ТОП-50: 50 нафари хушсаликаи Душанбе — 2014

Огоз.

Дар кишвари мо озмуну чашнворахои гуногун баргузор мешавад, ки аксарияти онхо тарики пайёмхои кутох ё СМС-хо сурат мегирад. Аммо радиои «Ватан» рузи 23 январ инак соли чорум  Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе»-ро баргузор кард. Фарки ин Чоиза он аст, ки инчо номзадхо худашонро пешниход намекунанд-ин корро дар муддати бештар аз ду мохе, ки мо даври интихобиро баргузор мекунем, дигарон бояд анчом диханд, инчо номзадхо барои ирсоли СМС-хо пули худашонро сарф намекунанд ва ба воситаи телефону шабакахои ичтимои аз дигарони овоз доданро хохиш хам намекунанд. Инчо аз миёни номзадхо, ки мардум пешниход мекунанд ва шумораи онхо хар сол бештар аз 400 нафар аст, 50 нафари хушсаликаро интихоб мекунанд. 

Кихо хушсаликаанд?

Хар вакт баъди баргузории ин Чоиза мардуме, ки то ин замон шояд аз ин Чоиза огох набуд, менависад, ки «фалон нафар хушсалика набуд, либоспушии дигаргуна дорад ва гайраву хоказо…». Аммо бояд гуфт, ки максади мо аз ин Чоизаи харсола факат пайдо кардани нафарони хушлибос нест. Аз миёни нафарони пешниходшуда мо ва гурухи коршиносон, ки накши хакамонро бози мекунанд, хамон нафаронеро интихоб мекунем, ки дар зиндаги салика ва завки баланди кору эчоду офаридан ва зистан доранд. Инчо мо саликаи эчод, дастоварди он нафар дар соли гузашта, хайёлбофи, талош барои комёби, кушиши зебо сохтани зиндагии худ ва дигаронро ба назар мегирем. Ин мухимтар аз либосу муйи сари ороишдодашуда аст. Кариб хамаи онхое, ки сохиби чоиза мешаванд, то охирин лахза комилан намедонанд, ки номи онхо дар руйхати 50 нафари хушсалика хаст!

Даври интихоби

Ба даври интихоби мардум нафарони зиёдро ворид мекунад. Соли дуюм аст, ки мо дар хамкори бо сомонаи tajikmama.tj «Волидони хушсалика»-ро хам интихоб мекунем. Пешниход ва ибрози назархо дар хамин сомона сурат мегирад. Назару пешниходи дигар тарики хамаи барномахои Радиои «Ватан» анчом дода мешавад. Тули бештар аз ду мох мардум номзадхои худро, ки миёнашон ронандахо, сиёсатмадорон, дупутатхо, вазирон, рухониёни шинохта, донишчуёни одди ва мисли инхо хастанд,  пешниход мекунанд. Мо иловатан аз шунавандахои радиои худ хохиш мекунем, ки нишонии сахифаи интернети, акс ё тарчумаи холи хамон номзадхои пешниходкардаашонро, ки мо намешиносем, ирсол кунанд. Имсол беш аз 400 нафар дар даври интихоби пешниход шуда буданд. Мо маросими 4-уми Чоизаи харсолаи «Топ 50 нафари хушсаликаи Душанбе»- ро ба 90 солагии Душанбе, ки соли 2014 тачлил шуд, вобаста кардем.

Чаро Радиои «Ватан» ин Чоизаро таъсис додаст?

Дар зиндаги барои одамон таккон ва дастгири лозим аст. Он одамонро рухбаланд мекунад, барои пеш рафтан кумак мекунад ва барои атрофиён хам таъсири хуб мегузорад. Новобаста ба чи гунагии авзоъи чомеъа баргузории ин гуна озмунун чаншворахо, ки эхсоси зебоипарастиву зебо буданро бедортар мекунад, барои сохтмони чомеъаи солими фархангиву зебоидуст манфиатовар аст ва мусоидат мекунад.  Ин Чоиза барои пул ба даст овардан нест — Радио аз баргузории он фоида  ба даст намеорад ва ин гуна максад хам надорад. Шумо аллакай медонед, ки мо барои интихоб на аз СМС-хо кор мегирем ва на аз купону варакаву чизи дигаре. 50 нафарро хар сол аз миёни нафарони зиёде, ки пешниход мешаванд, интихоб мекунем, рузи муайяне онхоро  ба мехмонхонаи 5-ситорадори Хайят даъват мекунем, махфили самимонаву бе сохтакори ташкил мекунем. Аз хама чизи мухими ин Чоиза дидору мулокот  ба нафарони вокеъан хам муваффак дар самти кори худ аст. Мо умедвор хастем, ки хатто як дона акс хам аз махфил ба дили нафарони дигари хушсалика мухаббат ва гарми меорад, онхоро хам водор мекунад, ки то соли дигар аз талошу кушиш барои зебо сохтани зиндаги даст накашанд.

Назархои мухолиф ба Чоизаи ТОП-50.

Бояд кайд кард, ки хама гуна чашну озмуну чоизахо бе назархои мухолиф хам намешавад. Имсол низ алакай онхо дар сахифахои ичтимои пайдо мешаванд. Сабаби он аз руйи тахлилхои мо чанд чизи хеле одди аст. Бехтараш мо хамон мардуми норози аз ин гуна икдомро ба гуруххо чудо мекунем:

  1. Ин гурух аслан то замони чамъбасти ин Чоиза дар бораи он маълумот надоранд.

Харчанд, ки мо тули бештар аз 2 мох факат даври интихоби баргузор мекунем ва дар як руз 11 маротиба роликхои мо вобаста ба ин Чоиза тарики Радиои «Ватан» пахш мешавад. Мо сухбатхои махсусро бо сарпарастони ин Чоиза, мехмонон, шарикони кори худ дар барномахои радиои ташкил мекунем ва ончо низ хатман маълумот дар бораи баргузори ва тартиби ин Чоиза пешниход мешавад.

  1. Ин гурух бо дидани аксхои зебои мехмонони мо фикр мекунанд, ки хамон як гурухи одамон хар сол ин Чоизаро ба даст меоранд.

Аммо тартиб ин аст, ки мувофики оинномаи ин Чоиза он ба як нафар факат як бор дода мешавад! Ба чуз аз барандахои ин Чоиза дар сахифахои ичтимои мехмонони махфили мо низ суратхои худро мегузоранд, аккосон низ, ки мо онхоро махсус даъват мекунем, натичаи кори худро ба тамошо мегузоранд.

  1. Ин гурух номи худро дар руйхати 50 нафари хушсаликаи Душанбе надида, хамин холатро тахаммул карда наметавонад.

Номзадхо албатта худашонро пешниход намекунанд. Агар касе ба ин руйхат ворид нашуда бошад, маълум мешавад, ки дустони у, наздикони вай ё дар бораи ин Чоиза маълумот надоранд ва ё нахостанд, ки он нафарро ба руйхати пешаки ворид кунанд, ё хатто шояд имсол фурсат наёфтанд. Саликаи тахаммули голибият ва пирузии нафари арзандаи дигарро низ доштан даркор аст.

  1. Гурухи чорум шояд онхое хастанд, ки бо муассиси ин Чоиза — Ширкати ТВ ва Радиои «Ватан» назари хуш надоранд. Онхое хастанд, ки дигар бо мо кор намекунанд ва ё дустони хамин гуруханд, ки аз пешниходи назарашон мо дархол инро дарк мекунем. Ё хамон нафароне хастанд, ки хохиши онхо кадом вакте барои ба кор кабул карда шудан дар Ширкати мо конеъ карда нашудааст.

Инсонхо баъзан хамин гуна одат доранд, ки дар нокомихои худ ба чуз аз худашон хама дигаронро гумонбару гунахкор медонанд.  Харчанд мушаххас аст, ки як чумлаи навиштаи онхо макоми ин Чоизаро  хеч гох паст намекунад. Бахили, даъвати набудан ва ширкат накардан дар ин нишасти хосса, тахаммул карда натавонистани комёбихои каси дигаре аз пахлухои манфии ин гурух аст. Вале мо як руз шуморо хам муттакоид мекунем, ки мо факат барои зеботар кардани зиндагии одамон ва умед бахшидан ба ояндаи нек кушиш мекунем.

Иловатан, хастанд нафароне, ки махсусан акси духтарони зеборо дар сахифахои ичтимои тахаммул карда наметавонанд, хастанд онхое, ки фикр мекунанд барои баргузории ин гуна Чоизахо хам мо пулхои бучаро харч кардаем, хастанд нафароне, ки умуман аз ягон чиз рози нестанд ва хамеша ба хама чиз назари нодурусти гуё интикоди доранд аз чумла ба ин Чоиза низ, хастанд нафароне, ки ракибони худро дар руйхати голибон дида, худро «норохат» эхсос мекунанд. Вале далел ин аст, ки мо барои комёби, дастовард, талошу кушиш, саликаи хуш ва навовариру хайёлбофи ба сокинони Душанбе Чоизаи «50 нафари хушсалика»-ро такдим мекунем ва шояд шумо бовар намекунед, ки аксарияти голибон бо муассиси ин Чоиза комилан ошнои надоранд ва чизе шарикона хам онхоро муттахид намекунад. (Иловатан кайд мекунем, ин Чоиза ба чуз ДИПЛОМ ягон хел маблаги пули ва тухфаи гаронарзиш хам надорад!)

Сарпарастон ва шарикони Чоиза

Барои радиои хусусие чун «Ватан» баргузории ин гуна Чоиза дар танхои хеле гарон ва киммат хохад буд. Хушбахтона хар сол хастанд ширкатхое, ки бо дарки зарурати таргиби зебои, болобурди фархангу саликаи мардуми шахрнишин бо мо хамкори мекунанд.  Агар имсол ширкати «Лото Спорт» сарпарастии  Чоизаро ба душ гирифт, мехмонхонаи 5-ситорадори «Хайят редженси Душанбе» мехмонони моро дар сатхи баланд кабул кард, ширкати алокаи «Мегафон Точикистон» алокаи босифату боэътимодро таъмин кард, ширкати «Висол Ивентс» даромадгохи мехмонхона ва толори баргузории Чоизаро оро дод, аз чавохир ва ороишоти брилиантдори хонаи чавохири «Точи заррин» ровиёни махфил зебоии дигар доштанд. Сабти пурраи махфил аз рузи баргузории конфронси матбуоти бахшида ба ин Чашнвора ба души ширкати «Абдулло Медиа» буд. Иловатан дустони зиёде аз ВАО барои инъикоси ин Чоиза ба мо хамкори ва кумак карданд. Ширкати ТВ ва радиои «Ватан» аз хама сарпарастон ва шарикони ин Чоиза,хамаи онхое, ки барои баргузории як махфили хос бо хамдасти карданд,  самимона изхори сипос мекунад. Сипоси бехад ба таррох Нафиса Имронова, овозхон Олимчон Солиев (барои пешниходи таронаи классики бо гитара), ба гурухи Юнайтед, Баха84 ва Мастер Исмаил барои таронахои тозаэчод ва зинда, ба Аброр Назаров аз гурухи «Далер Назаров» ва ба овозхон Ситораи Кароматулло барои ичрои тарона дар васфи Душанбе. Ташаккур барои гурухи суратгирони касби барои човидони сохтани бехтарин ва зеботарин лахзахои маросими 4-уми Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе» дар мехмонхонаи Хайят редченси Душанбе.

Руйхати барандагони Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе» — 2014

  1. Махмадсаид Убайдуллоев
  2. Рахмон Озода Эмомали
  3. Елена Ахмедова
  4. Шабнам Ибодова
  5. Мухаммад Ризоев
  6. Ильёс Мамадчонов
  7. Шохчамшед Умари
  8. Шухрат Рахматуллоев
  9. Мубориз Субхонов
  10. Мария Левицкая
  11. Гулчехра Кохирова
  12. Тахмина Рачабова
  13. Анна Викторова
  14. Зебо Орифова
  15. Фируза Умарова
  16. Нигина Бахриева
  17. Искандар Ахмедов
  18. Матлуба Каримова
  19. Фируз Баротов
  20. Наталья Ряшенцева
  21. Хусрав Зухуров
  22. Чахонгир Иркаев
  23. Мадина Акназарова
  24. Шоираи Рахимчон
  25. Нуриддин Давронов
  26. Гулнора Исоева
  27. Эрач Айни
  28. Наргис Чураева
  29. Виталий Галушко
  30. Гулнора Сабурова
  31. Анна Муминова
  32. Далер Гуфронов
  33. Нигина Икромова
  34. Наталья Яровая
  35. Эллина Ким
  36. Фирдавс Дустов
  37. Умед Исоев
  38. Абдукаххор Холов
  39. Олимджон Солиев
  40. Далер Рахматов
  41. Фируз Хайдаров
  42. Азиз Холматов
  43. Собир Аминов
  44. Фаррух Неъматзода
  45. Фарангис Исломова
  46. Икбол Завкибеков
  47. Михаил Пеньков
  48. Зарина Хушвахтова
  49. Наргисой Туйчиева
  50. Парвина Исхоки

Анчом

Дарёфти Чоизаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе»-ро дар соли 2014  барои арзандахо самимона тахният мегуем. Тарики радиои «Ватан» мо кушиш мекунем, ки сухбатхои хоссаро дар доираи барномахои гуногуне, ки дорем бо ин голибон баргузор кунем. Он вакт шумо дар бораи онхо маълумоти бештар ва шавковартареро хохед гирифт. Аз ин ру радиои «Ватан»-ро дар Душанбе ва атрофи он дар мавчи 106, дар Кургонтеппа ва атрофи он руйи мавчи 102,4, дар Хоруг дар мавчи 105 ва дар Хучанду атрофии шахр руйи мавчи 103,3 FM гуш кунед. Максади мо дар чанд соли охир аз сатхи Душанбе ба сатхи вилоятхо бурдани ин Чоиза ва баъдтар дар сатхи чумхури супоридани Чоиза ба мардуми хушсалика  аст. Умедвор хохем буд, ки он руз хам дур нест.

Мо андеша, пешниход ва назари Шуморо барои боз хам бехтару хубтар кардани ин Чоиза интизор хастем. Мархамат,  ворид шавед ба сомонаи Чоизаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе» —www.top50.tj.

Саликаи хуши зиндаги, талош барои зебо сохтани хайёт, хайёлбофии рангин дар самти кору фаъолият ва эчод, навовару навчу будан шуморо албатта муваффак мекунад. Мо ба ин бовар дорем!!!

_MG_8270

Субхон Чалилов

_MG_8170

_MG_8161

_MG_8157

Субхон Чалилов

Бо Мавзунаи Мухаммадали, Фаридун Хайруллозода ва Кристина Бородавко

Ру ба дурбин!!!

Бо Шахноза Хамдамова

Муаллим .....

Бо Сайёра, Фируза ва Фарангис...Бе Гулчатай...

 

Гулдаста барои гулчехрахо....

1533842_790287124376964_5972039974353155679_n

Нигина Икромова, ТЧ КИШТИ

Бо Насиба Аминова

 

Бо гурухи дустон...РЭП сурат :)

Бо Устоди Шоистаи Варзиши Точикистон Матлуба Каримова ва Фарангис Исломова

Элита -барои мардуми хосса!!

Бо Фарангис Исломова, Кумитаи кор бо чавонон, варзиш ва сайёхи

Бо гурухи дустон...РЭП сурат :)

Барои хотира аз ТОП-50 ба Абдулло Медиа

Хама серкор буданд, суратгирхо хам ...

Бо духтари дусти мо Далер Гуфронов, мачаллаи Элита

Бо Бахтиёр Турсунов-Абдулло Медиа

Бо Насиба Аминова

Вера ва Насиба.....Пах...

Нигина Икромова, ТЧ КИШТИ

1533842_790287124376964_5972039974353155679_n

Гулдаста барои гулчехрахо....

Боз хам бо хамонхо :)

Бо Сайёра, Фируза ва Фарангис...Бе Гулчатай...

Муаллим .....

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: