«Чашмони шишаги ва майнаи пластмасси»…

       Бо ташаббуси Очонсии Иттилоотии Точнюс имруз  сухбати фосилавие  баргузор гардид ва ман кушиш кардам, ки ба суоли шунавандахои Радио ва хонандагони он сомона чавоб гуям.  Он сухбатро дар шакли пурра дар инчо хам мегузорам. Мо дар ин сухбат  ба мавзуъхои  мухаббат ва дину ойин, «чашнхои мачбури», даврони чавони ва «сарвайрони», инсон ва чисми бегона, чашмони шишаги ва майнаи пласмасси, тарси журналистон, тарки хислатхои нохуб ва боз чанд мавзуи дигар дахл кардаем.

#1 Зухур 09.02.2011 04:20

Субхон, назаратон ба мухаббати мардуми динхо ва забонхои гуногун чи гуна аст?

— Ман дар маҷмӯъ ба ин гуна муҳаббат ва оиладорӣ зиддият надорам. Дар миёни мо зиёданд нафароне, ки бо аҳли китоб — намояндагони дину равия ва забону мазҳабҳои гуногун оиладор ҳастанд. Гузашта аз ин, мардҳои тоҷик аксарият тавонистаанд, ки ҳамсари худро, ки намояндаи дину оини дигар буд, ба Ислом моил кунанд ва зиндагии тоҷикона бисозанд. Вале хаёл мекунам, ки бо муҳаббату самимона, бо хушӣ ва дили гарму ошиқона зиндагӣ кардан бо ҳамдину ҳамкеш ва ҳамфарҳанг беҳтар аст. Мо ҳазор сол умр надорем ку…

#2 Ошик аз Хиндустон 09.02.2011 05:26

Мухтарам Субхони Чалил! Бигуед, ки умуман хамин ишк вучуд дорад? Агар ха, пас намешавад, ки хамон пушт-пушти домхову паси дарахтон ишкварзии худамонро карда гаштан гирему ба ким-кадом Рузи ошикон таваччух надихем?

— Ростӣ ман мақсади шуморо нафаҳмидам. Ҷашну идҳоро таҷлил кардан маҷбурӣ нест. Бигзор касе, ки мехоҳад дар иҳотаи оила ва ё дар канори дӯстдоштааш ҳатто солгарди бӯсаи аввалашро ҳам «таҷлил» кунад. Касе ки намехоҳад, ба ин гуна ҷашну идҳо аҳамият надиҳад. Тамом!

#3 Mahbuba 09.02.2011 05:29

Шумо хамчун як нафаре, ки хамеша бо сухан ва бо мардум сарукор доред, метавонед дарачаи хассосияти ошикиро каме тасвир намоед? Яъне сухани пучу беасос метавонад ба ишк зарба занаду сабаби заволи он гардад?

— Муҳаббат ва дӯстдорӣ барои инсонҳои комилан солим аст, ҳарчанд дар вуҷуди инсони аз ақл бегона ҳам ҳамин гуна эҳсос пайдо мегардад. Сухан метавонад мисли он, ки касеро наҷот медиҳад, ҳамон гуна боиси фанои касе ва ё кадом эҳсосе, мисли ишқ бошад.

#4 Nabi az Darai Tutak 09.02.2011 05:38

O shumo aval yak bor pursed, ki Subhoni Jalil khudashon yagon marotib oshiq shudagi ne mi? Ku, Subhonako, kamtarak ay hamu davrahoi javoniyu sarvayroni naql namoen…

— Ман ҳоло намедонам, ки ошиқ шуданро шумо чи гуна мефаҳмед ва ҳангоми гуфтани ин сухан чиро дар назар доред? Барои қисмати дувуми саволатон бояд нависам, ки «дар даврони ҷавонӣ ҳам ман «сарвайрон» набудам».

#5 Фуруг 10.02.2011 01:08

Салом, аз ун сухбате ки очонсии TojNews мехохад бо Субхони Чалил дар мавриди Рузи ошикон анчом бидихад ва ун суолхое ки инчо пешниход шудаанд ва мешаванд, ба назар чунин мерасад, ки гуиё ин рузро на Валентини мукаддаст, балки Субхони Чалил муайян карда бошад. Мехохам аз Субхони Чалил як чиз пурсам агар Валентини мукаддас мебудед аввалтар аз хама барои ошикон чи кор мекардед? Боки саломат бошед!!!

— Ман худро дар ҷои он нафар ҳеҷ вақт тасаввур карда ҳам наметавонам. Вале дар маҷмӯъ агар ҳамин гуна имкони ба мардум кӯмак кардан медоштам, беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро бо ҳуруфи кирилӣ барои онҳо тарҷумаву дастрас мекардам, барои рушди ВАО ва махсусан Интернет-Радио мусоидат мекардам, фақат лоиҳаҳоеро татбиқ мекардам, ки барои зиндагии мардум манфиат доранд, иҷрои корҳои илмиеро маблағгузорӣ мекардам, ки содаву бетаъсир ва хандаовар набошанд…

#6 Дориюш 10.02.2011 09:53

Оё вакти он нарасидааст ки тачлили хамин гуна «чашнхо» комилан манъ гардан? Масалан, ман хеч заруратеро барои тачлили 1 апрел, 14 феврал ва хатто Соли Нав намебинам. Бовар кунед! Шумо чи назар доред?

— Ман бо Шумо мувофиқ ҳастам. Аммо дар самти манъ кардани чизе мо бояд хеле эҳтиёткор бошем. Бубинед, ки содатарин чиро, ки чун магас аст, бадхоҳони мо метавонанд ҳангома карда, ба фил табдил диҳанд. Мисли он, ки ҳатто ҷисми инсон ҳар чизи бегонаро мисли хори ба нӯги ангуштатон халида бо гузашти вақт аз худ дур мекунад, ҳама чизи нозарур ва бегона ҳамин гуна ба тадриҷ худашон аз истифода мераванд ва аз таваҷҷӯҳ бенасиб мемонанд.

#7 Ситам 11.02.2011 02:49

Салом Акаи Субхон! Хар сахар соати чанд аз хоб мехезед? Хангоми телефон бо гулрухон хамсари шумо рашк намекунад? Чанд фарзанд доред? Ба хона соати чанд меоед? Аз дер омадан ба хона хамсаратон рашк намекунад? Нигохи Шумо ба дузанаги дар Точикистон? Оё ишку ошики хакикат аст ё…? Чашн гирифтани Рузи ошикон дар Точикистон зарурият дорад? Рахмат ба чавоби суолхо!

— Шумо оғози барномаи «Субҳи Ватан»-ро гӯш кунед. Ним соат қабл аз ҳамон оғоз ин соати аз хоб хестани ман аст! Шояд рашк мекунад, аммо муҳим ҳамин аст, ки шикоят намекунад. Ман ду писарча дорам — Алиҷон ва Эҳсон! Ба хона баъди анҷоми ҳама кору нақшаи ҳамонрӯзаам меоям. Ҳама гуна дер омаданаму наомаданам ба хона сабаб дорад, ки боиси рашк нест. Ду зан доштану чанд зану дӯстдошта доштан маънии зистанрову офариданро гум мекунад. Шумо хаёл мекунед, ки эҷодкорон, ки аслан танҳоӣ ва оромиро мехоҳанд, ҷонибдори бисёрзанӣ ҳастанд? НЕ, ба гумони ман! Дар мавриди муҳаббат ва ишқу вобастагиву дилбастагӣ ва одаткуниҳо бо касе ман болотар гуфтам. Дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани на фақат Рӯзи Ошиқон, балки боз чанд иди дигар ҳам зарурат надорад. Вале зарур аст, ки мо бо ҳам меҳрубону кӯмакрасон бошем, ба рӯи ҳамдигар табассум кунем, якдигарро пешпо надиҳем!

# 8 Бузургвор 11.02.2011 23:11

Ман мухолифи тачлили чашни валетина дар Точикистонам, фикр мекунам, ки он ба арзишхои миллии мо точикон созгор нест. Аз шумо пурсиданиам, ки оё шумо тарафдори тачлили хамин руз дар Точикистонед, ки онро инкадар таблиг мекунед?

— Аввал ин ки он нафар Валентина неву Валентин аст, вай як мард буд! Дуввум, ин ки ман ҳам ҷонибдори ин гуна иду ҷашнҳо нестам ва он дар кишвари мо таҷлили васеъ ҳам надорад. Онро як-ду нафари русшуда ва ё нафароне, ки хаёл мекунанд хеле замонавӣ ҳастанд, таҷлил мекунанд. Аммо ман ҳамеша ҷонибдори як ҳарфи хуш, фазои идона, ба касе чизе тӯҳфа кардан будам ва ҳастам! Дар куҷо дидед, ки ман ин рӯзро тарғиб кардам? Масалан, ин субҳ дар барномаи саҳарии худ ман ягон бор номи ин ҷашнро нагирифтам! Дар мавзӯъҳои муҳаббату дӯстдорӣ бошад, бе ин рӯз ҳам ҳар рӯз мо бо шунавандаҳо сӯҳбат мекунем! Ба пешниҳоди идораи Тоҷнюс дар мавриди сӯҳбати вертуалӣ розӣ шудани ман магар ҳамин маъниро дорад?

#9 Behandesh 12.02.2011 21:14

salom agar ba veblogi Subhon nazar afkaned mebined ki in janob zarrae ham ishk dar vujud nadorad. Zero ishk yane sukhtan ishk yane adoi muhabbat ba mashuk ki koidatan mashuk yakest(manzuram injo irfoni nest) holo Subhon sadto aks guzoshtast dar veblogash va dast dar gardanu kamaru va …i sadto «MASHUK» oshik yak dil dorad va yak dildoda Pas mantikan Subhon hak nadorad va agar bikhohad ham nametavonad az ehsosoti ISHK sukhan guyad Tashakur ba TOJNEWS.TJ baroi faroham ovardani chunin mahfilho

— Бояд гӯям, ки блог ин воҳиди ченкунии ИШҚ набуд ва нест! Дар куҷо хондед, ки ИШҚ ин «сухтан» аст??? Оё Шумо, ки ҳатто калимаи МАЪШУҚро дуруст навишта наметавонед, ҳуқуқ доред, ки дар ин мавзӯъ чизе нависед? Шумо мафҳум ва маъниҳои ИШҚ, МУҲАББАТ, ДИЛБАСТАГӢ, СИМПАТИЯ, ДӮСТДОРӢ, ТАВАҶҶӮҲ, НАЗАРИ НЕКБИНОНА, МЕҲРро ба ҳам омехта накунед. Онҳо паҳлӯҳои гуногуне аз як эҳсоси гуворо ва бузург ҳастанд. Масалан, шумо дар як дилатон муҳаббати ҳамсар, модар, хоҳар ва духтарчаатонро ғунчонида метавонед ку? Ё не? Аммо фаромӯш накунед, ки ман ҲАҚ дорам, ки дар ҳама мавзӯъ сӯҳбат кунам ва назари худамро баён созам. Инро барои ман қонунгузориҳои Тоҷикистон кафолат додааст. 

     «Беҳандеш»! Замони сохтакорӣ ва қолабӣ будан кайҳо гузашт. Дигар бо чашмони шишагӣ атрофро дидаву бо майнаи «пластмассӣ» фикр карда намешавад! Саломат бошед!!!

#10 Усмонова… 13.02.2011 06:54

Салом, Субхон! Чашнхои бисёре хаст, ки хочат ба номбар кардани он нест, бигуед, ки омадани кадом ид ё чашнро бештар интизор мешавед? Ва кадом ид ё чашнро мехохед дар деха, назди падару модар бигзаронед?

— Ман фикр мекунам, ки чи гуна гузаштани ҷашнҳо аз худи инсонҳо ва муносибату хаёлбофии онҳо вобаста аст. Ҳар ҷашнеро, ки ба завқи ману хоҳиши ман мувофиқ аст, интизор мешавам. Мехостам дар ҳама ҷашну идҳо дар канори наздикон бошам, хешу пайвандонро сари як дастурхон дидан барои ман писанд аст, гуворо аст. Канори онҳо будан худ беҳтарин ид аст…

#11 Замира 13.02.2011 06:56

Ассалому алайк. Шумо хар субх ба ронандагон сузишвори тухфа мекунед. Боре орзуи мошин доштанро накардаед? Чун хар субх барвакт ба кор меоед ёфтани наклиёт барои шумо душвор нест?

— Сӯзишворӣ дар эфири мо бо кӯмаки ширкати «Умед-88» тақдим карда мешавад. Дар мавриди мошин доштан бошад, ман фақат ҳангоми дар роҳ мондану бо кӯдакон ба куҷое рафтан фикр мекунам. Ягон вақт ҳатман мехарам. Фақат мехостам, ки ҳамон «ягон вақт» дури дур набошад. Агар шумо ҳам барвақттар аз хоб хезед, ба кор омаданатон осонтар мешавад. Ронандагони саҳархез ҳам дар шаҳр кам нестанд!

#12 Холиса 13.02.2011 07:16

Акаи Субхон, чун имрузхо дар телевизион ва радио бисёртар дар бораи тарбияи фарзанд сухбатхо мешавад, ба фикри шумо тарбияи фарзандро аз чандсолаги бояд шуруъ кард? Ба фарзандонатон ба дарсхояшон бештар шумо кумак мекунед ё модараш?

— Мардуми боҳуш хеле барвақттар аз ба дунё омадани тифлашон аллакай дар бораи тарбияи ӯ фикр мекунанд. Ман кӯшиш кардам, ки писарчаам, ки ҳоло дар синфи 2 таҳсил мекунад, дар шароити хуб дарс тайёр кунад. Ӯ дар хона компютер, интернет, тахтаи дарстайёркунӣ дорад. Маҷаллаву газетаҳои кӯдаконаро ман барояш мебарам, модараш ҳам дар ҳифз кардани маълумот ё худ азёдкунии маводе ба ӯ кӯмак мекунад.

 #13 Olima 13.02.2011 07:17

Чихеле ки имрузхо ба хама маълум аст аксарият одамони машхуру шинохта блоги худро доранд, вале дар точикон камтар дида мешавад. Шумо аз одамони шинохтаи точик мехостед, ки кадоме аз онхо блоги худро дошта бошад? Оё ба фикри шумо доштани блог барои хар шахсро зарур медонед?

— Дар замони иттилоъ ва маълумот, ки мо зиндагӣ мекунем, дар қатори муҳимоти дигар доштани саҳифаи алоҳидаи интернетӣ ҳам барои мо муҳим аст. Афсӯс, ки на ҳама ба ин чиз таваҷҷӯҳ мекунад. Хушбахтона дар ҳафтаи гузашта фаҳмидам, ки ба ҳама коргоҳҳои давлатӣ супориш дода шудааст, ки сомонаи худро кушоянд. Ин роҳи осону қулайи дар иртибот будан бо мардум аст. (Боз ҳам агар онро ба мақсади сарфи бештари пулҳои буҷа истифода набаранд. Мисли он, ки баъзеҳо барои коргоҳ як сӯзанро 20 дирам бихаранд, мехоҳанд, ки фурӯшанда дар ҳуҷҷатҳо 5 сомонӣ нишон дихад!). Табодули таҷриба ва ибрози андешаҳои шахсӣ гумонам, ки барои рушди ҳар нафар мусоидат хоҳад кард.

#14 Дилафруз 13.02.2011 07:19

Салом акаи Субхон. Шумо, ки журналист хастед, пурсидан мехохам, ки журналист аз чи бояд натарсад? Ва аз журналистони шабакахои телевизион кадоме ба назари шумо боистеъдодтар аст ва барномаашро тамошо мекунед?

— Журналист мисли нафарони дигари ҷомеа аз чизе, ки одами солим метарсад, бояд тарсад. Пурра аз ягон чиз натарсидан ҳам беморӣ ва нишони носолимӣ аст! Ӯ бояд аз заҳмати миёншикан, таҳқиқу таҷриба, навоварӣ, хато кардан, таҳдид ва … маоши кам натарсад.

#15 Шахло 13.02.2011 07:19

Салом. Пурсидан мехохам, ки дар бахши аз Почтаи Субхи Ватан бештар газетаи Зан ва мардро сахифагардон мекунед ва аз мавзуъхои он шунавандагон огох мешаванд. Мегуфтед, ки шумо ба кадом газета бештар таваччух доред ё бисёртар мутолиа мекунед?

— Ман ҳама маводи ҷолиб ва газетаҳои хондабобро мехонам. Аслан навишаҳои муаллифони алоҳидаро мекобам.

#16 Amon 13.02.2011 07:20

Хар сахар бо шунавандагони гуногун хамсухбат мешавед ва хам мегуед ки як шунаванда бояд баъд аз 20 дакика занг занад, то дигарон хам тавонанд, ки занг зананд, бисёр дуруст хам мекунед? Шумо дар байни мухлисонатон ки хар субх занг мезананд, нафаре хаст ки аз сухбат бо у асаби намешавед ва хамон хеле ки мехохед, бо шумо сухбат карда тавонад?

 — Дар миёни шунавандаҳои мо нафарони фаъолу ҳозирҷавоб ва хушсӯҳбат кам нестанд. Аммо бояд иқрор шуд, ки ҳамчунин нафароне, ки бо «противогаз» барнома гӯш мекунанд, зиёданд. Ман кӯшиш мекунам, ки нороҳатии маро касе эҳсос накунад. Баъзан ба ин ман муваффақ мешавам, аммо баъзан шунавандаҳои закӣ онро пай мебаранд…

#17 Мухсин 13.02.2011 07:21

Саломалайк акаи Субхон. С.1. Аз касби интихобкардаи худ розиед? С. 2. Кадом хислат аст, ки ба худи шумо писанд нест ва тарк кардан мехохед?

— Касб ва коре, ки барои манфиату иттилоъу маълумотнокии мардум бошад, метавон ки аз он розӣ набуд? Аз маҷмӯи маълумоту далелу арқоми шавқоваре, ки ҳар саҳар пешниҳод мешавад, мардум агар 0,1% — ро ҳар шунидан ба худ бигирад, ба манфиати худашону ҷомеа мешавад. Ин қадар ошнову дӯсту бародаре, ки ба воситаи Радио ва барномаҳои радиоӣ ман пайдо кардам ва дорам, хаёлан шояд дар вазир буданам ҳам намедоштам. Аз як салому меҳрубонии шунавандаи радио дар кӯча ё коргоҳе як ҷаҳон лаззат меёбам! Ман хислатҳои нохубамро аллакай тарк кардам, масалан дигар сигор намекашам…

#18 Сураё 13.02.2011 07:22

Чаро сухбати шуморо дар рузи ба кавле ошикон гузоштаанд? Ба гумони шумо ишки самими кадом аст ва чи гуна шахсро вафодор мегуянд?

— Ба суоли он, ки чаро маҳз дар ин рӯз сӯҳбати маро гузоштанд, ман ҷавоб дода наметавонам. Муҳаррири ин сомона ҳамин гуна хостааст. Муҳаббати самимӣ хаёлам ҳамонест, ки онро шахс дар вуҷуди худ эҳсос мекунад ва он аз сӯи нафари дигаре аксулҷавоб дорад! Ҳамчунин он метавонад нисбат ба ҳама чизи дигари арзандаи муҳаббат бошад.

#19 Зиёуддин 13.02.2011 07:22

Салом. Дар яке аз бахшхои барномаатон «Мехмонхона» бо ки орзуи сухбат карданро доред?

— Барои ман муҳим сӯҳбати ҷолиби меҳмон аст, на статус ва мавқеашу шӯҳрату мартабааш. Масалан, ман асло кӯшиш накардаам, ки кадом сарояндаи машҳур ва ё сарватманду гаронтаъсирро ба студия даъват кунам. Ва ҳам кӣ гуфт, ки онҳо ҳамаашон сӯҳбати ҷолиб карда метавонанд? Ман мехоҳам бо нафаре сӯҳбат кунам, ки барои мардум ҳарфи нави гуфтанӣ дорад, идеяҳои ҷолиб дорад, пешниҳоди ғайриоддӣ ва манфиатовар дораду барои амалӣ сохтани он кӯшиш карда истодааст.

#20 Гулсара 13.02.2011 07:23 Чанд сол аст, ки дар Ватан кор мекунед? Чунин холате шудааст, ки нияти аз кор рафтанро карда бошед?

— Дар радиои «Ватан» ман соли 8-ум аст, ки кор мекунам. Борҳо хостам, ки бо сабабҳои гуногун аз кор равам. Гоҳ таъхир дар маош, гоҳҳо ҳолатҳои дигар пеш меомаданд, ки аслан касро дилсард мекунанд. Ба шабакаҳои дигар, коргоҳҳои дигар низ даъват карданд. Ҳамеша дар мавриди шунавандаҳое фикр мекунам, ки ба барномаи «Субҳи Ватан» одат кардаанд, маро гӯш мекунанд, дӯстӣ ҳам дорем. Ҳамеша барномаи худро бо барномаҳои шабакаҳои дигар муқоиса мекунам ва баъди он ба хулосае меоям, ки бояд то ҳадде, ки мумкин аст ва тоқатпазир, дар «Ватан» бимонам! Масалан, маротибаи охир маро сухани роҳбарамон хуш наомада буд, ки гуфта буд: «Фаромӯш накун, ки ту ба воситаи ҳамин Радио шинохта шудӣ…». Ӯ намедонист, ки ман дар дигар Радио ҳам дар муддати 1 сол ба мақоми Сармуҳаррир расида будам…

#21 Fatoh 13.02.2011 07:26 Салом. Савол аввал ин ки: Дар радио кор кардан душвор аст ё телевизион? Дувум: ягон накшаи наве барои барномаатон доред? Масалан тахияи ягон бахши нав?

— Агар шахс масъулиятшинос бошад, ҳама кор душвор аст — ҳам муҳаррир будан ва ҳам посбон ё боғбон будан. Ман ба навгонӣ ва дигаргуниҳо одат кардам. Мехоҳам, ки ҳар сари чанд вақт ягон чизи наве дар барнома ҷо кунам. Бигзор як чизи сода аст он, аммо муҳим он аст, ки он чизи сода фикри ман ва пешниҳоди ман аст. Ман агар ягон чизи нав фикр карда натавонам, мусиқии ягон бахши барномаамро иваз мекунам ва аз ин рӯҳам болида мешавад. Бахшҳои нав дар «Субҳи Ватан» низ ҳастанд, ки ба қарибӣ онро ба шунаванда пешниҳод мекунам. «Истгоҳи 597» як барномаи навест, ки рӯзҳои шанбе аз ин ба баъд пахш хоҳад шуд.

#22 Азим 13.02.2011 21:31 Салом акаи Субхон. 1.Шумо то соати чанд дар коргохед? 2.Кудаконро дуст медоред ? 3.Кадом барномахои телевизиониро тамошо мекунед агар тамошо кунед? Саломат бошед. Офарини Шумо бо чунин шунавандагони баъзан бефахм.

— Дар коргоҳ буданам аслан аз шароити кор ва барномаи ҳамонрӯзаи кори ман вобаста аст. Масалан, агар барқ нест, ман чаро то шом бояд дар коргоҳ бишинам? Кӯдаконро бениҳоят дӯст медорам. Ду писарча дорам, ки барои канори онҳо будан ман омода ҳастам, ки ҳатто аз Шаҳритус низ баъди кадом маҳфиле ба Душанбе биёям. Барномаҳои телевизионии хуб дар ҳар кадом шабакаи телевизионӣ дорем. Ман «Сайди маънӣ», «Ҳақиқати таърихӣ», «Сарнавишт»-ро аз Шабакаи аввал, «Рисолаи таърихӣ», «Шакл»-ро аз Сафина ва аксарияти барномаҳои ТВ-и кӯдаконаи «Баҳористон»-ро бо кӯдаконам тамошо мекунам. Аммо дар мавриди «шунавандагони бефаҳм» бошад, бояд гӯям, ки сафи онҳо хушбахтона камтар мешавад. Онҳо асосан ҳамон гурӯҳе ҳастанд, ки ба барномаҳои пур аз сохтакории радиоӣ одат кардаанд ва бо ҳамин сабаб дар эфири мо худро каме «нороҳат» эҳсос мекунанд ва ман ҳам дар сӯҳбати онҳо «роҳат» нестам!

 

комментариев 5

  1. Салом ба шумо акаи Субхон! Ин чо як чавобатон ба ман бисёр писанд омад, ки гуфтед, Мухаббат ва дустдори барои инсонхои комилан солим аст! Вале мехостам чанд саволи иловаги бидихам, ки ба фикри шумо мухаббати хакики ё самими холо хам вучуд дорад? Ва самими будани ишкро шумо дар чи мебинед?
    Мутассифона холо мо дар кучахо хусусан богхо холатхое аз тарафи чавонон ба чашмамон мерасад, ки аз диданаш кас шарм мекунад, ки бо он рох гузарад. Магар инро мухаббати пок гуфтан мумкин аст?

    • Саломалейк…Рости гап, сайру гашт дар богу гулгаштхо чизи баде нест. Аммо бад хамин аст, ки чавонони ошики мо (хатто замони мухаббати поку самими доштанашон хам!) дигар хаёлбофи кардан намехоханд: хама бог мераванд, онхо хам бояд бираванд. Хайёлбофии камтар дорем…
      Аз суи дигар поки ва нопокии мухаббатро аз сайругашт ва ё баракс аз дамдузди ва аз назари мардум пинхон будан фахмидан номумкин аст. Мушкили дигари мо хамин аст, ки мо ба хама кас новобаста аз наздики ва салохиятамон кордор мешавем, эрод мегирем, овозаи бо хам сухбат кардани «бачаи фалонира бо духтари фалони» аз Душанбе то Чиргатола мебарем…

  2. «Масалан, маротибаи охир маро сухани роҳбарамон хуш наомада буд, ки гуфта буд: «Фаромӯш накун, ки ту ба воситаи ҳамин Радио шинохта шудӣ…». Ӯ намедонист, ки ман дар дигар Радио ҳам дар муддати 1 сол ба мақоми Сармуҳаррир расида будам…» Ин суханатон бароям хуш омад. Дар вокеъ баъзехо нисбат ба шахсони муваффак гумон мекунанд, ки агар онхо намебуданд, Шахси муваффак гадо мешуд. Аммо чунин нест. Чаро баъзехо дар 1 коргох 1000 сол кор мекунанду 1 кадам ба пеш гузошта наметавонанд ва боз хамеша кушиш мекунанд, ки навкореро пешпо диханд?
    Аммо Шумо бояд кам-кам барои вазифа хам кушиш кунед))) Зеро Субхон барин чавонони сохибном, сохибандеша ва адолатхох бояд рохбар бошад!

  3. Салом акаи Субхон , бехтарин чавобхо, махсус хамун чашмони шишаги ва майнаи пластмасси…Ахсан ба Шумо!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: