Душанбе-Дубай (1)

Ман баъди бозгаштам аз Амрико дар мохи ноябр ба худ мегуфтам, ки «тамом, дигар ба ягон чо намеравам…». Сафархои бештар аз 4-5 руза хатто ба хоричи кишвар ва давлату шахрхое хам,  ки бисёрихо орзуи диданашро мекунанд,  касро монда мекунад. Боз махсусан барои ман ки рузона хар кучое, ки чарх занам, шабона мехохам дар бари кудаконам бошам ё дурусттараш наметавонам, ки дар бари онхо набошам! Сафари навбатии ман бо даъвати ширкати «Qi» ба воситаи шахри Дубай ба шахри Куала Лумпури Малайзия аст. Фурудгохи Душанбе шохиди омаду рафти миллион нафар мешавад, хазор точир, хазор варзишгару корафтода ва хазор мухочири кори махз бо истифодаи  ин фурудгох ва ба воситаи тайёра макони зисти муваккати ва доимии худро дигар мекунад.  Дар беруни фурудгох чамъ- шудахо, ки миёни онхо шиносу рафикони мо хам буданд, аксаран зоирин буданд, ки нияти Хаччи Умраро доштанд.

Мо баъди гузаштан аз расмиёти хатмии фурудгох ба толори интизори ворид шудем. Чанд маротиба ба хона занг задам. Хар вакте ки писаронам мепурсанд, ки «ба кучо ва барои чи меравед?», ман хатман дуруг мегуям,ки «бачам, дарса хондан даркор аст, китоби бисёр мутолиа кардан даркор аст, то ки туро ба хоричи кишвар барои кору тахсилу шиносои фиристонанд…» Он кадар дуруг хам нест ин, хамин хел не? Парвоз то шахри Дубай кариб севуним соат давом кард. Чун парвози мо рузона сурат мегирифт, аз дохихи тайёра хам зебоихои Дубайро кисман дидан мумкин буд. Ин шахрест, ки ба ончо баъзехоро меоранд ва намегузоранд, ки раванд, баъзехо меоянду мераванд ва баъзехо мисли мо онро барои рафтан ба кишвари дигаре истифода мебаранд…Манораи баландтарин дар дунё хатто аз дохили фурудгохи Дубай низ ба назар мерасид. Мо то парвози тайёраи самти Дубай-Куала Лумпур кариб 4 соат вакт дорем…. Дубай – калонтарин шахри Аморати Муттахидаи Араб ва маркази маъмурии аморати Дубай аст. Он шахр дар сохили Халичи Форс дар шимолу шаркии пойтахт-Абу Даби ва дар хамсоягии Шарча чойгир аст. Ин шахр бо дарозии 134  ва пахноии 35 километраи худ ба маркази бузурги тичорат ва истирохат дар Шарки Наздик табдил ёфта, хама сола таваччухи сайёхони зиёдеро ба худ чалб мекунад. Дар Дубай баъзе намуди андозхо-аз кабили андоз аз даромади корхона, андоз аз афзоиши сармоя, андоз аз даромад барои шахсони вокеъи ситонида намешавад. Аморати Муттахидаи Араб бо бештар аз 20 кишвари дунё дар мавриди наситонидани андози дубора ё андози такрори карордод дорад. Хавзахои Озоди Иктисоди дар ин шахр мавкеъи хоссае доранд. Хавзаи офшори хам ончо мавчуд будааст. Бурчи Халифа — 828 метр баланди ва 163 ошёна дорад. Дар ин бино худуди 50 лифт ба мардум хизмат мерасонад, ки суръати харакаташон дар як сония 18 метр аст. Фаввораи Дубай, Бурч-ал Араб, Emirates Towers, Чазираи Палмахо, Аквариум ва боз чанд иншооту нуктаи дигар Дубайро ба шахри тамошобобу дидани табдил додааст…

Тайёраи мо аз руйи хатсайри Дубай-Куала Лумпур баъди бештар аз 7 соати парвоз ба фурудгохи шахри Куала Лумпур фуруд омад. Мо чанд дакика омадани борхалтахои худро интизор шудем. Мо дар Дубай онхоро надида будем, зеро хануз аз Душанбе мо онхоро то пойтахти Малайзия хуччатгузори кардем. Амир – як кормандони ширкати «Q-net»  ва Тим — хукукшиноси ширкати «Qi»  моро истикбол гирифтанд. Хамгуруххои ман — Фахриддин, Мавзуна, Човид, Холикназар, Нилуфар ва  Абдуазим мисли ман хеле монда хастанд, хохиш кардем, ки моро ба мехмонхона бубаранд. Хама ба хотири як дам дароз кашидану истирохат кардан,  аз бахри хуроки нимаруз хам гузаштанд… Рох аз фурудгохи Куала Лумпур то мехмонхонаи Хилтон кариб 40 дакика аст. Ронандаи мо гуфт, ки имруз чун рузи истирохат хаст, тамбашавии мошинхо дар роххо хам камтар аст, вагарна тай кардани ин фосила вакти аз он хам бештареро талаб мекунанд. Куала Лумпур, ки кариб 2 миллион ахоли дорад ва соли 1857 таъсис ёфтааст, пойтахти Малайзия аст. Худуди 60% ахолии ин кишвар мусалмон аст ва Ислом инчо динни расми аст. Гармии хаво харчанд аз 40 дарача боло наравад хам, хеч вакт аз 18-20 дарача гарми поён намешудааст. Инчо хаво хамеша нам ва гарму дамгир  аст. Дар Куала Лумпур, ки асосан маркази тичорати, саноати ва молияви аст, коргоххои коркарди каучук, истехсоли равгани пальма, чамъовари ва   истехсоли мошинхо, тачхизоти электрони, маводи хочагии кишлок, нассочи ва гайра фаъолият мекунанд. Малайзия аз чихати истехсоли равгани пальма дар дунё дар зинаи дуюм будааст. Фахри Куала Лумпур ба гумони ман ду манораи 452 метраи Петронас мебошад. Он аз 88 ошёна иборат аст ва дар дохили худ чандин маркази фархангиву тичорати, маъмури ва хизматрасониро чо додааст. «Петронас» ин як ширкати коркарди нафт аст, ки хамин чо кароргох дорад.

Хулоса, ман дар бораи дидаву шунидахо аз ин кишвари ин шахр дар чанд нашри дигар менависам ва албатта дар бораи он менависам, ки ширкати «Q-net», ки зертобеи ширкати гуногунсамти «Qi» буда, дар Душанбе хам намояндаги дорад, дар асл чи гуна ширкат аст, чаро баъзе хамватанони мо ончо фиреб хурдаанд, намояндахои мустакили ин ширкат ба мардуми одди чиро мегуянду чиро на…. ва умуман, тичорати шабакави, ки самти асосии кори ширкати «Q-net» аст, чи тартибу кавоид дорад…Интизор бошед!

Хучраи ман дар мехмонхонаи Хилтон дар ошёнаи 16 –ум аст.  Тамошои Куала Лумпур аз хамин чо шабона хеле гуворост. Акнун барои чанд рузи оянда як кунчи хучраи раками 1663-ро мисли хама сафархои ман — парчами Точикистони сохибистиклол зеб медихад…

 

 Хуроки шом дар Фурудгохи Дубай

Нигох!!! Як нигох...

Манорахои ПЕТРОНАС, Куала Лумпур

Куала Лумпур

Пештар аз Озорбойчону Точикистон хамин парчам ва пояи он баландтарин дар дунё буд...

Тим, хукукшиноси Qi

Бо "Ватан"-у бо парчами Ватан

Куала Лумпур, Малайзия

Интизори...Рахпойи...Нигох...

IMG_5130

Муссавир дар яке аз майдонхои Куала Лумпур...

 

IMG_5149

РУшнои барои хар бутта...

Асар....Эчод....Шохкори...

Парчами як вакт машхури Малайзия

Велосипед

Куала Лумпур

Зебо ва назаррабо

Баланду зебо...

Манорахои дугонаи Куала Лумпур

Парчам...

 

Палма-зебоиофар

Один ответ

  1. Э не акаи Субхон сайру тамошо чизи зурай хичвахт одам безор намешавад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: