Таваккал (ҳикоя)

Ҳамин мавсим инҷо ғамангезтар аст. Ба ҳар сурат чунин ба назар мерасад, ки баъди борону барфи зиёд , ки ҳатто пайроҳаҳои борики деҳаро барои муддати мадиде сафеду касногузар ва баъдтар яхдору хавфнок мекунад, дар дили ҳама як ҳолати яъс падид меояд. Хуб аст, ки инҷо ҳоло анъанаи тоза кардани роҳҳо то чанд ҷойи барои мардум муҳим, мисли масҷиду мағозаи деҳа боқӣ мондааст ва аксаран наврасон ва баъд ҷавонони аз муҳоҷират баргашта, гоҳ шабона ва гоҳо субҳи барвақт ин корро анҷом медиҳанд.

Зери барфи пурҷило деҳа тамоман дигар аст. Талу теппаҳо ва долу дарахту бому раҳи мардум мисле, ки зеботар мешаванд. Ҳар хона бо боми лойини пурбарф ва дудбарои тӯли шаш моҳ пургарду дудаш аз баландии деҳа монанд ба як киштии яхшиканест. Ва ҳамин зебоӣ як навъ оромиву сукутро ҳам ба бор меорад, ҳамин фазо, ки дар берун нишастанҳои мардуми деҳаро маҳдудтар мекунад, ба дили онҳо як андоза андӯҳ меорад. Воқеъан ҳам, ба ҷуз чанд кору амали қолабӣ, дар ин гуна ҳаво дигар намедонӣ, чӣ кор кунӣ, ба куҷо равӣ, чӣ тарз ва ба кадом машғулият худро андармон созӣ…

Ҷавонмардони ин деҳа, мисли деҳаҳои дигари атроф бо фарорасии сардиҳо дар кишвари ғурбат ва ҷойи кори мавсимии худ, гоҳ бо дастовезу гоҳе дасти холӣ ба хона бармегарданд. Шукр, ки инҷо дар ҳарду ҳолат ҳам ҷойи гарму чойи гарм, чанд дарза ҳезум ва таппак, ширу равғани зарду фатири орди гандум ва меваҳои хушку тар доранд.

Гирди сандалии хонаи Таваккал то рӯйи баҳор ҳам ҷойи нишасту дарстайёркунӣ ва ҳам ҷойи хоби зану се фарзанди ӯ аст. Шири ягона гови онҳо барои фурӯш ҳам, ки нарасад, ҳар саҳар барои субҳонаи фарзандони мактабхонаш кофӣ аст. Таваккал метавонист биёяд, аммо ду қарзи бонкӣ, ки яке ба номи худаш буду дигарӣ ба номи кадом шиносаш, ӯро намегузошт, ки дар деҳа орому осуда бошад. Хонае, ки ӯ акнун то расидани фасли гармо бояд ҳамон ҷо бошад, ягона ҳуҷраи кушодаи ин ҳавлии қасрмонанди ким-кадом тоҷир дар як кунҷи ҳамин посёлкаи навбунёд буда, албатта гарм аст. Бухорӣ аз зарби алови гази табиӣ баъзан суп-сурх мешавад. Ҳезум ҳам инҷо, мисли деҳаву зодгоҳи Таваккал камчину қиммат нест. Ҳеҷ аз ёдаш намеравад, ки вақти оғози сохтмони ҳамин бӯстонсаро ва ҳамон вақте ки онҳо намедонистанд бо дарахтони аз ин гӯшаи ҷангал буридаашон чӣ кор кунанд, «хозяин» телефонӣ супориш дод, ки берунтар аз ҳавлии ӯ бо экскаватор чуқурӣ канда, ҳамаи он дарахту чӯбу шоху навдаро таги хок кунанд…Маровез наздик набошад, ки он харраи ҳезумро бариву майда карда, тамоми ҳезумхона, таҳхонаву болохона ва хонаҳои дигарро пур кунӣ…

Дар чанд суҳбати телефонӣ Таваккал ва ҳамсараш атрофи як-ду варианти имконпазир барои дар ҳамон деҳа пайдо кардани ба қавле «чанд танга рузхӯр» сӯҳбат карданд. Гову гӯсола ва мурғу тухму харгӯшу занбӯр ва боз чандин кору машғулияти дигарро ба қавле таҳлил карданд. Ҳамеша зану шавҳар дар охири идеяҳо ба бунбаст дучор мешуданд — ё ҷо барои ин кор надоранд ё он кор хароҷоти зиёд дорад ва ё ҳамон кор аз дасти ҳамсари ӯ намеояд…

«Хай, занак, то омадани ман як илоҷ кун, ки дастат бе пул набошад ва кӯдакон ҳам гурусна намонанд…»

Дар он поселкаи русӣ, ки Таваккал мезист, аксари сокинонаш дар фасли сармо посбонҳоянд, ки хонаву ҳавлии боҳашамати пулдорони шаҳрнишинро нигоҳубин мекунанд. Имкони анҷом додани корҳои сохтмониву кишоварзӣ дар мавсими сармо кам мешавад, гӯё мисли ризқи ин гурӯҳи муҳоҷирони мавсимӣ….

Меҳмонхона, ки рӯйи алову гармиро надида буд, хеле сард аст. Ба ёди ҳамсари Таваккал нест, ки тахти курпаҳои ин хонаро, ки аксаран аз даврони тӯйи онҳост, бори охир кай фароварда буд!? Ӯ ҳоло ҷудо мекард, ки кадом курпаву курпача инҷо истад ва кадомеро ба хонаи дигарашон, ки фақат дару тиреза дошту ҳоло андова ҳам нашуда буд, гузаронанд. Таваккал аз ҳамон се хонаву як долони доштааш, як хонаро барои хоби худу фарзандон ва як хонаро чун меҳмонхона соли гузашта, дар ҳамин фасл худаш таъмир карда буд. Хонаи сеюм, ҳоло мисле ки анҷомхона ва анбор буд. Шояд баъди бозгашт Таваккал онро таъмиру рангу бор мекунад.

Меҳмонхонаро акнун курпаҳои арӯсиаш зеб намедод. Як гармидиҳандаи барқӣ чанд рӯз беист кор кард, то заҳри ин хона шиканад. Ин хона ҳоло ҷойи дудбарои бухориро ҳам надошт. Гузашта аз ин, насби бухории аловӣ ҳам аз дасти ӯву фарзандони хурдсолаш намеомад. Ҳам канӣ ҳезуму аловии бебаркаш, ки ин хонаи андозааш шаш ба чорро гарм кунад?

Ҷевони хурди кӯҳна, ки то ин вақт дар долон меистод, акнун аз дари ин хона дарун ва пур аз чойнику пиёла ва қошуқу косаву тақсимча буд. Чанд рӯзи аввал зан ва фарзандонаш кӯрпаҳои то ин вақт истифода нашударо бо ҳавас ва ҳаловати бештар ба рӯ бор кардаву гӯё хоби роҳаттаре доштанд…

Барои меҳмонон, ки аксаран мардуми оддӣ буданд, рангу бори меҳмонхона тамоман муҳим набуд. Ҳам кам ҳолате мешуд, ки онҳо шаб чизе истеъмол кунанд. Вале баъзан меҳмононе, ки аз оғози фасли сармо то инҷониб меҳмони доимии ин хона буданд, пешакӣ ва қариб ҳамеша вақти шом баъзе хӯроку ғизои табъи дилашонро, албатта бар ивази маблаги иловагие, фармоиш медоданд.

Меҳрубон, духтари 13 солаи Таваккал, бештари меҳмонони доимии ин меҳмонхонаашонро мешинохт. Ӯву бародари аз худаш ду сол хурдаш асосан барои ҷалби меҳмонон ва обу чойи онҳо, ба қавле масъул буданд. Гоҳ пештар аз шом ва гоҳо баъди шом ҳарду рафта, баъзан як-ду кас ва баъзан вақт меҳмони зиёдеро, ки аксаран хешу табор ва аъзоёни як оила буданд, ба хона меоварданд. Ҳамсари Таваккал бештари вақт онҳоро агар ҳам медид, фақат аз дур буд. Меҳмонон аксаран субҳ нодамида мерафтанд. Меҳрубону додараш ҳам баробари модар хеле барвақт, пештар аз хурӯсбедор, аз хоб мехестанд, то барои меҳмонон субҳона баранд ва ё агар чизе нохӯрда мераванд, баъди рафтанашон меҳмонхонаро рӯбучин кунанду ҳавои онро покиза.

Меҳрубону додараш акнун зиёдтар ба модар хоҳишу орзӯҳои худро мегуфтанд. Ба қавле, дасти модарашон дигар бепул нест. Чанд моҳ аст, шукри Худо, ба андозаи ризқу насибашон пул меёбанд. Баъзан, агар саҳар аз як коса шири говашон бенасиб ҳам монанд, медонанд, ки бо пули додаи меҳмонҳо барои фармоиши ширчой ё ширкадуву ширбиринҷ, онҳо ягон чизи даркориро барои худу хонаву дарашон мехаранд.

Модар аз ҳарду фарзанди дастёраш, ҳар вақте ки Таваккал занг мезад ё касе аз ҳамсояҳо аз кунҷкобӣ мароқ зоҳир мекард, фақат як хоҳиш дошт — «касе набояд фаҳмад, ки мо чӣ кор мекунем. Падаратон ҳам. Моро шояд нодуруст мефаҳманд. Фурсати мувофиқи иқрор шудан ҳатман фаро мерасад…»

Фарзандон ҳам медиданд, ки омаду рафти қарздорон ба хонаашон камтар шуд, дастурхонашон ҳам акнун ҳама чӣ дорад, додарчааи хурдсолашон ҳам акнун дар қатори ширинӣ, либосҳои гармтару навтар дорад ва чун ҳоло, ки попӯшиҳои гарму обногузар доранд, дигар на ба пойҳо чанд ҷӯроби кӯҳнаву навро рӯ ба рӯ мепӯшанд ва на равғани бузу гӯсфандро об кардаву ба дарзи пойафзолашон мерезанд…

Ҳавлии Таваккал дар ин деҳаи навбунёд аз ҳама охир аст. Аксарияти оилаҳо, ки даромади камтар доранд ва мисли Таваккал устову ҳунарманд нестанд, ҳоло дар хонаҳои ба қавле «времянка» зиндагӣ доранд.

Он сӯйи ҳавлии Таваккал девори баланде аст. Паси девор ҳамеша сермошин ва пуродам буд. Наздиктарин ҳамсояи онҳо аз ҷониби дигар ягон дусад метр дуртар, кампири Савлат аст. Ӯ ҳавлии шиғпечи худро бо дарахтони сермева гӯё ҳифз мекунад. Писару набераи калонии ӯ ҳам дар муҳоҷиратанд. Баъзан агар барфу борону лойу чал набошад, кампир набераҳои хурдиро ҳамроҳ гирифта, ба ҳавлии Таваккал меомад, бо ҳамсари ӯ дар офтобрӯяе як муддат сӯҳбат кардаву бармегашт. Барои фарзандони Таваккал, қариб ҳамеша дар остин себу анор ё барои нӯшобаашон қоқи себу зардолуву олуча меовард. Ҳамсари Таваккал ҳам, ки баъзан вақти бемор шудани фарзандонаш, барои оби дам ё риштаи дегдон пеши кампири Савлат мерафт, дигар лаби матоъу руймолча неву вақтҳои охир як сӯм-ним сӯм ба дасти кампир медод ё медонист, ки намегирад, ба лаби курпачааш мегузошт. Кампири Савлат аз бегонаҳо ягона касе буд, ки асрори кору бор ва меҳмондории ҳамсару кӯдакони Таваккалро медонист ва ҷонибдорӣ мекард…

Аммо дар зиндагии Таваккал кам чиз иваз шудаву дигар гашта буд. Ҳар вақт шодии тифлонаш ба ӯ илҳом мебахшиду барояш таҳрик медод. Аз ҳарфу ҳиҷову калимаҳои фаҳмо ва нофаҳмои писари хурдиаш ба ваҷд меомад. Дар реҷаи пулравонкуниаш ҳам ягон тағирот набуд. Дигаргуниҳо дар деҳа буданд. Муҳимтаринаш ҳамин буд, ки акнун пулҳои фиристодаи Таваккал мисли он, ки ним сол пештар буд, худи ҳамон рӯз ё фардо пурра тамом намешуданд. Ҳамсари Таваккал якҷо бо ду фарзандаш онҳоро ҳисобу китоб карда, нигоҳ медоштанд. Нақша мекашиданд, хаёлан хонаву дарашонро зебо мекарданд, гову мол мехариданд, велику мошинчаи зиёдро дар ҳавлиашон тасаввур мекарданд ва ҳатто фаротар аз деҳа — орзуйи доштани хона дар кадом баландошёнаи Душанберо ҳам мекарданд….Онҳо кӯ дигар барои хароҷоти ҳаррӯза аз баракати меҳмонхонаашон пул доранд.

Қатора мисли тайёра роҳат надошта бошад ҳам, арзон аст. Ҳам барои шахси зиндадиле мисли Таваккал, ҷойи сӯҳбату шиносоӣ ва радду бадали мавзӯъҳои мухталиф буд. Мардум аксаран барои интиқоли борҳо қатораро интихоб мекардаанд. Ҷавонмарди рӯ ба рӯйи Таваккал нишаста ҳам, мисли ӯ аз муҳоҷирати корӣ меояд. Чор велосипеди кӯҳна, ду сумка фақат асбобу анҷоми устоӣ, як лимча пойафзоли истифодашуда ва боз чанд қуттии коғазӣ ким-чиҳоеро ӯ ба хонааш мебурд. Қиссаҳояш ба қиссаву саргузашти ғарибии Таваккал монанд буд. Инҷо тамоми қиссаву гуфтаву шунидаҳо гирди як мавзӯъ мечарханд ва аз як мавзӯъ сарчашма мегиранд. Агар сӯҳбатҳо берун аз мавзӯъи муҳоҷирати корӣ сурат мегирифт, ин вагон ва ин қатора чор рӯз то Душанбе дар оромӣ ва хомӯшӣ меомад….

Мисли Таваккал он марди ҳамсафараш ҳам баъди як ҳафтаи расидан ба деҳаву ба дидори фарзандонаш, ба Душанбе барои табобат омаданӣ буд. Мегӯяд, хунукзадагӣ дорад. Пову пар ва миёну сутунмуҳрааш ҳам аз кори вазнину бори гарон дардманд аст. Ин аҳвол акнун барои аксарияти ҷавонмардони қобили кор, ҳам аз дохили ин қатора ва ҳам берунтару фаротар аз он, бегона нест. Фақат баракси Таваккал, ки имсол бе хату хабару огоҳӣ ба ватан меояд, ин мардро писару духтару домодаш дар истгоҳи роҳи оҳан истиқбол меоянд…

Ҳар сол рӯзҳои бозгашт Таваккал барои аҳли оилааш нохоста, ташвиши зиёдро ба бор меовард. Дастурхонороиву обу нону кулча ва таку дави зиёдатӣ ҳам харҷи зиёд дошт ва ҳам ба ӯ писанд набуд. Қарори имсолааш дар бораи бе огоҳӣ ва бехабар бо қатора — арзонтар аз муҳоҷират омадан ҳам, бо ҳамин мақсад буд. Интизор аст, ки бо ногаҳон пайдо шуданаш дар дами дарвоза зану фарзандонашро ҳатман дар ҳайрат мегузорад…

Меҳмонҳои дирӯза бо пайи қадам будаанд. Дар он гурӯҳ фақат як ҷавони ронанда буд. Ӯ ҳам набераи зани калонсоли роҳбалад будааст. Ҳамагӣ ҳоҷибибӣ, занҳои зиндагидидаву солор ва хеле меҳрубону хушсӯҳбат буданд. Як меҳмонхона пури ҷойхоб шуд. Саҳар барвақт онҳо ғайриинтизори ҳамсари Таваккал худашон ҷойхобҳоро ҷамъу гир кардаву хонаро рӯбучин карданд. Ин гуна кору меҳрубонии меҳмонон хеле кам иттифоқ меуфтод. Занҳои меҳмон, ки як лаҳҷаи ширини сӯҳбат доштанд, ба соҳибхона ҳам нони самарқандӣ доданд ва ҳам ба фарзандонаш дуо. Ваъда карданд, ки ин дафъа низ ҳатман меҳмони ӯ мешаванд. Наздиктарин роҳ то мошини онҳо, ки аллакай омодаи сафар буд, аз кунҷи ҳавлӣ ва ба воситаи ҳамон даричаи ким-кадом вақт гузошта шуда буд, ки Таваккал ҳамеша онро пурра бастаниву маҳкам карданӣ буд. Ин роҳ- раҳи омаду рафти ҳама меҳмонони дигари меҳмонхонаи ӯ ҳам буд. Ҳамсари Таваккал, ки фақат ба меҳмонони зан худро нишон медод, чун анъанаи шоистаи меҳмондорӣ то дами он дарича аз пушти занҳои меҳмон рафт ва онҳоро гусел кард…

Аз шом як соат гузашт. Меҳрубону додараш ҳанӯз наомадаанд. Зан мехост суроғи онҳо равад, вале чун дид, ки чор сӯроб дар торикии поини ҳавлӣ пайдо гардид, аз фикраш гашт. Фонарики дасти Меҳрубон роҳи омадани онҳоро рӯшан мекард. Меҳмонҳо, ки ду марди ҷомапӯшу сару гардан печида буданд, ба меҳмонхона ворид шуданд. Тибқи одат додари Меҳрубон аз рӯйи бухории хона, чойнаки калони оҳаниро бо оби ҷӯшидааш гирифта, ба замин гузошту ба дарунаш як каф чой ва бо нуги ангуштон ду карат аз халтаи гиёҳҳои шифойӣ, ки дар ҷойи муқаррарии худ меистод, омехтаи алафҳоро партофт. Бо ду пиёлаи дигар аз дари меҳмонхона дарун гузошта, ба хонаи хоби худашон баргашт. Модар, ки рӯйи рахти хобаш дароз кашида буд, пулҳоро аз дасти писараш гирифта, лаби курпаи хобро боло карда, ба таги он курпа гузошту худро ба тифли хурдсолаш наздиктар карда, чашмонашро пӯшид. Гузаронидани занҷири дари хонаи хоб ҳам дигар хеле вақт аст, ки вазифаи Меҳрубон ва додараш аст…

Садои марди меҳмон соҳибони хонаро бедор кард. Меҳрубон ва додараш баробар берун баромаданд. Меҳмон бо сипос хайрухушкунон илова кард, ки рафиқи ӯ, яъне меҳмони дигар ҳоло хоб аст ва шояд дертар меравад. Маълум шуд, ки онҳо ба ин ҷойҳо якҷоя наомадаанд ва ҳамдигарро ҳам дина шаб дар ҳаминҷо шинохтаанд.

Ҳамсари Таваккал аввал дил, кард, ки писарашро барои ғундоштани ҷойхоби меҳмони рафта ба меҳмонхона равон кунад, вале боз чизе фикр карда, аз тасмимаш гашт. Соат 4-и саҳар аст. Бомдод баъди ду соат аст. Саҳар, ки ин меҳмон ҳам рафт, баъд меҳмонхонаро ҷамъу гир мекунанд. Бо ин фикр ба хонаи хоб баргашту ба ҷояш дароз кашид. «Андак ғанаб рафтаву баъд барои говдӯшиву кору бори хона ва субҳонаи фарзандон мехезам»- ба дил гуфт соҳибхоназан ва канори фарзандон дароз кашид…

Занги телефонаш ин карат ӯро бедор кард. Аз ҳарвақта дертар шуда буд. Саросема дари хонаро кушод. Пойафзоли меҳмонро пушти дари меҳмонхона дид. Меҳмон ҳоло нарафтааст. Борҳо ҳамин гуна ҳолат ҳам буд, ки меҳмонон онҳоро бедор накарда, шабакӣ ё ҳанӯз субҳ нодамида мерафтанд.Онҳое, ки дертар мерафтанд, аксаран хӯроки субҳ ҳам мехӯрданд ва ин дархостро шаб анҷом медоданд. Саволи охири Меҳрубон ва додари ӯ ҳам ҳамин буд, ки «хоҳиши хӯрдани субҳонаро доред ва чӣ ғизо фармоиш медиҳед..?» Баъди кушодани дарвоза ва ба рӯйи ҳавлӣ пошидани ду се сатил оби чоҳ, ҳамсари Таваккал сатили говдӯширо гирифта, хилъати барои ин кор ҷудокардаашро пушид ва рафт сӯйи оғил. Дар ҳавои сард мардум дар деҳот на фақат дару тирезаи оғилро бо ҳар навъи матоъ маҳкам мекунанд, балки ҳатто шабона дар оғилҳояшон алов ҳам мегиронанд, то гову мол ва сабаби зиндагиву рӯзгузарониашонро сармо назанад. Дар ин деҳа ҳар зимистон мардум дар оғилҳо бухорӣ насб мекунанд. Зеро ҳолати маргу мири гусолаву бузичаву барраҳо дар деҳа кам набуд…

Ширдӯширо ӯ бо ҳавас анҷом медод. Шир гӯё хуни тоза дар рагу пайванди ӯ ва фарзандонаш буд. Чакаву ҷурғоту маскаи тоҷикӣ ва ҳатто қурут, ки маззаи нотакрори даҳони мардуми кӯҳистон аст, аз баракати ҳамин шири сафед аст..

Таваккал ду сумкаи варзишии пурро аз дарвоза дарун гузошт ва бо касе хайрухуш кард. Қомати гӯё зери бори зиндагӣ хамшудаашро боло карду ҳавлии сокитро аз сару бар орому бо диққат тамошо кард. Тирамоҳ фасли аҷиб аст-саҳараш пуррутубату сард, нимрӯзиаш гарму сӯзон ва шабаш хеле хунук аст. Ӯ аз ҳавливу долу дарахт ва берунтар аз он — аз теппаву кӯҳу талҳои барфпӯш, ки сабаби ин хунукӣ буданд, гӯё салому аҳволпурсиро интизор буд. Нигоҳҳояш ҳам ба рӯйи зиндагиаш то расидан ба пойафзоли пурлойу чанги пушти дари меҳмонхонааш, нарму гарму самимона буданд. Кӣ бошад меҳмони шабисти хонаи ӯ?

Баъди он ки се фарзандашро гирди сандагӣ дар хоби ноз дарёфт, ҷойхоби холии ҳамсараш канори онҳо дилашро пури шубҳа ва хавфу хавотир кард. Дари меҳмонхонаро ба ҳаст кушоду курпаро аз рӯйи меҳмон бардошт. Симои тамоми авлод, махсусан мардони хешу табори худашу ҳамсараш дар як лаҳза аз пеши рӯяш гузаштанд. Сачоқи калони тармазза, ки дар миёни ду ҷойхоб мехобид, шубҳаи ӯро зиёдтар кард. Вақте меҳмон надонист ба саволҳои Таваккал- он марди комилан барояш бегона ва ношинос, чӣ ҷавоб гӯяд, се чор калламушт ҳам хӯрд. Ҳамин чиз шояд марди меҳмонро бедортар кард. Ӯ акнун метавонист ҳодисаро пурратар шарҳ диҳад. Метавонист, албатта ҳамон вақте ки агар Таваккал лату кӯб ва доду войро ба сари ӯ қатъ мекард. Мушкили меҳмон боз ин буд, ки Таваккал забони модарии ӯро, ки аввал бо он суханро сар кард, намедонист ва ҳам наметавонист мақсад ва ҳолати ба миён омадаро бо забони модарии Таваккал дуруст ба ӯ фаҳмонад…

Дар чанд соли гову молдорӣ бори аввал буд, ки сатили шир аз дасти соҳибхона, ки ба гумони ғолиб бори аввал ҳамин гуна аз тарс баланд мегирист, афтод. Ҷӯяҳои шири сафеди навдӯшида дар дами дари оғил замини аз сардии тирамоҳи кӯҳистон яхбастаро гӯё нақшдор карданд…

Нигоҳи Таваккал аз дари меҳмонхона ба рӯйи гарми фарзандон ва ҳамсараш афтид. Нигоҳе сарду яхи бе умед ва нороҳат рӯ ба рӯйи як хона одаму як ҳавли меҳрубонӣ, хумор ва интизорӣ…

Таваккал гӯё намедонист аз чӣ оғоз кунад, бо худиҳо дар ин хона чӣ кору бо он марди бегонаи сару рӯй пурхуни даруни меҳмонхона чӣ гуна бархурд кунад. Кампири Савлат, ки ҳар рафтанаш аз ӯ дуо мегирифт, гӯё бозгашти Таваккалро дар хоб дида бошад, дами дарвоза пайдо шудааст. «Хайрият, ки ӯ ҳаст…». Ин фикр гӯё баробар ҳам аз дили Таваккал мегузашту ҳам аз дили ҳамсараш…

Оби шифо дар ин деҳа ва дар ҳамсоягии ҳавлии Таваккал таърихи кӯҳан дорад. Ба онҷо на фақат аз гӯшаву канори кишвари худамон, балки берун аз он ҳам мардум гурӯҳ-гурӯҳ барои табобат ва истироҳат меоянд. Дар чанд ҳуҷраи тангу торе, ки инҷо ҳаст, фақат 9-10 меҳмон ҷо мешаваду халос. Барои мардуме, ки меоянд хушоянд аст, ки баъди қабули оби гарми табобатӣ хӯроки табъи дил истеъмол кунанд, чойи шифоии гарм нӯши ҷон бикунанд ва дар ҷойи гарму роҳате дароз бикашанду бихобанд. Барои ин ҳамаи онҳо пул ва шароити дигари кофӣ доранд. Шабистии аксарияти онҳо ҳам дар ин наздикиҳо ба хотири он буд, оби шифоии он ҳавз торикбарӯз ва субҳи барвақт аз камодамӣ ва беодамӣ софу тозаву хостанӣ ва ҷонбахшу роҳатфизо аст…

Оромии деҳаро садои паррандаҳое, ки гӯё пайки барфу сардӣ меоранд, халалдор мекунад. Таваккал бори аввал эҳсос мекард, ки фазои деҳа дар баробари он, ки бӯйи тирамоҳу намиву хазону баргсӯзӣ дорад, ҳамзамон бӯйи алову дуду ангишту резин ҳам мекунад. Барфу сафедӣ то рӯйи мазори Ҳазрати Бузургвор ҳам омадааст. Имрӯз ё пагоҳ он мисли соли дар деҳа набудани Таваккал ба рӯйи роҳу пайроҳа ва боғу роғи ин деҳаи навобод ҳам меборад…

Сардиҳову барфрезӣ чанд хубӣ дорад, ки якеаш гирди сандалии гарм ба ҳам овардани мардумонест, ки гоҳ аз кору ташвиши зиёд ва гоҳҳо аз бекориву таваккал асабиву хаста ва мондаву бемадоранд…

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше