Касе мехост фазоро ғуборолуд кунад…

Дар шумораи 17-уми хафтаномаи «Миллат», аз 6-уми майи соли 2015 (сахифаи 6)  бо номи «Фазои губоролуди «Субхи Ватан»» маводе нашр шудааст, ки  ба Имомалии Табари таалук дорад.

Ман аслан кушиш намекунам, ки дар хамин холатхо фавран ба чавобнависи сар кунам ва барои худсафедкуни далелу бурхон хам намекобам.  (Боз хам вакте ки ончо ному насаби  ман умуман нест!) Ин маротибаи аввал нест, ки дар бораи «Субхи Ватан» ва  Субхон Чалилов дар сахифаи хафтанома ва мачаллахои кишвар чизе менависанд. Аммо шояд бори аввал аст, ки  хамин гуна нофахмову ночаспон ва бемаксад менависанд. Харчанд он бо як чумла аз Афлотун сар шуда бошад хам, аз он мавод максади муаллифро нафахмидам.

Муаллиф дар банди дуюми маводаш навиштааст:

«…як сухани Адолф Хитлерро, ки агарчи тамоми мардуми башарият уро хамчун хокими фашист мешиносанд, фаромуш набояд кард, ки «Яхудон пояхои хунар ва адабиёти кишвархои дигарро суст мекунанд, эхсосоти мардумро фиреб медиханд ва тамоми ахкоми дуруст ва махкамро дар хам фуру рехта ва мардумро аз рохи рост мунхариф месозанд»»

Шумо фахмидед, ки ин чумла ба барномаи «Субхи Ватан» ва муаллифу ровии он — як бачаи мусулмон ва точик бо номи Субхон Чалилов чи иртибот дорад? Ман рости гап нафахмидам …:)

Дар идомаи мавод муаллиф навиштааст:

«Тавре ки мушохида мешавад, дар забони гуфтугу ва хусни баёни шахрвандон хануз камбудиву хатогихои чидди чой доранд…»

Муаллифи «забондон» хатои худро дар «хатоги» дарк накардааст. Дар бораи забон, ки менависед, коре кунед, ки забони навишти худатон бе хато бошад,  то ки   мухандисе чун Субхон Чалилов хатои шуморо наёбад!🙂

Дар идома ин нафар навиштааст, ки гуё мардум вакти шунидани радиоро надоранд ва аксаран дар дохили воситахои наклиёт радиоро гуш мекунанд. У наклиёти мусофирбарро  «клубхои таргиботи алайхи забони давлати» гуфтааст. Лекин ман хайронам, ки кадом рови рафта, гушаки радиои дохили воситаи наклиётро баланд карда бошад? Баланду паст будани радиои дохили наклиёт  аввалтар аз хама аз шуурноки ва донишу маърифати худи ронанда вобаста аст. Радиохо барномахои гуногунро пешниход мекунанд, имкон медиханд, ки шунаванда аз руйи завкаш суруд ва тарона фармоиш дихад, мардум худаш бояд интихоб кунад, ки чиро гуш кунад, кадом таронаву сурудро дархост кунад. Холо агар мо мисли кишвархои дигар  50 ё 100 FM радио медоштем, ба гумонам хафтаномахо мачбур мешуданд, ки факат танкидхои кудаконаи шуморо чоп кунанд, зеро маълум аст, ки он вакт формату шакли пахши таронаву суруд ва барномасозии онхо гуногун мебуд.  Дар Радиои «Ватан» 70% барномахову таронахо точики-форси хастанд. Мо бо забони руси хатто нашри хабари надорем. Таронахо бо тартиби зерин пахш мешавад – точики – руси — гарби ва шарки. Сафари чаноби Имомалии Табари бо воситаи наклиёти мусофирбар агар дар фосилаи як таронаи гарби сурат гирифта бошад, гунохи мо чи аст?

Дар идома муаллиф  навиштааст:

«Субхи рузи 11 феврал бо максади расидан ба чойи зарури ба наклиёти мусофиркаше нишастам…Суруду мусикии гушхарошу дагале бо кадом як забони аврупои баланд садо медод…»

Бинед, аз 11 ферал то 6 май (!) , ки ин мавод чоп шудааст муаллиф хамин гапро дар дилаш гирифта гаштааст!🙂. Хулоса, баъд нафари пахлуяш ба  муаллифи ин матн гуфтааст, ки ин сурудхо ба ман хам маъкул несту …чи кор кунам?

Ман хатто натавонистам ки вактамро сарф карда, хамон чумлахоро айнан нависам. Кудакона асту на шавковар ва на нав!!! Чи хел чи кор карданатонро намедонед? Шумо хамчун мусофир талаб кунед, ки радиоро ронанда хомуш кунад, ба макомоти дахлдор шикоят баред, зеро садои баланд дар дохили мусофиркашхои шахри манъ аст. Ё хатто метавонистед, ки ронандаро хам «насихат» кунед, ки дигар радиохои хусусиро гуш накунад! Лекин инчо  айби барномаи «Субхи Ватан» чи аст?

Дар идомаи мавод муаллиф Имомалии Табари навиштааст:

«Пас аз чанд лахзаи дигар маълумамон гардид, ки ин барномаи радиоии «Субхи Ватан» будааст. Дар ин муддате, ки ман то чойи зарурии худ расидам, пас аз нашри чанд хабару реклама боз ду суруду мусики бо забони руси шунавонида шуду ровиён тавре ки ба худашон писанд буд, барномаро идома медоданд…»

Баъди хамин чумла ман 100% бовар мекунам, ки он барнома «Субхи Ватан» набудааст. Зеро харчанд, ки мо хам таронахои руси ва гарбиро дар миёни таронахои точики ва шарки пахш мекунем (ба воситаи барномаи махсуси компютери!),  аммо барномаи «Субхи Ватан» дар 12 соле, ки арзи хасти дорад, факат 1 рови дошт!!! Дидед, ки муаллиф дар бораи ровиён навиштааст…

Ин муаллиф дар кисмати нихоии маводаш масъалаи забонро як су мондаву ба тарзи пешниходи рекламахо дахл кардааст:

«Яке овози худро мисли даррандахои  пурхашм, мисле ки бо хам чанг мекарда бошанд, дахшатноку пурвохима сохта, реклама мехонду  бо хамин махорату санъати «олию диккатчалькунанда» -и худ моли ширкатеро таблиг мекарду барои хусни нав бахшидан ба сухбаташ вожахои нодурусту галатро пайи хам такрор мекард…»

Ман мехостам, ки муаллиф як бор ба радио биёяд ва ман ба у нишон дихам, ки тартиби кор ва тахияи реклама чи гуна аст. Маълум аст, ки у намедонад, ки реклама — ин каблан тахия мешавад. Садое, ки дар реклама истифода шудааст, метавонад садои ровии барномаи сахари набошад. Хамчунин агар характери ролики таблиготи хамин гуна  «дахшатноку пурвохима» бошад,  нафаре, ки онро мехонад, бояд хамон тарз хонад. (Дар омади гап бояд гуям, ки мо он нафареро, ки махорати актёри надорад, ба радио ба кор кабул намекунем! Рови дар радиои тичорати ва радиое, ки баромахои саргармкунанда ва дилхушиву озмуни дорад, хатман бояд махорати актёри дошта бошад!)  Муаллиф  холо  намедонад,  ки матни рекламахо,  махсусан дар Радиои «Ватан» хатман ба санадхои хукуки дар бораи забон ва реклама мутобик карда мешаванд. Гузашта аз ин кани хамон «вожахои нодурусту галат»?  Чаро наовардед хамон вожахоро?  Агар ки максадатон покии забон аст, чаро вожахоро дар шакли дурусташон нанавиштед, ки мо хонему фахмем?  Хайати эчодии хама радиохои хусуси аз кормандони чавон иборат аст ва маълум аст, ки шояд  дар талафузи кадом вожа хато мекунанд, ё шояд онро ночо истифода мекунанд. Инро намешавад инкор кард. Мо омода хастем, ки ислох шавем. Аммо бо ин тартибе , ки шумо навиштед, факат сахифаи 6 пур шудасту халос. Умумигуйи хуб нест ва натича хам намеорад…

Муаллиф навиштааст, ки гуё рови калимаи «Душанбешахр» -ро истифода мебурд. Лекин чаро нанавиштааст, ки кадом рови?  (Ман омода хастам, ки сабти пурраи барномаи «Субхи Ватан»-ро  аз 11 феврали соли 2015 дар ихтиёри хамин муаллиф гузорам, то гуш кунад!) Шахсан ман хар сари чанд дакика номи худаму раками телефони студияро такрор мекунам….

Муаллиф  дар охири маводаш чизеро фахмидааст, ки навиштааст:

«Бехтар аст дар ин бора олимони сохаи забоншиноси хулосахои худро баён созанд. Шояд ман хак бар чониб набошам….»

Имомалии  Табари шояд мехост нависад, ки «шояд хак бар чониби ман набошад.»  Албатта хак бар чониби шумо нест, ё худ ба кавли худатон «…хак бар чониб нестед!»  Ин хел ки бошад, нагузоштед, ки дар хамон сахифаи хафтаномаи «Миллат» ягон маводи бехтару арзишмандтаре нашр кунанд?

Дар кисмати охири ин мавод муаллиф навиштааст:

«Хама чиз бо пул ченак намешавад ва набояд ба хотири пул ва даромади осон забони фораму гуворо ва нозукбаёни аз дурии карнхо то ба даврони сохибистиклоли расидаи худро курбони рекламахои дахшатбори берун аз одоб ва гушхарош ва хавасхои ботил созем»

Муаллиф бояд донад, ки дар радиои тичорати пул ёфтану кор кардан он кадар осон нест, ки ба назараи у расидааст. Умумигуйи аст дар мавод! Реклама ин моли  ширкату коргох ва дар мачмуъ рекламадиханда аст. Мо пеш аз пахш мебинем, ки сифати худи ролики таблиготи чи гуна аст (агар онро дар чойи дигар тахия карда бошанд!), гуш мекунем, ки ба Конуни ЧТ  «Дар бораи реклама»  ва санадхои хукукии ба забону таблиги молу махсулот  вобаста мухолифат надошта бошад. Агар дорувор ва маводи гизо аст, идораи тичорати радио нусхаи сертификати сифату мутобикати онро  талаб мекунад.

Муаллиф надонистааст, чи нависад: гох суруду мусики ба у писанд нест, гох рекламаро бо «овози дахшатбор» хондаанд ва гохо онхо гуё «берун аз одоб будаанд».  Вале кани далел? Кадом реклама берун аз одоб буд?

Баъди умумигуихои зиёде Имомалии Табари ба макомоти дахлдори кишвар мурочиат кардааст, ки чорандеши кунанд,  «то ин ки субхи Ватанро хеч ноогохе губоролуда насозад».

Вале тавсияи мо барои  хамин гуна муаллифони ноогох ва умумигуй хамин аст, ки барои навиштани мавод, аввал  мавзуъро интихоб кунед ва баъд максадатонро мушаххас кунед: шумо чи мехохед? Баъди ин агар дар бораи радио навиштани бошед, дар дохили воситаи наклиёт неву дар хона, ба рохат ва пурраву бодиккат барномахои радиоро на камтар аз як моху ду мох   гуш кунед, агар сабт кунед, боз хам хубтар. Шумо бояд он вакт аввалтар аз хама  фарки миёни радиохоро донед, донед, ки формати радиохо чи гуна аст, доираи шунавандаи онхо кихо  ва кадом сину соланд, кобед, ки тибки охирин пурсишхо кадом радио шунавандаи бештар дорад, донед, ки кадом барномаро  ки тахия мекунад, то дар маводе, ки ба нашр мерасонед,  мушаххас нависед. Мисли ин мавод хом  набошад!  Баъди он ки хатои радио ва муаллифонро ёфтед, онро кучое кайд карда, варианти дуруст ва ислохи онро хам нависед. Мо хам дар барномасози албатта бе камбуди нестем ва миннатдор мешавем, агар донандае моро ислох кунад. Коидаи аз хама асоси хамин аст, ки хар кас бояд дар хамон мавзуе, ки медонаду мутахасис асту маълумоти кофи дорад, дар хамон мавзуъ бояд нависад, танкид кунад, тавсия дихад ва ислох кунад. Навиштан бояд факат барои пур кардани сахифаи ким кадом хафтанома набошад, мисли он ки чоп кардан хам бояд гаразнок набошад!
Албатта мардум мисли Имомалии Табари барои ин тарз гуфтани фикрашу навиштани он дар хафтаномае  хукук дорад (хафтаномахо хам метавонанд, ки анонси онро дар сахифаи аввалашон чоп кунанд!🙂 ) ,  вале  хайфи вакт ки баъд барои хондани он сарф мешавад!!!

Зиндаги чун аспи саркаш аст....

Зиндаги чун аспи саркаш аст….

комментария 2

  1. Акаи Субхон, ба Озодагон нагуфтед-де, дарав гирифта хабар мекарданд)))

  2. Акаи Субхон, хамаи ин аз бефахми сар мезанад. Мардуми дуст медорад дигаронро танкид кардан, вале хеч намехохад худаш ислох шудан.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: