Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил (10)

Буду боши мо дар шахри орому сокити Нексвил ба охир расид. То имруз хама хурсанд буданд. Лекин имшаб хайати гурухро бемории санги гурдаи хамгурухи мо Александр Тузов аз хафтаномаи «Вечерный Бишкек» норохат кард. Субх у ба ман занг зад, ки «Субхон, ту ягон доруи таскинбахши дард надори?» Маълум шуд, ки дарди гурдааш хуруч кардааст. Бояд гуям, ки инчо мо хамаамон варакаи сугурта дорем. Хамон ба кор омад. Уро тарчумон ва рохбалади мо Леонид ба беморхона бурд. Баъди навбатпойи ва ташхис санги гурдаро ошкор кардаанд ва акнун уро чаррохи мекунанд. Вале бе нештару хуну халаф! Табибон гуфтаанд, ки баъди 24 соати чаррохи метавони бо гурух дубора бипайванди. Холо ки мо барои рафтан ба пойтахти иолоти Теннесси шахри Нэшвил тайёри мебинем, у бо мо хайру хуш карду рафт барои чаррохи!  Полина, Стелла, Найра ва тарчумони дигари мо Лариса ба мошини Умар нишастанд. Ман бо мошини Дмитрий — хамон шогирди профессор мешинам. Се соат рох аст, сухбат мекунем. Шумо аллакай уро мешиносед. Гуфтам ку, у зодаи Белорусия буда, хамин чо тахсил кардааст ва акнун устоди факултаи журналистика буда, чанд руз пештар бо духтари мексикои Марианна оиладор шудааст.  

Шохрохи Нексил-Нэшвил кариб пурра росту хамвор аст. Чангалу долу дарахтхои ду канори рох дар тирамох зарду сурху аргувони шуда, манзараи зеборо пеши назар чилвагар мекунанд. Ман ки шабона умуман ягон мижжа хам нахуспида будам, дар огози рох шояд ягон ним соат хоб рафтам….

Роххои Амрикои пури ишораву нишондихандахо аст. Онхо хатто ба ронандае, ки ягон бор аз ин рох нагузаштааст, имкон медиханд, ки бе хато ба манзилаш бирасад. Дар чанд шахр амрикои ман хис кардам, ки мардум мошинхои «бузургчусса» -ро дуст медоранд. Бисёрихо хамин гуна мошин доранд. Вале мошини Дмитрий Subaru-и хурдакак аст. Ба хар сурат касе дар СССР таваллуд шудааст, ба хама чиз нигохи дигар дорад🙂 .  Гузашта аз ин мардуми ронанда аксарият JPS доранд, ки бо навиштани номи нуктаи охири сафарашон харитаи рохро нишон медихад ва рохбаладии овози хам мекунад. Аммо баракси ронандахои масалан пойтахти Русия ва хатто Душанбе, инчо ман дар мошинхо камерахои назорати рохро надидам. Дар бинохову рохравхо хам мисли он, ки дар Душанбе аст, камерахо насб карда нашудааст.

Баъди 1,5 соати харакат дар як нуктаи фуруши сузишвори истодем. Умар ба мошинаш сузишвори рехт. Сузишвори дар чанд шахре, ки ман то имруз будам, 85-90 сент барои як литр аст. Арзон аст! Шояд барои хамин аст, ки баъзехоро мебинам  вакти интизори пеши  дари мехмонхонахо мухаррики мошинашонро хомуш намекунанд. Аммо дар «баъзе шахрхои дунё»  ронандахои мусофиркаш хатто вакти одам савор кардану фуровардан хам мухаррикро хомуш мекунанд🙂

Сафари мо бо мошин идома дорад. Канори роххо касеро намебинам, ки мунтазири автобус ва ё такси бошад ё тарики «овоздихи» мошин манъ карда истода бошад. Ин чиз маро хайрон мекунад. Хамсафари ман гуфт, ки дар Амрико мардумро барои ин кор хатто чарима мекунанд!!! Дмитрий мегуяд, ки дар вактхое, ки мошинхои бештаре ба марказхо ворид шудан мехоханд, дар онхо бояд на камтар аз ду кас савор шуда бошад. Яъне, сахар вакте ки роххо пури мошин аст, шумо бо чанд катори махсус чудошуда худатон танхо вориди марказ шуда наметавонед. Баъзехо барои ин як ду касро дар мошинашон хамту хамсафар мегиранд, то аз ин катор истифода баранд. Агар танхо ворид шудани хастед, пас шумо бояд бо каторхои дигар харакат кунед. Дар он каторхо албатта харакати мошинхо сусттар аст ва шумо дертар ба чойи коратон мерасед.

Маркази иолоти Теннесси шахри Нэшвил (Нашвил) аз дур ба назар расид. Бинохои баландошёнаи маркази шахр намуди онро замонавиву зеботар кардаанд. Ин шахр дар чануби Амрико маркази хавзаи Дэвидсон аст ва дар канори дарёи Камберленд чойгир аст. Нэшвилро пойтахти мусикии усули кантри мегуянд. Мувофики хисобхои соли 2010 ахолии ин шахр худуди 630 хазор нафар аст ва аз ин чихат баъди шахри Мемфис дар ин иолот дар зинаи дуюм аст.

Вохурии аввали мо бояд бо донишчуён баргузор мешуд, аммо бо кадом сабабе баргузор нашуд. Ин маънои онро дорад, ки мо то вохурии дигар дар шабаки «NewsChannel 5»  худуди ду соат вакти фарогат ва тамошо дорем…

Ёфтани чойи нигохдории мошин хам осон нест. Таваккуфгоххо хам пулаки ва хам бепул хастанд. Мо пиёда ба кучаву пасткучахои Нэшвил харакат мекунем. Осорхонаи ин шахр хеле зебо ва дидани аст. Баъди тамошо барои хуроки нимаруз ба яке аз ошхонахои сарирохи ворид шудем…

Вале хануз бехобии шаби гузашта маро бехолтар  мекунад. Акнун баъди хуроки нимаруз дилам, ки боги Бобои Каландар бошаду шамоли Файзобод ва ман таги ягон чормагз ва ё тут дароз кашам  :)

Дигар илоч нест — мо барои дидани шабакаи телевизионии «NewsChannel 5» меравем. Инчо хамон идорахое фаъолият мекунанд, ки телевизионхои мо хам доранд, аммо факат усули кор, услуби кор, мавкеъ пайдо кардан, тарзи пешниходи хабару маълумоту барномасози тамоман дигар аст. Кариб хама рови ва продюсеру мухарриронро дидем. Бовар кунед, ки дар ТВ-хои мо сохтакори ва вохимасозии худи ровиву наттоку мухаррирон зиёд аст. Чараёни пахши мустакими як барномаро тамошо кардем. Рови ва хамсухбатон ин кадар озод хастанд, ки кас рохат мекунад. На либосхои «супер-пупер» мепушанд, на «рангу бор» -и зиёдати доранд ва на хазору як маротиба  хатову «дубль» мекунанд! Ин шабака барои чавонон бо номи «NewsChannel 5+» барнома тахия мекунад. Мо кариб хама утоку студияву чойи кори кормандони ин шабакаи телевизиониро тамошо кардем.

Хамин вакт тарчумони мо Лариса баъди хондани СМС аз телефонаш хушхабарро аз шахри Нексвил расонд: «Александр — аъзои  гурухи моро бо муваффакият чаррохи карданд, фардо у дар Портлэнд бо мо мепайвандад. Ура-аааа!!!»

Тули хамин фурсате, ки мо шахрро тамошо кардему як вохури доштем, борхалтахои мо пушти мошини Умар аст. Дмитрий бо мо хайру хуш карда, ба Ноксвил баргашт. У бояд хатман ба хонааш баргардад, ба хар сурат «шахи нав» ё тавре мо мегуем «навзан» аст🙂

Рох мегирем ба суйи мехмонхона. Хар кучо барои мо каблан утокхои алохидаро дар мехмонхонахо «брон» кардаанд. Мехмонхонаи мо дар наздикии фурудгохи шахри Нэшвил чойгир буда, «Holiday Inn Express» ном дорад. Калиди утоки 173 –ро гирифтаму интизори дигарон нашуда, ба хучраам омадам. Каме дертар мо албатта ба тамошо ва барои хурдани гизои шом мебароем. Духтарон хатман ба ман занг мезананд.

Холо бошад хоб бар ман пурра галаба мекунад….

Изображение 588 Изображение 481 Изображение 485 Изображение 490 Изображение 492 Изображение 493 Изображение 495 Изображение 496 Изображение 497 Изображение 499 Изображение 500 Изображение 501 Изображение 505 Изображение 507 Изображение 508 Изображение 511 Изображение 545 Изображение 556 Изображение 570

Изображение 580

комментария 4

  1. Субхончон салом! Хамааш нагз, хамааш хуб, хамааш оличаноб факат шикам камтар подводит карда истодааст. Ситораи хунукаки эстрадаи диери бод Хабибуллои Мирзошариф

  2. Вокеан, аки Субхон 10-умаш кучо шуд?

  3. Бехтарин! Худованд маро хам ба тамошои Амрико насиб гардонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: