«Журналистика – ин касб барои мардуми боистеъдод аст!»…

Ин мусохиба чанд муддат кабл дар мачаллаи «Садокат» нашр шуда буд.

Вобаста ба хаёти шахсиатон чизе гуед?

        -Ман дар Файзобод таваллуд шудаам. Хатмкардаи Донишгохи Миллии Точикистон. (Ихтисоси «мухандиси сохаи Радиофизика ва электроника») То соли 2002 дар Радиои Точикистон, дар идораи Чавонон ва наврасон ба хайси коромуз, мухаррир, чонишини сармухаррир ва и.в. Сармухаррир фаъолият кардам. Аз соли 2003 дар Радиои «Ватан» кор мекунам. Холо вазифаи Директори барномахои хамин радиоро ба душ дорам. Оиладор буда, ду писарчаи нозанин дорам — Аличон ва Эхсон.

Шиори Шумо дар зиндаги чи аст?

        -Кудрати неки надори бад макун! Ин бехтарин шиор дар зиндаги аст. Бо дарки ин маъни баъди расидан ба кудрат ва сохибимкон шудан хам, шахс мушаххас факат дар бораи ба дигарон неки кардан фикр мекунад.

Дар тарбияи фарзанд накши киро мухим мешуморед?

        -Мисли он, ки он фарзанд, бо хости Худо бо кушиши ду нафар ба дунё омадааст, хамин гуна он ду нафар дар тарбия ва ба воя расонидани у муваззафанд. Ман хамин суоли «ки вазифадор аст ё ки накши бештар дорад» -ро аслан намефахмам! Инчо хатто бахс хам буда наметавонад. Волидон хар ду вазифадоранд ва бояд накши худро гузоранд. Шарт нест, ки кудакони мо мисли мо шаванд ва хам шояд мо натавонем онхоро сад дар сад ба худ монанд кунем, аммо шарт ва зарур аст, ки онхо мардумдуст, китобдуст, табиатдуст ва дустдори покиву рости шаванд.

Барои тафтиши рузномаи фарзандатон вакт чудо мекунед?

        -Албатта! Ман хатто дар хамон сахифахои рузномаи у имзо мегузорам, ки холо ончо муаллима имзо накардааст J ! Аммо ман ба  писарам доимо мегуям, ки «бахо хеч вакт дониш нест, ман барои барои  2 дар рузномаат туро чангу сарзаниш намекунам ва аз 5-хои каторат хам хурсанд намешавам!». Кудак харчанд аз бахои хуб илхом мегирад ва хурсанд мешавад, аммо бояд дарк кунад, ки дониш чизи дигар аст. Ман сари чанд вакт хатман ба мактаб меравам, бо муаллима сухбат мекунам, аз тавсияву пешниходи он кас истифода мебарам.

Дар бораи ду зан ва ё ду оила доштан чи гуфтан мехостед?

        -Ман ягон вакт чонибдори ду зан ва ё ду оила доштан набудам (харчанд медонам, ки Шумо ба ин бовар намекунед J). Кудакон бештар аз хама дар ин холат азоб хоханд кашид. Он вакт мард наметавонад, ки онхоро пурра ба тарбияи дуруст фаро гирад. Худи хамин пинхонкории мард, чангу чанчолхои оилави ки хох-нохох сар мезанад ва кудак онро мебинад, як кудак ва ё як оиларо аз дигараш болотару азизтар донистан барояш таъсири нохуб мегузорад.

Сабаби нофахмихои оилавии чавононро дар чи мебинед?

        -Сабабхои нофахмихо дар оила метавонад гуногун бошад: сатхи донишу саводи тарафхо, волидони онхо, имкониятхои иктисодии оилахо, мухочират ва дури аз оила, гуруги худро шикаста натавонистани яке аз тарафхо, хеле чавон будани зану шавхар, набудани чои кори хуб ва имкониятхои васеъ барои таъмини оила….ва мисли инхо. Сири асосии хушбахти гузашт ва сабр аст. Мо андеша ва акидахое дошта метавонем, ки мисли баъзе хулку хислатамон онро касе дигар карда наметавонад. Бояд донед, ки баъзе одату андешаи уро шумо хатто бо лату куб хам шояд тагир дода натавонед, бояд уро хамон тавре ки хаст кабул кунед, зеро ки у модари тифли шумо аст.. Дуруст аст, ки аз зан барои ким кадом чизи кучаке чудо мешаванд? Албатта не! Дар Ислом хам хуб ва возех омадааст, ки барои кадом гунох ва чи тавр бояд аз хамсар чудо шуд. Агар онро чавонон донанд, рохи дурусти халли мушкили ва казияхои рузгорашонро ёбанд, сафи чудошавихо ба маротиб кам хохад шуд.

Фаъолияти Шумо дар Радиои «Ватан» чи гуна огоз шуд?

        -Замони ташкил шудани Радиои «Ватан»  ман дар Радиои Точикистон кор мекардам. Хатто мешунидам, ки баъзе кормандони моро ба ончо даъват хам мекарданд. Он вакт ба ман дар бораи ба ин Радио гузаштан фикр хам намекардам. Баъди он ки аз Радиои Точикистон рафтам, як муддат бе кор будам. Бо пешниход ва кумаки Рустами Чони, ки он вакт дар «Ватан» кор мекард, ба ин радио омадам. Ин соли 2003 буд. Аз хамон вакт дар вазифаи мухаррир, Сармухаррири Идораи Мусики ва фарогати, баъдтар  Директори барномахои Радиои «Ватан» кор мекунам. Ин барнома каблан «Рузи нав» ном дошт ва ним соат точикиву ним соат русси пахш мешуд. Ман  онро ду соат факат бо забони точики пешниход кардам. Баъди аз чониби шунавандахо хуб кабул шуданаш, як соати дигар онро тамдид кардам. Инак соли хаштум аст, ки ман субх ва  тулуъи офтобро дар Радио пешвоз мегирам.

Чи гуна ба хайси ровии барномаи зехнии «Интеллект-Шоу» дар Телевизиони «Сафина»  пазируфта шудед?

       -Ман пештар аз ташкили ин барнома ровии барномаи «Лаззат» будам. Баъди як соли кори хамин гуна пешниход шуд, ки ровии Интеллект-Шоу бошам ва ман онро рад накардам. Ин барнома аз чанд чихат ба бахши «Рахорах»-и «Субхи Ватан» монанд аст. «Интеллект-Шоу» яке аз барномахои сертамошобин аст. Гузашта аз ин барои болобурди сатхи маърифату савод ва дониши мардум, махсусан чавонон кумак мекунад. Ман бовари дорам, ки сарпарастон дар оянда хуб дарк хоханд кард, ки бояд барои бештар шудани хамин гуна барномахо кумак кунанд ва аз ин пас сарпарастии онро  дар катори ким кадом ширкатхои хоричи, ширкату коргоххои ватани хам ба душ мегиранд.

Дар омодасозии «Субхи Ватан» ки ба Шумо кумак мекунад?

       -Шояд Шумо бовар намекунед, аммо ман он барномаро, ки дар мачмуъ бештар аз 50 бахш дорад, танхо омода мекунад. Хар руз на камтар аз 10-12 сахифа дар он пешниход мегардад. Дар студия хам хангоми эфири мустаким танхо хастам –ончо на коргардон аст на ёвари у ва каси дигаре. Як хусусияти фарккунандаи радиои хусуси ва тичорати шояд хамин бошад. Барои ин гуна Радио нигох доштани 7-8 нафар дар пешниходи як барномаи сесоата боз хам дар замоне, ки касе бо пули кам  кор кардан намехохад, кулай ва мувофик нест. Чанд нафар аз шумори донишчуёни журналист хохиши хаммуалифи ин барнома ва ровии «Субхи Ватан» шудан карда буданд. Аммо шояд ба талаботе, ки инчо хаст, токат  накарданд. Бештар аз 4-5 руз соати 5-6 субх, ки вакти ширинии хоб аст, ба студия омада натавонистанд. Имруз хам агар як нафаре пайдо шавад, ки хаёлбофии рангин дошта бошад, корро дуст дорад, эчодкори хуб бошад, бунёди лугавии бой ва  идеяхои ачоибу замонавиву «бозоргир» дошта бошад, ман хатман уро пахлуям –хаммуаллифи «СубхиВатан» мегирам ва хатто омодаам, ки шогирдаш шавам🙂 !

Барои дар Радио ва ТВ кор кардан дипломи факултаи журналистика хатми аст?

       -Шинохтатарин чехрахои олами журналистика ва шоу-бизнес дар тамоми дунё ё дипломи журналисти надоранд ва ё онро баъди масалан, дипломи мухандиси гирифтаанд. Мо дар хамин факултаи журналистикаамон ду гурухи устодон дорем-як гурухаш чонибдори истеъдоду саводу эчодкори аст, гурухи дигар факат он нафаронеро эътироф мекунанд, ки дар даст дипломи журналисти доранд.  Диплом ин хануз баёнгари дарачаи дониш нест. Аммо буданаш хам аз манфиат холи нест! Ман махсус барои гурухе, ки факат «когаз»- ро дуст медоранд, нусхаи сертификату дипломхои журналистии доштаамро дар деворхои утоки кориам часпонидаам. Онхоро ба ман баъди омузишхои кутохмуддат дар Душанбе, Хучанд, Тошканд ва Стокгольм додаанд. Нусхаи дипломи Чоизаи ба номи А. Лохути хам, ки ман онро соли 2009 гирифта будам, дар канори онхо хаст.   

Журналистика –ин касб барои мардуми боистеъдод аст! Барои шунаванда ва бинанда мухим аст, ки рови ва муаллифи барнома чи гуна барномасози, эчодкори ва пешниходу масъалагузори мекунад, харфу суханаш чи таъсир дорад, чи андоза донишу фахмиш дораду рангинхайёлу тозаандеш аст. «Жанрхои журналистика», «таърихи аввалин газета», «публитсистика ва журналистикаи чахони» -ро  бошад, дар техникуми канноди хам тахсил намуда, хамзамон аз худ кардан мумкин аст!

Холо радиои хусуси доштан даромаднок аст?

        —Агар дар канораш боз як телевизиони хусуси хам дошта бошед, шояд даромаднок шавад. Вагарна нигох доштани радиои хусуси хеле мушкил аст. Дар ин тичорат хамон сохиби радиои хусусие бурд мекунад, ки командаи хубро сарчамъ мекунад. Кормандон агар дустдори радиоанду фаъолу эчодкоранд, хам радио мавкеи хуб меёбаду умри дароз мебинад ва хам сарпарастон пайдо мешаванд.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: