, ки ягон кору амале бе розигии Худованд анҷом намешавад, балки ҳатто сурат намегирад. Ва новобаста ба хоҳишу интизориву ҳаросҳову орзӯҳо дилхоҳ кору амал ҳамон гунае оғоз шудаву ҷараён мегирад, ки офаридгор хоста бошад. Сафари мо ҳам бо мақсади Умра дар Мадинаи мунаввараву Маккаи мукаррама дар аввали моҳи марти соли равон бо хоста ва ризоияти Худованд буд. Он аз санаи 6-ум то 18-уми март идома ёфт ва ҳудудан як ҳафтаи он ба даҳаи раҳмати моҳи мубораки Рамазон иттифоқ уфтод, ки ин мояи сарфарозӣ ва шукргузории ман аст.


Пешопеш ба Сафири Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон, ҷаноби Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон (ва ҳама дастандаркорони ин сафару барномаи хуб) ҷиҳати фароҳам сохтани ҳамин имконият барои инҷониб ва ҷамъи ҳамраҳони мо изҳори сипос мекунам.
Сафари мо тариқи шаҳри Дубай сурат гирифт. Фосилаи миёни расидан ва парвози навбатӣ чанд соат буд. Бояд гуфт, ки ҳоло интизориҳо дар ҳамин гуна фурудгоҳҳо, ки ки микониятҳои васеъ доранд, на фақат дилгиркунанда нест, балки ҳатто шавқовар ҳам мегузарад. ДУБАЙ — калонтарин шаҳри Имороти муттаҳидаи араб буда, маркази маъмурии имороти ҳамномаш аст. Ин шаҳр маркази бузурги тиҷоратӣ ва молиявии он иморот ва тамоми Шарқи наздик аст, ки дар соҳили халиҷи Форс қарор дорад. Дубай шаҳрест, ки онҷо пайваста бузургтарин конфронсу фестивал ва намоишгоҳҳо баргузор мешавад. Барои мисол, аз 1-уми октябри соли 2021 то 31 -уми марти соли 2022 дар ин шаҳр намоишгоҳи ҷаҳонии Экспо-2020 баргузор шуда буд.

Фурудгоҳи байналмиллалаии Дубай — калонтарин фурудгоҳ барои мусофирон дар Аморати Муттаҳидаи Араб буда, ҳамагӣ дар чор километрии ҷанубу шарқии маркази таърихии Дубай ҷойгир аст. Он имкон дорад, ки солона барои бештар аз 80 миллион мусофир хизмат расонида, беш аз 2,1 миллион тонна борро интиқол бидиҳад. Қариб 6 миллиард доллар фақат барои сохтмони ин фурудгоҳ харҷ шудааст. Соли 2001 барномаи васеъсозии онро амалӣ карданд ва акнун ин фурудгоҳ дорои се терминал бо се сектор барои мусофирон, ду терминали боркашонӣ, намоишгоҳ иборат аз се толори бузург, маркази таъмир ва ташхиси техникии авиатсионӣ ва шуъбаву хадамоту хизматрасониҳои зиёде аст.

Мадинаи мунаввара

Сафарҳои зиёратӣ, махсусан Умра, ҳаловату оромиши фарқкунандае дорад. Боз ҳам агар онҳо маротибаи аввал сурат бигиранд. Инсонро раҳораҳ беҳтарин ва гуворотарин эҳсос фаро мегирад. Қалб лабрези фараҳ мешавад, ки Худованд барои ҳамин гуна сафаре, ки тули умр шояд як карат насиб мешавад, розӣ шуда аст. Ҳарфи сипос аз ин неъмат ва шукрона беихтиёр ва беҳисоб дар забон ҷорӣ мегардад. Баъди гузаштан аз назорати гумрукӣ ва қайди сарҳадот мо бо автобус, ки аллакай интизорамон буд, то меҳмонхона омадем. Он Кроун Сити ном дошт ва чанд қадам дуртар аз Масҷиди набавӣ ҷойгир буд. Утоқи ман 564 буд. Ин рақам дар илми рақамкушоӣ маънии тағирот ва навгониро дорад. Ва воқеъан ҳам дар зиндагии ман, мешавад гуфт, ки аз саҳни ҳавлии Масҷиди Пайғамбари Ислом, ҷаноби Расуллаллоҳ (с.а.с) саҳифае наве кушода гашт. Ягон ҷумлаву сухану ҳарф наметавонад байёнгари он лаҳзаҳо бошад ё дурустараш қудрати инъикоси ҳамин оромиш, ҳамин ҳаловат ва ҳамин эҳсоси гувороро надорад….

Шумо аз ҳавои тозаи Мадинаи мунаввара нафас мегиред, шумо қадамҷойи беҳтарин ва бузургтарин мард ва инсонро мебинед, шарфаи пойи бузургтарин касонро эҳсос мекунед, садои азони намози онҳо аз дурии солҳо ба гӯшатон мерасад, овози тасбеҳу зикр ба равону ба ҷонатон оромиши дигар мебахшад, накҳати гуворое бо самти ҳаракати шамол рӯҳатонро болида мекунад. Баъди ҳар гузар аз равзаи ҳабиби Худо як эҳсоси ифтихоролуда, гуворо ва роҳатбор ҷисму ҷонатонро фаро мегирад, гуё дасти бораҳм ва нарме ба рӯят кашида мешавад, ки аз таъсисри он ашки чашмонат ҷорӣ мегардад. Шумо шаҳомат ва қадру манзалати як инсони комил ва фиристодаи Худоро ҳаминҷо эҳсос мекунед, шумо муҳаббат ва дӯстдории мардуми мусалмонро нисбат ба як Пешво ва Муаллими башарият маҳз ҳамин ҷо шоҳид мешавед, шумо баробарии инсонҳоро пеши Худо ҳаминҷо мебинед, шумо дараҷаи болотарини меҳрубонӣ, имон, ихлос ва самимиятро нисбат ба як фарде, ки касе аз имрӯзиён аз наздик ӯро ҳатто надидаву аксашро ёд надорад, бо чашм мебинед…

Ин масҷид ва масоҷиди дигари гирду гӯшаи шаҳри Мадина баёнгари даврони душвор ва ҳамзамон тақдирсозе барои мардуми мусалмон аст. Шумо дар чеҳраи ҳар зоир ва ҳоҷӣ қаҳрамонҳои ҳикоёти таърихӣ ва диниро мебинед, шумо тасаввур мекунед, ки пайравону ҳамсӯҳбатони ҷаноби Расуллуллоҳ (с.а.с) мисли зиёраткунандагони имрӯзи Мадинаи мунаввара ҳамин гуна мардуми одӣ, меҳнаткаш, покиза, ростгӯ ва боимоне буданд. Бузурги ва ҳашамати ин масҷид ва равзаи муқаддас имони шуморо комил, рӯҳатонро болида ва қалбатонро нарму ором мекунад…

Мадина — шаҳрест дар наздикии ноҳияи Ҳиҷоз дар қисми ғарбии Арабистони Саудӣ. Он қаблан Ясриб ном доштааст. Баъдтар онро Мадинат ан Набӣ («шаҳри пайғамбар») ва ё ал Мадинат ал Мунавара ном мебурданд. Шаҳри Мадина, баъди шаҳри Макка — дувумин шаҳри муқаддас барои мардуми мусалмон аст. Чаноби Расуллаллоҳ, ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) соли 632 дар ҳамин шаҳр реҳлат кардаанд. Мадина шаҳрест, ки дар он аввалин масҷиди мусалмонон — Масҷиди Ал-Қубо сохта шудааст. Аввалин хиштҳои онро Паёмбари Ислом — Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) бо дастони мубораки худашон гузоштаанд.

Дар чанд рӯзи меҳмони Мадина будан ман фақат як акс дар саҳифаи фейсбук гузоштам, ки қиссаи он ҳам ҷолиб аст. Баъди чанд дақиқаи ин кор як дӯсти фейсбукии мо навишт ва пурсон шуд, ки дар кадом қисмати Масҷиди набавӣ ҳастам? Мо, ки акнун ба омаду рафт аз дарвозаи 305 ва дари 5-уми Қубо одат карда будем, ҳамин нишониро гуфтам. Баъди якчанд дақиқа рӯ ба рӯям як ҷавони тоҷик, корманди як ширкате, ки ба қабули зоирон дар ин макони муқаддас машғул будаанд, меистод. Бузургии радио ва дӯстони радиоии мо ҳам ҳамин аст, ки сад сол пештар шуморо шунида бошанд ҳам, фаромӯш намекунанд ва эҳтироматонро, чун як қаламкашу эҷодкор, ба ҷо меоранд.
Ин дӯсти мо ҳам гуфт, ки ҳамеша бо гурӯҳи зоирин аввал ба Макка ва баъд аз онҷо ба ватан бармегашт, аммо ҳамин сафар ду рӯзи комилан холӣ дорад, ки метавонад бо мо ва дар тамоишои беҳтарин мавзеъҳои Мадинаи мунаввара гузаронад. Мо якҷо бо гурӯҳ фақат баъди ду рӯз ҳамон мавзеъҳоро тамошо меравем. Гузашта аз ин дидани мавзеъи Ҳандақ дар нақшаи гурӯҳи мо нест.

Рӯзи аввал ман ва ӯ пиёда атрофи Масҷиди набавиро тамошо кардем. Роҳбалади касбӣ ва донишманд, ки буд, ҳама нақлу ривояту қиссаҳояш асоснок, ҷолиб ва шуниданӣ буданду маълумоте, ки пешниҳод мекард, бо далелу бо мадрак. Ин мисраҳо баъди ҳамин сайри таърихӣ ва сабти бинои масҷиди Ғаммома ва кабӯтарони саҳни ҳавлии он дар утоқи меҳмонхона пайдо шудаанд. Ҳатто фикр кардам, ки маҳз ҳамин кабутарҳо буданд, ки кадом вақт ман аз тирезаи утоқи кориам дар ГЖК ба онҳо гандуму донаи ҷуворимакка медодам:

Эй шамси дин ба ҷону ба сина, куҷо шудӣ?
Молики қалби беғашу кина, куҷо шудӣ?
Эй нури рӯ ба Маккаву Санъову Ар-Риёз,
Эй зеби Шому Мисру Мадина, куҷо шудӣ?

*******

Шаҳре садои дӯст ба гӯшаш, куҷо шудӣ?
Бори фироқи туст ба дӯшаш, куҷо шудӣ?
Ғаммома ғарқи ғам шудаву шишта бо алам,
Дар сӯги ёри сабзинапӯшаш, куҷо шудӣ?

*******
Рӯзи дигар, ки ман дар бораи ин ҳамватан ва сайру гашти шабина барои ҳамгурӯҳон гуфтам, баъди адои намози пешин чанд тан хостанд, ки ҳамроҳи мо бошанд ва мо имрӯз ва пештар аз гурӯҳ чанд мавзеъи таърихии дигарро мисли Ҳандақ, Кӯҳи Уҳӯд, Масҷиди Қубо ва Масҷиди қиблатайн тамошову зиёрат кунем.

Баъдтар бо сабаби он, ки фардо гуруҳӣ ба он ҷойҳо хоҳем рафт, дигарон аз кирои такси ва рафтан даст кашиданд. Ману акаи Абдуҷаббор ва роҳбалади ҷавони акнун шинос бо кирои як такси ба роҳ баромадем. Баъди он, ки дар назди бозори хурмо мошини мо ҳини ба қафо ҳаракат кардан ба мошини сабукрави дигаре бархӯрд, тааҷҷуби ман ба мошинҳо дар ин шаҳр бештар гашт. Ронандаи мо ва он ронандаи ҷабрдида дар ду дақиқа ба мувофиқа расиданд ва мо боз ба роҳ баромадем. Ман ростӣ надидам, ки ронандаи мо ба ӯ пул дода бошад ва ҳамин чиз боиси тааҷуби ман шуд. Тарҷумон ва роҳбалади мо асрори ин муносибатро ба мо фаҳмонд. Аксарияти ин ҳолатҳо бо созиш ҳал мешаванд, мисли ҳамин ҳолат, ки ман шоҳид будам. Баъди ин бо тавсияи ронанда ва роҳбалад ман ба мошинҳо таваҷҷӯҳ кардам. Аксарияти онҳо зарбхӯрдаву осебдидаву харошида ҳастанд. Шояд ҳамин чиз, яъне зиёд будани ин ҳолатҳо, мардумро фориғболу бепарвотар кардааст ва як сабаби дар кишварҳои дигар зиёд будани мошинҳои осебдида, ки аз шаҳрҳои арабӣ бурда мешаванд, ҳамин чиз аст. Тамошо ва зиёрати мо он рӯз хеле ҷолибу муфиду шавқовар буд.

Хубии ин сафар ва ҷойи меҳмонхонаи мо ин буд, ки ба Ҳарам хеле наздик буд ва мо имкон доштем, пайваста намозро дар масҷид гузорем ва дар ҳоли зарурат пиёда ва хеле осон ба меҳмонхона баргардем.
Дидори дигари ҷолиб — бо имомони Масҷиди набавӣ буд. Мардуми зоир ба қироат ва суханронии ӯ бо диққат зеҳн монданд. Касе худаш арабиро мефаҳмид ва барои касе ҳам тарҷумонҳо суханони имомро баргардон мекарданд…

Он ҳафта мо намози ҷумъаро дар яке аз беҳтарин масоҷид — Масҷиди Паёмбари Ислом, Муҳаммад (с.а.с) дар шаҳри Мадинаи мунаввара баргузор кардем. Воқеъан ҳам, шахс баъди бозгашт хумории он мавзеъ ва маконҳои муқаддас мешавад. Хуш ба ҳоли оне, ки дар чанд рӯзи буду бош дар шаҳри Мадина вақти бештарро бо намозу зикру ибодат дар масҷиди набавӣ мегузаронад, он ҷое, ки барои ҳар ракъати намози гузошта савоби 1000 ракъат ваъда шудааст.

Куҳи Уҳӯдро имрӯз акнун мо маротибаи дуюм буд, ки медидем. Агар дар навбати аввал, чун миёни асру шом буд ва мо дар масҷиди канори он кӯҳ намоз гузошта натавонистем, дар 15 дақиқае, ки ин карат барои мо фурсати дидану тамошо доданд, ман дар таҳоратхонаи он масҷид таҳорат гирифта, ду ракат намози нафл хондам. Вақте ки шахси мусалмон қиссаҳои воқеъии ҳарби Уҳудро мешунавад ва ҳамон манзарарро пеши рӯ мебинад, ҳолати комилан дигаргунае ӯро фаро мегирад. Шахс бори дигар ба имони мардум қоил мешавад, маротибаи дигар ба эътиқод ва боварии мардумоне, ки дар канори Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) дар набард буданд, ҳавас мекунад. Ман ҳамин ҷо баргашта қоил шудам, ки Паёмбари ислом дар баробари ҳама афзалият ва бартариҳое, ки доштанд, стратег ва лашкаркаши шӯҷоъ, донишманд ва пухтакоре будаанд. Ҳарфе, ки бо дидани гӯристони шаҳидони Уҳуд бе ихтиёр ба забон меояд, ин аст, ки «Худованд, ин ва дигар шуҳадои роҳи ҳақро биомурз, раҳмату мағфират кун ва дар Ҷаннати ҷовидон макон деҳ…»

Чопхонаи Мадина, ки онҷо фақат китоби Қуръон нашр мешавад, бо ҳамон ҳавлии зебову пурсоя ва буйи рангу коғаз дар хотири ман хоҳад монд. Инҷо баъди тамошои навор дар мавриди кору фаъолияти ҳамин ҷопхона ба ҳар зоир як китоби Қуръон тақдим шуд.

Ҷойи дигаре ки воқеъан ҳам барои ман таъсири амиқ дошт ва баёнгари омезиши дастовардҳои навтарини илму техника, таърихи ислом ва Паёмбари азизаш — Муҳаммад (с.а.с) буд, осорхона-намоишгоҳ бахшида ба Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) буд. Шумо ҳоло шояд ҳайрон шудед, ки дар он осорхона-намоишгоҳ аз он даврон чӣ нигораро мешавад пайдо карду гузошт? Вале, муассисон тавонистанд, ки моро дар ҳайрат гузоранд. Тамоми иттилоъ, намоиш ва муаррифиҳо тариқи экранҳо буд. Шумо ба воситаи экранҳои сенсорӣ дар дилхоҳ мавзӯе, ки хоста бошед, маълумоти электрониро пайдо мекунед. Ҳатто намунаи асбобу анҷомеро, ки замони зиндагии Паёмбари Ислом (с.а.с) истифода мешудааст, ба таври электронӣ дида метавонед. Толорҳои алоҳидаи ин намоишгоҳ-осорхона ҳар кадом ба паҳлуҳои алоҳидаи зиндагӣ, фаъолият, кору пайкори Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) ва хонаводаву саҳобаҳову пайравони вафодору боимон бахшида шудааст.

Барқарорсозии мавзеъ ва ҳаводиси он айём дар шакли макет ва ба гунаи электронӣ боиси он мешавад, ки шумо худро як ҷузъи он ҳаводис ва рӯйдод тасаввур кунед, иттилои бештар ва дақиқро дар бораи ҳар шахсият ва рӯйдод ба даст оред. Ин осорхона-намоишгоҳ, ки дар шафати Масҷиди набавӣ ҷойгир аст, як толори калоне ҳам дошт, ки мо дар он филми хуби таърихиеро дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) тамошо кардем.

Субҳ боз аз он ҷиҳат гуворо ва роҳатбор буд, ки пушти дари баъзеҳо иҷозаи вуруд ба равзаи Расуллуллоҳ пайдо гашт. Мо, ки аз ин неъмат бебаҳра будем, бо аз пушти дари ҳуҷраи меҳмонхона гирифтани бастае, ки дар он эҳром буд, қаноат кардему шукри беҳисоб. Чанд карат гузар аз канори равзаи Ҷаноби Расулуллоҳ (с.а.с) ҳам барои ман аз бахти баланд буд…

Кӯчаҳои Мадина — ин шаҳри мунаввару муқаддас, ҳамагӣ лабрези зоирон аст. Ҳар кадоми онҳоро эҳтирому имони комил ба парвардигори оламиён ва ба дин, муҳаббати Ислом, дӯстдории Расули Худо (с.а.с) то ба ин дуриҳо овардааст. Ман камоли қаноатмандиро аз намозу ибодат инҷо эҳсос мекунам, ман аз нӯшидани оби мусаффои «Зам-Зам» сер намешавам, ман нафаси азизтарин шахсонро, ки барои Ислому Қуръон ҷони худро фидо кардаанд, эҳсос мекунам, симои онҳо дар лавҳи хотирам ба ҷилва меоянд, садои азону такбири аввалинҳо ва беҳтаринҳо ба гӯшам мерасад ва дар симои ҳар зоир, ки миёнашон фақиру камбағал, бойю сарватманд, зану мард, оиладору муҷаррад, пиру ҷавон, солиму маъюб ва намояндаи халқияту миллатҳои мухталиф ҳастанд, онеро мебинам, ки ба беҳтарин арзиш ва муқаддасот эътимод ва эҳтиром дорад, имони комил дорад, ки акнун он боз ҳам комилтар мешавад…

Маккаи мукаррама.

Ман нияти умра мекунам. Ба ман осон гардон ва аз ман қабул кун.

Сафари мо аз Мадина то Макка бо автобустҳои бароҳат сурат мегирад. Ҳамон воситаи нақлия, ки моро аз фурудгоҳ то маркази Мадина оварда буду дар дохил то макони беҳтарин мавзеъҳои зиёрату таърихӣ бурда буд. Акнун мардуми дохили автобус, ки намояндагони чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ФР, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам буданд, лаббайкагӯён ҳаракат мекарданд. Аз ҳамин ҷо акнун шодиҳо бештар мешаванд, ҳавасҳо зиёдтар ва интизориҳо тоқатфарсо мегарданд. Ҳар кас ба гумони ғолиб интизори расидани ҳамон лаҳзаест, ки Каъба — он хонаи умеду ормон рӯ ба рӯяш пайдо шаваду имкон фароҳам бирасад давраш бо ҳафт карат ошиқона чархидан ва анҷоми тавоф барои ҳамин лаҳза беҳтарин зиёрату кору амалро анҷом бидиҳад. Фазои автобус пури овозу навои лаббайку шукрона аст:

“Лаббайка аллоҳумма лаббайк. Лаббайка ло шарика лака лаббайк. Инналҳамда ван-ниъмата лака вал мулк, ло шарика лак”.
“Ё Аллоҳ! Омода ва фармонбардори дастури ту ҳастам. Дастури туро иҷобат мекунам, ҳеҷ шарике надорӣ. Сипосу неъмат ва подшоҳию қудрат махсуси Туст, ҳеҷ шарике надорӣ”.


Баъди шом буд, ки мо вориди Ҳарам шудем. Рамазон, ки савоби Умра дар ин моҳ тибқи аҳодиси саҳеҳ хеле баланду бештар аст, мардуми зиёдеро ба Маккаи Мукаррама, ба давру бари Қаъбаи зебову нозанин меорад. Мо фақат дар ошёнаи болотарини масҷид ҷой пайдо кардаву намози хуфтанро хондем. Маслиҳат шуд, ки баъди ин ибодат ба тавоф ва адои аркони дигари Умра шурӯъ мекунем ва рафтем ба даври он хонае, ки соҳибаш ҳаминҷову нопайдост, биност на чашм, гӯёст на ба забон ва шунавост на ба гӯш…

Барои донистан.

Тавоф — маросими махсуси гардидан гирди хонаи Каъба, ҳангоми ҳаҷ намудан, яъне давр задан аст. Тавоф дар луғат ба маънои давр задан ва гирди чизе гаштан ва дар истилоҳи шаръ ба маънои гирди хонаи Каъба давр задан аст. Тавофи маснун аз ҳафт давр иборат буда, ҳар даври он аз рӯ ба рӯи рукни Ҳаҷар-ул-асвад шурӯъ ва дар он ба поён мерасад. Аз нигоҳи шариати ислом тавоф танҳо дар атрофи хонаи Худо ҷоиз асту халос. Ҳар як даври тавофро шавт меноманд (Аз Википедия)

Ин манам ё на манам? Ин ҳамон хона аст? Худоё, ин хонаи ту аст!!! Вале оё ин манам? Ҳамин девона, ҳамин гунаҳкор, ҳамин бепарво, ҳамин ....?! Ин дуруғгӯ, пургунаҳ, таъхиркор дар иҷрои рисолати мусалмонии худ, бепарво дар иҷрои фаризаҳои динӣ. Ман ҳамонам? Пас, туӣ, эй Худованд, бешак бахшандаву меҳрубон, раҳмону раҳим, раззоқу маннон, кабиру бузургу бениёз. Гуноҳи маро бубахш, гуноҳҳои сағираву кабираамро...Туйӣ, оне, ки бо кӯҳ-кӯҳ гуноҳ умедвори авфу бахшишат мемонем, туйӣ оне, ки ҳазор мисли ман тавбакардаву баргашта муртакиби гуноҳгардидаро ҳатто ба хонаат мехонӣ, ки баргашта аз гуноҳаш бигзарӣ, баргашта шонси ислоҳ шудан ва дигар шудану беҳтар шудан бидиҳӣ? Туйӣ, ки бо имкони дидани ҳамин манзара ҳушдор медиҳӣ, ки "шукри неъмат карданро биомӯз, савобу хайрро ёд бигир, баракати беандозаро шоҳид шав, бузургии маро ба ёд овар, садоқат, имони комил, боварӣ ва эътимодро ба офридгорат бубину қоил шав..."

“Раббано отино фи-д- дунё ҳасанатан ва фи-л-охирати ҳасанатан ва қино
азоба-н-нор”


Барои донистан.

Яке аз воҷиботи ҳам умра ва ҳам ҳаҷ саъйи байни Сафо ва Марва мебошад. Ҳаҷгузор саъйи худро аз Сафо шурӯъ намуда, дар Марва ба поён мерасонад. Дар миёнаи саъйгоҳ дар ду тарафи роҳрави он ду мили сабз, яъне ду чароғи сабз дар деворҳои масҷид гузошта шудааст. Ин ду мили сабз дар ибтидо ва интиҳои ҷойҳое гузошта шудаанд, ки дар он ҷо каме тезтар ва бо суръат ҳаракат кардан лозим аст. Саъйкунанда дар миёнаи ин милҳои (нишонаҳо) сабз, агар боиси озори касе нагардад, суръати ҳаракати худро метезонад. Он суръати тезро ҳарвала (давидани миёна) мегӯянд. Аз Сафо то Марва як навбат ва аз Марва то Сафо ду навбат рафту баргашти саъйро ташкил медиҳад. Бинобар ин, охирин даври саъйро дар Марва ба поён мерасонад. Саъй ба монанди тавоф аз ҳафт бор рафту баргашт иборат мебошад. Занҳо дар тамоми саъйи худ, яъне дар миёнаи милҳо (нишонаҳо)-и сабз низ ба сурати одӣ ҳаракат мекунанд (Аз Википедия)

Худовандо! Бо оби чашм, ба лаб сад ояву муноҷот, такбиру ҳарфи ихлос ва албатта сухани авфу бахшиши гунаҳҳо ба даври хонаат мечархам. Бо ба муқобили гардиши соат чархидан гӯё банду риштаҳои сардаргум ва печидаи рӯзгори нобасомон ва дунёи фонӣ, ки мисли риштаҳои ким-кадом марду зани ҷодугар ҷисму тану рӯҳу равони маро печидаанд, кушода мешаванд. Бори гароне, ки яқин дар миёни он бухлу ҳасаду кина ҳам кам нест, гӯё аз тоқчаҳои қалбу сари шонаҳо сарозер мешаванд. Сабукиро дар ҷисму рӯҳу равон эҳсос мекунам... Чӣ нидову хоҳишу дархосте, ки инҷо намешунавӣ, чӣ чашмҳоеро, ки лабрези ашку об намебинӣ...Инҷо ҳама меҳмони азизи ин Хона ва соҳиби хонаанд, инҷо муҳаббати Худои азза ва ҷалл ҳамаро муттаҳид кардааст, инҷо имони комил ва муҳаббати Худои ягона ҳама гуна тафриқаро миёни сарватманду фақир ва дорову нодор аз миён бурдааст, инҷо ҳамагӣ бо як забон ҳарф мезананд ва ибодат мекунанд - забони Ислом ва мусалмонӣ, забони имони комилу меҳру муҳаббату самимият нисбат ба Худованд...

Барои донистан
Эҳром — рукни аввали ҳаҷ ва умра, пӯшидани порчаи сафеди нодӯхта дар вақти маросими ҳаҷ. Эҳром барои ҳарду ибодат — ҳаҷ ва умра як хел аст. Шахси зиёраткунанда ҳамин ки ба яке аз миқотҳо расид, бо нияти анҷом додани ҳаҷ ва ё умра вузӯ ва ғусл менамояд ва ду порча либоси нодӯхтаи эҳромро мепӯшад. Он гоҳ ду ракъат намоз мегузорад.
Ҳангоми бастани эҳром бо дилаш анҷоми ҳаҷ ва ё умраро ният мекунад ва бар хилофи дигар ибодатҳо дар ин ҷо суннат аст, ки нияташро ба таври ошкор ва бо садои баланд изҳор намояд. Изҳори он чӣ тавре бо гуфтани талбия сурат мегирад, бо ифодаи ният ва ё бо дуъои тайсир ва қабули он аз сӯи Худованд низ ба ҷой меояд.
Дар ҳолати бастани эҳром ва ё пештар аз он хуб аст як силсила омодагиҳоеро ба тартиби зер ба ҷо оварад:
⦁ Нохунҳояшро бигирад, мӯйҳои зери ноф ва зери бағалашро тоза намояд ва мӯйлабҳояшро низ кӯтоҳ кунад. Зеро пас аз бастани эҳром то замони аз эҳром берун гаштан анҷоми ин амалҳо мамнӯъ мебошанд.
⦁ Дар вақти бастани эҳром, агар бихоҳад, бар худ хушбӯӣ ва атр занад, зеро ин кор низ то поёни эҳром ҷоиз нест.
⦁ Либосҳои эҳром беҳтар аст, ки сафед бошанд ва ё моил ба сафедӣ.
⦁ Ғусл кардан, хушбӯӣ задан ва омодагиҳои пеш аз эҳромро анҷом додан мустаҳаб аст.
Миқот — маҳал ва ҷойи махсусест, ки Расули акрам (с) онро барои эҳром бастани ҳоҷиён дар фосилаи дуртар аз шаҳри Макка муайян намудааст.
⦁ Зулҳулайфа — миқот барои сокинони Мадина, воқеъ дар 450 км шимолтар аз Макка, аз ҳама дуртарин миқот;
⦁ Зотуирқ — миқот барои сокинони Ироқ, воқеъ дар 94 км шимолу шарқи Макка.
⦁ Ҷуҳфа — миқот барои сокинони Шом ва Миср, воқеъ дар 187 км шимоли Макка;
⦁ Қарнулманозил — миқот барои сокинони Наҷд, воқеъ дар 94 км шарқи Макка;
⦁ Яламлам — миқот барои сокинони Яман, воқеъ дар 54 км ҷануби Макка
(Аз Википедия).


Бо ёди соҳиби хона ва баъди чанд ракъат намози нафл дар саҳни Қаъба ва рӯ ба рӯйи мақоми Ҳазрати Иброҳим (а) мо ба тай кардани масофаи миёни Сафову Марва меравем. Чӣ қадар мушкил аст дар макону фазои беобу гарму тамӯз ташна будан, танҳо фитодан, кафи поро дар сангу хасу хор хуншор кардан. Вале чӣ қадар бузург аст, қалбе, ки аз имон холӣ несту лабрези боварӣ ва умед аст. Чӣ қадар гуворо аст эътиқод доштан, умедвор будан, ба зоти пок таваккал кардану ба мақсуд расидан…

Барои донистан.

Мақоми Иброҳим — тахтасангест, ки ҳазрати Иброҳим (ъ) ҳангоми бардоштани деворҳои Каъба ва рӯи ҳам чидани сангҳо рӯйи он истодааст. Асари қадамҳои муборакаш дар он санг боқӣ мемонад ва он яке аз осори маҳфузмонда аз бунёдгузори хонаи тавҳид Иброҳими Халил (ъ) ва бино ба фармудаи Қуръон яке аз нишонаҳо ва оёти равшани Худованд дар Макка аст.
Бинобар ривоятҳои таърихӣ он санг то замони Расули Худо (с) дар тарафи чапи дари Хона наздики девори Каъба будааст. Вақте шумораи ҳоҷиён бештар мешавад, ҳазрати Умар (р) соли 17 ҳ. пас аз ҳодисаи сели Умминаҳшал, ки Мақомро бардошта ба поёни Макка бурд, онро хеле ақибтар дар охири марзи тавофгоҳ то он рӯз наздики Боби банӣ Шайба гузошт ва дар замин муҳкам кард. Мақоми Иброҳим то қабл аз тавсиаи аввали суъудӣ ба сурати кушода – бе ҳеч гуна рӯйпӯше мавриди диди мардум қарор дошт. Пас аз он болояш бо рӯйпӯше аз миси зард ва қуббаи зарде пӯшонида шуд ва бо пойдевори мармарӣ ба замин муҳкам карда шуд. Дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ тайи ҳазорон сол дар он танҳо мавзеи ду пои бузург боқӣ монда ва асари аз ҳам ҷудои ангуштон аз он маҳв гаштааст (маълумот аз Википедия).

Мӯйҳои сарам дар утоқи ким-кадом сартароши шаҳри Макка ба дохили чодаре, ки гирди сарам печида буд, мерехт. Кошке онҳо гунаҳҳоям мебуданд, ки ҳамин гуна осону мушт-мушт мерехтанд...
Ҳамон матоъе, ки эҳромро пурраву комил карда буд, руйи як кати хоб ва ман рӯйи кати дигари ҳуҷраи 1913 дар ошёнаи 19-уми меҳмонсаройи "Мерриот", чанд қадам дуртар аз Ҳарам, гӯё куфти сафари имрӯз ва гардишгариҳои пиёдаро мебаровардем. Оромие доштам, ки намунаашро чандин соли охир ёд надорам, қаноатмандие доштам, ки мислашро аслан ҳеҷ вақт то ҳамин шаб ҳис накарда будам, ҳаловате доштам, ки онро намешавад, бо истифодаи ҳарфҳо ва калимаҳо баён кард... Ва ҳам ҳамон шаб ким-кадом хобҳоеро ҳам дидам, ки фикр мекунам баёнгари аҳволи ҳамон шабу ҳолати рӯҳиям буданд...

Барои донистан

Ҳаҷар-ул-асвад — санги сиёҳе, ки дар рукни шарқии хонаи Каъба ҳудуди 1,5 м баландтар аз сатҳи замин дар тарафи рости дари Хона гузошта шудааст. Ранги он сиёҳтоби моил ба сурхӣ буда, дар он донаҳои сурхранг ва гоҳе зардтоб дида мешавад.
Ҳаҷаруласвад хусусият ва таркиби шиҳобпора (метеор)-ӣ дорад ва ин илман собит месозад, ки он аз сангҳои осмонӣ мебошад, ҳамон гуна ки Расули Худо (с) ин воқеиятро дар чандин ҳадис баён намудааст. Вале набояд иштибоҳан чунин пиндошт, ки он низ ба мисли дигар шиҳобпораҳо дар гузаштаҳои дури таърих ба замин афтода ва одамон онро гирифта дар хонаи Каъба гузоштаанд, балки он бо амри Худованд ба замин фиристода шудааст.
Нишонаи дигаре, ки ба қадосати ҳарам азамати хосе мебахшад, он аст, ки рукн (ҳаҷару-л-асвад) ва мақом ҳарду аз ёқутҳои Ҷаннат ҳастанд ва Ҳаҷаруласвад аз Биҳишт оварда шудааст. Дар ҳадиси саҳеҳе дар Сунани Тирмизӣ (878) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: «Рукн (Ҳаҷаруласвад) ва мақом ду ёқуте аз ёқутҳои ҷаннат ҳастанд, ки Худо нури онҳоро тира сохта. Агар Худо нури онҳоро тира намесохт, аз машриқ то мағрибро рӯшан месохтанд». Дар ҳадиси дигаре бо ривояти Тирмизӣ (877) мефармояд: «Ҳаҷаруласвад аз биҳишт, дар ҳоле ки аз шир ҳам сафедтар буд, фуруд омад, пас аз он гуноҳони одамизодагон онро сиёҳ намуданд» (Аз Википедия)


Субҳ маро садои азон медор мекунад.
Садое, ки тариқи балангӯякҳои дохили утоқи меҳмонхона ба фазои ҳуҷра мепечад. Банди хобро канда мекунад ва маро аз олами марги муваққате ба дунёи санҷишу имтиҳон бармегардонад. Ин ҳуҷра, ки як шаб зистан онҷо бештар аз 4,5 ҳазор риёл арзиш дорад, ҳама чиз дорад. Баландгӯяке ҳам, ки шумо тавассути он тамоми раванди намозро дар Ҳарам аз утоқи худ мешунавед ва ҳатто он садоро бо хости дидатон пасту баланд ҳам мекунед. Аммо зеботарин нуқтаи ин ҳуҷра — намои ҳавлии Масҷид-ул Ҳаром аст. Ман ин зебоиро аз тирезаи ҳуҷраам дар меҳмонхона назора мекунам ва баргашта ба бузургии он хонаву соҳибхона қоил мешавам. Ба имону эътимод ва эътиқоди мардуми мусалмон низ ҳамчунин…

Эй бенишони пур зи нишона, куҷо шудӣ?
Маънии байту шеъру тарона, куҷо шудӣ?
Бурдам ба лаб дуои фироқат, ки то расад
Оҳам ба гӯши соҳиби хона, куҷо шудӣ?

Барои донистан
Дар охири солҳои 1980-ум ба таъмири Масҷид-ул Ҳаром иқдом карда шуд. Ба он аз тарафи ҷанубу-ғарбӣ бинои бузург бо ду манораи иловагӣ замима карданд. Маҳз дар ҳамин бино даромадгоҳи асосӣ қарор дорад — Дарвозаи подшоҳ Фаҳд. Айни замон Масҷидулҳаром — соҳиби 9 манора аст, ки баландиашон то 95 метр аст. Ба ғайр аз 4 дарвоза, 44 даромадгоҳи дигар низ дорад. Дар бино зиёда аз 500 сутун аз санги мармар сохта шудааст ва дорои 7 эскалатори амалкунанда мебошад. Ҳаво дар ҳуҷраҳои асосӣ ба воситаи ғуборкаш тароват мешавад. Дар ҳавлии масҷид ҷойҳои махсус барои намоз ва таҳорат пешбинӣ шудааст, ки ба қисмҳои мардона ва занона ҷудо мешаванд
Аз соли 2007 то 2012 аз рӯйи қарори подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдул Азиз Ал Сауд таъмири нав ва густурдаи масҷид гузаронда шуд. Дар вақти васеъ кардани масҷид, корҳо асосан дар самти шимолӣ баргузор шуд. Боз ду манораи дигар сохтанд, инчунин «Дарвозаи подшоҳ Абдулло» кушода гашт. Баъди таъмир акнун дар маросимҳо метавонистанд то 2,5 миллион одам якбора ширкат варзанд. Арзиши таъмир он вакт бештар аз 10,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил карда буд. Ҳамон замон (соли 2011), назди кунҷи масҷид, бузургтарин дар ҷаҳон маҷмӯи биноҳои баланди зист Абраҷ ал Байт сохта шуд (Аз Википедия)
Хазрати Имом Абуханифа (р) дар соли 96 х/714 – м хамрох бо падари бузургвораш — СОБИТ, ки марди тоҷир ва сарватманде буд, ба зиёрати хонаи Худо ва зиёрати оромгохи Хазрати Расули Акрам (с) ба Макка ва Мадина сафар намудаанд. Он вақт синни муборакашон ба шонздах расида буд. Имоми Аъзам дар тули умраш 55 маротиба ҳаҷ кардаанд.

Чанд рӯз баъдтар мо ва гурӯҳи дигари зоирин, ки дар доираи барномаи махсуси меҳмонони шоҳ ба зиёрату ба умра омада буданд, вохӯрие доштем бо имоми Маккаи мукаррама. Аз ин нишаст, сӯҳбат ва муошират зоирин хуб баҳравар шуданд. 

Рӯйдоди дигари барои ман хеле муҳим — баргузории намози ҷумъа дар Масҷид-ул-Ҳаром буд. Худованд дар ду ҳафтаи охир бо ман он қадар меҳрубон буд, ки имкон фароҳам сохт ҳафтаи пештар намози ҷумъаро дар Мадина ва инак, ин ҳафта дар Макка гузорам. Хондани ҳама гуна намоз дар ин бузургтарин масҷиди дунё на фақат рӯзҳои ҷумъа, ки ҳамеша гуворо ва хостанӣ аст. Ҳаловат ва қаноатмандии нотакроре доранд онҳо.

Ҳамон рӯз буд, ки хоҳарам дар мавриди Умра барои модарам навишт. Ман, ки акнун то ин вақт ғайри шаби аввал боз як тавофи дигарро ҳам гирди он макони муқаддас анҷом дода будам, ба хулосае меоям, ки бо рафтану ният кардан дар масҷиди Биби Ойиша ин карат умраро ба номи раҳматии модарам анҷом бидиҳам. Моро такси, ки дар Мадина аксаран бе ҳисобкунак ҳаракат мекунанд, то он масҷид овард ва баъди як муддат ба дари Масҷид-ул Ҳаром бозгардонд. Ва ман бо нияти умра ва либоси комилсозандаи эҳром ба бар боз ҳам рӯ ба рӯйи Каъба қарор дорам ва омодаи тавоф ҳастам. Садқаи номи модар, ки дар ният ва пеши рӯ ҳамеша нигоҳаш медоштам, ҳолате рӯх дод, ки дарвоқеъ мутаҳайирам кард. Анбӯҳи мардум, ки аслан китф ба кифт ва ба оромӣ роҳ мераванду тавоф мекунанд, гӯё ҳамин вақт пароканда шуд ва ман аз як кунҷи бароям наздиктарин рост ба девори Каъба расидам…

Мақоми Иброҳим (а)-ро ҳам, ки дар тавофи аввал имкони наздик шудан ба онро наёфта будам, аз наздик дидаву он қуббаро бо дастон палмосидаму навозидам. Иҷрои аркону шартҳои дигар ҳам самимона анҷом ёфт. Ҷисму ҷони дар гармӣ тафсида аз оби «Зам-Зам»-и ҷонбахш ҳаловат мебурд ва қаноатмандии комил аз ин тасмим ва ҳамин раванди гуворо ва хостанӣ маро фаро мегирифтj

Барои донистан
Ҳазрати Исмоил (а) — яке аз паёмбари ислом, писари калонии Пайғамбар Иброҳим (а) аз (Ҳоҷараи Мисрӣ) буд. Номаш дар Қуръон 12 бор зикр шудааст. Ӯ бо амри Худо Каъбаро ҳамроҳи падараш обод кардаст.
Дар ривоятҳо омадааст, ки ба сабаби рашк ва адовати ҳамсараш Соро ҳазрати Иброҳим (а)маҷбур шуд, ки канизак Ҳоҷара ва писараш Исмоилро дар биёбони беоб танҳо бимонад. Ҳоҷара, миёни теппаҳои Сафову Марва давида, кӯшиш мекунад, ки чоҳе ё обе пайдо кунад ва бачаи ташнаашро сероб кунад. Бо хости Худо, дар он ҷое, ки Исмоил мегиристу пой мезад, манбаи Зам-зам, сарчашмаи оби муқаддас дар Макка фаввора зад. Мардуми зоир ҳоло ҳамин гуна ҳафт карат масофаи миёни Сафову Марваро ба хотири ҳамин рӯйдод тай мекунанд. (Аз Википедия)

Ҷомадонамро шаб омода карда натавонистам. Хоб бар ман ғалаба кард. Соати 2-и шаб пештар аз ғизохурӣ ман ҷомандонро тайёр кардам. То соати 8-и саҳар мо бояд дар даромадгоҳи меҳмонхона бошем. Мо бо автобус аввал ба Ҷидда меравем. Аз он ҷо бо тайёра ба Дубай ва баъди як муддати интизорӣ ба Душанбе парвоз хоҳем кард.  
Ин саҳар барои намози бомдод бо тай кардани ҳамон масофае, ки ҳар рӯз тай мекардам, ба саҳни ҳавлии Масҷид-ул Ҳаром ворид мешавам. Ҳамон нишебӣ, буд, ки маро ҳар рӯз чанд карат давон-давон ба ҳавлии ин масҷиди муқаддас мебурд. Фарқ фақат ҳамин аст, ки ин охирин омаду рафти ман миёни меҳмонхона ва беҳтарин макони дунё - Хонаи Қаъба ва Масҷид-ул Ҳаром аст. Ба ҳар сурат орзӯ мекунам, ки охирин дар тамоми ҳаётам набошад...

Ман рӯйи қолинҳои сабзу муаттари ин масҷид ба зону мезанам, пешонаро барои саҷда мегузорам ва баъди ибодати Худои ягона ҳазор орзуву таманнову дуоро аз дил мегузаронаму ба забон меорам. Шукри Худованди бузург, ки имкон фароҳам сохт то саодати Умраву ибодату зикр дар Ҳарамайни муқаддас насибам шавад, насиб сохт, ки дар ҳар кунҷу канору саҳни ҳавливу ҳар куҷои дигари ин масҷид ва Ҳарами муқаддас намоз гузорам ва оби шифову хушмаззаву муқаддаси "Зам-Зам" -ро шикамсарӣ нӯши ҷон кунам ва барои наздикон ҳам тӯҳфа биёрам...

Барои донистан
Замза́м — чоҳ ё чашмаи обе дар Макка дар шарқи хонаи Каъба, ки бар асоси таълимоти ислом, аз нишонаҳои қудрати Худованд ва осори табаррук дар он сарзамин ба шумор меравад. Оби Замзам бино ба ривоятҳои саҳеҳ, пас аз сукунати Исмоил (а) ва модараш Ҳоҷар дар Ҳа­рами Макка бо зарбаи по ё боли Ҷабраил (а) пайдо гаштааст. Вақте обу ғизои Ҳоҷар пас аз чанд рӯзе сукунат тамом шуд ва тифлашро дид, ки аз ташнагӣ ба худ мепечад ва ду пояшро ба замин мезанад, дар талаби об ба кӯҳи Сафо, ки ба вай наз­диктар буд, баромад ва ба ҳар тараф нигоҳ кард ва чун чизе надид, ба сӯи кӯҳи Марва шитофт, вале дар он ҷо низ чизе пайдо накард. Вай ҳамчунон дар байни он ду кӯҳ саъй мекард, то он ки пас аз ҳафт бор садое шунид ва ба соҳиби он гуфт: Агар дар ту хайре бошад, ба фарёдамон бирас! Ба ногоҳ дар мавзеи ҷоҳи Замзам фаришта (Ҷабраил)-ро дид, ки бо пушти пояш ё бо шоҳпараш ба замин зад ва об аз он ҷо берун омад, он гоҳ ба Ҳоҷар гуфт: Аз зоеъ шудан биме надошта бошед, ки ин ҷо (ва бо дасташ ба сӯи баландие, ки дар он наздикӣ буд, ишора кард) хонаи Худост, ки ин кӯдак ва падараш онро бино мекунанд! Ва ҷои Хона замини баланде ба мисли теппа буд.
Модари Исмоил атрофи обро ҳавз мекард ва наме­гузошт ҷорӣ шавад. Расули Худо (с) мефармояд: «Худо модари Исмоилро раҳмат кунад, агар онро мегузошт, (имрӯз) чашмаи равоне буд» (Саҳеҳи Бухорӣ, 3364). Ибни Ҳаҷар ба нақл аз Ибни Ҳишом, Фокиҳӣ ва дигарон овардааст, ки барои ҳамин – ҳавз кардани оби он ё барои фаровонии обаш ва ё барои ҳазмаи (зарба)-и Ҷабраил (а) он Замзам номида шудааст.
Болои чоҳи замзам аз соли 1663 бо бино ва қуббае пӯшонида шуда буд, ки ба «Байтушшароб» маъруф буда, кормандони сиқоят аз он ҷо ба мардуми ҳаҷгузор об медоданд. (Аз Википедия)

Инсонҳо тӯли умрашон ба куҷоҳое, ки намераванд, чӣ корҳое ки намекунанд, киҳо ва чизҳоеро, ки намебинанд...Ҳисобу китоби онҳо, савобу аҷр ва гуноҳу уболи он ҳама рафтану кору амал ва беамалиро ҳам шояд мо анҷом дода натавонем. Аммо ба боварӣ бояд гӯям, ки ин сафар бо нияти УМРА беҳтарин сафари ман буд, ки беҳтарин хотираҳо, диданиҳо ва вохӯриҳову таасурот дошт. Ва ман ҳанӯз дар Мадинаи Мунаввара дарк карда будам, ки чаро аксаран бештар аз як бор ба зиёрати хонаи Худо ва маконҳои муқаддас мераванд. Мусалмони воқеъӣ, ки имони комил ва дили бораҳму нияти пок ва амалҳои холисан лиллоҳ дорад, ин корро фақат бо амри дилаш, барои қаноатмандии комил ва оромиши бештараш анҷом медиҳад. Барои он ба зиёрати Ҳарамайни шариф такроран меравад, ки боз ҳам ба такрор ҳамон гуворотарин эҳсосро тӯли умраш таҷриба кунад, боз ҳам чашмонашро бо наззораи он ҳама зебоиҳо бештар об бидиҳад ва боз ҳам маззаву лаззати нотакрори оби ҷонбахши "Зам-Зам"-ро ҳис кунаду гӯшу қалб ва рӯҳу равонашро дар ҳошияи ҳазору як хабари мудҳишу нодаркору камаҳамияти дунёӣ, дар беҳтарин масоҷиди олам бо шунидани сухани ҳақ аз Қуръони Маҷид лабрезу орому осуда созад...  

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше