19 марти соли 2011

  Борхо мешунавам, ки мардум аз дигаршавии харакату хислати дустонашон шиква ва шикоят мекунанд. Ин ачиб аст: магар калонсолу бузургу ботачрибаву чахондида шуда, дигар нашудан мумкин аст? Яъне ки дигар шудан ногузир аст! Мухим – ба кадом самт ва зери таъсири кадом хаводис дигар шудан аст. Ба ки (ва чи гуна нафар) табдил ёфтани   инсонхо хам гумонам аз хамон чи вобаста аст.

Имруз дар мавриди бадаргаи сиёси, домоди нафарони «калон»  будан, гимнастика барои «баъзехо» ва фарзандони боги падару доги падар навиштам. 

  • Василий Иосифович СТАЛИН — генерал-полковники авиация, писари Иосиф Сталин вафот кардааст (1962)

Уро баъди марги падараш ба хабс мегиранд. Н.Хрущёв уро озод карда, ба Казон мефиристад. Тавре, ки Светлана Алилуева гуфтааст, уро «барои мурдан» бо ончо фиристода буданд. Нафареро аз КГБ чун хамшираи шафкат хамрохаш мегузоранд, ки хабарро аз холату вазъияти у ба марказ расонад. Дар бораи агенти КГБ будани он зан дар Институти ба номи Вышневский, ки Светлана кор мекарду чанд мудат Василий хам табобат гирифта буд, хама медонистанд. Хамон зан хамрохаш ба Казон меояд ва баъдтар гайриконуни хамсари писари Сталин мешавад. Барои он ин никох гайриконуни буд, ки Василий аз хамсари аввалаш  расман чудо нашуда буд. Харчанд, ки ин зани чорумини у буд. Василий Сталин зиёд менушид ва касе ба ин ахамият намедод. Он хамсар ва гуё хамшираи шафкат факат ба у доруи оромкунанда мегузаронду халос. У дар расмхои дар махбас гирифтааш бакувваттар ва фарбехтар будааст. Марги у хам тамоман асроромез буд: на хулосаи тибби мавчуд буд ва часади уро кушода буданд. Баъди марг уро саросема дар хамон шахр –яъне Казон ба хок месупоранд. У он замон 42 сола буд.

  • Алексей Иванович АДЖУБЕЙ –журналист, дар замони Никита Хрушёв сармухаррири «Комсомольская правда» ва «Известия» вафот кардааст (1993)

         Шояд мепурсед, ки чи гуна дар  замони Хрущёв ин мард тавонистааст, ки сармухаррири ду нашрияи мухим бошад? У домоди Хрущёв буд охир!

Агар Худованд хамин гуна хоста бошад, ки худатон мехнат карда, ба чое бирасед, дар холи ду ё се бор зан гирифтанатон хам, коре мекунад, ки хусури Шумо ё дар махбас аст ё вафот кардааст ва ё аз хушдоманатон чудо зиндаги мекунад!

 

  • Хамин руз дар Амрико аввалин гораткунии бонк сурат гирифтааст (1831)

Иммигранти англис Эдвард Смит аз City Bank of New York 245 000 доллларро дуздида буд. Баъди як муддат чинояткорро дасгир карда, 5 сол аз озоди махрум мекунанд. Бештари он маблагро у бармегардонад.

Аз барномаи варзиши пагохирузии кадом радио:

         -Гимнастикаро барои мансабдорон, бонкдорон ва сарватмандоне, ки дасту дили пок надоранд,  огоз мекунем.  Пойхоро кушод гузошта, руйро ба тарафи девор мекунем. Дастхоро пушти сар мегузорем…

  • Саддом Хусейн писари худашро ба хабс гирифта буд (2003)

Писаре, ки бо доштани хамаи имконот  пир шаваду сохиби кору вазифа ва маком нагардад, бо у дигар чи кор бояд кард?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: