“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (2)

Ин субҳ барвақт аз хоб бедор шудам. Соат чанд аст, намедонам. На телефонамро ҳамроҳам овардаам, на ноутбукро. Дишаб аз мағозае, ки дар наздикии меҳмонхонаи мо аст, сим-корт харидам ва бо зану фарзандонам чанд дақиқа сӯҳбат ҳам карда будам. Оромии шабам ҳам аз ҳамин буд. Ду рӯз пеш онҳо вақти гуселам ҳарду баробар гириста буданд.

Ба духтарон занг задам. Онҳо нав аз хоб хеста буданд. Баъди чанд дақиқа якҷоя ба ошхона рафтем. Тамоми меҳмонхонаҳои дунё барои меҳмононаш хӯроки субҳро аз ҳисоби ҳамон маблағи арзиши ҳуҷра ташкил мекунад. Читать далее

Касе мехост фазоро ғуборолуд кунад…

Дар шумораи 17-уми хафтаномаи «Миллат», аз 6-уми майи соли 2015 (сахифаи 6)  бо номи «Фазои губоролуди «Субхи Ватан»» маводе нашр шудааст, ки  ба Имомалии Табари таалук дорад.

Ман аслан кушиш намекунам, ки дар хамин холатхо фавран ба чавобнависи сар кунам ва барои худсафедкуни далелу бурхон хам намекобам.  (Боз хам вакте ки ончо ному насаби  ман умуман нест!) Ин маротибаи аввал нест, ки дар бораи «Субхи Ватан» ва  Субхон Чалилов дар сахифаи хафтанома ва мачаллахои кишвар чизе менависанд. Аммо шояд бори аввал аст, ки  хамин гуна нофахмову ночаспон ва бемаксад менависанд. Харчанд он бо як чумла аз Афлотун сар шуда бошад хам, аз он мавод максади муаллифро нафахмидам. Читать далее

Душанбе-Дубай-Куала Лумпур (2)

Субхи Куала Лумпур аз субхи Душанбе тамоман фарк дорад. Инчо хавои гарму дамгир аст. Худро факат бо рохи нишастан дар хонае, ки кондитсионер дорад, метавони аз ин норохати начот бидихи. Бо сабаби гарми дар кучахои ин шахр мисли шахрхои мо анбухи одамонро хатто субху шом хам дидан мумкин нест. Манорахои дугоник ва хиёбони пурдарахти атрофии он яке аз чойхои сайру гашту истирохати шомгохии мардуми Куала Лумпур аст. Ачоибат барои ман дар ин шахр –омезиши ду фарханг буд: зиёданд онхое, ки сатру фаранчи доранд ва аз суйи дигар кам нестанд, нафароне, ки домани кутох мепушанд ва сарпуше ба сар намегиранд. Яъне намояндахои равияву мазхабу хизбу харакатхои гуногун бар ба бари хам озодона кору истирохату зиндаги мекунанд.   Читать далее

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд-Астория (15)

Ин субхи ман аз навис-навис бо писарам Аличон огоз шуд. (У дар синфи 5-ум тахсил мекунаду Эхсон дар синфи 2-юм) Ман онхоро пазмон шудаам, ба хамон хадд, ки онхо хам маро пазмонанду интизор! Аз хар боб навиштаму навишт, аз ину он пурсидам…Каме насихату васият кардам. Ва медонед у чи навишт? Айнан ин чумларо:

«оли сахар барои мактаб пул гирум  да аднакласникум мегзаронум баъд да шумо да пеши сураттон як чиз мемонум – инамира -мой золотой папа»

Гиряам омад, бори аввал буд, ки ман ин кадар мухаббату дустдориву пазмонии писарамро хис мекардам …

Читать далее

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (7)

Аз руйи одат ман хеле барвакт аз хоб бедор мешавам. Вакте дар Ноксвил соат 5-и  субх аст…  Субхона мекунам. Чи хуб аст, ки холо точирон  дар кишвархои Аврупо ва Амрико ба тамгаи «халол» таваччух мекунанд. Дишаб ман хангоми хариди хасиб ва боз чанд маводи дигар баргашта аз тарчумонамон мепурсидам, ки «дар хакикат хам ин мавод халол аст?». У навиштаи бастабандии гизоро мехонд ва хам аз фурушанда  мепурсид. Дар баъзе  вохурихо чониби мехмондор аз тарчумон ва рохбалади мо мепурсад, ки барои бачахо ба кадом гушт гизо тайр кунем? Ва ман борхо шунидам, ки Леонид аввал дар бораи ман мегуяд. Мо хама намуди гуштро намехурем-ку…. Читать далее

«Журналистика – ин касб барои мардуми боистеъдод аст!»…

Ин мусохиба чанд муддат кабл дар мачаллаи «Садокат» нашр шуда буд.

Вобаста ба хаёти шахсиатон чизе гуед?

        -Ман дар Файзобод таваллуд шудаам. Хатмкардаи Донишгохи Миллии Точикистон. (Ихтисоси «мухандиси сохаи Радиофизика ва электроника») То соли 2002 дар Радиои Точикистон, дар идораи Чавонон ва наврасон ба хайси коромуз, мухаррир, чонишини сармухаррир ва и.в. Сармухаррир фаъолият кардам. Аз соли 2003 дар Радиои «Ватан» кор мекунам. Холо вазифаи Директори барномахои хамин радиоро ба душ дорам. Оиладор буда, ду писарчаи нозанин дорам — Аличон ва Эхсон. Читать далее

2 марти соли 2011

 Имруз дустам Фируз Хакимов (DJ Fire) навишт, ки «дилам барои модарам танг аст, хотирахо аз уву аз замони  буданаш  маро мекушанд»…  Баъди пагох  Фируз зодруз дорад ва ин аввалин зодрузи у БЕ модари азизаш хохад буд. Дигар  факат хотирахо  мемонад,  ки  ширину  ширинтар мешаванд, дил ба ёди  накхати дасту руи МОДАР  гум мезанад ва хам дар андух гум мешавад…ТУ дигар чуз сабр чора надори, дустам! Бозгашти мо ба суи Худост, ба суи Худост  бозгашти  МО!!! Читать далее

20 сентябри соли 2010

     Имруз боз рузи душанбе аст! Барои касе  огози хафтаи нави кори ва барои каси дигаре огози  хафтаи нави бекори, барои касе боз як хафтаи дарду ранч руи рахти хоб ва барои каси дигар боз як хафтаи гуттавар шудан дар курсии мулоим ва нарми мансаб, барои касе хафтаи хосилгундори ва барои каси дигаре хафтаи хисоби пули фуруши хосил, барои як кас аввалин хафтаи зиндаги ва барои каси дигар охирин хафтаи умр…

Имруз дар мавриди бархамхурии вазоратхо, аввалин ва охирин хамсар ва маъшукахо, лётчик будан ва ё набудани Убайди Зокони, филмхое, ки аввал тамом мешаваду баъд боз идома меёбанд, мучассамаи термос ва мактаби фохишахо навиштаам. Читать далее

Интихоби ман (ТВ «Бахористон»)

       Ин сухбат чанд руз пештар аз тарики Телевизиони «Бахористон» пахш шуда буд. Дар доираи як лоихаи телевизионие бо номи «Интихоби ман» наврасони мактаби кариб,  ки дар тамоми мавзуъхо савол доданд. Дар поён шакли кутохшудаи ин сухбатро меорам. Читать далее

Чаро-11? Дар хизмати авлод!

         Дар Хитой бо истифода аз макому мансаб кумак расонидан ба хешу пайвандон манъ карда шуд. Имруз ман дар доираи барномаи сахарии «Субхи Ватан» бо хамин гуна пурсише ба шунавандахо мурочиат кардам, ки   «Кадоме аз мансабдорони точикистони аз вазифахои худ  бо максади кумаку дастгирии наздиконашон истифода намекунанд ё барои онхо акалан  вазифаву мансаби худро камтар истифода мебаранд?»  Чанд нафар андешаи худро баён карданд ва ин гуна руйхат пайдо шуд: Читать далее