Душанбе-Вашингтон (1)

Расо як сол кабл ман чун иштирокчии аввалин Форуми чавонони Иттиходи давлатхои Мустакил хамин вакту соат дар Арманистон будам. Аммо имсол хушбахтона маро насиб шуд, ки  Амрикоро бубинам. Ман бо дастгирии Сафорати Амрико дар Точикистон иштирокчии барномаи ба номи Эдвард Р. Марроу шудам. Як шаб аз 21 шаби будан дар Амрико аллакай руз шуд! Хотироти сафарамро хар руз кушиш мекунам, ки инчо нависам, шояд шавковар бошад.

Огози сафарамро аллакай шумо медонед, ман онро хануз пештар аз нишастан ба тайёра навишта будам.  (https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=591420307582337&id=100001431201838&notif_t=like) Аз хамон чо давом медихам. Дустони хуби ман он шаб маро то фурудгох оварданд. Каблан бо писаронам хуб хайрухуш кардам. Холо хам чашмони ашколуди писарчаи хурдиам Эхсон пеши руям аст. Гуфтамаш, ки «бачам, дадата облава кати хизмат набурдестан-ку…Меом баъди чанд руз, бо ягон тухфаи нагз меорам аз Амрико!»

Фурудгохи хурдакаки Душанбе он шаб як гурух дустони маро ба огуш дошт.  «Чойи туда ки барномаро мебарад?» -гуфтани чанд нафар кормандони гумруку хизматчиёни фурудгохи Душанбе маро хурсанд мекард. Хурсанд мешудам, ки набуданам акалан чанд касеро нигарон мекунад. Сафари ман ба воситаи Франкфурти Олмон сурат гирифт. Борхалтаамро то Вашингтон фиристодам. Харчанд, ки ба расиданаш то ончо бовар намекардам. Холатхои нарасидани борхалтахо кам нестанд ку… Парвоз дар ин масир  кариб 7 соат аст. Аз хамин лахза зикиву андухам фаро расид. Чашмонам кариб ки мисли чашмони Эхсонам вакти гуселам мешуд…

Дар фурудгохи Франкфурт кормандони пулис  аз болои трап санчиши хуччатхову чиптахоро огоз карданд. Бо дидани визаи амрикои хис карданд, ки ман факат чанд соате ончо интизор мемонаму ба Вашингтон парвоз мекунам. Кариб 6 соат интизори навбати парвоз шудам. Сафархои дигари ман аслан гурухи буд. Он тарз шавковартар аст –касе шухи мекунад, чизеро бахс мекунем. Тамошо хам шавковар аст. Аммо ин дафъа ман хатто сухбату сухани точиро пазмон шудам.Танхо хатто чизе хурдан намехостам…

Тайёрае, ки ман бо он ба Вашингтон парвоз кардам, хеле калон буд-хар катори он 10 тои курси дошт. Пахлуи ман дар ду курсии дигар ду зан чо гирифтанд. Аммо бо вучуди ин хам дилам гарм намешуд, хатто нахостам ки монитори ру ба руямро фаъол кунам ва чизе тамошо кунам. Махс дар хамин сафар ман хис кардам, ки камбудии бузурги ман ин аст, ки забони англисиро намедонам. Шояд сабаби зик шуданам хам хамин буд, вагарна духтарони пахлуи ман хеле зебо буданд…

Парвоз аз Франкфурт то Вашингтон 8 соат тул кашид. Маро дар фурудгохи Вашингтон аввал кормандони худи фурудгох, ки каблан огох шуда буданд ва баъдтар тарчумонамон пешвоз гирифтанд. Ман бо чанд журналисти дигар дар навбати аз кайд гузаронидани шиноснома наистодем. Ба хар сурат  барномае, ки ман дар он ширкат дорам, аз чониби Департаменти Давлатии Амрико дастгири мешавад. «Мехмонон»-и Департамент чи гуна дар навбат истанд? Хамин тавр не? Тарчумон маро то назди такси оварду худаш рафт барои кабули мехмонони дигар. Ман дар курсии кафои такси, ки ронандааш мисли аксари таксихои Вашингтон як мухочири кори буд, нишастам. Хама канори роххоро тамошо мекардам. Ба хар сурат бори аввал аст, ки ман дар Амрико хастам. Дар кунчи дилам хамон пазмонии хонаву баччахоям бештар шуда буд. Аламовар аст, ки аксарияти мо наметавонем аз хисоби худамон якчоя бо ахли оилаамон ин гуна сафархоро анчом бидихем…

Дари таксиро марде аз хизматрасонхои мехмонхонаи «Мэй флауэр Ренессанс» кушод. Барои ман калиди утоки 474 -ро доданд. Хама чиз дар ин уток ду тои аст –ду рохаткурси, ду курси ва ду рахти хоб….

Аввалин коре ки кардам, парчами Точикистонро, ки акнун ман онро бештар ва кавитар дуст медоштам, руи мизи кори утокам гузоштам…

Дар Амрико

Маро дар ошёнаи аввал 4 аъзои дигар ин барнома –аз Киргизистон, Русия, Арманистон ва Молдова интизор буданд. Онхо хам мисли ман гурусна хастанд…

Шаб дер хобидам, бачахоямро пазмон шуда будам, иклиму вакту соату …хулоса хама чиз иваз ки шуда буд, хобам хам парида буд. Сахар моро тамошои Вашингтон интизор аст. Ман бояд дер накунам. Дидам, ки соати  утоки ман, нодуруст «мегардад». Хайр, ин акнун он кадар мухим нест, ман соатро аз дамидани субх эхсос мекунам…

комментария 4

  1. хеле хуб, ман шуморо дарк мекунам, хай бо ранги ман гиря накунед, ки Ватанамро ёд карда гуфта)))

  2. Mo ba shumo chande pesh peshnihod karda budem biyoyed dar TM-International zaboni Anglisi omuzed🙂 .

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: