“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (13)

Ҳар субҳ ба худ хосият ва ҷолиб оғозе дорад. Хаёл кардам, ки дар Варшава ҳаво чанд дақиқа пас тағир меёбад. Аммо субҳи ман бо сайругашти пиёда атрофи меҳмонхона сар мешуд. Баъд ба ошхона меравам. Он ҷо ҳар гуна мардумро дидан мумкин аст. Ду рӯз аст, ки кормандони ошхона мардумеро, ки ҳам субҳона кардаву ҳам барои нимарӯзашон ғизо гирифта, аз ошхона баромаданӣ мешавад “дастгир” мекунанд. Тақсимчаи баъзеҳородида кас дар тааҷуб мемонад! То лабрез шуданаш ба он ҳар чизе, ки дар рӯи он мизи шведӣ аст, “бор” мекунанд. Онро дида бовариам комилтар мешуд: “тоҷикон гурисначашму пурхур нестанд!”  Читать далее

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил (10)

Буду боши мо дар шахри орому сокити Нексвил ба охир расид. То имруз хама хурсанд буданд. Лекин имшаб хайати гурухро бемории санги гурдаи хамгурухи мо Александр Тузов аз хафтаномаи «Вечерный Бишкек» норохат кард. Субх у ба ман занг зад, ки «Субхон, ту ягон доруи таскинбахши дард надори?» Маълум шуд, ки дарди гурдааш хуруч кардааст. Бояд гуям, ки инчо мо хамаамон варакаи сугурта дорем. Хамон ба кор омад. Уро тарчумон ва рохбалади мо Леонид ба беморхона бурд. Баъди навбатпойи ва ташхис санги гурдаро ошкор кардаанд ва акнун уро чаррохи мекунанд. Вале бе нештару хуну халаф! Табибон гуфтаанд, ки баъди 24 соати чаррохи метавони бо гурух дубора бипайванди. Холо ки мо барои рафтан ба пойтахти иолоти Теннесси шахри Нэшвил тайёри мебинем, у бо мо хайру хуш карду рафт барои чаррохи!  Полина, Стелла, Найра ва тарчумони дигари мо Лариса ба мошини Умар нишастанд. Ман бо мошини Дмитрий — хамон шогирди профессор мешинам. Се соат рох аст, сухбат мекунем. Шумо аллакай уро мешиносед. Гуфтам ку, у зодаи Белорусия буда, хамин чо тахсил кардааст ва акнун устоди факултаи журналистика буда, чанд руз пештар бо духтари мексикои Марианна оиладор шудааст.   Читать далее

27 феврали соли 2011

   Нав як маросими дафнро тамошо кардам ва хам ба ёдам омад чанд хамин гуна маросим, ки ман ончо ширкат доштам. Барои ман ин гуна чамъомад чои фикр кардан, хулосабарори ва андешидан  аст. Бо вучуди гиряву фигон ороми ва сукут аст ончо! Холо фикр дорам, ки инсонхоро як чиз хавфноку дагалу берахм мекунад — дур шуданашон аз одату таомул ва решахои худ!!! Ба ёд оваред, ки аз донандагони одату урфи миллиамон, аз онхое, ки ба решахои милли, авлоди ва ачдодиашон эхтиром мегузоштанд, касе хавфнок буд, берахму дагал буд? Дар оянда хам касе, ки забони модарашро намедонад, ба урфу одату анъана ва фарханги миллаташ эхтиром надорад, нобигахои миллатро инкор мекунад  барои чомеъа бо вучуди аз  «бурун нарму бечозибаву ношунаво»  буданаш,  хавфнок хохад буд!

Имруз дар мавриди орзуи чавонони бе пул ва бе чойи кор, шахсони  «оддии вокеи», таваччух ва бетаваччухие, ки аз шуурноки вобаста аст, харидани тамошои марду зани бегона, 8 зина дар Шоу-Бизнес, мусофирнакхат ва борхалтаи раккосахои туйгард навиштаам!!! Читать далее

25 феврали соли 2011

Ин фикр ба сари ман имруз ва ё дируз наомадааст. Ман чанд вакт кабл ба хамин андеша омадам.  Чаро мо ин кадар навгониро бо душвори кабул мекунем? Чаро ба хама чизи нав бояд факат бо интикод нигарем? Чаро ин кадар ба якдигар бахили мекунем? Мешавад, ки як нафар комилан ба хама чиз рози набошад? Ин мисли он аст, ки мо  хам кудак орзу мекунему хам вазниниро тахаммул карда натавониста,  чанинро афтонидан  мехохем.

Биёед, ба хама навгони бо фахм муносибат кунем, чои интикод ва тарзи баёни таъсирбахши онро ёд бигирем ва аз «букка шир талаб накунем!»

Имруз дар мавриди «бангдонаи даст ба даст», ТВ — и хусуси, сухтор ва тугмахои оханин,  «зани дар сари мард зур»  ва «чирки даст» навиштаам.    Читать далее

21 феврали соли 2011

     Дируз хамсарам дар мавриди ким – кадом зане гуфт, ки бо у дар дармонгохи дахонпизишкии кудакона сухбат кардааст. Он зан ба хамсари ман гуфтааст, ки «мо барои тахсили ду кудакамон, ки яке 5 солаву дигаре чанд сол аз у калонтар аст, солона 22,5 хазор доллар пардохт мекунем…»

У бовар кардааст…(Шояд рост бошад, аммо ман бовар накардам!) Мегуфт, ки «вазифаи баланд ва пули бисёр доштан хуб аст, мошинаи киммати чомашуи мехари, хавли мехари, чанд хона мехариву ба ичора медихи, либосу пушоку зиёд мехари». Баъди он, ки орзухояшро шунидам, гуфтам, ки «бо ин орзу ва ниятхое, ки ту дори, хаёлам вакти мансабдор буданам хам ман аз порагири мемирам, ки баъд барои хамаи он пул расад!!!»

Ин навбат дар мавриди сарояндахои «депутатзеб», киссаи момаи Иззатмо, радиохо барои ба ёд овардани замони гузашта, «чаррохии плостики» дар телевизионхо, сохтмон ва пешпардохт, манъкуниву   ичозатдихихо, гуногунрангии зоологи ва рузи Забони Модари навиштам. Читать далее

16 ноябри соли 2010

     Таърих худ ба худ адолат ва баробариро танзим мекунад. Яъне, ба сахифахои таърих агар як ду каси бо обру ва хирадманд  бо хизмат ба Ватану мардум ва дар мачмуъ ба инсонхо ворид шуд, хамзамон ду тани дигари фиребгару каллоб ва бадкеш хам ворид мешавад. Мо хох нохох дар катори Шераку Спитамен — Чингизу Темури лангро хам ба ёд дорем. Худи таърих ба  хама амалу кори  онхо гувох аст ва намегузорад, ки дар катори хамдигар онхо аз ёди инсонхо бираванд.

Якчо бо Иди Курбон хам чанд анъанаву амалу одат таърихи шудааст, ки онхоро Шумо аз ман бехтару хубтар медонед. Аммо рисолати аслии инсонхо хаёлам новобаста  ба дину ойин ва мазхаб хамон ИНСОН будан аст! Биёед, дар Иду бе Ид хам хамин чизеро, ки ман онро фикр накардааму  нагуфтаам, риоя мекунем! Ид барои Шумо ва наздиконатон муборак бошад ва ба хонадонатон саодату баракат биёрад!

Имруз дар мавриди мавлуди як марди илм,  таъсиру манфиати мачлисхо, иди касбии Субхону Сайраму Орзуи украини, аламхои як пиразани дехотии бе шавхар монда ва рохи осону арзони шикасти сохтори на коммунисти навиштаам.  Читать далее

7 ноябри соли 2010

     Ман мехостам, ки шумо ба хамин саволи ман чавоб гуед, ки  «агар дар кору зиндагиатон пешравиро эхсос кардед, пулатонро кам-кам чамъ карда тавонистед, арзу додатонро шуниданду мушкилатонро хал карданд, имкони молии бештар ёфтеду сохиби чанд чиз шудед, озодиву адолату хакикат  ва амнияти комилро дарёфт кардед, аз ки миннатдор мешавед? Ба фикри Шумо дар инчо ки бештар кушиш кардааст, накши ки зиёдтару арзандатар аст?»  Акнун аз соли 2789 бармегардем ба хамин руз…

Ман имруз дар мавриди монандии театр ва зиндагии мардум, накши телевизион дар бунёди оилаи ровихо ва наттокон, мардхои ду ва чандзана, фил чун рамзи хизб, зан ва риш, мардхои бе мошин ва  оилае, ки ду Президентро ба воя расонидааст, навиштаам. Читать далее

21 сентябри соли 2010

     Дируз ман баъди соати 7-и субх аз хона баромадам. Канори роххо пур аз мардуме буд, ки наклиёти мусофирбариро мунтазир буданд. Аксарияти онхо донишчу буданд. Ба хулосае омадам, ки агар онхо хар субх чунин ним соату як соат интизор мешаванд, пас хохиши хондан доранд!!!  Ман агар муаллими Донишгох мебудам, факат барои хамин, ки  донишчуён бо хамин вазъи  норохаткунандаи наклиёти мусофирбари ба дарс меояд, ба онхо бахо мегузоштам. Аммо  холо хама чо факат мардуми чавону наврасро танкид мекунанд! Ин хаёлам барои он аст, ки андешаи дар мансаб будани баъзехое, ки кайхо дар нафака хастанду эчодкори ва хаёлбофиашон тамом шудааст, фаромуш гардад…

Имруз дар мавриди Рузи байналхалкии Сулх, Рузи донишчуён, хамсари Чехов ва театрхои шахси, шабпарак ва чархбол, ишорахо дар либос ва киссаи фошшудаи маъшукабозии президент навиштаам. Читать далее

4 сентябри соли 2010

     Рости гап, хар рузро хамин гуна шарх додан, шавковар будааст, аммо  факат як пахлуи на хуб доштааст. Ин хам бошад-хаёли рафтани рузу соатхои умр аст!  Ба хар руз нигариста тасаввур мекуни , ки чи гуна онхо бепарво мераванд, зуд мераванд. Ба кафо менигараму чизи арзандаеро, ки карда бошам, намебинам.  Наход ман холо огоз накарда бошам? Ман аз хамин руз барои хар чизи арзандае кор мекунам ва фикр мекунам…

Имруз дар мавриди малхами истифодаи «омехта»,  лампахои «бисёрмасраф» ва барномахои дарозумртарини телевизиони навиштам. Читать далее

Дахони пушида-сад танга?

    Чанд руз пештар президенти Венесуэла иброз дошт, ки барномаи нави бе вакту соатеро бо номи «Ногахон бо Чавес»  барои шунавандахои Радио пешниход хохад кард. Яъне, он барнома метавонад, дар дилхох вакти шаб ва руз пахш шавад. У гуфтааст, ки «харфи гуфтани ва мавзуъхо барои сухбат зиёданд».  Чанд вакт кабл ин президент дар барномаи дигараш — «Ало, президент»  бештар аз 8 соат бо мардум сухбат карда буд. Бе танаффус. Читать далее