Мехмон атои Худо! Сайёх чи?

    Сафархо барои шумо як чахон сиру асрорро мекушояд. Махсусан, дар самти чалби сайёхон! Зеро ончо мебинед, ки аз чи усулхо истифода мешавад ва чи гуна муваффак мешаванд, ки сайёхони зиёдеро хамасола чалб кунанд?     Дар зер баъзе ишорахо вобаста ба хамин мавзуъ оварда шудааст — чи бояд кард, то сайёхон ба кишвари мо бештару бештар биоянд?

Барои чалб сохтани таваччухи сайёхон аввалтар аз хама имичи хуби миллату давлат лозим аст. Бе он дигар хама гуна кушишу талошхо барои чалби сайёхони хоричи кариб, ки бефоида аст. Хар кас  худашро мисол бигирад: шумо ба кишваре ки ончо чангу чуш аст, кишваре, ки ончо вазъи эпидемиологи бад аст, ё ба кишваре ки чизе фарккунандаву гайриодди надорад, меравед? Албатта не!  Имичи кишвар дар сатхи чахони омили хеле мухими чалб шудани сайёхон аст! Аммо баъдтар аз ин ба назари ман барои чалби сайёхон чи кор кардан зарур аст:  

  • Сомонахои бештаре бо забонхои гуногун дар бораи кишвари мо бояд бошанд, ки маълумот ончо фавран нав карда шавад, илова гардад ва  номгуи сайрхатхои сафари ончо бошад
  • Роликхои хуби таблиготи бояд бештар бошанд. Вале ин маънои онро надорад, ки он бо нархи гарон сабт шаваду  дар ким кадом кишвари дигар танзим гарданд.
  • Сайёхи хоричи бояд донад, ки хини сафари у ба кишвари мо чи чизи гайри одди уро интизор аст. Бубинед, ки ким кадом фестивал дар Бразилия ва ё Аргентина чи кадар сайёхонро чалб мекунад. Инчо масалан, бо Навруз чизеро вобаста кардан мумкин аст
  • Моро дар кишвархои дигар мучассамаву иншооту осорхонахои  гайриодди ба худ чалб мекунад.  Мо чи дорем инчо? Парчами баландтарин ба гумонам ки хануз кам аст! Ман дар Ню йорк чанд руз кушиш кардам, ки барвактар аз машгулиятхо фориг шаваму хамаи  мучассамахои гайриоддиро  бубинам ва мучассамаи Озодиро аз наздик сурат бигирам…
  • Пешниход кардани баъзе имтиёзхо барои ширкатхои сайёхи. Масалан, дар Казокистон як вакт хамин тартиб чори буд, ки барои ширкатхои сайёхи  маблаги харочоти онхоро барои рекламаи  минтакахои истирохати чуброн мекарданд.
  • Хайёлбофи даркор аст! Барои ин велосипед ихтироъ кардан даркор нест. Масалан, хама медонад, ки дар Брюсел мучассамаи хурди писарчае хаст, ки пешоб мекунад. Он на гайриодди асту на сехрнок. Вале мардум хамин ки ба Брюсссел рафтанд, хатман ба ончо мераванд. Чаро? Барои он, ки дар Брюссел хар сари чанд вакт бо назардошти иду чашнхо ба он хайкали писарча либосхои гуногун мепушонанд. Тамом!
  • Ман дар Прага растахои тухфафуруши ва ширинипазиро дидам. Дар нуктахои ширипази барои мисол, пеши чашми шумо шоколадро тайёр мекунанд ва шумо имкон доред, ки хатто бичашед.  Мо хамин гуна чой (мисли шахри кадима, ки дар Стокголм хам дида будам) надорем. Ва баъд бояд фикр кард, ки мо агар хамин гуна нуктахоро дошта бошем, ба сайёхони хоричи тарзи тахияи чиро нишон медодем?
  • Паст кардани нархи чиптахои хавопаймои ва нархи катора ба Душанбе ва баракс. Бояд ба назар гирифт, ки ба хар сурат Бил Гейтс ва  Марк Цукерберг ба кишвари мо ба истирохат омадани нестанд, аммо онхое ки меоянд, харчанд дар кисса пачка-пачка доллар хам дошта бошанд, метавонанд, ки нарххоро бо кишвархои дигар мукоиса кунанд ва гарон будани онхоро хис кунанд. Ман аз Душанбе бо се тайёра то Польша рафта 1100 доллар сарф карда будам, аммо холо факат то Маскав парвоз кардан 500-600 доллар аст. 
  • Чизи мухими дигар ин то хадди минимум кам кардани тафтишу санчишу кофтукобу ба кайдгириву хуччатбозии сайёхони хоричи аст.
  • Баланд кардани шуурноки ва сатхи маърифати шахрвандони кишвари мо. Як замон марди амрикоие, ки  ба воситаи Афгонистон ба кишвари мо омада будаст, хамрох бо як тарчумонаш ки хамватани мо буд,ба радио омад ва хост, ки мо тарики эълон барои пайдо кардани борхалта ва хуччатхояш кумак кунем. Фахмидам, ки вакте ки аз фурудгох бо такси то мехмонхона меомадааст, дар рох таксиро нигох дошта хостаст, ки пулашро иваз кунад. Пулашро бе мушкили иваз мекунад, аммо вакте ки аз бонк берун мешавад, ронандаи текси «бухор» шудааст. Нест. Гурехтааст! Он сайёх бошад, пушти мошини у сумкаву хуччату пулу компютери дастиашро бор карда буд. Ана хамин тавр!!!    
  • Давлату шахрхое, ки сайёхони зиёдро чалб мекунанд, саду як осорхонаву мучассамаву хатсайрхои пиёдаву аспакиву оби дорад, барои таргиби кишвару шахрашон аз саду як рох истифода мебаранд-харита, буклет, магнитхо, роликхо, нуктахои велосипедсавори, таксихои хуб, гидхои касби ва донишманд, чашну фестивалу намоишгох ва баъзе имтиёзхо барои сайёхон….
  • Ман ба хар кучое,  ки рафтам, хатман хамрохам парчами Точикистон, токии чакан, чанд диск таронахои сарояндахои чавон, чанд донаи СD—и шашмаком, фалак, сурудхои мардуми ва хатман филм дар бораи Точикистон бо субтитри англиси мегирам ва ба хамгурухонам таксим мекунам…Иловатан хар рузи сафар ва  хама чизи гайри одди ва шавковарро дар сахафоти дафтар ва ё блоги худам  дар Интернет кайд мекунам,  то хамватанони дигар онро  хонанду донанд….Як бор хисоб кунед, ки хар сол чи кадар мардуми мо баберуни кишвар барои ширкат дар кадом семинару сафархои хунариву кориву тичорати меравад. Хар кадоми онхо як зарра накшу сахми сахми худро дар таргиби кишвар гузорад, нуран ало нур мешавад.

Вале ба такрор бояд гуфт, ки барои чалби сайёхон пештар аз хама бехтар сохтани имичи кишвар ва миллат аст! Ин бошад, аз хар кадоми мо дар алохидаги вобастаги дорад!!!

Суратхо дар  чараёни сафари ман ба Амрико гирифта шудааст.

DSC00627 DSC00389 DSC00397 DSC00424 DSC00453 DSC00458 DSC00459 DSC00465 DSC00488 DSC00499 DSC00527 DSC00532

Изображение 579 Изображение 488

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: