Дили оча ба бача… (ҳикоя)

Инҷо барояш ҳам меҳроб асту ҳам минбар, ки ҳатто бештар аз вақту соати намозу ибодат ҳаминҷо аз Худову арвоҳи азизону шаҳидон, ки маконашон ҳамон гирду гӯшаи деҳа асту номҳояшонро аз модару модаркалонаш шунида буд, барои худаш мадад меҷӯсту барои писараш сиҳативу амону баракат. Ва аз он минбар, ки ними деҳа метофт, саду як насиҳату тавсияву таъкидро гӯё ба гӯши он азизи раҳдураш мегуфту мехонд…

— Оча, падарам маро фаромӯш кардааст- а?

— Не, бачам. Мардҳои ҳақиқӣ очаҳошонаву бачаҳошона фаромӯш намекунанд. Фаромӯш ҳам карда бошад, маро фаромӯш кардагист…

— Не, оча. Наход очаҳо ҳам фаромӯш шаванд? Ту ҳастӣ, ки падарам дилпур аст ва намеояд!

— Дилпурӣ дигар хел аст, бачам. Он чизе, ки ба сари мо омадааст, аз дилҳои холӣ аст.

— Ҷанҷоли шумо сари чӣ буд, оча?

— Ягон ҷанҷол набуд, бачам. Фақат духтарони деҳа тез калону қадрасу хушрӯй шуданд. Ё мо шояд тез пир мешавем…

— Ту пир нашав, оча..

— Барои чӣ?

— Ман ҳоло калон мешавам, пулдор мешавам, ҳамон либосвори маъқулатро аз мағозаи деҳа бароят мехарам, курта дӯзону пӯш, ана баъд пир шав…

— Майлаш, бачам…)))

Аз ин сӯҳбат қариб ду даҳсола мегузарад. Мисли аламҳои дигаре, ки кам нашудаанд, мӯҳтавои ин сӯҳбат ҳам аз хотираҳо кӯр нашудааст. Хотира аз роҳҳои сангӣ ҳам устувортар будааст. Пеши ҳамин як хотира чанд роҳи сангии деҳа кӯр шуду нест шуду рафт, аммо ин хотира ҳанӯзам боқист… Ӯ ҳатто умедвор набуд, ки ҳар чизи воҳиду ягонаву якто дар ҳошияи ин ҳама ғамҳое, ки дорад, кадом замоне дуто шаваду ҷуфт гардад. Мисли танҳоиву бедориву тарси ҳамешагиаш…

— Оча, район дур аст?

— Пул надошта бошӣ, дур аст, бачам?

— Ягон рӯз мара район мебарӣ, оча?

— Мактаба ки буд кардӣ, албатта мебарум! Бачаи ман зеби район дорад!

— Баъд дар район мардум мефаҳманд, ки мара фақат очам калон кардааст?

— Ҳо, бачам. Чашмони як умр интизори пури раҳму ғаму дард ва дили нозук даррав маълум аст, бачам…

Ба сари худаш сад хаёлу савдо буду ба сари писараш сад ҷойи кафидаву ғур парида аз санги таънаву маломати ҳамсояву хешу бегона. Ва аҷиб, ки соҳибони ин сарҳо на маҷоли додани ҷавоби сазовор ба рақибони худро доштанду на ҳавои берун рафтан аз сарҳади деҳаро. Модар бо ду се сураи азёд кардааш нигоҳҳои масту гушнаи як галла пирхари масту аластро аз рӯйю мӯяш дур мекарду писар аз таъна фақат зери боми лоину хасини китобхонаи деҳа панаҳ меёфт…

— Дигар китоб набуд, бачам?

— Буду урусӣ буд, ман намефаҳмам. Тоҷикиҳоша мардум гирифта, хонаҳошон бурдиян.

— Урусира намефаҳмам мегиву англисиша овардай кӯ, бачам? У карат ҳам ҳамитарӣ китоб оварда будӣ…

— Ин китобҳо суратҳои хушрӯ доранд, оча. Баъд ин, ки калимаҳову ҷумлаҳо бо тарҷумааш инҷо навиштагӣ аст. Муаллимаи Зӯҳро гуфт, ки ҳамин китоб барои бачаҳое, ки падарашон чанд сол шудааст, ки нест, фоида дорад….

— Ку аз китоби овардагиат хон ягон чӣ, бачам?

— Гӯш кун, оча. My mom is beautiful….(Писар саҳифаи дигарро мегардонад)

— Давомша нахондӣ, бачам?

— Давомашда гапҳои дурӯғ навиштагӣ аст, оча!

— Чӣ хел фаҳмидӣ, ки дурӯғ аст?

— Фаҳмидум. Як бор гӯш кунед да, як ҷумла мехонум, мефаҳмед: «Daddy loves me very much…» Фаҳмиден, оча?

— Не, бачам. Ман баъд аз синфи 9- ум аз мактаб баромада будам…

Бо нигоҳ модар бо роҳҳои риштаву хокии деҳа агар то канори роҳи калон мерафт, хаёлан дури дур мерафт — то кӯчаву хиёбони шаҳри калоне, ки писараш як вақт бо ҳавас шабҳои дароз дар бораи он ба модараш нақл мекарду акнун сокини онҷост. Ду соли дар аскарӣ будани писараш ҳам намозу дуову дурудаш рӯйи ҷойнамоз буду хайёлу орзуву ҳавасҳояш пеши ҳамин тиреза. Хаёлан гоҳ сӯйи аскарбачаи хушлибосаш медавид, гоҳ кадом мошини лентадорро бо писари шаҳашу арӯси чаканпӯшаш дар роҳҳои пурхоки деҳа тасаввур мекард, гоҳ сӯйи он дастагули дасти писарашу ширинии дасти келинаш хаёлан бо сад ҳавас аз истодани мошини зебои писараш то равон шудани оби дидаҳояш менигаристу менигарист…

— Номи он шаҳра чӣ гуфтӣ, бачам?

— Ню Йорк, оча. Ню Йорк.

— Суратоша чанд рӯз аст дар телефони Сорои ҳамсинфат мебинум, бачам…. Шаҳрҳои калон меган одама бемеҳр мекунад, хавотир мешам! Бибиат аз интизории падарат бечора, бемор шуду кӯр шуд…

— Хавотир нашавед, оча. Шаҳрҳо ва давлатҳо ҳамеша аз ҳамдигар фарқ доштанд, мисли одамон ва қисмати онҳо.

— Бачам, дар он шаҳри калону роҳҳои печ дар печ одамон раҳгум намезанад?

— Раҳгум мезанад, оча. Онҳо асосан ҳамонҳоеанд, ки ҳамеша бо пойи дигарон роҳ мерафтанд аз домани дигарон медоштанд, пайроҳаҳои осонгузар мекофтанд, онҳоеанд, ки хеле барвақт дар роҳҳои деҳаашону зиндагии пур аз сохтакориашон раҳгум зада буданд…

— Бачам, хоб надори ту?

— Ним соат пас инҷо бомдод аст, оча ва офтоб мисли ҳамеша аз шонаи биноҳои бадвоҳима боло мешавад. Тулӯи офтобро дар деҳа мисли замони кудакиҳоям, ёд кардаам, оча…

— Дипломта, ки гирифтӣ, пагоҳуш биё, бачам… Очаат ҳам ранги ҳамон офтоби шонаи кӯҳҳо аст…

— Чӣ китоб аст дар дастатон, оча?

— Ҳамон китобе, ки аз китобхонаи деҳа оварда будӣ. Ту рафтиву ман онро дигар насупоридам. Ба ҷояш ба апаи Зӯҳро чанд китоби дигар бурдам…. Хаёл мекунам, ки дар саҳифаҳои он пайи дастону ангуштони ту боқӣ мондааст. Тавба, китобат ҳатто бӯйи туро дорад, бачаҷон. Шояд барои он, ки ман, инак чанд сол аст, мисли худат ҳар шаб онро таги болиштат мегузорам…. Наханд, рост мегум…

— Кани бинед ку, оча, ҳамин матн чӣ тарҷума мешавад: «Мom, I miss you. Mom, you are the most beautiful. Good night, my angel…»

Борон субҳи барвақт гӯё роҳҳои деҳаро барои омадани меҳмони азизу раҳдуру деринтизоре об зада буд. Ва ҳамон борон ашки модарро, ки аз шодии дастоварду парвозҳои писараш буд, дар ожангҳои ҷӯя-ҷӯяи рухсорааш панаҳ мекард…

Один ответ

  1. Қиссаи аҷоиб, бо ҳавас хондам, очаамро ёд кардам… кай боз надидаам…

    Нравится

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше