Васиятнома барои фарзандонам

24 июл 2021.

Ин фикр аз ким-кай мағзамро машғул медошт. Ин васиятномаи падаре нест, ки намедонад дороӣ ва сарваташро чӣ кор кунад ва метарсад, ки баъди сараш барои тақсими он миёни фарзандонаш ҷангу ҷанҷол рух медиҳад. Ин тақсими андешаҳо аст, тақсими таҷрибаи рӯзгор аст, тақсими он иттилоъу далелҳоест, ки дурустии онҳо чандин карат дар тули умри ман собит шудаанд. Ин чиз ба назарам муҳимтар аз сарвату дороии як падар аст, зеро, ки сарвату дороӣ як рӯз тамом мешавад, вале таҷриба ҳар рӯз дар кор аст. Агар шумо ин таҷрибаву хулосаҳоро бо он чӣ ки худатон ба даст меоред, зам мекунед, пас роҳи дурусти зиндагиро ҳатман меёбед, соҳиби ҳама чиз мешавед, агар ҳар кору пайкору амалу ҳаракати шумо дониставу дурусту санҷидашуда аст.
Он чи, ки дар поин хоҳам навишт, шояд парокандаву парешону баъзан на он қадар шавқовар бошад. Ба дурустии баъзеи он шояд дертар бовар мекунед, вале ба ҳар сурат талош мекунам, бе дуруғу бе сохтакорӣ бошад. Шояд куҷое аз айбу камбудии худам бештар гӯям, ки умедворам боиси дилмондагиатон нашавад, шояд куҷое худро бештар аз оне, ки ҳастам ба қалм бидиҳам, шояд куҷое ба эҳсос дода мешавам…Ҳама чиро баъд худатон ташхис кунеду санҷеду муқоиса кунеду варианти беҳтарро ҷуставу пайдо кунед. Агар он тавсияву андешаву гуфтаҳои ман лоақал шуморо ба фикру андеша водор кунад, барои иҷрои амалҳои шоиста ва зиндагии хуб таҳрик бидиҳад, хурсанд мешавам.


Ҳамин лаҳза, ки саҳифаи мазкурро дидам, мехостам дар мавриди кор ва коргоҳ бинависам. Он чизе, ки поинтар меорам, сирф фикри ман, натиҷаи таҳлилу кору фаъолият ва мушоҳидаҳои ман аст. Меъёр нест ин, вале сарфи назар кардани он ҳам хаёлам дуруст нест. Ва ман ҳамеша барои шумо ва дигароне, ки ин маводро мехонанд, ҳаққи доштани назари инфиродии худро, ки шояд ба андешаи инҷониб муқобил бошад, боқӣ мегузорам, баҳс намекунам ва ба ҳеҷ ваҷҳ фақат худро ҳақ намепиндорам…

Ман аввалтар аз ҳама ба ин назар ҳастам,ки шумо бояд кореро пайдо кунед, ки ба дилатон наздик ва ба завқу шавқу истеъдодатон тавъам бошад. Он вақт ҳатман кору боратон бо баракат мешавад. Ҳоло ман ҳис мекунам, ки як гуруҳи ҳамсолони шумо ва ҳамсину солони ман дар пайи ҷустани кори ба дилашон наздик ва дар ҷустуҷӯйи кофтану пайдо кардани худ ҳастанд. Саду як ҷойи кориро иваз кардаанд, ба дари чандин коргоҳу корхонаҳо рафтанд ва саду як касро барои дарёфти ҷойи кор восита ҳам кардаанд. Ин варианти хуб нест, ки инсон ҳар моҳ ҷойи корашро иваз мекунад, касбу ихтисосашро дигар мекунад…Баъзе гумшудаҳо ҳеҷ вақт пайдо намешаванд. Мисли ин, мушаххас аст, ки баъзе мардумон худро то охири умр ҳам пайдо намекунанд. Яъне, дар самти кору коргоҳ – муҳим ҳамин аст, ки кори ба дил мақбул ёбед. Баъд коргоҳеро пайдо кунед, ки ба қадри корманди қобилу босаводу хуб мерасад.

Барои фаҳмотар шудан ба Шумо ман дар ду гуруҳ коргоҳу роҳбарон ва идораҳоро ҷудо мекунам. Коргоҳу идораи хуб кадом аст:

  • Ҷой ва шароити хуби корӣ дорад;
  • Ба донишу таҷриба ва инсони комил такя доранд;
  • Дар он ҳар корманд ҳадди худро мешиносад, дар қатори ҳуқуқҳояш инчунин  масъулият ва вазифаи худро медонад;
  • Як роҳбари асосӣ  дорад ва ҳар нафар аз корманди сатҳи болотар, муассис, собиқадор ва мисли ин ба сиёсати ягонаи корӣ халал намерасонад;
  • Дар он кормандон ба гуруҳу фраксияву сангару ҷабҳаву тиму командаи алоҳида ҷудо нашуда, як мушти муттаҳид, як тими ягонаи сари идеяҳои муҳимтарини фаъолият муттаҳид ҳастанд;
  • Дар он ба ҳама нигоҳи баробар ва бархурди боадолат доранд;
  • Онҷо гапчиниву ғайбату сиёҳкунӣ нест, ҳама ба якдигар боварӣ доранд ва дар зарурат метавонанд ба ҳамдигарӣ такя кунанд;
  • Дар он ба табйиз, таҳқир ва пастзании шаъну шарафи кормандон роҳ намедиҳанд;
  • Идора ва коргоҳе аст, ки он роҳбари босавод, посбони худотарс, ошхонаву ошпази хуб фарроши тозакор, обхонаи покиза, оби фаровон ва маводи кофии беҳдошт дорад;

Акнун беҳтарин сифатҳои як роҳбарро бихонед, ки аз назари падаратон кадомҳо аст? Роҳбари хуб:

  • Масъулиятеро, ки аз дарки мазмун ва моҳияти он дур аст, ба дӯш намегирад;
  • Адолатро таъмин мекунад ва ба қимматтарин арзишҳои инсонӣ, корӣ ва тахассусӣ арҷ мегузорад;
  • Кормандонро ба маҳалҳо, худиву бегона ва шиносу ношинос ҷудо намекунад;
  • Дар бораи зиндаги кормандон ва оилаи онҳо ҳама чиро медонад, мепурсад, аҳамият медиҳад ва дастгирӣ мекунад;
  • Гаправ намешавад, ба гапчиниву бузиву хабаркашӣ ва сиёҳкунии каси бегуноҳе роҳ намедиҳад;
  • Ҳама чиро бояд донад – ҳам гузаштаи номзадеро, ки ба кор омаданӣ аст ва ояндаи кормандеро, ки талоши бештар дораду масъулиятшинос асту ояндааш бояд дурахшон бошад;
  • Ба ҳеҷ ваҷҳ ба гуруҳҳо дар ҷойи корӣ роҳ надиҳад. Худаш ба чанд тани хабаркашу лагандбардор бартарӣ надиҳад;
  • Мағруру бадқавоқу бадрашку дарундор набошад. Тез бахшида тавонад, вале сари қаҳру ғазаб тасмимҳои носанҷида нагирад;
  • Ҳам ба онҳое шонс медиҳад, ки хатое содир карданд (то дарк кунанду ислоҳ шаванд) ва ҳам шонс медиҳад ба он кормандоне, ки дар идеяву кору бор ва фаъолият ҳатто аз худи ӯ ҳам афзалтару бартар ва беҳтаранд;
  • То ҳадде, ки мумкин аст, асрори кормандонро пушида нигоҳ медорад;
  • Хушахлоқу дилсӯзу тозаву худотарсу хоксору некманиш аст;
  • Кормандро ҳамеша дастгирӣ мекунад, такягоҳаш мешавад, намегузорад, ки каси дигаре обу руйи ӯро паст кунад ва ҳарфи нохуб бизанад.
  • Роҳбари хуб оне аст, ки камбудии туро бо худат дар миён мегузорад, ҳал мекунад ва изҳори нигаронӣ мекунад, аммо дар берун, миёни дигарон ва махсусан бегонаҳову рақибон ҳамраъйӣ ва дастгириашро ба намоиш мегузорад;

Ба изофаи он, ки болотар гуфтам ва ИН ҳама чизе, ки бояд мегуфтам нест, албатта, чанд нуктаи дигарро ҳам ёдрас мекунам ва шумо фаромуш накунед:

  • Як корманд ё ҳамкори бесавод, бадбахт, ҷодугар, тасодуфӣ ва бемасъулият метавонад як коргоҳи ҳазорнафаро вайрон кунад, бишиканад, пароканда кунад, бо ҳам ҷангӣ созад ва ба коми фано барад. Агар ҳамин кас боз ягон зан ё духтари ба сиккаву сурат ва хушрӯтар бошад (ва роҳбар занбозу ғар), вай ҳазор карат хавфноктар мешавад;
  • Бетаваҷҷӯҳӣ ба корманд хосияти хуб надорад. Ҳар куҷое, ки бо шумо бетаваҷҷӯҳанд, дер наистед;
  • Ба мардуми ҳамкор бо як дидану шинос шудан бовар накунед, ҳама сирри дилатонро накушоед, муносиботи пуливу моливу дар миён нагузоред. Барои шинохтану донистани инсонҳо дар замони мо даҳ сол ҳам кам аст;
  • Ҳама гуна муносиботу додугирифт ва амалиёт, махсусан молиявиро фақат бо ҳуҷҷату санаду варақу сурату навор анҷом бояд дод. Як вақт шоҳиди он мешавед, ки ба қоғаз эътимоду боварӣ мекунанду ба шумо (ба одам, ба инсон, ба корманд, ба ҳамкор) не, хеле аламтон мекунад;
  • Кӯшиш кунед, ки то ҳадди имкон ҳамкорон, ки онҳоро пурраву дуруст нашинохтаед, дар бораи доштаву надоштаҳои шумо, камбудиву беҳбудиҳои шумо, одатҳои неку на он қадар неки шумо надонанд. Дар ҷараён гузоштани онҳо ҳеҷ ба манфиати шумо нест ва ҳатто дар ҳолатҳои зиёд метавонад, ки муқобили худатон истифода шавад;
  • Дар коргоҳу идора бо духтароне, ки шумо нисбаташон ягон нияти ҷиддӣ надоред (яъне, муҷаррадеду бо ӯ оиладор шуданӣ нестед), бо онҳое, ки шавҳар доранд, бо онҳое, ки аз ҳамсарони худ ҷудо шудаанд, бо духтарону занҳои дугонадору на он қадар оқилу шубҳаовар ягон робита надошта бошед; То ҳадди имкон талош кунед, ки ягон вобастагӣ  (пуливу моливу қарзиву идеявиву кориву баҳсӣ ва мисли ин) аз ҳамин гуруҳи мардуми ҳамкор надошта бошед;
  • Як корманд, ҳамкор ё дӯстатон агар як бор шуморо дар ҳолати ногувор гузошт, тӯҳмат кард, кору рафтори баде нисбататон анҷом дод, хиёнат кард, фиребатон дод, дигар ҳеҷ вақт ба ӯ бовар накунед. Ин шояд варианти аз ҳама дуруст нест, вале ман ҳамин гуна рафтор мекунам. Мисли он, ки як бузурге гуфтааст, ки “агар маро як бор фурухтӣ, дон, ки ҳар ду дасти маро шикастӣ. Ман шояд туро мебахшам, вале дигар ба оӯғш гирифта наметавонам…”
  • Кору масъулияти касеро то ҳадди тавон ба дӯш нагир, боз ҳам агар онро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода натавонӣ. Вале агар ба касе чизе ваъда додӣ, масъулияти касеро ба дӯш гирифтӣ, ҳатман онро ба ҳар қиммату арзише, ки бошад, иҷро кун;
  • Ба ягон кас исбот накун, ки ту беҳтарин кормандӣ, беҳтарин инсонӣ ва фалон корро ту кардаӣ ё накардаӣ. Беақлу бесавод бовар намекунад, барои босаводҳо бошад, ин баҳсҳо муҳимтарин нестанд. Гузашта аз ин ВАҚТ довар аст, Худованд ҳамаро мебинад, ҳама чиз як рӯз ҳатман бармало мешавад;
  • Боварӣ дошта бош, ки ҷав кориди ҷав мегирӣ…некӣ кардӣ — нек пеш меояд ва бадӣ раво дидӣ, онро мебинӣ. Ҳатман. Ин аксиома аст. Ҷойи баҳс надорад;
  • Нагузор, ки аз хубиҳоят, некиҳоят, меҳрубоният, гузашткуниҳоят ва мисли ин дигарон истифода баранд. Ҳама кор ва ҳама чиз ҳад дорад;
  • Касбу коратро пурра, комил ва амиқ биомӯз. Ягон кас бояд шубҳа накунад, ки ту сазовори ҳамин касбу ихтисос ва вазифа нестӣ;
  • Касеро бад нагӯй, ба касе хислатномаро сари эҳсос ва ғаразнок нанавис, айби касеро ошкор накун, асрореро, ки ба ту бовар карданд, ё тасодуфан фаҳмидӣ, пинҳону мастур нигоҳ дор;  
  • Бо аблаҳон, ҷодугарон, бесаводҳову камсаводҳо (воқеъан ҳам камсавод сад бор хавфноктар аз бесавод аст!), бо “любимчикҳои роҳбар”, бо хабаркашу гапчину беҳайё ҳеҷ вақт баҳсу мунозира накун, наздик ҳам нашав, сирратро фош накун, айби дигаронро магӯ ва чизе аз ӯ хоҳиш ҳам накун;
  • Дидӣ, ки ҳамкорат аз Худо дур аст, имону эътиқоди заиф дорад, волидонашро эҳтиром намекунад, мушкили равонӣ ва зеҳнӣ дорад, бо хешу пайвандонаш қаҳрӣ аст,  одати қарзгириву фиребу дуруғу шаробхорагӣ дорад, ба як гапи ночиз сад бандаки дигар баста ба сад ҷой мебарад, сари мавзуоти ночиз, камарзиш ва содда баҳсу доварӣ мекунад, як хаторо чанд карат такрор кардааст, поси дӯстиву бародариро намедонад, шарм намедорад ва ҳаёи камтар дорад ё тамоман надорад, асрори ҳамсару фарзанд ва хонаашро ба ҳама мегӯяд —  барои ҳамеша аз ӯ дур шав. Ин гунаҳо ба гумон аст, ки ислоҳ шаванд;
  • Дар коргоҳ ҳарчанд ҳама чиз кам ё зиёд  муҳим аст – либосу сару рӯй, гаштану хӯрдану омадану рафтан, натиҷа ва мисли ин, вале ягон чиз ба ҳадди ИНСОНИ КОМИЛ ва мутахассиси хуб будан муҳим нест. Аввалтар аз ҳама —  ИНСОН ва МУСУЛМОНИ ҲАҚИҚӢ  бояд бошӣ.

    (3 юми сентябр 2022)

Ва ин ҳоло давом дорад….


Ман албатта метавонистам, ки тавсияву маслиҳатҳои зиёде бароятон пешниҳод кунам, вале медонам, ки беҳтар аз устодону донишмандон ва чеҳраҳои машҳуре, ки як вақт зиндагӣ карда буданд, шояд гуфта натавонам. Имрӯз ба хулоса омадам, ки чанд тавсияи се тан аз ҳамин гуруҳи мардумро баротяон тарҷума кунам. Дар ин миён андешаҳое ҳаст, ки ба андешаи комилан мувофиқанд ва ҳолати баракс ҳам мавҷуд аст. Дар ҳарду сурат умедворам, ки шумо ҳатман сари ҳар нуктаи он фикр мекунед ва меандешед, ки чаро ин гуруҳи мардуми машҳур дигаргуна неву маҳз ҳамин тарв гуфтаанд?!

Мария Цветаева:

  • Обро исроф накунед. Ҳамин лаҳзае, ки шумо обро бесамар ва бефоида сарф мекунед, касе дар дунё дар хумору дар суроғи об аст ва шояд ҷон медиҳад;
  • Нону гандумро муқаддас шуморед;
  • Эҳтироми волидонро ба ҷо оред, онҳо агар намебуданд, шумо наметавонистед ба дунё оед;
  • Сангу монеаҳои дигарро аз сари роҳ бигиред.
  • Мардуми калонсолро эҳтиром кунед;
  • Аз комёбӣ ва ғалабаҳои худ мағрур нашавед;
  • Касеро таҳқир накунед. Пеши бегонаҳо дар бораи худиҳо ҳарфи баду мазоқро раво набинед;

Василий Сухомлинский, педагог:

  • Бекор нагардед, меҳнат кунед;
  • Ба ҳоли мардуми бемор, бечора, пир ва заиф нахандед. Чанд чизе аст, ки бояд мариди эҳтиром қарор бигирад ва нисбат ба он тамасхур ва мазоҳ сурат нагирад – дустдории ватан, ишқу мууҳаббат ба зан ва пирӣ;
  • Дар баҳсу мунозира бо пирон фурутан ва оромтабиат бояд буд;
  • Барои ин ё он чизе, ки надорӣ, волидонатро гунаҳкор накун. Онҳо ҳама чизеро, ки тавонистанд, барои ту пайдо карданд, хариданд ва ёфтанд. Дар идома худат кор кун ва ҳама чиро ба даст ор;
  • Он чизеро, ки медонӣ барои дигарон муҳимтару заруртар буд, вале онро волидонат маҳз ба ту медиҳанд, нагир;
  • Ҳар амалу ҳаракататро а нуқтаи назари калонсолон таҳлил кун, ки ба онҳо ин писанд меояд ё не? Фаромуш накун, ки дар ғоибат волидон туро бештар пайзмонанд, дар бораи ту доимо фикр мекунанд. Кӯшиш кун ба онҳо нороҳатӣ наорӣ;
  • Ҳеҷ вақт наздиктарин нафарони худро дар танҳойӣ нагузор. Дар иду ҷашнҳо онҳоро ёд кун, ба аёдаташон бирав, дидӣ, ки пиру заифанд, такягоҳи онҳо бош;
  • ҲАр вақте ки ба роҳ мебароӣ ё кадом тасмимеро мехоҳӣ амалӣ кунӣ, ҳатман маслиҳату дуои бузургону ба сину сол калонҳоро бигир;
  • То тавонӣ дар танҳоӣ ғизо махур. Ҳатман касеро, ки медонӣ гурусна аст, сари дастурхонат даъват кун;
  • Вақте касе пеши ту рост меистад, нишаста суҳбат кардан камоли бехирадӣ аст. Пеши бузургсолтар, зан ё азизи дигаре ҳатман рост биист, аввалин шуда салом деҳ, хубу шоиста гуселаш кун;

Тавсияҳо аз физики бузург Алберт Эйнштейн.

  • Кунҷков бояд буд. Касе кунҷков аст ва доим дар ҷустуҷӯйи чизи наве, ҳатман комёб мешавад;
  • Тасаввур кардан муҳимтар аст. Ҳатто баъзан аз донистан низ. Неруйи тасаввурро бояд ба кор бурд;
  • Аз хато кардан наҳаросед. Бе хато касе нест. Хато охири умр нест. Онҳо баракс, шуморо пухтатар, комилтар, ҳушёртар бояд кунанд;
  • Дониш дар заминаи таҷриба пайдо мешавад. Иттилоъ –ин ҳанӯз дониш нест. Таҷриба бошад, метавонад манбаи дониш бошад.
  • Якрав будан ба маънии хубаш одати бад нест. Шарт нест, ки одам аз ҳама мардумон босаводтар бошад. Устувор будан дар самте, ки фаъолият мекунед, замина барои комёбиҳо мешавад;
  • Аз пушти ду харгӯш якбора давида намешавад ё якбора дар ду асп намешавад нишаст. Шумо албатта метавонед чанд корро анҷом бидиҳед, вале бо фосила ва на ҳамеша якбора. Муҳимтарин корро аввалтар анҷом бидиҳед. Нерӯ ва тавонии худро барои корҳои ночиз ё камарзиш сарф накунед;
  • Истеъдодатонро рушд бидиҳед. Талош кардан ҳануз маънии онро надорад, ки шумо муваффақ мешавед. Истеъдоди худро рушд бидеҳ, ки он туро ҳам маҳҳур мекунад ва ҳам ба орзуҳоят мерасонаду муваффақ месозад;

Ва ин ҳоло давом дорад….


Чанд соат пештар аз ҳамин лаҳзае, ки ин маводро менависам, аз нишасти дустонам омадам. Агар умуман бигирем, касе, ки бо ман душманӣ намеварзад, ӯ дӯсти ман аст. Шумо метавонед ба ин андеша розӣ бошед ва ҳам ҳамин гуна фикр кунед. Аммо, хоҳу нохоҳ миёни ҳамаи онҳое, ки мешиноседу мешинеду салому алейк ҳастед, қисми ками онҳо метавонанд дӯсти воқеии шумо бошанд, дар ҳолатҳои зарурӣ ва мушкил барои шумо каноратон бошанд. (Фаромуш накунед, ки ба назари гурӯҳи алоҳидаи шиносу дӯстонатон шумо ҳам шояд шахси идеаливу хубу шостаи дӯстӣ нестед, ки барои доштани ин назар онҳо ҳам ҳақ доранд). Ҳолату зарурат ва ниёзу таъсиррасониҳо метавонанд дӯстонро дар як лаҳза душмани ҳам кунанд, ҳамон гунае, ки душманон ҳам хеле зиёд иттифоқ уфтода, ки баъди як муддат дӯстӣ бо ҳам ҷонӣ мешаванд. Яъне, варианти дуруст ин аст, ки сиратро набояд ба ҳама дӯстони имрӯзат фош кунӣ ва бо рақибону бадхоҳонат ба ин ҳад душманӣ наварз, ки баъди чанде аз амалу ҳаракати худ сахт пушаймон шавиву дар ҳиҷолат бимонӣ. Яқ қоидаи тиллоиро набод фаромӯш кард, ки одамгарӣ ва инсоният ба ҳеҷ ваҷҳ бояд зери суол нараванд, фурӯхта нашаванд ва ё аз даст нараванд.

Мо дар ин нишаст дар бораи дӯстии як дустамон бо дӯстони барои мо ношиносаш гуфтем, ки як вақт сари як дастурхон менишастанд, аммо имрӯз душманӣ сарсахтанд, ки ҳатто таҳдиди фош кардани асрори тиҷорату кору фаъолияти якдигарро мекунанд. Шумо аз хоне, ки нон хурдед, аз он ҷое,ки маош гирифтеду умратонро сарфи он кор кардед, ҳатто дар ҳоле, ки ба доманатон сад гапу чапу «гуноҳ»-у айбро ҳам часпонанд, пеши дигарон ва бегонааҳо бо бадӣ ёд накунед. Онҳо гуфтанд ва фикр накарданд, шумо пеши дигарон накунед. Шумо фаросати баландтар, фарҳанги волотар ва донишу ақлу саводи беҳтару зиёдтари худро бо ин коратон ба намоиш мегузоред. Бовар кунед, ки ин барои душман сахттар аламовар аст.

Ҳамаи онҳое, ки шими мардонан доранд, хислати мардона надоранд. Мушкил ва ҳатто фоҷиа ин аст, ки онҳо ҳамин чиро аслан эътироф намекунанд, дарк намекунанд, ки хислату хулқу рафтору тасмиму кору борашон мардона нест. Атрофиёни онҳо ҳам «изои муъмин ҳаром» — гуфта инро ба рӯяшон намегӯянд. Ман фаҳмида наметавонам, ки дар гапчинӣ ва хабаркашӣ чӣ кайфият аст? Вале тахмин мекунам, ки бунёди луғавии хароб, надоштани мавзӯи ҷолибтари сӯҳбат, дур будан аз дину ойину мазҳаб, талоши пушонидани бесаводӣ ва ноуҳдабароӣ дар коргоҳ, кӯшиши худро пеши касе ширинтар кардан ва мисли инҳо базеҳоро ҳамин гуна ба «манбаи иттилои аслан нозарур ва нолозим» табдил додааст. Шумо кӯшиш кунед, каллаҳоятон фақат пури иттилои зарур, муҳим ва барои худатон муфид пур бошад. Агар миёни мағзи сар ва забон риштае, пайванде ва робитаи ноаёне набошад, татбиқи ҳамон мақоли «забони сурх сари сабзро барбод медиҳад» ногузир мешавад.

Инҷо сухан ҳамчунин дар бораи нафаре аз дӯстони дӯстонамон рафт, ки тааҷҷуб кардааст, ки дар сафари ҳаҷ шайтонро санг зада баргашта, ба хулосае расидааст, ки дар канорашу коргоҳаш шайтону шайтонсуратҳои бештаре ҷамъ омада будаанд, ки ӯ онҳоро мутаасифона хеле дер шинохтааст… Дарвоқеъ, дурӯғ аст, ки инсонҳоро дар сафар мешиносӣ ва барои шинохти одамон як солу ду сол кофӣ аст. Баъзе ниқобҳо даҳ солу бист сол дар чеҳраи бахзеҳо мемонад, онҳо ҳатто шаб дар хонаҳои худашон ҳам пеши ҳамсаронашон бо ниқоб хобанд. «Актёри хуб», ки ҳастанд, шинохтанашон душвортар аст. Дар бораи баъзе методу усулҳои ошкорсозии дустону ҳамкорони дуруғину ниқобдор ягон вақти дигар хоҳам навишт. Аммо то он вақт фақат бояд донед, ки пеши кӣ чӣ бигӯед ва назди кӣ дарди дил кунеду ниёзеро дар миён гузореду мушкилу нақшаеро матраҳ кунед…

Як ҳақиқати соддае ҳаст, ки онро набояд фаромӯш кард — дӯстони шумо ҳам мисли шумо дӯстоне доранд, ки шумо онҳоро намешиносед. Доираи дӯстони худро донистан, агар ба назар нозарур тобад ҳам, метавонад бисёр чиро бароятон бармало кунад. ман ҷонибдори онам, ки дӯсти шахс ҳатман бояд аз ҳамон сатҳу доирае бошад, ки худи шумо ба он ворид ҳастед. Вале мутаасифона мушоҳида мешавад, ки ҳамсинфи духтари тағои ким кадом мансабдор будан ҳам барои баъзе ҳамсолони шумо ҳоло мояи ифтихор аст. Шарт нест, ки бо сохтакориру дуруғу ба умеди чизе худро ба ҳамин гуна нафарон (ки албатта миёнашон дӯстони ҳақиқӣ ҳам зиёд аст), часпониву наздик кунӣ. Ҳар чизе, ки ин гуруҳ аз дӯстони имруз пулдору мансабдори худ мегиранд, ҳар кору нақшаеро, ки бо талошу мусоидати онҳо анҷом медиҳанд, як рӯз ҳатман метавонад объекти баҳсу ҷанҷолу димоғсӯзӣ бошад. Кам набуданд ин ҳолатҳо, ки мо шоҳиди он будему дар борааш огоҳ шудем. Холисона, содиқона ва самимона дӯстӣ кунед, аз дӯстонатон чизеро умедвору интизор нашавед. Фикр ҳам накунед, ки онҳо, ки дӯсти шумоанд, чизе аз шумо қарздоранд. Ин тавр нест!
Имрӯз доираи дӯстону ҷуратҳоятонро пеши рӯ оваред ва хулоса бароред -онҳо чӣ феълу хулқу атвор доранд? Дар 90% ҳолатҳо онҳо бо ҳамон хулқу одат калон ва ҳатто пир мешаванд. Ман шояд нодуруст хулосабарорӣ кунам, аммо натиҷаи мушоҳидаҳои ман ҳамин аст. Шумо бо дуруст мушаххас кардани ҳамин чиз барои оянда дӯстони ҷониро интихобу ҷудо карда метавонед.

Як гӯруҳи ҷудогонаи «дӯстон» ва ҳамкорон, ки агар аз онҳо пурра дурӣ ҳам ки наҷӯстед, на фақат асрору сир, ҳатто одитарин тасмиму кору боратонро ҳам бояд ба онҳо нагӯед. Аз дастовардҳо бошад, тамоман пеши онҳо гуфта намешавад. Онҳо ҳамеша бо шумо душманӣ намеварзанд, вале дастоварду пешравии шумо онҳоро девона мекунад, зиқ мекунад ва ҳатто бемор месозад 🙂 Шумо ҳам шояд онҳоро дигар кардаву ислоҳ карда наметавонед. Ман ростӣ ҳоло намедонам , ки бо онҳо чӣ гуна рафтор кардан дурусттар аст?!

Вале ба ёд дошта бошед, ки дар дунё дӯстони воқеӣ, ҳақиқӣ ва холисан лиллоҳ ҳам ҳастанд ва шумо ҳатман бо онҳо вомехӯред. Барои он, ки онҳо бештар бошанд, ҳамеша дар баратон бимонанд, шумо аввалтар аз ҳама худатон кӯшиш кунед, ки барои онҳо ҳамин гуна дӯст бошед. Рӯзи сахтиаш канорашро тарк накунед, дигаронро интизор нашавед, ки чӣ тасмим мегиранд ва чӣ хулоса доранд? Варианти дуруст ва муфиду натиҷадорро дар муносиботи дӯстӣ ва рафиқӣ интихоб кунед. Агар ту дар ҳоли зарурат ва лоилоҷӣ — бепулӣ ва мушкилу дарду ранҷатро ба ӯ гуфта натавонӣ, ё худи ӯ инро дарк накунад, пас дӯстии шумо воқеӣ ва ҳақиқӣ нест. Бо раҳо шудан аз он ҳолат дӯсти воқеии нав биҷӯ. Интизор нашав, ки дӯстат барои кӯмак ба ту муроҷиат кунад. Боз ҳам дар ҳоле, ки на ҳама метавонад ҳатто пеши дӯст ин гуна ниёзашро гӯяд. Ҳис кардӣ, ки ба чизе ниёз дорад ва ту метавонӣ онро бароварда кунӣ, бе пурсиш, бе овоза, бе шуҳратталабӣ, бе ғарази дигар кӯмак кун ва онро фаромуш намо. Тамом!

Ҳарчанд танҳо гаштану кор кардану зиндагӣ кардан душвор аст, вале аз сад дӯсти дуру дуруғин танҳо будан дурусттар аст. Иловатан бояд гуям, ки ба назари инҷониб дӯстони ҳақиқӣ ва ҷураҳо шумораи мушаххас ва муайян надоранд. Гузашти умр, ҳаводиси рӯзгор, шебу фарози зиндагӣ худаш онҳоеро, ки ту мешиносӣ, ба қавле филтр мекунад. Беҳтаринҳо албатта боқӣ мемонанд, ба шарте, ки худат дар дӯстӣ ва рафоқат беҳтарин бошӣ ва то ҳадди тавоноӣ холисона ва самимона дӯстӣ биварзӣ.

Ва ҳам ман мехостам дар бораи гуруҳҳои алоҳидаи дӯстони худамон ва дӯстони дустонамон бинависам, то дар хулосабарорӣ ва муқоисаҳоятон кӯмакатон кунад. Чӣ гуна мешаванд онҳо, чӣ одату феъл доранд, чӣ хел бархурд мекунанд: (ёдрас мешавам, ки ин гурӯҳҳо ба ғайр аз дӯстони ҳақиқӣ ва ҷонӣ ва самимӣ ҳастанд)

як гуруҳе ҳаст, ки ҷову пулу даромаду имконияту мавқеатон фақат онҳоро ҷазб мекунад, тамом;

гурӯҳи дигар фақат дар вақте ки чизе зарур мешавад, кадом корашон пешатон меафтад, мекобанду меёбанд шуморо;

як гурӯҳ то ин ҳад маҳалбозу ҷудоихоҳанд, ки арзишҳои дӯстӣ ва бародарӣ барояшон тамоман бегона аст;

гуруҳи дигар фақат барои он бо шумо дӯстӣ ва наздикӣ меҷӯянд, ки барояшон кор мекунед ва даромад меоред;

баъзеҳо сад сол гӯё дусту рафиқи шумоанд, аммо шумо ҳатто намедонед, ки хонаи онҳо дар кадом маҳаллаи Душанбе аст :);

гурӯҳи дигар аз миёни ҳама дӯстоне, ки якҷо шину хез мекунед, чанд каси хоса ва ҷудогона доранд, ки асрори дигару пинҳоние миёни ҳам дошта, талош мекунанд, ки шумо онро нафаҳмед ва надонед;

баъзеҳои дигар фақат барои он ба маҳфилу нишастҳои шумо меоянд, ки ахбори тозаро ҷамъу гир карда, ба мафҳилҳои дигаре баранд ва худро ширинтар кунанд. Ин гурӯҳ аксаран ба ин ҳад хайёлбофӣ ва истеъдоди кунду каму фаче доранд, ки барои хабаркашӣ ҳатто «хабар»-ро ҷудо кардаву муҳимияти онро шинохта ҳам наметавонанд :);

Як гурӯҳи дигар дӯстону рафиқон талош мекунанд, ки бо хонаводаи шумо наздик бошанд, бепарда сӯҳбат кунанд, шухӣ кунанд, мустақилона занг бизанад…Ин гурӯҳ ба истиснои рафиқон аз байни хешу таборон, асосан ҳамонҳоеанд, ки фаросати камтар, дониши тамоман кам, ахлоқи коста ва андешаи хеле кӯтоҳ доранд;

гурӯҳи дигар ҳамонҳоеанд, ки будан ва набуданашон дар зиндагии шумо ва муносибот бо шумо аслан ҳеҷ фарқ надорад. Худатон кӯшиш кунед, ки барои доираи шиносҳои худ ҳамин гуна шахс набошед;

гурӯҳи дигари «дӯстон» дуруғгӯ, беимон, воҳимачӣ, хабаркаш, тафриқаандоз, бахил ва мисли ин мешаванд. Ҳамин ки як бор шоҳиди ҳамин гуна амалу ҳаракати яке аз шиносҳои худ шудед, барои ҳамеша раҳояш кунед. Ё шунидеду санҷидеду бо далел мушаххас кардед, ки ӯ касеро дар куҷои дигар фурӯхтаасту дар ҳолати ногувор мондааст, аз ӯ дурӣ биҷӯед, ки хислат ва рафтору хулқ ба кавли бибии Туйдигулатон «ҷома нест, ки бароварда дар хона монӣ…»

Ин ҳамон чизе буд, ки гӯё чун бардошт аз нишасти ҳамин шом дар зеҳну ёдам чизҳои дигарро овард ва инҷо навиштам.

Аммо ин ҳоло давом дорад…

18/01/2023

=============================================================================================

Ин навбат хостам дар мавриди пулёбӣ ва идомаи шоистаи зиндагӣ бинависам. Ин пурра назари ман нест, вале ман ба он пурра мувофиқам, ки барои ба даст овардани пул ва зиндагии шоиста се чизи муҳиме ҳаст, ки шумо наметавонед онро сарфи назар кунед:

  1. Талабот ба ҳамон касбу коре, ки шумо интихоб карданӣ ҳастед.
  2. Ҳунар, истеъдод ва иҷрои босифати ҳамон кор аз ҷониби шумо;
  3. То кадом андоза иваз кардани шумо бо каси дигар осон аст?

    Акнун ҳар банди болоиро каме тафсир мекунем. Дунё пури касбу кор ва машғулияте ҳаст, ки мардумон гоҳо дониста, гоҳо надониставу тасодуфӣ ва гоҳо аз маҷбурӣ ба он машғул мешаванд, онро интихоб мекунанд. Масалан, ягон бор фикр кардаед, ки чаро як футболбоз ё як актёри Ҳолливуд пули ҳангуфте ба даст меорад? Дар ҳоле, ки ба назари аксарият менамояд, ки ӯ он қадар кори ҷиддӣ ва муҳимеро ҳам ба анҷом намерасонад. Ин барои он аст, ки ба кору машғулияти ҳамон нафарон таваҷҷуҳ беҳад зиёд аст-футболро миллионҳо кас тамошо мекунад ва актёр ҳам бо накшҳои офаридааш мавриди таваҷҷӯҳи миллионҳо кас қарор мегирад. Ана, барои чӣ онҳо пули бештар ба даст меоранд. Масалан, ба кори як ҷангалбон, як сохтмончӣ ё як оҳангар ба ин ҳад таваҷҷӯҳ сурат намегирад, ҳарчанд, ки он касбҳо ҳам бад нестанд.

    Асрори дуюми пули бештар ва зиндагии шоистаи шумо — ин бо сифат анҷом джодани ҳамон коре аст, ки аввал шумо онро дуст доштаед ва баъд талабот ба он бештар аст. Ё метавонед ҷойи ин аввалу дуюмро худатон иваз кунед. Принсипи ман дар зиндагӣ ҳамин аст, ки ҳамон корро ман ҳатман бояд босифати хуб ё тавонам аъло анҷом бидиҳам, вале агар натавонам, бояд онро тамоман накунам. Бигузор онро нафаре анҷом бидиҳад, ки босифтатар ва беҳтар аз ман мекунад. Шумо ҳам барои пули бештар ёфтан бояд коратонро хеле босифат, бо масъулият, тозаву покиза ва саривақт анҷом бидиҳед. Ҳамон гунае, ки дигарон натавонанд ё кам андар кам он гуна анҷом бидиҳад. Он вақт талабот ба кори шумо бештар мегавад ва табиист, ки ҳамин чиз бароятон имкон медиҳад, ки нархи дилхоҳатонро барои ҳамон як коре, ки дигарон ҳам мекунанд, таъин кунед. Вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ шуморо бояд мағрур накунад, ки ин оқибати хуб надорад.

    Агар ду банди болоиро хубу ба таври зарурӣ иҷро кардед, шумо ба ҳамон нафаре табдил меёбед, ки ҷойи шуморо гирифтан ва мисли шумо шудан беҳад душвор ва ҳатто баъзан имконнопазир мешавад. Русҳо як мақол доранд, ки «Не заменимых нет». Ҳама ин шаблонро истифода мебаранд. Вале шумо ба он бовар накунед. Ҳастанд касоне, ки онҳо иваз намешаванд. Шояд касе кори онҳоро давом дода тавонад, вале худи ҳамон кас шуда наметавонад. Яъне, шахсоне ҳастанд, ки такрорнашавандаанд! Каманд онҳо албатта! Ҳамин гуна, агар кори серталабот доред, онро содиқона ва бо самимияту масъулият анҷом медиҳед, ҳатман кордону мутахасиси хуб хоҳед шуд, ки иваз кардани шумо душвор мешаваду ҳатто номумкин. Он вақт метавонед, барои кору фаъолият ва хизматрасоние, ки доред, пули бештар пурсед ва даромади зиёдтар доште бошед.

    Рост аст, ки на ҳама сифату таҷрибаро мефаҳманду эҳтиром мекунанд, вале шумо дар бораи ҳама фикр накунед. Бештар худатонро фикр кунед, барои рушди шахсиятон талош кунед, аз омухтан ҳеҷ вақт фориғ нашавед. Агар пурсанд, ки чаро барои ҳамин як хизматрасонӣ шумо пули зиёдтар талаб мекунед, ҳатман бояд ҷавоб гардонед, ки шумо барои чанд дақиқа кори ман неву барои таҷрибаи чандинсолаам пул медиҳед. Ин бошад, ба осонӣ ва арзонӣ ба даст наомадааст…

    Умуман, як чиро бояд фаромуш накард, ки меҳнати зеҳнӣ ҳатман бояд даромади бештар биёрад, зиндагии шуморо беҳтар кунад. Тиҷорат ҳам хуб аст, аммо бе стратегия ва фикру хулосаи дуруст, муваффақ шудан номумкин аст. Ҳатман касбу ихтисосҳоеро, ки интихоб карданӣ ҳастед, мавриди таҳлил қарор бидиҳед ва ояндаи онҳоро мушаххас кунед, фикр кунед, ки бо доштани он шумо талаботи чӣ қадари мардумро қонеъ мекунед, оё метавонед ҳамон корро босифат ва беҳтар аз дигарон анҷом бидиҳед? Агар не, пас аз пушти ихтисоси ба дил наздиктар шавед.

    Фаромӯш накунед, ки ҷойи коратон ҳатман бояд фазои солим ва рақобати дурусту шоиста, ҳамкорони босаводу хушахлоқу донишманд дошта бошаду роҳбар ҳам оқилу доно бошад. Пул гуфта, дар коргоҳҳое, ки сифати муносибат бад аст, гуруҳҳои ҷудогонаву тафриқа аст, роҳбар нолоиқу бесавод аст, кор накунед. Вале агар роҳбар ҳастед, ҳеҷ вақт гирди худ хабаркашҳо, хокзанҳо, тамаллуқкорон, дуруғгӯҳо, фиребгарон, қаллобон, фоҳишаву ғару ҷанҷолииҳоро ҷамъ накунед. Агар ҳамин лаҳза аз дилатон гузашт, ки фалон корманд лоиқи коргоҳи шумо нест, фавран бо мулоимӣ ва бо тартиби қонунан дуруст ӯро ҷавоб бидиҳед. Ман аз таҷрибаам медонам, ки шумо сад сол баъд ҳам ҳамин гуна кормандро ҳатман ҷавоб медиҳед. Аз ин рӯ ҳар қадар зудтар ва барвақттар ӯро ҷавоб бидиҳед, ҳамон қадар асабҳоятон орому коратон пешрав мешавад.
    Ва ин ҳоло давом дорад….

10 апрели соли 20223

====================================================================

Имрӯз дар мавриди инсонҳо ва дигаршавиву тағирёбии онҳо менависам. Шумо дар ҷараёни зиндагиву таҳсилу кору фаъолият ва ҳатто дар нафақа ҳам, хоху нохоҳ бо мардумони дигар, бо шиносу ношинос, бегонаву худӣ ва мисли инҳо дар муносибот хоҳед буд. Табиист, ки шумо ба хонаи онҳо меравед, онҳо меҳмони шумо мешаванд, шумо кадом сирри онҳоро пай мебаред, онҳо ҳамчунин аз ягон асрори шумо огоҳ мешаванд. Пешопеш бояд гӯям, ки ҳама гуна муносибот, аз руйи таҷрибаи ман, муҳлату муддату вақту соати худро дорад. Яъне, баъзе шиносиву омаду рафтҳо як моҳу як сол, баъзан чору панҷ сол ва бештар тӯл мекашаду якбора бо кадом сабабе аз миён меравад, тамом мешавад, сард мешавад ва ё пурра канда мегардад. Фикр накунед, ки оне, ки имрӯз ба шумо дӯсти хеле наздик аст, як умр ҳамин гуна хоҳад монд. На! Ин тавр нест. Ё баракс, ҳама гуна душманиҳову бадбиниҳо абадӣ нест ва баъзан душманону бадхоҳони шумо ҳам хатои худро фаҳмида ё ба сазои амалашон расида, пушаймон мешаванд ва бо шумо роҳу василаи дӯстӣ мекобанд. Яъне, дар ҳар ду ҳолат ҳам (дар муносибот бо дустону душманон) шумо бояд аз ҳамон меъёр, ҳадди зарурӣ ва хати қирмиз нагузаред. Чӣ бояд кард, ки ҳамин гуна муносибот дар идома бар зиён ва зарари шумо ва наздиконатон набошад? Барои фаҳмотар шудан ман тавсияву пешниҳодамро барои шумо дар бандҳои алоҳида менависам:

  1. Ман ҳамеша фикр мекунам, ки Худованд дӯстону ошноҳоро барои иҷрои кадом амал, мусоидат барои ин ё он коре ва расидан ба ин ё он ҳадаф барои мо мефиристад. Ин як андоза имтиҳон ҳам ҳаст. Шарт нест ҳама асрори худро барои онҳо кушоед;
  2. Фикр накунед, ки ҳамкорону ҳамкурсони шумо ҳамеша ҳамин гуна соддаву хубу самимӣ мемонанд. Ҳайёт ва зиндагӣ, дороӣ ва фақирӣ, доштаву надоштааҳо ва ҳатто шиносои бо як ду нафари аз дигарон фарқкунанда инсонҳоро дигар мекунад;
  3. Вақте ки кадом муносиботи пуливу молӣ, шарту гараву маслиҳати тиҷоративу додугирифти молиявӣ доред, дар ҳоли дусту рафиқи беҳад наздик будан ҳам бо ҳуҷҷат тасдиқ кардани ҳамин муносиботро фаромӯш накунед. Ин айб нест. Фикр накунед, ки ҷураатону ҳамкоратону дӯстатон озурда мешавад ё ин нишони нобоварӣ аст. НЕ! Ин тавр нест. Шумо баъдтар мефаҳмед, ки бо бастани шартномаву қарордод ва тариқи ҳуҷҷат ба расмият даровардани ҳама гуна муносибот шумо на фақат хато накардаед, балки ҳатто бурд кардаед;
  4. Агар дар ҷое кор мекунед, ки коратон ба эҷоду офаридан вобаста аст, ҳама гуна фикру андеша ва ихтироъу кашфиёти худро (имруз агар барои коргоҳ моли умумӣ ҳам ҳисоб шавад) ба қайд бигиред ва патентӣ кунед. Ин корро агар рӯшоду ошкоро мекунед, боз ҳам хубтар;
  5. Маълумоти инфиродӣ, хусусӣ, маҳрамона, махфӣ, оилавӣ ва мисли инро дар компютер ва ғунҷоишҳои умумии коргоҳӣ ҳеҷ вақт нигоҳ надоред;
  6. Дар рӯзҳои маргу мир ва дуову фотеҳа ҳатман дар канори дӯстонатон бошед. Вақте ки ба маросими видоъ ё ҷанозаи волидону фарзандони онҳо рафтед, як каме рост истода, хайрухуш накунед, ҳатман дар ҷаноза ширкат кунед, то гӯристон равед ва ҳамон ду қирот савобро ба даст оред. Чанд рӯзи дигар ҳатман барои дуо ва фотеҳа биёед. Барои ин интизор нашавед, ки ҳама ҳамкорону ҳамкурсон ҷамъ шаванд. Якҷо меравед агар боз хуб, вале касеро барои ин кор маҷбур накунед;
  7. Романҳои ошиқона дар коргоҳ ва дӯстдориҳои корӣ бо ҳамкорон хуб нест, агар шумо нияти оиладоршавӣ надошта бошед ё агар аллакай оиладор бошед. Занону духтарони зеборо Худованд беҳисоб офаридааст ва халқ кардааст. Шумо бо ҳамаи онҳо ишқварзӣ карда наметавонед ва ин варианти аз ҳама хуб ҳам нест!!!;
  8. Баъзеҳо ин қадар ба шумо наздику рафиқу шафиқ мешаванд, ки ногуфтанӣ. Он вақт ҳам асрори худро, нақшаҳои ҷиддии худро ва орзуву ҳавасҳоеро, ки метавонад боиси рашку ҳавас ва ҳатто ҳасади онҳо шавад, аз онҳо пинҳон кунед. Агар фаҳмиданду хафа шудан, ин мушкили онҳо аст, зинҳор камбудии шумо нест;
  9. Ягон чизе нест, ки абадан ноошкору пинҳону нокушода монад. Ҳама чиз як рӯз ошкор мешавад. Барои ҳамин ҳам вақти таҳсилу кору фаъолият ва муносиботи кориву оиладориву ҳамсоядорӣ ҳатман ростгӯ, тозакор, масъулиятшинос, шикастанафс ва қаноатпеша бошед. Кӯшиш накунед, ки касеро фиреб дода, зиндагиатонро таъмин кунед. Ҳеҷ вақт аз пули ҳарому нопоку дуздиву фиреб барои фарзандонатон нон наоред ва маишати онҳоро таъмин насозед. Пули ҳаром, иншооти ҳаром, дороӣ ва сарвати ҳарому нопок баракат ва умри дароз надорад. Тули таърих ин чиз миллион карат исбот шудааст;
  10. Ба одамон, махсусан дӯстону ҳамкорону ҳамсояҳо ва шиносу ношиносҳо аз рӯйи либосу мошину хонаву дачаву шиносҳову хешу таборашон баҳо надиҳед. Ин варианти нодуруст аст;
  11. Аз нафароне, ки бо дину ойин мушкил доранд, баднияту бадхоҳанд, асабиву беморанд, мағруранд, булҳавасанд, хасису мумсиканд, хабаркашу гапчинанд, лагандбардору гаправанд, шубҳаовару сеҳргару ҷодугаранд….дурӣ ҷӯед. Онҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Бо онҳо якҷо нашавед, ҳамдастӣ накунед, робитаи зич надошта бошед, ки оқибат онҳо бегуноҳу бечора мебароянду шуморо шармсор мекунанд. Чунки онҳо дар ин кор устод шудаанд ва таҷрибаи бойтар доранд;
  12. Коратонро содиқона ва самимона иҷро кунед. Донишу саводи худро пайваста такмил диҳед, сайқал бидиҳед. Агар тавонед ҳунару касбу донишатонро ба дигарон, махсусан ба инсонҳои хоксору поку беғараз, холисона омӯзед, ёд бидиҳед. Дигар аз паси он нагардед, ки онҳо дар идома шуморо устоду раҳнамо мегуянд ё не?! Шумо аллакай медонед-ку одамон дигар мешаванд, тағир мехӯранд;
  13. Вақти сафар ҳамраҳу ҳамсафаронро дониста интихоб кунед ва агар тасодуфан ҳамроҳ шудаед, носанҷида кадом тасмими ҷиддӣ нагиред. Дар сафарҳои гуруҳӣ ҳамеша эҳтиёткор бошед. Манфиати ватану миллат аз ҳама боло бояд бошад. Дар соҳаву самте, ки мутахасис нестед, намефаҳмед, маълумот надоред ва надидаеду намедонед, ҳеҷ вақт изҳори назар накунед, шарҳ надиҳед ва изҳорот надиҳед;
  14. Агар аз касе тӯҳфа гирифтед, касе чизеро ба шумо тақдим кард ё бахшид, дониста бошед, ки он метавонад як вақт саволу ҷавоб ва пурсиш дошта бошад. Даҳҳо касро падари шумо дид, ки дар ин гуна ҳолатҳо баъди чандин сол миннат карданд ва ҳатто тӯҳфаҳои худро талаб карданд. Бовар кунед! Аммо агар шумо ба касе чизе додед, бахшидед ва ё тӯҳфа кардед, аз гуруснагӣ агар ҳалок ҳам шавед, онро баргашта нагиред, пеши дигарону пеши ӯ миннат накунед, ҳатто ба ёдаш ҳам наоред;
  15. Шинохтани одамонро бояд омӯзед ва ёд бигиред. Барои мисол, ба назари ман, агар барои одам рақами мошинаш азиз бошад, кӯшиш кунад, ки рақами телефону хонаашу мошинашу соли таваллудаш як хел бошад, сурати худашро бо ким-кадом шахси пулдору мансабдор ҳама ҷо ташвиқ кунад, аз он чиз фахр кунад, аз фақирон дӯрӣ ҷӯяд, аз гузаштааш, зодгоҳаш ва падару модарашу касбу кори содаву одии онҳо нанг дошта бошад, вай одами солиму босаводу хоксору боэътимод нест!!! Баъдтар шояд дигар ва беҳтар шавад, аммо имкон ҳам дорад, баъдтар боз бадтар шавад;
  16. Дар мактабу донишгоҳ, корхонаву сафару ҳар куҷои дигар талош кунед, сирри як нафари дигарро (агар бар зиёни миллату зарари ҷомеъа ва хисороти худатон нест!) пӯшида нигоҳ доред. Шарт нест, мисли он, ки имруз баъзеҳо мекунанд, ҳама чизеро, ки куҷое дидеду шоҳид шудед, пинҳонӣ ва ошкоро сабт карда, дар интернет ба иштирок гузоред, пахш кунед ё расонаӣ созед. Ин кори хуб нест, на аз нигоҳи динӣ, на аз нигоҳи қонун (ки ҳифзи сири шахсиро кафолат медиҳад) ва на аз нигоҳи одаму одамгарӣ;
  17. Ҳеҷ вақт гапу хабаре, ки каси дигар бароятон дар бораи ким-каси шиносу ношинос гуфт, ба ӯ ва каси сеюми дигар нарасонед. Худи ҳамин гуна нафарон одамони хуб нестанд ва аз онҳо бояд дӯрӣ ҷӯст. Масалан, дар тӯли фаъолияти корӣ сад бор шуда буд, ки касе пеши ман дар бораи як каси дигар сад гапи пасту баланд мезад ва шояд мехост, ки ман онҳоро ба мухотаби ӯ расонам. Вале ман ҳеҷ вақт ин корро накардаам. Шояд барои ҳамин бисёриҳо ба ман боварӣ доштанду доранд;
  18. Барои ҷову вазифаву унвону мукофот восита накобед, касеро миёнарав накунед ва сахт талош ҳам накунед. Ин чизҳо ҳарчанд баъзан вақт лозим мешаванд, аммо барои хушбахтӣ ва инсони комил шудан ё будан аз ҳама муҳим нестанд. Фикр накунед, ки асроратон пӯшида мемонад ё мардум намедонад, ки шумо чӣ гуна ба чизе муваффақ шудед. Ҳарчанд шояд ошкор накунанд, вале медонанд, мефаҳманд ва ҳис мекунанд. Инро фаромӯш накунед;
  19. Ба анъанаҳои санҷидашудаву бардавом, арзишҳои муқаддас ва мисли инҳо эҳтиром гузоред;
  20. Агар як кас кори нохубе кард, аз боварии шумо баромад, шуморо дар ҳолати ногувор гузошт ё мисли инҳо, аз рӯйи ҳамон як кас ба мардуми он маҳал , минтақа ва намояндагони он касбу кор баҳо надиҳед. Ин нодуруст аст;
  21. Ба дӯстони дустони худ аҳамият диҳед, шиносҳои ошноҳои худро бинед, ки киҳоянд. Инсонҳоро кадом як одату урфу хислаташон ҳатман ба ҳам наздик мекунад. Чизе умумӣ доранд инсонҳои бо ҳам наздику қарин. Агар худашон ҳам актёрӣ карда, симои аслии худро дар аввал накушоянд, шумо аз рӯйи шиносу дӯстони онҳо тахминан ҳам, ки бошад, фаҳмида метавонед, ки ояндаи ӯ чӣ гуна сурат хоҳад гирифт;
  22. Дар ҳар куҷо аз мардони зансурату занфеъл ва занони мардсурату беҳайё дурӣ ҷӯед. Қонунҳои табиат ҳар куҷо, ки риоя нашаванд, оқибати бад доранд, чизеро, ки Худованду дини Ислом манъ кардаасту бад гуфтааст, он бо ягон далели худсохта ва бофтаи одамон раво намешавад. Инро фаромӯш накунед. Ба онҳо албатта бадӣ раво набинед, вале дур будан аз онҳо авлотар ва дурусттар аст;
  23. Корҳои савобу хайрро пинҳонӣ ва бе реклама анҷом бидиҳед. Интизор нашавед, ки кай шумо миллиондор мешавед ва баъд хайр мекунед. Не! Шояд шумо ба миллиондорӣ нарасед ё шояд ба пирӣ, чун ин кори Худованд аст ва мо намедонем, ки чӣ қадар умр дорем. Аз миллиондоре, ки сад доллар ба фақире медиҳад, арҷу савоби шумо беҳтар аст, агар шумо дусад сомонӣ дореду сад сомонии онро холисона барои ризоияти Худованд ба касе медиҳед. Чунки, миллиондор 0,01% доштаи худро хайр кард, шумо бошед, 50% доштаҳову дороии худро. Ин мисоли фикркардаи ман нест албатта. Ин фарқро фақат бояд шинохту ин мисолро фаромӯш накард;
  24. Ба одаме, ки як бор шуморо фурӯхт, тӯҳмат кард, бад гуфт, ва мисли ин ҲЕҶ ВАҚТ бовар накунед! Ин шояд дуруст нест, вале ман ҳамин гуна рафтор мекунам. Модарам мегуфт, ки «феъл ҷома нест, ки бароварда дар хона монӣ….». Ин гунаҳоро агар феълашон ҳамин аст, шуморо сад бори дигар хоҳанд фурӯхт. Дур будан аз онҳо беҳтар ва дурусттар аст;
  25. Дӯстони ҳақиқӣ ва воқеъӣ зиёд намешаванд. Масалан, ман ба мақоли русии «не имей сто рублей, а имей сто друзей» нигоҳи дигар дорам. Чун шарт нест, ки ҳатман сад дӯст дошта бошӣ. Ва ҳам шояд ними ҳамон дӯстони имрӯзиат, пагоҳ душманони эҳтимолият ҳастанд. Бегона намедонад, ки ту чӣ дорӣ, чӣ кора ҳастӣ ва чӣ зиндагӣ дорӣ. Тавре ки дар ҳамон мисраи машҳур ҳаст, ин дӯст аст, ки дар фикри шикасти дӯсти худаш аст….;
  26. Роҳи дурусти хушбахтӣ ва осудагии руҳӣ — ин аз касе аз ягон ҷиҳат вобаста ва муттаҳам набудан аст. Фақат барои ҳамин талош кунед, ки аз касе чизе вобаста набошед. Албатта дар зиндагӣ, ки маҷмуъи муносибот бо ҷамъи инсонҳои дигари шиносу ношинос аст, ин кор душвортар аст, лекин имконпазир аст, агар шумо дақиқкор, ростқавл, тозакор ва шикастанафс ҳастед;
  27. Хайру сахову одаму одамгарӣ ва самимиятро аз чизҳои ҷузъӣ, сода, назарногир ва одӣ сар кунед ва идома диҳед. Масалан, ман мехостам, ки шумо ҳатман ҳамеша ба паррандаҳо дона диҳед, барояшон лона созед, одамони аз сари роҳатон баромадаро бо мошин ақалан то сари роҳи калон баред, либосҳои кӯҳнаву нолозиматонро аввал шӯставу тоза карда, баъд бе ҳангома ва овоза ба ниёзманде бидиҳед, ҳатман ба хонаи хешу табори худатон ва ҳамсояҳо нону ширинӣ ва чизе, ки онҳо лозим доранд, баред, дар ҳашару маъракаҳои муҳим ширкат кунед, ба ҷиянҳои ману худатон бозичаву китобу дафтар тӯҳфа кунед, фаҳмидед, ки касе аз шиносу ҳамсояҳо бемор аст, ҳатман чанд карат аёдаташ равед, аз ҳоли ятимоне, ки онҳо ва ё волидонашонро мешиносед, хабар бигиред….

Ва ин ҳоло давом дорад….

16 ноябри соли 2023.

====================================================================

Имрӯз дар мавзӯе хоҳам навишт, ки барои мисол дар радио ва телевизионҳои мустақили дунё бозоргиру сертаваҷҷӯҳ аст — оиладорӣ, зан гирифтан, шавҳар кардан, оила бунёд кардан. Инсонҳо барои расидан ба ин рӯз ва ҳамин гуна хушбахтӣ баъзан ними умри худро сарф мекунанд, талош мекунанд, пул ҷамъ мекунанд, рафиқи ҳаётии муносиб мекобанд ва мисли ин. Волидони ман ҳарчанд деҳотиву одӣ буданд, аммо ба мо дар самти интихоб озодии пурра дода буданд. Ба ҳар сурат ман ҳамин озодиро комилан эҳсос мекардам. Ва шояд як сабаби зангирии расмии ман дар синни 27 солагӣ ҳам ҳамин чиз бошад, яъне, вақте интихобро ба дасти ту медиҳанд ва ту бепарвову серкор ҳастӣ, он сана (яъне, оиладорӣ) албатта дертар фаро мерасад. Ин мавзӯйи дигар аст…. Аммо ман ин навбат дар мавриди чанд қоидаи муносибат бо ҳамсарон ва сохтану шакл додани зиндагӣ менависам. Пешакӣ мегуям, ки ин фақат бо такя ба таҷрибаи зиндагӣ ва оиладории худам асту аз мушоҳидаву дидаҳову хонадаҳо. Куҷое шояд сермурчу сернамактар ояд. Онро баъд худатон мушаххас мекунед.

Бо кӣ бояд оиладор шуд?

Бо шахси босавод, бовиҷдон, хоксор, оқилу доно ва дурандеш. Ҳоло ҷавонони камҳавсалаи чанд соли охир оиладор шудан бо духтарони сарватманд ва аз хонаводаҳои машҳуру вазифадорро ба муд ворид карданд. Варианти беҳтарин ҳамин аст, марду зан оқилу доно бошанд ва хоксор, ки ҳатто дар ҳоли ҷангу нофаҳмиҳои оилавӣ, ки хоҳу нохоҳ рух медиҳанд, якдигарро таъна накунанд. Интихобкардаи шумо имрӯз шояд кампулу бевазифаву ношинохта аст, вале шумо фақат ба нақшаву ният ва талошу дурандешии ӯ таваҷҷӯҳ кунед. Садҳо нафарро падари шумо медонад, ки як вақт дорандаву машҳур буданд, баъди чанд сол, аз оне, ки таҳкурсиву заминаи илмиву таҷрибаи нокифоя доштанду болои худу нақшаҳояшон кор накарданд, муфлису бечора шуданд, аз оне, ки пулҳои доштаашон аз худашон набуд, бо меҳнати ҷисмиву фикрии худашон ба даст, ки наомада буд, бехабару ноаён нест шуда рафт. Пули зиёд доштан дигар асту бо пул муносибати оқилона доштан, тамоман дигар. Нафареро бояд интихоб кунед, ки имруз барои таҳсилу омӯзиш талош дорад, таҷриба меандӯзад, ҳунар меомӯзад, касбҳои гуногунро барои рӯзи мабодо таҷриба мекунад. Дар омадаи гап бояд гуфт, ки ба модари ҳамсари ояндаатон ҳам хубакак зеҳн монед ва хислату хулқашро пешакӣ омӯзед. Ҳамсарони худро ҳатман тариқи курсу маҳфилҳои кӯтоҳмуддат ҳам ки бошад, соҳибкасб кунед ва албатта китобхон созед. Масалан, ман ҳамеша дар мавриди маргу мир фикр мекунам. Ҳар мард ин чиро бояд дар хотир дошта бошад, ки агар бо ӯ кадом ҳодисае рух бидиҳад, ҳатман зани оқилаву донову соҳибкасб зарур мешавад, ки фарзандонро бе миннат тарбия кунад, ба по хезонад, барои таҳсилу парвариши онҳо, кам ҳам ки бошад, пул дошта бошад. Тасаввур кунед, ки агар ӯ диплому касбу ҳунару ҷойи кор надошта бошад, чӣ мешавад? Бо ӯ шояд ягон чизи ҷиддӣ намешавад, вале бо фарзандони хурдсол чӣ? Инро набояд фаромӯш кард!!!

Фарзандони падар ва келинҳои наву кӯҳна.

Муҳимтарин чизе, ки дар оиладорӣ, зиндагии якҷоя ва рафтуомад метавонад бошад, накандани риштаи пайванди бародарӣ ва фарзандпадарӣ аст. Мутаасифона, ҳоло мушоҳида мекунам, ки келинҳои камсаводу баъзан аз рӯйи меркаҳои муосир — бесавод, тамоми корро мекунанд, ки шавҳар, яъне як мард аз бародарони худаш ҷудо шавад, бо онҳо ҷангӣ бошад, қаҳрӣ кунад. Борҳо аз наздикону хешу табори наздику дури худам шунидаам, ки келине, ки шавҳараш аз ФР чор танга бештар ба хонаи умумии падарашон равон мекунад, аз худ меравад, мағрур мешавад, эҳтироми дигаронро фаромӯш мекунад ва ҳатто ба дигарон таъна мекунад, ки «шумо бо пули шавҳари ман зиндагӣ доред….» Мефаҳмед, ки ин чӣ қадар фоҷиаи бузург аст, ки дар заминаи бесаводии баъзе келинҳо ва бечорагиву бепарвоии баъзе мардон ба миён омадааст. Ман барои ҳамин гуфтам, ки интихобатон ҳатман бояд сари ҳамсари босавод қарор бигирад. Кобед, санҷед, вохӯред, фикр кунед, муқоиса кунед ва баъд оиладор шавед. Ман ҳатто ҷонибдори онам, ки оиладорӣ ҳатман тариқи аҳдномаи никоҳ сурат бигирад ва онҷо ҳама чиз то хурдатарин ҷузъ навишта шуда бошад. Нагузоред, ки келинҳо, яъне ҳамсаронатон, бародарии шуморо заиф кунанд, ба сухани росту дуруғи занатон дода нашуда, бародарӣ ва фарзанди як падару модар буданатонро фаромӯш накунед. Ба хоҳару бародаратон, ки кӯмаки беғараз кардед, аввалтар аз ҳама ҳамин гуна ӯро тарбия кунед, ки ҳангоми рӯшод анҷом додани ин амал дилаш сих назанад, вале агар чунин нашуд, ин корро пинҳонӣ ва беовозаву дарвоза кунед. Шарт нест, ки комилан ҳама чиро, ҳама гапу хабарро, ҳама асрори худу бародаронатонро ба занатон қисса кунед!!! Гапи кӯчаро ҳам ба хона наоред. Ин хоси мардон нест! Вазифаи волидон ҳам ҳамин аст, ки адолатро ҳамеша дар миёни келину фарзандон ҷорӣ кунанд, таъмин созанд ва нигоҳ доранд. Аз сӯйи дигар, варианти беҳтар ҳамин аст, ки аъзоёни оиларо ошкоро ва пеши ҳама таъриф ҳам накунанду танқид ҳам. Ин кор, яъне таъриф, албатта мотиватсия ва таҳрик медиҳад, вале метавонад эффекти баракс ҳам диҳад. Бародарӣ ва хоҳарӣ муҳимтарин чиз дар зиндагии инсон аст. Онро ба ҳеҷ ваҷҳ қурбони дасисаву фиребу дуруғи ҳамсаронатон ва дигарон накунед. Носанҷида ва таҳлил нокарда, касеро аз бародару хоҳаратон хафа накунед. Вақте, ки дигарон, яъне аз берунтари хонаи шумо, камбудии шумо ва ҳамсаратонро самимона ва холисан гуфтанд, қабул кунед ва аз пайи ислоҳаш шавед. Ҳеҷ вақт пеши ҳамсаратону фарзандонатон бародару хоҳари худро таъна накунед. Қарз ва фарз аст, ки шумо ба ҳамдигар кӯмак расонед, дастгири ҳам бошед. Бадтарин чиз барои ман ҳамин аст, ки фарзандони падар барои кадом молу ашё ва ҳавливу замини падару модар ҷангу қаҳрӣ мешаванд. Худро пеши мардум бо ин тарз шарманда накунед, ки дарвозаҳои шаҳр баста мешаваду даҳони мардум не! Ин гапи ман нест!
Марди ҳақиқӣ ҳамоне аст, ки ҳам ҳамсарашро эҳтиром мекунад ва ҳам худаш дар оила соҳибэҳтиром аст. Ҳамеша фикр кунед, мушоҳида кунед, бинед ва санҷед, ки ҳамсари шумо дар ҳолатҳои зерин чӣ хел мешавад, худро чӣ тавр идора мекунад?

⦁ Вақте шумо имкон доред ва барои бародару хоҳаратон пул ё чизе аз молу ашё медиҳед;
⦁ Вақте ба хонаи шумо хешу таборатон ва махсусан хоҳару бародаратон меояд ё бисёртар меоянд;
⦁ Вақте ки шумо мехоҳед, дӯстонатонро ба як пиёла чой ба хона даъват кунед;
⦁ Вақте касе тасодуфан ва бе огоҳӣ меҳмони шумо шумо мешавад;
⦁ Вақте меҳмони шумо мехоҳад шабро дар хонаатон рӯз кунад;
⦁ Вақте ки шумо ҷойи коратонро аз даст медиҳед ё пулҳоятон дар кадом тиҷорате мераванд;
⦁ Вақте бемор мешавед ё волидонатон мариз мешаванду кор то нигоҳубини онҳо мерасад;
⦁ Вақте шумо ба кадом тасмиму нақшаи ҳамсаратон НЕ мегуед;
⦁ Вақте ки хоҳар ё бародаратон барои қарз ба хонаи шумо меояд ё кадом ниёзе дораду ба шумо муроҷиат мекунад;
⦁ Вақте ки бародару хоҳаратон мехоҳад, ки фарзанди ӯ вақти донишҷӯйӣ як муддат дар хонаи шумо истад;
Ба фикрам, ки кофӣ аст. Ҳамин ҳолатҳо як тести хубе барои мушаххас кардани донишу саводу хислату хулқи ҳамсаратон аст.

Хатои занҳо ва як сабаби ҷудошавиҳои зиёд

Ҳоло садҳо баҳона барои ҷудошавӣ ва ҷангу ҷанҷоли оилавӣ мавҷуд аст. Вале муҳимтаринаш чанд то аст:

  1. Ба иззати нафси мард расидани зан;
  2. Беэҳтиромии аз ҳад зиёд ва нобахшиданӣ;
  3. Тақсимоти нодурусти маблағ ва надоштани саводи молиявӣ;
  4. Мушкилоти маҳрамонаи зану шавҳарон;
  5. Дониши нокифояи марду зан ва дахолати ашхоси сеюму чорум;

    Рост аст, ки ҳама чиро дар ВАО ва дар суҳбатҳои умумӣ зану мард иқрор намешаванд ва намегӯянд. Зани боақл бояд ба ҳама мушкилоти муваққатие, ки шавҳараш дорад, тоқат кунад ва дар ҳалли он ба ӯ кӯмак расонад. Ҳоло мутаасифона аксарияти занҳо мардеро эҳтиром мекунанд, ки ё аз ӯ метарсанд, ё пули зиёд дорад ё дороии бештарро соҳиб аст. Вале фикр кунед, ки дин ва шариат инҷо чӣ мегӯяд? Вақти оиладорӣ чӣ маслиҳат карда будед? Нагузоред, ки ашхоси сеюму чорум ба зиндагиатон дахолат кунанд. Маслиҳатҳои дурустро ба инобат гиред, аммо дахолатро қабул накунед. Зане, ки шуморо бо каси дигар муқоиса кард, мағруру гапнодаро шуд, миннат кард, дасткушоду дилкушод нест, хабаркашу дуруғгӯ аст, иғвоангезӣ мекунад, ба дуову панду насиҳат эътиқоду бовар надорад ва аз Худову Шариат наметарсад ва бадтар аз ҳама — ҷодугару сеҳргар асту ислоҳ намешавад, бадтарин зан аст ва кирои оиладориву дӯстдориву умрро ба ӯ бахшидан намекунад!!! Зани боақл ба иззати нафси мард намерасад. Бигузор ту зани пулдор, мансабдор ва миллиондор бошӣ, вале дар хона гапзани соҳибэҳтиром — МАРД аст, шавҳар аст. Ӯро бояд гӯш кард, эҳтиром кард, волидонашро бояд ҳурмату иззат кард. Дигар муҳим нест, ки ӯ чанд пул маош мегирад ва касбаш хаткашон аст ё сваршик. Ӯ мард ва шавҳар аст. Тамом! Ҳама ҷузъиёти дигарро пеш аз оиладорӣ бояд фикр, тахмин ва пешбинӣ мекардед! Фаромӯш накунед, ки ҳамаи мардҳои шуҳратманд, дарозумр, муваффақ, хушбахт ва мисли ин ҳатман зани оқилу донову босавод доранд. Ин гуна зан метавонад модару хоҳар ё аппаи ӯ ҳам бошад. Баракси гуруҳи занони болоӣ падаратон боз занҳоеро ҳам медонад, ки шавҳарони эҷодкору қаламкашашон аз дасти онҳо беқадру пиру майзадаву бечора шуданд ва дар ҷавонӣ аз олам рафтанд….

    Дури аз оила ва асрори дурӣ.

    Ман фикр намекунам, ки муҳочират дар замони бузургсоливу оиладориҳои шумо ҳам дар ин шакл боқӣ мемонад. Вале вариантҳои дигари сафару муҳоҷирату кору бор берун аз кишвар шояд мисли он, ки то имрӯз буд, ҳамеша боқӣ мемонад. Ин раванди мушкил аст. Дур будан аз оила ва хонавода осон нест. Бадтарин чизи муҳоҷирате, ки ҳоло ҳаст, — беназорат мондани занону кӯдакон аст. Ин корро, яъне назорату рафтуоро аъзоёни дигари оила, мисли бобову бибӣ, амаку тағо ва холаву аммаи босаводу боақл ҳатман бояд ба дӯш дошта бошанд. Яъне, шумо бояд монеъа нашавед, ки падаратон зани шуморо ҷанҷол кард, ки исрофкорӣ мекунад ё пулҳои шуморо нодуруст сарф кард ё ба тарбияи кӯдакон хунукназарӣ кард. Ба азизтарин нафарони хонавода ва оилаи худатон, ки донишу таҷрибаи кофӣ дорад, иҷозат бидиҳед, ки раванди тарбияи фарзандони шуморо назорат кунанд. Инро худатон ҳам метавонед хоҳиш кунед. Вақте инсон, махсусан зан, зери таъсири андешаҳои кадом ҳамсоя, дугона ё дӯсти бесаводу ҷиноятпеша мемонад, оқибати хуб надорад. Боз ҳам дар замони телефонбоз шудани занону кӯдакон ва имкониятҳои фарохи интернет. Хонаи шумо ҳатман буҷа, бандҳои хароҷоту даромад ва мисли онро бояд дошта бошад. Шумо албатта хасис нашавед, вале назорат кунед, ки ҳамсар ва фарзандатон пулҳои шуморо чӣ гуна сарф мекунанд? Ин муҳим аст! Бо бародаратон ҷанҷол накунед, ки ба ҳамсари шумо эроди дуруст ва баҷо гирифт ё фарзанди шуморо барои ба дарс нарафтанаш сабук танбеҳ дод. Агар гапу ҳарфи гуфтанӣ доред, бо ӯ алоҳида ва як ба як тариқи телефон ё бо роҳи дигар сӯҳбат кунед. Он гунае, не, ки ӯ тамоман хафа шавад ва бепарвоӣ зоҳир кунад. Мақсади ман ин аст, ки вақте ки шумо дар кишвар ва дар назди хонаводаатон нестед, онҳо бояд ҳис накунанд, ки ба касе лозим нестанд, касе онҳоро суроғ намекунад. Имрӯз як нафар гуфт, ки хушдоманаш тааҷуб карда, аз келинаш пурсидааст, ки «ту амакӣ ҳам дорӣ? Чуба як бор хабаргирит намеоя, ки бинемша….Ягон бор надидемша…» Ин албатта таънаи як зани бесавод аст, ки бояд ба он аҳамият надод, вале ба ҳар сурат агар ҷониби дигар сабукӣ карда, ба он ҷавоб гӯяд, сар мешавад ҷангу нофаҳмӣ ва димоғсӯзиҳо…

    Дар охир чанд тавсияву маслиҳатро аз таҷрибаи худам дар шакли як ҷумла вобаста ба муносибот бо ҳамсарон меорам ва умедвор мешавам, ки омӯзанда ва ба манфиат бошанд:

    ⦁ Нагузоред, ҳамсаратон фарзандони шуморо аз дигар ҷияну хоҳару додаронатон дур кунад ва дуюмиҳоро ба чашми аввалиҳо бад ҷилвагар кунад;

    ⦁ Нагузоред, ки гапи хонаводаи шумо аз ҷониби ин ё он келин ба берун барояд, мавриди баҳсу сабаби таънаи дигарон шавад;

    ⦁ Бо ҳамсояҳо муносибати хуб ба роҳ монед, ҳатман онҳоро дастгирӣ кунед агар имконият доред, вале хислату характер ва хулқу одати онҳоро ҳатман омӯзед ва аз ҳамсояҳои бад дурӣ ҷӯед;

    ⦁ Нагузоред, ки ҳамсаратон хонаи ҳамсояро офис кунаду ҳар саҳару нимрӯзиву шом онҷо бошад; Нагузоред, ки гапи ҳамсояҳои дигарро ба хона орад;

    ⦁ Ҳар кору тасмиме, ки ба занатон дахл надорад, ба ӯ хабар накашед, нақл накунед, махсусан агар ин сари кадом нақшаву тасмиму додугирифти шумо ва бародару хоҳаратон аст; Ҳамсаратон агар боақлу бофаросат аст, донишу таҷрибаи хуби зиндагӣ ва одамгарӣ дорад, гуфтан шояд хуб ҳам бошад, вале агар ин афзалиятҳоро надорад, беҳтар аст, ҳама чиро надонад;

    ⦁ Назорат кунед, ки бародарону хоҳарони пулдор ва вазифадори ҳамсаратон тамоми доштаҳои шуморо маҳсули кору дастгирии худ унвон накунанд. Хусурбачаеро шунидам, ки мегуфт «мо барои хоҳарамон ҳавлӣ харидем…» Дар ҳоле, ки язнаи бечорааш дар хунукиҳои поини 60 дараҷаи Русия ҷон меканду пул кор мекард ва пули қарзи ҳавлиашро мепардохт… Бегона фикр мекард, ки он марди бечорае ки дар Русия кор мекунад, дар он хонаву дар миёни ин авлод ягон қадру қиммат надоштааст. Дар ин ҳолат ҳатман бо ҳама тарафҳои ин баҳс рӯ ба рӯ суҳбат кунед ва талаботу изҳороти қатъиро ба миён гузоред. Вале ин корро (махсусан маротибаи аввал) ҳатман дипломатӣ, оқилона ва бе хафагӣ анҷом бидиҳед.

    ⦁ Дар нақшаву орзӯҳову чорабиниҳои оилавӣ фақат худатону ҳамсаратон тасмим бигиред. Шахсони сеюм боз ҳам агар камдонишу мағруру воҳимачӣ бошанд, пешниҳодҳое мекунанд, ки чени зури шумо нест ё тамоман заруру даркорӣ нест. Масалан, як вақт дидам, ки рӯзи туй зан бо шавҳараш сари он ҷанҷол дошт, ки мард чанд ҷӯрашро ба тӯй даъват кардааст ва барои ким-кадом хешу табори зан, ки кампирони пири фартут буданд, ҷой нарасидааст….Фаҳмидед, ки чаро зан ҳатман бояд боақлу бофаросат бошад?? Магар намешуд инро пешакӣ вақти навиштани даъватномаҳо ҳал кард? Масалан, ба назари ман, ки ресторан ҷойи кампиракони пири фартут нест. Барои онҳо, новобаста ба фаъолияти комиссияҳои танзими ҷашнҳо мо чанд маъракаи дигар дорем ку… Вале он зан фикр намекард, ки ҷанҷоли ӯро мани барандаи тӯй ва чанд каси дигар медидем ва мешунидем….

    ⦁ Нагузоред, ки ҳамсаратон ҳамеша, росту дуруғ ва пайваста ба шумо аз рӯйи волидонатону хоҳару додаратон шикоят кунад, онҳоро паст занад, таъна кунад ё кадом сухани дигарро раво бинад. Зани боақл ин корро бо тарзи дигар ҳал мекунад. Марди боақл ҳам намегузорад, ки кор то ин дараҷа бирасад.

    ⦁ Ба фарзандонатон ёд бидиҳед, ки калонсолони авлодро эҳтиром кунанд, ба гапи онҳо гӯш андозанд, рафтуомадро бо хешовандон қатъ накунанд, дар рӯзи шодиву ғам канори ҳам бошанд, сари гӯри азизони гузашта бираванд, дуо хонанд ва онҷоро тозаву озода нигоҳ доранд;

    ⦁ Вақти ба хонаву манзили худатон кӯчидану рафтан хонаи аввалин ва зодгоҳатонро ҳеҷ вақт фаромӯш накунед ва инро барои фарзандони худатон ҳам талқин кунед;

    Вале ҳама гуфтаҳои болоии ман ба он маънӣ нест, ки зан ё ҳамсари шумо бояд каси пасттар аз шумо ва ё камэҳтиром бошад. Не! Ӯ модари фарзандони шумо аст ва шумо пеши ӯ ҳам тариқи қонунӣ ва ҳам аз рӯйи шариат масъулият ва ҷавобгариву ӯҳдадорӣ доред. Онро бояд риоя ва иҷро кунед. Фақат фаромӯш накунед, ки дар оила зан бояд- зани воқеъӣ, ҳақиқӣ ва комил бошаду мард — марди ҳақиқӣ, соҳибэҳтиром ва сарвари оила! На рол ё нақшҳо дар оила бояд иваз шаванд ва на ҳаққи касе болои каси дигар боқӣ монад…

    Ва ин ҳоло давом дорад…
    16 уми ноябри соли 2023.

    ================================================================

Ин навбат ман дар бораи он хоҳам навишт, ки чӣ чиз барои як инсони комил, барои аъзоёни як оила ва аз ҷумла барои шумо бисёр муҳим аст ва ҳатман бояд дар хонаву ҳавлиатон бошад. Ин албатта аз руйи андешаву фикру хулосаи ман аст. Шуо ва хонандагони дигари ин сатрҳо метавонанд назари дигар дошта бошед. Агар шумо ба ин матн розӣ ҳам набошед, аз он лоақал мефаҳмед, ки падари шумо дар бораи чӣ фикр мекардааст, чӣ доштан мехостааст ва мисли ин. Пешакӣ бояд гуфт, ки занҳо аксаран ҷонибдори ин ё он намуди хайёлбофӣ ва фантазияи мардҳо нестанд. Масалан, онҳо дар хона, махсусан агар он дар биноҳои баландошёна аст, будани кадом таҷҳизоти машқ, ҷонварони хонагӣ ва ҳатто куллерро барои обнӯшӣ хуш надоранд. Онҳо фикр мекунанд, ки ин чизҳо хонаро танг мекунад ва ё агар меҳмонон ин чизҳоро бинанд, гуё айб бошад…

Будани чӣ чиз ба назари ман дар хонаҳо зарур аст?
Китоб ва гӯшаи китобҳо


Ман ҳамеша орзӯ доштам, ки ҳамин як гӯшаи китобҳоро дошта бошам. Ҳоло ҳам фақат бо тамошои навори ҳамин гуна гӯшаҳои китобмонӣ, ки мардуми ҳунарманд месозанд ва дар интернет ҳаст, қаноат мекунам. Вале будани ин чиз дар хонаҳои шумо зарур ва ҳатмӣ аст, то пайваста як китоберо аз қатори китобҳо бигиреду барои хонданаш иқдом кунед ва фарзандону набераҳои шумо ин амалатонро бубинанд. Бигузор онҷо китобҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳон, муосир, классикӣ, китобҳои илмӣ, диннӣ ва бадеӣ дар гӯшаҳои алоҳида бошанд. Варианти беҳтарин хондаи пораҳо аз он китоб ва баъд баҳс кардан сари он пораҳо аст. Бигузор ҳар кас он чизеро, ки фаҳмид, байён кунад. Ҳеҷ агар тавону имкони молиявии харидани китобҳои қиммат ва бисёрро ҳам надошта бошед, моҳе як маротиба ба он қатори китобҳо як то китоб илова карда метавонед. Шояд набудани ҳамин гуна гӯша сабаб шуд, ки халта-халта китобе, ки ман доштаму аз ҳар куҷо гирифтаву харидаву ҷамъоварӣ карда будам, аксаран гум шуданд, нам кашиданд ва ҳатто чандеи он дар ҳавлии Чорбоғ дар таҳхонаи намгирифта пӯсиданд…

Ягон намуд асбоби мусиқӣ

Шояд фикр мекунед, ки ин чиз он қадар муҳим нест. То фарзанддор шудан бисёриҳо ҳамин гуна фикр мекунанд. Вале таҷриба ва ҳатто тадқиқот исбот кардааст, ки будани асбоби мусиқӣ дар хона, ба суруду мусиқӣ ва оҳанг завқу таваҷҷӯҳ доштани кӯдак ҳатман боиси рушди ҷисмӣ ва руҳии ӯ мешавад ва гузашта аз ин навохта тавонистани ягон асбоби мусиқӣ ҳатман кӯдакро зебоипараст, меҳрубон ва оромтабиат мекунад. Шарт нест, ҳама ҳофизу навозандаву овозхон шавад, вале шарт аст, ки кӯдакону наврасон бо мусиқӣ ва дар иҳотаи савту наво ба воя бирасанд, ҳатман суруду оҳанги классикӣ шунаванд, ба дарку фаҳми таронаву оҳанг бирасанд. Масалан, дар хонаи кӯдакиҳои мо дутору гитара буду аккордеон буд. Шумо ҳам метавонед барои худу фарзанду набераҳоятон дутор, рубобу тор, гитара, пианино, най, асбобҳои зарбӣ ва мисли инҳоро дошта бошед. Шумо дидаед, ки ман дутореро, ки соли 1983 вақти 5 солагии ман, бобои Қаландарам барои ман-набераи аввалинаш тарошида будааст, ҳоло ҳам нигоҳ медорам…Вай чандин сол ҳатто дар утоқи кориам дар радио буд ва пайваста менавохтам…

Ҷонварони хонагӣ.

Агар шумо ҳавлӣ дореду имкони дар як гӯшаи он ташкил кардани гушаи ҳайвонот ҳаст, ин тасмими хуб хоҳад буд. Агар шумо мурғу бузу гову гусфанд ҳам, ки парвариш накунед, нигоҳ доштани занбури асал, кабк ва паррандаҳои пуранақши хонагӣ ҳатман барои шумо ва фарзандонатон шавқовар хоҳад буд. Махсусан, доштани чанд қуттӣ занбури асал аз манфиат холӣ нест. Дар ҳавлӣ парвариш кардану нигоҳ доштани дарахту гулу гиёҳҳои шифоовар, хушбӯй ва ороишӣ идеяи нағз аст.

Гулҳои зебо, нодир ва хушбӯй.

Шумо ҷойи кории маро ҳар куҷо дида будед. Дар қатори чизҳои дигар ҳатман дар пеши тирезаву руйи утоқҳои корӣ гулдону гулҳои гуногун буданд. Ин чизи хеле муҳиме аст. Кӯшиш кунед, вобаста ба хосият ва решаи он гулҳо қуттиҳо ва гулдонҳои шумо хурду калон бошанд, вале ҳамагӣ агар як рангу намуд дошта бошанд, ба чашм хеле зебо мерасад. Ман як вайт хеле нороҳат шуда будам, ки фарроши коргоҳи мо утоқи кории маро тоза карда, гулеро, ки аз тиреза то фарши утоқ давида буд, қайчӣ зада буд. Он гул дигар амал накард ва хушк шуд. Ӯ фикр кардааст, ки ин нишони дағалӣ аст, агар гул дароз мешаваду рӯ-руйи хона ё утоқ медавад. Аммо барои ман комилан баркс аст. Ҳар руз ба онҳо об додан, нигоҳ кардан ба зебоии онҳо, шамидани атри онҳо, нигоҳубини онҳо ҳатман ҳам кори савоб аст ва ҳам машғулияти хеле ҷолибу шавқоваре.

Гӯшаи ғизои паррандаҳо

Ман дар Варшава як вақт паррандагонеро, ки ба нуги ангушти шумо омада мешинанд, дида, ҳайрон шуда будам. Инҷо паррандаву чаррандаву даррандаҳо аксаран аз мо мегурезанд. Ҳис мекунед? Барои он, ки мо меҳрубон нестем нисбат ба онҳо.ШУмо халтаҳои гандумро пеши тирезаи утоқҳои кории ман шояд дида будед. Ҳатман кафтару майнаву мусичаву чанд паррандаи дигари хонагӣ ва беозорро ба доне, ки худатон мехаред, одат кунонед. Дар бозор намунаи беҳтарини дону ғизои парранда аст, онро пайваста бихаред ва холисан, аз сидқ ба паррандаҳо диҳед. ФИкр накунед, ки пулатон тамом мешавад ва ин як машғулияти бефоида аст. Дар ин масъала гапи дигаронро ҳам гӯш накунед. Як рӯз худатон ҳам ба савобу натиҷаи хуб ва неки ин амалатон қоил мешавед. Ин корро махсусан дар зимистон, ки замин таги барфу ях асту ғизо барои паррандаҳо ками кам, анҷом бидиҳед.

Китоб, сурат, ҳуҷҷат, молу ашё, либос, дафтар ва ҳар чизе, ки аз гузаштагони шумо аст.

Ман садҳо нафароеро медонам, ки дар хонаашон як сурати бобо ва ё бибиашонро надоранд. Чизе дар бораи онҳо намедонанд, як навор ё сурати онҳоро аз куҷое суроғ накардаанд. Шояд шумо фикр мекунед, ки ин як кору амали нодаркор аст. Вале ба назари ман ин гуна нест. Ин амал нишони вафодорӣ, садоқат ва инсонияти баланди шумо аст. Ҳатто як-ду дафтару китоб, сурату навор ва либоси фарзандонатонро ҳам нигоҳ доред, ки барои онҳо ва барои худатон дар оянда ҷолибу шавқовар хоҳанд буд. Махсусан, навору суратҳои худу наздиконатонро ҳатман ҷамъоварӣ кунед ва соле як-ду бор лоақал дар рузи зодрӯзи онҳо ба он албоми суратҳо ва ғунҷоиши наворҳои онҳо руҷӯъ кунед, тамошо кунед ва онҳоро барои фарзандонатон ба ёд овардаву муаррифӣ кунед. Алиҷон аллакай чанд навори нодир бо ширкати падари ман ва биби Иззатмоҳ дорад…

Мусаввараҳо

Будани онҳо албатта кори маҷбурӣ нест. Барои ин завқи табиӣ, хоҳишу истеъдод ва нигоҳи зебо лозим аст. Суратҳои кашидаи Марҳаборо дидаед? Чаро онҳо ё нусхаи онҳо дар хонаи шумо набошад? Ин ҷолиб аст-ку вақте мебинед, ки он суратро хоҳари шумо дар 8 солагиаш кашидааст ва ӯ имрӯз барои мисол, 50 сола аст?! Ҳамин гуна аз сафарҳо кадом сурату тасвирҳоро харида меоред, касе бароятон тақдим мекунад ё агар ҳунар дошта бошед, худатон чизеро тасвир мекунед ва онро дар рамка гирифта, ба девори хонаатон меовезед. Ин хеле ҷолиб аст. Гӯш накунед, ки дигарон дар ин мавзӯъ бароятон чӣ мегӯянд….Имкон доред, ки беҳтарин суратҳои дар сматрфону фотоаппарат гирифтатонро калонтар нашр карда, ба чоркунҷаи чубӣ гирифта ҷой ва макону вақти аккосиро навишта онро дар деворҳонаи хонаву ҳавлиатон ҳифз кунед. Ин амал ягон вақт аз муд намеравад. Зебоипараст будан, мусаввара ва тасвирҳоро шинохтан, хоставу фикри рассомро хондан, ба онҳо нигоҳи шоирона доштану чашми рассомона доштан ҳамеша авлавият ва афзалият аст.

Ва шояд бисёр чизҳоеро, ки мехостам ба ин рӯйхат ворид шаванд, фаромуш кардам. Ё шояд дертар илова мекунам…

Ва ин ҳоло давом дорад…
18-уми ноябри соли 2023

====================================================================

Ин навбат дар мавриди фикру андешаи дигарон ва атрофиён нисбат ба шумо хоҳам навишт. Оё он муҳим аст? Чаро ба он бояд ҷиддӣ таваҷҷуҳ накард? Варианти дурусттар ё нисбатан дуруст кадом аст?
Шахсан ман кам ба андешаи дигарон таваҷҷӯҳ кардаам. Миёни он андешаҳо албатта андешаҳои ҷолибу заруриву муҳиму муфид буданд, аммо бадбахтона, хеле кам буданд. Шахс агар истеъдоди ҷудо кардани андешаҳои заруру нозарурро надошта бошад, дар миёни гапу чапи мардум гум мешавад, азоб мекашад. Боз ҳам агар ӯ аз фикру ақидаи дигарон вобаста шуда бошад, ин раванд дар ҷисму руҳу равонаш хеле ба сахтӣ мегузарад. Равоншиносон тавсия медодаанд, ки шумо аввал мардуми атроф, шиносу ношиносҳоро ба се гуруҳ тақсим кунед: онҳое, ки андешаҳои комилан зарур ва ҷолиб байён мекунанд, онҳое, ки андешаҳои на он қадар ҷолибу заруру муҳим доранд ва онҳое, ки фикру андешаашон комилан дархур нест ва барои шумо аҳамият надорад.

Акнун ба назари ман, ки вобаста шудан аз нигоҳу назари дигарон чанд паҳлуйи нохуб дорад:

⦁ шумо қобилияти доштани назари инфиродиро гум мекунед;
⦁ шумо хулосаи дуруст бароварда наметавонед;
⦁ андешаҳои нохуби дигарон фавран ба шумо таъсири бад мерасонад ва ҳатто шуморо бемор мекунад;
⦁ шумо аз байёни андешаву ақидаи худ дар миёни мардум меҳаросед;
⦁ баъди вобастагӣ аз назару нигоҳи дигарон дар хонаводаатон мушкил ва нофаҳмиҳо сар мезанад;
⦁ шумо ҳамчун шахсият рушд намекунед ва пеш намеравед;
⦁ шумо аз хато кардан, ғайриқолабӣ будан, эҷодкорӣ кардан, хайёлбофи намудан ва мисли инҳо меҳаросед ва дар чорчӯбаи тангу торе мемонед;

Акнун вобаста ба бандҳои болоӣ чанд ҷумла назари худро менависам. Пешопеш бояд гуям, ки ман баъди вуруд шудан ба муҳити шаҳр, ки костагиву норасоиҳои кам надошт, ба тадриҷ барои бепарвотар ва камаҳамият шудан ба андешаи дигарон иқдом кардам ва ба назари худам, ки муваффақ ҳам шудам. Яъне, ман талош мекунам, ки кору бореро анҷом бидиҳам, ки ба худам писанд ва мақбул аст, ба қонунгузориҳои ҷорӣ, қонуни қавоиди инсонӣ ва қуръонӣ зид нест. Дигар кампири Басбӣ ва мӯсафеди Достӣ нисбат ба ман чӣ назару чӣ андеша дорад, барои инҷониб он қадар муҳим нест. Яъне, барои ман муҳим нест, ки дар бораи интихоби касбу кори ман, ҳамсари ман, ҷойи зисти ман, тарзи зиндагии ман, либосу палоси ман… дигарон чӣ ақида доранд. Зеро ман медонам, ки дар ҳоли дигар шуданам ҳам, боз касони дигар ёфт мешаванд, ки ҳатман ба он дигаргунии ман розӣ намешаванд, ёфт мешаванд, касоне, ки ба ҳар амалу ҳаракат ва беҳаракатии ман эроди ноҷову баҷо мегиранд. Ҳикояти Луқмони Ҳаким, хар ва фарзандашро ман борҳо ба шумо нақл карда будам ва инҷо намеорам. Шумо онро ба ёд доред.

Ҳоло ман чандин касонеро медонам, ки андешаҳои дурусту нодурусти мардум ба ҳадде ба онҳо таъсир мекунад, ки ногуфтанӣ. Ин дар ҳолест, ки дигарон ба он гуруҳ тамоман кӯмак намекунанд, роҳи дурустро нишон намедиҳанд (аксарияташон ҳатто роҳи дурусти зиндагии худро наёфтаанд). Баъзан мешунавам, ки кадом шунавандаи радио занг зада, аз ровӣ, ки аксаран ҷавонони камтаҷриба ҳастанд, роҳу равиши зиндагӣ мепурсад, мушкилашро дар миён мегузорад ва аксаран ин мушкили оилавӣ аст ва бояд миёни уву ҳамсарашу хонаводааш ҳал шавад. Аксари ровиҳо ҳатто ҷуръат карда, кадом тавсияҳои хому обшӯставу нодаркорро ҳам пешниҳод мекунанд…

Ман борҳо мешунавам, ки касе вақти гуфтани фикраш ҳатман байён мекунад, ки «мардум чӣ мегӯянд? ба чашми мардум чӣ тавр назар мекунем?». Ман дар ҳама ҳолат фикр мекунам, ки маро нафароне иҳота кардаанд, ки нисбатан донишу дарку фаҳмиши хубу болотар доранд.Онҳое, ки фаҳму фаросати поинтар доранд, онҳое, ки амалу ҳаракат ва тасмимҳои шуморо қабул надоранд, рад мекунанд, хуш надоранд, мушкили худашон аст. Ин набояд мушкилу проблемаи шумо бошад. Масалан, шояд ба усули ровигии ман сад кас эрод гирад, шояд ба сад кас тарзи зиндагии ман писанд набошад. Чаро барои ин ман бояд ғусса хӯрам? Ман агар ба ҷомеъа хавфу хатар надошта бошам, кори ноҷову нодурусту баде накарда бошам, чаро бояд барои он, ки кадом тасмиму кору борам ба касе писанд нест, асабӣ шавам, нороҳат гардам…??? Ман борҳо шоҳиди ҷангу ҷанҷолу афту дарафт дар ҳамин замина шудаам. Махсусан, занону духтарон ба ин чиз сахт бархурд мекунанд. Варианти беҳтар, ба ҳоли худ гузоштани он мардуме аст, бо назарҳои носанҷидаву беасосу ҳатто харобиовар ба мехоҳанд ба шумо таъсир гузоранд. Яъне, игнор! Тамом. Баҳс варианти беҳтарин нест.

Аблаҳтарин шахс ҳамоне аст, ки ба шумо вобаста ба кадом паҳлуйи ҷисм ва зиндагиатон, ки шояд аз шумо вобастагии пурра надошта бошад, эрод мегирад. Масалан, шуморо сиёҳ, ё гушчапар, ланг, олус ва мисли ин ном мебарад. Ин нишонаҳои рушани одами бесавод — ҳам аз нигоҳи диннӣ ва ҳам аз нигоҳи дунявӣ аст. Ин гуруҳ ба тасмими Худованд розӣ нестанд. Мефаҳмед? Касеро Худованд метавонад гушдарозу ҳатто бегӯш биофарад. Инсони дигаре ҳеҷ вақт ҳақ надорад, ки инро баҳона барои таъна ва ришханду мазоҳу масхара қарор бидиҳад. Мисли ҳамин, мо инсонҳо гунаҳкор нестем, ки сиёҳу сафед, дар деҳоту дар шаҳр ва ё дар хонаи бой ва ё камбағале ба дунё омадем. Одамоне, ки ба ҳамин чиз аҳамият медиҳанду таъна мезананд, бефаросату дар дӯстӣ ноустувору аз одамгарӣ дуранд.

Аҳамият бидиҳед ва дарҳол дарк мекунед, ки инсонҳое, ки гапу чапи зиёд ба бор меоранд, ҳамаро насиҳату маслиҳат медиҳанд, ба ҳама чизу ҳама кас кордор мешаванд, корашон ғайбату сиёҳкуниву эродгирӣ аст, аксаран худашон ба шахсони идеалӣ ҳатто наздик нестанд. Мақоли «Руйи одам ширин» ва «Изои муъмин ҳаром» ин гуруҳи мардумро мағруртар кардааст. Мо, ки руйи рост онҳоро ба қавли мардум «ба ҷояшон намешинонем», онҳо ҳам ин одати нохубро давом медиҳанд. Шумо ру ба руйи ин гуруҳи мардум асалан бепарво ва беаҳамият бошед. Натарсед, ки ба овозаву дарвозаи онҳо ҳама бовар мекунад ва аз пушти худсафедкунӣ ва баҳсу муноқиша нашавед. Мардум аксаран ба онҳое бовар мекунанд, ки дуруғро беҳтар мегӯянд. Ин гапи ман нест, вале ман ба ин сухан комилан бовар дорам. Атрофиёни дигар, ки ба ғайбат гуш мекунанд ва ба суханчину иғвогар бовар мекунанд, шояд ислоҳ нашаванд, баҳс бо онҳо бефоида аст. Мардуми боақл, ки ҳатман дар атрофатон бояд бештар бошад, ба ин гуруҳи мардум бовар намекунад ва ҳама чиз баъди як муддат ба ҷойи худ бармегардад.

Дар бораи ман дар 25 соли кору бор дар радио ва телевизион саду як ҳамин гуна гапу чап буд, ҳазор номгуй дуруғу ғайбат ва овозапароканӣ буд. Ман ягон вақт ҷиддӣ аз пушти мушаххаскунии муаллифи овозаву дарвоза нашудаам. Ман медонам, ки «ҷавоби аҳмақ сукут аст». Ва ҳам медонам, ки аксарияти ин гапу хабари бекору беасосро, ки асосан барои таъсиррасонӣ ба рӯҳу равони ман анҷом дода шуда буд, «дӯстон»-и кунунӣ ва собиқи ман ё онҳое, ки ман кадом вақт барои бесаводӣ, дуздӣ аз коргоҳ ва ё кадом гуноҳи дигар аз кор пеш кардаам, паҳн карда буданд. Шумо ҳам дар ин ҳолат аз сарфи назар кор бигиред. Аҳамият надодан, сахтарин зарбаи шумо ба онҳо хоҳад буд. Ҳеҷ мумкин нест, ки бадхоҳ ба сазои амалаш нарасад, ҳеҷ мумкин нест, ки баъди як бадӣ кардан ба шумо, ба сад баду бало гирифтор нашавад. Ҳатман ба сазои амалаш ҳама бадхоҳу бадкирдор ва беимону душману харобкор мерасад. Дар ҳамин дунё мерасад ва шумо ҳатман мебинед ва мешунавед!
Аз ҳамин рӯ, нисбат ба ҳамин гуруҳи душманду бадхоҳон бепарвотар ва беаҳамияттар бошед. Асабҳоятон хароб накунед. Мефаҳмам, ки ин душвор аст, вале имконпазир аст. Ҳамаро ба баҳс кашидану ҳақу ноҳақро сад сол кофтан варианти беҳтарин нест. Умри инсонҳо кам аст. Умри инсонҳои хуб метавонад боз ҳам камтар шавад, агар бо беақлу бефаросатҳо, бадхоҳу бадниятҳо пайваста дар баҳсу талош шавад. Дар роҳи рост бошед, адолатро пайгирӣ кунед, ҳаққи касеро нахӯред, касеро фиреб надиҳед, тозаву озодаву покиза зиндагӣ кунед. Он вақт ҳамаш ҷо ба ҷо хоҳад шуд. Мебинед, ки бадхоҳон чӣ тавр дар доми бало мепечанд, ба чоҳҳои кандаи худ меафтанд ва дар овозаву туҳмату ҷодуву балои хезондаашон дармемонанд…

Дар қисмати ниҳойӣ чанд тавсияро дар ҳамин маврид менависам, умедворам, ки ба манфиат хоҳад:

⦁ Ба гапу чапи мардум аслан аҳамият надиҳед, онҳо аксаран бо назардошти тарсу хавфи худашон, бо мақсади пӯшонидани кадом норасойии худ ба ин кор даст мезананд ва баъд одат мекунанд;
⦁ Ба худатон ҳатман савол бидиҳед, ки агар ман ба гапи мардум аҳамият надиҳам, чӣ мешавад? Аксаран ҷавоби ин савол ҳамин аст, ки ягон чиз намешавад… Ҳатто ҳама чиз хубтару беҳтар мешавад;
⦁ Шумо тамоми паҳлуҳои хубу шоистаи худро рӯйхат кунед. Он вақт мефаҳмед, ки некиҳои шумо бештар аст, паҳлуҳои устувору беҳтари шумо зиёдтар аст, корҳои хайру савоби шумо бештар аст ва албатта ором мешавед;
⦁ Барои камтар кардани таъсири гапу хабари нодаркори беруна аз атрофиён шумо аз шухӣ, ҳаҷв ва зарофат истифода баред. Ин шуморо асабӣ намекунад ва баъд ҷавоби сазоворе барои гуруҳи мардуми бекори гапчин мешавад;
⦁ Фикр кунед, ки андешаҳои атрофиён дар зиндагии шумо то кадом андоза муҳиманд? Онҳо дар зинаи чандум қарор мегиранд агар тамоми он чизеро, ки барои ояндаи шумо муҳим аст, рӯйхат кунед? Ба ҳамин ду савол ҳатман ҷавоби дурусти қаноатмандкунанда кобед. Ман вақте ки худам ба ин саволҳо ҷавоб кофтам, фаҳмидам, ки барои ман андешаи дигарон ба ҷуз як-ду каси хеле наздик, дигар асалан муҳим нест ва дар руйхати муҳимоти зиндагиву кори ман барои онҳо аслан ҷой нест;
⦁ Ҳушёр бошед, ки аз андешаи дигарон вобаста нашавед. Бо андешаи дигарон зистан ба ин маънӣ аст, ки шумо мағзу каллаву дилу руҳу равони худро надоред. Дигарон бояд муайян накунанд, ки шумо чӣ гуна ва чӣ хел зиндагӣ кунед. Ин корро худатон бояд дар чорчубаи қонунҳои муосир, динӣ ва одамгарӣ анҷом диҳед;
⦁ Шумо ҳайёти худро дошта бошед. Он албатта аз хато орӣ нахоҳад буд, шояд душвору мушкил хоҳад буд, вале натиҷаи завқу салиқа, донишу таҷриба ва амалу ҳаракати шумо хоҳад буд. Он ба дигарон ва бегонаҳо писанд меояд ё не, ин аллакай мушкили онҳо аст. Шумо талош кунед, ки барои худу аъзоёни оилатон зиндагии тозаву дурусту росту шоистаро таъмин кунед. Тамом. Андешаву гапу чапи мардумро сарфи назар кунед;
⦁ Барои гапу чапу эроди дигарон шуда, шумо дар чеҳраи худ каси дигари барои атрофиён маъкулро натарошед. Сохтакорӣ накунед, худатон бошед, табиӣ бошед;
⦁ Ҳеҷ вақт зиндагиву кору бор ва амалу ҳаракат ё либоспушии кадом ҳунарпешаи камсаводу бегонапарварро тақлид накунед. Шарт нест, ҳама мисли ким-кадом ҳунарпешаи турк шаванд, шарт нест мо мисли ким-киҳо гап занем ва суханрониии онҳоро тақлид кунем. Муд, кору гапу амали заруру нозарур омадаву мераванд, аммо самимият боқӣ мемонад. Худатон бошед, самимӣ ва меҳрубон;
Муҳим: Баъзан атрофиён назарҳои беғараз, қобили қабул, дуруст ва заруриро ҳам мегӯянд, пешниҳодҳои ҷолибу даркорӣ мекунанд, маслиҳатҳои дуруст ва саривақтӣ медиҳанд. Онҳоро бояд ҷудо кард, шинохт, қабул кард ва татбиқ намуд. Ин аз шумо маҳорат ва донишу таҷрибаи амиқ ва кофӣ талаб мекунад. Дониш бошад, дар китобҳост. Ҳатман бе китоб ва мутолиа ҳатто як рӯзатонро ҳам нагузаронед…

Ва ин ҳоло давом дорад…

3-юми декабри соли 2023

===================================================================

Ин навбат ман мехостам дар мавриди сухану суханварӣ, суҳбатороӣ ва умуман, ба қавли мардум дар бораи гап зада тавонистану фикри худро баён карда тавонистан сӯҳбат кунем. Ин хеле чизи муҳим аст. Ман аз таҷриба медонам, ки мардум ду гурӯҳанд: аввали оне, ки дониши хуб дорад ва нутқи хуб не ва дуюм — оне, ки саводи кофӣ ҳам надошта бошад, ҳамин гуна бо ҳарорат чапу рост сӯҳбат мекунад, ки ҳайрон мешавед. Иловатан, гурӯҳҳои дигари мардум ҳам ҳастанд, ки дар ҳамин самт фарқкунандаанд. Барои мисол, бахзеҳо як соат ҳам суҳбат кунанд, ягон гапу ҳарфу сухани нав гуфта наметавонанд, баъзеҳо кӯтоҳ ҳам суҳбат кунанд, хеле нишонрас сӯҳбат мекунанд ва ҳастанд нафароне, ки то ҳарфу сухани тозаву нав надошта бошанд, дар миёни мардум, дар радио ва тв суҳбат намекунанд.
Ҳунари суханварӣ ва сӯҳбатороӣ доштан барои ҳама муҳим аст. Ин новобаста ба он, ки шумо намояндаи кадом касбу ихтисос ҳастед. Сухандонӣ ва ширингуфторӣ барои муфаттиш ҳам зарур ва муҳим аст, барои духтуру журналист ҳам, барои ронандаи такси ҳам. Чанд қоидаи муҳимро ҳам мешавад, ёдрас кард:
⦁ Пештар аз оғози сӯҳбатҳо бубинед, ки дар он маҳфил киҳо ширкат доранд?
⦁ Донишу савод ва истеъдоду ҳунару ҷову мақоми аҳли нишастро ҳатман ба назар бигиред;
⦁ То надонед, ки ҳамсӯҳбатони шумо аз кадом минтақа ҳастанд, чӣ қадар донишу савод доранд, чӣ ақидаву чӣ мавқеъ доранд, беҳтараш дар мавзуоти ҷиддӣ суҳбат накунед;
⦁ Ҳамеша дар мавзӯъҳое сӯҳбат кунед, ки шумо онро медонед, хондаед, омӯхтаед. Аксарияти ҳамсолони шуморо ман имрӯзҳо мебинам, ки фақат суҳбату гапу андешаҳои як гурӯҳи мардумро аз наворҳо гӯш карда, ҳамонро байён мекунанд. Ин шояд бад нест, вале инро дониш гуфта намешавад;
⦁ Маҳфили каси дигарро, ки шояд мавзӯаш дигар аст, бо кадом мақсади барои худаш муҳим ташкил кардааст, бо «доноиву ҳозирҷавобӣ» -и худ ба қавле, вайрон накунед.
⦁ Дар нишасту маҳфилҳо бинед, ки чанд дақиқа суҳбат кардан иҷозат аст. Нишастҳои хосса регламент доранд, ки онро шумо ҳатман бояд риоя кунед;
⦁ Шарт нест дар аввалин нишаст ва бо мардуми тамоман ношинос дарҳол вориди суҳбат шавед ва ҳама сиру асрори худрову коргоҳатонро дар миён гузоред;
⦁ Ҳоло аксарияти мардум одат доранд, ки сӯҳбатҳои шуморо сабт кунанд. Телефонҳои ҳамроҳ ҳоло ин гуна имкон доранд ва баъзеҳо бо мақсадҳои мухталиф ва ҳатто аз руйи кунҷкобӣ суҳбати шуморо сабт мекунанд. Эҳтиёткор бояд бошед ва дар ҳар куҷо сари ҳар мавзуъи муҳим ва нозук, ки умедворам дарк кардед онҳо кадомҳоянд, суҳбат накунед;
⦁ Баъзе мардумоне ҳастанд (ва ман чанд нафари онҳоро аз миёни доираҳои эҷодӣ мешиносам), ки ба ягон андешаву гапу нуқтаи назари бегонаҳо розӣ нестанд. Онҳо фақат назария ва назари худро росту дуруст мешуморанд. Бо онҳо баҳс накунед, ки бефоида аст. Он одати бадро онҳо тарк карда наметавонанд. Ин гуруҳи мардум аксаран дониши илмиву таҷрибаҳои санҷидашуда надоранд. Шумо медонед, ки одами бесавод хавфнок нест, одами чалласавод хавфноку беэътимод аст. Беҳтараш аз онҳо бояд дур шуд;
⦁ Пештар аз ҳама нишасту маҳфилҳо бо донистани мавзӯъ ба он омода шавед, китобу дафтар ва адабиёти заруриро варақ занед, кӯшиш кунед, гапи нав, таҳлили дуруст, шухиҳои баҷо ва беозор кунед;
⦁ Муҳимтарин нуктаи ҳама суҳбату нишасту маҳфилҳо гӯш карда тавонистан аст. Яъне, ҳунари гӯш кардан ҳатто дар баъзе маврид аз суҳбат кардан ҳам муҳимтару муқаддамтар аст;
⦁ Ҳар куҷо ва ҳар вақте ки суҳбат мекунед, талош кунед, ки ба иззати нафси мардум нарасед, онҳоеро, ки нестанду худро ҳимоя карда наметавонанд, танқид накунед ва бад нагӯед, ягон миллату маҳалу урфу одат ва анъанаи мардумонро масхара накунед, баду нохостанӣ нагӯед. Муҳимтар аз ҳама, бе факту далел ва манбаъ суҳбат накунед, ки он сӯҳбат умумӣ, обшӯста ва ҳатто дигиркунандаву нодаркор мешавад;

Акнун, як нуктаи муҳими дигарро, ки барои суҳбатҳои ҷолиб кӯмак мекунад, суҳбати шуморо пурратар, пухтатар ва ширинтар мекунад, байён мекунам. Он донистани панду андарз, ҳикоёти кутоҳи ҷолиб ва албатта ҷумлаву нуктаҳои муҳим ва шавқовари муаллифони гуногун ва донишманд аст. Талош кунед, ҳадис, ҳикоёт аз китобҳои динӣ, панду ҳикояҳо аз классикон, андарзу ҳикоёти хурд ҳатто аз интернет ҳам ки бошад, ҷамъоварӣ карда, ҳифз кунед. Пештар аз маҳфилҳо, ҳатман мувофиқ ба мавзӯйи он панду андарз, рӯйдод, санаҳои таърихӣ, ҳикоёт ва қиссаҳои воқеъӣ, далелҳои ҷолиб ва шавқовар ҷамъоварӣ кунед. Ин суҳбататонро беҳтар, фарқкунанда ва шавқовар мекунад. Фаромӯш накунед, ки умумигӯйӣ ва баъд пургӯйӣ ба ягон кас маъқул нест. Таҷриба кунед ва дарк мекунед, ки ҳар каси пургӯй ҳатман дар куҷое хатоӣ ҷиддӣ мекунад, кадом иттилои нодаркорро байён мекунад ё мардумро дилгир месозад. Тамоми суҳбатҳои то навбати шумо бударо дар нишасту маҳфилҳо гӯш кунед ва таҳлил созед. Шарт нест гуфтаҳои пештарро такрор кунед. Вақте ки китоб ва адабиёти дигари бароятон ҷолибро мехонед, ҳатман нуктаҳои муҳими он, суханони гуфтаи бузургон, шахсиятҳои шинохта ва умуман қаҳрамонҳои он асару мақолаҳоро дар дафтари умумии алоҳида ё дар компютери худ гирд оваред. Онҳо ҳатман даркор мешаванд. Бояд гӯям, ки дилхоҳ китобу мақолаву асар, (ба назари ман) як ду паёми асосӣ доранд, ки хонандаи зирак ва донову сермутолиа онро баъди бодиққат хондан бояд ёбад ва ҳифз кунад.
Агар барои радио ва ТВ мусоҳиба медиҳед, талош кунед, ки бо журналисти босаводу донотар ва суҳбаторои хуб мусоҳиба анҷом бидиҳед. Талош кунед, ки саволҳояшон қолабиву бесаводонаву провокатсионӣ набошад. Ё агар ҳамин гуна дар ҳолати лоилоҷӣ мондед, талош кунед, ҷавобҳоятон босаводона ва муҳиму асоснок бошад. Худатон ҳам бояд ба ҳангома дода нашавед. Оромона сӯҳбат кардан, ҳатман натиҷаи хуб ба бор меорад. Пештар аз сӯҳбатҳои оммавӣ шартҳои таҳриру бознигариву азнав сабткуниву тоза кардани сабти суҳбатро бо хабарнигор матраҳ кунед. Дар шароите, ки ҳама ҳангомаву сенсатсия мекобанд, ҳама ҳар чизеро, ки диду шунид сабт карда дар Интернет мегузорад, дар ҳоле, ки тартибу қоидаҳои нашри хабар ва ҳифзи иттилои инфиродиро на ҳама медонад, варианти беҳтарин ҳамин аст, ки оқилона, дониста, босаводона, бо далел ва орому бо тамкин фикратонро баён кунед. Ман ҳолатҳоеро медонам, ки хабарнигорони машҳур боз шахсиятҳои машҳури ҳамшаҳриву хешу табори худро сабт кардаву аз беаҳамиятӣ ва шояд дониста ҳама гуфтаҳои ӯро, ки шояд сари эҳсос ҳам буданд, нашр карданд ва барояш мушкил эҷод карданд. Ин ҳолат, агар мушкил ҳам ба бор наорад, онро аз ёди одамону даҳони мардум гашта гирифтан хеле душвор мешавад. Барои ҳамин, дониста сӯҳбат кардан, оқилона фикратонро байён кардан хеле муҳим ва шарти асосӣ аст.
Агар ба афоризму панду андарзҳо баргардем, ман барои тақвияти ҳамин навишта чанд намунаи онро бароятон инҷо меорам, хонед ва ҳатман сари онҳо фикр кунед. Ин ба он маънӣ нест, ки ҳамаи ин суханону ҷумлаҳо комилан дурустанд ва бояд аз руйи он кору зиндагӣ кард. НЕ! Ин ҷумлаҳо барои фикр кардан ва суҳбати ҷолиб сохтан бароятон кумак мекунанд. Ба ҳамаи онҳо шарт нест, ки шумо комилан розӣ шавед. Фикри худро доштан хуб аст, аммо донистани фикру зикри дигарон, мавқеъи онҳо ва нуктаи назари онҳо ҳам муҳим аст.

⦁ «Никогда не ошибается тот, кто ничего не делает». Теодор Рузвельт
⦁ «Мы находимся здесь, чтобы внести свой вклад в этот мир. Иначе зачем мы здесь?» Стив Джобс
⦁ «Если человек не нашёл, за что может умереть, он не способен жить». Мартин Лютер Кинг
⦁ «Если тебе тяжело, значит ты поднимаешься в гору. Если тебе легко, значит ты летишь в пропасть». Генри Форд
⦁ «Единственный человек, с которым вы должны сравнивать себя, – это вы в прошлом. И единственный человек, лучше которого вы должны быть, – это вы сейчас». Зигмунд Фрейд
⦁ «История – самый лучший учитель, у которого самые плохие ученики». Индира Ганди
⦁ «Дай человеку власть, и ты узнаешь, кто он». Наполеон Бонапарт
⦁ «Поражение? Я не понимаю значения этого слова». Маргарет Тэтчер
⦁ «Тренируйся с теми, кто сильнее. Не сдавайся там, где сдаются другие. И победишь там, где победить нельзя». Брюс Ли
⦁ «Когда я собираюсь писать новый сценарий, самое трудное для меня – это пойти в канцтовары и купить блокнот». Квентин Тарантино
⦁ «У тебя есть враги? Хорошо. Значит, в своей жизни ты что-то когда-то отстаивал». Уинстон Черчилль
⦁ «Я серьёзно отношусь к своей работе, а это возможно только при несерьёзном отношении к собственной персоне». Алан Рикман
⦁ «Характер – это и есть судьба». Майя Плисецкая
⦁ «Успех – паршивый учитель. Он заставляет умных людей думать, что они не могут проиграть». Билл Гейтс
⦁ «Чемпионами становятся не в тренажёрных залах. Чемпиона рождает то, что у человека внутри: желания, мечты, цели». Мухаммед Али
⦁ «Люди – слишком сложные существа, чтобы понять их полностью». Том Хэнкс
⦁ «Перспектива рано умереть заставила меня понять, что жизнь стоит того, чтобы её прожить». Стивен Хокинг
⦁ «Не так уж сложно изменить общество – сложно изменить себя». Нельсон Мандела
⦁ «Необходимо, чтобы художник, кроме глаза, воспитывал и свою душу». Василий Кандинский
⦁ «То, что мы знаем, это капля, а то, что мы не знаем, это океан». Исаак Ньютон
⦁ «Ни высокий интеллект, ни воображение, ни то и другое вместе не творят гения. Любовь, любовь и любовь – вот в чём сущность гения». Вольфганг Амадей Моцарт
⦁ «Берегите в себе человека». «Ионыч», Антон Чехов
⦁ «Разум бессилен перед криком сердца». Альбер Камю
⦁ «Самый здоровый ответ на жизнь – это радость». Дипак Чопра
⦁ «В конце концов, самое острое оружие – это добрый и мягкий дух». Анна Франк
⦁ «У кого есть «Зачем», тот выдержит почти любое «Как»». Фридрих Ницше
⦁ «Деньги приобретают ценность не когда ими владеют, а когда ими пользуются». «48 законов власти и обольщения», Роберт Грин
⦁ «Мне противны люди, которые презирают деньги. Это либо лицемеры, либо дураки. Деньги – это шестое чувство, без него вы не можете как следует пользоваться остальными пятью». «Бремя страстей человеческих», Сомерсет Моэм
⦁ «Для того чтобы понять, что счастье не в деньгах, нужно сперва узнать и то, и другое – счастье и деньги». «99 франков», Фредерик Бегбедер
⦁ «Денег много не бывает. У того, кто не знает, куда их деть, не денег слишком много, а фантазии маловато». «Улица отчаяния», Иэн Бэнкс
⦁ «…деньги – голуби: прилетят и опять улетят!» «Записки из Мёртвого дома», Фёдор Достоевский
⦁ «Все деньги на свете не стоят потерянных дней нашей жизни». «Цветы на чердаке», Вирджиния Эндрюс
⦁ Жизнь – нелегкое занятие, а труднее всего первые сто лет – Уилсон Мизнер
⦁ Жизнь – это больница, где каждый пациент мечтает перебраться на другую кровать – Шарль Бодлер
⦁ Самые лучшие в мире вещи невозможно увидеть или потрогать руками. Их можно только почувствовать – Хелен Келлер
⦁ Научись любить себя и все остальное станет на свои места – Люсиль Бол
⦁ Не стоит тратить на это даже пяти минут, если ты не готов потратить на это 5 лет – Меган Маркл
⦁ Что дается легко не будет длиться долго. А то, что длиться долго не дается легко – Неизвестный автор
⦁ Жизнь слишком коротка, чтобы делать то, что не нравится – Ричард Брэнсон
⦁ Жизнь – это то, что случается с нами, пока мы строим планы на будущее – Томас Ла Манс
⦁ Жизнь – подарок, которого мы не просили – Альфред Конар
⦁ Делай то, что должен, чтобы иметь возможность делать то, что хочешь – Дензел Вашингтон
⦁ Жизнь – это заглядывание в разные зеркала в поисках собственного лица – Войцех Бартошевский
⦁ С точки зрения молодости жизнь есть бесконечное будущее; с точки зрения старости очень короткое прошлое – Артур Шопенгауэр
⦁ Измени свои мысли, и ты изменишь свой мир – Норман Винсент Пил
⦁ Быть хорошим не достаточно. Ты должен быть великим – Саймон Коуэлл
⦁ Жизнь как езда на велосипеде. Чтобы сохранить равновесие, вы должны продолжать двигаться – Альберт Эйнштейн
⦁ Лучше быть львом в течение дня, чем овцой всю жизнь – Элизабет Кенни
⦁ Умение жить – самая редкая вещь в мире. Большинство людей просто существует – Оскар Уальд
⦁ Жизнь – это вопрос, и как мы живем, это наш ответ – Гари Келлер
⦁ Жить значит мыслить – Цицерон
⦁ Свобода ничего не стоит, если она не включает в себя свободу ошибаться – Махатма Ганди
⦁ Жизнь – это искусство – Джим Рон
⦁ Жизнь – это то, что происходит, когда вы заняты составлением других планов – Джон Леннон
⦁ Живи так, как хочешь ты, а не как ожидают от тебя другие. Не важно оправдаешь ты их ожидания или нет, умирать ты будешь без них. И свои победы одержишь сам! – Конфуций
⦁ Не принимай жизнь слишком серьезно. Вы никогда не выйдете из этого живым – Элберт Хаббард
⦁ Не ищите смысла жизни. Просто будьте рядом с людьми, которых вы любите – Максим Лагаче
⦁ Ваша цель в жизни – найти людей, которые нуждаются в вас больше всего, найти бизнес, который нуждается в вас больше всего, найти проект и искусство, которое нуждается в вас больше всего – Наваль Равикант
⦁ Управляй своей судьбой или это сделает кто-то другой – Джек Уэлч
⦁ Спойте песню, которую только вы можете петь, напишите книгу, которую можете написать только вы, создайте продукт, который можете создать только вы … живите жизнью, которой может жить только вы – Наваль Равикант
⦁ Мы знаем, кто мы, но не знаем, кем мы можем быть – Уильям Шекспир
⦁ Нужно иметь что-то общее, чтобы понимать друг друга, и чем-то отличаться, чтобы любить друг друга – Поль Жеральди
⦁ Надо иметь ум для того, чтобы делать добро; дураки на это неспособны – Мадам де Помпадур
⦁ Ваш личный бренд – это то, что другие люди говорят о вас, когда вы выходите из комнаты – Джефф Безос
⦁ Промедление лучше, чем ошибка – Томас Джефферсон
⦁ Глубина жизни намного важнее ее продолжительности – Ральф Уолдо Эмерсон
⦁ Жизнь — это либо смелое приключение, либо вообще ничего – Хелен Келлер
⦁ Лучше любить и потерять, чем никогда не любить вообще – Святой Августин
⦁ Вы живете только один раз, но, если вы делаете это правильно, одного раза достаточно – Мэй Уэст
⦁ Ум это все. Вы становитесь тем, о чем думаете – Будда
⦁ Ошибки совершать не страшно. Главное каждый раз ошибаться в чем-то новом – Илон Маск
⦁ Вы должны быть тем изменением, которое хотите видеть в мире – Махатма Ганди
⦁ Успех – это то, как высоко вы подпрыгиваете, когда достигаете дна – Джордж С. Паттон
⦁ Иногда в жизни наступает момент, когда вам приходится выбирать между тем, чтобы перевернуть страницу и тем, чтобы совсем закрыть книгу – Джош Джеймсон
⦁ Жизнь не о том, чтобы найти себя. Жизнь – это создание самого себя – Джордж Бернард Шоу
⦁ Если вы хотите жить счастливой жизнью, привязывайте ее к цели, а не к людям или вещам – Альберт Эйнштейн
⦁ Великие умы обсуждают идеи, средние умы обсуждают события, маленькие – обсуждают людей – Элеонора Рузвельт
⦁ Друг – это тот, кто дает вам свободу быть собой – Джим Моррисон
⦁ Главная причина, по которой люди терпят неудачу в жизни, заключается в том, что они слушают своих друзей, соседей и родных – Наполеон Хилл
⦁ У всех нас есть две жизни. Второй начинается, когда мы понимаем, что у нас есть только один – Конфуций
⦁ Для того чтобы написать о своей жизни, сначала ее нужно прожить – Эрнест Хемингуэй
⦁ Мы – то, что мы постоянно делаем. Поэтому совершенство – это состояние, а привычка – Аристотель
⦁ Если вы не готовы пойти до конца, зачем вообще тогда начинать – Джо Намат
⦁ Каждый ребенок – художник, проблема заключается в том, чтобы остаться художником, когда ты взрослеешь – Пабло Пикассо
⦁ Сложные дороги всегда приводят к прекрасным местам – Зиг Зиглар
⦁ Будь собой – все остальные роли уже заняты – Оскар Уальд
⦁ Путешествие, длинною в тысячи миль, начинается с первого шага – Лао Дзы
⦁ Любите всех, доверяйте немногим, не делайте ничего плохого – Уильям Шекспир
⦁ Мы те, кем мы хотим быть – Неизвестный автор
⦁ Я всегда делаю то, что не могу. Вот как я могу становится лучше – Пабло Пикассо
⦁ Жизнь коротка, и ты должен сделать ее сладкой – Сара Луиза Делани
⦁ «Сегодня» – это твоя возможность построить «Завтра», которое ты хочешь – Кен Пойрот
⦁ Единственное невозможное путешествие – это то, которое ты никогда не начнешь – Тони Роббинс
⦁ Единственное, что у тебя есть, чего нет ни у кого — это ты. Твой голос, твой разум, твоя история, твое видение. Так что пиши и рисуй, и строй, и играй, и танцуй, и живи, как только можешь – Нил Гайман
⦁ Если вам что-то не нравится, измените это; если вы не можете изменить это, измените свое мнение об этом – Мэри Энгельбрайт
⦁ Величайшим открытием любого поколения является то, что человек может изменить свою жизнь, изменив свое отношение – Уильям Джеймс
⦁ Если вы говорите, что можете или не можете, вы правы в любом случае – Генри Форд
⦁ Когда два человека влюбляются, прошлое и будущее исчезают – Пауло Коэльо
⦁ Я благодарен всем, кто сказал мне «нет». Именно из-за них я делаю это сам – Альберт Эйнштейн
⦁ Каждая проблема – это шанс стать сильнее – Дюк Эллингтон
⦁ Просто верь себе. Тогда ты поймешь, как нужно жить – Йоганн Вольфганг Гете

Доштани ҳамин гуна китобҳои панду суханони кӯтоҳи одамони машҳур дар мавзуоти мухталиф барои шумо шарт аст. Он ҳатман бароятон кӯмакрасон мешавад. ЁДи ман ҳаст, ки замони донишҷуйӣ ман китоби бемуқоваи Владимир Воронсов- «Симфония разума» -ро дар хонаи иҷораи студентиамон доштам ва муҳаббати ман ба ҳамин гуна панду андарзу суханони кӯтоҳ мешавад гуфт, ки аз ҳамон вақт ва аз ҳамин китоби бемуқова шуруъ шудааст…
Донистану истифодаи ҳамин гуна панду андарзу суханони одамони машҳур албатта хуб аст, аммо дар заминаи таҷрибаву дониши худ ҳамин гуна хулосаҳои кутоҳ доштан боз ҳам беҳтар аст. Барои ин бояд кушиш кард, аз хато кардан наҳаросид ва ҳамин корро ҳам таҷриба кард…

Ва ин ҳоло давом дорад…
8-уми декабри соли 2023

==================================================================

Ин навбат хостам дар мавриди доштани ин ё он ҳунар ва ҳунармандӣ нависам. Ростӣ, ман дар ҳикоёти зиёде аз классикон ва ҳатто дар афсонаҳои халқи тоҷик дар мавриди доштани ҳунар хонда будам, вале бояд иқрор шуд, ки зарурати доштани ҳунар ва ногузир будани онро дар зиндагӣ дертар дарк кардам. Мисли ҳама наврасони дигар ва ҳатто мисли донишҷуёни ҳамнасли мо фикр мекардем, ки бояд кори сердаромад ва ё ҷоҳу мақоми баланде дошт ва тамом. Ҳунар доштану ҳунар омӯхтанро як шеваи кӯҳнаи зиндагӣ мепиндоштем. Шояд ҳоло шумо ҳам ба ин назар ҳастед, ки доштани ҳунар дар замони муосир на он қадар ҳатмӣ аст. Вале воқеъият дигар ва зиндагӣ баъзан мушкилу имтиҳонҳоеро пешатон мегузорад, ки рости на интизор будед ва на дар шаби хобатон медидед. Фақат пешакӣ бояд гӯям, ки худи ҳунарҳо бо гузашти солҳо замонавитар ва навтар мешаванд. Аммо доштани ҳунар, ҳунарманд будан ва бохабар будан аз касбу кору машғулиятҳои манфиатовар ҳамеша даркор ва зарур буд ва ҳаст.

Чаро шумо бояд як ё якчанд ҳунар дошта бошед?

Мо соли 1994 дар курси аввал мехондем ва роҳбарияти факултаи физикаи ДМТ ба хулоса омад, ки барои мо, донишҷғёни курси аввал маҳфили таъмири радио ва телевизор ва таҷҳизоти барқиро ташкил кунад. Чун чор панҷ гуруҳи тоҷикӣ ва русӣ, ки буд, мебоият як маҳфили хуб ташкил мешуд ва бисёриҳо таваҷҷӯҳ мекарданд. Аммо ин тавр нашуд, фақат чанд нафари ангуштшумор ба ин машғулият таваҷҷӯҳ карданду халос. Дар гуруҳи мо чанд тан ҳамкурси ба сол калонтар аз мо мехонд ва мо зери таъсири гапу чапи онҳо қарор гирифтем. Далели онҳо ҳамин буд, ки мо ба он курси ройгон намеравем, зеро мо «устои радио ва телевизор намешавем, мо омадем ки инҷо хонда, инжинер шавем….». Он вақт ақлу фаҳми мо намерасид, ки мо аввал устои одӣ нашуда, ҳеҷ вақт инжинер намешавем. Ин дар ҳоле буд, ки чанд тане, ки рафтанду омӯхтанд, то хатм аз рӯйи ҳамин ҳунар пул меёфтанд. Мо чӣ? Мо бо он андешаи хом на устои одӣ шудем ва на инжинер….Файат як ё ду кас аз гуруҳи 29 нафараи мо аз руйи ихтисос кор мекунаду халос!
Ҳамин гуна шумо аввал муҳосиб нашуда, иқтисоддон намешавед, аввал бародар ё ҳамшираи шафқат нашуда, табиби касбӣ намешавед, аввал мусаҳҳеҳ нашуда, муҳаррири хуб намешавед ва аввал пешхизмат нашуда, сарошпаз ё соҳиби хуби ресторан намешавед!
Акнун дар ҷавоб ба саволи сарлавҳа бояд гӯям, ки чаро шумо бояд якчанд ҳунар дошта бошед?

⦁ Барои он, ки баъзе касбу ҳунарҳо аз миён мераванд, нодаркор мешаванд;
⦁ Барои он, ки доштани чанд ҳунар ба маънии доштани чанд манбаи даромад аст;
⦁ Барои он, ки дилхоҳ ҳунари ҳунарманди асил ҳамеша талабгор дорад;
⦁ Барои он, ки доштани якчанд ҳунар ҳеҷ вақт барои шумо гаронӣ намеорад ва як боварӣ ва умедро дар дилатон ҳамеша фурӯзон нигоҳ медорад;
⦁ Барои он, ки касбу кори имрӯзаатон метавонад муваффақатӣ бошад;
⦁ Барои он, ки шумо шояд дигар касбу кореро, ки имрӯз дореду даромади бештар меорад, анҷом дода наметавонед;
⦁ Барои он, ки баъзе касбу корҳо ба неру, қувва, тавоноии бештар ва ҷисму ҷуссаи солиму машқдида вобаста аст. Он, ки намонд, шумо ҳам бекор ва бепул мемонед;
⦁ Барои он, ки дар зиндагӣ ҳолатҳое ба миён меояд, ки шумо ба пулу дороии бештар ниёз пайдо мекунед;
⦁ Барои он, ки баъзан шумо метавонед бар ивази донишу касбу ҳунаре, ки доред, аз рӯйи машварат ва тавсияҳо, ҳамкориҳо ва созишномаҳои корӣ даромади бештар ва ҷову мақоми болотаре пайдо кунед;
⦁ Барои он, ки баъзан коргоҳҳо муфлис мешаванд, ҷойҳои корӣ ихтисор мегарданд ва ширкатҳо ё фурӯхта мешаванд ва ё барҳам мехӯранд;


Акнун кӯтоҳ дар мавриди ҳамон касбу кор ва машғулиятҳои даромаднок хоҳам навишт, ки дар тули зиндагии шумо ҳатман зарур мешаванд. Рост аст, ки барои аз худ кардану ба даст овардани аксарияти онҳо имрӯз шумо бояд каме пул , вақт ва неру сарф кунед, ки бе ин ҳам намешавад. Вале як рӯз ҳатман он ба шумо чанд карат бештар шуда, бармегардад. Кадом касбу кор ва ҳунарро замони донишҷӯйӣ ва баъди он ҳам аз худ кардан мумкин аст:


  1. Ҳамзамон бо таҳсил дар муассости олӣ шумо имкон доред, ки ронандагиро биомӯзед. Кори осонтарине, ки имрӯзҳо аксарият бо доштани таксӣ аз ҳамин кор аробаи зиндагии худро мекашанд;
  2. Омӯхтани муҳосибот дар курсҳои чандмоҳаи омӯзишӣ; Аз худ кардани ин ҳунар ва доштани сертификат бароятон имкон медиҳад, ки ҳатто баробар бо донишҷӯйӣ куҷое кор карда, пул ба даст оред. Ҳоло ёфтани муҳисоби хубу босаводу тозакор хеле душвор аст;
  3. Ширипазӣ, қаннодӣ, омодасозии хуриш ва нӯшобаҳои хушмазза. Ман нафаронеро медонам, ки дар хона нишаста барои нишасту маҳфилҳои мардум самбуса, яхнӣ,нушобаҳои хонагӣ, ширинӣ ва мисли ин тайёр мекунанд ва пул меёбанд. Ин дар ҳоле, ки ҳамин ҳоло тамоми супермаркетҳо ва коргоҳҳои қаннодӣ фаъоланд ва чизе омода мекунанд;
  4. Барномасозӣ, СММ, IT ва ҳунари истифодаи хуби барномаҳои компютерӣ. Инро дар курсҳо охтан мумкин аст. Ба он агар истеъдод ва талошу кӯшиш ҳамроҳ кунед, ҳеҷ вақт бекору бепул намемонед;
  5. Занбурпарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва мисли ин. Шояд шумо ҳам шунидаед, ки имруз қариб ҳама нафарони машҳуру мансабдору пулдор ҳарчанд худашон пурра дар раванди ин кору бор ҳам набошанд, гову молу мурғу чурғ ва рамаву аспу боғ доранд. Ин ҳам машғулияти роҳатбор аст ва ҳам даромаднок.
  6. Ба иҷора додан. Ин тамоман кори васеъ ва доманадоре аст. Шумо имкон доред, ки як масоҳати муайян бино, кадом таҷҳизоти сохтмонӣ ё чизи дигар, хонаву мошину техника ва таҷҳизоти дигареро ба иҷора дода, аз ҳисоби даромади он зиндагии худро беҳтар кунед;
  7. Тарҷума карда тавонистан. Ман боварӣ дорам, ки забони англисӣ ва русиро лоақал шумо дар сатҳи олӣ аз худ мекунед. Кам-кам ба тарҷумонӣ майл доштан боиси он мешавад, ки ба қавле дастатон дар ин касбу кор рост шавад. Ин ҳунари хуб аст ва ҳам ҳоло даромади хуб ҳам дорад;
  8. Дизайну макетсозӣ ва таъмирҳои замонавӣ. Ин албатта дар назари аввал кори инжинеру сохтмончиён метобад, аммо ба назари ман ин тавр нест. Хайёлбофӣ ва фантазияи бой доштан инҷо нақши асосӣ ва муҳим дорад. Шумо бо доштани истеъдод ва ҳунари дизайнсозӣ бо бино ва иншооти аллакай сохташуда кор мекунед. Баъзеҳо намедонанд, ки дар хонаву коргоҳ чӣ бояд дар куҷо бошад, аз кадом намуна бояд истифода бурд, чӣ хел шаклу сохти дарунӣ ва таъмирро қобили таваҷҷӯҳ анҷом дод;
  9. Таъмир карда тавонистани телефону смартфон ва таҷҳизоти дигари ҳушманд. Ин дар ҳоли дар интернет дастрас будани тамоми дарсҳои омӯзишӣ ва доштани дониши кофӣ аз физика ва як ду самти дигар хеле осон ба даст меояд.
  10. Истифодаи барнома ва таҷҳизоти махсус барои ташхиси кори мошин ва техникаҳои дигар. Инҷо ҳам каме талошу дониши мактабӣ ва донишгоҳиро бо кӯшиш зам карда, ин ҳунарро ҳам ёд гирифтан мумкин аст. Таҷрибаро бошад дар мошину техникаи худатон гузашта метавонед. Ҳоло мо устои мошин, ки донишманду забондону пурмаҳсул бошад ва пайваста омӯзад, ками кам дорем;

    Иловатан, ҳунари навохта тавонистани кадом асбобҳои мусиқӣ, ошпазӣ ва таббохӣ, сурат гирифта тавонистан, наворбардорӣ ва банду басти он дар барномаҳои компютерӣ, суханварӣ ва ровигӣ, навишта тавонистани сенарияҳои хурду бузург барои реклама, барномаҳои радиои ва телевизион ва маҳфилу консерту шабнишиниҳо, фуруши маҳсулоти радиоӣ ва телевизионӣ, сохтану фикр кардани реклама ва роликҳо ва мисли ин ҳатман зарур мешавад ва бароятон даромаду обуруйи иловагӣ меорад. Ман хуб ба ёд дорам ки як вақт барои як доираи ба ман шинос касбу кор ва ҳунарҳое, мисли хаткашонӣ, фикр кардани сканворду кросворд, мураббиягӣ, машғулиятҳои инфиродӣ бо фарзандони мардум, навиштани лоиҳаҳо барои кадом ташкилоти байналмиллалӣ, вёрстка ва ороишу банду басти китобу газетаҳо, асарпараварӣ дар деҳа пул овардаву онҳоро дар душвортарин рӯзҳо наҷот дода буд.

    Фақат шарти асосӣ ва муҳим ҳамин аст, ки агар шумо ин ё он касбу кор ва ҳунарро аз рӯйхати болоӣ дар баробари касбу кори асосии худатон интихоб кардед, кӯшиш кунед, ки вақту фурсат ёфта, тамоми нозукиҳои онро омӯзед, ҳама гуна асбобу анҷоми барои он кор заруриро харидорӣ кунед ва дошта бошед, ҳатман ҳуҷҷат ва ё кадом гувоҳномаро барои доштани он ҳунар бигиред ва пайваста барои фаромӯш накардани он ҳунару касб иқдом кунед. Сифати баланди кору ҳунар, тозаву покиза машғул шудан ба он, сидқан анҷом додани ҳамон касбу кор — барои ёфтани пули иловагии ҳалол ва обурӯ ҳатман ба шумо кӯмак мерасонад ва мусоидат мекунад.

    Ва ин ҳоло давом дорад…
    11-уми декабри соли 2023

====================================================================

  Имрӯз мехостам дар мавриди саломатӣ ва тандурустӣ бинависам. Ин муҳимтарин чиз аст. Сарватманди касал ва бемор хеҷ вақт хушбахт буда наметавонад. Ҳолатҳое ҳаст, ки ҳатто пулу сарвати зиёд ҳам наметавонад барои барқарорсозии сиҳатии шумо мусоидат кунад. Яъне, неъмати бузург сиҳатӣ ва тандурустӣ аст, ки мутаасифона аксарият то онро аз даст надиҳанд, ба қадраш намерасанд.
Дар зер ман хоҳам гуфт, ки чӣ чиз ё кадом амалу ҳаракат ё одату хислат ҳатман ба сиҳатии шумо таъсир мерасонад? Пешакӣ бояд гуям, ки дар ин саҳифа ва аз ҷумла вобаста ба ин мавзӯъ, ман аксаран ба таҷрибаи худам такя мекунам. Дурустӣ ё нодурустии онро баъдтар худатон месанҷед.

  • Аввалтар аз ҳама бояд гуфт, ки одату хулқу рафтор ва баъзе амалҳои мо метавонад ба сиҳатӣ ягон хел таъсир бирасонад. Яъне, сиҳатии комили шумо, бемор шудану нашудани шумо, ҳатто дарозумрии шумо як андоза аз одату хулқу рафтори шумо ҳам вобаста аст. Сигоркашӣ, бехобӣ ё дер хоб рафтану аз меъёр камтар хобидан, шаробу хамр, тарзи носолими зиндагӣ, дӯстӣ ва робита бо занони сабукпо ва ҳарҷогард, зиёд ба хоб майл доштан, тарзи нодурусти қабули ғизо, шароити бади зиндагӣ ва мисли ин ҳатман ба сиҳатии шумо зиён мерасонад;
  • Нафси бад. Ин омили муҳимтарин дар самти сиҳатии шумо аст. Инҷо ман фақат баднафсӣ ба ғизоро дар назар надорам. Дар дигар самтҳо ҳам нафси бад ба шахс зиёну зарар мерасонад.
  • Пайваста, лоақал соле як-ду бор аз ташхиси духтур нагузаштан ҳам хуб нест. Мард баъди си ва ё чилсолагӣ аллакай дар вуҷуди худ нороҳатӣ ва мушкилоти дигарро ҳис мекунад. Барои он, ки ҳамин чиз якбора шуморо аз по наафтонад, шуморо зарур аст, «илоҷи воқеъаро пеш аз вуқуъ» ёбед. Натарсед. Вақт ёфта, дандону узвҳои дарунӣ, сатҳи қанду дигар маводи таркиби хун, фишор, сутунмӯҳра, майна, рагҳо ва мисли инро ҳатман аз ташхис гузаронед. Вобаста ба маризиҳои ирсӣ ва авлодӣ эҳтиёткор бошед.
  • Ба саҳархезӣ одат кунед. Аввал як истакон ё бештар оби ширгарму тозаи бегаз нӯшед. Ба варзиш машғул шавед, оббозӣ ва шустушӯро пайваста анҷом диҳед, ба либосҳои тагпӯш аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Барои саломатӣ ва тандурустии худ пулро дареғ надоред.
  • То метавонед аз шаробу хамр дурӣ ҷӯед. Ба таблеткаву доруҳои дигари муосир, ки ҳоло паҳн мешавад, наздик нашавед, ки оқибати мудҳиш дорад.
  • Пиёдагардӣ кунед, пайваста ба куҳу адирҳо равед, аз ҳавои тоза нафас кашед, ғизои солим, меваву сабзавоти тару тоза истеъмол кунед.
  • Бо орди гандуми осиёби обӣ «ҷӯра» шавед. Нони он хушмазза ва барои сиҳативу нерӯи ҷисм муфид аст.
  • Ба чашмҳо таваҷҷӯҳи бештар кунед. Дар торикӣ бо телефон бозӣ накунед, китоб нахонед ва дуру дароз дар нимторикӣ нашинед. Ин ба нури чашм зиён дорад; Ҳамин, ки дидед, мушкили биноӣ доред, фавран ба духтур муроҷит кунед ва айнаки мувофиқ гиред.
  • Саҳар хуроки субҳона нахӯрдан ба сиҳатӣ зиён дорад. Ҳатман субҳона кунед.
  • Дар бораи калорияи маҳсулот маълумот гиред, донед, ки чиро бо чӣ ва кай бояд хӯрд ва кадом вақт бояд нахурд?! Дар омади гап бояд гӯям, ки мушкилоти асосии сиҳатии худи ман — аввал реҷаи нодурусти корӣ, реҷаи нодурусти хоб ва баъд ғизову субҳонаву ғизои шаб буд. 🙂
  • Субҳу шом дар гулгашт ё ҷойи орому барҳаво пиёда қадам занед, ба ягон намуди варзиш ҳатман машғул шавед.
  • Либосу пойафзолу молу ашёи безарар ва босифат харид кунед. Пулро барои маводи гигиенӣ ва беҳдоштӣ сарфа накунед ва дареғ надоред.
  • Вақте ки дар берун аз хона чизе мехӯред, ҳатман ба сифати ғизо, бӯй ва ранги он, муҳлати он, ба тозагии таббоҳ ва худи он нуқтаи ғизои умумӣ аҳамият бидиҳед.
  • Ба ҳаммом ва сауна рафтанро ба реҷаи ҳарҳафтаинаи худ ворид кунед. Беҳтарин кор истифодаи бӯғи хушк ва тар дар сауна ё гармобаҳо аст. Онро танро солиму руҳро болида мекунад. Агар қуввату қудрат дореду ҳавлӣ доред ҳатман дар хонаи худ сауна созед ва ҳафтае як-ду бор бародару ҷияну наздиконро даъват кунед ва якҷо вақтатонро барои сиҳатӣ ва солимиатон сарф кунед. Аз обҳои шифоии кишвар ҳам истифода кунед. Он аз манфиат холӣ нест.
  • Кори ҷисмонӣ ҳафтае як ду карат ҳатман боисии беҳтар шудани гардиши хун ва сиҳатии шумо мешавад. Аз ҳашар рафтану ба кору боре касе кӯмак кардан ор накунед. Ин аз ӯ дида барои саломатии худатон бештар фоида дорад;
  • Китоб бештар хонед. Ин машқ барои мағз хоҳад буд. Бе ин кор шумо ва ҷисми шумо ба як дастгоҳе табдил меёбад, ки ба тадриҷ қисмҳояш пеш аз мӯҳлат аз кор ва истифода мебарояд ва дигар соз намешавад.
  • Шояд шумо бовар намекунед, аммо ба сиҳатиатон ҳатман чанд одати дигари шумо ҳам, мисли бахилӣ, хасисӣ, дуруғгӯйӣ, гапчинӣ, хабаркашӣ, эҳсосӣ будан, тез ғазаболуд шудан, қаҳр кардан, зудранҷ будан ва мисли ин ҳам таъсир мерасонад. Дилкушод, оромтабиат, ҳатто каме бепарвотарак, шӯхтабият ва саховатманду дасткушод бошед. Ёд бигиред ҳамин одату хулқро. Ризқ азалӣ аст — аз некӣ кардан, дастгирии касе, кӯмак ба ниёзманде — шумо асло камбағалу бепулу бечора намешавед.

      Сиҳатӣ неъмати бебаҳо аст. Онро ҳифз бояд кард. Бубинед, ки ибодату намозхониву кору амали хайру қариб ҳама чизи дигар бо тани сиҳат ва солим имконпазир аст. Дар он дунё барои солҳои ҷавонии сипаришуда пурсиши алоҳида аст. Ҳоло, ки тани сиҳату руҳу равони солим ва имконияти бештару зуру тавоноии зиёдтар доред, ибодатро саривақт анҷом диҳед, корҳои хайру савобро бештар кунед, саёҳат кунед, шикор равед, аввал дохили Тоҷикистон ва баъдтар бо даст додани имконият, дунёро тамошо кунед, фақат позитивӣ фикр кунед, ягон аламро ба дил нагиред, вобаста ба он чизе, ки Худованд насиб кардаасту фаро расидааст ва шумо онро дигар карда наметавонед, аслан фикри зиёд накунед ва ғам ҳам нахӯред.

    Иловатан, чанд амалу кору бори дигареро инҷо меорам, ки барои сиҳатии шумо, тандурустӣ ва умри дарозатон ба хости Худо мусоидат мекунад:

    ⦁ Пайваста оби тозаву бегаз нӯшед. Меъёр ва ҳаҷми онро аз духтур пурсед.

    ⦁ Сину солатон, ки аз 35 боло шуд, ғизоҳои ширин, хамирӣ, тезу тунд, чарбудор ва мисли инро камтар кардан бигиред;

    ⦁ Новобаста ба серкорӣ вақти қабули ғизоро нагузаронед. Ин муҳим аст;

    ⦁ Ба рахти хоб, ҷогаҳ ва хонаи хоб аҳамият диҳед. Ҳавои хона бояд муътадил ва тоза, ҷойхоб бояд роҳат бошад;

    ⦁ То метавонед ғазаби худро контрол кунед. Асабӣ нашавед;

    ⦁ Вазни худро пайваста санҷед. Харобу лоғар будан ҳам хуб несту вазнину тару фарбеҳ будан ҳам;

    ⦁ Аз хавфу хатар ва таваккалҳое, ки ба саломатӣ зиён меорад ё фоҷиабор аст, дурӣ ҷӯед. Масалан, суръати мошин, риояи қоидаҳои оббозӣ ва истироҳату шикору мисли ин бевосита ба саломатӣ ва тандурустии шумо иртибот дорад. Инро набояд фаромӯш кард;

    ⦁ Вақте ки духтур кадом тавсияро дод, ё доруворро навишт ё кадом машқу тамринро маслиҳат дод, ҷиддӣ ба он машғул шавед ва онро иҷро кунед;

    ⦁ Бо даст додани имконият ҳатман ба санатория, курорт ва истироҳатгоҳҳо биравед. Ягон чиз муҳимтар аз сиҳатии ҷисмиву рӯҳии шумо нест. Ягон чиз!

    ⦁ Фақат бо мардуми позитив, хушбин ва донову донишманду нексиришт ҷӯраву дугона шуда, бо онҳо суҳбат кунеду рафтуо. Аз одамони буйгингап, хасис, бадхоҳ, дағал ва дорои хислату хулқи бад дӯрӣ ҷӯед. Шинохтани онҳоро ёд бигиред;

    ⦁ Агар тавонед дар хона ин ё он таҷҳизоти машқӣ бихаред, барои дар берун сайругашт кардан велосипед бигиред ва вобаста ба ҳар фасли сол ҳатман организмро обу тоб дода, ба он мутобиқ кунед;

    ⦁ Баъзе протседураҳои табобатие ҳастанд, ки сари чанд вақт истифодаи онҳо ба манфиат аст. Мо дар бораи сауна болотар гуфтем. Иловатан, маҳси бадан, оббозӣ кардан, давидан, истифодаи малҳамҳо ва монанди ин ҳам ба ҷисму руҳи шумо фоида меорад;

    ⦁ Агар коратон фақат дар утоқи корӣ нишастан аст, ҳатман ба сиҳатии худ бештар таваҷҷӯҳ кунед. Ин тарзи кор шуморо метавонад асабӣ, фарбеҳ ва эҳсосӣ кунад. Иловатан, шиштани зиёд ба мӯҳраҳои миён, худи сутунмӯҳра, гардан ва баъзе ҷойҳои дигар зарар ва зиён меорад. Ҳаракатро ба кору боратон ворид кунед ва фитнесу машқу ҳавои тозаро фаромӯш насозед;

    ⦁ Фаромӯш накунед, ки кори нохостанӣ, ҷойи кори нохубу бетартиб ва серҷанҷол, оилаи ноором, ҳамсари нохуб, фарзандони гапнодаро, қарздории зиёд, баҳсу талош бо ҳар гуна шахс, суду судбозӣ, ҷангу ҷанҷол, , қоидавайронкуниҳо, гуноҳи бисёр ва мисли ин ҳам ҳатман ба сиҳатӣ зарар меоранд;

    ⦁ Вобаста ба ҳар фасли сол аз сабзавоту меваву алаф ва гулу гиёҳи шифоии Тоҷикистон истифода баред. Пухтупази парҳезӣ ва барои саломатӣ фоидаоварро ёд бигиред;

    ⦁ Чанд машғулияти фоидаовар барои ҷисму рӯҳро пайваста анҷом бидиҳед. Ба инҳо шоҳмотбозӣ, теннис, ёфтани калимаҳои сканворду крассворд, моҳигирӣ, хотиранависӣ ва мисли ин ворид мешавад. Ба клуб ва маҳфилҳо вобаста ба сину солатон аъзо шавед. Вақти худро онҷо боманфиат гузаронед;

    ⦁ Бо ташхису санҷиши хун сатҳу ҳиссаи витамину минералу маводи дигари барои ҷисм заруриро мушаххас кунед. Барои мисол, фақат норасоии шадиди витамини D метавонад даҳҳо мушкили дигарро чун диабет, саратон, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва монанди онро ба миён орад. Ё ҳамон тавре, ки норасоии тестостерон барои мардҳо мушкил эҷод мекунад. Инҷо фақат ташхис ва тавсияи духтур метавонад ҳалкунанда ва ба манфиат бошад;

    ⦁ Супоридани хун. Ин беҳтарин одат аст ва боиси пешгирии як қатор бемориҳо мешавад. Ва ҳам сиҳатии шумо ҳам хуб мешаваду, ҳам хуне, ки шумо месупоред, барои наҷоти як инсони дигар истифода мешавад. Ин ҳам дар баробари манфиат ба ҷисму рӯҳи шумо, як кори савобе ҳам ҳаст;

      Умедворам, ки муҳимтарин нуқтаҳои ба сиҳатии шумо вобастаро гуфтам. Рост аст, ки ман худам ҳамаи ин кору тавсияҳоро анҷом надодам ё шояд натавонистам. Вале ин баҳонаи сода аст. Шумо барои сиҳатии худ вақту фурсату пулу мол ёбед. Кор гуфта, худро афгору беҳолу касал накунед. Падаратон ҳоло кам роҳбари коргоҳеро дидааст, ки сиҳатии кормандаш барои ӯ муҳим бошад…

    Дар омади гап,гуфт, ки як умр барои дигарон кор кардан ҳам ба сиҳатии ҷисмиву рӯҳии шумо зарар дорад. Ҳар чи тезтар тиҷорату соҳибкорӣ ва машғулияти даромадноки худатонро пайдо кунед ва сифати зиндагиву вазъи моддӣ ва молиявии худро беҳтар созед…

    Ва ин ҳоло давом дорад…
    28-уми декабри соли 2023                                  

    ================================================================

  Замоне, ки дар ин бора навиштанро шуруъ мекардам, хондам, ки чанд муассисаи таълимӣ, аз ҷумла ДМТ ҷонибдори он шудаанд, ки пурсишҳои рӯ ба рӯ бо муаллимону шогирдон дар вақти имтиҳонсупорӣ баргардонида шавад. Мисли ҳамин чиз, мо чандин тағироту дигаргуниҳоро баъди мустақилият аз кишварҳои ғарбӣ қабул кардем, ки таъсири нохуб ё бетаъсирии онро каме дертар фаҳмидем. Тест ҳам чизи хуб аст, корро осон мекунад, раванди қабулу имтиҳонсупориро метезонад, вақти камро дар бар мегирад, вале намешавад гуфт, ки оне, ки тариқи тест баҳо ё холи баланд гирифтааст, дар воқеъ ҳам дониши хуб дорад. Ҳамеша ин тавр нест. Тест дар факултаву риштаҳои эҷодӣ натиҷаи даркориро намедиҳад. Зеро, масалан барои жуорналисти оянда муҳим аст, ки рӯ ба руйи устод ва ҳамсууҳбат ӯ то кадом андоза устодаву савол додаву ҷавоб гуфта метавонад, чӣ гуна мавзӯъро таҳлил мекунад ва нуқтаи назари худро чӣ тавр байён карда метавонад?! Вале ин навбат ман дар бораи имтиҳонсупорӣ неву, умуман дар бораи донишҷӯйӣ хоҳам навишт.


Ман баъди хатми мактаби рақами 1, ноҳияи Файзобод, аввал хостам ки ба факултаи ҳуқуқ дохил шавам. Ҳис мекардам, ки модарам дар ин бора бо дигарон чизе мегуфт. Ин соли 1993-94 буд. Чун дарк кардам, ки шонси камтаре барои дохилшавӣ дорам, дар андешаи вуруд ба Академияи милиса шудам, ки он солҳо нав ташкил шуда буд. Бо ин мақсад як сол баъд, соли 1995 ба Душанбе омадам ва комиссияи тиббӣ-ҳарбиро як моҳи пурра гузаштам. Дар охирин лаҳзаҳо фикрамро бо тавсияи як корманди факултаи физика, ки ба ҳамсоягии манзили зисти мо рафтуо дошт, дигар кардам ва ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи физика супоридам. Ихтисоси Радиофизика ва Электроника он солҳо нав ташкил шуда буд ва онҷо кафедраи ҳарбӣ ҳам амал мекард.

Солҳои донишҷӯйии мо солҳои душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ буд. Вале ба ҳар сурат шароити зисту ғизои мо бад набуд. Он замон либоси ягонаи донишҷӯйи ҳам набуду касе аз устодон ба сару либоси шумо кор надошт. Ҳама албатта санҷишу имтиҳонҳоро бо саводу дониш намегирифт, вале устодоне, ки содиқона кор мекарданд, кам набуданд. Ба аксарияти ҳамкурсони бечораи ман онҳое, ки пул гирифта дохил карда буданд, ваъда карда буданд, ки ба қарибӣ шуморо ба факултаҳои дигар, мисли иқтисодиёту ҳуқуқ интиқол медиҳем. Баъзеаш ҳатто панҷ солро дар ҳамин андеша ва бо ҳамин орзуҳо пушти сар карданд. Аммо мо, ки дар як ҳуфра бо бахзеи онҳо мезистем, дар хонаи иҷораи худ доскаву буру латта доштем ва дарс тайёр мекардем, формула аз худ мекардем, схемаву нақша мекашидем…Яъне, мо ба умеди ягон кас набудем ва барои гирифтани имтиҳону санҷиш пули зиёдатӣ ҳам надоштем.

Вале аз дастдодаҳои ман ҳам кам набуд. Ман ҳам солҳои донишҷӯиямро тарзе ки даркор асту имконият доштам, нагузарондам. Масалан, ман метавонистам ҳамон солҳо:

⦁ Хондаву ҳуҷҷати ронандагӣ бигирам;
⦁ ягон курс ё машғулияти кӯтоҳмуддатро хатм кунам;
⦁ ягон касби дигари бозоргир ва ҳунари иловагӣ биомӯзам;
⦁ хотироти замони донишҷӯиямро бинависам;
⦁ кори иловагӣ кофтаву ёфта, вобастагии худро аз хонаводаамон дар деҳа камтар кунам;
⦁ барои ташкили кадом ташкилоти ҷамъиятӣ, мағозаву дӯкон ва фурушгоҳ иқдом кунам;
⦁ китоби бештар ҷамъоварӣ ва мутолиа кунам;
⦁ Бо шахсони донишманду соҳибтаҷриба ва обуруманд шинос шавам ва аз онҳо чизе биомӯзам ва мисли ҳамин;

Вале қариб ягон то аз ин бандҳоро ман пурра иҷро накардам. Рост аст, ки он вақт имконият ҳам маҳдуд буду вазъият ҳам амалишавии аксарияти он нақшаҳоро имконнопазир мекард, вале ба ҳар сурат мо ҳам он замон ба қадри даркорӣ талошу кӯшиш накарда будем ва имрӯз албатта аз ин пушаймон ҳам ҳастем.

Аммо агар дар мавриди донишҷӯйӣ нависам, беҳтарин пораи умри шумо аст он. Имкон доред, донишу таҷриба гиред, аз беҳтарин устодон, ки баъд шояд онҳоро пайдо кардан душвор шавад, сабақ мегиред, ба китобхонаву муассисоти беҳтарини илмӣ дастрасӣ пайдо мекунед, саводу илми худро ҳар рӯз меафзоед, имкони бештари истироҳату тамрину машқи бадан доред, ки шояд бадтар барои он вақту хоҳиш наёбед, бо мардумони манотиқи гуногун ҳамкурс мешавед, ба он минтақаҳо сафар мекунед, бо ҳайёти одамон аз шаҳру деҳоти дигар шинос мешавед, нигоҳатон ба кору таҷрибаву таҳсил комилан дигар мешавад, имконият меёбед аз аввалин ҷойи кориатон пул ба даст оред ва заминаро барои ояндаи дурахшон ҳам ҳамон вақт мегузоред.

Фақат бояд эҳтиёт шуд, ки ҳамин давра минусҳои бисёр ҳам дорад:

⦁ Озодӣ ва дурӣ аз волидон баъзеҳоро ба носу сигору шаробу ким чизи дигар ошно мекунад;
⦁ баъзе донишҷӯён зери таъсири андешаҳои нодурусти дигарон ва бегонагон қарор мегиранд;
⦁ шиносоӣ ва ошноиҳои тасодуфӣ барои донишҷӯён метавонад оқибатҳои ногувор ҳам ба бор орад;
⦁ беназорат мондан баъзеҳоро бо роҳҳои нодуруст мебарад;
⦁ Намунаҳо барои ибрат инҷо метавонанд баракс бошанд. Шумо фикр мекунед, ки дар шаҳрҳои бузург ҳама кор мумкин аст, ҷоиз аст ва ҷавобгарӣ надорад. Аммо ин тавр нест;

  Масъалаи дигари муҳимтар — ба куҷо дохил шудан ва кадом касбу ихтисосро гирифтан аст. Рост аст, ки ҳоло на фаҳам медонанд, ки ба куҷо дохил шаванд ва на ҳама аз волидон медонанд, ки фарзанди онҳо ба кадом самт таваҷҷӯҳи зиёдтар дорад ва ё дар дилаш чӣ орзӯ ниҳон аст?! Дар ин хусус ҳатман бо фарзандон бояд сӯҳбат кард ва хоҳиши онҳоро ҳам ба назар гирифт. Яъне, агар шумо иқтисодчӣ ҳастед, шарт нест, ки писар ё духтари шумо ҳам ҳатман иқтисодчӣ шавад. Дар ҳоле, ки ё шояд духтури хуб бошад, биологи хуб бошад, кандакори хуб шавад ва мисли ин. Аввалтар аз ҳама бояд касбу кореро интихоб кард, ки шумо онро дӯст медоред, ҳавас доред, маъкул аст бароятон. Ҳама касбу корро машғулиятро агар самимона ва содиқонаву ошиқона мекунед, бароятон баракат, пул, сарвату дороӣ ва обурӯ ҳам меорад.

Чӣ корҳоро донишҷӯи муосир бояд анҷом дода тавонад?

⦁ Интернет ва нозукиҳои кор бо компютерро пурра донад;
⦁ китобҳои электрониро боргирӣ кардаву хонда тавонад;
⦁ вақти худро дуруст тақсим карда тавонад;
⦁ дар баробари донишҷӯ будан, як ду ҷой кори иловагӣ карда тавонад;
⦁ Пул кор кардаву онҳоро ҷамъоварӣ карда тавонад;
⦁ Вобастагии моливу моддии худро то ҳадди тавон аз наздикону волидон кам карда тавонад;
⦁ Бо барномаҳои компютерӣ, замимаҳои мобилӣ ва мисли ин кор карда тавонад;
⦁ Дар ин ё он коргоҳ ба ҳайси коромӯз фаъолият кунад;
⦁ аз баъзе курсҳои кӯтоҳ ва машғулиятҳои омӯзишӣ гузарад;
⦁ доираи васеъи дӯстони донишманд, босавод ва масъулиятшинос дошта бошад;
⦁ Ҳуҷҷати ронандагӣ доштаву мошин ронда тавонад;
⦁ Дар озмуну викторинаҳо ширкат карда тавонад;
⦁ Ба боварии устодон, ҳамкурсон ва ҳатто ҳамсояҳо дар он шаҳре, ки таҳсил мекунад, сазовор бошад;
⦁ Аз имконияти сафар ба беруни кишвар бо мақсади ширкат дар озмуну ҷашнвораву семинару таренингҳо истифода бурда тавонад;
⦁ Ҳуқуқу уҳдадорӣ ва вазифаҳои худро пеши ойила, донишгоҳ ва ҷомеъа донад ва онро нисбат ба дигарон ҳам риоя кунад;
⦁ хӯрок пухта тавонад, хуриш омода кунад, либосу пари худро ба тартиб дароварда тавонад, дар бораи тозагӣ, маризиҳои сироятӣ, тарзи солими зиндагӣ ва мисли инҳо ҳама чиро донад;

  Донишҷӯ бояд ба барномаи таълимӣ маҳдуд нашавад, он чизе, ки авалашро дар донишгоҳ омӯхт, идомаашро дар хона, китобхона ё дар интернет мустақилона ёфтаву аз бар кунад. Аз пурсидан бояд наҳаросид, шарм ҳам накард. Ҳар чизеро, ки намедонед, ҳатман пурсед ва аз худ кунед. Тамоми адабиётеро, ки мехонед, таҳлил кунед, муҳимтарин нуқтаҳои онро ба дафтари алоҳида нависед, дар бораи ин ё он асар бо каси дигаре, ки онро хондааст, сӯҳбат кунед, фикрҳои дигаронро ҳам вобаста ба он китоб бигиред ва бо назару андешаи худатон муқоиса кунед. Аз курси аввал аллакай ҷой ва идораву ташкилот ё коргоҳе кобед, ки тавонед донишҳои назариявии худро онҷо дар амалия такмил диҳед. Аз курси аввал (агар он ихтисосро дуст дошта интихоб кардаеду ҳайёти худро ба он пайвастаниед!) талош кунед, ки тамоми асбобу анҷоми он касбу корро майда-майда харидорӣ кунед ва ба даст оред. Тамоми нозукиҳои он касбро аз худ кунед, китобҳои ҳамон соҳаро ҷамъоварӣ карда мутолиа кунед. Кушиш кунед, ки ба ҳамон касбу кор сазовор бошед ва нони ҳалолро аз он касб ба даст оред.

Акнун таваҷҷӯҳ кунед ва ба ёд гиред, ки донишҷӯ чиро бояд донад ва чӣ гуна бошад?

⦁ хоҳиши омӯхтани чизи нав, маълумоти тоза ва иттилои шавқоварро дошта бошад;
⦁ интихоби дуруст ва оқилона дошта бошад-ҳам дар интихоби касбу ихтисос ва ҳам дар пешорӯйи интихобҳои дигар;
⦁ баҳогузории дуруст нисбат ба худаш дошта бошад. Меҳнату ҳунару истеъдодашро арзон нарх нагузорад. Талош кунад, ки маоши баланд ва ҷойи кори беҳтарин дошта бошад;
⦁ Дустони донишманду ҳунарманду боақл ва хушахлоқ дошта бошад;
⦁ доираи фаҳмиш (кругозор)-и васеъ дошта бошад. Аз ҳама илму самту соҳа кам-кам маълумоти заминавӣ ва барои худаш лозимаро донад ва аз худ кунад;
⦁ Ҳатман дорои назари интиқодӣ бошад. Вақте ки шумо назари интиқодӣ доред, ба ҳама чиз аввал бо шубҳа назар мекунед ва одати зудбоварӣ надоред, шуморо фиреб додан осон нахоҳад буд. Иловатан, наметавонад касе шуморо истисмор кунад, истифода барад ва фиреб созад;
⦁ донишҷӯ бояд фикри худро дар дилхоҳ мавзӯъ озодона баён карда тавонад ва онро мантиқан дуруст навишта тавонад;
⦁ Донишҷӯйи имрӯз бояд ба ҷуз забони модарии худ, лоақал ду забони дигарро донад;
⦁ Вақтро бояд донишҷӯ дуруст идораву истифода карда тавонад. Ба қадри вақт расидан, дарк кардани зудгузарии умр, ғанимат будани ҳар лазҳа — афзалияти шахс аст. Ҳар қадар кас кору сарбории бештар дошта бошад, ҳамон қадар беҳтар вақтро истифода мекунад, онро беҳуда сарф намекунад;
⦁ Дар замони муосир донишҷӯ бояд ҳатман истеъдод ва ҳунару саводи коркарди маълумот, таҳлили он, интихоби иттилои дуруст, фактчекинг ва мисли инро дошта бошад. Зеро ҳама чиро набояд ба ёд гирифт ва ҳама гуна хабару иттилоу маълумот кирои сари он фикр кардану машғул шуданро надорад;
⦁ Донишҷӯ бояд донад, ки имруз кадом кору бору машғулият барои касбу ихтисоси интихобкардаи донишгоҳиаш кӯмак мекунад ва онро пайваста омӯзад. Масалан, агар шумо иқтисодчӣ шуданӣ ҳастед, ҳарчанд ҳисобкунӣ бо ҳисобкунакҳои чубини қадтима даркоратон нашавад ҳам, бояд онро донед. То муҳисоб нашавед, иқтисодчии хуб намешавед, то устои таъмиргари радио нашавед, инжинери соҳаи радиофизика намешавед, то растаниҳоро дуст надоред, биологи хуб намешавед ва мисли ин;
⦁ Шумо бояд ба умеди ягон кас набошед. Интизор нашавед, ки касе дар имтиҳон бароятон кумак мекунад, якбора аз куҷое миллион доллар меёбед, касе бароятон ғизову ҷойи зисти бепул медиҳад….Умуман, аз ягон кас ягон чиро донишҷӯ набояд интизор шавад. Худаш бояд барои ба даст овардани ҳама чиз талош кунад ва муваффақ шавад. Он гоҳ идомаи зиндагиаш беминнат хоҳад буд;
⦁ Донишҷӯ бояд дар ҳолатҳои зарурӣ, изтирорӣ ва форс мажорӣ фавран интихоби дуруст кунад ва тасмими оқилона бигирад. Барои ин албатта донишу таҷрибаву ақлу фаросат ва савод лозим аст;
⦁ Донишҷӯ бояд аз ягон мушкил ва проблема натарсад ва наҳаросад. Баракс, интизор шавад, ки кай бо мушкиле рӯ ба рӯ мешавад ва аз он бо кӯшишу талоши худашу оқилона берун меояд. Давраи донишҷӯйи дар маҷмӯъ мисли як лаборатория аст, ки баъди гузаштан аз он шумо ба зиндагии воқеъӣ ва ҷиддӣ омода мешавед ва дигар роҳу равиши дурусти зистанро меёбед;
⦁ Донишҷӯ бяод ба муҳити нав ва ноошно тез ва зуд мутобиқ шавад ва одат кунад. Рост аст, ки аз деҳа ба шаҳр омадан зиқиву хумору ёдкуниҳоро дар пай дорад. Боз ҳам агар шумо дар хориҷи кишвар донишҷӯ мешавед, бароятон душвортар хоҳад буд. Талош кунед, ки пештар аз рафтан дар бораи он кишвару шаҳр бештар маълумот гиред, тариқи интернет шинос шавед, то баъди рафтан тез мутобиқ гардед;
⦁ Шумо бояд барои зиндагии беҳтар талош кунед. Дар ҳайёт ҳолати дар як ҷой истодан нест-шумо ё ҳатман ба пеш ҳаракат мекунед ва ё агар орому беҳаракат ҳастед, ин ба ҳамон маънӣ аст, ки шумо ба қафо меравед; Дар табиат ва зиндагии заминӣ барои инсон ҳолати ист ва қарори доимӣ вуҷуд надорад;

  Замону давраи донишҷӯии ман (1995-2000) ҷолибу шавқовар буд, ҳарчанд мушкилоти зиёде ҳам дошт. Мо компютери шахсиро дар хоб ҳам надида будем, интернетро намедонистем, хобгоҳҳои солҳои донишҷӯии мо вайронаву валангор буданд, барои дар шаҳр зистан пули ками кам доштем, инфорасохтор ин қадар рушд накарда буд, пайдо кардани ҷойи кор барои донишҷӯёни замони мо хеле душвор буд, чун дар пойтахт ба ин ҳад ошхонаву қаҳвахона, ресторану марказҳои савдо ва хизматрасониву тиҷоратӣ вуҷуд надошт.

  Аммо ҳоло шароит дигар аст, вазъ беҳтар аст, имконият васеътар аст. Фақат бояд талош карду таҳсил карду хонду аз худ кард ва аз пушти зиндагии беҳтар шуд. Волидон наметавонанд як ҷавонро то охири умраш нигоҳубин кунанду барояш шароит фароҳам оваранд. Нагузоред, ки беҳтарин солҳои умратон бефоида ё бо фоидаи камтар гузарад. Шумо пеши умр, зиндагӣ, хонавода ва Худованд ҳисобот медиҳед…Ва ҳам ҳар амалу кору бор ва машғулияту суханатон ҷавобгарӣ ва саволу ҷавоб дорад. Инро фаромӯш накунед…


Ва ин ҳоло давом дорад…
11 -январи соли 2024
====================================================================

Чаро набояд руҳафтода шуд?

  Чаро дар ин бора менависам? Барои он, ки худам тез ва ҳатто аз ҳар чизи ҷузъӣ рӯҳафтода мешудам. Барои он МЕШУДАМ навиштам, ки ҳоло кам-кам аз ин чиз дуртар мешавам. Ёд гирифтам, ки ба гапи мардум аҳамият надиҳам, ёд гирифтам, ки ба ҳама чиз аҳамият надиҳам, ёд гирифтам, ки ба худ баҳои баландтар бидиҳам ва ёд гирифтам, ки муқобили ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ ба воситаи чизи дигару ҳолати дигаре мубориза барам. Ман ҳамеша фикр мекунам, ки чаро бо ман баъзан ҳамин гуна муносибате сурат мегирад, ки ман онро нисбат ба ягон кас раво дида наметавонам? Ман ҳамеша фикр мекунам, ки чаро дигарон бо ман ҳамон тавр рафтор карданд, дар ҳоле, ки ман аслан ин гуна рафторро барои ҳеҷ каси дигар сазовор намедонам!?

Вале дар миёни ҳамаи ин радду бадалҳо бояд варианти беҳтаринеро пайдо кард, ки ё рӯҳафтода нашуд ва ё то рӯҳафтодагӣ нарафт. Он кадом вариант аст? Чӣ бояд кард?
Ман бо истифодаи аз маълумоти саҳифаҳои кушоди интернет ва таҷрибаи шахсии худ чанд варианти рафтор ва чанд усулу роҳи рӯҳафтода нашуданро инҷо бароятон меорам ва умедвор мешавам, ки аввал ба дурустии он бовар карда, баъд онҳоро мавриди истифода қарор медиҳед. Вале ман шояд ҳама чиро ба ёд овардаву гуфта натавонам. Шумо ҳам дар ин маврид ба таҷриба ва донишу фаҳмиши худатон албатта такя бояд кунед.

  Аввалтар аз ҳама бояд фикр кард, ки кай одатан мо рӯҳафтода мешавем? Ба назари ман, ки вақти нокомӣ, мусибат, ҳолатҳои душвор, бебарор будани кадом кор, муфлисшавӣ, беморшавӣ ва ё монанди ин. Баъзан ҳангоми рӯҳафтодагӣ шахс фикр мекунад, ки ин фақат мушкили ӯ аст ва ӯ дар ин самт танҳои танҳо аст. Аммо маълум аст, ки ин тавр нест. Ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки ҳама гуна ҳолати мушкил ва душвор муваққатӣ аст. Нерӯ ва тавоноии бештар бояд пайдо карду ҳамон ҳолатро пушти сар сохт.

Ҳолати аввале, ки моро ба рӯҳафтодагӣ мерасонад НОКОМӢ аст.

Аввалтар аз ҳама бояд донист, ки ноком шудан ҳам, агар хубу хушоянд нест, таҷриба аст. Таҷрибае, ки ҳатман дар идома зарур мешавад. Муҳимтарин таҷрибаву дарсу пандро одамон вақти нокомӣ, бебарорӣ ва мушкилоту мусибат мегиранд. Аз хато кардан тарсидан лозим нест. Он замина барои таҷриба ва ислоҳ шудан мешавад. Ҳатман. Фақат бояд кӯшиш кард, ки ҳамон як хатои дағалро пайваста такрор накунед.

Шинохти хато ва эътирофи он.

Ин чизи хеле муҳим аст. Дунё пури мардумоне аст, ки асло хато кардани худро эътироф намекунанд. Ин гуруҳ ислоҳнопазир аст. Бо ин гурӯҳ баҳс накунед ва ҳолати руҳии худро бад насозед. Барои беҳтар шудан ва пеш рафтан, шумо аввал бояд хатову норасоӣ ва камбудиҳои худро эътироф кунед, шиносед ва аз пайи ҳалли онҳо бошед. Баъзан вақт зарур мешавад, ки барои ислоҳи камбудиву хато мо назари худро ба онҳо иваз кунем ва дигар созем. Яъне, ба ҳамон як мушкил аз кунҷи дигар, аз нуқтаи назари атрофиён баҳо диҳем. Он вақт кор осонтар мешавад.

Савдои хона ба бозор рост намеояд.

Ҳамин вақт аксарият рӯҳафтода мешаванд, зеро натиҷаи дигару беҳтарро интизор буданд, аммо ин тавр нашуда истодааст. Чӣ бояд кард? Бояд рӯҳафтода нашуд ва роҳи ҳалли ин мушкил ва ҳолати форс-мажориро кофтаву ёфт. Ҳамин вақт мардумон таҷрибаи комил мегиранд, якбора дигар шудани ҳолат боиси қабули қарорҳои фаврӣ мешавад. Фаврӣ қарори дуруст қабул карда тавонистан бошад, нишони донишу таҷрибаи кофӣ ва хуби шумо аст. Ҳама наметавонад, ки фавран қарори оқилонаву дуруст қабул кунад. Агар шумо метавонед, пас аз дигарон беҳтар ҳастед ва албатта хушбахттаред.

Тавсияҳоро бояд гӯш кард, вале варианти дурустро худатон бояд қабул кунед.
Дигарон кам мушкилу ҳолати рӯҳӣ ва вазъи кунунии кору зиндагии шуморо медонанд. Аз ин рӯ дар маслиҳату тавсия хато мекунанд. Варианти беҳтаринро худатон бояд баъди тавсияву маслиҳатҳои гуногун интихоб кунед то боиси рӯҳафтодагиатон нашавад.

Лаззати комёбиро дарк кардан.

Агар афтидиву нахестӣ, мағлуб мешавӣ, агар ноком шудаву аз нақшаи бузургат даст кашидӣ, бой медиҳӣ, агар тавсияву маслиҳат ва фиребу дуруғу суханони беасоси дигарон рӯҳафтодаатон кард, пас дониши кофӣ надоштаӣ. Ҳаёт ба ин ҳад ширин аст, ки масалан, ман барои ком гирифтан аз он, сад бор афтидаву мехезам, омода ҳастам, ки барои расидан ба ҳадафи асосӣ ва бузургам, сад роҳу вариантро истифода барам. Сад бор агар санҷидеду муваффақ нашудед, мисли Эдисон, ихтироъкори лампа, хоҳед буд, ки сад варианти нокомиро аллакай медонед ва ба он сад роҳи баста дигар намеравед.

Яъне, агар ин қисматро бо як ҷумла ҷамъбаст кунем, ҳамин хоҳад буд, ки зиндагиро бо ҳама пасту болоӣ ва мушкилу осониҳояш бояд дӯст дошт. Агар комёб шудед, аз ҳамон ҳолат ҳаловат баред, вале агар ноком гаштед, ба дил бовар кунед, ки он муваққатӣ аст ва ҳатман мегузарад.

  Ман равоншинос нестам ва намедонам, ки ин масъала дар илми равоншиносӣ чӣ гуна матраҳ мешавад ва чӣ қоидаву усулҳо дорад. Аммо медонам, ки баъзеҳо барои берун рафтан аз ҳолатҳои мушаввашӣ ба равоншинос муроҷиат мекунанд ва мушкилашонро осон мекунанд. Аммо агар мо пул надошта бошем чӣ? Ё агар ба онҳо боварӣ надошта бошем чӣ? Ё равоншиноси табъи дил пайдо накунем чӣ?
Рӯҳафтодагӣ ба либосу хонаву натиҷаи кору ҳатто ба сиҳатии равонӣ ва руҳиву ҷисмии шумо таъсир мерасонад. Болидарӯҳӣ бошад, хушбинӣ меорад ва инсонро матинирода мекунад. Як равоншиноси амрикои бо ному насаби Эми Морин чанд қоидаро мушаххас кардаву барои мардум тавсия додааст.

Бечоранолӣ накунед.
Мардуми матинирода ва қавирӯҳ ҳеҷ вақт бечоранолӣ намекунад. Барои нокомиҳо пеши дигарон ҳеҷ вақт касеро гунаҳкор накунед. Ҳама чиро худатон ба даст гиред ва аввалтар аз ҳама дар худатон сабабҳои рӯҳафтодагиатонро ҷустуҷӯ кунед.

⦁ Афзалият, ҳокимият ва бартариро муқобили касони аз шумо қамқувваттар ва бечоратар истифода набаред.
То ҳадди тавон талош кунед, ки атрофи шумо пури мардуми комёб ва муваффақ бошад. Дар миёни бечораҳо, камқувватҳо ва нокомҳо шумо беҳтарин буда наметавонед ва ин ҳолат дер давом намекунад ва он кирои фахру шуҳрат ҳам нест. Шумо онҳоро пурқувват ва матинирода кунед, то дар рақобат бо онҳо шумо боз ҳам беҳтар гардед.

⦁ Аз тағирот натарсед.
Аксарият вақти кадом тағироти ҷиддӣ дар зиндагиву кору бораш, рӯҳафтода мешавад, метарсад, шубҳа мекунад, ки дар идома худро то ҷойи аввала расонида метавонад ё не? Таҷриба кунед, ки ҳар тағирот бароятон неру ва тавоноии бештар медиҳад. Гӯё нафаси тоза мегиред, чизи навтареро таҷриба мекунед. Ин хуб аст албатта!

⦁ Барои он чизе, ки дар ихтиёри шумо нест, неру, вақт ва энергия сарф накунед.
Тасаввур кунед, ки пробкаҳои саҳариро шумо танҳо ҳал карда наметавонед. Пас, бояд аз ин чиз ғазаболудаву рӯҳафтода нашуд. Чизеро гум кардед ва дигар наёфтед. Албатта, ин душвор аст, вале охири зиндагӣ нест. Барқ хомӯш шуд, оби чашма хушк шуд, мошинатон вайрон гашт, хонаатонро мекӯчонанд….Барои ягон тои он бояд зиқ нашуд. Чунки, мисли он, ки ист додани заминларза дар дасти шумо нест, дунё пури ҳолате аст, ки назорату тағири он ба даст одамизод нест. Пас, бояд онҳоро хуб қабул кард ва дар бораи онҳо фикри зиёд накарду рӯҳафтода нашуд.

⦁ Кӯшиш накунед, ки ба ҳама писанд ва маъқул бошед.
Зиёданд мардуме, ки талош мекунанд, ба ҳама писанд оянд. Ин номумкин аст. Шарти асосӣ барои зистан ва хушбахт будан ҳам ин чиз нест. Атрофи мо пури одамони сохтакору ғайритабиӣ аст. Онҳо ҳамин гурӯҳанд, ки дар баробари ҳама сохтакориҳояшон ҳам муваффақ нестанд ва ба ҳама писанд низ нестанд. Шумо бояд табиӣ, росту дуруст ва самимӣ бошед. Ба кӣ писанд меоеду ба кӣ не, ин дигар мушкили шумо нест. Шумо ҳам дар зиндагӣ ҳамаро баробар дӯст намедоред ку?! Фикри ягон кас дар бораи худатон шуморо набояд ба ғазаб орад. Аз гуфтани назари инфиродии худатон ҳам нисбат ба атрофиён ҳарос надошта бошед.

⦁ Таваккали дониставу оқилона хуб аст.
Баъзан вақт таваккал карда натавонистан, моро ба қафо мекашад, ноком мекунад. Пештар аз таваккал бояд бурду бохту хубиву бадии онро баркашид, фикр кард ва баъд таваккалро анҷом дод. Дар ҳама ҳолат бояд ҳам ба дил ба комёбӣ бовар кард ва ҳам ба сенарияи бадтарин ва нохуб омода буд.

⦁ Дар бораи гузашта фикри зиёд бояд накард. Ба гузашта салавот.
Гузаштаро баргардонида намешавад. Яъне, фақат бо афсӯс хӯрдан ва зиқ шудан кор пеш намеравад. Бояд аз гузашта сабақ гирифт ва онро раҳо кард. Таҷриба, дониш ва бардоштҳо аз гузашта албатта муҳиманд ва дар оянда ба кор меоянд. Афсӯс хурдан аз ҳаводиси гузаштаву пайваста дар банди он будан, фоида надорад. Ҳам нерӯ ва вақту асабҳои зиёдатонро мегираду хароб мекунад.

⦁ Такрор накардани хатоҳои гузашта.
Агар шумо як хаторо ду карат такрор кардед, ин нишони бетаваҷҷӯҳӣ асту ислоҳ нашудан. Ҳар хато ва гуноҳ, ки шумо онро дарк кардед, бояд барои шумо таҷриба шаваду замина барои пешравиҳо. Агар чунин нашавад, пас чизеро нодуруст анҷом додаед ва дар куҷое хатои ҷиддитаре доред.

⦁ Бахил нашавед ва аз комёбиҳои дигарон озурда нагардед.
Мардуми мо мақоли хубе дорад, ки «гӯри бахил танг аст». Бахил нашавед ва ин авлавиятро дар худатон парвариш кунед. Бахил бештар аз рақибаш барои худаш нороҳатӣ меорад, асабҳои худашро вайронтар мекунад, худашро дарун ба дарун мехӯрад. Мардуми боақл талош мекунад, ки шонси худро барои комёбӣ бештар кунад ва ба дигарон ҳам дар муваффақ шудан кӯмак кунад. Бахил аз ҳар комёбии шиносу ношиносҳо дилгиру рӯҳафтодаву маъюс мешавад. Умри дарозу вақти хуш ҳам надоранд ин гурӯҳ.

⦁ Нокомӣ бояд шуморо ноумед накунад.
Ҳар нокомӣ шонси беҳтаре барои комёб шудан дар ояндаи наздик аст. Қариб тамоми сарватмандон медонанд, ки нокомӣ таҷриба медиҳад ва ҳар кадоми онҳо дар тули тиҷорату кору борашон на камтар аз се бор муфлис шудаанд. Ҳатто дар муфлисӣ ҳам ноумед нашавед. Ман ҳолатҳоеро медонам, ки баъзеҳо аз маҳбас баромада ба курсиҳои вазирӣ ва ҳатто курсии аввали кишварҳо нишастанд. Бахзеҳо тамоман муфлис шуда, баъди як муддат гашта сарватманд шуданд. Ин ҳолатҳо дарсе барои омӯхтани инсонҳо ва санҷидани дӯстону ҳамкорону шиносҳо аст.

Аз танҳо мондан тамоман натасед.
Баракс, аз танҳоӣ, ки ба ягонагӣ хеле монанд аст, ҳаловат баред. Гузаштаро ба ёд оред, хатоҳоро ислоҳ кунед, рӯйхати дӯстону шиносҳоро бознигарӣ кунед, нақшаҳои беҳтар бикашед…Фақат рӯҳафтода нашавед.

⦁ Ҳеҷ вақт фикр накунед, ки касе чизеву кадом кору амале аз шумо қарздор аст.
Ин тавр нест. Ҳатто қарздоронатонро ҳам сахт нагиред. Худатон аз касе чизеро интизор нашавед. Талош кунед, ки ҳама чиро худатон ба даст оред, худатонро бо дастони худ созед. То дар идома касе миннат накунад, шуморо дар ҳолати ногувор нагузорад, паст назанад. Одамонро шинохтан душвор аст. Баъзе ҳолат ҳатто номумкин ҳам ҳаст.

Натиҷаи хуб дар як ду рӯз ба даст намеояд.
Донишманде гуфтааст, ки шумо якбора шояд нӯҳ занро ҳомиладор карда метавонед, аммо наметавонед, ки ҳатто яктои онҳоро ҳам маҷбур кунед, ки дар як моҳ тавваллуд кунанд. Барои баъзе натиҷаҳо вақт лозим аст. Сабр кунед ва собир бошед. Барои мисол, агар имрӯз толори варзишӣ рафтед, пагоҳ чемпиони ҷаҳон намешавед. Фақат ноумед нашуда, рӯҳафтода нагашта бояд ҳамон корро бе сарбории бештар ва роҳат идома дод. Муҳим онро тарк накард. Он вақт албатта муваффақ мешавед.

   Дар қисмати охир ман чанд тавсияро аз таҷрибаи худаму аз хулосаи дигарон бароятон пешниҳод мекунам ва умедвор мешавам, ки барои болидарӯҳӣ ва муваффақияту барори бештар дар кору зиндагӣ кӯмак мекунад. Чӣ бояд кард то дар ҳолатҳои душвор рӯҳафтода нашуд?

Ба нерӯ ва тавоноӣ, донишу таҷриба ва бахту иқболи худатон бовар кунед; Такя кардан ба онҳо ҳам омили муваффақият аст;

⦁ Ҳама чиро бе эҳсос ва воқеъбинона санҷеду хулосабарорӣ кунед;

⦁ Ҳолатҳо метавонанд дигаргуна ва фарқкунанда бошанд. Вақте ки муқоиса мекунед, баъзе омилу ҳолату сабабҳоро ба назар бигиред; Масалан, комёбии ким-кадом сарояндаро пеши рӯ оварда, рӯҳафтода нашавед, ки чаро шумо ва ӯ ҳамкурседу баробар муваффақ нестед? Шумо дар чанд самти дигар шояд як сару гардан аз ӯ боло бошед;

⦁ Агар ба дастгирӣ ниёз доред, аз гуфтани он шарм надоред. Оила ва наздикон барои ҳаминанд, ки шуморо дастгирӣ кунанд. Дигарон ҳам албатта бо дастгирӣ ва кӯмаки касони дигар ба ҷойи даркорӣ ва зарурӣ расидаанд;

⦁ Аз ҳар чизе, ки рух медиҳад, паҳлуи позитивӣ ва хушро кофтаву ёбед. Ягон чиз дар зиндагӣ бе ҳикмату бе сабабу бе кадом оқибат нест;

⦁ Қонун, қоида, тартиб, реҷа, талабот, низомнома, дастур ва ҳар чизи дигари ҳатмиро ҳатман риоя кунед. Ҳар кор шуданаш мумкин аст, аммо агар шумо дар роҳи росту дуруст ҳастед, шонси бештари комёбӣ ва наҷот доред. Ҳатто ҳамин тасмаи бехатарӣ дар мошин дар 60% ҳолатҳо сабабгори зинда мондани ронанда ва мусофирон мешудааст. Мо бошем, аксаран, фикр мекунем, ки он як чизи нолозим аст;

⦁ Ба ҳангома дода нашавед. Дар ҳама гуна ҳолатҳо оромиро ҳифз кунед. Дар ҳолатҳои мушкил ва афсурдагӣ ягон машғулияти беҳтар, ҷолибтару шавқовартар пайдо кунед ва як муддат ба он машғул шавед. Машруботу мухаддироту сигору кадом маводи дигар роҳи ҳал нест!;

⦁ Аз ҳар чизе, ки негатив аст, дурӣ ҷӯед, дар ҳолатҳои зарурӣ НЕ гуфтанро ёд бигиред, аз одамоне, ки фақат аз касеву чизе шикоят мекунанд, аз ҳама касу ҳама чиз норозӣ ҳастанд,
фақат худашонро боақлу ҳақ медонанд, каси дигарро эътироф намекунанд ва хасису гапчину дуруғгӯ ҳастанд, ҳамешагӣ дурӣ ҷӯед. Аксарияти онҳо ислоҳ намешаванд;

⦁ Фаромӯш накунед, ки масъулияти ҳайёту зиндагӣ ва комёбиву саодати шумо аввалтар агар дасти Худо аст, баъдтар дасти худи шумо аст. Ягон ҳолати нохуби худро бори дигарон накунед, каси дигарро барои нокомиҳои худатон гунаҳкор надонед.Хато кардед, узр пурсед, чизе ба касе додед, миннат накунед, хизмати касеро анҷом додед, фаромӯш кунед. Худо ҳамаи ин ҳолатҳоро танзим мекунад ва ҳақро ҳатман ба ҳақдор мерасонад;


Тақдир тадбир надорад. Инро бояд дарк кард. Ҳарчи Худо хост ҳамон мешавад. Шумо фақат дар роҳи қонуниву савобу илму маърифат ва раҳи росту дуруст бошед, тамом! Ҳатман муваффақ мешавед. Ин ваъдаи Худованд аст.

⦁ Бо ҳар чизе,ки доред, хоҳ каму хоҳ беш, ШУКРОНА кунед. Атрофатонро бинед, ки миллионҳо кас ними шумо нестанд, либоси шумо, саводи шумо, дороии шумо ва доштаҳои дигари шуморо НАДОРАНД. Вале бадбахту ноумед нестанд. Ҳамин чиз муҳим аст. Бо ҳар чизе ки доред, эҳсоси хушбахтӣ кунед ва вақтатонро хуш гузаронед!

⦁ Назари интиқодӣ дошта бошед. Ҳамеша ва рӯ ба руйи ҳама чиз, ҳолат, мушкил, факт, иттилоъ ва ҳар чизи дигар. Ин чизи муҳим ас
т.

Ҳолатҳоеро ки шумо дар он қарор доред, бо амал ё беамалии худатон печидаву мушкилтару бадтар накунед. Мақоли «қаҳри девона-зарари девона»-ро медонед. Асабӣ шудан, рӯҳафтода шудан ва ноумед шудан — аз ҳама чизи нохуб ва бад аст. Кӯшиш кунед аз онҳо дур бошед;

⦁ Аз таҷрибадорон, пирони кор, мутахассисон ва корафтодаҳо пурсед ва маслиҳат гиред. Масалан, ҳоло аксарият фикр мекунанд, ки пеши психолог фақат бояд психҳо раванд. Ин оё фикри дуруст ва оқилона аст? Албатта не! Аксарият шояд фарқи психиатрро аз психолог надонанд!

⦁ Вақте ки бо мушкил рӯ ба рӯ шудед, донед ва бовар кунед, ки нерӯ ва тавоноиву ақлу фаросату заковату таҷрибаатон барои рафъи он мерасад. Бояд бирасад. Агар маротибаи аввал натавонистед, маротибаи дуюм ва сеюм кӯшиш кунед. Ҳатман метавонед!

Дар хотима барои ҷамъбаст ва хулоса як қиссаи ҷолибро чун мисол меорам. Шоҳи як қабилаи африқоӣ дӯсти наздике дошт. Он дӯсташ ҳамеша хушбин буд ва фақат нек андеша мекард. Чӣ ҳолате ки рух диҳад, вай ҳатман мегуфт, ки «ин ба хайр аст…»
Як рӯз онҳо ба шикор меравад. Дӯсташ яроқи шикории шоҳро тоза кардаву ба дасташ дода буд, вале даруни он тир монда будааст ва шоҳ бо он тир ба ангушти пояш мепаронад. Шоҳ доду фиғон мебарорад, вале дӯсташ чун одат мегӯяд, ки «Ба хайр аст…»
Шоҳ албатта аз ин ба ғазаб омад ва фармон дод, ки дӯсташро ба зиндон партоянд. Баъди чанд вақти дигар шоҳ танҳо ба шикор меравад ва ба дасти одамхурон меафтад. Ва ӯро намехуранд, чунки ангушти пояш набуд ва он одамхӯрон ин гуна одамони нуқс доштаро намехӯрдаанд. Шоҳ хурсанд мешавад ва гапи дӯсташ ба ёдаш омада фармон медиҳад, ки ӯро аз зиндон озод кунанд. Баъд аз дӯсташ узр мепурсад, ки кори хуб накард, ки ӯро ба зиндон партофт. Вале дӯсташ мисли ҳамеша мегӯяд, ки узр напурс, » ба хайр аст…» Шоҳ боз ҳайрон мешавад, ки чӣ ҷойи хайр аст, ки ту як сол дар зиндон будӣ ва азоб доштӣ?! Дӯсташ бошад, хурсанд буд, ки дар зиндон буду бо шоҳ ба шикор нарафт, вагарна он одамхӯрон, ки шоҳро бо айби набудани ангушти пояш нахӯрда буданд, ӯро ҳатман мехӯрданд….

Хулоса, ҳама ба хайр аст. Бояд фикри зиёд накард ва рӯҳафтодагиро ба худ наздик роҳ надод. Барои ин риояи он чи, кӣ болотар гуфтам, бароятон ҳатман кӯмак мекунад. Давомаш ҳама хуб мешавад. Иншоолоҳ.

20 -уми январи соли 2024
Ва ин ҳоло давом дорад….

==============================================================

Чи тавр худбаҳодиҳиро бояд боло бардошт?

  Мавзӯе, ки имруз мехостам дар бораи он нависам, ба худбаҳодиҳӣ ё самооценка иртибот дорад. Яке аз омилҳое, ки моро ҳам дар назари дигарон камарзиш мекунад ва ҳам рӯҳафтодагии бештарро метавонад дар пай дошта бошад, ин ҳамин чиз аст-худбаҳодиҳии нодуруст. Борҳо шумо ҳам шунидаед, ки баъзеҳо худро ба ҳадде бечораву нодору ночор қаламдод мекунанд, ки ногуфтанӣ. Шояд онҳо кадом ҳадафҳои дигаре ҳам дошта бошанд, аммо асосан ин бастагӣ дорад ба худбаҳодиҳии нокифоя, арзиши худро надонистан ва худро аз дигарон кам пиндоштанд. Бо назардошти он, ки олимону равоншиносон хеле зиёд дар ҳамин бора суҳбат мекунанду тавсия медиҳанд, мешавад, гуфт, ки ин эҳсос ва амал ба қадри қобили мулоҳиза муҳим ва зарур аст. Агар худбаҳодиҳии дуруст ва арзанда доред, ҳатман муваффақияти бештару обурӯйи зиёдтар шуморо интизор аст. Иловатан, шумо бо ин роҳ назари мардумро ба худатон дуруст ва нек мекунед. Чӣ тавр мумкин аст, ки худбаҳодиҳиро боло бардошт? Барои ин ман боз ҳам ба саҳифоти кушоди интернет рӯ меорам ва он маълумоту иттилоъро дар муқоиса бо таҷрибаву назари худам баротяон пешниҳод мекунам.

⦁ Баҳои баланд ба имконияту потенсиали худатон ба ин маънӣ аст, ки шумо ба худатон боварии бештар доред. Боварӣ асоси муваффақият аст.

⦁ Худро бо дигарон муқоиса накунед ё лоақал камтар муқоиса кунед. Ҳарчизе, ки шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинед, пурра росту мақбул нест. Баъзеҳо дар он ҳамин гуна худро «сохтаанд», ки мардум бовар мекунад. Ҳарчанд ҳайёти воқеии у он гуна нест. Вақте ки роҳату дамгириву фароғату мошину хонаву ким-чизи дигарро дидед, ки касе дар бари онҳо сурат гирифтааст, худро бад набинед, фикр накунед, ки шумо аз ӯ пасттаред. Он шояд аз худаш нест. Аксарияти мардуми сарватманди боақл ин корро намекунад. Рекламаи арзон кори мардуми содаву камбағал аст. Бовар кунед;

⦁ Дар суҳбат бо худ худро паст назанед, танқид накунед. Вақте ки худро аз дигарон пасттар мешуморед, рафта-рафта мағз ин чиро қабул мекунад, ба он бовар мекунад. Ин ҳолату эҳсос шуморо ба қафо мекашад. Яъне, аввалтар аз ҳама шумо нигоҳи худатонро ба худ дигар кунед. Он вақт нигоҳи бегонаҳо ва дигарон ба шумо албатта нектар мешавад;

⦁ Дастоварду доштаву комёбиҳои худро рӯйхат кунед. Мо одатан дар бораи он чизе, ки надорему нест, бештар фикр мекунем, нисбат ба он чизҳои хубу шоистае, ки дорем. Масалан, ман ғусса мехурем, ки ҳавлӣ надорем, вале фикр намекунем, ки як хонагии доштаи мо орзӯйи ҳазорҳо бечораву бехона аст. Сиҳатӣ, дастовард дар футболи коргоҳӣ, маош гирифтан, намозро озодона хондан, опели арзон доштан, ором хоб кардан…Магар ин сарвату неъмату дастовард нест? Магар боиси шукрона нест? Ҳаст албатта!

⦁ Талош кунед, ки дар атрофатон фақат одами хушбин ҷамъ шуда бошанд. Аз нафарони бадбин, бечоранол, шиквагар, аз ҳама норозӣ ва мисли ин ҳатман дурӣ ҷӯед. Аксарияти онҳо ислоҳ намешаванд ва шуморо ҳам дар гирдоби негативи худ ғарқ мекунанд. Фаромуш накунед, ки маҳз атрофиён ба худбаҳодиҳии шумо метавонанд таъсири бузурге расонанд. Беҳтарин дӯстон шуморо таҳрик медиҳанду дастгирӣ мекунанд, бадтаринҳо шуморо бовар мекунонанд, ки наметавонед, кӯшиш накунед ва мисли ин;

⦁ Барои худбаҳодиҳии баланд доштан, ҳатман омилҳои дигари инсонӣ ҳам таъсир мерасонад. Масалан, саломатии равонӣ ва ҷисмонӣ, меъёри дурусти хоб, ғизои солим ва оби кофӣ, ҳавои тоза, кори ҷисмонӣ, мутолиа, варзиш дар ин самт ҳатман нақш дорад. Вақте ки руҳатон болида аст, танатон сиҳат аст ва вақтатон хуш аст, албатта худбаҳодии баланд хоҳед дошт;

⦁ Нақшаҳои шумо бояд фантастикӣ ва кайҳонӣ набошад. Ҳама чиз бояд воқеъӣ бошад, дар доираи тавоноии шумо бошад. Масалан, ҳавлӣ бояд дошта бошам гуфта аз бонк 300 000 доллар қарз гирифтан бе донистани шарту шароит ва имкониятҳои худ, беақлӣ аст. Бо роҳи дигар бояд ин орзӯйи бузурги худро ҷомаи амал пӯшонед. Фақат як муҳимотро фаромӯш накунед: барои ҳамаи нақшаҳо ва амалҳо вақту соат ва руз муқаррар кунед. Ин муҳим аст;

⦁ Донишу таҷрибаи навро аз худ кунед. Муҳим нест, ин аз кадом самту соҳа аст. Муҳим ҳар чизи наву хостаниву ҷолиб ҳатман баҳодиҳии худатонро болотар мекунад. Чунки шумо он вақт аллакай одами дигареду мутахасиси беҳтаред. Ифтихормандӣ ҳатман боиси худбаҳодиҳии баландтар мешавад;

⦁ Талош кунед, ки дуру дароз дар ҳавзаи комфорт наистед. Маълум аст, ки вақте ки солҳо дар ин ҳудуд роҳат будед, метарсед, ки қадаматон сӯйи пеш ноком анҷом меёбад. Аммо ин тавр нест, агар шумо дониста, мушаххас ва бо нақшаву тасмимҳои ҷиддӣ аз зонаи комфорт берун меоед.

⦁ Ба ҳама ҳолате ки рӯҳатонро нороҳат мекунад, душворӣ овардааст ё дар вақти хатокорӣ ҳатман аз ҳазлу шӯхӣ кор б игиред. Зеро бо зиқ шудаву хафа шудану қаҳрӣ будан, коратон пешраф намешавад. Шӯхӣ кунед, вақтатонро хуш гузаронед ва рӯҳатонро болида нигоҳ доред, ки ин яке аз талаботи асосии ба худ баҳои баландтар гузоштан аст;

⦁ Мисли он ки дар дохили намоз ҳар гуна андешаҳои нохубу дуруғу нохостанӣ аз ҳар куҷо ба ёдат омадан мегирад, дар зиндагӣ ҳам ҳамин гуна. Мағз пури андешаҳои нохубу нодаркор мешавад. Он барои тасмимҳои дуруст халал мерасонад. Мисли он, ки компютерро сари чанд вақт тоза мекунед, мағзро ҳам пайваста ҳамин тавр бояд тозаву сабук кард. Андешаҳои баду нохостаниву сиёҳро тамоман ба сар ҷой надиҳед;

Иловатан, хурду хӯроки дуруст ва покиза, либоси тозаву шинам ва риояи талаботи беҳдоштӣ ҳам дар самти болобурди худбаҳодиҳӣ хеле муҳим аст. Ҳис кардаед, ки агар либосатон тоза аст, пойафзолатон зебову хуб аст, даҳонатон буй намекунад, аз бадантон буйи атр меояд, фазои мошинатон муаттар аст, муйи сару ришу фашатон ба тартид оварда шудааст, боварӣ ба худатон бештар мегардад. Шумо роҳаттар, зеботар ва солимтар метобед. Комёбтар ҳам. Аксарият аз он ки каси дигарро дастгирӣ ва кумак мекунанд, худашон роҳаттар мешаванд, хурсанд ва шоду мамнун мегарданд. Ин боиси болоравии худбаҳодии одамон мешавад.
Худбаҳодиҳӣ- ин тасаввуроти шахс нисбат ба комёбиву дастовард ва нокомиву сифатҳои дигари худаш аст. Вале дар ин самт аз чанд кору амал бояд худдорӣ кард, ки намунаашро дар поин меорам:

⦁ Интизор шуданро ёд бигиред;

⦁ Кӯшиш накунед, ки ҳамаро ба чизе бовар кунонед. Мо бо ин кор худбаҳодиҳии худро боло намебардорем.

⦁ Ноумед ва нороҳатиро аз худ бояд дур кард. Масалан, шумо ба наздик корфармое рафтед, ки шуморо ба кор нагирифт, ин маънии онро надорад, ки корфармои дигар, ки ҳамсояи ӯ аст, ҳамин гуна шуморо ба кор қабул намекунад ва ба кор намегирад; Ё агар имрӯз аз уҳдаи кадом коре набаромадед, маънии онро надорад, ки корҳои дигарро ҳам шумо анҷом дода наметавонед;

  Барои расидан ба худбаҳодиҳии комил, қадри худро донистану дигаронро барои эҳтироми бечунучарои худатон моил сохтан — тавсияҳои болоӣ мусоидат мекунанд сабаб мешаванд ва кумак месозанд. Чанд нуқтаи муҳими дигарро ҳам фаромуш накунед, ки дар баҳодиҳии дуруст ба худатон кумак мекунад. Ин донишу таҷрибаи комил ва пайваста, худомузии бештар, касбу кори худро самимона дӯст доштану анҷом додан ва арзишу қиммати худро пеши худу бегонаҳо донистан аст. Худбаҳодиҳии баланд аз мағрурӣ фарқ дорад. Талош кунед, ки аввалиро ба даст меорам гуфта, побанди дуюмӣ нашавед, ки базеҳо шуданд, ҳам мардум аз онҳо дур гашт ва ҳам онҳо аз Худо дур шуданд. Ҳамин ҳаддҳоро бояд шинохт.

21-уми январи соли 2024.
Ва ин ҳоло давом дорад…


====================================================================

Шинохти инсонҳо

  Мавзуйи шинохти инсонҳо аслан мавзӯйи кору пайкору фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ бояд бошад. Вале мо ба умқи мавзӯъ фурӯ нарафта, ба он чизе дахл мекунем, ки дар зиндагӣ ва муносибати ҳаррӯзаи мо бо инсонҳои дигар ба кор меояд ва зарур мешавад.

Чаро шинохтани инсонҳо зарур аст?

⦁ барои он, ки тасмими идомаи муносибатро бо онҳо гирифта тавонед;
⦁ барои он, ки ба худатон зарар нарасад;
⦁ барои он, ки ба хулоса омада тавонед, ки он шахс барои муносибатҳои дуру дароз сазовор ҳаст ё не?;
⦁ барои он, ки донед, ки асрори шуморо фош намекунад;
⦁ Барои он, ки баъдтар аз муносибат ва рафтуомад бо ӯ пушаймон нашавед;

  Ин ҳанӯз руйхати пурра нест. Метавонед онро идома диҳед. Падари шумо баъзе одамони «актёр»-ро дар фосилаи даҳ солу бист сол шинохта натавонист. Яъне, бо доштани донишу саводу таҷриба ҳам, на ҳамаро мешавад, ки шинохт. Вале шарти асосӣ ҳамин аст, ки баъди шинохтани инсонҳои баду фачу паст, фавран аз канорашон дур биравед, талош кунед, ки бо онҳо камтар рӯ ба рӯ занед, кӯшиш кунед, ки аз онҳо комилан вобаста набошед. Вале дар ин самт муҳим аст, ки дар бораи худатон ҳам донед. Оё шумо аз руйи версияи ҳамкорону ҳамкасбон ба он гуруҳи инсонҳои нохуб ворид нестед? Шумо аз он мардум бо чӣ фарқ мекунед? Аввалтар аз ҳама ба ин саволҳо ҷавобҳои дуруст пайдо кунед.

Ман пештар гуфта будам, ки дар зиндагии ҳама кас мардумон барои иҷрои кадом амалу кору функсияе меоянд ва баъди муддате мераванд. Масалан, дар зиндагии ман ҳамин гуна аст. Вале чанд касе ҳаст, ки онҳо ҳамеша бо шумоянд, дӯсти ҷонианд, наздиканд, ҳамсояву ҳамкори доимианд. Асосан ҳамин гуруҳи мардумро бояд шинохт. Дониста бошед, ки беҳтарин инсон будани шахсони наздик ба чанд хотир аст ва муҳимтаринаш ҳамин аст, ки шумо асрори худро ба онҳо мегӯед ва онҳо асрору иттилои бештаре дар бораи шумо хоҳанд донист.

Ман ростӣ, намедонам барои шинохти инсонҳо чанд муддат лозим аст, вале баъзан ба назар мерасад, ки як амалу кору бор ва ишораву сухани касе чеҳраи аслии ӯро мекушояд, кӣ будани ӯро маълум мекунад. Ба ҳамин чизи нозук ва ноошкор бояд таваҷҷӯҳ кард. Ҳис кардед ва ё дидед, ки касе нисбат ба модару падараш меҳрубон нест, хоҳару бародарашро эҳтиром намекунад, нисбат ба фарзандаш бераҳму бепарво аст… Ин чӣ маънӣ дорад? Ӯ инсони хуб нест. Ин нишонаҳои шахси ҷоҳил ва бераҳм аст. Албатта ислоҳ шудан имкон дорад, вале баъзан бо рафтани сину сол ислоҳ кардани баъзе одамон душвор ва ҳатто номумкин аст.

Варианти дуруст ҳамин аст, ки бо дилхоҳ шахс дар мавридҳои аввал мушоҳидакорона муносибат бояд кард. Тамоми амалу ҳаракат ва бархурди ӯро дар як занҷира гирд овард ва ташхис кард. Кадом амалаш зери таъсири касе ё чизи дигаре буд? Кадом амали ӯ аллакай дар доираи хислату одаташ аст? Ва мисли ҳамин. Равоншиносону коршиносон дар Интернет дар ин маврид тавсияву пурсишу саволу усулҳои ҷолибро пешниҳод мекунанд. Метарсам, ки усулҳои мухталифе, ки онҳо таблиғ мекунанд, ба мардуми мо дархур нест. Мо ҳамватанони худро аз руйи дигар усулу фарзияҳо бояд шиносем. Вале ба ҳар сурат чанд намунаро барои мушаххаскунии шахсе, ки акнун бо ӯ ягон намуди муносибат доред, пешниҳод мекунем ва шояд бароятон даркор шавад.

⦁ Барои шинохти одамон як суҳбати телефонӣ, ҳамраҳӣ дар сафар, ба мушкил рӯ ба рӯ шудани шумо ва мисли ин кофӣ аст. Масалан, доираи одамонро аз руйи пардохти пули хуроки шом фаҳмидан мумкин аст. Вақте дидед, ки як рафиқи шумо ҳамеша дар ҳамин ҳолат ғайб мезанад, аз ҳама охир пулро аз киссаш мебарорад, чекро аз дасти пешхизмат намегирад, то дигарон гиранду ҳисобӣ кунанд, донед, ки он нафар хасису мумсик аст ва рафиқи ҷонӣ буда наметавонад. Ин як мисоли хеле содда аст албатта.

⦁ Касе ки бозиҳои пулакиро машғулият қарор додааст, шояд дар таваккал кадом комёбӣ ҳам ба даст орад, вале дар умум боэътимод нест;

⦁ Бинед, ки рафиқи шумо ба ғайр аз шумо бо киҳо шину хез дорад? Шумо ба кадом категорияи дӯстонаш ворид мешавед? Аз онҷо баъзе маълумоту иттилоро ба мафҳили шумо меорад ё не? Агар биёрад, пас аз инҷо ҳам ба онҷо мебарад. Рафиқӣ бо ӯ хуб нест. Ӯ худаш аллакай рафиқону дӯстонашро гурӯҳбандӣ кардааст. Маълум аст, ки агар сари интихоб қарор бигирад, ҳатман аз шумо сарфи назар мекунад;

⦁ Гӯш кунед, ки рафиқи шумо дар бораи дигарон чӣ мегӯяд. Агар бештар одамони хубу шоистаро сифат кунад, маълум аст, ки худаш низ ба ин гуруҳ ворид аст. Вале агар пайваста ҳамаро наҳ занад, танқиду мазоҳ кунад, одами хуб нест. Ёдрас мешавам, ки шахс метавонад, одами хуб ҳам набошад, вале мутахасиси хуб бошад. Ин ду чизро омехта накунед;

⦁ Ду чизи асосӣ аст — хуб ва бад. Вале дар миёни ҳамин ду чиз, баъзе чизҳои ҷудогонаву фарқкунанда ҳастанд, ки мешавад онҳоро ба гуруҳи на хубу на бад ворид кард. Дар шинохти одамон ҳамин сарҳадро шинохтан хеле муҳим аст; Масалан, шахс вақте ки пули ба писараш додаро назорат кардаву роҳи сарфи онро пурсуҷӯ мекунад, ӯ хасис нест, балки масъулиятшинос аст ва мехоҳад дурустии сарфи пулашро аз ҷониби писараш фаҳмад ва ба ӯ варианти дурусттаро барои идома фаҳмонад. Ин чиро дар шинохти инсонҳо бояд ба назар гирифт.

  Баъзан бо як бор, бо як хато, бо як амал фаҳмидан мумкин аст, ки шахс чӣ гуна аст. Вале варианти дурусттар ҳамин аст, ки дӯстони худро лоақал ду карат санҷед ва якчанд ҳолати монандро пушти ҳам гузошта таҳлил кунед. Он вақт боварии бештар ҳосил мекунед, ки чаро ӯ беэътимод аст ва кирои дӯстӣ намекунад?!

Боз аз рӯйи чӣ, аз кадом нишонаҳо ва ишораҳо дар бораи шахсиятҳо маълумот гирифтан мумкин аст, хубиву бадии онҳоро фаҳмидан мумкин аст?

⦁ мушоҳида кунед, ки ӯ ба китоб таваҷҷӯҳ дорад ё не? Аз хондан чӣ бардошт мекунад?

⦁ Аҳамият диҳед, ки тарзи истироҳати ӯ чӣ гуна ва дар куҷо аст? Муҳимтарин паҳлӯйи ин санҷиш БО КӢ будани он истироҳат аст;

⦁ Бинед, ки дӯсти шумо вобаста ба варзиш ва тарзи солими зиндагӣ чӣ назар дорад?

⦁ Вақте ки ӯ касеро танқид мекунад, бубинед, ки барои ин далели кофӣ ва муътамад дорад ё онро аз забони касе шунидааст ва ё дар кадом навор тамошо кардааст?

⦁ Аҳамият диҳед, ки рафиқи шумо дар хона ва бо хонаводаи худ чӣ гуна муносибат дорад? Вобаста ба таъминоти оилааш чӣ мегӯяд пеши дигарон? Харҷи хонаашро чӣ тавр танзим мекунад. Падаратон як шиносе дорад, ки ҳаҷми гӯшти даруни косаи хонаводаашро чен мекунад, ба он аҳамият медиҳад. Масалан, вақте ки дар хонааш картошка бирён мекунанд, ҷанҷол мекунад, ки бо ин усул картошка зиёд сарф мешавад ва тез тамом мешавад. Бовар кунед. Ӯ ҳамин сирро ҳам чандин карат худаш ба забон овардааст;

⦁ Вақти баҳсҳо аҳамият диҳед, ки кадоме аз рафиқони шумо далелҳои бештар дорад? Он далелҳоро худаш аз китобҳо дарёфт кардааст ё аз касе шунидааст? Нодуруст будани андешаашро ягон бор иқрор шудааст? Ин нишонаву ишораҳои хеле муҳим дар шинохти инсонҳо аст;

⦁ Бинед, ки рафиқатон дар бораи либос, чеҳра ва намуди зоҳирии инсонҳо чӣ назар дорад? Агар шунидед, ки касеро барои либосу чеҳраи масалан, сиёҳ ё пойи лангаш таҳқир кард, фаҳмед ки ӯ одами бесаводу бераҳм аст ва кирои дӯстӣ намекунад.

⦁ Мо мардуми мусулмон ҳастем. Рост аст, ки шахс дар интихоби дин озод аст, вале агар намояндаи дини дигар дин ва ойини каси дигареро танқид кунаду бад гуфт, пас ӯ ҳам бесавод аст ва ҳам иғвогар. Худову Расулу дину мазҳаб кори шӯхиву бозӣ нест!

⦁ Дониста бошед, одамони хуб, рафиқи вафодор, инсони шариф аввалтар аз ҳама боимон, баъд босавод, ботамкин, оромтабиат ва шикастанафс мешавад. Пайваста омӯхтан, дониши худро такмил додан, пурсидан ва қайд кардан, нишонаҳои одамони хуб ва ояндадор аст;

⦁ Дар шинохти инсонҳои шариф ва боэътимод завқи мусиқӣ ва адабиёт, муносибати ӯ бо пулу дороӣ ва сарват, таваҷҷӯҳаш ба радио ва ТВ, интернет ва саҳифаҳои мухталифи он ҳам нақш дорад ва муҳим аст. Одамони хубу боэътимоду дар дӯстӣ арзандаро аз рӯйи ҳамин чизҳо ҳам шинохтан мумкин аст;

⦁ Аҳамият бидиҳед, ки шиносҳои шумо дар бораи шиносҳои умумӣ ва шиносҳои ҷудогонаи худаш чӣ мегӯяд? Ин нуктаи муҳиме аст;

⦁ Аҳамият диҳед, ки рафиқони шумо кору амалу тиҷорати худро аз руйи кадом нақша амалӣ мекунанд, киҳо ҳастанд шарикони корашон, кадом тарҳҳои ҷолибро амалӣ карданӣ ҳастанд?

⦁ Одамонро аз руйи он кӣ аз кӣ ва ё аз чӣ сари тарс доранд, фаҳмидан мумкин аст. Иловатан аз он мефаҳмед, ки онҳо аз кӣ қарз доранд, аз кӣ вобастаанд, пеши кӣ муттаҳам ҳастанд, киро бештар эҳтиром мекунанд, бо кӣ бештар дӯстӣ ва рафтуомад доштанд, дар бораи кӣ китобу мақолаву мавод навиштаанд ё менависанд, ба кӣ монанд шудан мехоҳад, кадом мавзӯъ барояш ҷолиб аст?

  Роҳи дигари шинохти инсонҳо — тамошо кардани онҳо ва амалу ҳаракати онҳо вақти мушкилот ва ҳолатҳои форс-мажорӣ аст. Дар душвориҳо одам кам вақти фикр кардан дорад ва феълу атфоли аслиаш боло мегирад ва фавран қароре қабул мекунад. Аз рӯйи он фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ чӣ гуна инсон аст? Одамоне ҳастанд, ки вақти фаҳмидани мушкилоти шумо касеро мунтазир нашуда, фавран барои кӯмак меоянд. Дигарон бошанд, аввал ҳамкоронро ҷамъ карда аз роҳбари асосӣ иҷозат пурсида аз муҳособот тибқи ариза пул гирифта баъд ба хабаргири шумо меоянд. Шояд то он замон дер шуда бошад. Касе, ки дар дӯстӣ ва рафиқӣ устувор аст, ба ҷузъиёт аҳамият надода, ҳарчи тезтар худро то канори шумо мерасонад ва дар барат мемонад то вақте ки шумо аз он ҳолат берун меравед. Нишонаи дигари инсонҳои на он қадар хуб-муносибати онҳо бо фаррошон, пешхизматҳо, роҳрубон ва мисли инҳо аст. Ҳис кардед, ки рафиқатон ғурур дорад, бояд хулосаи охирро нисбат ба ӯ бароред. Касе ҳатто як гард кибру ғуруру такаббурӣ дорад, вориди Биҳишт намешавад. Ин гапи ман нест.

Кадом гуруҳи ҳамкорону дӯстону рафиқон кироии дӯстӣ надоштаву боэътимод нестанд:
⦁ лофзан;
⦁ мағрур;
⦁ камсавод ё чалласавод;
⦁ дуруғгӯ;
⦁ ҷодугару воситабозу гапчин;
⦁ оне, ки фақат агар кораш афтид, пайдо мешавад ва шуморо ҳам пайдо мекунад;
⦁ Ягон вақт ва дар ягон ҳолат худро гунаҳкор намедонад. Ҳамеша худро ҳақ, дуруст ва рост мешуморад;
⦁ шиносҳои дигарро ғайбат мекунад, паст мезанад;
⦁ Ягон вақт касеро ба хонааш даъват намекунад, ғайри худаш, дигар касеро эҳтиром намекунад;
⦁ кам-кам аз ҳама дӯстону ҳамкорон пул мегираду дигар барнамегардонад ва дар ин бора ҳатто забон ҳам намекушояд;
⦁ Оне, ки кадом сирри шуморо фош мекунад, ба дигарон мегӯяд ва овоза мекунад; (як роҳи санҷидани ин гуруҳ ҳам ҳамин аст, ки кадом сирри дуруғинро ба ӯ мегӯед ва интизор мешавед, ки чӣ мешавад ва ба киҳо хабар мекашад)

  Як нуқтаи муҳим дар муносибат бо инсонҳо ҳамин аст, ки ҳамеша бо одамон рафтору муносибати нек дошта бошед. Зеро як рӯз дида ба дидори онҳо мерасад. Бигузор онҳо шарм доранд, агар бо шумо муносибати хуб надоштанду фиреб карданд ё дар ҳолати ногувор шуморо гузоштаанд. Шумо бошед, бояд бо сарбаландӣ тавонед, ки салом диҳед ва аҳволпурсӣ кунед.

21 -уми январи соли 2024
Ва ин ҳоло давом дорад


===============================================================

Росткорӣ. Тозагӣ ва Адолат.


  Ин навбат дар мавриди се чизи асосӣ ва муҳиме менависам — росткорӣ, тозагӣ ва адолат. Дар зери ин мафҳумҳо чандин ҳолат ва арзишҳои дигар маҳфузанд, ки поинтар ба онҳо низ ишора мекунем. Дар мавриди аввал ба назар мерасад, ки риояи ин арзишҳо дар шароити имруз номумкин аст. Фикр мекунем, ки ҳоло одаме, ки росткору тозаву боадолат бошад, қариб, ки намондааст. Аммо ин тавр нест. Шояд мо ҳоло бо онҳо камтар вомехӯрем, вале ба ҳар сурат, онҳо буданд ва ҳастанд. Ман мисли чанд маводи охир дар таҳияи ин мавзуъ таҷрибаи инфиродиро бо маълумот ва иттилое, ки вобаста ба ин мавзӯъ дар интернет пайдо кардам, омехта мекунам. Муҳим ин аст, ки чизеро шумо барои худатон аз инҷо пайдо карда тавонед.
  Агар нек бингарем, росткорӣ ва покизагӣ яке аз муҳимарин арзиши инсонӣ аст, ки моро аз дигарон ҷудо мегузорад. Дар ин маврид аз азал олимону донишмандон садҳо ҷилд китоб доранду ҳазорҳо панду андарз гуфтаву навишта шудааст. Аммо ба назар мерасад, ки гапи асосӣ гуфта нашудааст, таъсири он ҷилд-ҷилд китоб ҳоло ҳам кам аст ва шояд муҳимтарин сухан дертар гуфта ё навишта мешавад.

  Росткору тозакору боадолат ҳамон шахсе аст, ки дар ҳолати баракс анҷом додани кадом коре ё риоя накардани ин принсипҳо худро нороҳат ва гунаҳкор меҳисобад. Ман тахмин мекунам, ки тамоми онҳое, ки росткору покизакору боадолат набуданд, ягон руз ҳатман пушаймон шудаанд ё мешаванд. Чаро мо ҳамин арзишҳоро аз дигарон интизор бошему худамон аз руйи онҳо кор нагирем? Бо мардум бояд ҳамон гунае рафтор кунед, ки мехостед, дигарон бо шумо айнан ҳамон тавр муносибат кунанд. Рост аст, ки мо қариб ки ҳама онҳоеро ки ростгӯ ва росткоранд, он қадар дӯст намедорем. Шахсоне, ки гапу андешаашонро рӯ ба рӯ гуфта метавонанд, он қадар мавриди эҳтиром қарор намедиҳем. Ҷонибдорони дурӯяҳо воқеан ҳам зиёд ба назар мерасанд.

  Рост аст, ки ба росткориву боадолатӣ чанд омилу фактори дигар таъсир мерасонад- донишу таҷриба, омӯзиш, таҳлил, дидан, сафар кардан, баррасии зиёд кардан ва мисли ин касро, агар росткориро ихтиёр кардааст, бештар росткору покизаву боадолат мекунад. Ёдам меояд, ки ким -кадом файласуф гуфта будааст, ки «Адолат ҳамин аст, ки ҳама чиз дар дунё миёни ҳама баробар тақсим нашавад..». Шумо чӣ назар доред ба ин сухан? Ба назари ман, ки агар гап сари кору боре меравад, ки ҳаққи заҳмат онҷо ба қадри кору меҳнат аст, ин мақол дуруст мегирад. Яъне, ман фикр мекунам, ки агар шумо меҳнати зиёдтар мекунед, бояд пули бештар ба даст оред ва ё агар шумо босаводтар ҳастед, нисбат ба бесаводҳо бояд бойтар бошед. Вале афсус, ки дар зиндагии воқейӣ ин тавр нест.

   Росткорӣ ва адолат — ин яъне кору зиндагӣ ва фаъоляит дар доираи қонунҳои қабулшуда ва мавҷудаву нонавишта аст. Ҳамзамон бо ин роҳ ба мардум нишон додани уҳдадориҳо ҳам. Бенджамин Франклин ба ин назар будааст, ки адолат ҳамин аст, ки касе қонун қоидаро риоя кард ташвиқ шавад ва касе риоя накард, ҷазо бубинад. Ноадолатӣ ба ин маъно аст, ки касе шахсият ва сазовори эҳтиром будани каси дигарро эътироф намекунад. Барои росткору боадолат будан аввалтар аз ҳама ҳуқуқҳои худу дигаронро бояд донед, ҳамеша бо доираҳои мухталиф дар ҳоли муошират бошед, пайваста донишҳои наву замонавиро аз худ кунед ва мисли ин. Одамонро бепарвоӣ каме аз арзишҳои адолату росткорӣ дур кардааст. Мебинед, ки куҷое ҳуқуқи касе риоя намешавад ва дигарон хомӯшанд, касе намехоҳад, ки ба он ҷанҷол ё баҳс ворид шавад. Ҳамаи ин дар роҳи росткорӣ ва адолат монеъа эҷод мекунад. Барои он, ки покизакору росткору боадолат бошед, ин чанд тавсияро риоя кунед ва аз руйи он амал намоед:

⦁ Дониши кофӣ бояд дошта бошед, ҳуқуқу фалсафаву мантиқу иқтисоду иҷтиморо ба ҳадди барои зиндагиатон кофӣ аз худ кунед, биомӯзед ва ба ёд дошта бошед;

⦁ китоби бештар, адабиёти зиёд ва маводу мақолаву таҳлилҳои бештарро хонед ва таҳлил кунед ва барои худатон муҳимтарин нуктаҳояшро қайд кунед;

⦁ ВАО зарду сафеду сиёҳро шиносед. Донед, ки чӣ чӣ менависад, чӣ мегӯяд, ба кӣ бояд бовар кард ва ба кӣ не! Ин барои он аст, ки ҳар қадар бештар хабару иттилоро мехонед, ҳамон қадар бештар ҳолатҳои ба росткориву адолат муқобилро вомехӯред ва метавонед барои ҳалли онҳо иқдом кунед ва таҷрибаи худро бештар созед;

⦁ Сафар кардан — муҳимтарин чиз аст. Аввал аз ҳудуди кишвари худамон бояд сар кунед. Талош кунед, ки ҳама кунҷу канори онро бинед, чанд рузӣ онҷо зиндагӣ кунед ва маълумоти бештарро ҷамъоварӣ созед. Он ҳатман куҷое лозим мешавад;

⦁ Дар коргоҳ ва миёни ҳамкорон ҳатман принсипҳои адолату росткориро риоя кунед; Агар роҳбаратон ҳам ҳамин гуна шахс аст, шумо бо кор кардан дар он коргоҳ ҳатман баракат ва ҳаловатро дармеёбед;

  Муҳимтарин чизе, ки барои доман паҳн кардани адолату росткорӣ ва покизагӣ монеъ мешавад, бепарвоӣ ва фориғболӣ аст. Ҳамин ду зуҳурот ҳама чиро барбод медиҳад, инсонҳоро аз ҳамдигар дур мекунад, онҳо аз ҳайёт, аз ҳамдигар, аз сиёсатмадорон, аз роҳбари коргоҳ ва мисли ин дилсард месозад. То ҳадди имкон талош кунед, ки нисбат ба ҳама чизе, ки дар атроф рух медиҳад, бепарво набошеду фориғболӣ накунед.

Чун мо мусулмон ҳастем, ҳамин принсипҳо — росткорӣ, покизагӣ ва адолатро бо такя ба дину мазҳабу ойини худамон ҳатман бояд риоя кунем. Акнун, кӯтоҳ дар ҳамин бора мегӯем, ки нигоҳу назари дини мубини Ислом дар ин бора чӣ аст?

⦁ Ҳадафи аслии таълимоти дини мубини ислом даъвати инсонҳо ба маърифату ахлоқ, меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, хайру саховат, покизагиву иффат, самимияту садоқат, дўстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, адолату ҳақиқат, манъу маҳкуми зуҳуроти номатлуб ва инъикоси ҳаёти ҳасанаву амнияти ҷомеа аст;

⦁ Худованд ваъда карда, фармудааст: «Дар ҳақиқат онҳое, ки мегўянд Парвардигори мо Худост ва росткорӣ мекунанд, малоикаҳо ба тарафи онҳо фурўд омада (мегўянд) шумо на тарсе доред ва на ғаме» (Сураи «Фуссилат», ояти 30);

⦁ Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Рост бошед ва наздик шавед». Рост будани ҳақиқӣ, яъне дар қавлу амалу ният содиқ будан аст. Аз банда тақозо ин аст, ки рост бошад ва агар тавони рост буданро надошта бошад, ҳадди аққал наздик ба рост бошад;

⦁ Бузургтарин мавзӯе, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста ва хусусияти умумибашарӣ дорад, мавзӯи адлу инсоф аст. Бояд хотиррасон кард, ки адлу инсоф чун мафҳумҳои асосии илми ахлоқ ҳанӯз дар таълимоти мутафаккирони қадимҳои Юнону Аҷам ҷойгоҳи хоси худро дошт. Алалхусус, дар оини мардуми Аҷам ва суннатҳои он. Вале ин мавзӯъ дар таълимоти Абӯҳанифа ба сабаби тадвини фиқҳи исломӣ сар зада аст.

  Чизи дигари муҳим ин аст, ки ноадолатӣ, тозакор набудан ва сиёҳиҳо дар андешаву дар қалби инсонҳое, ки шумо хоҳу нохоҳ бо онҳо дар ягон намуди муносибат хоҳед буд, набояд шуморо рӯҳафтода кунад. Шумо дар як муддати кӯтоҳ тамоми инсониятро ислоҳ кардаву боадолат ва росткор карда наметавонед. Бинобар ин беҳтарин вариант, аввал аз худатон сар кунед.
  Хулоса, тозакору росткору боадолат будан ҳоло душвортар аст, вале имконпазир аст. Зистан аз руйи ҳамин принсипҳо боиси он мешавад, ки хобатон роҳат, табъатон болида, асабҳоятон ором ва дилатон бе тарсу хавфу хавотирӣ хоҳад буд.

23-юми январи соли 2024
Ва ин ҳоло давом дорад…

________________________________________________________________________________________________________________

Шабгардӣ ва зиёну зарари он.

Бо назардошти одати нохуби ба тозагӣ ёдгирифтаи Эҳсон — шабгардӣ ин навбат ба хулоса омадам, ки ягон чиз дар ҳамин боб бинависам. Табиист, ки барои шумо ҳамин гуна одат доштану надоштани ман шавқовар аст ва аз ҳамин чиз сар мекунам.
Мо замони наврасӣ ва дар деҳа зиндагӣ карданамон шабгард набудем. Ман ёд дорам, ки ҳамеша бо фаро расидани шом, чун модарамон доимо таъкид мекарданд, мо ба хона медаромадем. Либосҳоямонро ба пояи токи ангур такида, дасту рғямонро мешустем ва баъд ба хона ворид мешудем то хуроки шом истеъмол кунему бихобем. Модарамон ҳамеша тақкид мекарданд, ки канори як ҷӯе, ки поёни кӯча буд ва роҳи майдони марказии варзишии мо ҳам аз тариқи курпуки руйи ҳамон ҷуй буд, нагузарем, чунки мардуми канори он ҷӯё ба даруну ба лаби он об хокистар мерехтанд. Рӯйи хокистар гаштаниро модарамон хавфнок мегуфт. Махсусан шабона мо ин корро намекардем. Ёдам ҳаст, ки ягон вайт агар кадом туйе дар кучаи мо ё дар он наздикиҳо баргузор мешуд ва кадом сарояндаи дӯстдоштаи мо, мисли гуруҳи АНИС агар меомад, ман шояд барои чанд дақиқа онҷо мерафтам. Тамом.
Мешавад гуфт, ки аввалин шабгардиҳои мо шояд вақти донишҷӯиямон, ҳамон ҳам дар курси аз ду болотар сар шуда бошад. Чун соли аввали донишҷӯйи мо дар хонаи хешу таборамон меистодем ва маслиҳати волидонамон ҳам ҳамин буд, ки мо шабгардӣ накунем. Ва ман ин корро намекардам. Баъдтар ҳам шомгоҳон шояд бо ҳамкурсонамон то дами дари бино мебаромадем. Ман намедонам, кадом вариант акнун дуруст аст-шабгардӣ ва ё баъди шом дар хона будан, вале мо қиссаҳои зиёде дар мавриди зиёни шабгардӣ ва зарари ин ҳолат ба рӯҳу равони инсон шунида будем. Ҳолатҳое ҳам кам набуданд, ки маҳз шаб касе бемор шудаву тарсидаву бо чизе рӯ ба рӯ гашта буд. Ин воқеъаҳо дар деҳа тез овоза мешуд ва ҳатман ба дигарон таъсир мерасонд.

Шояд бачаҳои имрӯзи шаҳр ба ин назар бошанд, ки деҳот, ки мо онҷо бузург шудаем, инфрасохтори рушдкарда надошт ва барои шабро дар беруни хона гузаронидан ҳеҷ имконияту шароит ҳам набуд? Шояд то ҷое онҳо ҳақ бошанд, аммо инҷо бештар гап сари феълу одату доираи рафиқон меравад. Бо ин одату феъле, ки мо доштему ҳоло ҳам дорем, ба гумон аст, ки будани ҷойҳои дилхушӣ ва саргармӣ моро аз хона берун бикашад. Мо машғулиятҳои дигаре, мисли навохтани асбобҳои мусиқӣ доштем. Шояд бо назардошти ҳамин чиз устодони мо дар мактаби мусиқӣ рози мешуданд, ки мо асбобҳоро, масалан ман аккордеонро ба хонаамон биёрам. Мефаҳмед?! Шоҳмоту шашкаву домино ҳам замони наврасиҳои мо рушд дошт. Ман шашкабозиҳоро якҷо бо бачаҳои ҳамсоя бо муйсафеди Тавар ва чандин каси дигар аз ҳамсояҳоамон ёд дорам. Вале ҳатто ҳамон бозиҳои безарар ва манфиатовар ҳам то шом идома мекарданд. Шаб ки мешуд, ҳатто ҳамон соҳиби туб, ки ба қавли шахси асосӣ дар футболҳои кӯчагӣ ба ҳисоб мерафт, тӯбашро аз миёни бозӣ ва аз пеши пойи касе гирифта мерафт хонаашон ва ҳамин гуна ҳама пароканда мешуд. Шояд ҳамин чиз буд, кам касон ҳамон вақт гирифтори кадом беморӣ, махсусан бемориҳои рӯҳӣ, мешуданд, кам ҳолате иттифоқ меуфтод, ки наврасони замони мо бо ҳам ҷангу занозанӣ ва кордкашӣ кунанд. Ин ҳолатҳо ё набуд ё аҳёнан рух медод. Ҳоло чӣ? Шабгардӣ ба қавле як қисми ҷудонашавандаи зиндагии кғдакону наврасон ва ҳатто ҷавонони имрӯза аст.
Акнун таваҷҷӯҳ кунед, ки дигарон дар ҳамин бора чӣ менависанд ва чӣ афкор дар интернет дар атрофи ҳамин мавзӯъ чарх мезанад?

Наврасӣ замони ҳассос ва муҳиме дар зиндагии инсон аст. Он вақти ба қавле ёфтану дарк кардани худ, шинохтани худу бегонаҳо ва атрофиён аст. Мустақилият ва озодтар будан ҳамон завову ҳавас ва хоҳиест, ки онро аксарияти ҳамин гуна наврасону ҷавонон дар дилашон мепарваранд. Бояд аввалтар аз ҳама гӯям, ки инҷо ман ҳавои тоза хурдан ва каме баъди хуроки шом сайругашт карданро дар назар надорам. Шабгардӣ гуфта — ман набудани наврасону ҷавононро то як ҳиссаи шаб дар назар дорам. Шумо ҳам мебинед, ки онҳо дар шаҳр ҳар кунҷу канор, хоҳ ба дари кадом мағозаву ресторан ё клуб, ё сари кадом роҳу пайраҳа ё ҷойи хилвати дигаре гурӯҳ-гурӯҳ шуда мешинанд ва баъд бадтарин нақшаву тасмим, ки оқибати нохуш дорад, ҳамон вақт ба сарашон меояд.

Гузаштагони мо ҳам мегуфтанд, ки шаб, ки тамоми ҷину аҷина ба Замин фуруд меоянд. Аксарияти наврасону ҷавонон, ки имрӯз аз донишҳои динӣ дуртар ҳастанд, ба ин гуна суханон он қадар бовар намекунанд. Чун таҷрибаву саводи камтар доранд, шабгардӣ онҳоро ба ҷинояту мағзшӯйӣ ва маводи хамровар молилтар ва осебпазиртар мекунад. Иловатан, ин гапи ман нест, ки шабгардӣ ҳатман ба мушкил ва пробемаҳои ба сиҳати рӯҳӣ ва равонӣ вобаста оварда мерасонад, суръати рушди инсонро кунд мекунад, реҷаи хобу хӯрок ва истироҳати ӯро вайрон мекунад. Барои ҳамин ҳамин гуруҳи наврасону ҷавонон, доим хоболуда, хашмгин, осебпазир, ноком ва моил ба ҷиноят мешаванд. Ин гунаҳоро хеле зуд ва осон фиреб додану ба кадом гурӯҳ шомил кардану ба ҷиноятҳои мудҳиш ҷалб сохтан мумкин аст. Биёед, инҷо каме муфассал дар бораи зиёни шабгардӣ гуем:

Шабгарди реҷаи хоби наврасон ва ҷавононро вайрон мекунад.
Баъди шабгардии зиёд наврасон ба ҳолати хастагӣ ва афзурдагӣ рӯ ба рӯ гашта, аввал ин ки хоби нороҳат мераванд ва баъд саҳар барвақт аз хоб бедор шуда наметавонанд, ах хоби шабона сер намешаванд, чун сифати хоб бад аст. Ҳамаи ин бошад, ҳатман бо гузашти моҳу солҳо ба саломатии онҳо таъсири бад мерасонад.

⦁ Натиҷаҳои мактабии наврас бадтар шудан мегиранд.
Ҳар шаб дер омадан боиси он мешавад, ки наврас саҳар ба дар рафта наметавонад. Ё агар дили нохоҳам меравад, сифати таҳсилаш паст мешавад. Аз сӯйи дигар натиҷаҳои дарсӣ ва омӯзишиаш поинтар мераванд. Дарсро тайёр карда наметавонад, агар онро гӯш ҳам кунад, чизе ба сараш, ки аз бехобиву дуди сигору қалён ва телефонбозии шабона пук гаштааст, намедарояд.

⦁ Хавфи он ҷой дорад, ки навраси шабгард ба ҳолатҳои ногувор афтад.
Аз шам то саҳар дар куҷа будану шабгардӣ кардан бе кадом ҳодисаву воқеа намешавад. Хоҳу нохоҳ шумо шоҳиди кадом воқеъа мешавед, бо кадом ҳолати ҷиноӣ рӯ ба рӯ мешавед, мавриди ҳамлаву таҳқиру бозпурсии касе қарор мегиред ва мисли ин. Ё боз кадом гурӯҳҳои ҳавасманди дигар ҳатман шуморо ба доми шаробу нашъа меафтонанд, то мизоҷи онҳо бошеду бозорашонро гармтар созед.

⦁ Шабгардӣ эҳтимоли вобастагиро бештар мекунад
Ин метавонад вобастагӣ аз кадом одату кору баду ношоиста ва ё аз кадом кору саргармӣ, мисли компютербозии пулакӣ бошад, ки оқибаи бад дорад. Вобастагӣ аз касоне ҳам инҷо истисно нест.

⦁ Шабгардӣ муносибатро бо аъзоёни оила дигар мекунад
Навраси шабгард — асосан дамдузд, нороҳат, парешон ва аз дигар аъзоёни оила, махсусан падару модараш гурезон мешавад. Баъдтар вақте ки пул барои бозиву шаробу нушобаву сигор наёфт, албатта дузд мешавад. Ё пулҳоро аз хона медуздад ё чизеро пинҳонӣ бурда мефурӯшад. Аҳамият дода бошед, ҳамин гурӯҳи наврасон ҳатто дигар сари дастурхон ҳам камтар мешинанд, то боз кадом аъзои оилаашон ба ӯ эрод нагирад. Аз дигарон дурӣ меҷӯяд, ба баҳсу маслиҳату суҳбатҳои оилавӣ ҳамроҳ намешавад, намехоҳад дар бораи мушкилоти ӯ суҳбат кунанд ва мисли ин.

⦁ Моил будан ба тағироту таҷрибаву санҷиши чизеву кореву маводе
Барои навраси шабгард, ки зери таъсири гапу чап ва кору амали касони дигар мемонад, санҷидани ҳама чиз ва таҷриба кардани ҳама кор як амали маъмулӣ мегардад. Ӯ ҳам мехоҳад ба дигарон нишон диҳад, ки мустақил аст ва аз дигарон зуртар ё шояд беҳтар ё нотарстар. Ин ҳама ғурури нолозим ва бесаводона боиси он мешавад, ки наврас як умр вобаста аз кору амал ва одати нохубу норавое шавад. Ӯ ҳоло намеедонад, ки бо мушкилӣ падид омадан, бо бемор ва вобаста шуданаш, бо дастгир шуданаш барои кадом гуноҳу ҷиноят, ягон кас аз дӯстонаш дар гирдаш намемонанд, касе ҳатто дар канораш намемонад ва кӯмак ҳам намекунад. Аксарият ҳамин чизро намедонанд ва агар гуед ҳам намефаҳманд!!!

⦁ Як гурӯҳ олимони шведӣ исбот карданд, ки шабгардиҳои бемаънӣ касро ба диабети қанд гирифтор мекунад.
Бояд қайд кард, ки он беморӣ ягона чизе нест, ки ба пойи наврасу ҷавони шабгард мепечад. Маризиҳои рӯҳӣ, асабоният, бемориҳои аз тарс пайдо шаванда, фаромӯшхотирӣ ва мисли ин ҳам натиҷаи шабгардиҳои бемаънӣ, дуру дароз ва беақлона аст. Олимони Женева бояд баъди як қатор тадқиқоту таҷрибаҳо исбот кардаанд, ки вайроншавии соати биологӣдар баробари диабет метавонад сабаби гирифторӣ ба маризиҳои ғадуди зери меъда шавад. Баъди ин ҷисми инсон миқдори зарурии инсулинро коркард карда натавониста, соҳибашро бо диабет ва маризиҳои дигар рӯ ба рӯ мекунад.

⦁ Шабгардиҳо хавфи ба садамаи нақлиётӣ дучор шуданро бештар мекунад
Аввал ин ки ронандаҳо шабона мисли рӯз намебинанд, дуюм ки биниш бо назардошти роҳҳои торик, чароғи мошинҳои муқобил ва омилҳои дигар камтар мегардад. Сеюм ин ки шаб ҳама шаҳрҳои калон пури ронандаҳои масту аласт ва хуморолуда аст, ки худрову мошинашонро идора карда наметавонанд ва ба мошини шумову ба худи шумо, ки канори роҳ сӯҳбат доред ё пиёда меравед, бармехӯранд. Инро ҳам набояд фаромӯш кард.

⦁ Шабгардӣ-реҷаи ғизохуриро вайрон карда, боиси бемориҳои меъда мегардад
Табиист, ки наврасон пули бештар надоранд, ки ба қавле «одамвор» куҷое хуроки хуби шом хуранд. Ғизоҳои саридастӣ баъди як соат ҳал мешавад ва гуруснагии аксарият то нисфи шаб, то замони ба хона омаданашон идома мекунад. Онҳо баъди омадан, соати ду ё сейи шаб, ҳамон фурсате ки асалан набояд кас меъдаро пур кунад, ба хӯрдан шуруъ мекунанд. Баъди як муддат хобашон мебарад ва он ғизо ҳалношуда мемонад ва оқибати баде барои меъдаву соҳиби меъда дорад.

Наврасони шабгард, боз ҳам агар дар сину соли гузариш ҳастанд, фикр мекунанд, ки хеле донову мустақил шудаанд ва дигар ба назорату таъкиду маслиҳату насиҳат эҳтиёҷ надоранд. Сину соли гузариш бошад, бо назардошти камсаводии наврас метавонад, на як ду сол, балки зиёдтар ва худи он раванд душвортар бошад. Назорати волидон, телефон кардан ба онҳо, пурсидану эрод гирифтан ва сарзаниш кардан ба онҳо тамоман намефорад. Боз ҳам фикр мекунанд, ки онҳо бачаи хубанд, ба ҷиноят даст намезананд ва бояд шабгардӣ кунанду ҳар вақте хостанд, ҳамон вақт ба хона оянд. Пайваста дигарон мисол меоранд, ки онҳоро волидонашон намепурсанд, ба онҳо гӯё боварии бештар доранд ва мисли ин…Як бадиишабгардии шабонаи наврасону ҷавонон-муноқишаҳои пайваста, баҳсу талош, қаҳру қошу қавоқ бо волидонашон аст. Маҳз ҳамин чиз оҳиста-оҳиста боварии ҳамдигариро коста мекунад. Боиси дуои баду ҷангу ҷанҷоли волидон мешавад. Наврасон ҳоло таъсири дуои бадро намедонанд ку….

Наврас дар авҷи инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонӣ аст, ҳаракату даву тоз ва талоши бештару сарфи зиёдтари нерӯ ва энергия дорад. Хоби босифат ва аз рӯйи меъёр дар ҳамин давра барои ӯ чун обу ҳаво зарур аст. Наврасони шабгард, ки хоби кам ва нороҳату бесифат доранд, пурра барқарор намешаванд, нерӯи тоза барои як рӯзи дарозро ба даст намеоранд ва барои ҳамин нороҳату хоболудаву бемасъулият мешаванд. Ин фақат хулосаи ману чанд падари дигар нест, ин хулосаи равоншиносон ва духтурони оилавӣ ҳам аст.

Вале гуфтаҳои боли мо ба он маънӣ нест, ки шаб чизи хуб нест. Он албатта бартарӣ ва афзалият ҳам дорад, ки онҳоро бояд донист, шинохт ва истифода кард. Муҳимтарин фазилати шаб ибодат аст.

Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз Пайғамбар (с) овардаанд, ки: «Худо магар ба хотири ду кор Иброҳимро дӯст ва халили худ интихоб накард: итъом доданаш ва намози шаб хонданаш, ҳангоме, ки мардум хобанд»

Ба ғайр аз ибодат, масалан, барои ман беҳтарин вақти фикр кардану навиштану китоб хондан ва тарҷума кардани кадом маводи корӣ аст. Дар як соли охир бештар аз 60 эссеву ҳикояи хурдро ман шабҳо, дар оромӣ ва вақти хоби мардумон навиштаам. Вале на аз вақти шом то саҳар бедор нишастан. Ҷисм оромӣ ва нерӯро талаб мекунад ва ҳатман бояд тули шаб барқарор гардад. Бехобӣ шуморо нороҳат, танбал, каммасъулият, парешонхотир ва дамдузд мекунад.
Чӣ бояд кард, то одати шабгардиро тарк кунеду сиҳатии худро барқарор ва корҳои бештари заруриро сомон бидиҳед?

⦁ Реҷаи кору хобу гаштану дарсу истироҳататонро бозбинӣ кунед;
⦁ Кӯшиш кунед, ки 8 соат хоб равед ва пурра барқарор шавед;
⦁ Кору бори рӯзонаи худро ба нақша гиред ва беҳуда дар кӯча ва дар марказҳои савдо нагардед;
⦁ Дӯстони шабгарду бепарвову бекору моил ба ҷиноятро раҳо кунед. Умратон боқӣ бошад, сад дӯсти ҳақиқӣ ва хуби дигар меёбед;
⦁ Аввал волидону наздикону оилаи худро гузоред. Сухани онҳо бояд аввал бошаду супоришу тасмими онҳо бояд фавран иҷро гардад;
⦁ Агар роҳравии шабона ва сайру гашти пештар аз хобро дӯст медоред, ҳатман ҳамроҳи оилаи худ берун бароед ва барои ин вақту соати мушаххас ҷудо кунед;
⦁ Талош кунед, ки дар реҷаи ҳаррӯзаи шумо саҳархезӣ, ибодат, варзиши бадан ва баъдтар дарс, ғизохурии саривақтӣ, истироҳат ва омодашавӣ ба дасру имтиҳонҳо дар мадди аввал бошад;
⦁ Барои вақти холӣ ва фароғат ягон машғулияти фоиданок ёбед — ба ягон намуди варзиш машғул шавед, сурат бигиред, наворҳои кӯтоҳ сабт кунед, барои паррандаҳо лона созед, китоб хонед, ба театру кино равед, вохуриро бо беҳтарин шахсон ташкил кунед, ягон курси омӯзиш, мисли курси шоҳмот, 1С муҳосибот, ронандагӣ, омӯзиши барномасозӣ ва мисли ин биравед;
⦁ Меъёрро бояд донед. Он дар ҳама кору бор ва умуман, дар зиндагӣ чизи ҳатмӣ ва муҳим аст, ки метавонад бо танзими нақшаву ниятҳо ва тасмимҳо моро ба комёбӣ ва саодат бирасонад. Меъёр ва андозаро бояд риоя кард, Эҳсонбой….

28 январи соли 2024
ва ин ҳоло давом дорад…


====================================================================

Душвортарин монеъаҳо, ки шумо шояд дар зиндагӣ бо он дучор мешавед…


Ин саҳар дар ҳамин мавзӯъ фикр кардам. То имрӯз сари роҳи падари шумо ҳазору як монеъаву мушкилу проблема буд, ки ҳамаро Аллоҳи бузург бо ба миён овардани сабабу воситаҳои мухталиф бартараф карду мекунад. Баъзан дар ҳолатҳои мушкил касоне ҳам пайдо шудаву ба ҳалли он проблема саҳм доштанд, ки худам аслан онҳоро интизор надоштам. Барои ҳалли баъзе мушкил ва бартараф сохтани баъзе монеъаҳо Худованд барои ман нерӯ ва қувваи изофӣ дод хайёлам, ки дар анҷоми кор маро ба музаффарият овард. Яъне, ҳамеша новобаста ба ҳаҷми мушкиливу монеъа ва дараҷаи душвории он роҳи ҳал вуҷуд дорад. Фақат бояд рӯҳафтода нашуд, бовариро ба Худо ва қудрати ӯ набояд гум кард. Шуморо дӯстон ва ҳатто бародару хоҳарон ҳам метавонанд тарк кунанд, аммо агар бовариву эътимоду имони комил доред, Худованд шуморо асло танҳо намегузорад.
Як дӯстам чанд рӯз пештар қиссаи аҷиби воқеиро нақл кард. Яке аз наздиконаш ба маҳбас меафтад ва хеле хаставу афсурдаву нороҳат бо ҳамкамераҳо шинос шудаву сӯҳбатро шурӯъ мекунад. Аз ӯ мепурсанд, ки чанд сол ҳукм гирифтааст? Ӯ ҷавоб медиҳад, ки чор сол. Якеи онҳо, ки ба назар солору донову таҷрибаи бештари зиндагӣ доштааст, барои нерумандтар сохтани ин маҳбуси нав суханони аҷоибе ба забон меорад. «Он чор сол фақат дар коғаз аст. Ту метавонӣ фардо ба озодӣ бароӣ. Ҳатто ҳамин катҳои оҳанини хоб ҳам, ки ба девор кафшер шудаанд, як рӯз ҳатман аз инҷо мебароянд. Фикри озодӣ ва андешаи берун туро бояд озурдаву нокому ҳазин накунад. Бо андешаҳои нек зистанро ёд бигир…. » Ва ҳамин тавр ҳам мешавад, ки ӯ барои рафтори намунааш пештар аз мӯҳлат ба озодӣ мебарояд…
Боз ҳам мутобиқ шудан ба шароите, ки шумо онро на бо амал ва на бо андешаатон ислоҳ карда, тағир дода ва ё дигар карда наметавонед, муҳимтарин чиз аст. Он агар беҳтарин вариант ҳам набошад, бадтаринаш нест. Ба ҳар сурат, ба шумо имкон медиҳад, ки сиҳатӣ ва ғурури худро аз даст надиҳед. Инсон ин қадар нерӯ ва тавоноиеро дорад, ки метавонад ба сахттарин шароит ва душвортарин лаҳазот одат кунад ва мутобиқ шавад. Муҳим — гум нашудани боварӣ ба рӯзи нек, ба соатҳову замонҳои беҳтар ва зиндагии шоистатар аст.

Дар зиндагии ман ҳам ҳолату лаҳза ва монеаҳои зиёде пайдо шудаву рафъ гаштаанд. Агар аз замони мактабӣ шуруъ кунем, ҷанҷол бо ҳамсинфон, дуздиҳо аз руйи бому боғи касе, омода набудан ба дарс, фиреб додани касе, кадом одати нохубе, мисли сигоркашӣ ва шояд аз кадом кунҷу канори хона гирифтани кадом танга ё пуле бе иҷозат…Баъдтар замони донишҷӯйи ҳолатҳои ҷиддитар пеши рӯ меоянд: шумо барои дарс рафтан роҳкиро намеёбед, нон барои шом ва ё нимрӯзӣ надоред, пулҳои худро гум мекунед, бастаи ҳуҷҷатҳои шумо дар нақлиёте фаромӯш мешаванд, бо зане вомехӯред ва баъдтар мефаҳмед, ки шавҳар доштааст, касеро огоҳ накарда қарз мегиред ва онро дигар баргардонида наметавонед, дар кадом маҳфиле зери таъсири атрофиён шароб нӯшидаву ҷанҷол мекунед ё куҷое меафтед, муносибататон бо устоде бад мешавад, аз донишгоҳ хориҷатон мекунанд, пули шартномаи таҳсилро намеёбед, бастаи ҳуҷҷатҳо ва ё флешкорт бо маълумоти инфиродиро куҷое гум мекунед, бо кадом садама рӯ ба рӯ ё гирифтор мешавед, бемор мешавед ва барои ташхису табобат пул намеёбед ва мисли ин….

Даври дигар ё марҳилаи баъдӣ — мушкилу монеаҳо дар ҷойи корӣ аст. Онҳо ҳам метавонанд гуногун бошанд: ҷойи кори хуб намеёбед, шуморо бо кадом сабаби ошкору пинҳон ба кор намегиранд, ҳамкоронатон шуморо мефурӯшанд, асрори шуморо фош мекунанд, роҳбаратон пеши ҳама шуморо сарзаниш мекунад, аз мақоме, ки ишғол кардаед, барканор мешавед, барои рушди шумо монеъа мешаванд, шуморо ба сафарҳои хориҷӣ намебаранд, мукофотпулӣ намедиҳанд, бо касе бадном мекунанд, овозаҳои дуруғ атрофи ному коратон мепарокананд, аз руйи шумо росту дурӯғ шикоят менависанд, шуморо ба роҳбарони болоӣ сиёҳ мекунанд ва мисли ҳамин.

Муҳимтарин нуктаро асло фаромӯш накунед: ҳама бадхоҳиву монеаву мушкилотро бароятон шиносу рафиқу ошнову ҳамкор ва дӯстони дуру наздик, дустони қаблӣ ва нав ва боз дӯстону ошноҳои онҳо ба миён меоранд, мепарокананд ва ташкил мекунанд!!! Бегонаҳо ба шумо аслан кор надоранд. падари шумо ҳамин чизро дар пусти худ эҳсос кард, дарк кард ва медонад. Шумо ҳам агар таваҷҷӯҳ кунед, дар гирду атрофи худатон ғайбату гапчинӣ, душманиҳо дар ниқоби дӯст, меҳрубонии дуруғин, бозиҳои содаву пинҳонӣ ва нотавонбиниҳои ошкорро мебинед. Ҳайрон ҳам мешавед, ки наход одам, инсон ҳамин гуна махлуқи бадкеш, нодон ва бахилу бадният бошад…Онҳо ҳатман ба сазои амалу рафтору гуфтор ва беамалиашон мерасанд. Илоҷи дигар нест. Худованд ҳама чирову ҳама касро ба ҷойи худ мегузорад ва ҳатман ба инсонҳо чӣ гуна буданашонро нишон медиҳад ва ба сазои аъмолашон мерасонад. Он рӯзро бояд интизор шуд….

Чӣ бояд кард?

⦁ ҳар куҷо, ки таҳсил ва ё кор мекунед, баъди санҷишу таҷрибаву таҳлил беҳтарин касонро дӯст бигиред;

⦁ Дӯсти воқеъӣ ва ҳақиқӣ бисёр намешавад; Ҳоло ба назари ман, ки ҳатто 5 дӯсти ҳақиқӣ доштан имконнопазир аст;

⦁ Шарт нест, ки ҳама дар бораи шумо, кору нақшаи шумо, ниятҳову тасмимҳои шумо донад. Ҳар қадар барои атрофиён маълумоту иттилои кам медиҳед, ҳамон қадар шумо худро аз худи онҳо ва дӯстони дӯстонатон ҳифз мекунед;

⦁ Кӯшиш кунед, ки атрофиёни шумо дар бораи камбудиҳои шумо, айбу гуноҳи шумо, ҷиҳатҳои заифу сусттари шумо надонанд. Дар аввал дилсӯзӣ ҳам нишон диҳанд, баъдтар онро метавонанд муқобили шумо истифода кунанд; Як донишманд гуфтааст, ки номарду бадхоҳ мисли пашша аст, ки руйи захмҳои хуншори шумо мешинад. Ҷуссаи шумо бузург аст, вале он пашша фақат ҷойҳои захмӣ ва хуншори баданатон мешинад. Яъне, ҳамон камбудиҳои шуморо ба ёд меорад;

⦁ Талош кунед, ки то ҳадди тавон аз касе вобаста набошед, аз касе чизе нагиред, ки баъд ҳамонро дар ҳолати печидатар шудани муносибати шумо миннат кунад;

⦁ Ягон вақт пеши каси дигари шиносу ношинос шахси сеюмеро, ки дар онҷо нест, ғайбат накунед, бад нагӯед ва гапи касеро ба касони дигар наореду набаред. Ин кор ба ягон меъёру робитаву муносибат мувофиқ нест ва оқибати нохуб дорад;

⦁ Тамоми кору муносибату доду гирифте, ки доред, ҳатман бо ҳуҷҷату шоҳиду далел анҷом бидиҳед. Муносибати дӯстонаи шумо ҳоло ва ҳамин лаҳза дӯстона аст, пагоҳ он метавонад тамоман дигар ва хеле сарду печида бошад;

Акнун бармегардем ба мавзӯйи душворӣ ва монеъаҳое, ки тули зиндагӣ метавонанд, пешорӯйи шумо пайдо шаванд.

⦁ Ҷойи кор намеёбед ва ё бе ҷойи кор мемонед.
Ин мушкилро хеле пештар бояд ҳал кард. Хеле пештар ба маънии вақти интихоби касбу кор, вақти таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва мисли ин. Бояд касбу коре интихоб кард, ки шумо онро дӯст медоред. Бояд курсҳои зиёд хондаву таҷрибаи кории бештар дошта бошед, бояд ба ягон ҳунар ҷиддӣ машғул шавед. Ман журналистонеро медонам, ки як муддат аз ин кор канор рафтанд ва барои таъмини хонаводаи хуб кафшергар (сваршик) шуданд, дар бозор савдо карданд, муаллимӣ карданд, ронандаи такси буданд, дар туйҳо ровӣ ва суратгир буданд, устои чӯбу тахта буданд, ба кори реклама ва таблиғ гузаштанд…
Шахси ҳунарманд ҳатман ҷойи кор меёбад. Дар мавриди ризқ ҳам бояд роҳат буд, ки «рӯзӣ ба дунболи ту медавад, ҳамон гунае, ки ту ба дунболи ӯ…»

⦁ Қарздорӣ
Ҳамин ҳоло мушоҳида мешавад, ки мардуме ки қарздор нест, ками кам мондааст. Мо ҳама ё аз шиносу дӯстон, ё аз бонк, ё аз пардохти кадом хизматрасониву кору боре қарздор ҳастем. Бисёриҳо тасаввур намекунанд, ки фоизаи қарзии мо чӣ қадар баланд аст ва таваккал карда, қарз мегиранд ва умре дар пайи пардохту ҳисоббаробаркунӣ бо бонку одамони дигаранд. Шумо имконият ва кору бору даромаду харҷи худро ба назар гирифта, қарз бояд гиред. Корҳои шарикӣ ва қарзҳои муштарак оқибати нохуб доранд ва на ҳамеша ба некӣ анҷом меёбанд.

⦁ Мушкилоти оилавӣ.
Дар китоби муқаддаси мо ҳам ҳамин маънӣ ҳаст, ки замоне фаро мерасад, ки фосилаҳо аз миён мераванд, шумо бо ақида ва андеша мубориза баред. Яъне, ҳоло фосила миёни шумо ва фарзандатон дар қитъаи дигар нест, шумо ӯро тариқи смартфон мебинед ва мешунавед. Вале ҳамсаратон, ки дар каноратон аст, метавонад бо шумо ҳамақида набошад, андешаи фарқкунанда аз шумо дошта бошад. Интихоби дуруст, оқилона ва босаводонаву саросема нашуда ҳамеша самари нек дорад. Ба пулу мол ва дороии имрӯзаи номзад нигоҳ накунед. Бо ӯ суҳбат карда, ба саводу дониш ва нақшаву нияташ шинос шавед. Бибиатон мегуфт, ки «аввал ақл аст ва баъд давлат». Яъне, одами боақл пул ҳам меёбад ва ҳама чизи дигар ҳам. Талош кунед ягон гапу хабари оилавии шумо берун набарояд. Бовар кунед, ки худиву бегона аз мушкилоти оилавии шумо зиқ намешаванд. Баракс. Шодӣ мекунанд. Аввалтар аз ҳама барои интихоби зану шавҳар саросема нашавад, баъдтар барои тавлиди тифл ва алоҳида зиндагӣ кардан ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҳама корро бо маслиҳат, фикр карда, оқибаташро таҳлил карда анҷом бидиҳед.

⦁ Мушкилоти корӣ. Чап шудан бо роҳбар. Сиёҳкунии «художникҳо»
Ман расомони касбӣ ва рангинхаёлро эҳтиром мекунам, тамошо ва хариди расму суратҳоро дӯст медорад, аммо баъзеҳоеро, ки дар коргоҳҳо ба сиёҳкунии мардумони дигар машғуланд, дар нохунак «художник» меномам. Онҳо бадтарин гурӯҳи ҳамкоронанд, ки ранги сафедро дониста сиёҳ мекунанд, адолатро намешиносанд ва як тангаи ҳароми имрӯз, як лаҳзаи фароғати имрӯз, як фосилаи кору курсии имрӯзро аз обурӯ, эътирофу эътибор ва савоби оянда болотар медонанд.
Мутаасифона ҳоло ҳамин зуҳурот дар аксарияти коргоҳу муассисот, новобаста аз шакли моликият вуҷуд дорад. Маслиҳати ман ин аст, ки шумо албатта ба муҳити корӣ, ояндаи коргоҳ, муносибати роҳбар ва донишу саводи ҳамкорон аҳамият бидиҳед. Ҳис кардед, ки дар онҷо ду-се ва чор гуруҳи алоҳидаи коргарон аст, ҳис кардед, ки дар канори шумо як каси тасодуфӣ кор мекунад, ҳис кардед, ки роҳбари коргоҳ ба баъзеҳо афзалият ва бартарӣ медиҳад, ҳис кардед, ки нисбат ба шумо бархурд ва муносибат хубу шоиста нест, пинҳонкорӣ, дурӯягӣ ва бахилиро агар ҳис кардед, дуюмин варианти беҳтарин ҳамин аст, ки ҷойи кори беҳтар биёбед. Аввалин варианти беҳтаринро худатон фикр кунед, ки чӣ буда метавонад. Фаромӯш накунед, ки фақат мутахасисе метавонад ба худаш инҷо нозу даъво ва дархостро иҷозат бидиҳад ва чизе бештар талаб кунад, ки саводи кофӣ дорад, рақобатпазир аст, пайваста меомӯзад, таҷрибаи хуб касб кардааст, сафаркардаву ҷаҳондидаву боандеша аст. Ман ҷонибдори он ҳастам, ки вақте шуморо бад мекунанду сиёҳ ва шумо агар дар роҳи рост ҳастед, шарт нест, ки ба исботу даъво гузаред. Вақт ҳама чиро ҳал мекунад, бовар кунед, ки ягон сир пинҳон намемонад, ягон гуноҳ бе ҷазо намемонад, ягон бозиву бадхоҳиву дуруғу фитна як умр пинҳон намемонад. Ин кори вақт аст. Бадхоҳ ҳатман ҷазо мебинад. Қоидаи бумерангро касе бекор накардааст ва ҳам намешавад, ки онро инкор сохт.

⦁ Мушкили манзили зист
Ҳоло масалан, муҳимтарин нуктаи зиндагии шоиста, махсусан дар шаҳр ҳамин доштани манзили шахсии худ аст. Ман сад бор шунидам, ки дӯстони ман мегуфтанд, ки мо ҳама гуна мушкил ва пробемаро ҳал мекунем ва ба он тоқат мекунем, агар ҳамин хонаи худамонро инҷо дошта бошем. Дар бораи ин хеле барвақт бояд фикр кард. Замин истеҳсол намешавад, яъне доштани як гӯшаи замин барои хонаву ҳавлӣ, доштани хона дар кадом кунҷи ин шаҳр ва дар ҷойҳои дигар ҳатман ба манфиат аст. Ин ягон вақт кори осон ва саҳл набуд. Замони мо ҳам ва акнун дар замони шумо ҳам. Вале доштани хона, харидани хона ва сохтани ҳавлие дар канораҳои дури шаҳр имконпазир аст. Бо ҳар пули захира ва доштаи худ ҳатман бояд масоҳат харид, хона харид, ҷойи кору мағоза ва чизе ба ин монанд харид. Инҷо ҳатман таваккалҳои дуруст ва оқилона кунед. Барои ин гуна харид ҳатман нақшакашӣ кунед, ин корро ҳатман бо маслиҳат, дониста ва санҷида анҷом диҳед. Манзили иҷора, агар барои як-ду моҳу то харидории хона бошад, шояд бад нест. Вале варианти як умр зистан дар кадом хобгоҳи вайрона ё дар манзилҳои иҷора варианти хуб нест ва ҳатто нодуруст ҳам ҳаст. Муҳимтарин нуктаи дигар, ҳамсари шумо ҳатман бояд дар ин гуна ҳолатҳо шуморо дарк кунад, фаҳмад ва дар каноратон бошад. Ҳамсаре ки миннат кунад, таҳқир созад, ки ту хона надорӣ, туро миёни фарзандон ва дигарон паст бизанад, таъна кунад ва кадом имконияти худрову хешонашро мисол орад, ё худо накарда хонаи ӯ бошад, ки шумо зиндагӣ дошта бошед, аз шумори бадтаринҳо аст, ки тахмин мекунам, кироӣ ва арзандаи умрро бо вай сарф кардан нест…

⦁ Беморӣ ва Маъюбият
Албатта ҳамеша дар бораи кадом маризӣ ва маъюбият фикр кардан хуб ва дуруст нест, вале фаромӯш кардани ин гуна ҳолатҳо ҳам кори мардумони оқил нест. Мо намедонем, ки ҳатто дар фосилаи салом додан дар намоз ба тарафи росту чап бо мо чӣ ҳодиса рӯх медиҳад. Заминаи фароҳам доштан барои қабули ин ҳолат ва идомаи зиндагӣ ин муҳимтарин чиз аст. Касеро дидед, ки замони бемории дуру дароз ва маъюбияташ азизи фарзандон ва мавриди эҳтироми ҳамсар аст, ҳам хушбахт аст ва ҳам оқилу донову ба рӯзӣ. Яъне, дуруст ва шоиставу оқилона зиндагӣ кардаву оила ва фарзандонро тарбяи кардааст. Зан ҳам он шавҳарро пеши фарзандон баҳои паст надодааст, танқиду таҳқир накардааст. Санҷишҳои Худованд мухталиф аст. Онро фақат шахси бо имон, бо савод, боақл ва худотарсу хайрхоҳ гузашта метавонад. Болотар гуфтем, ки ба ҳолатҳои гуногун мутобиқ шуда тавонистан ва новобаста ба ҳама ҳолат аз зиндагӣ лаззат бурдан — кори мардони оқил асту хушбахту худодод.

⦁ Истифодаи маълумот ва иттилои шахси шумо дар Интернет
Дар шароити камсавдоии баъзеҳо ва дуртар мондани онҳо аз дарсу донишу омӯзиш эҳтимоли ба миён омадани ҳамин гуна ҳолатҳо рӯз то рӯз бештар мешавад. Чанд муддат аст, ки ҳамин гуна ҷавононеро, ки интернетро барои бадномкунии каси дигар ва ба даст овардани даромади муфт истифода мекунанд, дастгир мекунанд ва пушти панҷара равон месозанд. Ин раванд тахмин мекунам, ки дар идома бештар доман паҳн мекунад. Аз ин рӯ ҳимояи ҷиддӣ доштан дар интернет ногузир мешавад. Ҳар қадар камтар маълумоти инфиродии худро дар Интернет мегузоред ва ҳар чӣ камтар дар бораи нақшаву ниятҳо ва дастоварди худ онҷо мавод мегузоред, ҳамон қадар беҳтар аст. Ҳоло мардуми бесаводу ҷиноятпеша метавонанд бо истифодаи фақат суратҳои шумо чандин амалу кори нангин ва ҷинояти гушношунидро анҷом бидиҳанд.

⦁ Даргузашти волидони шумо ва ё наздиктаринҳоятон
Ин дар дасти инсонҳо нест. Худованд худаш инсонро меофарад ва боз бо иҷозату фармони ӯ ҷонаш гирифта мешавад. Аз ин чиз гурехта намешавад. Бояд талош кард, ки волидон аз шумо комилан розӣ бошанд ва ҳар рӯз бароятон дуои хайр бидиҳанд. Муҳимтарин паҳлуйи ин масъала — иҷро кардани тамоми уҳдадорӣ ва масъулияти фарзандӣ аст. Ягон шонс ба мардуми бекори шиносу ношинос ва ҳамсоя надиҳед, ки баъдтар кадом ҳолату амалро ба ёд оварда, шуморо таъна кунанд. Коре кунед, ки баъдтар онҳо нагӯянд, ки шумо фалон кору амали бадро нисбат ба волидон анҷом дода будед. Дӯсту наздику меҳрубон будан бо дӯстони волидонатон, нигоҳубин кардани фарзандони падар ва ҷияну хешони дигар, ки дар ин ҳаводис ятиму бесарпаноҳ мемонанд, муҳимтарин паҳлуйи ҷавонмардӣ, имондорӣ ва мусулмонии шумо хоҳад буд. Миннат нашавад, ман ҳар вақти деҳа рафтан аввал ба мазори модарам меравам. Ин барои он аст, ки маҳс он кас сабаби ба дунё омадани ман шудааст ва дуои он кас маро тули зиндагӣ ҳамраҳу тарбиятгар будааст. Ман ҳамеша бовар мекунам, ки ӯ маро мешунавад, мебинад ва дар ҳолати зарур ҳамраҳи ман аст.

⦁ Мусофират. Муҳоҷират. Ғарибӣ ва кору фаъолияти дур аз хона
Тӯли зиндагӣ хоҳу нохоҳ зарурати берун рафтан аз кишвар, таҳсил дар хориҷа, кору зиндагӣ кардан дар дуриҳо ба миён меояд. Барои ин кор аввал ҷиддӣ тайёрӣ бинед, барои ҳамдигаратон шароит ва имкон фароҳам бисозед. Ашёи сафару ҷиҳози зарурӣ ва муҳимро ҳамеша бо худ бигиред. Ҳамеша аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар бошед. Агар касе аз шумо дуртар асту хонаводааш инҷо, кӯшиш кунед, ки оилаву фарзандони вай худро танҳо, нолозим ва бегона ҳис накунанд. Ҳар кореро, ки барои худиву бегона дар ғарибӣ ва мусофират анҷом додед, подоши онро аз Худованд интизор бошед. Ҳеҷ вақт миннат накунед, чизеро, ки худатон ё волидон ба дигарон додаед, тӯҳфа кардаед, бахшидаед ё ба каси дигар дода будед, баргашта нагиред, напурсед, миннат накунед. Ин корро пештар аз ҳамон ҳолат бояд фикр мекардед, ки яке агар масалан, ҳамон хонаеро, ки ба бародаратон муваввақатан барои зист додаед, барнагардонад чӣ? Шумо оё омода ҳастед, ки онро ба бародаратон бубахшед? Агар омода нестед, аз худатону ҳамсаратон дилатон пур нест, беҳтараш ин корро аз рӯзи аввал накунед. Ҳатто дар ҳоли анҷом додани он кор ҳам маслиҳати дурусту ошкор ва пеши шоҳидон ба манфиат ва зарур аст. Ба ҳамдигаратон тӯҳфа равон кунед. Ин муҳаббатро зиёд мекунад ва боиси он мешавад, ки фарзандони шумо сахӣ, дилкушод ва меҳрубон шаванд.

⦁ Тарс ва ҳарос аз тағирот ва навогониву дигаргунӣ
Мардум аз ҳама зиёдтар аз тағироту навгонӣ ва дигаргунӣ метарсанд. Баъзеҳо аз тағирот дар зиндагӣ, касбу кор, ҷойи зист, ва мисли ин ҳарос доранд. Дар тули зиндагӣ зарурат пеш меояд, ки шумо ҳам касбу ҳам ҷойи кор ва истиқоматро иваз кунед. Фикр накунед, ки агар аз кор рафтед гурусна мемонед. Не! Ризқу рӯзии шуморо сардори идора ё директори коргоҳи шумо намедиҳад. Ризқи шуморо бо талошу кору заҳмати худатон Аллоҳ насибатон мекунад. Тағирот дар аксар вақт ба манфиат аст, хуб аст ва боиси пешравии бештар, шинохти атрофиён ва рушди хубтар мегардад. Ҳар чизе, ки ногузир буд, қисмат буд, ҳатман бояд мешуд — кирои ғамхурӣ намекунад. Хости Худоро намешавад, дигар карду тағир дод. Фақат талош кунед, ки рӯ ба рӯйи ҳама гуна тағироту дигаргунӣ ва навогонӣ росту дурусту боадолат, омодаву бо китобу саводу таҷриба мусаллаҳ бошед.

⦁ Набудани дастгиру ёвар ва восита. Танҳоӣ рӯ ба рӯйи мушкилот.
Медонед, ки чаро баъзан мардумон аз ҳамдигар дилсард мешаванд, хафа мешаванд, дилмонда мегарданд? Барои он ки онҳо ба кӯмаку дастгирӣ ва мадади бебозгашти дигарон умед бастаанд, одат кардаанд ва ҳамеша дар вақти душворӣ ва монеъаҳо фикр мекунанд, ки касе вазифадор ва уҳдадору қарздор аст, ки барояш кӯмак кунад. Барои ҳамеша ба ёд бигиред — ягон кас қарздору вазифадор нест, ки дар тангиҳо ба кӯмакатон ояд ва дастгирӣ кунад. Агар ин корро мекунанд, ин ба иродаи онҳо ва имонашон вобаста аст. Шумо барои ин изҳори сипос кунед, вале агар он дастгириро натавонистанд, накарданд ва каноратон набуданд, ҷойи аз онҳо хафа шудан нест. Аввалтар аз ҳама шумо бояд ба кӯмаки молӣ, моддӣ ва маънавии дигарон одат накунед. Фақат талош кунед, ки аз худатон ва дасту панҷаи худ, аз ҳунар, дониш, таҷриба ва имкониятҳои худатон намонед. Ҳоло ман мушоҳида мекунам, ки ҳама аз ким-кадом сарватманду пулдору вазифадор чизерову дастгириеро интизор асту чашмдор аст. Ин одати бадтарини мардуми даврони мо аст. Зиёд аст шояд дӯсту рафиқ ва шиносе, ки дороии бештар дорад, имконияти васеътар дорад, вале ӯ ӯҳдадор нест, ки як қисми пулу дороиашро ба шумо диҳад. Шумо аз ягон кас ягон чиро мунтазир нашавед. Ин беҳтарин вариант аст!!! Фақат ба Худову худатону имконият, дониш, таҷриба ва талошҳои худатон умед бандед, дар роҳи росту дуруст бошед ва ҳатман баракату барору обу рӯй насибатон мешавад.

⦁ Шумо ҳатман бо мағруру мутаккабир ва бадхоҳон рӯ ба рӯ мешавед
Онҳо шояд намедонанд, ки муттакаббир ҳастанд. Мо ку шарм медорем ва изои муъмин ҳаром гуфта, ин хислаташонро барояшон муаррифӣ намекунем. Аз сӯйи дигар онҳо шояд бовар намекунанд, ки чунинанд. Хоксорӣ ҳамеша дар муд аст ва инсонро зебо мекунад, махсусан инсони боимону ботақво, босавод ва хушсалиқаро. Ҳамин гурӯҳи мардуми мутакаббир, мағрур, бахил, ғайбатчӣ, суханчин, ҷодугару сеҳргар, маҳалчӣ, хешутаборбоз ва беимон пеши роҳи рушди шумо монеъа мегузоранд, бароятон саду як мушкил ба бор меоранд ва дар пайи шикасти шумо ҳастанд. Аз ин гуруҳи мардум дур бояд буд, дури дур.

⦁ Шубҳа ва нокомӣ
Будани шубҳа дар ҳама кор шояд бад набошад, зеро шуморо ҳушёртар мекунад, водор месозад, ки дурустии он чиро санҷед. Вале нокомӣ аксаран инсонро ноумед мекунад. Боз ҳам агар он маротибаи дуюму сеюму чандум бошад. Варианти беҳтарин ҳамин аст, ки ҳар нокомиро шумо чун як талоши расидан ба мақсад, чун як варианте, ки дигарон дар борааш намедонанду шумо медонед, қабул кунед. Нокомӣ агар шуморо рӯҳафтода кард, бой медиҳед, ноумед мешавад. Аз ҳама бад ноумедии баъди нокомиҳои ночиз аст. Шумо нокомиро чун як дарс, як таҷрибаи бепул ва чун як машғулияти зарурӣ қабул кунед, ки агар фоида наовард, донишу дарку фаҳмиш дод бароятон, ки инро ҳам агар ба пул гардонем, пули андак нест. Рӯ ба рӯйи интихобҳои ҷиддӣ, саволҳои душвор, тасмимҳои ҳалкунанда ва мисли ин, ки шубҳабарангез аст, ҳатман наздику пайванду волидону фарзандонро пурсед ва дар ҷараён гузоред.

⦁ Мушкили хислат ва побанди одатҳои нохуб шудан
Одатҳо ва хислатҳои инсонӣ тули зиндагӣ барои мо кору нақши муҳимеро иҷро мекунанд. Шахсони дорои одат ва хислати нек нохудогоҳ некӣ мекунанд ва савоб мегиранд, хислату одати бад бошад, соҳибашро гирифтору бечораву хору зор мекунад. Ба ҳамдигар бо таваҷҷӯҳи бештар зеҳн монед, кӯшиш кунед, ки бо як нигоҳу як сӯҳбат мушкили ҳамдигариро дарк кунед ва аз пайи кӯмак ба ӯ шавед. Ногуфта дарк кунед, ки бародару хоҳару ҷияну писару духтари шумо кадом одатҳои навро ёд гирифтааст, побанду вобастаи чӣ шудааст ва дарҳол бо маслиҳати якҷоя аз пушти ҳалли он шавед. Тарки одат ҳарчанд амри муҳол аст, вале имконпазир аст. Фақат барои ислоҳ шудану дигар шудан, бо усул ва фишангҳои дурусту даркорӣ нодурустии одату хислати ҳамдигарро нишон диҳед. Ҳангоми гирифторӣ ва вобастагӣ аз ҳамдигар дур набошед, рӯ нагардонед ва ҳамдигарро танҳо нагузоред. Ҷойи нанг дар паҳлӯйи ҳамдигар бошед!!!

⦁ Камии вақт. Тақсимот ва истифодаи нодурусти вақт
Ин ҳам муҳимтарин чиз аст. баъзан дар шакли монеа ва мушкил пеши роҳи рушди шумо мешавад. Ман ҳамеша ба ин назар ҳастам, ки шахсоне, ки доимо вақт надоранд, вақти кам доранд, куҷое саросема ҳастанд, онҳое ҳастанд, ки вақтро дуруст тақсим карда наметавонанд, вақти худро оқилона истифода бурда наметавонанд ва тули рӯз кори ками каме доранд. Зеро одатан онҳое, ки кору ташвиш ва сарбории зиёд доранд, ба қадри вақт мерасанд, онро оқилона истифода мебаранд. Масалан, барои як хӯроки нимарӯз ду соат вақт сарф намекунанд. Ҳама кору бор ва нақшаҳои худро бо назардошти вақту соат ва истифодаи оқилонаи он танзим кунед. Кӯшиш кунед, ки на вақти худатон беҳуда зоеъ шавад ва на вақти қиммати дигарон бо айби шумо барабас биравад. Шитоб накунед, аммо фориғбол ҳам набошед, надаведу саросемагӣ накунед, аммо баҳузури бад ҳам нашавед.

⦁ Қаҳру аламу димоғсӯхтагӣ
Хоҳу нохоҳ дар муносибот бо наздику пайванд, ҳамкурсу ҳамкор ва ҳамсояву хешон давраи мушкил, печида, ҷангу баҳсу даъво ва димоғсуӯхтагӣ фаро мерасад. Ҳар қадар шахс бесаводтар, ҷоҳилтар, дағалтар, дарундортар ва беимонтар бошад, муносибаташ бо атрофиён бадтар, қаҳру ғазабаш давомноктар ва интиқомҳояш номардонатар мешавад. Инро фаромӯш накунед. Ду-се рӯз бештар қаҳрӣ нашавед, аввалтар аз дигарон узр пурсед, тезтар ҷониби дигарро бубахшед, ҳатто агар айби ӯ ҳам шуда бошад, тезтар гапиву ҳамсӯҳбат шавед. Бо ин коратон шумо гапро ба даҳони бедарвозаи мардум намебаред, ба бегонаҳо шонси миннаткунӣ намедиҳед, сири худро ба кӯча намебароред. Ҳеҷ вақт нагузоред, ки касе аз касе қаҳрӣ аз дунё гузарад. Ин бадтарин кору амал аст. Махсусан, агар боз ҳам онҳо хешу табор бошанду фарзанди як падару модар. Барои он, ки қаҳрикуниву аламу димоғсухтагӣ ба миён наояд, худатонрову фарзандонатонро дар рӯҳияи саховатмандӣ, мардонагӣ, бахшидани ҳамдигар тарбия кунед, босаводу донишманду боимон бошед. Ин гуруҳи мардум он корҳои нангинро намекунанд…

Ин бандҳоро метавон идома дод. Ягон вақти дигар ҳатман дар миёни мавзӯоти дигар ба ин масъала ҳам дахл хоҳем кард. Муҳимтар аз ҳама шумо бояд ба монеъа ва мушкилоте, ки эҳтимол дар зиндагиатон ба миён меояд, омода ва барои рафъи он тайёр бошед. Мушкиле нест, ки ҳал нашавад, ҳолате нест, ки нагузарад, душворие нест, ки осон нашавад. Ба ин бояд бовар кард, ба умед зист ва ҳар чӣ таъсири мушкилоту монеъагузориву раҳбандиро барои худу наздикон бо донишу таҷриба ва саводу ҳушёрӣ камтар кард…

30 январи соли 2024
ва ин ҳоло идома дорад…

====================================================================

  Ман аз дигарон бо чӣ фарқ мекунам? Шумо ягон бор ба худатон ҳамин саволро додаед? Шояд фикр мекунед, ки ин савол намунаи мағрурӣ ё худписандӣ аст, шояд гӯед, ки мо инсонҳо аз ҳамдигар фарқӣ зиёде надошта бошем. Ё шояд ба ин назар ҳастед, ки шахс аз худу дигарон бояд ин саволро накунад. Ман намедонам кадом вариант дуруст аст, вале ман ба худам имрӯз ин саволро додам ва акнун ҷавобро ба худам инҷо менависам, ки агар хоҳед мехонеду таҳлил мекунеду муқоиса мекунед. Ҳеҷ манфиат ҳам бароятон наорад, ба ҳар сурат фикри падаратонро вобаста ба ин мавзӯъ хоҳед фаҳмид ва дар бораи ӯ маълумоти бештар хоҳед гирифт.


Дар назари аввал, ки ман аз дигарон комилан фарқ надорам, мисли ҳама ҳастам. Вале бо каме андешидану ба ёд овардани ҳолату рӯйдоду бархурде, ки дигарон доштанду доранд, баъд ба хулоса омадан мумкин аст, ки шумо аз дигарон чӣ фарқ доред ё дигарон аз шумо бо чӣ тафовут доранд? Ман кӯшиш мекунам, ки аз замони наврасиҳоям чизеро ӣа ёд орам, ки то ҷое барои ёфтани ҷавоби комил мусоидат кунад:


⦁ Ман дар фазои содаву роҳат, ором, одӣ ва миёнаҳолона ба воя расидаам. Пули ҳалол ва нони ҳалоли меҳнатӣ асоси зиндагии мо буд;
⦁ Волидони мо нисбат ба мо бепарво набудаанд, махсусан модарамон. Як хате ки ман менависам ва ҳусни он хат кофӣ аст, то як умр аз модарам миннатдор бошам;
⦁ Хонаи мо ҳамеша сермеҳмон буд ва боре ҳам мо ҷангу ҷанҷол ё миннати модару падарамонро надидаву нашунида будем. Шояд ҳамин чиз асоси баракат дар хонаи мо буд;
⦁ Мо дар фазое тарбия ёфта будем, ки онҷо шарму ҳаё, эҳтироми калонсолон, ҳурмати дигарон ва мисли ин дар мадди аввал буд;

Баъдтар замони донишҷӯйии мо фаро расид. Ҳафтае набуд, ки ман касеро аз ҳамсабақону дӯстон ба деҳа набарам. Волидони мо чизе доштанду надоштанд, рӯйи дастурхон мегузоштанд. Ҳатто дар маҳфилҳои мо суруду таронаҳои зинда садо медод, чун хешони падари ман аксаран овозхону навозандаву оҳангсоз ҳастанд. Ҳис мекардам, ки меҳмониҳои мо дар Файзобод дигаргуна буд, хоксорона буду самимона буд. Мо ки ба ҳамин меҳрубонӣ одат карда будем, дар кунҷу канори кишвар ва ҳатто берун аз он, ки мо ҳамкурс доштем, то модари дигарон ҳам моро «дар бачаҳо ҷонум» ва ё «дар ҷураҳакои бачам ҷонум…» намегуфт, ба қавле диламон тар намешуд…


Волидони ман, ки бо ҳама ҳамкурсон салом мекарданду мешиштанду меҳрубонӣ мекарданд, дар ҷойҳои дигар ҳам мо ҳамин чиро интизор мешудем. Волидони ман барои мо шикастанафсӣ, тозакориву ҳалолкорӣ, хоксорӣ ва масъулиятшиносиро омӯхтаанд. Очаам қариб, ки намегуфт, чӣ биёрам аз шаҳр. Падарам ҳам ҳамчунин. Ҳар вақте ки пештар аз рафтан ба деҳа барои очаам занг мезадам ва ин суолро мекардам, ки барои хона чӣ биёрам, ҳатман ҷавоб медод, ки «ма ҳама чӣ дорум, бачам. Худут биё…!»


Барои инсон муҳит, фазои хонавода, кӯча, хешу табор, ҳамсояҳо ва мисли ин ҳатман таъсиргузор аст. Хишти аввале, ки меъмор, инҷо волидон, мегузоранд, барои ояндаи инсон, шахсиятсозӣ, шаклгирии феълу хислати ӯ хеле муҳим аст. Хонаводаи мо ҳам саду як мушкилу проблема дошт, вале масалан, ба мо ҳатто вақти бузургтар шуданамон ҳам таъсири бад намегузошт, асари бад намекард. Онро волидони мо худашон бе он, ки мо фаҳмем ё дар куча овоза шавад, ҳал мекарданд. Ҳоло ҳис мекунам, ки донишманду оқилу фарзонаву хоксору меҳнатдӯст будани волидон чӣ таъсири рӯйи фарзандон мегузоштааст. Онҳо албатта феълу хислати якхела надоранд, мисли он ки мо 6 фарзанд шояд ҳар гуна хислату феъл дошта бошем, аммо умумиятҳои муҳим, қоидаҳои ҳатмии зиндагӣ ва рафторҳои барои ҳама шоиставу ҳатмӣ, ки аз волидонамон омӯхтаем, дидаем, мушоҳида кардаем, ба ҳамаи мо баробар таъсир доштааст ва мо онро ба худ қабул кардаем.
Ҳар вақте ки чизе аз волидонам ба ёдам меояд, дилам то ҳадде пур мешавад, ки мехоҳам фарёд занам, аламҳо бештар мешавад, гиря гулӯгирам мекунад, пазмонӣ ва хумор ҷисму ҷонамро пахш мекунад, хотираҳои ширин оҳиста варақгардон мешаванд. Дар гӯшам ҳоло ҳам садо медиҳад, ки чӣ тавр очаам вақти замири нон бо бисмиллиоҳ ин ҳарфҳоро ба забон меовард, ки «ҳар касе мехӯрад, дар роҳу ризои худо…», ёдам меояд, ки садҳо бор барои ким-кадом келин ё зане аз биноҳои баландошёнаи рӯ ба рӯйи ҳавлиамон мо нону фатиру кадом хуроки серғизо бурда будем. Барои ҳамин меҳрубониву саховаташ буд, ки ҳамаи онҳо очаи моро дӯст медоштанд, ҳамеша мехостанд дар сӯҳбаташ бошанд ва фикр мекунам чандин кору бору пухту пазро ҳам аз модари ман омӯхта буданд. Чун онҳо дар баландошёна дегу таҳдегиву танду дегдон надоштанд, дар зарурат ин корро дар ошхонаи очаи ман анҷом медоданд. Ин дар ҳоле буд, ки онҳо ба ҷуз мо ҳамсояҳои дигари ҳавлинишин ҳам доштанд вале ба очаи ман бартарӣ медоданд, чун ӯ ҳам дар навбати худ аз дигарон фарқ дошт…


Агар ба мавзӯйи асосии сӯҳбат баргардем, мешавад, ки чанд бандро инҷо барои фаҳмо шудан биёрам. Ҳамаи он албатта аз волидону хонаводаву ҳавливу зодгоҳи ман маншаъ мегирад ва дар заминаи муносибату панду насиҳати онҳо пайдо шудааст. Қасам хӯрдан албатта хуб нест ва шумо бе қасам бовар кунед, ки ман дар навиштаи зер ба ифрот роҳ надодаам ва чизе бештар аз будаш илова накардаам. Яъне, кӯшиш мекунам, ки ба ҳамин савол ҷавоб гӯям, ки ман ба назари худам аз дигарон бо чӣ фарқ дорам?:

⦁ мо аз наврасиву ҷавонӣ одати дуздӣ надоштем;


⦁ дар кӯча на волидонамон ва на мо бо ҳамсояҳо ҷангу талошу судбозиву қаҳригӣ надоштем;


⦁ Одатҳои бахилӣ, ҳасуд, фиреби касе, паст задани касе, хабаркашӣ ва суханчинӣ барои мо бегона аст;


⦁ замони донишҷӯйӣ, ки ҳис мекардем вақти ҷамъоварии маблағ барои хуроку ғизо баъзе ҳамхонаҳои мо куҷое ғайб мезаданд, мо намегурехтем, ҳамеша аз хона чизе барои дастурхони умумӣ мебурдем ва миннат аслан дар гӯшаи хайёламон набуд;


⦁ ман ягон вақт ба либосу пӯшок афзалият ва авлавият надодаам. Ҳатто замоне, ки директори кулли радио будам. Ба ягон кас то ҳоло ман аз рӯйи сару либос ва мошин баҳо надодаам ва намедиҳам;


⦁ Ман ягон бор ҳамкору ҳамкурсу ҳамсояро пеши каси дигаре сиёҳ накардаам, аз рӯяш ба куҷое аризаи беном нанавиштаам ва ин корро дар идома ҳам анҷом доданӣ нестам;


⦁ дар чанд ҷое, ки кор кардам, ман ягон вақт ба зодгоҳи касе ва падару модари вазифадори касе, ба шиносҳои касе ва мисли ин аҳамият надодаам ва онро дар мадди аввал нагузоштаам;


⦁ Кӯшиш кардам асрори касеро, ки тасодуфан фаҳмидаам, ошкор накунам, камбудии касеро фош насозам, ба амонати касе то ҳадди имкону тавон хиёнат накунам;


⦁ Чун хонаи мо дар деҳа ҳамеша сермеҳмон буду волидони ман дилкушоду дасткушод, ман то имрӯз куҷое танҳо ғизо хӯрда наметавонам. Ҳатман мехоҳам, касе ҳамроҳи ман бошад;


⦁ ман аз дон додан ба паррандаҳои сурӣ роҳат мекунам ва ин махсусан дар фасли сармо ва барфрезӣ кори дӯстдоштаи ман аст;


⦁ ман аёдати хешу табори дуру наздикро хеле дӯст медорам;


⦁ зиёрати мавзеъҳои муқаддас, мазору оромгоҳҳо ва мисли ин барои ман рӯҳияи болида, қаноатмандии комил ва оромии қалбӣ ва равонӣ ато мекунанд;


⦁ Як вақт ҳисоб карда будем, ки аз коргоҳи охире, ки 20 сол онҷо кор кардам, қариб 60 кас омадаву рафтааст. Дар ҳаққи касе аз онҳо тӯҳмату даъворо раво надидаам. Вақти кор ва баъд шояд камбудиашонро гуфтаам, аммо беғараз ва бародарона, ки ислоҳи он барои ояндаашон даркор шудааст;


⦁ касеро, ки дар кору фаъолият беҳтар аз ман буд, пешпо надодаам. Пеши ягон кас нарафтаам, ки фалон нафарро ҷазо диҳед ё ба кор нагиред ё фалон корашро анҷом надиҳед;


⦁ ҳамеша аз пешрафту комёбии дигарон, махсусан ҳамкорон хурсанд шудаам, то ҳадди тавон ҳама чизеро, ки медонистам, барояшон ёд додаам, гуфтаам, омӯзондаам;


⦁ ҳар куҷо содиқ, бо шавқ, бо эҳсоси масъулият ва ҷиддият кор кардаам; Ҳатто то ҳадде, ки як вақт оилаву фарзандонро поинтар аз кору коргоҳ гузоштаам, ки албатта хатои ҷиддии ман буд;


⦁ ман натавонистаам, ки пеши як гурӯҳи ҳамкорон дигару пеши гурӯҳи дигараш тамоман дигар одам бошам; Ман сохтакорӣ, нақшофарӣ ва дуруягӣ карда наметавонам;


⦁ як замон, ки барномаҳои радиоии мо хеле машҳур буданд ва садҳо кас кадом хизмату кору борро пешниҳод мекард, ягон бор аз касе чизе тамаъ накардаам. Аммо тӯҳфаҳои дӯстони радиоӣ ва самимиро ба хушӣ қабул кардаам. Ҳарчанд овозаву дарвоза накардаам, ки фалонӣ ба ман мошин тӯҳфа кард ё чизи дигаре… Ҳамеша миннатдорам, дуои хайр барояшон мекунам, аммо ба бегонаҳо нагуфтаам. Он дӯстони мо ҳам ҳангомаро дӯст намедоштанд ва ин то ҷое хоҳиши онҳову табъи дили онҳо ҳам буд…;


⦁ Аввал фикр намекардам, ки касе метавонад бо ман душманӣ варзад, зеро он дар тасаввури ман намеғунҷид. Чун ба ягон кас душманӣ надорам, аз касе чизеро интизор нестам, коре, ки наметавонам, ба касе ваъда намедиҳам…. Аммо баъдтар ҳис кардам, ки бегуноҳ ҳам дар роҳ мошинатонро мезананд, бе сабаб ҳам шуморо пеши каси дигаре сиёҳ мекардаанд, бе баҳонае ҳам ба шумо бахилӣ мекардаанд, шуморо ҳатто надониставу нашинохта бад медидаанд 🙂 ва боз сад бархурди дигар…;


⦁ акнун ман душманои ошкорро эҳтиром мекунам, онеро ки чеҳраи худро мекушояд, ошкор душману рақиб аст; Ҳалолаш бод, ки аз душманони дурӯя ва чанд рӯя хеле болотару мардтаранд; Ӯ ҳам маро бад мебинад ва ман ҳам ӯро. Ӯ ҳам инро медонад ва ман ҳам. Ин гуна душман ҳазор бор беҳтар аз дӯстони забониву душманони пинҳонӣ аст;


⦁ ман ба офаридгор таваккулро дӯст медорам, ман боварӣ дорам, ки ҳама чиз аз ҷониби Худованд назорат, танзим ва тақсими оқилонаву одилона мешавад, ман ба қонуни бумеранг эътимоду боварӣ дорам, ман медонам, ки ризқ азалӣ аст, ман медонам, ки бадхоҳ ба сазои аъмолаш мерасад, ман аз бепул ва бекор мондан бо такя ба ҷумлаи аввали ҳамин банд, озурдаву нороҳат намешавам, аз узр пурсидан вақти гунаҳкорӣ ор надорам ва некии дигаронро асло фаромӯш намекунам…


⦁ ман маҳфили мардумони мутакаббир, иззатталаб, мағрур, воҳимачиву ҳангомасоз ва ниқобдорро хуш надорам ва пайваста аз он дурӣ меҷӯям;

Шояд ҳама чиро нагуфтам. Шояд ба ёд оварда натавонистам ҳама чиро. Вале дар ҳар хат муҳимтарин паёмҳо ҳастанд ва ҳатто агар ҷиддӣ таваҷҷӯҳ кунед, дар миёни хатҳову бандҳо ҳам баъзе гуфтаву насиҳату маслиҳату васиятро меёбед. Аввалтар аз ҳама бояд донову босаводу меҳрубону хоксор бошед. Тавонед, ки миёни тазодҳое мисли «ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор» ва «ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, пас фарқ миёни ману ту чист бигӯ…?» фарқ гузошта тавонед. Тавонед моҳияту вақти гуфтану замони амалкардро аз рӯйи онҳо донед, одаму оламрову бозиву бозичаҳоро шинохтаву дарк карда тавонед.

Хулоса, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат одами боимон, покиза, хуб, саховатпеша, ҳалолкор, бораҳм, боадолат ва намакшинос бошед. Таҷриба кунед ва мефаҳмед, ки ҳар мавсим ҳам агар муд дигару нав шавад, ин хусусият ва хислату афзалиятҳо ҳамеша дар муд боқӣ мемонанд ва шуморо ҳатман ба роҳи росту дуруст мебаранд ва соҳиби обу рӯ ва сарвату давлат ҳам мекунанд….Иншоолоҳ.

3-юми феврали соли 2024

ва ин ҳоло давом дорад….

___________________________________________________________________________________________________________

Ҳоло дар мавриди як мавзӯе мехоҳам нависам, ки имрӯз бо он дар Интернет вархӯрдам. Онро кадом ҳамсину соли ман навиштааст ва маълум аст, ки баъзе аз амалу ҳаракат ва беҳаракатии наврасону ҷавонони имрӯз ӯро ҳам мисли ман ба ташвиш овардааст. Дар маркази таваҷҷӯҳ ва муқоисаи ӯ писари 10 солааш будааст. Ва ман ҳам ду писар дорам, ман ҳам чизеро аз ҳамон эҳсосе, ки муаллифи он мавод дорад, доштам. Пешакӣ мояи нигарониамро ман ҳам бояд нависам, ки беҳавсала будани насли ҷавони имрӯз ва беҳунару фориғболтар будани онҳо аст. Яъне, мо фикр мекунем, ки насли мо ба ҳар сурат барои зиндагии мустақил омодатар буд, насли мо аз камбудӣ ва танҳо мондан ва мушкил намеҳаросид, насли мо ба ин ҳад, ки имрӯз ба назар мерасад, нозуку баъзан қонунбозу баҳсу моҷародӯст ва шикоятнавис набуд. Ман ҳоло талош мекунам, то ҷое ки таҷриба ва ақлам мерасад, ба ин масъала рӯшанӣ андозам ва нигоҳи худамро ҳам бо шумо дар миён гузорам..

Наврасону ҷавонони имрӯз аксаран одитарин кору масъулиятро, ки дар ҳар хона ҳаст ва бояд иҷро шавад, анҷом дода наметавонанд. Ёди ман ҳаст, ки мо — се чор фарзанди калони ҳар шом бо навбат ҷойхоби ҳамаро дуруст мекардем ва субҳ барои ҷамъоварии он ба модарамон кӯмак мекардем. Дастамон ба тамоми кору бори хона мечаспид ба қавле. Ҳоло чӣ? Наврасону ҷавононро чанд чиз тамоман фориғболу танбалу бепарво кардааст, ки муҳимтаринаш филмҳои фаҳшову сериолҳои дурудароз ва бо ниятҳои на хуб барои мо таҳияшуда, интернет ва дастоварди дигари илму техника ва ҷиддӣ ворид шудани онҳо ба зиндагии ҳаррӯзаи мо, аз миён рафтану беқадртар шудани арзишҳо ва муқаддасот, камии меҳру муҳаббату самимият, доман густурдани такаббур ва як шӯҳратталабии содалавҳона ва беақлона, афзоиши маҳалчигӣ, сунъӣ муътабар сохтани аксарияти сарватмандону мансабдорон ва мисли инҳо аст…

Мушоҳида мекунам, ки наврасони имрӯз ва ҳатто фарзандони мо ҳам, ба ҳад ва дараҷаи баландтарин ғуломи интернет ва гаджетҳо шудаанд. Фикр мекунанд, берун аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳайёти хушу шавқоваре нест, ин қадар навору сурат ва маводу контенти бемазмуну фач ба зеҳну мағзашон таъсири бад расонида, ки дигар худро аз он ботлоқ берун кашида наметавонанд. Ин наврасон аз наврасони замони наврасиҳои мо ба куллӣ фарқ доранд. Шояд бартарӣ ва пешравии бештар дошта бошанд, аммо дар муқоиса бо бохтаҳояшон он бартариҳо куҷаку сода ва ҳатто камарзиш ҳам ҳаст. Кӯча ва фазои на он қадар самимиву боадолат ва контенти бемантиқу вайронкори Интернет, махсусан фазои тоҷикии интернет, онҳоро бо камтарин донишу таҷриба хеле «гапзану мутакаббиру ҳозирҷавоб» кардааст. Ба як эроди шумо сад ҷавоб ва далелу бурҳон доранд, ки қариб ҳамааш бемантиқу беодобонаву нодуруст аст. Мутаасифона…

Наврасони имрӯз аксаран, одати гулпарварӣ, меҳрубони бо паррандаҳо, ҷамъу гири рахти хоби худ, тозагии либосу сару рӯ, поккорӣ дар хонаву ҳавлӣ, тартибу низоми маводу асбобу чизу чораи хона ва ҳунарҳои дигари содаи дар рӯзгори ҳаррӯза заруриро надоранд. Ин барои мустақил ва мухтор будан барои наврасону ҷавонон зарур буд. Ҳар амалеро, ки наврсони мо замони мо анҷом медоданд, дар пай чанд ҳадафи нек дошт, аммо имрӯз мушоҳида мешавад, ки аксарияти наврасон бо надоштани дониши кофӣ ҳам, як ғурури нозарур ва як такаббури хеле беақлонаву соддалавҳона доранд. Табиист, ки худаи наврасо ҳоло дар як сину соле қарор дорад, ки на ба ҳамин суханони ман бовар мекунад ва ба он далел, ки кору амали имрӯзааш асаран хатову нодаркор аст. ман фикр мекунам, ки ҳар қадар наврас бесаводтар, нодонтар ва бепарвотар бошад, давраи гузариши ӯ аз кӯдакӣ ба наврасӣ ва ба идома мушкилтар ва дарозтар мешавад. Ин шояд чандин сабаб дошта бошад, вале ба мушоҳидаи ман ҳамин гуна аст. Масалан, насли мо аксаран то аз кор омадани падур модар дарс тайёр мекард, ҳеър аз ёд мекард, қариб тамоми кору бори хонаро анҷом медод ва омода буд, ки ҳоло ӯро мепурсанд. Ҳоло наврас медонад, ки волидонаш аксаран ба омаду рафти ӯ ба мактаб кор надоранд, дафтару китоби ӯро намебинанд, бо муаллим ва муассисаи таълимӣ аслан ҳеҷ робитае надоранд ва мисли ин…

Баъзан кирдорҳои ҷиноӣ, бад, нораво ва нодурусти баъзе мактабиёр ва донишҷӯёнро дида,кас ба натиҷадор будани кори садҳо методисту муаллиму равоншиносу шуъбаи кор бо ноболиғон ростӣ шубҳа мекунад. Ин акнун кори мутахасисон аст, ки ёбанд, айб дар куҷо аст, сабаби асосии ин ҳолат дар чӣ аст ва роҳи дурусти баромадан аз ин бӯҳрон чӣ аст? Ман ростӣ бо дидани ҳамин манзара фикр мекунам, ки мо ба як ниҳоди махсусе фақат барои наврасон, мисли Кумитаи кор бо наврасон (барои муваққат ҳам бошад) ниёз дорем. Бо наврасиҳои худамон ҳолату донишу бархурди наврасони мирӯзро муқоиса карда, ба даҳшат ҳам меоям. Ба назари ман мерасад, ки ҳамаи он маҳфилу кружоке, ки ҳоло ҳам ҳаст, ким-чӣ хел барои ҳисобот аст ё фаъолияти онҳо натиҷадор нест, ё будани онҳоро кам касон медонанд…ё кадом сабаби дигаре инҷо бояд бошад. Ё шояд тарбияи насли нав бо усулҳои кӯҳна натиҷаи дилхоҳ надода истодааст…Намедонам. Кӣ барои ба фаҳш рӯ овардани наврасону ҷавонон, кордзании миёни ҳамдигарии онҳо, ҳатто қаллобиҳо дар берун ва дар интернет, ки намояндагони ҳамон сину сол содир мекунанд, ҷавобгар бояд бошад? Тазодро бубинед, ки боз ҳамон наврасону ҷавонони кордчазану авбош, ки дар назари аввал нотарс ба назар мерасанд, хоҳиши дар Артиш хизмат карданро надоранд. Метарсанд. Ва табиист, ки он «ҷуръат ва ҷангу разбор»-и онҳо худнамоие беш нест…

Бовар кунед, ки бо тамоми шароите ки ҳоло ҳаст, аксарияти наврасону ҷавонони имрӯз шояд як самимият ва дӯстдориву муҳаббате, ки масалан бо сохтани як мухпар дар дарси таълими меҳнат насли мо дошт, надошта бошанд. Ин муқоиса шояд каме дағалтар баромад, вале ба ҳар сурат ишораи рушан ба камии меҳр, самимият ва муҳаббати аксарияти наврасону ҷавонони имрӯз ба волидонашон аст. Он вақт ё устодони мо самимитару донотар буданд, ё мо вақти камтар барои корҳои беҳуда доштем, ки ҳар фан, ҳар дарс, ҳар машварат ва дарси иловагӣ, ҳар дарси таълими меҳнат ва ҳатто расмкашӣ натиҷадортар аз имрӯз буд. Ин назари ман шояд хато бошад. Вале ин фикр баъди он пайдо шудааст, ки мебинем имрӯз як устод роҳат метавонад чизе аз шогирдаш талаб кунад, дархост кунад ва барои ин кораш шарм надорад. Масалан, насли мо инро тасаввур карда наметавонад. Муаллим, устод ва омӯзгор барои мо намунаи беҳтарин инсон, зеботарин зан, озодатарин мард, босаводтарин инсон ва сокини деҳа ва баобурӯтарин кас буд. Оё ҳоло ҳамин гуна ҳаст? Мо албатта инҷо ҳамаро баробар дар назар надорем…Устодони мо муҳимтарин чиз — меҳри меҳнати ҳалолро дар қалбҳои мо ҷой карда буданд. Бале, шояд бо ҳамон кору амалҳои хеле содае, мисли сохтани курсича, мухпар, чуб барои фаршшӯйӣ, тахтаи сабзирезакунӣ ва чанд чизи дигаре…Донишу либосу мошину хонаву мавқеъ имрӯз шояд муҳим аст, вале бе ахлоқу саводу муҳаббату самимият он чизҳо бебақо ва ҳатто хавфноканд. Ба ҳар сурат ман ҳамин тавр фикр мекунам…

Ба назари ман чунин мерасад, ки насли мо бо ҳамон бе интернетӣ, бе смартфонӣ ва бе дасовардҳои навтарини техникӣ хеле хушбахт буд. Ҳамзамон солимтару донотару ботамкинтар ва ҳушёртар низ. Муоширати дуруст, бозиҳои мантиқӣ ва ҷолибу табиӣ, баробарии иҷтимоӣ ва хоксорӣ аз беҳтарин хислату авлавияту афзалиятҳои насли мо буд. Масалан, дар деҳа ҳамсоя ва яке аз ҷхраҳои мо писари Раиси Суди ноҳия буд, вале на ӯ мутакаббир буду дастнорас ва на мо барои ҳамин чиз дӯсти ӯ. Ҳамон чизе, ки дар оилаҳо буд, мисли самимият, тамкин, хоксорӣ ва баробарӣ дар симои ҳар наврасу ҷавони он замон ба берун интиқол меёфт ва дар маҷмӯъ симои навраси ҳамон вақтаро таҷассум мекарду шакл медод. Дар зеҳни касе набуд, ки ба писари Раиси Суд тамаллуқ занад ё ба ӯ бартарӣ диҳад. Ё баракс, касе моро таъна намекард, ки падарат коргари одӣ аст. Миёни писари Раиси Суд ва ман, ки писари сваршик будам, фарқи хеле каме буд. Бовар кунед…

Ҳоло мушоҳида мекунам, ки бо ҳамеша ба муассисаи таълимӣ рафтану пул ҷамъ кардану ким-кадом супоришҳоро барои беҳбудлии кори мактабу маориф иҷро кардан ҳам, мо ҳамеша аз насли наврас ва ҷавон, аз ҳамин фарзандони худамон, дар ташвиш ҳастем. Интернет ахлоқи онҳоро коста кардааст, наворҳои фаҳшу дағалу хушунатбор рӯҳу равони онҳоро хароб кардаасту худашонро бешарму бе рӯ ва ҳатто бо ин сатҳу ронандагӣ ва ҳаракат дар роҳҳо, роҳро убур кардану ба дарс рафтанашон ҳам мояи нигаронӣ ва ташвиши мо, волидон, аст. Масалан, волидони ман хаёлам ҳеҷ вақт фикр намекарданд, ки ҳодисаҳои роҳу нақлиёт метавонад ба мо зарар расонад, ё касе тавонад моро бидуздад, ё мо худ аз худ гум шавем, ё касе моро корд бизанад….Ҳоло падари бепарво набудану масъулиятшинос будан, хеле душвор асту мушкил. Ҳодисае воқеиеро, ки як сардори синфи 5 дигаронро, яъне ҳамсинфони худро, барои ба ӯ харидани обу хот-догу ким-чизи дигар равон мекардааст, маро тамоман ҳайратзада кард. Мефаҳмед? Синфи 5! Ва он ҳам духтарча!!! Ин даҳшат аст ростӣ!

Бубинед, ки бо ин ҳама шароиту пулу имкон ва дастрасӣ ба Интернет боз ҳам муассисоти таълимӣ дарсҳои иловагиро ҷори мекунанд ва волидон барои он пули алоҳида бояд супоранд. Аммо насли мо дар бораи репититору дарси иловагиву ким-кадом тартибҳои ҳоло ҷорӣ аслан маълумот надошт. Ҳама чизро аз шуравӣ агар инкор ҳам кунем, баъзе усулҳои ба таълим ва тарбия вобастаро намешавад, рад карду нодида гирифт. Барои мисол, муаллимони забони англисӣ бояд шарм кунанд ё не, вақте ки мо иловатан бо додани пули зиёде кудаконамонро ба курсҳои омӯзиши англисӣ мебарем?! Чаро дар 8 соли таҳсил онҳо забондон намешаванд? Барномаи таълимиро (агар айб дар он аст) намешавад, лоақал ба барномаи кадом маркази муосири забономӯзӣ мувофиқ кард?

Хулоса, ба назари насли нав МО кӯҳнаандеша, пир ва аз замона қафомонда ҳам бирасем, вале ин далели бебаҳс аст, ки насли мо барои комёбӣ ба кадом коучу, мастеру оратору тренеру каси дигаре ниёз надошт, насли мо ин қадаре, ки шумо, мактаби шумо, устодони шумо, ҷураҳои шумо, дастгоҳу одату хислати шумо барои волидонатон мушкилу проблема эҷод мекунад, волидони худро ғам намедод, насли мо камбудии як бор доштаашу гуноҳи як бор содир кардаашро маротибаи дуюм ва сеюму чорум содир намекард, бемориҳову одаткуниҳову вобастагиҳое, ки аксари насли навраси имрӯз дорад, насли мо надошт, насли мо ба ин ҳад мутакаббир ва мағрур набуд, насли мо мисли аксарият наврасону ҷавонони имрӯз ба умеди касони дигар намешуд, барои насли мо бекор будан, бе ҳунар будан, бе савод будан ва гапи волидонро нагирифтан — НАНГ буд, АЙБ буд, ШАРМАНДАГӢ буд. Агар чизеро аз нигарониҳои ман дар хислату рафтору амалу ҳаракати худ мушоҳида кардед, ё худро агар инҷо шинохтед, фавран аз пушти ислоҳи худатон шавед. Ман намехостам, ки баъди сари ман касе ба рафтори ноҷо ва нодурусти шумо ишора кунад, шуморо маҳкум кунад, бароятон падаратон лаънат фиристад. Зиндагиву кору бор ва фаъолияти ман (бо ҳама хатову норасоиву шояд кадом гуноҳ) барои шумо бояд намунаи ибрат бошад. Бояд фақат кори ҳалол кунеду меҳнати софдилона ва содиқона, то шуморо ҳам шиносанд, эҳтиром кунанд ва чун дӯсту рафиқу ҳамкору ҳамсоя қабул кунанд. Бовар кунед, ки ҳалолкору самимиву хоксор будан дар ҳама гуна шароит ва (ҳатто дар вақти бепушту паноҳу бе дастгиру восита будан ҳам) имконпазир аст. Барои лаззати зиндагии ҳалолро эҳсос кардан, шумо бояд дар роҳи росту дуруст ва илму дониш бошед. Ва муҳимтар аз ҳама — ҳеҷ вақт фикр накунед, ки фарзанди сваршик ва ё бачаи як журналист наметавонад, ки хушбахту муваффақ бошад. Метавонад….

17-уми феврали соли 2024
Ва ин ҳоло давом дорад…

____________________________________________________________________________________

Ман дар мавриди ҳамин қонунҳо як вақт аз интернет хонда будам ва ҳатто дар эфир ҳам он садо дода буд. Аммо намедонам, аз мардум касе онро ёд дорад ё не? Онҳо тамоман ҷолибу шавқовар ҳастанд ва ҳоло вақте ки шумо тафсири онҳоро мехонед, ҳатман ба худ меандешед, ки «шумо онро медонистед…» Бале, асалан ҳар чизе, ки ҷолиб асту дуруст асту кор мекунад, ҳамин гуна сода аст. Ва ҳам рост аст, ки аксаран ҳамин чизҳои содаро хеле сода пиндошта, ба он бовар намекунанд. Ман ин лаҳза фикр намекунам, ки шумо ба ин қонунҳои зиндагӣ ва зистан бовар мекунед ё не!? Чун фикру андешаҳо ва бархурду нигоҳҳо фарқкунанда ҳастанд. Ман худам низ ҳоло ба баъзе чизҳое бовар дорам, ки масалан чанд сол пештар ба онҳо тамоман бовар надоштам ва баракс, чизҳое кам нест дар зиндагии ман, ки замоне ба он боварии зиёд доштаму имрӯз нобоварии бештар.

Инсонҳо ва фикру андешаву хулосаи онҳоро ҳолату ҳаводис ва таҷрибаи рӯзгор дигар мекунад ва тағир медиҳад. Гоҳ ин сӯву гоҳ ба сӯйи дигаре. Вале ба ҳар сурат, бояд иқрор шуд, ки ҳамин қонун ва таҷрибаҳо, ки муаллифонаш мардуми шинохтаву ношиносе ҳаст, дар заминаи холӣ пайдо нашудааст. Ҳар кадоми он ҳатман кадом заминаи илмӣ ва ё наздиктар ба илм ва ҳеҷ ки набошад, заминаи мушоҳидавӣ доранд. Ман чанд қонуни ҳайётиро бароятон тафсир мекунам ва шумо сари ҳар кадоми он истода, тамаркуз карда, хулосабарорӣ карда, баъд ба тафсири баъдӣ гузаред. Дар тарҷума (ки бо хатти ғафстар меорам) ва тафсир шояд кадом нуқсу носуфтагӣ бошад, ки ин ҳам айби сатҳи забондониву омӯзиш ва таҷрибаи нокифояи ин ҷониб аст.

⦁ Қонуни Мёрфи. Чизе, ки метавонад на ба хости шумо бошад, на ба хости шумо мешавад.
Беҳтар аст ба мағз ҳамин гуна сигналҳои псимистӣ ва нороҳаткунанда надиҳем. Фақат хушбин бояд буд. Зеро дигар маълум мешавад, ки ҳар чизе, ки метавонад табъи дили шумо набошад, табъи дилатон намешавад. Кирои ғам хӯрдан намекунад…

⦁ Қонуни Мескимен. Барои кори хуб ягон вақт вакт намерасад. Вале барои дубора анҷом додани он кор ҳамеша фурсат пайдо мешавад.
Варианти беҳтар акнун баъди он, ки шумо ҳамин қонунро медонед, ин аст, ки дар мавриди аввал ҳамон корро бесаросемагӣ, бо сифат ва дурусту росту дақиқ анҷом бидиҳед. Он вақт вақте ки барои баргашта ва аз сар анҷом додани он зарур мешуд, сарфа гашта, барои рушди бештар ва ё истироҳати шумо сарф хоҳад шуд.

⦁ Қонуни ПО. Бе кадом ишораву смайлики ханда ва нишонаи ошкори ҳаҷв дар мавзуоти ҷиддӣ шӯхӣ карда намешавад.
Хоҳу нохоҳ вақти ҳама гуна шухии шумо дар мавзуоти ҳассос ҳатман як ё якчанд касе пайдо мешавад, ки онро ҷиддӣ қабул мекунад. Варианти беҳтар ҳамин аст, ки ҳамеша пештар аз шӯхӣ кардан дар мавзуоти ҳассосу ҷиддӣ атрофатонро назора кунед, суханатонро чанд бор санҷед ва баъд хомӯш истед.

⦁ Мушоҳидаи Этторе. Навбат дар қатори дигар тезтар пеш меравад.
Ин мисли он аст, ки мо ҳамеша фикр мекунем, ки ҳамсоя хушбахттар аст, ҳамсари каси дигар зеботар аст, кори дигарон даромадноктар ва сабуктар аст ва ғайра. Коре бояд кард, ки ба умеди ду харгӯш аз ҳардуаш намонед.

⦁ Қонуни Хлейд. Кори душворро ба корманди танбал супоред. Ӯ ҳатман роҳу василае меёбад, ки ҳамон кори ҷиддиро осон ҳал кунад.
Вале шумо новобаста ба он ки он кор ҷиддӣ асту осон асту сабук асту мушкил аст ё не, ҳамеша аз ҷиддият, касбият, фаврият ва сифат истифода кунед. Ҳама кору касбҳо муҳиманд ва табиист, ки ҳама супоришу уҳдадориҳо бояд дар сатҳи сифатан хуб иҷро шаванд. Ҳис кардед, ки онҷо ҷойи шумо нест, он корро шумо анҷом дода наметавонед, ин касб барои шумо нест ё мисли ин, варианти хуб иваз кардани он касб аст.

⦁ Қонуни ҷустуҷӯ. Ҷустуҷӯро ҳатман бояд аз ҳамон ҷойи ғайриинтизор ва шубҳадор шуруъ кард.
Яъне, агар фикр мекунед, ки калиди мошинатон дар сабади либосҳои чиркини обхонаатон афтидааст, ба гумони ғолиб ҳамон ҷо афтидааст.

⦁ Қонуни Хэнлон. Як кору амали аблаҳонаро аз кори қасдан анҷомдодашуда фарқ кунед.
Ҳамеша ҳангоми ҳамин гуна ҳолатҳо аввал фикр кунед, ки он амалу рафтору кирдор метавонад пештар аз ҳама як хатои он шахс, ё аз руйи одати аблаҳонаи ӯ ва мисли ҳамин бошад. Варианти қасдан анҷомдода шудани он кору амалро баъдтар мавриди баррасӣ қарор бидиҳед.

⦁ Қонуни Парето. 20% талошу кӯшиш сабаби 80% натиҷа мешавад. Боқимонда 80% неру ва талош фақат 20% натиҷа ба бор меоранд.
Яъне, агар соддатар карда гӯем, 20% мизоҷони ширкати шумо 80% натиҷаҳои интизордоштаро ба бор меоранд. Ва 80% неру ва талоши шумо барои иҷрои ҳамон кор фақат 20% натиҷа меоранд. Ин дар тамоми самту соҳаҳо аст. Дар коргоҳ ҳам 20% кормандон содиқона ва самимона фаъолият карда, беҳавсалагӣ ва танбалии 80% дигарро мепӯшонанд;

Қонуни Паркинсон. Кор ҳамон вақтеро мегирад, ки шумо аввал барои иҷрои он ҷудо карда будед.
Шумо албатта метавонистед, ки он корро дар як рӯз анҷом диҳед. Вале барои ин шумо як ҳафта ҷудо кардед. Ба гумони ғолиб ҳамон корро шумо дар як ҳафта анҷом хоҳед дод. Таҷрибаи ҳайётӣ бояд шуморо хеле пухта гардонида бошад. Вале дар иҷрои дилхоҳ кор шумо ҳатман ҳолатҳои ғайриинтизор ва форс мажориро ҳам ба инобат бигиред.

⦁ Қонуни Лерман. Ҳама гуна мушкили техникиро дар ҳоли будани пул ва вақт ҳал кардан мумкин аст.
Мушоҳидаи дигари Лерман ҳамин будааст, ки шумо норасоии вақту пулро ҳамеша эҳсос хоҳед кард. Маънии зиндагӣ, дастоварду натиҷаҳои шумо, ояндаи дурахшон ва некуаҳволии шумову хонаводаатон ҳамеша аз ҳамин ду чиз зич алоқаманд хоҳад буд-вақт ва пул. Инро ҳеҷ вақт фаромӯш накунед.

⦁ Ошкоргӯйии Старджон. 90% ҳама чиз — беҳудаву нодаркор аст.
Инро шумо албатта баъди ҷаласаҳо, озмунҳо, баҳсҳо, вохуриҳо, суҳбатҳои телефониву сарироҳӣ ва ҳатто дарсу семинару треннингу машғулиятҳо хуб дарк мекунед. Кори аз ҳама душвор — ёфтану гуфтани фақат ҳамон 10% гапи хуб ва сарфа кардани 90% вақти худ аст, то ба корҳои бефоида наравад. Яъне, агар ба шумо устодатон гуфт, ки 90% кори дипломиии ту гапи беҳуда аст, донед, ки ин нафақат ба дипломи шумо, балки ба ҳама чиз вобаста асту дахл дорад.

⦁ Принсипи Питер. Кормандони масъулиятшинос бо зинаҳои мансаб ба боло рафта, ҳатман ба як сатҳи масъулиятношиносӣ хоҳанд расид.
Ҳамин чиро надониста, мардум шиква мекунанд, ки фалонӣ аввал хуб буд, баъди вазифа гирифтанаш дигар шуд. Бо мо кор мекард, одами хоксор буд, ба дигар ҷову ба болотар рафт, мағрур гашт. Ин татбиқи амалии ҳамин принсип аст. Шумо акнун онро медонед ва пешбинӣ карда метавонед. Дар ҳоли дигар шудани мардуми ҳамкоратон шумо акнун дигар ҳайрон намешавад.

⦁ Қонуни Гамперсон. Эҳтимолияти расидан ба натиҷаи дилхоҳ мутаносибан баракси неруи хоҳиши шумо аст.
Ба ёд оред, ки вақти дер монданатон ба кор ҳатман ё ҳавои чархи мошинатон мебарояд, ё автобусатон вайрон мешавад ё роҳҳо банд ҳастанд ва шумо маҷбур мешавед, ки дар ҳамон ҳолати дер кардану асабоният боз пиёда ба кор расед. Вале мебинед, ки вақти бекории шумо ҳамон автобусҳо аз канори шумо тамоман холӣ гузашта мераванд ва роҳҳо ҳам банду тамба нестанд.

⦁ Қонуни чоруми Финэйгл. Агар кор табъи дил набудаву ноҷо рафта истода бошад, тамоми кӯшишҳо барои росту дуруст кардани он натиҷаи баракс медиҳад.
Шояд барои ҳамин баъзеҳо ба ҳамин андеша ҳастанд, ки нисбат ба дигар кардану иваз кардан, навро сохтан осонтар аст.

⦁ Қонуни сеюми Чизхолм. Мардум пешниҳоду суханони шуморо дигар хел мефаҳманд.
Шумо агар хеле фаҳмо ва дақиқ ҳам сухани худро баён кунед, як-ду касе пайдо мешавад, ки онро ба таври худ мефаҳмад. Ҳамон гунае, ки дар фикри шумо нест ва он ҳатто хилофи ҳамон суханони шумо аст.

⦁ Аксиомаи Кан ва Орбен. Агар дигар ягон чиз кӯмак накард, дастурмалро бихонед.
Мо ҳамеша баъди хато кардан, муваффақ нашудан, ҷазо дидан ва ё мисли ин ба дастурамал ва қоидаву тартибу шартҳои мавҷуда аҳамият медиҳем ва назар мекунем. Ин дар ҳоле аст, ки ҳама кору чизро ҳатман бояд аввал аз дастурашу қоидаашу тартибу шартҳояш сар кунем. Мисли ҷамъоварии мебел ва ҷиҳози дигар.

⦁ Қонуни Оулд ва Канн. Натиҷабахш шудани ҷаласа ба шумораи бештари кормандон ва вақти зиёдтар сарфшуда баракс аст.
Яъне, фикр накунед, ки дар ҷаласа одами зиёд бошад, натиҷаи беҳтар ба даст меояд. Ё фикр накунед, ки агар чор соат ҷаласа оростед, натиҷаи беҳтаринро соҳиб мешавед. Ин тавр нест. Натиҷаи беҳтарин аз шумораи беҳад зиёди кормандони ҷамъшуда ва вақти зиёди сарфшуда вобаста нест. Тибқи қонуни Хендриксон ҳам агар мушкил чанд карат ҷаласаву гирди ҳам омаданро талаб кунад, ҳамон ҷамъшуданҳо муҳимтар гаштаву масъалаи асосӣ ҳалношуда боқӣ мемонад.

⦁ Қонуни мактуб. Ҳамон лаҳзае, ки шумо мактубатонро дар лифофа гузошта, ба қуттии почта партофтед, ҳатман як фикри фаромӯшгашта ба зеҳнатон меояд.
Барои ҳамин аст, ки мо баъзан як мактуб, ариза ё дархост ва шарҳҳро таги кадом маводи интернетӣ чад бор навиштаву кур мекунему иваз мекунему аз нав менависем. Дар таҷрибаи ман ҳазор бор шудааст, ки рекламадиҳанда аввал матнро равон мекунад, ман онро мехонам ва ба ӯ мефристаму аз студия берун мешавам, ҳамин вақт занг зада, мегӯяд, ки фалон рақами телефон ё нишонӣ ва ё ким-чизи дигарро фаромӯш кардаанд ва бояд аз нав хонам…

Қоидаи Макмахон. Муҳим нест, ки шумо дар Интернет чӣ маълумот ё иттилоъро мекобед. Ҳамеша бо ҳамон талаби шумо ба ҳадди камтарин як сомонаи фаҳш пайдо мешавад.
Баъди он ки шумо як мавзуъро кофтед ва ба ҳамин гуна сомонаҳо ворид шудед, дигар ҳамеша ҳамин гуна саҳифаҳои фаҳшо аз пешатон баромадан мегиранд. Ин тарафаш дигар аллакай математика ва зеҳни сунъӣ аст ба гумонам…

Қонуни ҷозибаи интихобӣ. Агар шумо чизеро афтонидед, ҳатман он чиз ҳамон зайле меафтад, ки ба он зарари бештар бирасад.
Ё ба ёд оред, ки чӣ тавр як тангаи шумо аз дастатон афтида, рост ба сурохии миёни тахтаҳои фарши хона ворид мешавад.

Қонуни меҳнати ихтиёрии Зимерги. Одамон ҳамеша вақте мехоҳанд ба ҳамон кор машғул шаванд, ки дигар даркор нест.
Аксаран ҳамин вақт авҷи пушаймонӣ хоҳад буд.

Қоидаи вобастагии тарафайни Ричард. Ҳар чизеро, ки зиёд бекор истодааст, шумо мепартоед. Баъди он, ки партофтед ва ё ба касе додед, дарҳол он чиз ба шумо ҳам даркор ва лозим мешавад.
Шояд бо назардошти ҳамин қоида гузаштагони мо мақоли санҷидашудае доранд, ки «сад рӯз дар бор асту як рӯз дар кор…». Масалан, ман ҳамеша ба ин назар ҳастам, ки ҳар чизе, ки аз ман аст, ҳатто дар ҳоле, ки имрӯз даркор нест, бояд ҳамин чо куҷое истад ва нигоҳдорӣ шавад. Як рӯз ба кор меояд, вале агар имрӯз даркор нашавад, пагоҳ метавонад ба ҳайси нигораи осорхона, ёдоварие аз ман ва мисли ин барои наслҳои оянда хизмат кунад. Ман ҳатто ба ёдатон бошад, аз шумо ва махсусан, аз Марҳабо хоҳиш мекунам, ки ҳатто ҳамон дафтарҳои пуршудаи худро напартофта, ба ман диҳанд. Ман онҳоро чун хотира нигоҳ медорам ва медонам, ки баъди чанд даҳсола барои худатону фарзандонатон хеле ҷолиб, шавқовар ва ҳатто гаронарзишу қиммат мешаванд.

⦁ Қонуни Кидлин. Агар ту тавонӣ, ки мушкилатро мушаххас ва дақиқ нависӣ, пас ту дар роҳи ҳалли дурусти он мушкил ҳастӣ.

Ин монанд ба он аст, ки агар духтур дуруст ташхиc гузошта тавонад, ин аллакай нисфи табобат аст. Надонистани дараҷаи муҳимияти мушкил, надонистани моҳияту сабаби мушкил ҳатман боиси печидатар шудани он ва ҳалнашуда боқӣ мондани он мешавад.

Ин ҳадди охири ин қонунҳо ва тафсири онҳо нест. Онҳоро худатон мустақилона пайдо кунеду хонед ва талош кунед, ки худатон ҳам ҳамин гуна ҳолату рӯйдоду хулосаҳоро фикр кунед ва сабт созед. Барои ин ҳатман бояд китобхону мушоҳидакор бошед.

21-уми феврали соли 2024.
Ва ин ҳоло давом дорад….


Хатоҳои солҳои ҷавонӣ ва таъсири онҳо дар идомаи зиндагӣ

Ман дертар — баъди он, ки ҳамин мавзӯъ дар зеҳнам пайдо гашт, дидам, ки дар Интернет он хеле зиёд матраҳ шудааст. Табиист, ки он дар миёни аудиторияи русзабон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Дар Интернети тоҷикӣ ин гуна баҳсу баррасиҳо дар мавзуоти мухталиф ё нест ва ё тамоман кам аст.
Баъди бозгаштам аз умра дар ҳамин бора амиқтар фикр кардам. Фикр кардам, ки ҳоло чандин кас аз дӯстону шиносу ношиносҳо шояд бо дидану шунидани хабари рафтанам ба умра ба худ ва бо дигарон мегӯяд, ки «ин ҳамон Субҳоне набуд, ки як вақт сигор мекашид? Ин ҳамоне набуд, ки як вақт ин кору он корро мекард…..Ё шояд мегӯянд, ки ман дида будам, ки дар фалон ҷо ҳамин Субҳон фалон корро карда буд ва ё фалон бархурди нохуб ва одату феъли ноҷову норавои ӯро шоҳид будам….»

Шумо ҳам агар дар ҳамин ҳолат афтидед, асло ҳамин гуна таъна накунед, кору гапу амалу ҳаракат ва беҳаракатиҳои нохубро ба ёди ҷониби дигар наоред. Инсон метавонад дар як сония дигар шавад, як ҳодиса ва ё бархурд ва ҳолату амал метавонад зиндагии шахсро комилан дигар кунад, ӯро ба инсони аз худаш як рӯз пештар тамоман мутафовит табдил диҳад. Худованд дар охирин нафас тавбаи инсонҳоро қабул мекунад, инсонро мебахшад, гуноҳу айби ӯро авф мекунад. Ҳеҷ вақт аз раҳмату мағфирати Худованд ноумед шудан лозим нест. Ҳатто агар ҳазор гуноҳ ҳам карда бошед….
Аммо варианти беҳтар ҳамин аст, ки дар солҳои ҷавонӣ талош кунед, ки муртакиби гуноҳу хатои зиёд нашавед, талош кунед, ки айбатон аз назари мардум пӯшида бошад, саъй кунед, ки камбудиҳоятонро мардум надида, ислоҳ кунед, одату феъли бадатонро овоза нашуда, тарк кунед, ҳама амалу ҳаракати худро даҳ бор баркашеду санҷеду фикр кунед, то дар идома пушаймон нашавед ва онро мардумони бесаводу камхираду кутоҳандеш ба рӯятон накашанд…
Ман дар ҳамин мавод талош мекунам, ки чанд хатову гуноҳу кори нохуберо, ки метавонад дар идомаи зиндагӣ номатонро доғдор кунаду обурӯятонро коста гардонад, овардаву шарҳ бидиҳам. Шумо аллакай медонед, ки андешаҳои ман илман асосноку бо андешаи бузургон тақвият дода шуда ҳам набошанд, дар заминаи таҷрибаи зиндагӣ ва кору фаъолияти чандинсола пайдо шудаанд ва мешавад гуфт, ки қариб пурра санҷидашудаву исботгаштаанд. Пешакӣ мақсади худамро ҳам менависам: дар ҷавонӣ ба хатоҳое роҳ надиҳед, ки дар пирӣ аз он афсӯс хӯред, мавриди таънаву масхара ва хандахариши мардум шавед. Даҳони мардумро бастан душвор аст, онҳо ҳатман пеши дигарон дар бораи шумо ва хатоҳои замони ҷавонии шумо мегӯянд, таъна мекунанд, ки «кӣ буд вай? фалону бисмадон буд, фалон кору борро карда буд, фалон вақт фалон ҷинояту гуноҳ карда буд…». Ин дар ҳолест, ки шумо сад бор тавба кардаед, шумо дигар шудед, беҳтар шудед, ислоҳ шудед. Вале мардум аксаран инро фикр намекунанд. Чизеро фаромӯш намекунанд. Балки мекунанд. Корҳои неки шуморо албатта аксаран фаромӯш мекунанд, вале ҳамон як хатои ҷавониятонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Ҳаминро асло фаромӯш накунед!!!

Акнун, хонед, ки кадом хатову амали нохуб ва гуноҳи давраи ҷавонӣ дар идомаи зиндагиатон боиси ҳамин ҳолатҳо  мешавад:

⦁ Хамру шаробу сигору фаҳшу фароғат.

Ҳамаи онҳое, ки сад сол ба ин чизҳо майлу таваҷҷӯҳ кардаанд, як рӯз ҳатман пушаймон шудаанд, бас кардаанд, афсӯс хурдаанд. Инҳо корҳое нестанд, ки ба касе обурӯ ва манфиат оварда бошад. Агар сад сол ҳама дӯстону рафиқонатон аз ҳисоби шумо ҳам ДАМ БИГИРАНД, як вақт ҳатман таъна мекунанд, ки «ту ҳамон майзадаву фосиқу бангиву ҳангӣ будӣ…» Гузашта аз ин ин корҳо ҳатман баракату саломатиии шуморо барбод медиҳад. Пулҳоятон ва ҳатто кони тиллоатон ҳам бехабар дар ин фазову фаҳшо тамом мешавад. Ҳамон гуна, ки ҳатто дарак намеёбед. Шумо агар ҳамин рӯз сигоркаширо бас ҳам кунед, таъсири пурраи он аз ҷисму руҳу равони шумо фақат баъди 5-7 сол меравад. Дар бораи бемориҳои гузарандаву беилоҷу бад ҳам, ки натиҷаи фаҳшу фосиқӣ ва хамр буда метавонад, фикр кунед. Хуб фикр кунед!

⦁ Гапи волидонро нагирифтан ва беэҳтиромӣ кардан ба онҳо.

Наврасӣ ва ҷавонӣ ҳамин гуна айём аст, ки шахс фикр мекунад, аз падараш ҳам боақлтару донотар аст. Вале ин тавр нест. Баъдтар худаш ҳам мефаҳмад, ки он вақт хатоӣ ҷиддӣ дошт. Дуои бади волидон як умр баракатро аз шумо ва оилаи шумо мебарад, рӯйи хушӣ ва шодиро нахоҳед дид. Бо ин чиз бозӣ намекунанд. Ягон кас, ягон чиз ва ягон ҳолат болотар аз волидон, ҳамраҳӣ бо онҳо ва будани онҳо нест, ба ҳузури мубораки волидон ягон чиз баробар намешавад, ин бузургтарин неъмат аст, ин беҳтарин шонс барои некӣ кардан ба онҳо ва гирифтани дуои неки онҳо аст. Агар ҳамсояву хешу табор донист, ки шумо нисбат ба волидонатон бераҳму беэҳтиром будед ва ҳастед, дигар ягон кору амали хайр ва ҳаҷҷу закоту қурбонии шумо наметавонад шуморо соҳибэҳтиром кунад, бароятон баракат ва обу рӯ биорад. Бадбахттарин шахс ҳамоне аст, ки волидонаш аз ӯ розӣ нестанд ва ё норозӣ аз дори дунё рафтаанд.

⦁ Намуди зоҳирии худро тағир додан.

Ин бадтарин кор аст, ки нишони бесаводии одам ҳам аст. Худованд одамро меофарад ва норозӣ будан аз даҳону лабу гӯшу бинӣ, гӯё эътироз ба тасмим ва иродаи Худованд аст. Ин гуноҳи кабира ҳам ҳаст. Шумо фақат талош кунед, ки инсони хуб шавед, беҳтарин ҳусн — ОДОБ ва АХЛОҚи неку шоиста аст. Ҳамаи онҳое, ки дар танаи худ сурату татуировкаву аксу рангу ким-чиҳоро тасвир карданд, ҳатман пушаймон шудаанд. Ин кори мо — мардуми мусалмон нест! Пагоҳ бо танаву дасту по ва панҷаи рангзадаву навиштагӣ ба рӯйи фарзанду набераҳоятон чӣ тавр нигоҳ мекунед?

⦁ Тарки таҳсил ва сабақомӯзӣ.

Донишу саводу сабақ ҳеҷ вақт бефоида нест. Ҳатман даркор мешавад. Беҳтарин сармоягузорӣ ин барои илму дониш ва маърифат аст. Орзӯҳои волидонатонро амалӣ кунед, хонед ва таҷриба гиред. Тарки дарсу сабақу таҷриба албатта пушаймонӣ меорад. Баъд дер мешавад. шумо вақтро баргардонида наметавонед. Талош кунед, ки дар тӯли солҳои ҷавонӣ чанд касбу ихтисосу сертификат бигиред, китоби бештар хонед, маълумоти заруриро азёд кунед, таҷрибаомузии зиёд дошта бошед… Шахсан ман вақте мебинам, ки шумо ба китобу донишу сураву намозу Қуръонро таваҷҷӯҳи камтар доред, зиқ мешавам, нигарон мешавам. Нашавад, ки пагоҳ сари гӯри ман мулло баред, ки оят хонад ((((. Ҳар рӯз бештар аз як соат барои омӯзиш ва китоб сарф кунед агар, муҳимтарин сабақро хоҳед гирифт ва беҳтарин шахс хоҳед шуд.

⦁ Худхоҳу мағруру нописанд будан

Ман мушоҳида мекунам, ки аксаран давраи гузариши наврасону ҷавонон дуру дароз давом мекунад. Ин ба назари ман бо сабаби бесаводӣ ва камсаводӣ аст. Ҳар қадар шахс босавод ва бомаърифат бошад, ҳамон қадар тезтар хатову гуноҳу худро дарк мекунад, ҳамон қадар зудтар ислоҳ мешавад ва беҳтар мегардад. Шумо шояд имрӯз дарк накунед, ки ҳамсолони шумо, махсусан онҳое, ки волидони пулдор ва мақомдор доранд, аксаран худхоҳу мағруру нописанд ҳастанд. Эҳтироми дигаронро аслан ба ҷо намеоранд, фикр мекунанд, фақат худашон беҳтар ва фарқкунанда ҳастанд. Ин фардо ҳатман ҷавобгарӣ ва аксуламал дорад. Аз наврасӣ ва ҷавонӣ талош кунед, ки ба ҷашми мардум бад нарасед, кору амали беақлона накунед. Ҳатто шумо талош кунед, ки рафиқу дӯсту шиноси ҳамин гуна шахсон ҳам нашавед.

⦁ Дуздӣ. Ғорат. Роҳзанӣ.

Дар зиндагӣ ҳолату лаҳзаҳое мешавад, ки шахс ба чизе шадидан ниёз пайдо мекунад, аз пеши роҳаш пули зиёд ва ё тилову танга мебарояд, ки ҳатман аз касе ҳаст, рӯ ба рӯйи ҳолатҳое қарор мегирад, ки як ҳаракати ноҷо дар идома обурӯяшро мерезонад ва аз боварии мардум ӯро берун мекунад. Сад сол пас таънаатон мекунанд, ки «фалонӣ дар вақти донишҷӯиаш аз хонаи мо пул дуздида буд» ё «фалон ашёи маро гирифту барнагардонид…» Роҳҳои дигари қонунӣ ва дурустро кофтаву пайдо бояд кард. Пештар аз ҳамин гуна ҳолатҳо сад бор бояд фикр кард. Гурусна гаштан аз таънасор шудан сад бор беҳтар аст. Худо нахоста дастгир шудан, ба милиса афтидан, ҷаримаву ҳабс шудан агар иттифоқ уфтад, ин ба чанд пушататон доғ меорад. Бо мо як вақт як кампираки руси муҳосиб кор мекард, ки шояд қариб ҳафтодсола буд. Ман шунида будам, ки дар ҷавониаш бо ҷурми азхудкунии пулҳои давлат ҳабс шуда будааст. Ман шояд худам хислати на он қадар хуб доштам ё шояд ҳама ҳамин гуна бархурд мекард, ки ба ӯ тамоман боварӣ надоштам. Ва шубҳаҳоям баъзан дуруст мебаромад. Одати нохубро баъзан тарк кардан муҳол аст. Яъне, ҳамон хатои он кампирак дар ҷавониаш маро маҷбур мекард, ки аз ӯ фосила гирам ва ҳатто ба гапҳояш бовар накунам, чун медонистам ки бо ҷурми қаллобӣ як вақт суд шудааст…

⦁ Ошиқиҳо ва дӯстдориҳои беақлонаву сар-сарӣ

Дар ҷавонӣ шахс фикр мекунад, ки дӯстдоштаи ӯ беҳтарин ва зеботарин шахс аст ва дигар аз ӯ беҳтар пайдо намешавад. Баъзеҳо аз хона баромада мераванд, баъзеҳо бо занони аз худ калонтаре издивоҷ мекунанд ва ҳатто кӯдакдор мешаванд, баъзеҳо барои кадом дӯстдоштаашон сад бор оби дидаи волидонашонро ба рӯяш мекашанад… Ҳамаи ин албатта пушаймонӣ дорад ва ҳатто ҷавобгарӣ ҳам…Ошиқ шудан мумкин аст, аммо пурра ақл бохтан, гапи ҳамаро инкор кардан, дигаронро нописандӣ кардан, интихоби ҳамаро рад кардан, тавсияҳоро нашунидан, беақлона рафтор кардан мумкин нест, дуруст нест, қабул нест, хуб нест…

⦁ Аз кору таҷрибаандӯзӣ гурехтан

Вақте ки калонтаре, волидонатон масалан, хостанд, ки дар вақти берун аз дарс фалон кору машғулиятро анҷом бидиҳӣ, рад кардан кори дуруст нест. Шояд он кор пули ночиз дорад, душвор аст, бароятон нав ва мушкил аст, вале ба ҳар сурат таҷрибаи хубе мешавад, ки дар идома даркор мешавад. Якчанд ҳунар доштан, камоли боақлӣ аст. Маълум аст, ки шумо то охири ҳайёт шояд дар онҷо кор накунед. Таҷриба гирифтан, шиносҳои нав ёфтан, як кору машғулияитро аз худ кардан, ба реҷаи корӣ, маҷлис ва нишастҳои корӣ одат кардан, ҳатман шуморо беҳтар мекунад, ба қавли мардум ОДАМ мекунад. Баҳонаҷуйи кардан, коргурез будан, худро воҳима тарошидан, нозу бозор кардан, бе маълумоту таҷриба ва дониши кофӣ кори сердаромаде талаб кардан.. ҳамон чизҳое аст, ки ҳатман баъдтар пушаймонӣ меорад. Одати бади дигар ҳамин аст, ки ҳамсолони шумо баъзан дар чанд соли ҷавонии худ даҳҳо ҷойи кориро чарх мезананд, дар ягон ҷо кори зиёд намекунанд, дер намепоянд. Ин агар барои кофтану ёфтани худ аст, шояд бад набошад, вале агар аз феъли бадатон бошад, ҳатман дар оянда пушаймонӣ меорад, чун умратон-қимматтарин чиз бефоида ва дар дар ба дарӣ мегузарад…

⦁ Дар ҳолати ногувор мондани азизтарин касон, наздиктарин шахсон

Ин албатта кори баде аст, ки агар ҳатто як бор ҳам шумо онро анҷом додаед, аз ёди дигарон намеравад. Шумо бо гузашти вақт дигар ва беҳтар мешавед, вале гапи мардуми шиносу ношинос мемонад. Гузашта аз ин боварии дигаронро нисбат ба худатон аз даст медиҳед. Ба ин ҳолатро мисоли зиёд овардан мумкин аст. Масалан, шумо пули касеро гирифта барнамегардонед, ҷойи кории касеро мегиред, сири касеро фош мекунед, касеро бадгӯйӣ мекунед, чизеро гирифта барнамегардонед, нопурсида кадом ашёеро мегиреду намеоред, ба кадом хешу табори дуру наздик сухани ноҷо мегӯед, изҳори муҳаббати нодуруст ва нораво мекунед ва мисли ҳамин…

⦁ Ба кору бор ва машғулияти дигари дӯстдоштаатон сахт дода мешавед, ки ҳамаро фаромӯш мекунед

Корро дӯст доштан бад нест, вале ягон кору бор ва вазифа набояд болотар аз оила ва волидону хешони наздик ва фарзандони падар бошад. Намеарзад. Барои кор, пул, шиносоӣ бо дигарон, дӯстоне, ки ҳоло намедонед вафодоранд ё не, намеарзад, ки азизтарин шахсонатонро инкор кунед, фаромӯш кунед ва дар мақоми поинтар аз онҳо гузоред. Саломатиатонро ҳеҷ вақт фаромӯш накунед. Кам роҳбару корфармое ҳаст, ки саломатии шумо барояш аҳамият дорад. Аксарияташ парвои шуморо надоранд. Талош кунед, ки бемориҳои музминро аз ҷавонӣ то пириатон набаред…

⦁ Побанди андешаҳои бегона ва дигарон шудан

Андешаи худро надоштан ва побанди андешаи дигарон шудан — нишони бесаводӣ ва камсаводӣ аст. Рост аст, ки андешаҳои дигаронро агар даркориву зарур ва дурусту санҷидашуда ҳастанд, бояд гӯш кард, ба инобат гирифт, вале фақат побанд шудан, тақлид кардан, таасуби бештар кардан — кори хубе нест. Он ҳатман як рӯз пушаймонӣ меорад. Кӯшиш кунед, ки худатон қарорҳои дуруст қабул карда тавонед, интихоби дуруст кунед ва тасмимҳои оқилона бигиред. Ин ҳолат баъзан боиси он мешавад, ки шумо (риск) таваккалҳои нодуруст кунед ва дар ҳолати ногувор ва мушкил афтед.

⦁ Таҷрибаи калонсолони авлодро наандӯхтан, саволу пурсишҳоро сари вақт надодан

Шояд ягон муаллим он чизеро, ки падар ё бобоятон бароятон нақл мекунад ва тавсияеро, ки дар заминаи таҷрибааш ӯ бароятон медиҳад, гуфтаву дода натавонад. Як вақт инро мефаҳмед, ки онҳо дар қайди ҳайёт нестанд ва ё мадору ҳавсалаи гуфтану нақл бо шуморо надоранд. Фаромӯш накунед, ки ҳоло аксарият номи бобокалони худро намедонанд, аз куҷо будани волидону бобоҳои худро ёд надоранд. Барои он, ки дар вақташ инро напурсидаанд, дақиқ накардаанд, сабт накардаанд, мушаххас насохтаанд. Агар фаросату ақлу заковат ва хирад ҳаст, шумо он вақт бо гузашти солҳо ҳатман пушаймон мешавед, ки чаро шаҷараи худро намедонед, чаро фалон чиро дар вақти зинда будани бобокалонатон мушаххас накардед, чаро дар бораи авлоди худ кам чизеро медонед ва мисли ин…

⦁ Танзим накардани хароҷот ва идораи даромади худ

Як дӯсти ман нақл кард, ки замони ҷавониву донишҷӯиаш бо тавсия ва дастгирии як хеши сарватмандашон дар ким-кадом тарабхонаи шабона кор мекардааст. Онҷо ҳам мардум меомадаанд, ҳам тӯй баргузор мешудааст ва ҳам нуқтаҳои фароғату дилхушии зиёде доштааст. Нақл мекунад, ки ман дар як шаб онҷо бештар аз 400 доллари амрикоӣ меёфтам. Илова ба маош даромади ҷорӣ ҳам онҷо будааст. Масалан, фақат аз машруботи аз тӯй боқимонда ва фуруши онҳо чандсад доллар меёфтааст. Ҳамон вақт якхонагӣ дар маркази пойтахт то 1000 доллари амрикоӣ нарх доштааст. Ягон бор дар фикраш намеояд, ки ақалан барои худаш як хонаи як ҳуҷрадор бихарад. Ҳамон дӯсти ман бо ҳамсар ва чанд фарзандаш чандин сол дар манзили иҷора зист ва аз он харҷҳои беҳудааш дар ҷавонӣ ҳазор бор пушаймон буд. Дигар он замон такрор намешавад, дигар он хешашон пулдору ресторандор нест, дигар сад доллари амрикоӣ мисли он солҳо 25 сомонӣ арзиш надорад…

⦁ Булҳавасӣ

Булҳавасӣ — беморӣ аст ба назари ман. Ягон ҷойи таъриф надорад, ки шумо дар ҳар маҳаллаи шаҳр як ду дӯстдоштаву арӯсу шиносдухтар доред. Дили касеро шикастан ва касеро фиреб кардан — агар ҳоло ба назари шумо чизи муқаррарӣ аст, фардо пушаймонӣ ва нороҳатӣ меорад. Бо калонтар шудани духтари худатон шумо аз ин одати даврони ҷавониатон сад бор афсӯс хоҳед хурд, ҳатман дилатонро тарсу ҳарос ва нигаронӣ фаро мегирад…

Акнун биёед дар бораи он нависам, ки чаро бо донистани ҳамин чиз, бо хонадани ҳамин мавзӯъ аз Интернет ва бо шунидани қиссаҳои пушаймонии мардумон ҳам — ин барои баъзеҳо дарс намешавад, мо ислоҳ намешавем, дигар намешавем ва мисли ин? Чаро?

Сабаби аввал ин аст, ки надоштани таҷриба ва дониши кофӣ кори худро мекунад. Шумо намедонед ва боз намедонед, ки намедонед. Ин ҳатто хафнок ҳам ҳаст. Ҷавон ба таҷрибаи худ такя мекунад, эҳсоси худро контрол карда наметавонад, ба гапи ҷӯрааш мераваду ҳатто волидонашро инкор мекунад, қарори дуруст қабул карда наметавонад ва мисли ин, ки ҳатман дар оянда пушаймонӣ меорад…
Сабаби дуюм ин аст, ки ҷавон ки донишу таҷрибаи камтар ва нокифоя дорад, зери таъсири ҳамсолони худ ва ҷӯраҳои ба сину сол калонтари худ мемонад. Ҳоло мардуми ҷавон аксаран зери таъсири наворҳои интернетӣ ва насиҳатгарону тренерони интернетӣ мемонанд.
Сабаби сеюми ин ҳолат ҳамин аст, ки наврас ва ҷавон қобилияти муқоиса, назари интиқодӣ ва таҳлили дуруст ва амиқро надорад. Ё агар ин корро анҷом диҳад ҳам, ҳамаро нодуруст мекунад ва роҳи худро ба сердаргумӣ ва бунбаст ҳамвор мекунад.

Ин хатоҳо дар даврони ҷавонӣ чанд оқибати ногувор дошта метавонанд:

⦁ Муносибати шуморо бо волидону наздикон бад мекунанду печидатар месозанд;
⦁ Шуморо ба ҳолати бунбаст, ногувор ва ҳатто ҷиноят мебаранд;
⦁ Саломатии шуморо харобу бад мекунанд, осеби равонӣ ва рӯҳӣ бароятон мерасонанд;
⦁ Асабҳои шуморо нороҳату вайрон мекунанд, замина барои бемориҳои музмин мешаванд, бовариатон аз даст меравад, наздикону атрофиёни шуморо аз шумо ноумед ва дур месозанд;
⦁ Вазъи молиявии шуморо бад мекунанд, шуморо қарздору кору бор ва ҳатто зиндагиатонро бебаракат мекунанд;

Барои он ки дар ҷавониҳоятон ҳамин гуна хатои ҷиддӣ ва нобахшиданиро анҷом надиҳеду содир накунед, чанд кору амали содаро анҷом бидиҳед:

⦁ Маслиҳат ва дуои волидон ва азизтарин касонро бигиред;
⦁ Масъулиятшинос шавед, мушкилатонро худатон фавран ва кӯҳна нашуда ҳал кунед;
⦁ Ҳар қадаматонро амиқ андешида гузоред, ҳар тасмиматонро фикр кунеду санҷеду хулосаи дуруст бароред;
⦁ Чанд одати хубро ҳамеша пайгирӣ кунед — сарфакор шавед, пул ҷамъ карданро таҷриба кунед, фавран ва беандеша қарор қабул накунед, хатои худро дарҳол ислоҳ кунед, узр пурсед ва аз ин коратон шарм накунед;

Хулоса, инсон бе хатову бе гуноҳ нест. Муҳим дарки онҳо, ислоҳи фаврии онҳо ва такрор накардани онҳо аст. Шумо худатон ҳеҷ вақт касеро барои кадом амалу беамалӣ ва гуноҳу хатои ҷавониаш таъна накунед ва онро ба ёдаш наоред. Рафтору амал ва бархурди мардона доштан, ҳамеша дар мӯд аст ва ҳатман натиҷаҳои беҳтару хубтар меорад. Маълум аст, ки ягон чиз умрбод пинҳону мастур ва нокушода боқӣ намемонад. Аз ин рӯ талош кунед, ки хатои ҷиддиро (махсусан) дар тӯли солҳои ҷавонӣ содир накунед, то дар миёнсолӣ ва пирӣ мавриди таҳқиру таъна ва маломати мардуми шиносу ношинос қарор нагиред.

12 -уми апрели 2024
Ва ин ҳоло давом дорад…
­­­­­_______________________________________________________________________________________________________

Дарди кӯҳнаи хабаркашии занҳо ва чанд тавсия барои занону духтарон

Тахмин мекунам, ки занҳо ва одати хабаркашии онҳо ба қавли мардум аз замони Нуҳи Набӣ будааст. Ҳароина ин гуруҳ аз руйи хусусиятҳои инфиродиву зотии худ бештар ба гапу хабару ғайбату сифат моил ҳастанд. Барои авҷи ин кор чанд омили дигар мисли ҳамсояҳо, хешу табор, наздикони ҳамфикр ва монанди ин мусоидат мекунанд. Тахмини дигари ман ин аст, ки аксарияти занҳо то кадом андоза хавф доштани ҳамин одати бади худро намедонанд. Яъне, тасаввур намекунанд, ки як хабари дуруғ, як гапи нодуруст ва паҳн кардани як иттилои бемаънӣ, беманбаъ ва асос надошта чӣ оқибатҳои фоҷиаборе дошта метавонад. Пешакӣ бояд гғям, ки мо инҷо тамоми занҳоро дар назар надорем. Ҳамон вақт ва ин вақт ҳам занҳои боимон, бофарҳанг, боақлу босавод ва масъулиятшинос буданду ҳастанд. Шояд камтар, вале ба ҳар сурат ҳастанд…

Асри нав ва навовариҳои илмиву техникӣ акнун дасти ин гуруҳи занони камсавод ва фориғболу бепарворо дарозтар кардааст. Дигар бе доштани саводи расонаӣ, бе донистани роҳи санҷиши хабар, бе мушаххаскунии манбаъи иттилоъ ва бе донистани оқибатҳои шарик сохтани иттилоъ, хабар, навор ва умуман, контенти бегона ҳам ин гурӯҳи занон тариқи смартфонҳое, ки шояд баъзан аз як қисми онҳо ҳушмандтар бошад, шабонарӯзӣ дар режими онлайн ба «ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарду паҳн сохтан» -и иттилоъ машғуланд. Надоштани саводи одии расонаӣ дар ин самт корро хеле мушкил ва печида кардааст. Хислат ва хулқи ин гуруҳи алоҳидаи занон дар омехтагӣ бо дастовардҳои илму техникаи муосир вазъро ба ҳадде печидатару ваҳимтар сохтааст, ки ба қавли момаи Иззатмоҳ, «илоҳи тоба»…

Як мисоли воқеъӣ. Падари ман дар Душанбе, маҳаллаи маъруф ба Нагорный як духтари хола дорад, ки солаш ба гумонам аз 75 боло аст. Ман ҳар вақте ки фурсати мувофиқ пайдо кардам барои чанд дақиқа ба аёдаташ меравам, сӯҳбат мекунам ва дуояшро мегирам. Чанд карат ҳамсар ва фарзандонамро ҳам бурда будам. Кадом вақт ман бо ҳамин ният ба тангкӯчаи онҳо ворид шуда, мошинро пеши мағоза гузоштам, то ки дастовезе бо худ бигирам. Ким-чизе харидам ва ба мошин шиштаву ба аёдати он хеши падарам рафтам. бегоҳ вақте ки ба хона баргаштам ҳамсарам (ҳарчанд бояд намегуфт, вале…) гуфт, ки ким-кадом хеши онҳо, ки зан буд, маро онҷо дидааст ва рақами ҳамсари маро аз куҷое ёфтаву хабар кашидааст, ки «шӯят аз магазини пеши хонаи мо ҳарчӣ харид куҷое рафт…Шояд дар ҳамон болоҳо зан дорад….» Тасаввур мекунед…? Агар ҳамсари ман намедонист, ки гап дар бораи кӣ меравад, агар онҷо ягон бор ҳамроҳи ман намерафт, тамом, шубҳаву гумону рашку тов сар мешуд…Ва шояд таъқибу таҳдид ҳам… Камбудӣ ва хатои ман ҳамин буд, ки ман бояд вохӯриро бо он занак исрор мекардам ва мефаҳмонидам ба ӯ, ки ҳамин одаташро бас кунад. Ин варианти беҳтарин нест, бо ин тартиб як рӯз ҳатман ҳам хонаи касеро вайрон мекунад ва ҳам ба зиндагиву муносиботи худаш халал ворид месозад. Ҳама мисли мо «бачаи нағз» нест, ки хомӯшу ором бишинад…

Ман шунида будам, ки ронандаи таксие бо нақли сафари кадом мизоҷ қариб хонаи ӯро вайрон карда буд, шахсе бо дидану овоза кардани меҳмонии марди шиносаш ба хонаи ҳамсояи онҳо, ба сари ӯ бало оварда буд, фурӯшандае аз бозор бо ба ҳамсари аввал нақл кардани як ароба хариди шавҳари ӯ, тамоми зиндагӣ ва оромии як марди бечораро барои ҳамеша барҳам зада буд, зане бо дидани зани дигаре дар мошини шавҳари дугонааш, боиси рашку тобу ҷанҷоли оилавии онҳо шуда буд ва ҳатто пешниҳод карда буд, ки аз шавҳараш ҷудо шавад ва ӯ барояш шавҳари бой пайдо мекунад….

Ҳамаи инро мефаҳмиву мебиниву мешунавӣ ва бештар нороҳат ва ғамгин мешавӣ. Чаро чунин аст? Кай ин мардум боақлу бофаросат мешаванд? Кай оқибати кору амал ва гапу хабару овозаи худро дарк мекунанд? Кай мусулмон ва боимон мешаванд? Ба қавли бобои Одина «ба кӣ бугум?…»
Биёед аввалтар аз ҳама чанд омил ва сабаби ин ҳолатро ба ёд орем. Чаро баъзе занон хабаркашу гапчину ҳангомаҷӯ мешаванд?

⦁ Дониши дунявӣ, динӣ, замонавӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ….надоранд;
⦁ Қудрати тахмин кардани оқибати кору амал ва ҳаракати худро надоранд;
⦁ Бекоранд ва барои ҳангома, овоза, гапу хабари росту дурӯғ вақти бештар ва хоҳиши фаровон доранд;
⦁ Филмҳои дуру дарози туркӣ ва бегона то ин ҳад ба онҳо таъсир доштааст, ки дигар зиндагии воқеъии тоҷикиро аз зиндагии сохтаи филмҳои бегона фарқ карда наметавонанд;
⦁ Ин гурӯҳи занҳо бо доштани телефон, интернет ва чанд таҷҳизоти дигари навтар имкони сӯҳбатҳои бештарро бо наздикону пайвандонашон пайдо карданд ва мехоҳанд дар ҳар сӯҳбат чизи навтаре пайдо кардаву дар миён гузоранд;
⦁ Ин гуруҳи занон асосан дугонабозу сергапу нисбат ба ҳамсарон нофармон, саркаш ва беэътимод ҳастанд.
⦁ Бекории мардон ва кампулии онҳо, рафтан ба муҳоҷирати кориву набудани онҳо дар кишвар боис шудааст, ки баъзе аз ҳамсарони онҳо мағрур, худписанд, иззатталаб ва нофармон шаванд;
⦁ Фазои озодтару назорати камтар баъзеҳоро хабаркаш, гурӯҳи дигарро буз, гурӯҳи сеюмро гапчину иғвогар кардааст;

Инро метавон давом дод. Дар зер бояд ба баъзе нуктаҳои дигар дар доираи ҳамин банд дахл хоҳем кард. Дар омади гап бояд гуфт, ки дар идораву коргоҳҳо ҳам ҳарчанд инкор карда намешавад, ки мардҳои занфеълу хабаркашу фитнаандоз нестанд, вале аксаран гапу хабар ва овозаҳоро занону духтарони бекору камкору фитнагар мепарокананд. Ин гурӯҳи мардум табиатан «актёр ва актриса» мешаванд, ки исботи ҳамин ҷурм ва гуноҳашон кори ҳар муфаттиш нест…
Агар як гурӯҳи мардум хабаркашиву фитна ва овозаҳоро ба манфиати худ ва барои расидан ба кадом кору ҳадаф анҷом бидиҳанд, гурӯҳи дигар ин корро аз рӯйи «муқтазои табиаташон», ҳамту ё «просто так» мекунанд. Баъзеҳо аз ин корашон ҳаловат мебаранд, баъзеҳо бо ин амал қасос ва қасди худро аз дигарон гирифтанӣ мешаванд…

Хулоса, ин гуруҳи мардуми камфаҳмро бо ҳадафу беҳадафиашон мешавад ба гуруҳҳои алоҳидаву ҷудогонаву фарқкунанда тақсим кард…

Акнун кӯтоҳ хоҳем гуфт, ки бо ҳамин гурӯҳи хабаркашҳои коргоҳӣ чӣ бояд кард?

⦁ Ба онҳо бояд тамоман наздик нашуд, робита накард ва ҳатто онҳоро игнор ё сарфи назар кард;
⦁ Талош кард, ки дар бораи шумо онҳо ҳарчӣ маълумот ва иттилои камтар дошта бошанд;
⦁ пеши онҳо дар ягон мавзӯи ҷиддӣ, корӣ, шахсӣ ва мисли ин бояд андешатонро нагӯед;
⦁ Дар ҳузури онҳо касеро на таъриф кунед ва на танқид;
⦁ То ҳадди имкон нагузоред, ки онҳо пеши шумо гапу хабари росту дурӯғи фаҳмидаи худро бо чизе аз худ зам кардан ба он нақл кунанд;
⦁ Бо ягон роҳ ба ӯ фаҳмонед, ки шумо хабаркашу бузу фитнагар нестед ва намехостед, ки ӯро ба ҳамин гуна фитнаҳову схемаҳои нохуб ҳамроҳ кунед ва бовар кунед, ки ӯ ҳамин мавқеъи шуморо хуб дарк кардааст;

Дар омодаги гап бояд иқрор шуд, ки барои марди зандор дар аксарияти маврид душмани асосӣ ва хеле хавфнокаш — ҲАМСАРАШ аст. Бовар кунед. Кӣ дигар ин қадар иттилоъ дар бораи шумо медонад, кӣ тамоми асрори шуморо медонад, кӣ дар бораи нақшаву ниятҳои шумо дарак дорад, кӣ ҷойҳои сусту заифи шуморо медонад? Кӣ? Касе зиёдтар ва беҳтар аз ҳамсаратон намедонад!!!
Барои ҳамин талош кунед, ки аввалтар аз ҳама хулқу хислат ва одату рафтори ҳамсаратонро ҳанӯз пештар аз никоҳ омӯзед, фаҳмед, дарк кунед ва донед. Ва баъди ҳатто бо ошиқиву дӯстдорӣ оиладор шудан ҳам ба ин тавсияҳо ҷиддӣ таваҷҷӯҳ кунед;

⦁ Шарт нест, ки ҳама чизи имрӯз дидаву шунидатонро ба хона оварда, ба ҳамсаратон нақл кунед;
⦁ Шарт нест, ки дар бораи кору бор, нақшаву ният ва тарҳҳои ояндаи шумо ҳамсаратон маълумоти пурра дошта бошад;
⦁ Пеши ҳамсаратон ягон хато, гуноҳ ва айби дӯстону ҳамкорон ва худиву бегонаро нақл накунед ва нагӯед;
⦁ Дар бораи наздикону пайвандони ӯ, ҳамсару шаҳвари онҳо, кору бор ва тарзи зиндагии онҳо ҳам шарт нест, ки пурседу донеду нақл кунед;
⦁ Даромад, маош, маблағҳои иловагӣ ва ҷойҳои дигари кории худро шарт нест, ки пурра фош кунеду нақл кунеду ба ҳамсаратон нишон диҳед;
⦁ Ба воситаи ҳамсаратон гапу хабари ҳамсоя ва мардуми гирду атрофро ҷамъ накунед, напурсед тавзеҳ надиҳед; нагузоред, ки дар бораи дигарон нақл кунад, муқоиса кунд ва касеро танқиду таъриф созад;
⦁ Дар назари фарзандон ҳамсари худро бад, бесавод, нодон ва беэътимод нишон надиҳед. Ин варианти тамоман нодуруст аст; Ва ҳам нагузоред, ки ӯ низ пеши фарзандон шуморо баду нохуб нагӯяд;

Ман шояд каме дуртар рафтам аз мавзӯйи асосӣ. Бармегардам. Мо дар бораи занҳои бекори хабаркашу фитнагар сӯҳбат дорем. Кор ҳоло то ин ҳад печидаву вайрон аст, ки келин ва хушдоман метавонанд «иттиҳод» карда, хусурро мавриди назорат ва таъқид қарор бидиҳанд, метавонанд тамоми СМС, зангҳои даромаду баромад ва саҳифаҳои иҷтимоии теҳти назораву истифодаи ӯро таку рӯ кунанд, сурату иттилои барои худашон «зарурӣ»-ро куҷое ҳифз кунанд. Барои ин фақат кофӣ аст, ки шуморо хоб барад ва бо истифодаи як дурӯғ телефон, компютер, мошин, киссаҳо, ҳамён, сумкаву папка ва ҳар куҷойи шуморо «санҷишу тафтиш» кунанд. Боз ҳам барои ин агар кадом шубҳае ва гумоне дошта бошанд, кор тамоман расво мешавад. Ин гуруҳ бадтарин гурӯҳи занон ҳастанд, ки дуртар будан аз онҳо беҳтар аст. Тасаввур кунед, агар зан дониши кофии динӣ надошта бошад ва дар мавриди пӯшида нигоҳ доштани асрори мард надонад ва ё онро риоя накунад, пас он чӣ гуна зан аст? Мешавад, ки дар идомаи зиндагӣ ба ӯ эътимод баст? Не, албатта! Ё тасаввур кунед, ки зан аз равоншиносӣ бехабар бошад, оқибати кору амал ва беамалии худро тахмин карда натавонад, дар хурдтарин ҷанҷол аз бадтарин шева кор бигирад, барои ҳалли мушкилоти ҳардуятон тамоми авлодашро хабардору муттаҳиду ҷамъу сафарбар кунад, оё мумкин аст, ки ба ӯ эътимод кунӣ, бовар дошта бошӣ, такя кунӣ? Не, албатта! Зане, ки камбудии шуморо ба ҳамсояву хешу дуру наздик фош мекунад, зане, ки аз болои шумо ба коргоҳ шикояткунӣ меояд (дар ҳоле, ки ду рӯз пас шояд мушкилатон рафъ мешавад ва боз шумо бо ҳам меоед!), магар метавонад, сазовори номи пуршарафи ҲАМСАР бошад? Не, албатта!

Ҳамаи он чизе, ки болотар гуфтам, таҳлили амиқ, санҷиши дуруст ва вақти омӯзиши бештар мехоҳад. Лекин ин корро шумо то ҳадди тавон пеш аз оиладорӣ ва дар солу моҳҳои авали оиладорӣ анҷом бидиҳед. Рост аст, ки баъзеҳоро дар бист солу сӣ сол ҳам шинохта намешавад, вале ба ҳар сурат «илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ» гуфтаанд, ки комилан дуруст аст…Боз ҳам ёдрас мешавам, ки ин ба ҳамаи занҳо баробар дахл надорад!!!!

Мушоҳидаи дигари ман ин аст, ки дар қатори занҳои бекори лаби об, асосан занҳое, ки корҳои содаву сабук доранд, вазифаву мақоми пасттару поинтар доранд, дар коргоҳҳое кор мекунанд, ки барои ҷалби корманд онҷо кастингу имтиҳону таҳлил ва интихоби ҷиддӣ нест, хабаркашу иғвогару фитнаангез ва гапчин мешаванд. Ман ягон омори расмӣ ва далели санҷидашуда дар даст надорам, вале тахмин мекунам, ки ба ин гурӯҳи коргоҳу идораҳо — боғчаҳои бачагона, дармонгоҳу беморхонаҳо, нуктаҳои хизматрасонӣ, мағозаҳо, идораҳои муҳосибот, мактабҳо, Радио ва ТВ, меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо ва мисли ин ворид мешаванд. Ин ҳамон нуқтаҳоест, ки рафтуойи мардум ба онҷо зиёд аст, яъне гапу хабар ҳам метавонад зиёд бошад. Ман дар ҳамин ҷой чанд тавсия ва маслиҳатро барои ҳамин гуруҳи мардум меорам ва бо умед мешавам, ки як вақт ба дарки он хоҳанд рафт. Ҳарчанд бозтарбия кардани шахсе (зане), ки сиву чилу панҷоҳ сола аст, хеле душвор ва шояд дар аксарияти ҳолат номумкин бошад. Вале ба ҳар сурат:

⦁ Касеро агар дар истироҳатгоҳ шинохтед ва дарк кардед, ки бо ҳамсари худаш ба онҷо наомадааст, овозаву дарвоза накунед, шарт нест, ки инро ҳама фаҳмад. Шумо ҳатто талаботи кориатонро ҳам бо ин коратон вайрон мекунед;
⦁ Дидед, ки касе аз боғчаи кӯдаконае, ки шумо кор мекунед, тифлеро гирифт, даррав ба тамоми мардуми ҳамкор овоза накунед ва тахминҳои росту дурӯғи худро ба онҳо таҳмил насозед;
⦁ Ба таксии шумо агар касе аз шиносҳои шумо ва ҳамсаратон бо зан ё духтар ё тифле нишаст, шарт нест, фавран ба хонаатон занг зада тафсилоти онро ба ҳамсаратон қисса кунед. Ва комилан нукта ба нукта хабар бикашед, ки ӯро аз куҷо ба мошинатон нишондаву то куҷо овардед? Тасаввур кунед, ки шумо ҳам пули ӯро гирифтед, яъне нони ӯро хӯрдед ва ҳам ба намакдонаш туф кардед. Инро дигар хел шарҳ дода намешавад;
⦁ Шарт нест, ки агар касе аз чеҳраҳои машҳур, шиноси шумо ва ҳамсаратон, ҳамсояи пешинатон, ҳамкоратон ва ё каси дигаре ба назди шумо барои гузаронидани сӯзандору омада бошаду шумо дарҳол овоза кунеду ба сад каси дигар хабар расонед, ки гӯё вай кадом бемории вазнин ва безебе дорад. Ва шарт нест, ки умуман ба каси дигар гӯед, ки фалониро дар пеши фалон табиб ё духтур дидед! Шарт нест ин гапро овоза кунед. Ин кирои овозаву дарвоза нест. Чун тани гарм бе дард нест ва ин ҳаққи ҳамон кас аст, ки ба назди духтур омадааст то табобат гирад;
⦁ Шарт нест, ки ба хонаи ҳамсоя омадани каси шиносатонро, ҳамкори ҳамсаратонро, хешу табори наздику дуратонро ба тамоми авлод овоза кунед; Мардум рафтуо доранд, бо дигарон дар муносибатанд, сари кадом идея ва мақсаде муттаҳид мешаванд. Ин бояд кори шумо набошад ва шуморо ба ташвиш ҳам наорад, чун ки агар кори ғайриқонунӣ мекунанд, ин вазифаи мақомот аст, ки онро пешгирӣ кунад ва ё агар кори маҳрамонае доранд, чун ду каси болиғанд, дигар тасмиму хоҳиши худашон аст ин;
⦁ Бо мошин дар кӯчаи шумо пайдо шудани шиноси дур, хешу табори худу ҳамсаратон, корманди собиқ ва имрӯзаатон ва ё каси дигаре бояд шуморо барои овозапароканӣ таҳрик надиҳад. Шумо ҳатто вақти аз канораш рад шудан ҳам напурсед, ки «инҷо чӣ кор мекунӣ?» Ин ҳаққи аст, ӯ озод ва соҳибихтиёр аст ва метавонад бо мошину бемошин дар ҳар кӯча ва ҳар куҷое, ки манъ нашудааст, пайдо шавад ва ҳар қадаре хост берун аз мошин ва дар даруни мошинаш бишинад; Шарт нест аз бекорӣ ба тамоми шиносу наздики дигар занг зада, ҳамин ҳолатро нақл кунеду мошини ӯро акс гирифта, ба дигарон шарик созед. Тамоман шарт нест ва ҳатто ҷиноят ҳам ҳаст, чун ки инҷо гап сари қонуне меравад, ки ҷамъоварии ғайриқонунии маълумот ва иттилоъро дар бораи шахси сеюм манъ кардааст;
⦁ Агар шумо дар мағозае ба ҳайси хазинадор ва ё машваратчӣ кор мекунед, тамоман шарт нест, ки харидҳои кардаи кадом шиносу шахси машҳурро ба дигарон тақсим кунед, хабар кашед ва ё ҳамсари собиқи ким-кай аз ӯ ҷудошудаашро кофтаву пайдо карда ҳамин хабарро ба ӯ расонед;
⦁ Агар корманди кадом гармоба ё ҳаммом ҳастед, тамоман шарт нест, ки дар бораи меҳмонони имрӯзатон дар хона ва пеши ҳамсояҳои дигаратон нақл кунед, чӣ овардану бо кӣ омадани онҳоро фош кунед ва мисли ин.
⦁ Агар дар нуқтаи шустушӯйи мошин кор мекунед, тамоман шарт нест, ки он чизҳоеро, ки дар мошини касе дидед, ба ҳамсару фарзанду наздикони вай қисса кунед, чизе атрофи он пурсед;
⦁ Ҳатто агар аробакаши бозор ҳастед, шарт нест харид, номгӯйи молу маҳсулот ва ҷойи рафтани мизоҷатонро, ки ҳоло бояд бароятон пул бидиҳад, ба дигарон, ба шиносҳову ҳамсари ӯ, фарзандони ӯ ва мисли ин нақл кунеду хабар кашед;

Рост аст, ки Интернет, ки аксаран, махсусан занони хонанишин, истеъдод, дониш ва саводи истифодаи дурусти онро надоранд, мардумро ва аввалтар аз ҳама онҳоро хабакашу иғвогару фитнагару ҳамгомасоз ва ҳангомаҷӯ кардааст. Аз ҳамин кори бесаводонаи худ-яъне асрори касеро дар интернет фош кардан, акси касеро дар ҳолати ногувор гузоштан ва мисли ин гӯё "ҳаловат" мебаранд. Ин гурӯҳ то ҳадде бесавод ва бехираданд, ки ҷанҷолҳои оилавии дигарон онҳоро ба ташвиш намеорад, қонунгузории ҷориро, ки намедонанд, хавфу масъулияти ҷиноят ва  ҷавобгариро намедонанд ва тасаввур ҳам намекунанд. Вале тавре ки маълум аст, "надонистан касеро аз ҷавобгарӣ озод намекунад..."

Барои риояи гуногунандешӣ ва ба хотире, ки маводи мазкур бе тавсия ва нишон додани роҳи дурусти амалу фаъолият комил намешавад, барои ҳамин гурӯҳи занону духтарони "интернетӣ" ва содаву гаправу гапчину хабаркаш ва фитнагар чанд тавсия медиҳем, ки яке донишу саводи ворид шудан ба ин саҳифа ва имкони хондани ин маводро, ки пайдо карданд, онро ба назар бигиранд:

⦁ Нозукиҳои истифодаи интернетро омӯзед; Аз донандаҳо пурсед ва ҳам аз худи Интернет ёд бигиред;
⦁ Қонун дар бораи ҳифзи маълумоти инфиродиро аз худ кунед; Қонун дар бораи реклама, Радиои ва ТВ, сирри давлатӣ, иттилоъи шахсӣ ва мисли инҳоро ёфта ақалан ду-се бор хонед;
⦁ Пештар аз паҳн кардани кадом овоза, тақсим кардани сурату навор ва дурустии он аҳамият диҳед, аз ягон каси босавод пурсед, маслиҳат бигиред ва дониставу санҷида амал кунед;
⦁ Барои паҳн кардани хабару иттилоъ шумо чун як намояндаи «занакои лаби ов» масъул нестед, ин кори ВАО аст, бо хабар ва иттилоъ журналистон ва хабарнигорони босавод ва донишманд бояд сари кор бигиранду дар зарурат онро паҳн кунанд;
⦁ Дунё пури гапу хабар аст, атрофи шумо, бозоре, ки кор мекунед, коргоҳе, ки рафтаву меоед, деҳаву шаҳру ноҳия ва мисли ин — пури хабару иттилои наву кӯҳна аст. Шарт нест ҳамаи онро ба ёд гиред, паҳн кунед, овоза кунед ва ба дигарон расонед;
⦁ Хабар ҳатман бояд манбаи боэътимод дошта бошад, бар зарари касе набошад, шаъну шараф ва эътибори касеро поймол накунад, асрори шахсии касеро ошкор насозад, санҷидашуда ва дуруст бошад. Ба ҳамон хабару иттиллое сари кор гиред, ки ба шумо дахл дорад. Ба зиндагии дигарон кордор нашавед;
⦁ Вақти нишасту сӯҳбатҳо бо занони бекор ва мардуми шиносу ношинос дар маъракаву туйҳо фақат гапи худатонро занед, таҳкобиву фитнагарӣ накунед, росту дурӯғ ҳама чизеро, ки фаҳмидаед ё шояд медонед, ба дигарон нақл накунед, ҳамсӯҳбатро пурра ва дуруст нашинохтаву надониста, дар бораи каси дигаре сухан нагӯед, касеро ғайбат накунед, бад нагӯед ва дар бораи худатон муболиға накунед;
⦁ Паҳн кардани иттилои бардурӯғ ҷавобгарӣ дорад. Фош кардани асрори бегона гуноҳ аст ва масъулияту ҷавобгарӣ ҳам дар пай дорад;
⦁ Дар маърака ва нишастҳое, ки фақат ғайбат асту бадгӯйӣ ва хабаркашиву фитнаандозӣ дер нашинед ва ба сӯҳбату ғайбатҳо ҳамроҳ нашавед;
⦁ Ҳатто агар касеро хуб ҳам шиносед, то мушаххас шудани мақсади ҳамсӯҳбатони наву кӯҳна беҳтарин ҷавобатон бе шакк «надидам ва намедонам» аст;
⦁ Касеро напурсида, иҷозат нагирифта ва дар бораи оқибатҳои ин амалатон масъулият ҳис накарда, кадом сурат, навор ва иттилои дигарро бо телефонатон сабт накунед ва паҳн насозед. Ин ҷиноят аст ва дар ҳоли шикоят кардани ҷониби дигар, метавонад барои шумо дарди сар шавад;
⦁ Дар телефон, смартфон, планшет, флешка, диск ва ғунҷоиши дигар маълумоти бегона, нодаркор, ғайриқонунӣ ва маҳрамонаи худ ва дигаронро нигоҳ надоред, чун вақти гум шудану ба дасти кадом бесаводу беимони дигар афтидан, паҳну овоза шуданаш аз эҳтимол дур нест; Агар ҳамин гуна чизҳоро аз куҷое ёфтед, донед, ки баргардонидани он ҳам тартиб ва қоидаҳои нонавиштаи хоси худро дорад, ки онро бояд риоя кард;
⦁ Тамоми хешу табор ва наздику пайванди худро ҳеҷ вақт муқобили ҳамсаратон қарор надиҳед. Донед, ки ҳатто дар ҳоли нодуруст мавқеъ доштанаш ҳам нисбат ба шумо ӯ шавҳар аст ва дар аксар ҳолатҳо ҳатто эҳтирому ҷойгоҳ ва мавқеаш аз дигарон ва шояд аз падаратон ҳам болотар ва муқаддамтар аст;
⦁ Фаромӯш накунед, ки як зан ё духтари хабаркаш, гапчин, ҷодугар ва фитнаандозу иғвогар метавонад чанд блок 18 ошёнаро вайрон кунад, чандин хонаро пош диҳад, ҷангу ҷанҷол андозад. Вале бо исрору талаб ва роҳнамоии як каси босаводу боимону бовиҷдон мешавад, ки тамоми занону духтаронро ислоҳ кард, беҳтар кард, боимон кард, ба роҳи рост раҳнамун сохт;
⦁ Чанд кори осон, вале муҳим ва муфидро ёд гиред-дар бораи дигарон маълумот накобед, ба дигарон, ба кору амал ва гашту гузори онҳо аҳамият надиҳед, чизеро, ки дар интернет дидед, дарҳол ба он бовар накунед, шарт нест ҳама чизеро, ки касе бароятон равон кард, гирифта ба дигарон бифиристед, чизеро, ки шунидед, то мушаххас кардани дурустии он хомӯш биистед ва баъди мушаххас кардан ҳам фикр кунед, ки чаро шумо онро бояд ба дигарон нақл кунеду хабар бикашед?
⦁ Фаромӯш накунед, ки шумо муфаттиш нестед ва бояд ҳамсари дуюму сеюми каси дигар, фарзандони пинҳонии ким-кадом марду зан, мошини нави ҳамсоя, романҳои коргоҳии ҳамкорон, дӯстдоштаҳои роҳбари коргоҳ, меҳмонони қудои шумо, зиндагии ҷӯраҳои шавҳар ва дугонаҳои ҳамсаратон, тиҷорату дороӣ ва соҳибкории шиносу хешовандони ҳамсояи шумо бароятон КОМИЛАН беаҳамият бошад;
⦁ Муҳимтарин чиз — бадхоҳ ҳатман ҷазо мебинад, хабаркашу фитнаандоз ҳатман гирифтори фитна мешавад, ғайбатчӣ ҳатман ба сазои гуфтораш мерасад, бадният ҳатман бадӣ мебинад, хабаркаш ҳатман шармандаву таънасор ва радди маърака мешавад, гапчину иғвогар ҳатман муҷозот мешавад. Дигар илоҷ нест, дигар роҳи гурехтан аз ин чиз нест. Ин ҷойи баҳсу шакку исбот надорад!!!

Занҳову модарон ва хоҳарон ба ҷои дахолат ба зиндагии дигарон, ба ҷойи гапчиниву хабаркашӣ ва иғвоангезӣ бояд аз ақли солим кор гирифта, бо тавсияҳои зерин кору зиндагӣ кунанд, ки ҳатман манфиатовар аст. Манфиат ҳам, ки агар наорад, зиёну зарар надорад:

⦁ Ба сару тан ва гапу сухану сӯҳбати худ бо шавҳар аҳамият диҳед;Фақат дар бораи ӯ фикр кунед ва талош кунед, ки майнаи шавҳар пури гапи беҳуда набошаду асабҳояш бо гапҳои пуч хароб нашавад;
⦁ Ба ҷойи ғайбату интернетбозӣ ва фитна, коре кунед, ки шавҳар дастгирии шуморо ҳис кунад, кору машғулияти даромаднок ёбед, дар канори шавҳар истода вайро дастгирӣ кунед, лоақал дилбардорӣ ва меҳрубониро кам накунед;
⦁ Ризоияти шавҳар муҳимтарин чиз барои зани мусалмон аст. Агар ҳамсари шумо розӣ нест ва бароятон бо кадом ҷурму гуноҳи шумо дуои нек надод, дигар ягон кору бор ва хайру сахоятон ба гумони ғолиб фоида надорад ва беманфиат аст;
⦁ Ҳамин гуна қабул кунеду одат кунед, ки ҳатто баъди ҷудо шудани шумову пош хӯрдани оилаатон ҳам, асрори зиндагии шумо пӯшида боқӣ монад. Шарт нест онро ошкор кардаву аввалтар аз ҳама худро шарманда сохтан. Фикр накунед, ки бо ин роҳ касе шарманда мешавад. Ва агар касе ҳам шарманда шавад, ин албатта аввалтар аз ҳама худи ШУМО ҳастед, ки асрори пӯшидаро ва сирри оилавиро фош мекунед;
⦁ Нозукиҳои равоншиносиро агар дар курсҳо ҳам ки наомӯхтед, тариқи интернет аз худ кунед, муносибат бо шавҳареро ки кор мекунад, хаставу монда аст, мушкили молиявӣ ва мисли ин дорад, ёд бигиред ва онро дар амал татбиқ кунед;
⦁ Имкон диҳед, ки мард худро дар оила муҳим, асосӣ ва сарвар ҳис кунад. Мардҳо миннат ва гушонаву кинояро дӯст намедоранд. Ин корро ҳеҷ вақт пеши шавҳар ва дар ғойиби ӯ ҳам анҷом надиҳед. Ӯро пеши ягон кас — на худӣ ва на бегона, паст назанед;
⦁ Талош кунед, ки барои амалӣ шудани орзӯ ва нақшаҳои шавҳаратон мусоидат ва ҳамдастӣ кунед. Аз меҳмонони ӯ хуш пазиройӣ кунед, ҳеҷ вақт миннат накунед ва дар бораи дӯстонаш бад нагӯед; Ин кор ҳилла ва тартибу қоидаи худро дорад, агар воқеъан ҳам дӯстони ӯ хавфноку шубҳанок бошанду бадмасту қаллоб;
⦁ Ба он кору амал, тасмим, нақша ва ниятҳои шавҳар, ки ба шумо дахл надорад, омехта нашавед; Монед ки кору мушкили коргоҳро худаш дурусту оқилона ҳал кунад, монед, ки худаш мошинронӣ кунад, монед ки худаш дар каҳвахона табъи дилаш ғизо фармоиш диҳад;
⦁ Вақти ҷанҷолу нофаҳмиҳо ҳам кору амал, чизу чора, хешу табор, дороиву хонаву тиллову пулҳоятонро дар миён гузошта ё ба ёд оварда, миннат накунед. Ҳолатҳо бартараф мешаванд, захми забон боқӣ мемонад; Барои тӯҳфаҳои арзон ӯро дар ҳолати ногувор нагузоред ва ба ягон кас аз додару хоҳару наздикони дигаротон имкону шароит надиҳед, ки ҳамсари шумо, шавҳари шуморо таъна кунад, мазоҳ кунад, паст занаду бад гӯяд;
⦁ Ба кору бори оилавии ягон кас аз наздикону пайвандон омехта нашавед ва нагузоред, ки каси дигари сеюму чорум ҳам ба кору амалу баҳсу мунозираи шумо ҳамроҳ шавад; Одамони боақл худашон ногуфта инро медонанд, худашон роҳи ҳалли мушкилашонро меёбанд, бо ҳам муросо мекунанд ва ҳатман забон меёбанд;
⦁ Ҳеҷ вақт аз дугонаҳои бешавҳар, чанд шавҳаркарда, ҳарҷогард, бесавод, беҳайё ва бехонаву дару бе таҷрибаи зиндагӣ маслиҳат напурсед. Аз хоҳару аппаи иғвогару бесаводу дар умраш як китоб нахонда ҳам чизе напурсед ва маслиҳат нагиред; Онҳоро беҳтараш ба зиндагиатон ва баҳсу ҷанҷолатон ҳатто ҳамроҳ накунед. Ягон сири худу шавҳаратонро ба онҳо накушоед;
⦁ Зани мусалмон, боимон ва боақл ҳатман талош мекунад, ки қаноатмандии комили шавҳарро ба даст орад. Ягон баҳона, дуруғ, фитна, фиреб ва мисли инро дар ҳамин самт ба кор набаред, ки оқибати хуб надорад;
⦁ Одати пеши шавҳар паст задани фарзандонро бас кунед. Ин варианти беҳтарин нест. Тарбия вақте ки падар дар муҳоҷират аст, дар кор аст, дар навбатдорӣ аст, дар пайи дарёфти рӯзӣ аст — бештар вазифаи зан аст, чун шумо бештар бо онҳо дар хона ҳастед. Агар наметавонед, пурсед, агар ба маслиҳат ниёз доред, пурсед, агар чизеро тағир доданӣ ҳастед, маслиҳат кунед, вале зинҳор вақти комёбии фарзанд онро ҳиссаи худ ва вақти нокомиаш онро бори дурӣ, ҷудоӣ ва ё меҳрубониҳои аз ҳад зиёди падар накунед;
⦁ Бо сару либос ва тозагии мард аҳамияти хосса бояд дод. Ин масъулияти ҷиддиест, ки зани боақл онро ба хубӣ иҷро карда метавонад; Гузашта аз ин он ҳатман боиси обурӯи бештари мард ва ҳам аз шумо мешавад;
⦁ Пештар аз он, ки чизе фармоиш медиҳед, имконияту шароити ӯро ба назар бигиред;

Ҳоло, ки ҳамин маводро омода мекунам ва чизе менависам, худам фикр дорам, ки оё дар асри Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар замонае, ки ҳар шаб нозирони роҳ чандин зани мошинсаворро маст нигоҳ медоранд, дар шароите, ки кампулӣ ва нодориву маоши паст мавқеъи мардони кампулу маошгир ва муҳоҷирони мавсимиро поинтар бурдааст, бошад ҳамин гуна зан? Шояд бошад. Ҳаст. Мушаххас, ки ҳаст. Хуш ба ҳоли марде, ки ҳамин гуна зану духтару келину модару хоҳару хушдоману қайсингулу апа дорад!!!

Иловатан ба навиштаҳои боло ва ҳамчун матни контролӣ (мисли зарбаҳои контролӣ) чанд тавсияи дигарро барои занҳо пешниҳод мекунам, ки иҷрои ону татбиқи он ҳатман хуб аст ва барору баракат меораду дар оила тинҷиву муҳаббату оромиро. Он силсила ҳамин гуна сар мешавад — ЗАНИ БОАҚЛУ БОИМОНУ БОСАВОД…..

⦁ Шавҳарашро бо ягон каси дигар муқоиса намекунад;
⦁ мардро дар ҳолати ногувор намегузорад, аз рӯйяш ба касе шикоят намебарад ва таҳдид намекунад;
⦁ пеши хешу табор ва худиву бегона ҳамсари худро бад намегӯяд, сиёҳ намекунад, паст намезанад, таҳқир намекунад;
⦁ камбудиҳои ӯро тамоман ошкор намекунад, ҳатто баъди ҷудо шудану бегона шудан ҳам;
⦁ камбудӣ, хато, гуноҳ ва айбҳои ҷузъиву камтару безарару ночизи шавҳарро мебахшад, гузашт мекунад, ба ёд намеорад ва овоза намекунад;
⦁ Ба доштаву надоштаҳои шавҳараш таҳаммул ва сабр мекунад, дар доираи имкониятҳои мавҷуда зиндагиашро сохта, барои расидан ба рӯзҳои беҳтар ба мард кӯмак ва ӯро дастгирӣ мекунад;
⦁ Боварӣ дар зиндагӣ комилан муҳим аст. Зан ҳеҷ вақт бояд аз боварии мард берун наравад, зеро баъди рафтан дигар ҷойи афсӯсу надомат нест;
⦁ Дар ҳолати ғазаб, парешонӣ, нодорӣ ва ҳолатҳои ногувору душвор ором мешинад, тасмим намегирад, баҳс намекунад ва қарори ҷиддӣ қабул намекунад;
⦁ Ҳатто агар сабраш тамом ҳам шуда бошад, аз шавҳараш бо дағалӣ, доимо, беҳуда ва пайваста талоқ талаб намекунад;
⦁ Дар мавриди эҳтиром ва ҷойгоҳи шавҳар бо ҳуруфи кирилӣ ва барои худаш фаҳмо мавод ва ҳадису маълумоту иттилоъ мехонад ва ба ёд мегирад то фаҳмад, ки гап сари чӣ меравад, то онро татбиқу рияо карда кунад;
⦁ Дар миёни сӯҳбату нишасти дӯстони шавҳараш ворид намешавад ва худнамоӣ намекунад; Ҷойи зан инҷо нест, ҳатто агар меҳмонони шавҳараш хешу табори зан ҳам бошад;
⦁ Гушонагӯ, ҳамеша норозӣ, мулоимхунук ва ниқобдор намешавад;
⦁ бо касе, ки шавҳар нахост телефонӣ сӯҳбат кунад, сӯҳбат ва ҳатто дугонагиву шиносӣ намекунад;
⦁ ба онҳое, ки зиндагии беҳтар аз шумо доранд, чизу чораи зиёдтар аз шумо доранд, аҳамият намедиҳад, балки ба онҳое менигарад, ки ними чизу чора ва доштаҳои шуморо надоранд; Онҳоеро бубинед, ки бо чанд чизи ками доштаи худ шукр кардаву хушбахтанд ва зиндагии ширин доранд;
⦁ шавҳари худро ба ҳадде меомӯзаду дарк мекунад, ки як чизи ба ӯ писанд набударо то охири ҳаёташ ба ёди ӯ намеорад ва такрор намекунад. Рамӯзфаҳм мешавад;
⦁ шавҳари худро барои ибодат, корҳои хайр, амалҳои неку шоиста ва савоб ташвиқ ва дастгирӣ мекунад; Меҳру муҳаббат ва бовариву эътимоди фарзандонро ба падарашон бо сухан ва малҳои солеҳи худ бештар мекунад;
⦁ дар ҳар намоз дар ҳаққи шавҳараш дуо мекунад ва барои ӯ илму амалу фароғдастӣ ва барору баракатро аз даргоҳи Худованд талаб мекунад;
⦁ намегузорад, ки шавҳараш асабӣ, нороҳат ва аз чизе норозӣ хоб равад. Ҳатман нофаҳмиҳоро бартараф мекунаду ҳама сиёҳӣ ва нороҳатиро аз майнаву дили шавҳар берун мекунад;
⦁ дар мушкилтарин лаҳзаҳо, дар бемориҳо, садамаҳо, офатҳо, қарздориҳо, иҷоранишиниҳо ва мисли ин дар канори шавҳараш мемонад, ӯро тарк намекунад, барояш хизмат мекунад ва дуои неки ӯро мегирад;

Майда-майда мо аз хабаркашиву гапчинии занҳо сар кардаву то ким-куҷоҳо расидем, вале ба гумонам, ки ҳама чизе, ки инҷо ҳаст ба манфиат аст, натиҷаи таҷрибаи зиндагӣ ва дидаву санҷидаҳост. Онро дар кору зиндагии худ амалӣ кунед, истифода баред. Гуфтанӣ нестам, ки ин ҳадди охир аст ва дигар чизе беҳтар аз ин нест. Не! Шумо ҳам акнун чизе метавонед, ки ба он илова кунед, чизеро ки худатон санҷидаву дидаед, ворид кунед ва барои беҳтар шудани зиндагии худатону ба зану ҳамсари идеалӣ наздик шудани ҳамсару зану духтару модару келину хоҳару апаи худ талош кунеду мусоидат намоед.

26-уми апрели соли 2024
ва ин ҳоло давом дорад…



Ҳақиқатҳои сода дар муносибат.

Ман аз интернет аксаран кадом маълумоти ҷолиб ва барои кору борам муҳимро меҷӯям. Ҳамин ки пайдо кардам, онро куҷое нусхагирӣ мекунам ва ё дар наздиктарин гуфтори радиоии худ истифода мебарам. Буданд ҳолатҳое, ки ман ҳамин гуна маводро ё комилан бе иловаҳо тарҷума карда дар блог гузоштаам ва ё атрофи он ман назари худро илова карда, баъд барои шумо пешниҳод кардаам. Маводи зерин ҳам аз ҳамин силсила аст. Онро ман чанд муддат пештар дидаву дар хотираи телефон сабт карда будам ва имрӯз акнун ки фурсати мувофиқ барои тарҷума ва шарҳаш фаро расид, онро бароятон пешниҳод мекунам. Он бо сарлавҳаи «ПРОСТЫЕ ИСТИНЫ ОБ ОТНОШЕНИЯХ» нашр шуда буд. Хондаму фикр кардам, ки онро чун маҳак интихоб карда, атрофи он бо назардошти таҷрибаи худам чизе бароятон менависам, ки шояд як вақт дархур мешавад ва ба шумо манфиат меорад. Гап сари ин аст, ки мо аксаран моҳияти баъзе гапу хабару мақолу маслиҳату тавсияҳоро хеле дертар — баъди он, ки таҷриба гирифтем, ё ҳамон ҳолат ба сарамон омад ё аз қисмату тақдир зарба хӯрдем, дарк мекунем. Муҳим ин аст, онро хонед, таҳлил кунед, хулосабарорӣ кунед, то ки дер нашавад ва шумо аз кору амали худ изҳори пушаймонӣ накунед.
Хулоса, кадоманд он ҳақиқатҳои сода дар муносибот?

⦁ Ягон кас дар роҳи зиндагии шумо бе ҳикмат пайдо намешавад!

Ман дар ин бора кадом вақти дигар ҳам навишта будам ва худамро мисол оварда будам. Ин комилан дуруст ва санҷидашудаву исботшуда аст. Зиндагии мо тавре сохта шудааст, ки дар он инсонҳои комилан гуногун ва ҳархела дар як фосилаи мушаххаси вақт пайдо мешаванд, рисолат ва функсияи худро иҷро мекунанд ва мераванд баъзан абадӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ ва ё хотираҳо. Дигар аксарияти онҳоро шумо тамоман намебинед ва вонамехӯред. Муҳимтарин чиз ин аст, ки ҳамин ҳолат ва аксиомаро дар ёд гирифта, аз ҳар касе, ки дар зиндагиатон ҳамин ҳоло ҳаст, то ҳадди мумкин сабақи нек ва дарси хуб бигиред, беҳтарин хислату донишу феълашро бигиред, муҳимтарин панде, ки хоставу нахоста медиҳад, бигиред ва хулосаи худро нисбат ба ҳар кадом шахсе, ки ҳоло бо шумо ягон хел муносибат дорад, дуруст бароред. То тавонед талош кунед, ки касе аз шумо наранҷад, хафа наравад, дуои бад накунед. Ин ҳам муҳим аст. Агар шуморо фиреб дода рафт, ҳатман фиреб мехӯрад, дар ин маврид ҳатто шубҳа ҳам накунед. Як вақт ҳатман пушаймон мешавад ва дарк мекунад, ки ҷазое, ки ӯ ҳоло гирифт, барои ҳамин муносибат бо шумо буд. Худованд инсонҳоро бо ҳар баҳонаву роҳу васила мефиристад то бо мо дар муносибат бошанд, чизеро ба мо ёд бидиҳанд, чизеро аз мо биомӯзанд ва баъд бо пайроҳаҳои муайяни худ бираванд (биравем) бебозгашт…

⦁ Дар муносибат шумо ҳамон чизеро ба даст меоред, ки худатон дода будед

Ин ҳамон мақоли «гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав» аст. Интизор нашавед, ки касеро фиреб кардед, бад муносибат кардед, таҳқир кардед, нописанд будед нисбат ба ӯ ва дар ҷавоб меҳрубонӣ ба даст меоред. НЕ! Ин тавр нест. Мо инсонҳо аксаран адолатро риоя намекунем, вале Худованд ба ҳадде бузург ва боадолат аст, ки ҳар кас дар ҳошияи иродаи ӯ барои ҳар амалу кор ва ҳатто фикру нияташ савоб ва ҷазои худро (дер ё зуд, дар ин дунё ва дар он дунё) мегирад. Ҳайёт бумеранг аст. Ҳама додаҳои шумо чанд карат бештар шуда бармегарданд. Он хоҳ некӣ бошад ва хоҳ бадӣ. Ин формулаест, ки тамоми давру замонҳо бе хато кор кардааст ва то рӯзи қиёмат ҳам, ҳамин гуна мисли соат, дақиқ кор хоҳад кард.

⦁ Барои гирифитани ҷой ва мақоми каси дигар ҳеҷ вақт ноодилона талош накунед

Як ҳақиқати содаро аксаран дарк намекунанд ва шояд намедонанд, ки ҳар кас дар ин дунё ҷой ва мақоми хосса дорад, онро Худованд худаш танзиму тақсим мекунад. Зидди иродаи ӯ баромадан хуб нест, ки ҳатто номумкин аст. Шумо барои дигар кору амалу фаъолият офарида шудаед. Инро дарк кунед ва дар ҳоли зарурӣ бо назардошти ҳамин чиз бархурд кунед. Талош кунед, ки дар ҳайёт ҷойи ягон каси дигарро танг накунед, барои каси дигари шиносу ношинос нороҳатӣ наоред, касеро аз як порча ҷойи роҳати нишасташ маҳрум накунед. Вале барои ҳимояи худ, ҳифзи ҷой ва макону мақоми худ, агар фикр мекунед, ки арзандаед, талош кунед ва барои талаби ҳақ, рӯзӣ ва ризқи ҳалол мубориза баред!

⦁ Барои беҳтар сохтани муносибатҳо талош кунед.

Муносибатҳо дар мавриди аввал содаву сабук мешаванд. Ҷиддитар шудан, беҳтар шудан ва ба манфиати шумо равона шудани онҳо — талошу кӯшиш, гузашт ва баъзан ҳатто қурбонӣ талаб мекунад. Самият дар муносибат бо дигарон, адолат, ростӣ ва таҳаммулпазирӣ, эҳтироми дигарон ва мисли ин асоси ҳама намуди муносибат аст. Бе онҳо ягон намуди муносибат вуҷуд дошта наметавонад, ё шояд дер буда наметавонад. Вале дар мавриди тиҷорати муштарак, хонаву мошину замину соҳибкории шарикӣ ва монанди ин нағз фикр кунед. Беҳтараш ин корро накунед, вале агар ки анҷом додед, тамоми равандро бо ҳуҷҷат иҷро кунед, шартномаҳои дуҷониба баста, онро риоя кунед, то баъдтар пушаймон нашавед.

⦁ Бахшидан ва гузашт карданро ёд бигиред

Ба гапи мардум бовар накунед, ки баъзан мегӯянд, «бахшидан ва авф кардан кори мардуми сустирода аст…». Баракс. Фақат марди ҳақиқӣ бахшида метавонад. Фақат марди воқеъӣ гузашт карда метавонад, фақат марди комил дар баробари андуҳу ғаму дарди худаш авф мекунад, гузашт мекунад, мебахшад ва фаромӯш мекунаду ба он мавзӯъ бо миннату бо зиллат дигар барнамегардад. Ин нуктаи хеле муҳим аст. Бахшидед, миннат накунед, чизеро тӯҳфа додед, суроғ накунед, кори хайре, ки кардед, ба рӯйи дигарон накашед. Ҳатто агар шуморо таги дор ҳам баранд, ҳатто агар бепулу фақиру бечора ҳам шавед ва ҳатто агар ҳамон кас туро фурӯхту бад карду нороҳат карду ғазаболуда ҳам сохт. Худро контрол кунед. Баъдтар он ҷониб ҳатман хатои худро мефаҳмад. Иловатан, бигузор касе, ки шуморо нороҳат карду бадӣ кард ва барои узрпурсӣ наомад, ҷазояшро инҷо ва онҷо бинад. Дар ёд дошта бошед, ки баъзеҳо ҳидоят намешаванд, ислоҳ намешаванд, дигару беҳтар намешаванд…Баъзеҳо ҳатто аз ёди Худо фаромӯшанд, зеро худашон аввалтар Худоро фаромӯш карда буданд…

⦁ Баҳсу доварӣ сарфаи беҳудаи вақт аст

Ман асосан баҳсу доварии сода, дар заминаи ҷузъиёти кучаку камарзиш ва беҳамият, ғайриилмӣ, кӯчагӣ ва баҳс бо аблаҳону ҷоҳилонро дар назар дорам. Мардуми босавод, доно ва ҳушманд ҳама чиро худаш мефаҳмад, дарк мекунад ва медонад. Аммо мардуми бефаросату нодону ҷоҳил баъди баҳсу доварӣ ҳам бовар намекунад, воқеъиятро пазируфтан намехоҳад ва ҳамеша фикр мекунад, ки фақат худаш ҳақ аст. Чӣ лозим аст бо ин гуна мардум баҳс кардану асабҳои худро хароб сохтан? Он вақтро беҳтар аст барои сӯҳбату дидорбинӣ бо мардуми бофаросат, боақл ва донишманд гузаронед ва аз он ҳамраҳӣ баҳравар бишавад. Лекин агар зарурати ҳамин гуна баҳс ба миён омад, талош кунед, ки ғазаби худро контрол кунед ва бад нагӯед. Махсусан, бо наздикон. Зеро ҳатман баъди чанд руз шумо аз кори кардаву гапҳои гуфтаатон пушаймон мешавад, ки дигар он суд надорад. гапҳои дар дилатон мондаро баъд ҳамон вақт роҳат бе ғазаболудагӣ метавонед ба он ҷониб гӯед. «Зи ҳарфи бетакаллум ошно бегона мегардад…» Ин мақол барои ҳамин гуна ҳолатҳо аст.

⦁ Шумо шахси дигарро комилан иваз кардаву дигар карда наметавонед.

Барои ин кор шумо ҳатто кӯшиш ҳам накунед. То вақте ки инсон худаш барои тағир додани худ талош накунад, то вақте ки худаш худро ислоҳ ва дигар накунад, кӯшишҳои шумо дар аксари маврид бефоида хоҳанд буд. Ҳар қадар шахс бесаводтар, ҷоҳилтар, мағруртар ва бепарвотар бошад, ҳамон қадар ӯро тағир додану дигар кардан ва иваз кардан душвортар мешавад. Варианти беҳтарин дар ин ҳолат ҳамин аст, ки шумо муносибати худро бо ин гуна нафарон иваз мекунеду дигар месозед. Одамони наздикро бошад, ҳамин гуна бо баъзе айбу камбудиашон бояд қабул кунед. Ин варианти беҳтарин аст. Барои як ҷузъиёти кӯчак аз хешу таборӣ ва пайвандӣ пурра бурида ҳам намешавад. Агар касеро ислоҳ карданӣ бошед, ин корро бо эҳтиёт, дипломатӣ, санҷидаву дониста анҷом диҳед, то малоли хотираш нашавад, то шуморо бад набинад. Ҳастанд ҳамин гуна касоне, ки агар хоҳед, ки онҳоро беҳтар созед, шуморо бад мебинанд ва дар пайи бадкорӣ ба шумо мешаванд. Зиёданд шахсоне, ки камбудӣ, хато ва нуқси худро ҳам намебинанд ва ҳам шумо агар гӯед, эътироф намекунанд. Ин гунаҳоро ҳам бояд шинохт.

⦁ Рафтани баъзеҳо аз зиндагиатон шояд ба манфиату ба хайр бошад

Коре, ки амалӣ шудан ва нашуданаш дар дасти офаридгор аст, бояд боиси пушаймонӣ ва афсусхӯрӣ нашавад. Ҳамин гуна ҳолат рӯх дод ва шумо дар роҳи рост ҳастед, айби шумо нест, гуноҳкор нестед, пас чӣ ҷойи надомат аст? Худо хоста, ки чунин бошад. Идомаи беҳтарро бояд фикр карду сохту интизор шуд. Баъзеҳоро Худованд аз роҳи зиндагии шумо бо ҳар баҳона дур мекунад ё шуморо ба соҳили дигар мебарад, ки руйи онҳоро набинед. Барои ин ҳатман Худоро шукр бояд гуфт. Интизор бошед, ки Худованд касеро аз сари роҳатон бартараф кард, ҳатман дар ҷойи холишуда дӯсти беҳтар, инсони комилтар ва шахси боимонеро хоҳад овард. Барои ҳаловат бурдан аз дӯстӣ ва ошноӣ худатон бояд ҳамеша ҳамин гуна инсони комил, бофаросат, донишманд, таҳаммулпазир, ва умуман, боимон бошед. Ҳама гуна дӯстиҳо ва рафиқиҳоятон ҳатман бояд холисан лиллоҳ бошад. Ғаразнок дӯстиву рафтуо доштан нағз нест ва ояндаи хуб ҳам надорад.

⦁ Ба қадри инсонҳои ҳамеша дар каноратон буда, бирасед.

Ҳолату вазъ, шароит ва доштаву надоштаҳо мисли имтиҳону санҷиш аст, ки вафодор будану набудан, ғаразнок будану набудани рафиқиҳову ошноиҳоро бармало мекунад. Дӯстони нонӣ ҳатман ва фавран шуморо чанд дақиқа пас аз лағжидани пойҳоятон тарк мекунанд. Вале онҳое, ки ҳамеша дар канори шумо буданд, шуморо танҳо нагузоштанд ва дар мушкилтарин лаҳзаҳо дастгиратон буданд, ҳатман сазовори эҳтирому қадршиносӣ ҳастанд.

⦁ Барои дигарон зиндагӣ накунед

Ҳоло зиёд мешунавем, ки вақти кадом эрод ҳатман дигаронро мисол меоранд. «Агар дигарон фаҳманд, чӣ мегӯянд, мардум чӣ фикр мекунанд, одамон фаҳманд, хуб намешавад, меҳмонон чӣ хоҳанд гуфт» ва мисли ҳамин. Дидед?! Яъне, мо то ин ҳад ба андешаи дигарон одат кардаем, то ин ҳад кору амал ва ҳатто рафтору гуфтори худро ба завқи дигарон мутобиқ мекунем, ки ногуфтанӣ… Чаро мо бояд барои дигарон зиндагӣ кунем!? Шумо тавре зиндагӣ кунед, ки хилофи шариат ва қонунҳои ҷории давлати муосир ва қонунҳои инсониву одамгарӣ набошад. Дигар кӣ чӣ фикр мекунад, он қадар муҳим нест. Фаромӯш накунед, дар ҳама сурат мардум норозӣ мемонад ва қаноатманд намешавад, яъне ҳатман ягон чӣ мегӯяд. Варианти беҳтар ин ҳамин аст, ки дар роҳи росту дуруст фақат барои худатону наздиконатон зиндагӣ кунед, аз ҳар лаҳзаи умр ҳаловат баред, вақтатонро то ҳадди имкон ба манфиат гузаронед, беҳтарин инсонҳоро каноратон ҷамъ кунед, дар сӯҳбати беҳтарин шахсон бишинед, корҳои хайру савобро бештар кунед, касеро ғайбату таҳқиру тавҳин накунед, гапчиниву хабаркашӣ накунед ва ба ҳайёти шахсии дигарон комилан дахолат накунед. Давомаш ҳатман хуб хоҳад шуд…

28-уми апрели соли 2024
ва ин ҳоло давом дорад….



Ин карат дар мавриди ҳайрониҳои мардум мехоҳам нависам. Яъне, боз ҳам атрофи он, ки чӣ гуна мо ҳамеша побанди андешаҳои дигарон ҳастем ва баъзе амалу ҳаракат ва бархурди мо ба касе, ба чизе ё ба ҳодисае дигаронро, ки аслан бояд ба он комилан бефарқ бошанд, ба ҳайрат меораду дар баъзе ҳолат ҳатто ба мудохила кардан моил мекунад. Аксарияти мардуми мо, мутаасифона, ба он чизҳое таваҷҷӯҳи бештар мекунанд, ки бояд ба он аслан кор надошта бошанд. То замоне, ки мо нисбат ба андешаҳои аксаран бепоя ва пучу беаҳамияти мардуми бегона ва бекор бефарқ буданро ёд нагирем, рушд намекунем ва ҳатто асабҳоямон ором намегирад. Душвор аст, ку ҳамеша ба андешаи дигарон кор кардан, ба хотири дигарон зистан, ба хотири он, ки нисбат ба шумо эроде нагиранд, сохтакории беш кардан….Ин хеле мушкил аст

Ба тахмини ман, ки мардум ҳамеша ду гурӯҳанд — онҳое ки бо шумо розӣ нестанд ва онҳое, ки шумо бо онҳо розӣ нестед. масалан, Ман бо ҳарду гурӯҳ комилан бо сабру таҳаммул муносибат мекунам. Онҳое ҳам, ки бо ман розӣ нестанд, ба ин ҳақ доранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ душмани ман нестанд ва онҳое, ҳам, ки ман бо онҳо дар кадом масъалае розӣ нестам, ҳаққи ҳимояи худро доранд ва набояд мавқеъи маро комилан инкор кунанд. Сухани Волтер ба ёдам мерасад, ки гуфтааст «ман шояд бо шумо розӣ нестам, вале ҷонамро медиҳам, то шумо тавонед, ки андешаатонро баён созед».

Аммо мавзӯйи асосии навиштаам, андеке дигар аст. Мехоҳам дар мавриди ҳайрониҳои мардум бинависам. Ин одати онҳо ҳам то ҷое мудохила ба зиндагӣ ва ҳарими шахсии каси дигар аст. Маълум аст, ки шумо комилан тамоми мардумро бовар кунонида, ба худ моил сохта, мутеъ карда, дар банди андешаи худатон қарор дода, меҳру дӯстдории худро талқин карда ва мисли ин…наметавонед. Чӣ коре ҳам ки мекунед, ба сад кас писанд бошад, бист каси дигар ҳатман пайдо мешавад, ки онро инкор мекунад, танқид мекунад, рад мекунад ва қабул надорад. Ин чизи муқаррарӣ аст. Ба он албатта ҳақ доранд, вале ҳамин гурӯҳи мардум бояд талош накунанд, ки шуморо мисли худашон кунанд. Агар шумо кореро анҷом додаед, ки бар зарари давлату миллат аст, барои инсоният хатар дорад, албатта дигарон бояд бетараф набошанд ва шуморо ислоҳ кунанд. Дар дигар ҳолат гузоред, ки ҳар кас ба завқу амалкарди шумо ҳар гунае, ки донишу таҷриба ва саводу ақлаш имкон медиҳаду мерасад, ҳамон гуна фикр кунад. Акнун таваҷҷӯҳ кунед, ки мардум нисбат ба кадом кору амали шумо ҳайрон мешавад, дар ҳайрат мемонанд, шояд бовар намекунанд, шояд ба назарашон тамоман ғайриоддӣ метобад…

⦁ Мардум ҳайрон мешаванд, агар…Шумо мисли худашон бо онҳо рафтор кардед.

Муҳимтарин банди ин матлаб хайёлам, ки ҳамин аст. Одамон, ки аслан худрову рафтору кирдор ва бархурди худро аз ҷояшон намебинанд, худашон наметавонанд, ки ба амалу ҳаракати худ ва бархурдашон нисбат ба дигарон баҳои воқеъӣ ва асосноку беғараз бидиҳанд, фикр мекунанд, ки тамоми кору бору амалу беамалиашон комилан дуруст аст. Инсонҳои бесаводтар боз тамоман қобили баҳсу ислоҳ нестанд. Вале вақте ки бо онҳо мисли худашон рафтор кардед, хафа мешаванд, шуморо ба гурӯҳи душманонашон ворид мекунанд, рақиби сарсахт ва ҳаромбози шумо мешаванд…Шумо бо онҳо бояд баъди мисли худашон рафтор кардан, боз як кори дигарро ҳам анҷом диҳед — аз онҳо комилан бибуред. Феъл ҷома нест, ки аз тан бадараш кунанд. Мисли худашон рафтаор кардан ҳам фақат ба хотири он аст, ки нодурустии амалашонро дарк кунанд. Вагарна, «ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, пас фарқ миёни ману ту чист, бигу?» Яъне, агар бо одамон мисли худашон рафтор кунӣ, ҲАЙРОН МЕШАВАНД…

⦁ Мардум ҳайрон мешаванд, агар…кореро, ки аксаран мекунанд, ту накардӣ

Рост аст, ки бисёрӣ аз ҳар ҷиҳат нерӯ ва тавоноӣ аст, вале кафолати пурра нест бисёрӣ хато накунад, дар роҳи каҷ набошад. Шарт нест, ки шумо мислу монанди бисёриҳо бошед, шарт нест, кореро фақат ба хотири он, ки бисёриҳо анҷом медиҳанд, ту ҳам анҷом бидиҳӣ. Ту бояд кореро анҷом бидиҳӣ, ки қонунӣ аст, дуруст аст, ҳақиқат дорад, фарз аст, ҳатмӣ аст…Дигар муҳим нест, ки чанд кас ҷонибдори ҳамон кор аст…Завқи дигар доштан ва аз пушти бисёриҳо нарафтан, воқеъан ҳам мардумро ҲАЙРОН МЕКУНАД…

Мардум ҳайрон мешаванд, агар…дар ҳоли хомӯшӣ ва бетарафии дигарон ту ҳаққи ҳалоли худро талаб кардӣ…

Ман дар коргоҳе бист сари сол кор кардам, ки ба кормандон ҳаққи онҳоро вақти рухсатии меҳнатӣ намедоданд. Касе талаб мекард, ба назари дигарон мисли зоғи сафед менамуд. Шояд ҳамин бастаи фикрҳои мардум будан буд, ки ҳатто ман ҳам ягон бор ҳамин ҳаққи ҳалоли худро талаб накарда будам. Вале маълум аст, ки касе ин қарзро набахшид ва он ҳамин гуна болои ҳамон корфармо то рӯзи қиёмат мемонад… Дар дигар самт ҳам ҳамин гуна аст. Масалан, агар касе чил дирам бақияаашро дар воситаи нақлиёт талаб кунад, дигарон ошкор ҳам накунанд, ба дил ӯро бад мегӯянд, ки чил дирамашро талаб дорад…Шояд ҳамин чиз аст, ки имрӯз мушоҳида мекунам, ки мардуми навхона дар тамоми манотиқ худаш хати барқ меорад, лулаи об меорад, симчӯб мехарад ва мисли ин…Ва баъд нозири обу барқ омада пули истифодаи он неъматҳоро талаб мекунанд. Яъне, варианти дуруст ҳамин аст, ки ҳамон ширкату коргоҳ бояд аввал симчӯби барқу симу хати барқ то дари хонаи мардум биёрад ва баъди ин омада пули истифодаи барқро аз мардум ҷамъоварӣ кунад. Мантиқан бояд ҳамин гуна бошад. Яъне, талаб кардани ҳаққи ҳалол ҳам дар аксар маврид боиси ҲАЙРОНӢ мешавад.

⦁ Мардум ҳайрон мешаванд, агар…шумо одат дошта бошед, ки ба паррандагони ваҳшӣ дар назди тирезаи утоқи кориатон ё дар саҳни ҳавлии бинои истиқоматӣ дон бидиҳед.

Ман чашмони ҳайратзадаи фурӯшандаҳои чубу тахтаро дар як бозори масолеҳи сохтмонӣ дар Душанбе ҳоло ҳам ёд дорам, вакте ки ману Алиҷону Эҳсон ба онҷо рафта хостем, ки чанд пора чӯб барои мо бурида диҳанд, ки мо лонаи парранда созем. Шаб бо ҳавас намунаи лонаҳоро аз Интернет гирифта, омода шудем ва бо ҳавас бозори тахта рафтем. Ин кори мо ба назари ҳамон фурушандаи бозор «кори кӯдакона ва бефоида» буд. Барои он, ки ӯ дар умраш ба паррандаҳои ваҳшӣ дона надодааст, ягон қиссаи дунявиву динниро дар мавриди корҳои савоб ва ғизодиҳии паррандаву даррандаву чарранда нахондааст…. Яъне, агар нисбат ба чизе меҳрубонтар ҳастед, ҳатман ин коратон мардумро ҲАЙРОН МЕКУНАД…

⦁ Мардум ҳайрон мешаванд, агар…фаҳманд, ки ҳамсари шумо аз шумо калонсолтар аст…

Бале. Ҳамон мардуме, ки дар оянда дасти шуморо ҳеҷ вақт намегирад, барои шумо ҷойи кориву маош намедиҳад, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии шуморо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳал намекунад, ҳатто дастгирии маънавӣ ҳам намекунад, аз ин амали шумо, ки шояд дар заминаи муҳаббат ва дӯстдорӣ сурат гирифтааст, ҳайратзада мешаванд. Барои инсонҳои босавод, боимон ва ҳалолкору росткор ин чиз комилан фаҳмо ва қобили қабул аст. Сину соли марду зане, ки оиладор мешаванд, шояд муҳим бошад, вале муҳимтарин чиз нест. Ҳамин гуна тасмими шумо ҳатман мардумро ҲАЙРОН мекунад.

⦁ Мардум ҳайрон мешаванд, агар…духтари зебое ба марде оиладор шавад, ки сарвату дороӣ ва мақому мансабе надорад…

Ин андешаи нодуруст дар зеҳни аксарияти мардум шиштааст, ки духтари хушрӯро ҳатман ягон каси бой бояд келин кунад. Он мардум ба муҳаббат, ишқ, дӯстдорӣ ва эҳсосоти дигаре мисли ин на бовар доранд ва на эътимод. Ҳамин аксарият боварӣ доранд, ки марди сарватдор як умр ҳамин гуна мемонад. Дар ҳоле, ки муҳимтарин чиз дар ҳамин гуна иттиҳоду ба ҳам омаданҳо — ояндасозӣ, саводу дониш, мақсаду маром ва нақшаву талошҳо барои расидан ба он аст. Яъне, домод (арӯс), ки ҳоло донишҷӯ аст, агар саводи кофӣ дошта бошад, таҷрибаи кофӣ ва ҳунар дошта бошад, ҳатман дар идомаи зиндагӣ ризқу обурӯву ҳама чизи дигарро меёбад. Яъне, мардум (ки ба шуҳрату ғуруру сохтакориву иззатталабӣ одат кардааст) ҳини дидани муҳаббати самимии духтари зебо ва як ҷавони одии деҳотӣ ҲАЙРОН мешавад…

Мардум ҳайрон мешаванд, агар…фаҳмад, ки марде дар хона ба кори ҳамсараш кӯмак мекунад ё кӯдакашро барои чанд дақиқа ба ҳавои тоза сайругашт мебарорад…

Ду ҳафта пештар буд, ки дар деҳа шоҳиди сӯҳбати телефонии марди ҳамсояамон бо писараш шудам. Писараш падарро, ки бо мо дар кӯча сӯҳюбат дошт, ба хона даъват мекард, то набераашро ба сайру гашт барад. Набераи ҳафштмоҳаашро. Ба суоли падар, ки «худат то назди ман чаро намеорӣ ӯро?» ҷавоб гуфт, ки «айб аст, мардум бинанд…» Маълум аст, ки ҳамин писар як ғурури ноҷову нодаркор ва бесаводонае дорад, маълум аст, ки ин ҷавон на фақат аз илму донишу фанни дунёявӣ, ки ҳатто оддитарин қиссаву ҳадису навиштаҳои китоби муқаддаси мусулмононро намедонад. Як бор хонед, ки Паёмбари Ислом — Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) — беҳтарини уммат ва беҳтарин инсон, дар хона чӣ гуна рафтору кирдор дошт? Ҳар қадар ҷавон бесаводтару сохтакор ва аз воқеъиятҳои зиндагӣ дур мешавад, ҳамон қадар гумроҳ ва ҷоҳил мешаванд. Барои ҳамин, ҳатто марде ҳам ки ба кори ҳамсараш кғмак мекунад в адар тарбияи фарзандон саҳми қобили мулоҳиза дорад, аз дасти ҳамин гурӯҳи мардум ҳамин одату рафторашро аз онҳо пинҳон мекунад, то мавриди масхараи чанд ҷӯраву ҳамсояву ҳамкори аблаҳ ва бесаводаш қарор нагирад. Яъне, падари хубу шавҳари боимону масъулиятшинос будан дар хона ҳатман мардуми бегона ва бесаводро ҲАЙРОН мекунад…

Ҳамин гуна мардум ҳайрон мешаванд, агар…

⦁ шумо бо саводи худатон дохил шудеду ба хориҷа барои таҳсил рафтед;
⦁ шумо барои кадом ҳавливу хонаву манзили падари талош накардеду аз он даст кашидед;
⦁ шумо ва ҳамсаратон бо ҳамин маоши кам пул ҷамъ кардаву мошин ва ё хона харидед;
⦁ шумо дар хона бо ҳамсару фарзандон бо забони адабӣ сӯҳбат кардаву онҳоро ШУМО гӯед;
⦁ шумо пайваста ба аёдати ким-кадом хешованди дуратон биравед, ё рафиқи даврони ҷавонии падартонро хабаргирӣ равед ё ба писар ё духтари ҳамсояатон аз деҳа аз ҳисоби худ ҳар моҳ стипендия диҳед;
⦁ ва ҳатман мардум ҳайрон мешаванд, агар кадом вақте ки ҳамин маводро пайдо кардаву хонанд ва худашонро бишиносанд 🙂 …

Хулоса, ин силсиларо метавон идома дод. Ман фақат хостам, ки ба ҳамин мавзӯъ таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб кунам. Дар тӯли зиндагиатон шумо ҳамин гуна мисолҳоро лак-лак меёбед, мебинед, мушоҳида мекунед ва мушунавед.

8-уми майи соли 2024
Ва ин ҳоло давом дорад…


Дина бо Алиҷон сӯҳбат доштам ва ӯ дар мавриди сафараш ба шаҳре, ки аз Ню Йорк ҳудуди 400 км дур аст, қисса кард. Ман ҳамеша ҳама тасмимҳои фарзандонро, агар қобили қабул аст, пазируфтаам ва то ҷое, ки метавонистам, мусоидат ва кӯмак кардаам. Яке аз беҳтарин кору амал — ҷаҳонгардиву талоши падо кардани МАН-и худ аст. Ҷаҳонро дидан, одамони гуногунро мушоҳида кардан, дар робита будан, санҷидан, рафтуо кардан ва мисли ин, касро пухтатар мекунад. Баъди дуову хайрухуш бе ихтиёр сари мавзӯйи «зона комфорта» фикр кардам ва хостам, ки андешаҳоямро бо тақвият додан ба баъзе далелу арқом аз интернет дар ҳамин саҳифа бинависам ва шумо хонед.
Дар илм як қонун ва қоидае ҳаст, ки ба принсипи организм ва ҷисми инсон иртибот дорад: «Принсипи организм ҳамин гуна аст, ки мехоҳад бо сарфи энергияи камтарин дар ҳолати мувозинат бошад…» Яъне, агар рост истодаед, мехоҳед, ки бишинед, агар нишастаед, дилатон мехоҳад, ки дароз бикашед ва мисли ҳамин…Яъне, мо аллакай як сабаб барои дер берун рафтан аз ҳавзаи комфорт дорем. Ин ҳатто шояд сабаби ҷиддӣ барои тамоман берун нарафтан аз он ҳавза бошад. Дар ҳайёт ҳам ҳамин гуна аст, ки шумо дар натиҷаи буду бошу зиндагӣ дар як ҳолату ҷой ва шароит, дигар одат мекунед ва худро онҷо роҳат ҳис карда, баъзан кӯшиши берун рафтан аз онҷо, дигар шудан ва тағир ёфтан намекунед. Ин албатта хуб нест. Мисли он, ки ҳавз ҳам зебову назаррабо аст, вале оби равон беҳтар аст, чун вайрон нест. Оби ҳавз бошад, аз беҳаракатӣ метавонад вайрону ғажд шавад.

Дуру дароз дар як ҳолати оромӣ, роҳат ва бе тағир истодан истодан чанд оқибат ва паёмади манфӣ ҳам дорад:

⦁ шумо аз тағирот ва дигаршавӣ акнун метарсед;
⦁ шумо барои беҳтар шудан кӯшиш намекунед, зеро боз ҳам метарсед, ки ба умеди беҳтар шудан аз ҳамин ҳолатон ҳам намонед;
⦁ шумо аз андешаи дигарон, тасмими дигарон, хавотирсозӣ ва маслиҳату тавсияву пешниҳоди дигарон вобаста мешавед ва тағироту дигаргуниро дар зиндагии худатон зарур намешуморед;
⦁ фикр мекунед, ки барои беҳтар шудан, ба пеш ҳаракат кардан ва дигар шудан, чизе барои шумо намерасад, чизи дигару иловагие бояд дошта бошед ё ҷамъ кунед;
⦁ Дигар намедонед, ки чӣ тавр аз он ҳолати константа берун шавед, чӣ гуна худро дигар кунед, андешаҳои навтарро чӣ тавр қабул кунед ва мисли ин;…

Ва боз чанд паёмади ногувори дигарро ҳам мешуд, ки инҷо илова кунем. Вале фаҳмо аст, ки «зона комфорта» барои як муддат агар хуб ҳам ҳаст, вале бояд ягон вақт тарк карда шавад. Барои фаҳмотар шудан ба ин мисол таваҷҷӯҳ кунед. Шумо фақат бо маош ва дар як идора кор мекунед. Оҳиста -оҳиста ба зиндагӣ бо ҳамон маош одат кардед, ба кору кормандонатон омӯхта шудед ва тарзи ҳайёти шумо дуру дароз бетағир мондааст. Ин акнун ҳамон «зона комфорта» аст, ки барои рӯзгузаронӣ мувофиқ аст шояд, вале метавонист, ки бо як тасмими шумо иваз шудаву дигар ва беҳтар шавад. Яъне, бояд шумо акнун бо калонтар шудани фарзандонатон, бо зиёдтар шудани хароҷоти ҳармоҳаатон кори дуюм ва сеюмро ёбед, манбаи иловагии даромадро ҷӯставу пайдо кунед, хонаеро, ки ба он одат кардеду дилатон гирифтори он аст, фурӯхта, ҳавлӣ ё манзили калонтару навтар бихаред. Ман кӯшиш кардам, ки бо ҳамин мисоли сода, моҳияи «зона комфорта»-ро бароятон фаҳмонам. Ин албатта мафҳуми васеъ аст, ки бо як мисоли содаи овардаи ман бояд хулоса нашавад. Фикр мекунам, дар идома ин ҳолату ин мавзӯъ бароятон боз ҳам фаҳмотар мешавад ва баъд мақсади маро ҳам аз ин навиштаам дарк хоҳед кард.

Шумо дар тули ҳайёти худ шояд зиёд мешунавед, ки мегӯянд, «барои рушд кардан бояд аз ҳолати комфорт берун бароед». Яъне, агар шумо дуру дароз сокини «зона комфорта» шавед, як андоза танбалӣ дар шумо зуҳур мекунад ва шумо қариб, ки тасмими беҳтар сохтани худро гирифта наметавонед. «Зона комфорта» ҷоест, ки хавфи камтар ва ташвиши камтарро бароятон меорад. Он акнун бо кадом одат, анъана, тарзи фикрронӣ ва боз чанд омили дигар якҷо шуда шакл мегирад. Ин ҷой, яъне «зона комфорта» акнун барои шумо ҷойи одаткарда, бехавф, ором ва беташвиш мешавад. Вале новобаста ба он, ки номи гуворо дорад, буду боши бештар ва доимӣ дар онҷо баъзан дилгиркунанда мешавад. Чаро? Аввалтар аз ҳама барои он, ки ҳар чизе, ки иваз намешавад, тағир намеёбад, беҳтар намешавад, хоҳу нохоҳ ба дили кас мезанад. Шумо акнун бояд на мисли ҳамаи мардум, балки мисли худатон бошед, ки ҳар рӯз нисбат ба худатон дар як рӯзи пештар беҳтар мешавед, хубтар мешавед, донотару босаводтар ва бо ҷуръаттар мегардед.

Мисоли дигар меорам. Борҳо шунидаед, ки касе шикоят мекунад, ки чанд диплом дораду ҷойи кори хуб ва сердаромад надорад. Шикоят мекунад, эрод мегирад, касеро гунаҳкор мекунад, айби дигарон мекунад, вале дар бораи беҳтар шудани худаш, иваз кардани касбу кораш, гирифтани ихтисоси дигари замонавӣ ва мисли ин тамоман фикр намекунад. Варианти дуруст кадом аст? Ҳамин кас бояд дигар миннат кардану ифтихори пуч доштанро аз ду ё се дипломаш бас карда, касбу кори наву бозоргирро аз худ кунад, ба курсҳо равад, их тисоси навтарро омӯзад ва ҷойи кори беҳтару сердаромад пайдо кунад. Ба ҷойи ҳамаи ин, ӯ намехоҳад, ки ҳамон «зона комфорта»-и доштаашро тарк кунад. Мешинад ҳамонҷо ва фақат шикваву шикоят мекунад. Бо ин амалаш вазъи зиндагиву шароити ӯ ҳеҷ вақт беҳтар намешавад….

Аз таърихи ҳамин мафҳум.

Мафҳуми «зона комфорта»-бори аввал соли 1991 ба муошират ворид шудааст. Онро як треннер бо ному насаби Джудит Бардвик ворид кардааст. Он вақт ӯ гуфта буд, ки «зона комфорта»- ҳолатест, ки шахс дар ҳавои оромӣ ва беташвишӣ амалу ҳаракати худро дар ҳолати маҳдуд нигоҳ медорад. Шахс дар ҳолати комфорт ягон заруратро барои таҳрик ва беҳтар шудан намебинад ва ё дарк намекунад. Ӯ аз таваккал кардан метарсад ва ҳамин гуна худаш пеши роҳи рушди шахсияти худро мегирад.

Тавре ки болотар гуфтем, ки чанд омил имкон намедиҳад, ки шахс аз ҳолати комфорт берун шавад ва худро беҳтар созад. Аввалини онҳо тарсу, нигаронӣ, пешгӯйиҳои нодуруст, ҳарос аз ба даст гирифтани идомаи зиндагӣ, нигаронӣ аз қабули қарорҳои мушаххас ва мисли ин аст. Баъдтар шахс фикр мекунад, ки агар аз ҳолати «зона комфорта» берун барояд, шояд зиндагиаш вазнинтар ва душвортар мешавад. Дар ҳоле, ки ин тавр нест. Ё на ҳамеша ҳамин тавр аст. Аз сӯйи дигар душвориҳо ҳам мегузаранд, мисли он, ки роҳату комфорту хубиҳо ҳам як вақт анҷом меёбанд.

Равоншиносе аз Стэнфорд — Кэрол Дуэк гуфтааст, ки тарзи фикрронии одамон ду хел аст — шахшуда ва дар ҳоли рушд. Агар фикрронии аввалро дошта бошед, фикр мекунед, ки шумо қобилияти берун рафтан аз «зона комфорта» — ро надоред, барои беҳтар шудан ҳоло омода нестед ва умуман, ин кор барои шумо НЕСТ!. Ин таҳрики шуморо барҳам мезанад, шуморо метарсонад ва албатта ба қафо мекашад. Баъд саду як далелу исботро барои худ пеш меоред, ки ҳамон корро накунед ва ҷойи гарматонро ба қавле хунук накунед…

Тоқат кардан хуб аст, аммо на дар ҳома ҳолат. Махсусан, агар гап сари тарк кардани «зона комфорта» биравад, бояд инҷо дуру дароз сабру тоқат накунед. Он дар ин маврид меваи ширин намеорад. Мо дуру дароз ҳоалтҳои муътадилиро тоқат карда, барои худамон қолабу шаблонҳое фикр мекунем, ки дар идома дарди сарамон мешаванд. Рост а ст, ки берун рафтан аз «зона комфорта» душвортар аст, чунки аксаран намедонед, ду қадам дуртар шуморо чӣ интизор аст? Лекин қобилияти қабули қарорҳои дуруст дар инҷо ҳатман ба шумо кӯмак мерасонад. Наход рӯзгор ҳамин гуна таҷрибае ба шумо надода бошад, ки дар ҳолатҳои мушкилу душвор онро ба кор баред?! Фикр накунед, ки андешаи шумо кайҳониву орзӯятон дастнорас ва амалинашаванда аст! Кори нест, ки анҷом дода нашавад, мушкиле нест, ки як ё якчанд роҳи ҳал надошта бошад. Фақат бояд натарсид!

Чӣ тавр бояд барои баромадан аз «зона комфорта» тасмим гирифт ва амал кард?

⦁ Агар орзӯи бузурге доред, аввалтар аз ҳама аз он сар кунед. Аз ҳар чизе, ки метарседу ҳарос дореду боварӣ надоред, аз ҳамон сар кунед. Метарсед барои боло бурдани маош пеши роҳбар дароед? Метарсед ширкати истеҳсолии худро кушоед? Метарсед ба духтари дӯстдоштаатон изҳори муҳаббат кунед? Аз ҳамин чизҳое ки тарси бештарро дар дилатон эҷод кардаанд шурӯъ кунед ва баъд мебинед, ки чӣ қадар осону сода будаанд. Шумо бошед, як умр тарсидеду аз «зона комфорта» баромадан нахоста будед.
⦁ Вобаста ба дилхоҳ орзӯ ва нақшаатон дастури амал тартиб диҳед. Муҳлати мушаххас гузоред ва онро нагузаронед.
⦁ Одатҳои нохубу феълу атвори нодуруст ва ноҷоро партоед. Онҳоро бо одати ҷолибу муфиду зарурӣ иваз кунед. Навгониҳоро ба зиндагиву кору фаъолияти худ роҳ диҳед, баъзе қолабҳои шахшударо шиканед ва аз фикри мардум натарсед. Дар аксарияти маврид ба он ҳатто аҳамият ҳам надиҳед.
⦁ Сафар кунед. Масалан, ба шаҳру навоҳие биравед, ки ягон бор нарафтаед ва онҷо ягон касро намешиносед. Натарсида равед. Ба кишварҳое, ки бо мо раводиди сафар надоранд, бе ҳарос сафар кунед. Навгониҳо, навдидаҳо ва мушоҳидаҳоро сабт кунед, навор бигиред ва куҷое қайд кунед. Беҳтарин таҷрибаҳоро дар зиндагии худ пиёда созед;

Фаромӯш накунед, ки ҳамин баромадан аз «зона комфорта» баъзан вақт метавонад дуру дароз, ҳатто моҳу сол тӯл бикашад. Яъне, фикр накунед, ки ин ҳолати осон ва сода аст ва шумо дарҳол муваффақ мешаведу дигару беҳтар мешавед. Барои ин албатта талоши пайваста ва вақт лозим аст. Шояд пул ҳам зарур мешавад. Ба кору ҷой ва ҳолати нав, шароити нав ва зиндагии дигар одат кардан, асаби устувор, пуртоқатӣ, сабру таҳаммул ва интизор шуданро талаб мекунад. Вале бо назардошти пайомадҳои неки берун рафтан аз «зона комфорта» меарзад, ки он ҳама мушкилу душвориҳоро тоқат кардаву пушти сар сохт.

Хубии асосии берун рафтан аз «зона комфорта» — ин роҳро барои рушди шахсияти худ ҳамвортар кардан аст. Вақте ки шумо бо гузаштан аз душворӣ ва мушкил ба зиндагии беҳтар мерасед, боварӣ ба худатон зиёдтар мешавад, таваккал карданро ёд мегиред ва тарсу ҳарос аз тағироти нав аз дилатон берун мешавад. Шояд муҳимтарин камбудии берун рафтан аз «зона комфорта» ҳамин бошад, ки бахзан барои ин мутобиқшавӣ ва муваффақшавӣ неруву асаб ва захираҳои дигарро бояд қурбон карду талаф дод. Яъне, пештар аз ин тасмим бояд ҳатман зарфиятҳои худ, афзалиятҳо, неру ва тавонии худро ба назар гирифт ва ҳисобу китоб кард.

Дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, ману мардумони дигар як галла мушкилу проблема дорем, ки онҳо моро афсурдаву нигарон ва пир кардааст. Ба онҳо қарзи бонкӣ, маоши кам, мушкилоти иҷтимоии дигар, проблемаи манзили зист, сохтани хонаву ҳавлӣ, надоштани замину тиҷорат, надоштани шиносу рафиқони пулдору вазифадору пуртаъсир ва мисли ин ворид мешавад. Ҳамаи ин аксаран имкон намедиҳад, ки мо тасмимҳои ҷиддӣ бигирем ва барои берун рафтан аз «зона комфорта» ба хотири беҳтару пешрафтатар шудан иқдом кунем. Ҳатто баъзеҳо ба хотири он, ки коргоҳашон дар пеши хонаашон аст, ҷойи кори худро иваз намекунанд ва инак 40 сари сол аст, ки бо ҳамон маоши кам ва шароити нохуб одат карда, шиштаанд. Яъне, фикр мекунанд, ки агар коргоҳ дуртар бошад, онҳо пули раҳкиро намеёбанд ва ё мошинашон дар пробка мемонад ҳар саҳар ва мисли ин. Дидед, ки сабабҳо барои мондан дар «зона комфорта» баъзан хеле содда ва ҳатто аблаҳона мешаванд…

Баъзан вақт одамоне, ки шуморо иҳота кардаанд, намегузоранд, ки шумо барои беҳтар шуданатон аз ҳамон «зона комфорта» берун биравед. Онҳо бо сухану амалу ҳаракат ва таъсиррасониҳои дигар ин тасмими шуморо ба қафо мекашонанд, шуморо бештар ноумед мекунанд, тарси бештарро бо нақлҳои ноҷои худ дар дилатон ҷой мекунанд…Бинед, агар зарур бошад, шумо бояд ҳатто доираи шиносҳои худро ҳам иваз кунед, то ба зиндагии беҳтар ва комёбии бештар бирасед. Онҳоеро дар канор дошта бошед, тасмим ва нақшаҳои шуморо фаҳманд, дарк кунанд ва дар ҳолаи зарурат шуморо дастгирӣ кунанд. Мисли он, ки дар ҳама ҷой ва барои амалӣ сохтани ҳама гуна тарҳи бузург нақшаи амал лозим аст, инҷо ҳам ҳамин чиз ногузир аст. Бе нақша кор кардан метавонад, масалан, боиси он шавад, ки дар ҳошияи мушкилоти нав, бе ҷойи кор мондан ва мисли ин, шумо гирифтори бемориҳои асаб ё дил шавед. Аз ин рӯ пешакӣ дар ин бора бояд фикр кунед ва имкониятҳои воқеии худро ба назар бигиред.

Барои бехатар баромадан аз «зона комфорта» ва беҳтар кардани зиндагиву шароити худ аввалтар аз ҳама аз чанд амалу тасмими сода сар кунед:

⦁ реҷаи кору зиндагии худро тағир бидиҳед. Ба он кору машғулияти мувофиқ ва нав, ғизоҳои навтар ворид кунед. Самти корро дигартар созед, ҳатто роҳи рафтан ба коргоҳро метавонед, тағир диҳед;
⦁ Назари интиқодии худро рушд бидиҳед, аввал ба ҳама чиз бо назари интиқод ва шубҳа нигоҳ кунед;
⦁ Бинед, ки дар зиндагии ҳар рӯзаатон чӣ чизи содаву осон ба шумо хушҳолии бештар меорад, вақти шуморо хуш месозад? Ба ҳамон кору амал машғул шавед;
⦁ Аз ҳама чизи сода, кору бору амали одӣ, ҳаловат бурданро ёд бигиред;

Вале фаромуш накунед, ки баъзан вақт мардум аз «зона комфорта» баромада ба хзонаи беҳтар норасида, ба ҳангомаву паникаву тарсу ҳарос рӯ ба рӯ мешаванд. Натарсед ва ноумед нашавед. Ин ҳатман мегузарад. Шумо ҳатман пирӯз мешавед ва тасаввур мекунед баъди мушкилоти зиёд ва раҳойӣ аз онҳо шумо чӣ қадар таҷриба мегиред? Онро бо пул чен карда намешавад. Муҳимтарин чиз дар зиндагии шумо — ҳамон таҷриба аст, ки баъзан ба сахтӣ ба даст меояд ва баъзан дар муддати дуру дароз.

Хулоса, Алиҷон гуфт, ки аз Ню Йорк ба Бостон меравад, то он шаҳрро бинад, мушоҳида кунад, муқоиса кунад ва чизе беҳтарро дарёфт созад. Ва ман фикр кардам, ки акнун дар зиндагии Алиҷон ҳамин протсеси берун рафтан аз «зона комфорта» фаро расид. Дурусттараш он аллакай дар Душанбе, вақте ки дар фикри ба Амрико рафтан буд, фаро расида буд. Тавсияи ман ҳамин аст, ки фақат дар роҳи росту дуруст бошеду барои расидан ба ҳадафҳои бузург талош кунед. Ба худатон ва баъдтар ба нерӯ, саводу дониш ва имкониятҳои доштаи худ бовар кунед. Ҳатман комёбӣ ва муваффақияти бештар насибатон мешавад. Худованд ҳам ҳамеша бо мардуме аст, ки ба Худо ва ба худашон боварӣ ва эътимод доранд…,

10-уми майи соли 2024
Ва ин ҳоло давом дорад….



Оставьте комментарий