Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (11)

        Шаб хавои Нэшвил хеле нарму рохат буд. Ё шояд ман, ки хеле хаставу бехоб будам, аз хамин сабаб хеле рохат хобида будам? Субхи барвакт  берун рафтам. Дарахтони атрофи мехмонхона гуё нав аз назди ороишгари муйю руй омада бошанд –хамаги зарду сурху зардчаву сурхчаву сабзу норинчи….зебо ва аз шамоли гуворои сахари чумбон-чумбон…

        Шабона ман кариб ки сумкаамро накушодаму чизеро берун наовардам. Мо инчо факат як шабем! Моро парвоз ба Портленд интизор аст.

Ба фурудгохи Нэшвил расидем. Он хеле ачоиб аст. Миёни фурудгох бо симдевор чудо шуда пури мехмонхона аст. Аз он чумла мехмонхонаи мо низ дар наздикии фурудгох буд. Тайёрахо баъзан аз руйи купруке мегузаранд, ки поёни он рохи мошингузар аст. Анна хамин гуна «наздиксозии тайёраву одамхову мошинхо» -ро дар фурудгохи Нэшвил дидан мумкин аст.

Як бора сумкахои худро то Портланд хуччатсози карда, талони нишаст гирифтем. Шумо аллакай медонед, ки ин корро хар кас  бо ворид кардани чанд маълумоти кутох ва пардохти хакки боркашони анчом дода метавонад. Масалан, мо то Маскав чиптаи тайёра харида, бори худро то 20 кг ройгон бо тайёра бо худ мебарем. Аммо дар Амрико шояд нархи чиптаро каме арзонтар кардаанд ва хар кас барои сумкааш, ки ба шуъбаи багоч месупорад, алохида пул пардохт мекунад. Ман барои сумкам бояд $ 50 супорам. Вале супоридани маблаг ва ташкили  интиколи бе  мушкилии аъзоёни гурух ин масъулиияти рохбалад аст!

Парвози мо ба Портленд  (Portland) мустакилона не, балки ба воситаи шахри Далласи иолоти Техас сурат мегирад. Мо баъди ду соати парвоз аз Нэшвил ба Даллас, ончо ду соат фурсати тамошо дорем. Баъди чор соати парвоз агар насиб бошад, мо дар Портленд хохем буд. Даллас калонтарин шахри кисмати чануби Амрико буда, дар шимолу шаркии иолоти Техас чойгир аст ва аз чихати шумораи ахоли миёни шахрхои амрикои дар зинаи 9-ум меистад.  Ахолиаш аз руйи хисобхои соли 2009 1,3 миллион нафар буд. Даллас дар соли 1841 аз чониби Джон Брайан (John Neely Bryan) асос гузошта шудааст. Хар фурудгохи иолот ва ё шахри амрикои (хам худи шахрхо!) магозахое дорад, ки пури тухфаву хадяхо аст. Аксарияти онхо бо сабаби он ки ишора ва хусусиятхои он шахр ва ё иолотро дар худ инъикос мекунанд, дар шахру иолоти дигар нестанд. Масалан, дар Теннесси ранги махсуси ин иолот дар хама либосу пойафзолхо инъикос шуда, нишонаи  «T» гузошта шудааст. Як сокини масалан, Аляска ба гумонаст, ки ин гуна кулохи рамзи иолоти Tеннесси доштаро бо камоли мамнуният харидори кунад…

Чизи гайриоддие, ки дар Амрико дар чанд фурудгох, аз он чумла фурудгохи Даллас дидам, ин тоза кардани пойафзол буд. Хамин гуна кору машгулият охири солхои 90-ум ва авали солхои 2000-ум дар Душанбе хам буд, ки кудакон як креми пойафзол даст даст «точкаш 20 дирам…» гуфта, пойафзолатонро тоза мекарданд ва пули кариб як пойафзоли дигарро аз шумо мегирифтанд…. «Точкааш бист дирам аст»  -маъниаш хамин аст,  ки  аз он креми пойафзол руйи попушии шумо нукта –нукта крем гузошта, онро бо чуткааш мешакад. Ва дар охир шумо мефахмидед, ки попушии хитоии 25 сомони харидаатнро бо 26 сомони факат ЛОК кардаед. Хамин холатро дар фурудгоххо ва баъзе нуктахои савдои амрикои дидан мумкин аст Инчо шумо дар курсии рохате нишаста, пойпушатонро дар ихтиёри корманди он нукта меугузоред. Фарк хамин аст, ки инчо бе фиреб аст! …

Тайёраи мо руи Даллас ба парвоз омад. То Портленд 4 соат парвоз мекунад. Касе китоб мехонад, касе мусики гуш мекунад, касе хоб аст. Хаво соф нест, абриву борони аст. Шояд ба хамин хотир хануз тайёра ба парвоз наомада, эълон карданд, ки эхтимол шумо каме ларзишу норохатиро эхсос мекунед ва капитан кушиш мекунад, ки хама чорахоро биандешад, то сафари мо бехатар бошад…

Дар аксари шахрхои амрикои аз он ки барои борхалта бояд пули иловаги бисупори, мардум борхалтахои худро, ки баъзан хеле калончусса аст, бо худ гирифта ба даруни тайёра меоранд. Вале бояд гуфт, ки нисбат ба хамдигар хеле мехрубонанд. Ба хар сурат хамин гуна ба чашми ман расиданд…

Шахри Портленд дар шимолу гарбии Амрико чойгир аст. Дарёе, ки аз миёни ин шахр ва аз зери бештар аз 12 купрук мегузарад, Вилламетт ном дорад. Ин шахри амрикои бо пивопазону шаробпазонаш шухрат дорад. Мардумаш  аксарият дустдори кахва хастанд. Тими баскетболи Портленд Трэйл Блэйзерс махз дар хамин шахр чойгир аст. Портландро аз соли 2003 инчонид расман «шахри садбаргхо» хам меноманд. Он яке аз шахрхои серкупруки амрикои аст. Ин шахр то соли 2008 — 580 хазор ахолии дошт. Нависандахо Чак Паланик, Урсула Ле Гуин ва Лиза Вольфсон, коргардон — Мэтт Грейнинг ва боз чандин нафари машхури дигар махз дар Порленд ба дунё омадаанд.

Моро дар фурудгохи шахри Портленд интизор буданд. Сумкахоро ба мошин бор кардем. Мошин, ки ронандааш Грек ном дошт ва марди аз шаст сола болои айнакдору  ришакие буд, як накхати хеле ногувор дошт. Мо то мехмонхонаи Paramount Hotel худуди 15 дакика як илоч карда омадем…

Раками хучраи хоби ман дар Портленд тамоман гайриодди аст -911. Ба духтарони хамгурухам шухиомех гуфтам, ки «агар ягон хизмат бошад, мархамат, ба 911 мурочиат кунед!»

Шаби борони буд дар Портленд. Ба ин нигох накарда, ба магозаи маводи гизо рафтем. Фардо  моро се вохури интизор аст –аввали  дар як созмони мухочирону гурезахо, дигари бо як хабарнигор ва сеюми дар идораи яке аз телевизионхои Портленд. То фардо!!!

Изображение 636 Изображение 631

Изображение 718 Изображение 719 Изображение 721 Изображение 722 Изображение 724 Изображение 727 Изображение 731 Изображение 732 Изображение 733 Изображение 734 Изображение 735 Изображение 736 Изображение 737

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: